Зиндаҷудоӣ аз фарзанд

zindajudo


Занги телефон оромии субҳро халалдор намуда, Аннаро маҷбур сохт, ки аз шуғли дӯстдоштааш канора ҷӯяд.


Вай асбоби кашидадӯзиро як сӯ гузошта, гӯширо бардошт.

Ба назар чунин менамуд, ки овози зани ношинос андаке ҳам бошад, ҳаяҷоннок аст:

— Лаббай! Ҳа, ин ман.

— Бубахшед, ки шуморо нороҳат месозам. Ман бо шумо дар бораи писаратон сӯҳбат карданӣ ҳастам.

— Бо Дима чӣ шуд? Дар боғча магар ягон ҳодиса рӯй дод?

— Не-не, хавотир нашавед. Ман дар бораи писари дигаратон, Павлик гап задан мехоҳам.

— Бубахшед, Шумо иштибоҳ мекунед. Ман ҳамагӣ як писар дорам.

— Набошад, инро чӣ тур фаҳмидан мумкин. Павел Кривсов. Соли таваллудаш 1998, санаи 12 июл. Дар парвандаи шахсии ӯ суроға ва телефони шумо сабт шудааст.

…Санае, ки зан ба забон гирифт, дард ва андӯҳи хеле бузурги зиндагии Анна ба ҳисоб мерафт.

— Вай худро ба даст гирифта, оромона гуфт:

— Ҳа, ҳамон рӯз ман писар таваллуд кардам. Кӯдак бармаҳал шашмоҳа зоида шуд ва шабонарӯзи дигар фавтид. Агар ин ҷо фитна ё манфиати ягон шахсе бошад, худи ҳозир сӯҳбатро қатъ мекунам!

— Илтиҷо мекунам то охир маро гӯш кунед. Писарча зинда аст. Ӯ дар хонаи кӯдакон тарбият меёбад. Шумо тасаввур мекунед, хоҳиши занг задан нисбати ин масъала бароям осон набуд…

Лекин ба хотири Павлуша… Медонед, ӯ чӣ қадар писарчаи боодобу аҷоиб аст. Ва акнун худатон тасаввур кунед, ки падару модар зинда бошанду ӯ…

— Не, ин ҳеҷ мумкин нест. Шумо ба кадом як иштибоҳе роҳ дода истодаед.

— Ин ҳақиқати ошкоро! — қариб фарёд зад зан, — ман бисёр мехостам ба ин писарбача ёрӣ диҳам.

Ба наздикӣ Павлик 7-сола мешавад. Ягона орзуи муқаддаси ӯ — якуми сентябр ҳамроҳи падару модар ба мактаб рафтан аст. Шумо инро мефаҳмед!

Ман пинҳонӣ, аз ҳама рустӣ ба парвандаи шахсии ӯ назар кардам, бисёр чизҳоро фаҳмидам ва чандест қарор додаам, то шуморо дарёбам. Ба ман бовар кунед… Биёед вохӯрем. Ман ба шумо ҳамаашро ба тафсил гуфта медиҳам. Барои ба ман бовар накардан шумо дигар асос надоред.

— Хуб биёед, бо ҳам вохӯрем, — на он қадар бо қатъият ҷавоб дод, Анна.

Нафаси чуқуре кашиду ин дафъа бо боварии комил илова намуд:

— Пас аз соате ман Шуморо дар маҳалли адибони назди муҷассамаи Пушкин интизор мешавам.

— Хеле хуб. Ман ҳам он ҷо мешавам, -гуфта, зан гӯширо гузошт.

Анна боз ба кашидадӯзӣ, ки ба он айнан пас аз гум кардани фарзанди аввал оғоз карда буд, рӯй овард.

Одатан ин шуғл ӯро андармону ором карда, аз хотироти мағшушу ногувор раҳоӣ мебахшид. Лекин пас аз ин гуфтугӯ панҷаҳояш ба ӯ итоат накарданд. Вай асбобро як сӯ гузошт ва ба вохӯрӣ бо зани ношинос омодагиро оғоз кард.

«Агар ин вохӯрӣ алоқаманд ба қаллобӣ бошад, ман онро зуд дарк мекунаму меравам,» — мегуфт ӯ бо худ.

Айни замон чизе ниҳонӣ ба ӯ талқин мекард, ки ҳамаи ин мумкин ҳақиқат ҳам бошад.

Лекин чӣ хел? Барои чӣ? Хуб аст, ки имрӯз бароям истироҳатӣ аст. Шояд ба шавҳарам занг бизанам? Не. Аввал бояд қазияро бо пуррагӣ худам бифаҳмам, ки гап сари чист?

— Меравӣ? — пурсид аз вай хушдоманаш Албина Романовна, ки дар ҳуҷраи худ қарор дошт.

— Ҳа, кори таъҷилӣ баромада монд, — роҳравон ҷавоб дод келин, дар ҳоле, ки бо касе майли сухан кардан надошт.

… Ҳанӯз аз дур Анна зани куҳансолро, ки назди муҷассама нишаста буд, дид.

Вай сарулибоси хоксоронаи ба синну сол мувофиқ дар бар дошт. Мӯйҳои сафедаш ба тартиб шона зада, дар қафои сар ҳамчу тугунча баста шуда буд.

Анна аз паҳлӯяш ҷой гирифт.

— Номи ман Надежда Павловна, — гуфт зан, — ки симои ҷолибу меҳрубонона дошт. Қариб як сол мешавад, ки дар кӯчаи Боғот дар хонаи бачагон мураббӣ шуда кор мекунам. Лекин бо маҳрумиятҳои бачагони ин даргоҳ ҳеҷ муросо карда наметавонам.

Ман омӯзгор ҳастам, як умр бо кӯдакон сарукор доштам. Аммо худоям ба ман фарзанд надод.

Ҳангоме, ки шавҳарамро ба хок супоридам, гумон кардам, ки танҳоиро дар байни чор девори хона тоқат карда наметавонам ва аз нав ба кор баргаштам.

Боз кор бо бачаҳо. Кас мехоҳад ба ҳар яке кӯмак расонад, меҳр ва гармии дилашро ба онҳо бубахшад.

Ман мехостам Павлушкаро писархонд намоям. Охир ӯ як бачаи аҷоиб аст. Лекин ба ман кӣ иҷозат медиҳад? Синну сол ва саломатӣ ҳам пештара барин нест.

Ва дарк намудам, ягона коре, ки ман барои Павлуша карда метавонам, баргардонидани ӯ ба оила мебошад.

Он ҷо, дар парванда даст кашидани Шумо аз кӯдак ва тамоми маълумотҳо дар бораи падару модар мавҷуд мебошанд.

— Ин ҳеҷ мумкин нест! Ман ин хел ҳуҷҷатро асло нанавиштаам?

— Набошад аз номи шумо инро дигар кас кардааст. Мумкин оила, аз тарси он, ки кӯдак касалманд гардида, минбаъд бисёр муаммоҳоро пеш меорад, аз ӯ даст кашидааст?

— Не, зинҳор ин тавр не! Ҳамаи мо таваллуди кӯдакро бесаброна интизор будем.

— Шумо ҳоло ҷавон ҳастед, баъзан намедонед, ки одамон ба чӣ амалҳои зишт қодир ҳастанд. Ва ҳатто шахсони наздик, — гуфту зан аз сумкааш суратеро бароварда, ба Анна дароз кард.

Ин ба ақл бовар нокарданӣ буд! Аз сурат ба рӯи ӯ писараш Димка, ки гӯё якчанд сол калонтар шудааст, вале дар чашм айнак дошт, бо табассум нигоҳ мекард.

Шубҳае дар байн намонд. Ин писарак фарзанди ӯ ва шавҳараш Алексей мебошад.

Ҳамон тарҳи бинии падарона, ки Димка ҳам дорад, ҳамон лабҳо, рӯй, мӯйи авлодии кривсовҳо! Вале чашмон бешубҳа, чашмони модарӣ, чашмони Анна мебошанд.

— Бо чашмони ӯ чӣ шудааст, чаро бо айнак?

— Астигматизми муқаррарӣ, ин ба саломатӣ ягон зараре надорад. Аз ҳама асосӣ он аст, ки кӯдак бисёр ҳам боақл, хушгуфтор ва меҳрубон аст.

Надежда Павловна бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ ба Аннаи моту мабҳутшуда менигарист.

— Ман акнун боварӣ дорам, ки шумо барои аз ин ҷо гирифтани Павлик тамоми корҳоро мекунед.

Ман аз шумо фақат як хоҳиш дорам. Дар ин кор даст доштани маро ошкор насозед. Чизе, ки мехоҳед фикр карда бароед. Аммо дар бораи ман, ҳатто як калима…

Ман намехоҳам аз ҳамин корам ҳам ҷудо шавам. Чунки он ягона роҳи халосии ман аз мушкилиҳои зиндагӣ мебошад.

— Ман метавонам расмро ҳамроҳ бигирам?

— Албатта. Охир имрӯз шуморо дар хона бо хешон сӯҳбати ғайриоддӣ интизор аст. Бовар дорам, ки ин расм дар ҳалли мушкилот кӯмак мекунад.

— Ба Шумо, Надежда Павловна ташаккур. Лекин ман оиди ин масъала то охир дилпур нестам. Вале ҳис мекунам, ки Павлик воқеан ҳам писари ман аст.

Занҳо хайрухуш карданд. Ва Анна дар роҳрав саросема нашуда қадам мезад.

Ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Кӣ маро аз фарзанд ҷудо карда, ин қадар бераҳмона рафтор кард?

Лекин ҳамааш бо хубӣ анҷом ёфтанаш мумкин буд-ку! Аммо…

Солҳо ашк аз дидагони Анна канда набуд. Аз дарду ғам, ғуссаи марги нахустфарзанд бо дидани занони хушбахт, ки кӯдаконашонро ба аробача савор карда, сайр мекарданд, дилаш афгор мегашт. Ӯ маҷбур буд, ба дарди синаҳои пур аз шир варамида тоқат карда, онро маҷбуран холӣ намояд.

Лекин замоне, ки ин қадар ранҷу машаққат мекашид, фарзанди вай зинда, аз шири модар бенасиб калон мешуд!

Ва ӯро касе бегона шир медод, ба ҷойи вай ба фарзандаш ғамхорӣ мекард, тарбия медод, ба воя мерасонид. Ин андешаҳо дили модарро даҳчанд пора мекард.

Барои чӣ? Бо кадом сабаб? Саволҳо, саволҳо, саволҳо. Вай бояд то охири ин қазия рафта расад. Ҷавоби ин саволҳоро ёбад! Кӣ густохӣ карда, ин қадар хиёнаткорона ба зиндагии ӯ панҷа зада, қисмати ӯро талх кард?

Наход, инро Алексей карда бошад? Не, ӯ наметавонист, чунки аз нобуд гардидани писар вай ҳам на кам аз ӯ ғаму ғусса хӯрд.

Ягона хушдоман мемонад. Ва имрӯз ин савол айнан ба ӯ дода мешавад. Лекин Анна қаблан баъзе корҳоро бояд ба ҷо орад.

Вай баргашта бо қатъият сӯи истгоҳи трамвай қадам зад.

Ба хонаи бачагон расида, зан аз назди панҷараҳои муҳофизатӣ гузашт намуда, ба чеҳраи бачагони сайркунанда назар дӯхт.

Павликро ӯ дарҳол аз айнакҳояш шинохт. Писарбача дар канори майдончаи регзор нишаста, китобчаеро аз назар мегузаронид.

Дил девонавор метапид. Ин вай, фарзанди ӯст!

Ҳамагӣ ду соат пеш дар бораи мавҷудияти ӯ мутлақо хабар надошт. Акнун бошад тайёр аст, бо кадом роҳе набошад, фарзандашро ба худ баргардонад.

— Паша Кривсов! Ба сайр боз бо китоб баромадӣ! Бо бачагон бозӣ кун, — бо қатъият гуфтани мураббӣ писарбачаро маҷбур кард, ки китобро пӯшад.

Ана, дар ҳамин ҷо Анна, фаҳмид, ки минбаъд бояд чӣ тавр рафтор намояд. Бо қатъият даричаро кушод ва сӯи зинапоя равона шуд.

Ёфтани ҳуҷраи кории директор мушкилӣ надошт. Лавҳачаи дар хабар медод, ки ӯро Слептсова Марина Петровна меноманд.

— Салом, Марина Петровна, — бо қатъият ба ӯ муроҷиат кард, Анна. Шумо тасаввур мекунед, ки аз наздикӣ мегузаштаму якбора насаби худро шунидам.

Мураббӣ ба бачае Паша Кривсов гуфта муроҷиат кард. Ва ман фаҳмидам, ки ин аломате аз болост ва хостам дар бораи ин писарбача муфассал дониста гирам.

Директор норозиёна ба Анна нигоҳ карда гуфт:

— Бубахшед, Шумо аслан кӣ ҳастед?

— Ман? Ман одамам. Номи ман Анна Сергеевна Кривсова.

Азбаски мо бо писарбача ҳамнасаб баромадем, қарор додам, ҳангоми писархонд кардани мо ба ӯ осон бигардад, ки оилаи худро ёфтааст.

— Нахуст, ин ки ҳеҷ кас барои писархонд кардани ӯ ба Шумо иҷозат надодааст. Сониян, ҳоло барои ӯ як ҷуфти бефарзанд ҳуҷҷатҳо омода карда истодааст.

— Ба ҳар ҳол, Марина Петровна, ман аз шумо илтиҷо мекунам, дар бораи писарбача нақл кунед, мумкин аст, ки ӯ хеши дури мо бошад. Ва насабаш ҳам на он қадар маъмулии зуд-зуд такроршаванда аст.

— То ҳамин қарибиҳо ин насаб дар шаҳр хеле машҳур буд.

Дмитрий Семёнович Кривсов шахсияти шинохта буд. Рӯзи дафни ӯ қариб тамоми шаҳр ҷамъ омада буд. Ин хел роҳбаронро имрӯз бо кофтан ёфтан осон нест!

Мабодо, ӯ хеши шумо нест?

— Хешаш ҳастам. Падарарӯсам буданд.

— Лекин шумо ба хешигариатон бо Павел худро дилпур насозед, — суханашро давом медод директор, мумкин ин насаби сохта бошад. Дар мо ин гуна ҳодисаҳо зиёд рӯй медиҳанд.

Вай ҷузвдонеро кушода, ба ҳуҷҷатҳо назар андохт:

— Писарбача ба мо дар синни дусолагӣ аз хонаи кӯдакон ворид шудааст. Азбаски ӯ 12 июл дар рӯзи Пётр тавлид ёфтааст, маъмулан насрониҳо номро Пётр ё Павел мегузоранд. Лекин аминам, ки насабаш сохта набуда, авлодист.

Дар парванда раддияи модари ӯ Кривсова Анна Сергеевна мавҷуд аст.

Анна бо як ҳаракати чобук ҷузвдонро аз дасти директор рабуда, ба он варақе, ки бо дастони хушдоман навишта шуда буд, чашм дӯхт. Имзо, албатта, ки сохтакорона буд.

— Шумо ба худатон чиҳоро раво мебинед? — садо баланд кард Марина Петровна, аммо ба ваҷоҳати зан нигоҳ карда, фаҳмид, ки ғайр аз модар дигаре ҷасорати ин корро надорад, ба стакан об рехта, ба ӯ дод.

Андаке ба худ омада, Анна ба қазия равшанӣ андохт, дар бораи таваллуди пешазмӯҳлат ва марги кӯдак гуфта дод.

…Мумкин Дмитрий Семёнович аз мансаб ва дороие, ки дошт, истифода бурда, барои яктарафа намудани қазияи кӯдаки ношуд тавлидшуда даст дошта бошад.

Маълум, ки ин амал бе ҳузури Албина Романовна анҷом наёфтааст. Худи Дмитрий Семёнович то ба ин дараҷа паст рафтанро ҳатто хаёл ҳам намекард. Аммо завҷааш метавонист.

…Муносибати Марина Петровна якбора дигар гардид, ба Анна меҳрубон шуда, акнун бо ӯ, бо ҳисси ҳамдардӣ муомила мекард.

Марина Петровна хоҳиш кард, ки бо мақсади асабонӣ накардани Павлик аввал муаммои оиларо ҳал карда, баъд ҳамроҳи шавҳар омада, ҳуҷҷатҳоро расмӣ намоянд. Вай Аннаро бовар кунонид, ки то он вақт писарбачаро ба ягон оилаи дигар намедиҳад, зеро оилаи ҳақиқиаш пайдо шудааст.

Анна ба зинапоя баромад. Дар майдонча аллакай бачагон набуданд. Ба хона баргаштан намехост.

Ба вай рӯбарӯ шудан ва дидани дидори Албина Романовна мушкил буд. Ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки аз ин минбаъд чӣ навъ бо ӯ дар як хона зиндагӣ мекунад.

Хушдоман ҳамеша хӯрдагирона муомила мекард, таъкид мекард, ки писараш сазовори ҷуфти муносибтаре буд. Зеро Анна на аз ашрофзодагон, балки ятиме буд, ки худораҳматии бибиаш ба воя расонидааст.

Анна бо сабру тоқат ин суханҳои нешдорро шунида, ба хотири тезутунд нашудани муносибатҳо хомӯширо авло медонист.

Дар олами рӯшан ба ҷузъ шавҳару писар, не, не ҳоло ду писар: писари ҳафтсола Павлик ва панҷсола Димка касе дигар надошт.

Димкаро ба ёд оварда, қарор дод, ӯро аз боғча гирифта, барои «маҳв»-и вақт ҳамроҳ то бегоҳ сайр намоянд.

Ҳангоме ба хона баргаштанд, хушдоман дар ошхона бо хашм дегро тагурӯ мекард.

— Ту рӯзи дароз куҷо гум шудӣ, — хашмгинона ғур-ғур кард ӯ. Дар ҷавоб Анна гуфт:

— Баъзеҳо ҳафт сол инҷониб гум шуданд, ҳеҷ гап нашуд-ку! Анна чунин вонамуд кард, ки абрӯвони ба боло гиреҳхӯрдаи Албина Романовнаро намебинад.

— Мо дар қаҳвахона шом хӯрдем, — гуфту ҳамроҳи писараш ба хонаи бачагон даромад.

Баъди чанде шавҳар ҳам аз кор баргашт. Афсонаи дӯстдоштаи Димаро ба намоиш гузошту аз сумкача суратро гирифта, ба ошхона даромад. Модари «ғамхор» аллакай ба писари дӯстдошта ҳасрат мекард, ки завҷааш ба ӯ меҳрубон нест.

Алексей бо даҳони пур аз хӯрок дар ҷавоб нимғурма чизе гуфт ва ба зани воридгардида нигариста, табассум кард.

Анна хомӯшона суратро болои миз гузошта, ба ваҷоҳати модару писар диққат дод.

— Ин кист? Ҳа, охир ин Димкаи худамон-ку! Барои чӣ бо айнак? — мепурсид Алексей. Дар ҳамин ҳол рангу рӯи Албина Романовна канда, ба стул нишаста монд.

— Не, ин Димка не, ин Павлик писари калонии ту мебошад.

— Ин чӣ, шӯхист? — бо ҳайрат ба вай нигоҳ мекард шавҳар.

— Инро ту аз модарҷони худат бипурс. Ӯ ҳафт сол аз ин пеш ҳамин тавр «шӯхӣ» карда, моро аз писарамон ҷудо сохт.

Алексейи ҳайратзада бо мақсади фаҳмидани ин ҳодиса гоҳ ба модар ва гоҳ ба зан менигарист.

Албина Романовна аз ҷояш якбора хеста, бо итоб гуфт, ки ҳеҷ чизро намедонад, ба ягон чиз гунаҳкор нест ва бо «сари баланд» ба хонааш даромада рафт.

Анна тоқат карда натавониста, инони гиряро сар дод. Бо чашмони ашкбор ҳамаи он чизеро, ки имрӯз диду шунид, ба шавҳар қисса кард. Алексей аз шунидаҳо ҳамчун шахси барқзада як муддат хомӯш монд.

Баъд аз ҷояш хест, ба хонаи модар даромада, дарро аз қафояш маҳкам пӯшид.

Модару писар дар бораи чӣ мегуфтанд, Анна намешунид. Лекин аз он ҷо Алексей бо авзои беҷо баромад.

Саҳарии дигар онҳо баҳри шиносоӣ бо писар ба хонаи бачагон рафтанд.

Дар ҳуҷраи директор нишаста, беқаророна ба дар нигоҳ мекарданд, ки аз он худи ҳозир, худи ҳозир Павлики онҳо даромада меояд. Оё ҳаяҷон, эҳсосоте, ки онҳо ин лаҳза дар вуҷудашон доштанд, метавон тасвир кард?!

Писарбача остонаи дарро гузашта, бе сухани зиёдатӣ ҳамаашро фаҳмид.

Дар чашмони калон-калон кушодааш ҳам беҷуръатӣ, ҳам ҳайрат ва ҳам хурсандии бузургро хондан мумкин буд.

— Оқибат мо туро ёфтем, ёфтем азизакам, — мегуфт Алексей.

Писарча ба сӯи онҳо қадам зада, шоду хуррамона мегуфт:

— Ман медонистам! Ман медонистам, ки падар ва модарамро меёбам!

Анна худро сӯи писар ҳаво дод, ӯро ба оғӯш гирифт, ҳаракат мекард, ки ашкҳои нохондаро нигоҳ дорад, аммо намешуд, сари ӯро ба синааш пахш карда, бо меҳри азими модарӣ ба оғӯш мекашид.

Марина Петровнаи аз ин ҳолати ғайримаъмулӣ ба риққат омада, ба расмиёт даровардани ҳуҷҷатҳоро интизор нашуда, рухсат дод, ки худи ҳамин рӯз Павликро ба хона баранд.

Вақте, ки ба назди мошин меомаданд, Алексей «Тойота»-ашро аз занги умумӣ ҷудо кард. Павлик мафтунона пурсид:

— Ин мошини шумост?

— Ин мошини мо ва аз они ту ҳам ҳаст, писарам. Ҳамаи он чизе, ки дорем аз ҳамин рӯз сар карда, аз они туст.

Лекин ҳамаи ин гапҳо ба фаҳмиши бача дастнорас буд. Дар бозгашт ба «Олами кӯдакон» даромада, барои ӯ ҳамаи сарулибоси заруриро хариданд.

Павел ба ғарами либосҳо нигоҳ карда, ақлаш қабул намекард, ки минбаъд ҳамаи ин азони ӯст ва кадомашро хоҳад мепӯшад.

Ӯ одат накарда буд, бигӯянд, ки кадом курта ё куртка ба ту бештар маъқул аст. Ӯ ҳама вақт он чиро мепӯшид, ки ба вай медоданд. Тасаввур ҳам карда наметавонист, ки одамони замонавӣ сару либосро дар ҳамоҳангӣ бо ранги чашмон ва андом мепӯшидаанд.

Вай сӯи волидони худ бо таваҷҷӯҳ нигоҳ мекард, суханони «падар» ва «модар»-ро бо муҳаббати хоса ба забон меовард. Ва гӯё таъми ин вожаҳои муқаддасро дар ком эҳсос менамуд.

Ҳангоме Алексей мошинро дар даромадгоҳ нигоҳ дошт, писарбача пурсид:

— Ин хонаи шумо, ээ хонаи мост?

Дохили квартира шуда, Павел пойафзолашро кашида, эҳтиёткорона тарафе гузошт.

Анна эҳсос намуд, ки писарбача, ба тартибот омӯхта шудааст, ки инро дар ҳаққи писарчаи хурдӣ наметавон гуфт.

— Димич, баромада, бо акаат шинос шав, — овоз баланд кард, Анна.

Писари хурдӣ аз ҳуҷраи бибиаш бо қошу абрӯи овезон баромада, беилтифотона ба Павел нигарист.

Ана ҳаминро Анна ҳаргиз интизор набуд!

Охир дишаб Димка аз доштани бародари калонӣ ҷудо ҳам хурсанд гардида буд. Сабаби тағйирот чӣ бошад?

— То чойро омода мекунам, ба хонаатон рафта ба Павел бозичаҳо ва китобҳоро нишон деҳ, — фармуд ӯ ба Дима.

— Нишон намедиҳам! — бо ғазаб лаб кушод, писарбача, — ҳамааш аз они ман, ман бо ӯ шарикӣ кардан намехоҳам.

— Ана ин навигарӣ! Аз кай боз ин тавр?

— Мумкин, ӯ ба ман тамоман бародар ҳам набошад! — ғурунгос зад Дима ва илова кард, — Ӯ ятими қазонӣ ҳасту халос!

Павел лоуболона ҳаракате карду сарашро ба китфон дарҳам кашид.

— Оқибат мефаҳмам, ки муаллифи ин мазҳака кист! — гуфта Алексей ба хонаи Албина Романовна роҳ гирифт.

Анна ҳар ду писарро аз даст гирифта, назди оина оварда гуфт:

— Бо диққат нигоҳ кунед, оина хоҳад гуфт, ки шумо бародарон ҳастед ё не.

— Мана ин биничаҳо, — дастонашро ба биниҳои онҳо расонида, мегуфт ӯ, — мана ин даҳонҳо, мана ин гӯшҳо, ки мутлақо як хел ҳастанд, гувоҳи ака ва укагии шумост!

Фарзандон ба оина бо диққат менигаристанд. Анна табассум карда, гуфт:

— Ту Димка ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонӣ, ки бахтат чӣ қадар омад кардааст! Акнун ту бародари калоние дорӣ, ки туро ҳимоят мекунад!

Писарбачагон беҷуръатона табассум карданд ва Анна ҳар дуро бо меҳрубонӣ сӯи хонаи бачагон тела дод.

…Албина Романовна омодаи кӯчидан шуда, чизҳояшро ҷамъ мекард.

Писараш дирӯз қатъӣ таъкид кард, ки ӯ ин корро ҳарчӣ зудтар анҷом бидиҳад.

Ӯ кайҳо барои вай квартираи якҳуҷрагиро дар хонаи замонавӣ харида буд, вале кампир кӯчиданро ба таъхир меандохт.

Вай медонист, ки дар назди онҳо гунаҳкор аст, лекин ҳеҷ гоҳ иқрор намешуд. Чунки табиаташ ҳамин гуна буд.

Ба шавҳар фишор овардан барои ӯ мушкилӣ надошт. Дар аввал шавҳар таклифи ӯро рад кард, мегуфт, ки ин рафтори ноодамона аст.

Лекин зан медонист, ки дар ин маврид кадом фишангҳоро бояд пахш намуд. Шавҳар кайҳост, ки ба ӯ хиёнат мекард. Вай инро эҳсос кунад ҳам, ботини худро нишон намедод.

Вай тавре рафтор мекард, ки гӯё ҳеҷ чиз рӯй надодааст, бо виқор ва бо сари баланд ҳамчун ашрофзан ҳамаро мафтуни худ карда буд.

Хазинаи либосҳояш беадад буд. Ба ҳар як сарулибоси мӯди охири ӯ ҷуфти пойафзол ва ба ҳар палто ду-се кулоҳ рост меомад.

Ҳамкоронаш аз пасаш бо ҳасад ҳаргуна гапҳои буду набудро гӯшакӣ мезаданд.

Ҳаминаш намерасид, ки хабари тавлиди набераи ношудро онҳо бифаҳманд. Вай одат карда буд, ки ҳамаи кору бор, чизу чораи ӯ нисбати дигарон ба дараҷаи олӣ бошад. Чӣ расад ба таваллуди набераи пеш аз вақту соат ва дар шашмоҳагӣ тавлидшуда!

Ва ҳамон вақт ӯ шавҳарро чунон тарсонид, ки пеши роҳи ин шармандагиро агар нагирад, ҷанҷоли калонро интизор шавад.

Ва шавҳар сар фаровард. Гуфти занро иҷро кард. Ва ҳамин рафтор минбаъд сӯҳони умраш гардид.

Ӯ дигар ба чашмони пур аз ғаму андӯҳи писар ва келинаш, ки ба фарзандашон мотам мегирифтанд ва иқрори он, ки кӯдак намурдааст, тоқат карда наметавонист.

Ду соли азобҳои рӯҳию виҷдонӣ ӯро ба куштан овард. Вақте, ки набераи дуюми солим тавлид шуд, дил ин хурсандиро бардошта натавонист.

Пас аз як рӯзи тавлиди Димка сактаи дил сабабгори марги ӯ гардид ва набераро ба номи бобо номгузорӣ карданд.

Дирӯз писар модарро таъна зад, ки ӯ ба худ ҳокимияти Парвардигор — ҳалли қисмати одамонро ба дӯш гирифта, онҳоро муддати ҳафт сол аз ифтихор ва хушнудии фарзанд доштан ва фарзандро аз ғамхорӣ ва меҳрубониҳои волидайн маҳрум кардааст. Баъди ин ҳодиса, — ман ба ғайр аз аъҷубаи девсиришт гуфтани ту, боз чӣ бигӯям, модар мегуфт бо ҳасрат Алексей.

…Занги телефон ба идомаи хотирот халал расонид.

Анна, ки роҳрави хонаро рӯбучин мекард, овози Албина Романовнаро шунид:

— Ҳа, ҳамааш олиҷаноб. Мана, ба квартираи нав кӯчида истодаам. Чӣ? Ҳа, шароиташ хеле хуб аст. Хона замонавӣ. Сохташ базеб. Ҳа. Писари хуб дорам. Ғамхор! Вақте расидааст, ки истироҳат намоӣ, барои худат ҳам вақт ёфта, зиндагӣ кунӣ.

Чӣ қадар одам метавонад бардошт кунад. Фарзандон, наберагон. Ҳамааш барои онҳо. Ҳа-ҳа. Албатта, ки хушбахт ҳастам. Ҳа, ин ҳаёти нав аст. Акнун дар бораи худ андеша кунем ҳам мешавад.

— Тамоми ҳаёт дар бораи худ андеша накарда, оё дар ғами ягон каси дигар ҳам будед, Албина Романовнаи мӯҳтарам, — бо худ гуфту Анна латтаи фаршшӯиро партофта, сӯи ҷигарбандонаш шитофт.

© Рустамов З., 2025

Муаллиф Вера Мосова, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: