Ин дар Япония рӯй дода буд. Яке аз рӯзномаҳои пойтахт – шаҳри Токио эълонро бо чунин мазмун дар саҳифааш ҷой дод: “Падару модар фурӯхта мешаванд: падар 70 сола ва модар 65 сола. Нарх 1000 иен, ҳатто як иен ҳам гузашт карда намешавад!”.
Одамони ин эълони ғалатиро хонда, ба ҳайрат мегуфтанд: “Аҷаб замонаҳо шуд. Фарзандон ҳатто волидайнро мефурӯшанд”. Дигар одамон изофа мекарданд: “Ба ин ҳукуматдорон чӣ гуна роҳ додаанд?!” Хулоса ин эълон байни мардум шавшуви бисёрро ба бор овард. Онро чӣ дар хона, чӣ дар кӯча ҳамчун ҳангомаи гӯшношунид маънидод мекарданд.
Рӯзнома бо ҳамин эълон ба дасти як оилаи ҷавон, ки ба наздикӣ волидайни дӯстдоштаи худро дар садамаи нақлиётӣ аз даст дода буд, низ расид. Онҳо, ки аз фавти бемаҳал ва фоҷиавии падар ва модар дар ғаму андӯҳи чуқур буданд, ба назарашон ин ҳодиса разилона ва таҳқиромез менамуд.
Онҳо тасаввур мекарданд, ки падару модари бадбахт дар ин ҳолат худро чӣ навъ эҳсос менамоянд? Аз ин гуна фарзандони бемеҳр онҳо чиро ҳам умедвор шуда метавонанд? Зану шавҳари ҷавон азм карданд, ки ин мӯйсафедонро харида, эшонро ба тарзи сазовор таҳти меҳру шафқати худ қарор диҳанд.
Маблағи заруриро гирифта, ба ҳамон суроға равон шуданд. Вақте, ки он ҷо омаданд, дар пеши назарашон кӯшки боҳашамати ғарқи гул намудор гардид. Онҳо гумон карданд, ки дар эълон иштибоҳе рафтааст. Бо вуҷуди ин қарор доданд, занг зананд.
…Дарро ба рӯи онҳо ҷаноби солхӯрда, ки табассуми дилкаш дошт, кушод. Ҷуфти ҷавон дар бораи эълони рӯзнома сухан карда, гуфтанд, ки волидайни худро талаф додаанд ва мехоҳанд он пирони дар эълон зикршударо бихаранд. Узр пурсиданд, ки ҷанобро ташвиш додаанд, мумкин ба суроғаи дигар омадаанд.
— Не, шумо дар суроға ба иштибоҳ роҳ надодаед, ба хона дароед!, — онҳоро муроот кард, марди солхӯрда. Ҳозир ман завҷаамро ҷеғ мезанам.
Ба зудӣ ӯ бо хонуми худ баргашта, гуфт:
— Чунон, ки мебинед, мо соҳиби ҳамин хона. Ғайри ин боз дигар чизҳои қимматнок ҳам дорем. Лекин давоми зиндагии пур аз меҳру вафоямон Худованд ба мо фарзанд надод. Мо хостем дар зинда буданамон ҳамаи ин бойигариро ба дасти одамони хуб супорем. Ва бо ҳамин сабаб дар рӯзнома эълонро бо ҳамин мазмун дарҷ намудем. Мо бовар доштем, ки ба ин эълони булъаҷаб танҳо одами шоиста аз худ дарак медиҳад.
Росташро гӯям, мо умедвор набудем, ки ба ин пешниҳод харидор ёфт мешавад. Лекин рафтори некатон ба шумо шараф ва ба мо хурсандӣ овард. Мо боварӣ дорем, ки шумо дар ҳақиқат онҳоед, ки мо дилпурона метавонем мероси солҳо бо меҳнати ҳалол ва нӯги сӯзан ёфтаи худро супорем.
© Рустамов З., 2025
Аз саҳифаи БОРЩ без BREDa, Инет, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов