Қиссаи мурғи тиллоӣ

tukhm

(Афсона барои калонсолон)


Зане аз мағоза мурғ харид. Ба хона оварда, онро дохили зарф гузошт, то яхаш об шавад. Худаш дар рӯ ба рӯи телевизор ҷой гирифта, ба тамошои барномаи дӯстдоштааш «Рақс бо ситорагон» пардохт. Қадаҳро аз майи гулгун пур кард. Баъди ҷудоӣ аз шавҳар майнӯшӣ ба вай одати ҳаррӯза шуда буд.


Инак, се сол аст, ки зиндагиаш ҳамин ранг гирифтааст. Ногаҳон аз самти ошхона кадом як садое шунида шуд. Гӯё он ҷо калламуше ҷунбуҷӯл дошт.

Зан тарсид. Аз анбор болғачаро гирифта, дохили ошхона шуд. Аҷабо, ӯ он ҷо чиро дид? Мурғи ҳамин ҳоло овардааш гӯё ҳеҷ ҳодисае рӯй надода бошад, рӯи миз гаштугузор мекард.

Зан болғачаро баланд бардошта, бо тамоми қувва ба сари мурғ заданӣ шуд. Бечораяк мурғ қуд-қудкунон худро ҳар сӯ зада, гиряолуд илтиҷо мекард:

— Маро накушед, хонуми нағз! Ман ба шумо ҳоло даркор мешавам.

— Чӣ лозимият дорӣ? — мепурсид зан.

— Намедонам, андешамандона мегуфт мурғ, болои миз нишаста ва сигорро дуд дода, -лекин метавонам бароятон ҳар рӯз тухми тиллоӣ орам.

— Магар ту тухми тиллоӣ карда метавонӣ?

— Хеле ба осонӣ.

Мурғ каме машқи бадан карду болои миз нишаст ва зӯр зада тухм зоид. Аммо тухм оддӣ буд.

— Ой, маъзарат мехоҳам, — гуфт мурғ. — Ин дафъа нашуд. Ба зан: Ҳозир-ҳозир гуфту бори дигар зӯр зад. Ин дафъа тухм муқаррарӣ набуд. Тиллоӣ буд.

Зан тухмро гирифта, назди заргар овард. Заргар тухмро тариқи пурбин бодиққат аз назар гузаронид. Бо ангуштонаш ламс кард, ба рӯи тухм бо пинсет тиқ-тиқ зад, давр занонда гуфт:

— Панҷ ҳазор.

Зан розӣ шуд.

Ба ин пулҳо ҳаргуна хӯришҳои хушлаззат: ҳасиб, панири ҷойдорӣ, майи Шампон ва ҳатто ба мурғ ҳам дони пурқимати кишвари дурро харид.

Ба хона омада шах шуда монд. Мурғ дар роҳатӣ нишаста телевизор тамошо мекард. Ба монанди шавҳари собиқаш. Инро дида дили зан ганда шуд, оби дида кард.

Аз он вақт эътиборан зиндагии якҷояашон сар шуд. Ҳар рӯз мурғ як ва баъзан дуто тухм мекард.

Зан тухмҳоро ба фурӯш мебурд. Баъд ҷойи дигар ёфт, ки на панҷ, балки ҳафт ҳазор медоданд.

Аз ӯ боре пурсиданд:

— Мабодо тухми фаберже надоред? (тухми базеби пурнақшунигор, ки аз ашёи қиматнок устоёни чирадаст месозанд — шарҳи тарҷумон).

— Не, — мегуфт зан.

— Ишколе надорад, ҳаминҳо ҳам шудан мегирад. Овардан гиред. Лекин агар фаберже мешуд, савдояш аз сад ҳазор ҳам боло буд. Ин гуфтаҳо ба мағзи сари зан мустаҳкам ҷой шуд. Охир сад ҳазор-а!

Боре, ӯ тухми тиллоиро ба фурӯш набурд. Онро дохили зарфе монду болояшро бо дасторе пӯшонида монд.

Ба ростӣ пас аз се рӯз тухм кафида, аз дарунаш чӯҷачаи тиллоӣ баромад.

Зан чунон ҳам хурсанд шуд, ки акнун ӯ яқин соҳиби тухмҳои фаберже мегардад. Ҳафт ҳазор чию сад ҳазор куҷо?!

Акнун ҳушу ёдаш ба ҳамин чӯҷаяк банд шуд. Ӯро доягӣ мекард, бо қошуқча таом медод, барояш сурудҳо месароид.

Аз ҳамон вақт зан ба модармурғ эътибор надода монд. Хӯроку дон намедод, ӯро ба ҳоли худ гузошта, тамоман фаромӯш кард.

Ҳоли мурғаки ҷонвар танг шуда, андомаш коҳид. Аз ғаму андӯҳ ва бехӯрокӣ ҳамон тухмҳои панҷҳазора ва ҳафтҳазора ҳам анқо шуданд. Асаби мурғ вайрон шуда, бемори невралгия гардид, қанотҳояш хам хӯрданд.

Мурғи берӯзӣ гирд ба гирди хона мегашт, бо андӯҳ оҳ мекашид ва аз гуруснагӣ нонхӯрак (тараканҳо)-ро минқор зада мехӯрд.

Сигори охиринро дуд дода, ба зан гуфт:

— Медонӣ, Валя ман дигар наметавонам. Агар, ки ман ба ту маъқул набошам, биё хайрухуш кунем.

Зан бо хурсандӣ ҷавоб дод:

— Ин хел бошад паноҳат ба Худо! Бирав!

Мурғ чизу колояшро ғундошта, ба ҷомадон андохт, бори охир гиря кард, занро бӯсид ва куҷое, ки чашмонаш менигаристанд, роҳ гирифт.

Дар ҳамин ҷо мумкин хонандаи закӣ фикр кунад, ки чун ба ҳамин монанд қиссаҳои маъмул мурғи нав калон шуда, ба зан суде намеоварад на тухм, на чизи дигар.

Лекин хулосаи дедуктивӣ (мантиқӣ) ба ихтиёри муштарӣ дода шуда буд. Дар аксар афсонаҳо ин рафтор манфӣ анҷом меёфт. Мурғ бо вуҷуди ҳамин қадар саъю кӯшишҳо бояд муқаррарӣ ва бесамар мешуд.

Аммо ҳаргиз, не! Тухмкунии мурғаки нав дар ҷояш. Зан дар ин масъала ҳам иштибоҳ накард. Мурғак дар ҳақиқат тухми фаберже овард.

Дар бозори атиқафурӯшӣ ним миллионро нақд шумурда, ба дасташ доданд. Зан аз хурсандӣ барояш пӯстини нав харид. Баъди як ҳафта бошад, мошини қиматбаҳо.

Акнун дар хаёли он буд, ки чаро шароити манзилашро беҳтар накунад?! Қасри болохонадор, бо намои халиҷ ва ҳуҷраи алоҳида барои мурғ. Охир то кай мурғи вай дар қуттии аз телевизор холишуда тухм мекунад?

Рӯзе зан ба тухмфурӯшӣ рафт. Атиқафурӯш донистан хост, ки ӯ ҳар рӯз ин тухмҳоро аз куҷо меёбад ва бо фармоиши ӯ дуздҳо аз паяш афтоданд.

Худи зан ҳам боре фикр накард, ки ба пурсиши нафаре, ки охир ҳар рӯз тухми касмахару касмаёби фабержеро аз куҷо меёбад, чӣ ҷавоб дода метавонад?

Дуздон бо изаш рафта, ба хонааш даромаданд, гулӯяшро буғӣ карда, мехостанд ӯро бикушанд ва соҳиби мурғи тиллоӣ шаванд. Аммо ҳамин вақт модармурғ ба хона даромада меояд.

Аз кисса ду револверро мебарорад, садои тир баланд мегардад: «Бах! Бабах!»

— Ана, ба Шумо гурусначашмон! — мегӯяду ҳар се нафарро аз пой меафтонад.

Ва мегӯяд:

— Салом Валя!

Зан аз хурсандӣ ҳунгосзанон гиря мекунад. Мурғро ба оғӯш мекашад, ҳамчун оилаи шведӣ: ду мурғ ва як нафар зан минбаъд ҳама якҷоя зиндагӣ мекунанд.

…Аз рӯи эҳтиёт он атиқафурӯшро ҳам паррониданд, то ин ки сир ошкор нагардад.

© Рустамов З., 2025

Муаллиф Игорь Поночевний, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: