Вафодор

vafodor


Сагро ба поезд роҳ надоданд. Ё бо сабабе, ки соҳибаш барои вай ҳуҷҷатҳоро саривақт омода накард, ё барояш чипта нахарид. Ҳамин тавр дӯсти вафодор дар перрон монд.


Мард аз тирезаи вагон сар бароварда, ба ӯ фарёд мезад — Маро интизор бош! Фаҳмидӣ? Ҳамаашро хуб медонӣ-ку! Ман ба наздикӣ бароят баргашта меоям.

Ҳамсафарони ҳамкупе аз ин ҳол ба риққат омада, ба мард пул медоданд, то ин, ки онро ба ходими вагон диҳаду барои бо худ гирифтани саг ӯро розӣ кунонад.

Аммо куҷо? Охир ҳастанд, ашхосе, ки аз хатти кашидаи қонуну қоида берун намебароянд.

Ва сухани «мумкин не»-и ӯ ба ҳама ғолиб омад.

Хулосаи гап, поезд ба роҳ даромад, мард сарашро аз тиреза бароварда, ба саг ким- чиҳо мегуфту фарёд мезад.

Бечора саг аз қафои поезд медавид ва ҳазин аккос мезаду менолид. Оқибат умедашро канда, дар хати охири перрон истод ва бо чашмони пурандӯҳ ба поезди дуршудаистода дергоҳ нигоҳ кард.

… Ва ба умеде, ки соҳибаш баргашта меояд, рӯзҳои бешумору тираро паси сар мекард. Баъди муддате тамоми кормандони вокзали шаҳри Энн аз ҳоли саг хабардор шуда, ба ӯ нигоҳубин мекарданд, хӯрок медоданд, дар иқоматгоҳи гарм ҷояш доданд.

Ба қавле вай «писари полк» — дӯстдоштаи хизматчиёни вокзал гардид.

Омадани ҳар як поездро саг бо умедворӣ пешвоз мегирифт, ба перрон баромада, ба одамони аз поезд фурудомада менигарист. Бо дидани чеҳраи ҳар як одами навбатӣ умеди саг аз ёфтани соҳиб камтар мегардид.

Ғаму андӯҳи муқаррарӣ тамоми фазоро пур карда, ба назари саг дунёро сарду тира гардонида буд. Ҳамин тариқа сол гузашт. Боз як соли дигар ҳам сипарӣ шуд. «Мумкин соҳибам хеле банд бошад» — фикр мекард ҳайвони вафодори безабон.

«Ӯ наомада наметавонад. Ба ман ваъда дода буд, ки меояд. Охир ӯ маро дӯст медорад».

…Ва интизор мешуд, ба пешвози ҳар як поезд ҳаллосзанон мебаромад.

Хеле зуд тамоми аҳолии шаҳр дар бораи ин саги наҷиб, ки номашро Матрос гузошта буданд, шунид. Нахуст даҳҳо ва баъдан садҳо нафар омада, кӯшиш карданд, ки ӯро ба хонаи худ баранд.

Лекин ҷонвар аз бандҳо халосӣ ёфта, мегурехт ва боз ба перрон ҳозир мешуд. Ҳар лаҳза гумон мекард, ки ҳамин ҳоло соҳиби вай расида меояд.

Зеро соҳибаш ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд, ҳамин хел фикр мекард Матрос, аз дасти ғамхори навбатӣ раҳоӣ ёфта, бозпас ба вокзал бармегашт.

Ҳамин тариқа аз байн се сол гузашт. Як саҳарии хунуки зимистон тӯдаи занон ва ду нафар мард ба утоқи кории сардори вокзал зада даромаданд.

— Петрович, Петрович! — дод мезаданд онҳо суханони якдигарро бурида. Петрович он ҷо бо Матрос чизе рӯй додааст.

Петрович — сардори вокзал шахси тануманд, ҷиддию серталаб фарёд зад:

— Канӣ хомӯш шавед!

Ҳама ҷим шуданд. Аз ҷой бархоста, кител ва фуражкаи расмиашро пӯшид. Баъд ду ҳаби кардилокро бо об нӯшид.

— Маро ҳамин ҷо мунтазир шавед, — гуфт ӯ. Аз утоқ берун шуда, дарро ба рӯи онҳо пӯшид ва аз берун қулф зад.

Занони дохили утоқ монда, дарро муштборон карданд, ба сари сардор раъду барқро сарозер карданд.

Петрович оҳи бадарде кашиду фуражкаашро ба тартиб овард ва дохили толори мусофирон гардид. Онҷо нафарони зиёде, ки барои хариди чипта омада буданд, ҳузур доштанд.

Петровичро дида, ҳама сӯяш шитофтанд. Бо фарёду шӯру валвала талабу дархост менамуданд. Ҳар яке дарди худро мегуфт.

Петрович аз байни онҳо ба худ роҳ кушода, чизе нагуфта мерафт. Дар ботинаш кадом як фикри мағшуш чарх мезад.

Ба кунҷи толор, ки онҷо дар болои рӯйҷои гарм Матрос хобида буд, омада, диккак нишаст ва ба бадани саг даст расонд. Баъд аз ҷой бархост, дастонашро ба чаккааш бурда, ба саги дунёро падруд гуфта эҳтиром гузошт.

Ӯ чанде дар иҳотаи тӯдаи одамони ба ғазаб омада истод. Баъзеҳо ангуштони худро ба пешонӣ гузошта, бо нишони истеҳзо тоб медоданд, баъзеҳо таҳдид мекарданд, баъзеҳо магар воқеаро дарк карданд, ки ба як гӯшае қарор гирифтанд.

Петрович хам шуда, ҷасади сагро якҷоя бо рӯйҷо рӯи даст гирифт ва сӯи мошини худ равон шуд.

Одамоне, ки аз ин чанд дақиқа қабл ба ӯ дод мезаданд, бо ҷазоҳои осмониву заминӣ таҳдид мекарданд, хомӯшона пароканда шуданд. Ба онҳо рафта расид, ки ин ҷо чӣ воқеае рӯй додааст.

Баъди ду соат Петрович баргашт. Дар дастони ӯ ду борхалтаи калони хоҷагӣ, якчанд лавҳача, ки онҳоро ба ҳамаи дарҳои вокзал овехт, мавҷуд буд.

Дар лавҳачаҳо навишта шуда буд:

«БО САБАБИ ФАВТИ НОГАҲОНИИ КОРМАНДИ ВОКЗАЛ МО ТО ОХИРИ РӮЗ ФАЪОЛИЯТ НАМЕКУНЕМ».

Петрович ба утоқи кории худ баргашта, нафаси чуқур кашид, калидро тоб дода, дарро кушод ва вориди утоқ шуд.

Ба ӯ занон доду фарёд мезаданд. Муштчаҳои онон ба китфу бозувонаш паи ҳам расида, ранҷ медоданд. Мардҳо хомӯш дар каноре меистоданд.

— Ором шавед, занҳо, ором шавед, мегӯям, — гуфт Петрович борхалтаҳоро рӯи миз гузошта. Ӯ ду шиша арақро бароварда, давом дод:

— Дастурхонро паҳн кунед, аз Матрос ёдоварӣ карда, рӯҳи ӯро шод мегардонем.

Дар оромии рӯйдода, бо овози пасти ҳазин гиряи фаррошзани ошёнаи якум шунида шуд.

— Ман ба ӯ лавҳи ёдгорӣ месозам, гуфт яке аз мардҳо. — охир ман то ҳамин қарибӣ дар бригадаи лавҳасозони қабристон кор мекардам. Аммо бо сабаби ана ҳамин чиз..

Ва ӯ ба шишаи арақ ишора карда, суханашро давом дод.

— Ман дигар нӯшиданро бас кардаам. Лекин барои ёдоварии Матрос, чӣ илоҷ? — гуфта, овозаш ларзид ва рӯяшро тарафе гардонд.

…Баъд аз чанд моҳ ба назди фаррошзани ошёнаи якум марде омада, хиҷолатмандона оиди ҳодисаи мубҳам пурсуҷӯ кард:

— Мефаҳмед, сагча, мумкин аст донед. Ба ин анча шуд. Ҳамин хел шуда монд. Аз серташвишӣ омадан натавонистам.

Фаррош пайкораро аз даст афтонд. Садое бароварду даҳонашро бо каф пӯшида, ба назди сардор шитобид:

— Петрович, ӯ омад!

— Кӣ? — пурсид Петрович

— Соҳиби Матрос.

Петрович аз ҷояш хест, кител ва фуражкаи расмиро ба бар кард, ду ҳаби кардилокро ба даҳон андохт, аз графин об рехта нӯшид ва ба фаррош гуфт:

— Рафтем, нишон медиҳӣ.

Мард дохили толор равуо мекард.

— Хӯҷаини Матрос ин ту ҳастӣ? — аз ӯ пурсид Петрович.

— Кадом Матрос? — даступо хӯрд мардак, баъд ба худ омада дарк кард ва хурсандона хитоб кард — ааааа, охир номи ӯ Брут аст. Вай дар куҷост? Бо ӯ ягон воқеа рӯй дод? Ӯ ҳоло ҳам дар ин ҷост? Маро интизор аст?

— Ӯ ҳамин ҷост, — ҷавоб дод Петрович, ки рангаш канда тира гардида буд. Рафтем ман нишон медиҳам. Ва онҳо сӯи даромадгоҳи марказии толор равон шуданд.

Мард тез-тез қадам монда, ба Петровичи паҳнқадам расида гирифта, сабабҳои аз ин пештар омада натавонистанашро баён мекард.

Онҳо ба перрон, ки ғарқи шуои офтоби баҳорӣ буд, баромаданд. Мардак аз зӯри равшанӣ чашмонро нимкоф карда меомад. Вақте, ки кушод, дар рӯ ба рӯи худ, лавҳаи ёдгориро, ки чаптар аз перрон насб шуда буд, мушоҳида кард.

Мард дар хоросанг акси саге, ки чашм ба сӯи поезд дӯхтааст, дид ва дар пояи он навиштаҷоти зеринро хонд:

«АЗ НОМИ СОКИНОНИ СИПОСГУЗОРИ ШАҲРИ ЭНН БА МАТРОС — САГИ АЗ ҲАМА ВАФОДОРИ ДУНЁ! МО ТУРО ҲЕҶ ГОҲ ФАРОМӮШ НАХОҲЕМ КАРД!!»

— Ин чӣ тур мешавад? Вай бояд интизор мешуд! Охир ман ба ӯ гуфта будам-ку якбора шӯрида рафт, мардак.

Аз гапҳои ӯ чеҳраи Петрович арғувонӣ гардида, ин ҳарфҳоро ба мисли туфи даҳон ба рӯи ӯ зад:

— Ту, ба ман гӯш кун! Даҳонатро пӯш ва аз ин ҷо ҳоло, ки саломат ҳастӣ, зудтар бирав! Худо накунад, ки…

…Вай ба нақши саг эҳтиром гузошта, даст ба чакка бурд, ба таври ҳарбӣ тоб хӯрда, ба қафо нигоҳ накарда, сӯи вокзал раҳсипор шуд.

Офтоб шаъшаапошӣ мекард. Гӯё тамоми одамоне, ки дар перрон равуо доштанд ва як лаҳзае истода, бо лавҳаи ба саги вафодор бахшидашуда шинос мешуданд, офтоби оламтоб онҳоро бо дурахши баҳоронаи худ ғарқи олами зебоӣ ва нафосат карда буд.

© Рустамов З., 2025

Муаллиф Олег Бондаренко, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: