
— Оё шумо метавонед аққалан як рӯз модари ман бошед, — бо умед мепурсид писарбача. Хомӯшӣ ҳукмрон гардид. Олга бозичаи коғазӣ дар даст шах шуда монд. Костя мушоҳида кард, ки ангуштони зан ларзиданд.
…Толори маҷлисгоҳи мактаб пур аз ғалоғулаи бачагон буд. Костя дар кунҷи аз ҳама дур остини свитери фарсудаи ягонаи худро панҷа зада менишаст.
Иди тирамоҳ дар мактаб ҳамеша волидайн ва ихтиёриёни зиёдро ҷамъ меовард ва имрӯз ҳам истисно набуд.
Корҳои омодагӣ дар авҷ буд.
Модарони дар бар сарулибоси мавсимӣ дошта, аз лаълиҳо ба рӯи миз пухтупазҳои хонагии худро мегузоштанд ва ба сақф шилшилаҳои барги заранг (барги дарахти клёни канадагӣ, ки ба чанори мо шабоҳат дорад — З.Р.) меовехтанд.
Баъзан яке баъд дигаре ба назди нури чашмонашон омада, онҳоро мебӯсиданд, меҳрубонӣ мекарданд ва ғамхорона либосҳояшонро ба тартиб медароварданд.
Костя сарашро хам кард. Бо вуҷуди ҳамаи ин нигоҳи ғамангезаш аз ҳамсолон ва модарони хушбахти онҳо, ки фарзандонашонро навбат ба навбат ба канор мегирифтанд, канда намешуд.
…Нина-холааш, ки ӯ се сол боз дар хонаи вай зиндагӣ мекунад, ба ид ӯро ҳамроҳӣ накард, зеро чун ҳарвақта «хеле серкор аст».
Костя аллакай ба серкорӣ ва нигоҳҳои бефарқонаи ӯ одат карда буд. Лекин рафтори имрӯзаи хола аламнок буд.
— Олга Сергеевна! Ташаккур, ки ба ёрӣ омадед, — садо баланд кард, роҳбари синф Мария Петровна. Шумо дар омодагии ид моро хеле кӯмак кардед.
Костя сарашро бардошт. Зани қоматбаланде, ки дар бар свитери ранги қирмизӣ дошт, ба рӯи миз ҳар гуна чизҳои ҳунари дасти хонандагонро мегузошт.
Зан чашмони сиёҳи зебо дошт. Ҳангоме табассум мекард, дар атрофи чашмонаш ожангчаҳое монанд ба нур пайдо мешуд.
Тарзи корбарӣ, ҳаракатҳои мавзуни дастони ӯ, ки рӯи мизро оро медоданд ва бо муомилаи хуш бачагони наздаш омадаро гӯш мекард, Костяро мафтун карда буд.
Бача худаш нафаҳмида монд, ки чӣ тавр аз ҷояш бархосту ба назди мизи чизҳои худсохт омад. Гӯё пойҳояш аз итоати ӯ баромада буданд.
Ҳамон вақте, ки Олга хам шуда паррандачаи коғазии ба фарш афтодаро мебардошт, Костя наздаш пайдо шуд.
— Салом, хола! — гуфт ӯ бо овози хеле пасти ҳазин. Ин ҳангом вай садои гуп-гупи дили худро, ки гӯё ба ҳалқаш омада буд, мешунид.
Зан ба ӯ нигарист. Табассуми вай боз ҳам меҳрубонона гардида:
— Салом! Ту ҳам дар намоиш иштирок мекунӣ? — гуфта пурсид. Ӯ аз чеҳраи зан чашм канда натавониста, бо аломати тасдиқ сар ҷунбонид. Вале суханонаш қабл аз он, ки мулоҳиза кунад, аз даҳон берун шуданд:
— ОЁ ШУМО МЕТАВОНЕД АҚҚАЛАН ЯК РӮЗ МОДАРИ МАН БОШЕД!
Хомӯшӣ ҳукмрон гардид. Олга бозичаи коғазӣ дар даст шах шуда монд. Костя мушоҳида кард, ки ангуштони зан ларзиданд.
Ин ҳангом Костя омода буд, аз шарм зери замин фурӯ равад. Лекин ҷозибаи ин чашмони сиёҳ, ки ба ӯ бо меҳр нигоҳ мекарданд, ба вай қувват бахшид.
Олга ҳис кард, ки нафас дар гулӯяш тангӣ мекунад. Хоҳиши бача хеле оддӣ ва софдилона бошад ҳам, гӯё ҳамчун корди тез ба умқи ҷароҳатҳои дили вай рафта расид.
…Панҷ сол аз ин пеш ӯ писари ягонаи худро аз даст дод. Ӯро дарди бедаво бо худ бурд.
Аз ҳамон вақт инҷониб ба тамоми он чизҳое, ки ба модарӣ шабеҳ дошт, бетаваҷҷӯҳӣ карда, канорагирӣ менамуд. Аммо ин бачаяк имрӯз чашмони пурумедашро ба ӯ дӯхтааст…
— Ман… — суханро оғоз карданӣ буд, зан. Лекин садояш дар гулӯяш печид.
— Костя! — баланд шуд овози Мария Петровнаи ба ташвишомада. Омӯзгор айнакро ба чашмон монда, сӯи онҳо шитофт.
— Аз шумо маъзарат мепурсам, Олга Сергеевна. Костя, Костяи мо, — суханонашро мулоҳиза карда, баъд гуфт:
— Турфа писарбачаест. Гапҳои ноҷо мегӯяд. Аз ӯ хафа нашавед!
Ин ҳол Костя ба қафо бармегашт, аз шарму ҳаё рӯяш лахча гирифта буд. Дар чашмонаш ашк медурахшид.
— Хоҳиш мекунам, маро бубахшед. Ман ҳаргиз намехостам. Бо иҷозати шумо…
— Исто! — гуфт Олга, вале худ интизор набуд ки овозаш ин қадар баланд садо медиҳад.
Якчанд волидон сӯи онҳо рӯй гардониданд.
— Хоҳиш мекунам, даме таваққуф кун! Зан дар рӯ ба рӯи писарбача дузону нишаст. Асабҳои ӯ аз ҳаяҷон ба шиддат омада буданд, ба дараҷае, ки ӯ гӯё ҳар гуна зарбаҳои сахтро ҳам қабул мекарда бошад.
— Мария Петровна, — тарафи омӯзгор нигоҳ кард Олга. Мешавад, ки ҳар се сӯҳбат кунем.
Пас аз панҷ дақиқа онҳо дар синфи холӣ менишастанд. Аз тирезаҳои калон ба синф шӯълаҳои офтоб ворид шуда, акси мӯъҷизаовари баргҳои зарангро дар девор тасвир мекард. Костя ба курсӣ фурӯ шуда, худро ҳарчӣ хурдтар нишон додан мехост.
— Костя ҳамроҳи холааш зиндагӣ мекунад, — оромона мефаҳмонид Мария Петровна. — Модари ӯ дар ҳаққаш ғамхорӣ накард. Дар тарбияи холааш мебошад. Аммо холааш шабонарӯзҳо кор мекунад. Писарбача қариб, ки яккаю танҳо рӯз мегузаронад.
Олга ба Костя, ки ба пойафзоли нимдошт ва фарсудаи худ менигарист, нигоҳ карда, қалбаш фишор хӯрд.
Ва оҳе кашида гуфт:
— Дар ҳақиқат чӣ мешавад, ки мо як рӯзро бо ӯ якҷоя гузаронем. Дар ҳамин рӯзҳои истироҳат!
Костя якбора сарашро боло кард, чашмонаш аз ҳайрат ва нобоварӣ во шуданд.
— Рост мегӯед, — пичиррос зад вай. — Шӯхӣ намекунед.
— Не, ман шӯхӣ намекунам, — гуфт Олга ва эҳсос намуд, ки лабҳо худ ба худ ба табассум моил мешаванд.
— Албатта, ки ба мо розигии холааш лозим аст ва…
— Ман ба ӯ мефаҳмонам, — таъкид кард Мария Петровна, — Бовар дорам, ки холаи ӯ аз ғамхории шахсе ба Костя танҳо хушнуд хоҳад шуд. Олга Сергеевна худи шумо бовар доред?
Оё вай — Олга бовар дорад? Ягон зарра. Ин беақлӣ метавонад ҷароҳатҳои кӯҳнаи қалбашро аз нав ба дард орад. Лекин ба чашмони пур аз умеди ин кӯдаки маъсум нигариста…
— Ҳа, ман бовар дорам, бо қатъият гуфт, Олга.
Табассуме, ки дар чеҳраи Костя ҳувайдо гардид, аз ҳамаи ороиши идонаи мактаб равшану пурнуртар буд.
Рӯзи шанбе барои миёнаҳои моҳи октябр ғайричашмдошт гарм буд.
Олга асабонӣ гиребони палтояшро ба тартиб дароварда, ба соат нигоҳ кард. Даҳто кам даҳ.
Онҳо маслиҳат карда буданд, ки соати даҳ дар даромадгоҳи боғи фароғатӣ вомехӯранд. Зан ба вохӯрӣ бист дақиқа пеш омад. Зеро аз ҳаяҷон дар хона нишастан натавонист.
— Олга Сергеевна! — овози ҷарангосӣ сукунатро халалдор кард. Костя дар роҳрав дастонашро алвонҷ дода меомад. Дар тан ҳамон курткаи фарсуда, аммо дар гардан шарфи нав дошт.
— Салом, Костя, — табассум карда, ба андоми аз давидан арғувоншудаи писарбача назар андохт Олга. — Холаат куҷост?
— Вай дар корхона, — нафасашро рост карда гуфт, Костя. Ӯро таъҷилӣ даъват кардаанд. Хонаамон наздик, худам омадам!
Гиреҳи абрӯи Олга чин шуд. Наход, ки бачаи 8 соларо танҳо…
Аз андешаҳои Олга рамуз гирифта, Костя гуфт:
— Ман қариб, ки ҳар рӯз ба мактаб ва мағоза танҳо меравам. Худам метавонам мустақил роҳро гузарам.
Чизе қафаси синаро ба дард овард. Олга рӯбарӯ диккак нишаста, шарфи як сӯ хамзадаи Костяро ба тартиб дароварда гуфт: — Шарфи зебо будааст. Нав аст?
— Ҳа, гуфт бо хушҳолӣ писарбача. Мария Петровна тӯҳфа карда, гуфтанд, ки тирамоҳ либоси гарм пӯшидан даркор.
«Ташаккур ба Шумо, Мария Петровна,» — гуфт дар дил Олга. Баъд аз бача пурсид: — Хӯш барои имрӯз чӣ нақша дорӣ?
Костя намедонист чӣ ҷавоб диҳад. Чашмонашро поён афканда, ниҳоят гуфт: — Он чӣ, ки модарон мефармоянд!
Аз ин ҷавоб дили зан ба дард омад. Олга як лаҳза чашмонашро пӯшида, ба хотир овард, ки ҳарду бо писараш Дима чиҳо мекарданд? Писари майдаҳаки ӯ чиҳоро дӯст медошт?
— Медонӣ чӣ? — гуфт вай ба китфи писарбача даст зада: — Як вақтҳо писарам… э, як бача дар кӯл ба мурғобиҳо хӯрок доданро дӯст медошт.
Баъд аз ин рафта, шоколади гарм менӯшидем, омода кардани онро ба ӯ нақл мекардам. Ҳамин нақша ба ту маъқул?
— Чаро не! — чашмони Костя дурахшиданд. — Ман ҳатто бо худам нон овардаам, — гуфта даст ба кисаи куртка бурд. Саҳар фикр кардам, ки даркор мешудагист.
Олга ҳис кард, ки чизе роҳи нафасашро мегирад. Хурсанд буд, ки ин бачаҳаки майда ба мӯъҷиза бовар карда, пешакӣ ғами нонро ҳам хӯрдааст.
— Албатта, ки даркор мешавад, — гуфта аз ҷояш хест ва ба Костя даст дароз кард. — Меравем?
Костя ба дастони сӯяш дарозшуда сонияе нигоҳ карда, ба андеша афтода, баъд дастони хурдакаки худро рӯи дастони зан гузошт.
Панҷаҳои ӯ хунук буданд. Зеро ӯ вохӯриро дурудароз дар ҳавои сард интизор буд. Олга дастони писарбачаро маҳкам гирифт.
Онҳо оҳиста-оҳиста бо роҳраве, ки пур аз хазони баргҳои зардшуда буд, роҳ мепаймуданд. Баъзан Костя он ҷое, ки баргҳои нави хазонгашта зери по садои махсус мебаровард, ҷастухез мекард, лекин дастонашро аз Олга раҳо намекард. Бо ҳар қадаме дастони сарди ӯ гармтар мешуданд.
…Назди кӯлча орому сокит буд. Танҳо мурғобиҳо дар об шино карда, садо бароварда, бо ҳам «сӯҳбат» мекарданд.
Офтоб аллакай як қади найза баланд гардида, шуои нурҳои он дар оби кӯл акс ёфта буд.
Костя аз киса нони бо эҳтиёт печонидашударо бароварда, бо ҳавсала ба ҳиссачаҳои хурд майда мекард.
— Мана ин корат дуруст, — бо сарҷунбонӣ маъқул кард, Олга, — ин барои хӯрдани моҳиҳо анча осон мешавад.
— Шумо…ту… — Костя гаранг шуд, ки бо ӯ кӣ гуфта муроҷиат кунад. Шумо гӯяд ё ту.
— Метавонӣ маро ҳамту Оля-хола ном барӣ, — гуфт дар нишастгоҳ ба паҳлӯяш нишаста.
Костя сарашро ҷунбонид: — Хола гуфтанро намехоҳам. Чунки хола дорам. Аммо вай… — гуфту хомӯш монд ва синчакорона ба нони дасташ чашм дӯхт.
— Ва холаат чӣ навъ одам аст? — эҳтиёткорона пурсид Олга.
— Аслан вай зани бад нест, — бо саросемагӣ гуфт писарбача. — вале… лекин ӯ ҳеҷ вақти холӣ надорад. Вақте, ки дар хона бошам, ӯ маро бад мебинад. Мегӯяд, ки ман бисёр бачаи шӯх ҳастам.
Лекин ман мекӯшам ором бошам. Ҳамту не? Вай имдодталабона ба Олга нигарист, то бифаҳмад, ки ӯ ба вай бовар мекунад.
— Медонӣ, — Олга дастонашро дароз карда, барги зарди ба курткаи ӯ часпидаро гирифта як сӯ партофт ва суханашро давом дод:
— Баъзан калонсолон ҳам ҳамин тоифа гапҳо мегӯянд. На барои он, ки ҳақиқат аст, балки ибрози он ба худи онҳо душвор аст.
…Ба назди онҳо ҷуфти мурғобӣ шинокунон омаданд. Костя нонрезаҳоро ба наздикашон, ба об пошид ва хаёлмандона нигоҳ мекард, ки паррандаҳо чӣ тавр бо маҳорат нонмайдаҳоро дар об дошта мехӯранд.
— Лекин модари ман, — гуфт бо ҳасрат Костя, — маро ҳамту партофту рафт. Холаам мегӯяд, ки барои модар шудан ӯ аз ҳад зиёд ҷавон буд.
Лекин дигар модарон ҳам ҷавон ҳастанд, аммо фарзандонро партофта намераванд-ку, — мегуфт бо алам Костя.
Аз нав нафасгирии Олга душвор шуд. Вай дуздида ба ӯ нигоҳ карда, мушоҳида мекард, ки писарбача дар нишастгоҳ қоматро хаму рост менамуд, остини курткаро панҷа зада худро ҳамчун одами калону боқувват нишон доданӣ мешуд…
Олга хуб мефаҳмид, ки китфу бозувони наврас барои бардоштани бори гарони машқҳо ҳанӯз тайёр нест ва дидани ин ҳол дили ӯро ба фишор меовард.
— Боз ба ту як чизи дигарро ошкор кунам, майлаш? — аз мурғобиҳо чашм наканда, пурсид Олга.
— Ман писаре доштам Дима ном дошт. Вай ҳам хӯрок додани мурғобиҳоро нағз медид. Аз болиштҳо қасрҳо месохт. Лекин оши кашк (манная каша)-ро чашми дидан надошт.
Акнун Костя ба ӯ бо чашмони калон-калон кушодаи ҳайратовар менигарист.
— Ҳозир ӯ куҷост?
— Вай мурд. Панҷ сол аз ин пеш.
Ӯ ҳамон қадар сол дошт, ки ҳоло ту дорӣ.
— Бо сабаби беморӣ? — пичирросзанон пурсид Костя.
— Ҳа, ба иллати беморӣ — маҳзун ҷавоб дод Олга.
Онҳо хомӯш монданд. Мурғобиҳо нонмайдаҳоро хӯрда, ба соҳили дигар шино карданд.
Ногаҳон Костя наздик омада, оҳиста дастонашро ба кафи Олга гузошт.
— Медонӣ чӣ! Мумкин туро ба ман Дима фиристода бошад? То ту яккаву танҳо набошӣ ва… ман ҳам модар дошта бошам. Аққалан ҳамин рӯз!
Олга ҳис кард, ки аз абрӯвонаш ашк ҷорӣ шуда, чеҳраашро мешӯяд. Дарҳол ашкҳоро пок кард, лекин ин аз назари Костя пинҳон намонд.
— Гиря накун, — гуфт ӯ бо ҷиддият, ки хоси бачагон аст. Мехоҳӣ ман ба ту нонпораҳо диҳам? Барои мурғобиҳо!
Ва вай ашколуд хандида, китфони ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:
— Ташаккур, Костенка. Ту писарбачаи хуб ҳастӣ!
— Ин барои он, ки имрӯз ман модар дорам, — гуфт ӯ бо ифтихор ва ба Олга ҷафс шуд.
— Акнун боз куҷо меравем?
…Қаҳвахонаи хурдакак ҷойи дилпазир ва макони обод буд. Дар назди тиреза, дар мизе, ки бо дастурхони зебо оро ёфта буд, ҷой гирифтанд.
Костя бо мароқ қаҳвахонаро аз назар мегузаронид. Зеро қабл аз ин боре ҳам чунин ҷойҳоро надида буд.
— Ду шоколади гарм биёред, — бифармуд Олга ба пешхизмат — духтари ҷавон.
— Ба ту ҳамроҳи шоколад боз чӣ орад, — пурсид ӯ аз Костя.
— Боз чизи дигар ҳам мумкин? — ҳайрон шуда, мижа зад наврас.
— Албатта, мумкин. Бингар мана ин шириниҳо, пирог ва круассанҳоро!
— Ман намефаҳмам, — пичиррос зад Костя. Ин чизҳоро боре ҳам нахӯрдаам.
Синаи Олга аз сухани Костя аз нав ба дард даромад. — Ин хел бошад, шириниҳои ҳархеларо чашида мебинем, — таклиф кард вай.
— Ба мо марҳамат карда якто круассан бо черника ва якто пироги қулфинайдор, илоҷаш бошад онҳоро ду тақсим карда биёред, — фармуд ба пешхизмат.
Вақте пешхизмат рафт Костя ба Олга наздиктар нишаста, бо овози паст пурсид: — Оё ин гап дуруст аст, ки дар қаҳвахона бо қомати рост нишаста, ба зонуҳо сачоқ гузоштан лозим?
— Инро ба ту кӣ гуфт?
— Дар китоб хондам, — вай каме хиҷолат кашида гуфт:
— Вақте дар хона танҳоям баҳри зиқ нашудан, бисёр китоб мехонам.
Олга шоколади гарми қаймоқии нав овардаро назди ӯ гузошт. Бача оҳистаяк финҷони калони қаҳваро бо ду даст гирифта, ба ҳаври баромадаистода пуф кард.
Баъди ҳӯрт кашидан ва чашидани маззаи хеле хушлаззат бо як ҳиссиёти аҷиб хурсандии худро баён кард, ки аз он Олга табассумро пинҳон дошта натавонист.
— Бомазза?
— Бениҳоят! — гуфта, Костя «муйлаб»-е, ки пас аз нӯшидани қаҳва пайдо шуда буд, пок кард.
— Аз какаои коғазпеч дида, ҳазорон бор беҳтар аст…
— Магар ту барои худ какао омода мекунӣ?
— Ҳа ва хӯроки шомро ҳам, — гуфт китфонашро дарҳам кашида Костя. Холаам вақте меояд, ки ман хобидаам. Омода кардани хӯрокҳо аз макарон ва тухмро ҳам худам ӯҳда мекунам, — гуфта гунаҳкорона табассум кард.
Олга мушоҳида мекард, ки ӯ чӣ тавр моҳирона бо корд круассанро ба порчаҳои хурд ҷудо мекард, то ин ки майдаҳои онҳо мизро олуда насозанд. Ин рафтори наврас Олгаро ба гирифтани тасмими қатъӣ водор менамуд.
— Ту мехоҳӣ ман ба ту чӣ тавр тайёр кардани шоколади гармро ёд диҳам? — мегуфт вай ба ӯ. Ҳаминро дар хона ҳам тайёр кардан мумкин. Фақат ширу шоколад лозим асту бас.
— Оё дар ҳақиқат ёд медиҳӣ? — суханони ӯро бурид бо шодмонӣ Костя ва ҳамон лаҳза боз ғамгин шуда гуфт:
— Кадом вақт? Охир ту фақат барои як рӯз модарам ҳастӣ!
— Чаро ин тавр мегӯӣ? — суханонашро вазн дода, гуфт Олга. — Магар мо наметавонем, масалан дар дигар рӯзҳои истироҳат ҳам ҳамдигарро бубинем?
Костя бо круассани дар даҳон то охир нахӯрдааш шах шуда монд. Дар чашмони ӯ якчанд ҳиссиёт: умедворӣ, нобоварӣ ва хурсандӣ ҳувайдо гардид.
— Дар ҳақиқат… ту мехоҳӣ минбаъд ҳам маро бубинӣ? — пурсид бо овози паст. Нашавад, ки ман инро аз ту ғайриихтиёр хоҳиш карда бошам.
— Ин ҳақиқат аст, — қатъӣ ҷавоб дод Олга. — Ман бисёр мехоҳам, ки бо ту минбаъд ҳам вохӯрам, агар ту зид набошӣ.
Ба ҷойи ҷавоб Костя ногаҳон аз ҷояш барҷаста хест ва ӯро сахт ба оғӯш гирифт. Аз ҷисму бадани бача бӯи ҳавои тирамоҳон ва аз ҳама аҷиб себҳои хушбӯй ба димоғ мерасид.
— Яъне, ки ҳамааш ҳал шуд, — гуфту Олга ҳам дар ҷавоб писаракро ба бағал кашид. — Акнун, биё, пироги қулфинайдорро, ки хеле интизорӣ кашид, чашида бинем.
…Шом ногаҳон ва номаълум фаро расид. Ҳангоми ба хонае, ки Костя зиндагӣ мекард, расида омаданд, офтоб осмонро бо ранги лолагун оро дода, ғуруб мекард.
Ин бинои панҷошёнаи фарсудаи рангҳояш парида, арғунчакҳояш кӯҳна, нишастгоҳи такягоҳҳояш шикаста буд.
Олга ҳис кард, ки писарбача дастони ӯро маҳкам фишурд.
— Холаам яқин, ки дар хона аст, гуфт бо овози паст Костя, қадаммониашро суст карда. Чунки имрӯз навбати кӯтоҳи корӣ дорад.
Дар овози писарбача он қадар ғуссаю андӯҳ садо медод, ки аз он қалби Олга ба фишор омад. Барои дуяшон рӯз ба мисли як лаҳза гузашт. Ӯ ва писарбача дар боғи фароғатӣ сайругашт карданд, баъди таом дар қаҳвахона ба кабӯтарон дон доданд, дар бораи бисёр чизҳо сӯҳбат карданд.
Костя дар бораи мактаб, китобҳои хондааш, орзуҳояш нақл мекард. Ҳатто оддитарин чизҳо ба монанди соҳиби гурбача, дучарха шудан ва пухтани торти ҳақиқӣ…
— Як дам қарор гир, — гуфта Олга рӯбарӯяш дузону нишаст. — Дар хотир дорӣ, ман дар қаҳвахона чӣ гуфтам? Оиди рӯзҳои истироҳат!
Костя бо аломати тасдиқ сарашро ҷунбонид, лекин дар чашмонаш нобоварӣ хонда мешуд: — Мабодо, мабодо… холааш рухсат надиҳад?
— Ман бо ӯ гуфтугӯ мекунам ва бо Мария Петровна ҳам. Ягон чора меандешем. Ба ту ваъда медиҳам.
— Ин рост, ин рост аст? — мепурсид писарбача бо такрор ва ба чашмони Олга бо диққат нигоҳ карда, мехост тасдиқи гуфтаҳои ӯро шунавад.
— Албатта, албатта! — мулоим табассум карда, мегуфт ӯ. — Охир ман ҳам намехоҳам, ки ҳаминрӯза мулоқот охирин бошад.
Банохост аз ошёнаи баланд садои кушода шудани тиреза ва овози зан баланд гардид:
— Костя куҷоҳо мегардӣ, охир торик шуда истодааст!
Бадани писарбача ларзид: — Ин холаам… Хайр акнун ман меравам.
Лекин ба ҷойи он, ки сӯйи хона шитобад, Олгаро сахт ба оғӯш гирифта, ба гӯшаш гуфт: — ташаккур, ки имрӯз модари ман будед. Имрӯз дар ҳаётам беҳтарин рӯз буд.
Олга ҳам дар ҷавоб ӯро маҳкам ба канори худ гирифт. Чашмонаш мехостанд, хоинона ашк резанд. Аммо худдорӣ намуда, гуфт:
Медонӣ чӣ? Ту ҳам имрӯз бароям беҳтарин рӯзро ҳадя кардӣ. Ин ҳамааш оғоз аст, мешунавӣ?
Аз ҳам ҷудо шуда, Костя бори аввали ҳамин рӯз сидқан табассум карда гуфт: — Ман ҳар рӯзи истироҳатро бесаброна интизор мешавам.
— Костя! — боз аз боло садо баланд шуд.
— Бишитоб, — Олга бо нармӣ ӯро ба даромадгоҳи бино тела дод. — Хайр, то вохӯрӣ ба шанбеи дигар!
Олга нигаҳ мекард, ки наврас ба зинапояҳо давида баромада, гоҳе истода, ба қафо нигариста, дастонашро сӯи ӯ алвонҷ медод. Ва ҳангоме, ки ба хона расида, дар аз қафояш пӯшида шуд, Олга то дер гоҳ аз паси ӯ ба манзили чароғони хонадон нигоҳ кард.
Банохост ӯ эҳсос намуд, ки нахустин бор пас аз панҷ сол дар бораи Дима бе дарду ғами ҷонкоҳ фикр мекунад.
Гӯё маҳз писараш Дима ин писарбачаи хурдсолро баҳри табобати дарду ранҷҳояш, баҳри таъкиди модар будани ӯ, баҳри дӯст доштан ва дӯстдор будан фиристодааст.
«Ташаккур, ба ту писарам», — пичиррос зад ӯ ва ба осмони ба торикистон мубаддал гардида нигарист.
Баъд телефонро ба даст гирифта, ба Мария Петровна занг зад. Чунки тақдири ояндаи дуи онҳо: ӯ ва Костя аз ҳамин гуфтугӯи ҷиддӣ вобаста буд. Чунки як рӯз ҳам метавонад ҳаёти якумраи як ва ҳатто ду инсонро тағйир бидиҳад.
Ва расо баъд аз як моҳ дар манзили Олга Сергеевна боз як ҳуҷра бо рафҳои китоб, гурбачаи лӯхтак дар болои болишт ва дучархаи ҳақиқӣ пайдо шуд. Зеро агар аз таҳти дил таманно намоӣ ҳамаи орзуҳо иҷобат мешаванд. Бахусус агар ба онҳо ду нафари дилҳояшон соф ва ба одамони ҳушманд боварӣ дошта бошанд.
© Рустамов З., 2025
Аз саҳифаи «POFU», 10.01.2025, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов