
Мард бояд се калимаи асосиро донад: дӯст медорам, харида медиҳам, ҳатман меравем!
Писари донишҷӯ ба волидонаш мегӯяд:
— Падарҷону модарҷон! Ман мехоҳам худам, танҳо зиндагӣ кунам.
— Оҳ, моро хурсанд кардӣ, писарҷон!
— Чизҳои даркориатонро ман омода карда мондаам.
—————
***************
—————
Ду рафиқи ҳамкор рӯбарӯ мешаванд. Яке мегӯяд:
— Ман ҳозир аз назди шеф баромадам. Ду навигарӣ ҳаст. Яке хуб, дигаре бад. Аз кадомаш сар кунам?
— Беҳтараш аз хабари бад.
— Маро аз кор ронданд!
— Хабари хубат чист?
— Туро низ!
—————
***************
—————
Баъди 40 соли хатми мактаб дар вохӯрии ҳамсинфон маълум гардид, ки:
— талабаи духон ба ду чиз: квартира ва мошин соҳиб шудааст.
— талабаи сехон ба се чиз: квартира, мошин ва бӯстонсарой муваффақ гардидааст.
Лекин талабаи аълохон ҳам айнан соҳиби панҷ чиз: айнак, қарзҳо, сари кал, дарди сар ва медали тилло аз пӯлоди холис шудааст.
—————
***************
—————
Шавҳар ба зан:
— Надя, барои чӣ ту ин қадар серрашк?
— Аҳмақ, магар намедонӣ, ки номам Наташа аст!
—————
***************
—————
— Сёма, то маош 500 рубл дода ист.
— Охир ту бекорчӣ ҳастӣ!
— Вале ту кор мекунӣ-ку!
—————
***************
—————
Мурофиаи судӣ давом дорад. Судя мепурсад:
— Шаҳрванд Сидорова, чӣ хел дилатон шуд, ки ба сари шавҳаратон бо чойник фароред. Магар ба ӯ раҳматон наомад?
— Албатта, ки раҳмам омад. Охир он наппа-нав, хушрӯй, пурнақшу нигор ва ҳатто садои хуш дошт.
—————
***************
—————
Шавҳар ба занаш мегӯяд:
— Азизакам, ман ба ту қоил мондам! Худи ҳозир бо дугонаат 20 дақиқа лаққидӣ.
— Хомӯш шав, ман рақамро ғалат чидаам.
—————
***************
—————
Калисои масеҳӣ хабар медиҳад ки ҳодисаи бевафоии зану шавҳарӣ аз ҷониби марди аз 60 сола боло аз ин пас на гуноҳ, балки мӯъҷиза номида шавад!
—————
***************
—————
Дирӯз бегоҳӣ коняки «Наполеон»-ро бо коняки «Кутузов» аралаш карда нӯшидам. Шаби дароз набардҳо ва паррон-паррони ҷанги соли 1812 аз ҷонам безор карданд.
—————
***************
—————
Мард бояд се калимаи асосиро донад: дӯст медорам, харида медиҳам, ҳатман меравем!
—————
***************
—————
Ду дугона бо ҳам вомехӯранд:
— Азизакам то чӣ андоза хушрӯчаи фарбеҳак шудаӣ!
— Баръакс ман каме хароб шудаам! Ту маро як моҳ пеш аз ин медидӣ, ранги афту андоми ҳозираи ту будам!
© Рустамов З., 2025
Аз Инет, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов