
(Ҳикояи воқеӣ)
Соли 1979 марде нӯҳ нафар тифлон — духтаракони сиёҳпӯстро, ки дигарон ба фарзандӣ нахостанд, ин амалро ба ҷой овард. 46 сол гузашта бошад ҳам, аммо ин ҳодиса аҳли ҷомеаро имрӯз ҳам бетафовут намегузорад…
…Ҳамаи онҳо дар як вақт, дар як макон бе ному насаб, бе ягон ҳуҷҷате дар зинапояҳои даромадгоҳи калисо, ки дар дохили як кӯрпа печонида шуда буданд, ёфт шуданд, — мегуфт ҳамшираи шафқат.
Ричард лол монд. Нӯҳ нафар! Охир кадом як сангдиле ҳаёти ин тифлаконро ба хатар гузошта, нисбаташон бераҳмона рафтор кардааст?
Ҳамшира овозашро боз ҳам пасттар карда, ноумедона гуфт:
— Инҳоро аздусар ҳеҷ кас намегирад. Одамон одатан як ё ду нафарро фарзандхонӣ мекунанд. Ҳеҷ вақт. Ва на аз ин зиёд. Онҳоро ба талабгорон тақсим мекунанд.
Ибораи «тақсим мекунанд» ҳамчун қирраи тези корд ба қаъри дили Ричард рафта расид.
…Вай ваъдаи ба завҷаи марҳумааш додаро ба хотир оварда, онро амалӣ кардан мехост. Ба хотир меовард, ки Энн ҳамеша мегуфт, ки оила ин ҳанӯз ҳамхунӣ нест, балки интихоб ва тарбияи дурусти кӯдак аст.
Оқибат пас аз он, ки каме ба худ омад, бо овози ларзон пурсид:
— Агар касе пайдо шаваду ҳамаи онҳоро фарзанд бихонад?
Ҳамшира қариб буд қоҳ-қоҳзанон бихандад, вале қиёфаи ҷиддӣ гирифта, бипурсид:
— Ҳамаи нӯҳ нафарро? Сэр, магар касе, бахусус шахси яккаву танҳо, бе маблағи зарурӣ аз ӯҳдаи тарбияи нӯҳ кӯдак баромада метавонад? Одамро нахандонед. Агар дар ҳамин хаёл бошед, шуморо одамон ҳамчун фарди ноқисулақл қабул мекунанд.
Лекин Ричард дигар ӯро гӯш намекард. Вай назди катчаҳо омад. Як кӯдак муштчаҳояшро сахт гиреҳ карда, ба вай он қадар синчакорона нигоҳ мекард, ки гӯё ӯро кайҳост, ки мешиносад. Дигаре дастчаашро ба остини ӯ бурд. Саввумӣ даҳони бедандони худро калон кушода, табассум мекард.
Ҳамин ҳол дар вуҷуди ӯ гӯё таркишеро ба амал овард. Дарде, ки ӯро солҳо ҳамраҳӣ мекард, аз нав хурӯҷ кард.
Ниҳоят Ричард овоз бароварда, бо қатъият гуфт:
— Ман ҳамаи инҳоро мегирам!
…Ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо ба набарди ҳақиқӣ табдил ёфт.
Кормандони хадамоти иҷтимоӣ рафтори ӯро «беақлӣ» маънидод мекарданд. Хешу табор ва наздикон ӯро «телба» (ҷиннӣ) мегуфтанд. Ҳаққу ҳамсояҳо бошанд аз паси пардаҳо гӯшакӣ мезаданд: «Марди сафедпӯстро бо нӯҳ тифлони зангӣ чӣ кор?»
Баъзеҳо бошанд, зери лаб суханҳои аз ин ҳам тира ва бадтарро такрор мекарданд.
Махсусан шахсони ба вай наздик ӯро аз хатарҳои дар пешистода, нарасидани маблағ ва барбод додани зиндагии шахсӣ огоҳ мекарданд.
Лекин Ричард ба қафо барнагашта, дар аҳдаш қавӣ монд. Вай мошини боркашон ва ҳатто зару зевари Эннро ҳам фурӯхт.
Дар коргоҳ аз роҳбарият хоҳиш мекард, ки ӯро дар навбатҳои иловагӣ бо кор таъмин намоянд. Рӯзҳои истироҳат боми хонаҳоро таъмир ва шабҳо дар тарабхона адои вазифа менамуд.
Ҳар як доллар барои хариди шир, уребчаҳо, катчаҳои кӯдакона, ки худ устокорона месохт, сарф мешуд.
Биное, ки зиндагӣ мекард, ба занбӯрхона табдил ёфт. Шабҳои бехобӣ, қатори шишачаҳои ба ҷӯш омадаи болои оташдон, ресмонҳои аз вазни сарулибоси бачагона ба поён хамзадаи нӯҳ тифл.
Вай бо дастони аз меҳнати зиёд шахшӯлшуда мӯйҳои духтарчаҳоро шона зада, кокулчаҳо мебофт. Медонист, ки кадом кӯдак бо навои кадом алла оромиш меёбад, шабонгоҳон вақте, ки хобашро гум мекард, ба катчаи тифлон наздик шуда, дар торикӣ бо эҳтирос нафасгирии ҳар яки онҳоро мешумурд.
Лекин гапу гапчаҳо зиёдтар мешуданд, ки кам не. Дар боғи истироҳат волидайни дигар бачаҳо аз ин духтаракон ибо карда, фарзандони худро ба гӯшаи дуртари боғ мебурданд. Дар мағозаҳо ҳам онҳоро бо нигоҳи норозиёна таъқиб мекарданд.
Боре як мард зери пойи Ричард туф кард ва гуфт:
— Албатта, ки ту аз ин кирдорат рӯзе пушаймон хоҳӣ шуд. Хушбахтона, пушаймонӣ рух надод.
Ба ҷойи он ҳолатҳои фараҳбахш: нахустин хандаҳои беғашу олоиши ҳамаи нӯҳ кӯдак, он қадар баланд, он қадар форам садо доданд, ки ҳатто деворҳои хона ба ларзиш омаданд.
Онҳо яке паси ҳамдигар дар долон ранги қатораи зинда ҳаракат мекарданд, гӯё алайҳи тӯфон рақобат мекарда бошанд, ба ҳам ончунон яклухт мегардиданд, ки ту гӯӣ аз онҳо як ҷисми воҳид ташкил меёфт.
Ин дӯстрӯякон аз они ӯ буданд ва ӯ аз они онҳо.
Гирду атроф метавонад, чӣ қадар хоҳад шубҳа намояд, баҳо диҳад, сухан гӯяд. Лекин ба Ричард донистани як ҳақиқати кулл муяссар гардид: вай дар ҳаёт ба ишқ мақоми сазовор дод. Солҳои тӯлонӣ нисбати дигар волидон зиндагӣ ӯро аз ҳама бештар озмуд.
Тарбияи як кӯдак — ин озмоиш аст. Лекин яккаву танҳо тарбия намудани нӯҳ нафар — ин набарди ҳақиқист.
Аз корҳои зиёд ва доимию тӯлонӣ дастони ӯ дурушт гардиданд, аъзои баданаш аз ранҷу хастагӣ ба дард омада буд, дил боз ҳам пуршиддаттар кор мекард.
Дар ҳар як духтарча хусусиятҳои хоси фардӣ зоҳир мегардид:
Соро аз ҳама баланд механдид. Рут ҳангоми дидани бегонае, домани куртаи падарро сар намедод. Наоми ва Эстери шӯхтабиат аз ошхона пухтупазҳоро дуздида, пинҳонӣ нӯши ҷон мекарданд. Лиё духтарчаи хуб буд. Агар байни хоҳарон номуросоие шавад, онҳоро оштӣ медод. Мэри орому ботамкин буд ва аввалин шуда, роҳи ҳаётии худро дарёфт. Ҳанно, Роҳел ва Дебораи хурдакак се хоҳаракони ҷудонашаванда буданд.
Барои олами беруна ва ҳамсояҳо онҳо «нӯҳгонаи Миллерҳо» ба ҳисоб мерафтанд.
Оила барои баъзеҳо мояи мафтунӣ бошад, барои баъзеи дигарон мояи шубҳаю бадгумонӣ буд. Барои Ричард бошад онҳо духтаронаш буданд.
Лекин нигоҳҳои маҳкумкунанда хотима намеёфтанд.
Дар назди даромадгоҳи мактаб модарон пичиррос мезаданд: «Барои чӣ ӯ ин корро кард? Мақсадаш чист? Ӯро ба ҷурмҳои будаю набуда, мавҷуд набудани одобу ахлоқ гунаҳгор мекарданд. Лекин ӯ ҷавоб намедод.»
Вай овардани хӯроквориҳои хонагиро дар пакетҳо, бофтани кокулҳои духтаронашро идома мебахшид. Барои хариди пойафзол маблағ ҷамъ мекард.
Пул барои зиндагӣ фоҷиавор намерасид. Ӯ маҷбур буд, бисёр вақт аз қабули таом шахсан худдорӣ намояд, то ин, ки маблағ барои хариди озуқа ба фарзандон бештар бигардад.
Пираҳани кӯҳнаи обшустаашро дарбеҳу ямоқ мекард.
Шабонгоҳон ӯ тамоми ҳисобу китоби рӯзғордориро, ки ба сараш бори азиме буданд, ҳаллу фасл мекард. Лекин духтаронаш ягон маротиба рӯҳафтодагӣ ва изтироби ӯро пай намебурданд.
Барои онҳо падар рамзи қувваю тавоноӣ буд ва ин боварӣ ба ӯ илҳом ва нерӯи тоза мебахшид.
Буданд лаҳзаҳои пурфайзи рӯзҳои таваллуд, ки падар ба фарзандон ширинӣ, тортҳои худ омода карда ва ҳадяҳои дар рӯзнома печонидаро инъом мекард.
Тобистон тамоми оила дар ҳавои кушод зери кӯрпаи осмони ситоразор хоб мерафтанд. Дар ҳамин гуна шабҳо Ричард дар бораи модар — Энн, ки мехост соҳиби фарзандони бисёр шавад, вале ин бахт ба ӯ насиб нагардид, нақлҳо мекард.
Ва ҳамин тавр бо вақту соаташ духтаракони Ричард ба воя мерасиданд. Бо хушҳолӣ таҳсил мекарданд, ҳимоятгари ҳамдигар буданд ва ҳамчун ид ба хона, назди падар бармегаштанд.
Лекин вақт бе тараҳҳум аст. Дар интиҳои солҳои 1990-ум ба мӯйҳои Ричард сапедӣ дамид, қоматаш хам гашт.
Духтаракон ба воя расида, таҳсил гирифтанд, соҳиби кор шуданд, шавҳар карда, ба хонумҳо табдил ёфтанд. Дар хона боз муҳити сокитию оромӣ қарор ёфт.
Бегоҳии рӯзе, ки духтари охиринаш хонаро тарк намуд, Ричард ба сурате, ки нӯҳ нафар тифлакон — духтарчаҳо ҳамчун шаддаи марворид акс ёфта буданд, нигариста дар сукунати том гуфт:
— Ман қавламро иҷро кардам, Энн!
… Аз ин ҳодиса даҳсолаҳо гузашт. Духтаракони Ричард ба қатори мардум даромаданд: муаллим, ҳамширагони шафқат, рассом ва аз ҳама муҳим МОДАР гардиданд.
Онҳо ҳаёт ва оила баргузор карда бошанд ҳам, аммо ПАДАРИ МЕҲРУБОНИ худро як лаҳза фаромӯш намекунанд. Рӯзҳои ид ҳама дар хонаи падар сарҷамъ мешаванд. Боз дар манзил гирудори одамон ва садои баланди ханда шунида мешавад.
Ричард бо чашмони пурашк ба онҳо нигариста, иқрор мешавад, ки дар ҳақиқат он замон ба телбагӣ роҳ дода бошад ҳам, ягона интихоби дурустро анҷом додааст.
Имрӯз пас аз гузашти 46 сол, яъне дар соли 2025, Ричард дар роҳатии калоне нишастааст. Ӯ ҳам акнун Ричарди пештара нест. Ожангҳои зиёд рухсори ӯро абгор кардааст. Ҷисмаш ҳам нотавон гардидааст. Лекин барқи чашмонро гум накардааст.
Дар гирди ӯ акнун духтарчаҳо не, занони калонсоли пурқуввати ба худ бовар дошта, ки ҳамаашон дар бар куртаҳои қаҳваранг доранд, ҳамчун хидматгори падар истодаанд.
Ҳамаи онҳо даст ба дӯши ӯ гузошта, рухсораашонро хушҳолӣ ва табассуми зебо зиннат медиҳад.
Суратгирҳо бо дастгоҳҳои аккосӣ ин лаҳзаро акс мебардоранд. Ҳунари онҳоро тамоми дунё тамошо мекунад. Сарлавҳаҳо аз ин ҳодисаи нодир хабар медиҳанд:
«Соли 1979 ӯ нӯҳ нафар духтаракони сияҳпӯстро фарзанд хонд. Бидонед, ки тақдири онҳо бо чӣ анҷомид».
Аммо Ричардро бо рӯзномаҳо коре нест. Ӯ маҳз ҳамин лаҳзаро интизор буд. Оқибати интихоби ҳаётӣ ва тақдири фарзандон! Он тифлаконе, ки онҳоро он замон нафаре гирифтан намехост, имрӯз занҳои машҳур ва соҳибэҳтироми сайёра гаштаанд.
Ва худи ӯ, ки ба муваффақияти интихоби ӯ аксар бовар надоштанд, зинда аст, то ин, ки ин рӯзҳоро бубинад.
Грейс, яке аз духтарони ӯ хам шуда, пичиррос мезанад:
— Падарҷон ту аз ӯҳдааш баромадӣ. Ту ҳамаи мо хоҳаронро якҷо нигоҳ доштӣ.
Лабонаш каме ларзида:
— Не, — гуфт ӯ оромона. — Инро мо ҳамаамон анҷом додем. Ин корро муҳаббат анҷом дод.
Дар ҳуҷра оромӣ ҳукмфармо гардид. Нӯҳ нафар зан ҷисми нотавони мардро ба ҳалқа гирифта буданд, онеро, ки яккаю танҳо, даҳсолаҳо аз ин пеш, замоне, ки ҳеҷ кас ба доди он тифлакони маъсум намерасид, интихоби худро анҷом дода буд.
Ва бори аввал дар ин чилу шаш сол Ричард дар назди одамон гирист. Чунки ӯ ба ваъдаи ба ҳамсари меҳрубон додааш вафо кард.
© Рустамов З., 2025
Аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов, Инет, Views, 02.09.2025