Императори ҷавон бо аҳли дарбор сайри ҷаҳон мекард. Ҷое, ки пайдо мешуд, мардум бо арзи эҳтиром сар фурӯ оварда, таъзим ба ҷой меоварданд. Бо амри ӯ хазинадор гоҳ гоҳе каф-каф тангаҳои мисинро байни издиҳом мепартофт ва одамон хам шуда, онҳоро чида мегирифтанд.
Ногаҳон роҳибе, ки сарулибоси кӯҳнаи ҷиғда-ҷиғда дошт, рост сӯи император роҳ гирифт. Ӯ дар дасташ сабӯҳи* чӯбин барои садақа дошт.
Муҳофизон ӯро нигоҳ доштанд, вале шоҳзодаи ҷавон ишора кард, ки ӯро ба ҳоли худ бигузоранд.
Бо ҳайрати умум император аз асп фуруд омад. Рӯбарӯи роҳиби камбағал зону зад ва бари либоси ҳақиронаи ӯро бӯса кард.
— Хуш омадӣ, бозгаштат муборак бод, падарбузурги рӯҳонӣ, — бо хурсандӣ гуфт, императори ҷавон.
— Не писарам, ҳамин қадар, ки ин мавзеъро ҳамту убур мекардам.
— Лекин, падарҷон, ин ҷо хонаат аст.
— Ин тавр нагӯй, писарам, ин мамлакат акнун пурра аз они туст!
— Мебинам, ки хеле хаставу нотавон менамоӣ, падар. Ба ту чӣ хизмате кунам? Иҷозат бидеҳ, аққалан, бароят аспе ҳадя намоям.
— Ту медонӣ, ки ман қавл додаам, ки ҳаёте дошта бошам хоксорона, фақат барои сайри дунё. Метавонӣ якчанд тангаҳои мисинро ба сабӯҳи ман бипартоӣ ва худи ҳамин кофист.
— Хазинадор! — фарёд зад ҷавон, — сабӯҳи падари рӯҳониро худи ҳозир бо тиллои холис пур кун!
— Хоҳиш мекунам аз ин раъят даст каш, писарам. Ту ин сабӯҳро пур карда наметавонӣ…
Хазинадор ба пур кардани сабӯҳ оғоз кард. Оҳиста-оҳиста вай як халта тиллоро ба он рехт. Пур нашуд. Баъди он боз мерехту мерехт, аммо сабӯҳ ҳамоно холӣ боқӣ мемонд…
— Ин чӣ зарфи иблисона, падар, — мепурсид, императори ҷавон. Охир он таҳ дорад ё не?
— Ман хушбахтам, писарам, — мегуфт роҳиби пир, ки аз ман ҳам бофаросаттар баромадӣ. Ба ту лозим шуд, ки се халта тиллоро ба сабӯҳ андохта бифаҳмӣ, ки он пур намегардад.
Ман бошам ба он тамоми умри худ, бойигариҳои аз ҳад фузун: нисфи дунё ва ҳазорон канизаку маъшуқа, ҳатто саломатиамро андохтам, лекин онро пур карда натавонистам.
Барои он, ки писарам ин сабӯҳи хоҳишҳост. Онро ҳеҷ гоҳ пур карда намешавад.
Ҳар инсон ин сабӯҳро дорад. Аз пайи амалӣ шудани орзую ҳавасҳо ва хоҳишҳоямон мо ба ҳама чиз розӣ ҳастем. Ин хоҳишҳо ҳатто оромии рӯҳӣ, саодати зиндагӣ ва аз ҳама охир худи ҳаёти моро ҷаббида, ба олами фано мебарад.
© Рустамов З., 2025
Аз саҳифаи » БОРЩ без BREADa», аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов
___________________
* Муаллиф «сабӯ» (кӯза)-ро дар назар дорад. — А.Т.