Сарбози қаторӣ Серёжа

seryozha

(аскарбачаи аз ҳама хурди Ҷанги Бузурги Ватанӣ)
Ба истиқболи ҷашни 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ


Серёжа Алешков ҳамагӣ 6 сола шуда буд, ки фашистон модар ва бародари калони ӯро ба ҷурми ҳамкорӣ бо партизанҳо қатл карданд. Ин дар вилояти Калуга рӯй дода буд.


Серёжаро зани ҳамсоя наҷот дод. Зан писарбачаро аз тирезаи хона поён карда, ба ӯ фарёд зад, ки ҳар чӣ зудтар бо тамоми қувва худро аз бало бираҳонад. Бачаяк сӯи ҷангал давид. Ин тирамоҳи соли 1942 рӯй дода буд.

Кӯдаки маъсуми гурусна, аз ҳол рафта ва сармозада дар бешаҳои Калуга чанд муддат сарсону саргардон гашт. Ӯро дар дохили ҷангалзори анбӯҳ разведкачиёни полки 142-и гвардия, ки майор Воробёв қумондонӣ мекард, рӯбарӯ шуданд.

Бачаи ташнаю гурусна ва аз ҳол рафтаро рӯи даст бардошта, аз хатти фронт гузарониданд ва ӯро дар ихтиёри полк гузоштанд.

Масъалаи аз ҳама мушкил дарёфти сарулибос ба сарбози хурдсол буд. Бо гузашти вақт барои «аскарбача» ҳам пойафзол, ҳам либоси низомӣ, ки ба талаботи ҳарбӣ ҷавобгӯ буд, пайдо шуд. Майори муҷаррад Михаил Воробёв ба Серёжа падари дуюм гардид.

— Акнун ба ту фақат модар намерасад, мегуфт бо андӯҳ майор, мӯйҳои кӯтоҳ қайчизадаи писарбачаро навозиш карда.

— Ин тавр шуданаш ҳеҷ мумкин нест, ҷавоб дод Серёжа. Ба ман ҳамшираи шафқат, Нинахола маъқул аст. Ӯ зани зебо ва накӯкирдор аст.

Ана ҳамин тавр аз рӯи як гапи писарбача майор бахти худро ёфт ва бо старшинаи хизмати тиббӣ Нина Андреевна Бедова издивоҷ карда, тамоми умр якҷоя бо ҳам зистанд.

Серёжаи хурдакак ба бародарони калонсоли худ чӣ қадаре, ки метавонист кӯмак мекард: ба ҷанговарон оби нӯшокӣ, тиру пайкон ва мактубҳоро бурда мерасонд, дар фосилаи байни набардҳо ба онҳо сурудҳо мехонд.

Серёжа хислати хуб ва беҳтарин дошт. Ӯ ҳама вақт чеҳракушод, орому самимӣ буд ва ҳеҷ гоҳ аз ҳар чизи майда-чуйда наменолид.

Барои сарбозон ин писарбача ҳамчун рамзи солҳои осоиштагӣ боқӣ монд, чунки ҳар яки онҳоро дар зодгоҳ падару модар, бародару хоҳар, хешу ақрабо ва одамоне, ки ӯро дӯст медоштанд, интизорӣ мекашиданд.

Ҳама мехостанд, ин бачаи дӯстрӯро навозиш кунанд. Лекин Серёжа меҳру муҳаббат ва ҳарорати қалби худро абадӣ ба майор Воробёв бахшида буд.

Серёжа медали «Барои ҷасорати ҳарбӣ»-ро барои наҷот додани ҳаёти падархонди худ соҳиб шуд.

Боре ҳангоми ҳуҷуми ҳавоии душман бомба рост ба блиндажи қумондони полк фурӯ рехт. Ба ғайр аз писарбача касе ин ҳодисаи мудҳишро шоҳид нагардида буд.

— Падарҷон — қариб бо овози бегона фарёд бизад Серёжа ва сӯи блиндаж давид ва гӯш ба қимор шуд. Аз поён садои хастаи маҷрӯҳ шунида мешуд.

Писарбача ашкҳои қатори худро фурӯ бурда, мехост хоку шағал ва ғӯлачӯбҳоро ба канор гузошта, роҳ сӯи маҷрӯҳ кушояд. Аммо дастонаш ҷароҳат бардошта хуншор шуданд.

Ба таркишҳои гирду атроф нигоҳ накарда, барои гирифтани кӯмак сӯи сарбозон давид.

Аскарони ба блиндажи вайрону валангор омада, қумондони худро наҷот бахшиданд.

Сарбози қатории гвардия Сережа дар канори онҳо истода, бо дастони хоколуд, рӯй ба даст бурда, ҳамчун бачаи хурд, ки дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр буд, фиғон кашида, гиря мекард.

Қумондони афсонавии армияи 8-уми гвардиягӣ, баъдан Маршали Иттифоқи Советӣ Василий Иванович Чуйков аз қаҳрамони хурдакак огоҳ гардида, ӯро бо яроқи ғаниматгардида — пистолети «валтер» мукофотонид.

Баъдтар писарбача ярадор шуда, ба госпитали ҳарбӣ фиристода шуд ва дигар ба хатти фронт барнагашт.

Фақат ҳамин қадараш маълум, ки Сергей Алешков омӯзишгоҳи Суворовӣ ва сипас институти ҳуқуқшиносии шаҳри Харковро ба итмом расонида, солҳои зиёд дар назди аҳли оила: падархонд Михаил ва модархонд Нина Воробёвҳо дар шаҳри Челябинск зиндагӣ кард.

Солҳои охир дар вазифаи прокурор фаъолият менамуд. Нисбатан барвақт, соли 1990 ҳаётро падруд гуфт, чунки оқибатҳои солҳои ҷанг ба саломатии ӯ беасар намонда буданд.

Таърихи писари полк ба мо ҳамчун афсонае беш нест, агар ин сурати сиёҳу сафед, ки ба сӯи мо писараки хандон ва кулчарӯй, ки бо либоси зебандаи ҳарбӣ ба мо ва фардоиён табассум мекунад.

Расми сарбози қаторӣ кӯдаки солҳои ҷанг Сереженкаи рус, ки маҳрум аз ПАДАР, МОДАР, ХОҲАР, ДОДАР, ки бо вуҷуди чунин фоҷеа ва даҳшатҳои ҷанг тамоми азобҳои дӯзахро гузашта, чеҳраи одамгариро гум накарда, мустаҳкам ба пой истода, баҳри имрӯзиёну фардоиён хизмат кардааст, магар аз ёд фаромӯш мешавад. ҲАРГИЗ ВА ҲЕҶ ВАҚТ!!!

Нависандаи маъруфи рус Валентин Катаев «Писархонди полк» ном асаре дорад, ки ҳаёт ва фаъолияти Серёжа Алешков тимсоли қаҳрамони ин китоб аст.

ҚАҲРАМОНОН ҲАРГИЗ НАМЕМИРАНД!

© Рустамов З., 2025

Аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: