Гӯшанишини сиррӣ
Деҳкадае ношинос, ҳуҷрае монанди корхонаи тӯсии шоир дар даруни боғча, агарчи аз он хурдтар ва безебтар ҳам бошад, воқеан ҷойи хилват буд.
Дар вай зиндагонии ғарибонаи шоир оғоз ёфт.
Боғча аз се тараф дар иҳотаи похсадевори пастаке афтода буд, хона сӯйи ҳавличаи Ҳошим паҳлу гардонда меистод, онро аз пеш ва аз чап дарахтону токзор панаҳ мекарданд. Фасли хазон буд, шамолу боронҳои сарди тирамоҳӣ барги дарахтонро меафшонданд. Дарахтони бараҳнаву нимбараҳна, лонаҳои вайрону холии паррандагон дар шохҳои онон, деворҳои бороншуставу ҷо-ҷо ғалтида, осмони тира, ‒ ин манзараи тирамоҳӣ дар дилҳо маҳзунӣ, ҳасрату андуҳ падид меовард.
Бобак ҳафтае як бор хараки соҳибхонаро савор шуда ба шаҳр мерафт, харид карда меомад, ба Абубакри Исмоил хабар бурда хабар меовард. Хӯрок мепухт, барои таҳорати устод об ҳозир мекард; рӯбучини ҳуҷра ҳам ба уҳдаи ӯ буд… Ҳар гоҳ, ки аз ин шуғлҳо ӯро фароғате даст медод, ӯ монан/240/ди пештара порчаҳои манзуми шоирро аз ёд мекард, ё ки барои Ширинаш пинҳонӣ шеър менавишт. Пӯшоки устодаш ва худашро зани Ҳошим ‒ Дилшодбону шуста медод. Гоҳ-гоҳ Абубакри Исмоил омада дар он кунҷи танҳоӣ дар пеши шоир як шаб хоб карда мерафт. Мусоҳибати вай дилхоҳтарин соатҳои зиндагонии Фирдавсӣ буд.
Барои сайри фикру хаёл замоне мусоидтар аз танҳоӣ нест. Шоир дар бораи айёми гузаштаи умраш фикр мекард. Дар тули умри ҳафтодуяксола чиҳое ки аз сари ӯ нагузашт. Ними ин умр ба «Шоҳнома» сарф шуд. Таърихи дуҳазорсола бо тамоми ҳаракатҳояш, ривояту афсонаҳояш, неку бадаш, фоҷиаю мазҳакаҳояш, нангу ҷидолҳои бешумораш аз нав аз сари шоир, ‒ на, аз дили вай гузар кард. Вай Аҷамро зинда гардонида ба ҳамзамонон, ба омадагону ояндагон намоёнд. Оё дар ҷаҳон фарде чунин кореро анҷом додааст? Вай одамият ва мурувватро ситуд, хирад ва додро ситуд, тоҷдорони бохираду бехирад, додгару бедодгарро нишон дод, ҷангҳои дод ва бедодро тасвир кард, то ки шоҳон бихонанду панд бигиранд. Ӯ дар рӯйи Замин чунон як кохи муаззаме аз назм барафрошт, ки завол ҳаргиз ба он роҳ намеёбад, дар Замин тухми бебаҳое, ки исмаш сухан аст, кошт. Ин кишти ҳамешасабз, ҳамешазой, ҳамеша барӯманд ба худи ӯ чӣ ҳосиле овард? Нокомӣ, номуродӣ овард. Оне ки шоир аз ӯ умеди некӣ дошт, бадӣ пеш овард. Ӯ хушбахтӣ меҷуст, бадбахтӣ ёфт. Э дареғ, чаро вай ҳосили заҳмати сиюпанҷсолааш, асари бемислу монандашро ба он тоҷдори тиҳимағз, ба бадгавҳари дунҳиммат, он ба зар тавонгару ба дониш гадо бахшид? Шоҳ Маҳмуд ӯро ранҷонд, сахт ранҷонд, он ситамгари аз одамияту мурувват бехабар мехоҳад ӯро ба пойи фил андозад, аммо шоир дар ҳаққи ӯ чизе хоҳад гуфт, ки ҳаргиз ҳеҷ шоире дар ҳаққи ҳеҷ подшоҳе нагуфтааст. Гуфтаи ӯ то абад ҳамчу санади бадномии шоҳ хоҳад монд, зеро
Ки шоир чу ранҷад бигӯяд ҳиҷо,
Бимонад ҳиҷо то қиёмат баҷо.
Бо ҳамин хаёлоти аламнок Фирдавсӣ дар он гӯшаи танҳоӣ ҳаҷви машҳури худро дар бораи султон Маҳмуд навишт, ки ҳазор сол инҷониб вирди забони наслҳост. Оқибат, ба гуфтаи шоири дигар: /242/
Гузашт шавкати Маҳмуду дар замона намонд
Ҷуз ин фасона ки нашнохт қадри Фирдавсӣ.
Зимистон даромад, заминро саросар лиҳофи сафеди барф пӯшонд. Дар мобайни хонаи хунук сандалӣ шинонданд, шоир дар он нишаста соатҳо ғарқи фикру хаёл мешуд, ё дар ҳаҷвномааш мулоҳиза карда байте аз он кам менамуд, ё байти наве бар он меафзуд, ё ки «Йӯсиф ва Зулайхо»-ро ба даст гирифта ба тасҳеҳу такмили он машғул мегардид. Аз «Шоҳнома» дилсард шуда буд, ба он нигоҳ карданаш намеомад, ба хондани китобҳои дигар низ ҳавсалааш намонда буд. Рӯзҳо гоҳе офтоб дар паси туманҳо нопадид ва ҳаво тира мегардид, дар ин гуна рӯзҳо шоир махсусан дилтанг мешуд; чун боз офтоб тобон шуда барфҳоро об мекарду аз лаби бом чак-чак қатра мечакид, ин ҳам ба тори асаби ӯ захма мезад.
‒ Чаро Фирдавсӣ аз султон бахшоиш намехоҳанд, ба вай тавбаномае намефиристанд? Агар манзумае мутазаммини тавба мефиристоданд, шак нест, ки султон гуноҳашонро мебахшид.
Ҳамин тавр мегуфт Ҷавҳарии Заргари шоир ба Исмоили саҳҳоф. Исмоил аз ихлосу эҳтироми хоси Ҷавҳарӣ нисбат ба Фирдавсӣ огоҳ буда ва ӯро ҳамчу шахсе муътамаду муътабар мешинохт, аз ин рӯ пинҳоннишини деҳкада будани Фирдавсиро ба ӯ гуфта буд, вале дар куҷо будани он деҳкадаро пинҳон медошт. Ҷавҳарӣ ба ҳоли Фирдавсӣ бисёр дилаш месӯхт ва аз ғояти дилсӯзӣ ҳатто мегирист. Қасидагӯйи ҳиротӣ ду бор ба қасидаҳояш аз султон атоҳо гирифта, сидқан дӯстдоранда ва парастандаи вай шуда буд, ба овозаи бахшояндагиву додгарии султон Маҳмуд, — овозае, ки маддоҳон ва дигар чоплусони дарбори султон паҳн мекарданд, бовар дошт. Вай аз Исмоил илтимос кард, ки як бор ӯро ба назди Фирдавсӣ барад. Мехост шоири гурезаро ба дурустии ақидаи худаш дар бораи султон бовар кунонда ба бахшоиш пурсидан аз ӯ розӣ намояд.
‒ Розӣ кардан наметавонед, дар ин бора бо устод гуфтугӯ карданатон суд надорад, ‒ ҷавоб медод Исмоил ба ӯ.
‒ Хуб, ҳар чӣ ҳам бошад, як бор маро ба наздашон баред, агар розӣ карда натавонам, лоақал бо эшон дидор мекунам, ҳолпурсӣ мекунам, ‒ исрор менамуд Ҷавҳарӣ.
Саҳҳоф ночор ӯро як шаб ба деҳкада бурд.
Ҳаво хунук, хона ҳам мисли берун хунук буд. Шамъ дар токча милт-милт сӯхта фақат андаке рӯшноӣ медод. Фирдавсӣ ва Бобак гирди сандалӣ нишаста буданд. Бобак суолу ҷаво/243/би Бузургмеҳр ва мубадонро аз ёд мехонд, устод гӯш мекард. Ҷавҳарӣ шоирро нисбат ба он ки бори охирин дар Ғазнӣ дида буд, пиртар ёфт. Ӯ беморнамо, танаш коста ва рангу рӯяш зардӣ гирифта буд. Хонаи нимторики танг ва ҳақир бо палоси куҳна, бо сандалии пастаки бар рӯяш кӯрпаи чиркин пӯшондашуда, тарошае чанд дар пеши оташдон, манзили дарвешон ё ҳуҷраи толибилми қашшоқеро ба хотир меовард. Гувоҳи бечорагиву ғарибии раҳмангезе. Фирдавсӣ бо каммадории пирона ба пешвози меҳмононаш бархост. Ҷавҳарӣ ӯро оғӯш карда фих-фих гирист. Ӯ ба ҳоли шоири ҷафокаш, ки ба ночорӣ дар ин кунҷи узлат пинҳон шудааст, мегирист. Омадагон ба ду кодоки холии сандалӣ нишастанд. Фирдавсӣ узр хост, ки меҳмонони гиромиро ба ҷуз як коса шарбати ангур бо ҳеҷ чиз зиёфат карда наметавонад.
‒ Чӣ ҷойи узр гуфтан аст, устод, мо худ ғами моидаамонро* хӯрда омадаем, ‒ гуфт Абубакри Исмоил ва хӯрҷинашро пеш кашиду аз он чаҳорто нон, ҳалво, мавиз, як тикка гӯшти яхнӣ бароварда ба рӯйи сандалӣ гузошт. Вай каме қаҳваи кӯфта ҳам оварда буд, Бобак дар оташдон алов карда ба обу қаҳваҷӯшонӣ андармон шуд.
Саҳҳоф ҳозиронро ба хӯриш таоруф карду сари гуфтугӯро боз намуд:
‒ Банда хилваткадаи шуморо, устод, ғайр аз мавлоно ба ҳеҷ кас маълум накарда будам, ‒ ба Ҷавҳарӣ ишора карда гуфт ӯ, ‒ зеро банда агар дар Ҳирот ба амонати** ду шахс эътимоди комил дошта бошам, яке мавлоно мебошанд. Хостори зиёрати шумо шуданд.
‒ Мамнунам, аз эшон хеле мамнунам, ‒ бо овози хаста гуфт Фирдавсӣ.
‒ Аз ҳамон рӯз, ки ин ҷаноб дар деҳкада узлат гирифтани ҳазратро ба банда маълум карданд, соате набуд, ки банда дар бораи ҳазрат фикр накунам, ‒ гуфт Ҷавҳарӣ. ‒ Фикр мекардаму мегиристам, ки, ‒ гуфторашро бар ҳасби одати худ бо суханпардозӣ давом дод ӯ, ‒ чаро фалаки ҷафопеша маҳз ҳамчу шумо ваҳиди замон ва нодираи давронро ҳадафи тири ҷафои хеш сохт. Дар намоз даст ба дуо мебаровардаму мегуфтам «Худовандо, ҳазрати Фирдавсиро дар паноҳи худат нигоҳ дор ва аз ҳаводис наҷоташон бахш». Пайваста орзуи дидор мекардам. Шукр, имрӯз аз марҳамати ҷаноби Абубакр дидор /244/ муяссар шуд. Ҳазрат ки худ хирадманд ва ҳаким ҳастанд, аз он чӣ амри қазову қадар будааст, худро набохта, пешомадҳои талхро бо сабурии ҳакимона таҳаммул мекунанд, иншооллоҳ подоши ин сабуриҳо аз лутфи худовандӣ хоҳад расид. Поёни шаб субҳ аст, офтоб аст, рӯшноист.
___________________
* Моида ‒ дастархон бо хӯрданиҳо.
** Амонат ‒ ростӣ, бошарафӣ, сидқ.
Баъд аз аҳволпурсиҳо як дам хомӯшона «моида»-и саҳҳофро тановул карданд. Дар ин миён қаҳва ҳам тайёр шуд, Бобак онро ба пиёлаҳо рехт. Ҷавҳарӣ қаҳваи гармро ҳӯрт кашида, ба гуфтани он чӣ мехост ба Фирдавсӣ бигӯяд, шуруъ кард:
‒ Ҳазрат! Имрӯзҳо банда як чиз андешидам, иҷоза фармоянд ба тариқи маслиҳат арз кунам. Дар ин мушкил ки шуморо пеш омадааст, чора чист? Салоҳи кор кадом аст? Оё на он аст, ки аз султон бахшоиш хоста шавад? Сари хамро шамшер намебурад. Агар ҳазрат қасидае мутазаммини узру тавба иншо кунанду ба даргоҳи олӣ бифристанд, чӣ шавад? Бошад, ки султон он чиро, ки аз ҷониби шумо гуноҳ донистаанд; афв фармоянд? Банда ба умед «бошад ки» гуфтам, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки афви гуноҳ, албатта содир хоҳад шуд. Дар мушкили шумо ҳаминро маслиҳат мебинам, агарчи ба хирадманде ва ҳакиме ҳамчу шумо маслиҳат додани банда густохӣ ва беадабист.
Фирдавсӣ сукут кард ва пасон аз токча харитаи худро гирифту аз даруни он варақе чанд бароварда ба Ҷавҳарӣ дароз кард ва гуфт:
‒ Бихонед. Бо овоз бихонед.
Бобакро фармуд:
‒ Чароғро бияфрӯз.
Бобак чароғи сиёҳи нафтсӯзро даргиронда дар токча паҳлуи шамъ гузошт.
Ҷавҳарӣ варақҳоро ба шамъу чароғ наздик бурда ба хондан шуруъ кард:
«Гуфтор дар ҳаҷви султон Маҳмуд»
«Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой!
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз худой»…
Оре, ин ҳамон ҳаҷвнома буд, ки баъдҳо дар муқаддимаи нашрҳои бешумори «Шоҳнома» дарҷ шуда ва машҳури олам гардид.
Шоир гӯё бо шоҳ рӯбарӯ истода, қаламашро теғ сохта ба ӯ хитоб мекард: /245/
Надидӣ ту ин хотири тези ман.
Наяндешӣ аз теғи хунрези ман,
Ки баддину бадкеш хонӣ маро,
Манам шери нар, меш хонӣ маро.
Ҷаҳон аз сухан кардаам чун биҳишт,
Аз ин беш тухми сухан кас накишт.
Басе ранҷ бурдам бад-ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ…
Ҷавҳарӣ вақте ки ба ин байт:
Ба дониш набуд шоҳро дастгоҳ,
Вагарна маро барнишондӣ ба гоҳ.
расид, дар чеҳрааш ва овозаш осори як навъ тарсу бим зоҳир гашт. Шоири шоҳдӯст ва тарсу дар ҳаққи шоҳ суханони нешдори занандаро ёрои бар забон овардан надошт. Қироаташро қатъ карда варақҳоро ба Исмоил дод:
‒ Шумо хонед.
Исмоил хонд:
Пашизе* беҳ аз шаҳриёре чунин,
Ки на кеш дорад, на оину дин.
Парасторзода ** наёяд ба кор,
Агарчанд дорад падар шаҳриёр.
Сари носазоён барафроштан
Ва з-эшон умеди беҳӣ доштан
Сари риштаи хеш гум кардан аст,
Ба ҷайб-андарун мор парвардан аст.
Дарахте ки талх аст вайро сиришт.
Гараш дарнишонӣ ба боғи биҳишт,
В-ар аз ҷӯйи хулдаш *** ба ҳангоми об
Ба бех ангубин **** резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ***** ба кор оварад.
Ҳамон меваи талх бор оварад.
Ба анбарфурӯшон агар бигзарӣ,
Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ /246/
В-агар ту шавӣ назди ангиштгар,
Аз ӯ ҷуз сиёҳӣ наёбӣ дигар.
___________________
* Пашиз ‒ пулаки моҳӣ, пули пучак.
** Парастор ‒ ин ҷо ба маънои ғулом, каниз.
*** Хулд ‒ биҳишт.
**** Ангубин ‒ асал.
***** Гавҳар ‒ зот, асл.
Зи бадгавҳарон бад набошад аҷаб:
Нашояд сутурдан сиёҳӣ зи шаб.
Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед.
Зи бад-асл чашми беҳӣ доштан,
Бувад хок бар дида анбоштан.
——————————-
Бинолам ба даргоҳи яздони пок,
Фишонанда бар сар пароканда хок,
Ки: ё раб, равонаш дар оташ бисӯз,
Дили бандаи мустаҳиқ барфурӯз.
Фирдавсӣ ба Ҷавҳарӣ гуфт:
‒ Ин аст «тавбанома»-и ман ба султон!
Ҷавҳарӣ аз ҳаҷвнома бехабар буд, забонаш лол гашт. Сукут кард. Бо чунин нотарсиву ошкоргӯйӣ ва бо чунин тундию талхӣ султонро айбдор кардани Фирдавсӣ ӯро ба ҳайрат афканд ва тарсонд.
‒ Қаҳваатон хунук шуд, нӯшед, ‒ гуфт ба вай Исмоил.
Ҷавҳарӣ қаҳваро нӯшиду пиёлаи холиро рӯйи сандалӣ гузошта, ниҳоят боз ба забон омад.
‒ Бале, ‒ гуфт ӯ, ‒ пас аз ин ҳаҷвнома, дар воқеъ, чӣ ҷойи узру тавба? Ин шабеҳи эълони ҷанг аст.
‒ Ман медонам, ‒ гуфт Фирдавсӣ ба ӯ, ‒ маслиҳате ки шумо ба ман медиҳед, аз рӯйи дилсӯзӣ ва некхоҳист, аммо кор аз тавбаву узрхоҳӣ гузаштааст… Назди шоҳи бехираду бедониш, худкома, пастфитрат, ҷаҳолатпешаи маърифаткуш сар хам кунам? Ҳошо! Вай Шаддоди замон аст, ки ҳазорон мардуми бегуноҳро бо туҳмати қарматӣ будан бераҳмона мекушад, пайваста ба кишварҳои наздику дур тохта, ин баддин бо номи дин мардумкушӣ ва ғоратгарӣ мекунад. Зару моли беҳисобе, ки аз ғорату яғмои кишварҳо ба даст овардааст, ба хазинаҳояш намегунҷад, вале раиятҳои бадбахташ аз хироҷҳои гарон хонабардӯшанд ё аз гуруснагӣ ҷон мекананд. Пеши чунин шоҳе сар хам кардан ба зиллату ҳақирии худ тан додан мебуд. Бигузор ба вай чоплусони гадотабъи беномус сар хам кунанд, банда аз он тоифа набудаам ва нестам. Гумон мекардам, ки ин мустабид «Шоҳнома»-ро хонда аз корҳои савобу хатои шоҳони пешин панд мегирад, вале ӯ на хондан мехоҳад ва на панд гирифтан. Аслан «Шоҳнома»-ро ба вай бурдани /247/ ман хатое буд, ки аз он пушаймонам, аз худованд мехоҳам, ки ин хатои маро бар ман биёмурзад.
…Нисфишабӣ Ҷавҳарии Заргар ва Абубакри Исмоил бо Фирдавсӣ хайрбод карда сӯйи шаҳр саворӣ намуданд.
Дар охирҳои зимистон Абу Дулаф аз Тӯс ба Ҳирот омад.
Абубакри Исмоил дар аввал ӯро нашинохт ‒ ровӣ дар роҳи дароз аз хунукиҳо ва шамолҳои дашту биёбон хеле азоб кашида, лоғар шуда, чеҳрааш ранги сиёҳтоб гирифта ва оҷингҳои майда бароварда, ними ҳар ду бари рӯяшро риши анбуҳи ҷингила пӯшонда буд, вале худ солиму бардам менамуд.
Баъд аз салому алайк нахустин пурсиши ӯ дар бораи Фирдавсӣ буд, Исмоил ӯро осуда кард, ки устод, шукр, сиҳат-саломатанд. Саҳҳоф аз хабарҳои Тӯс ҷӯё шуд ва пурсид, ки ӯ, Абу Дулаф, ба устод чӣ хабари хуш овард, ровӣ бо андуҳ гуфт:
‒ Дареғо, ки ҳеҷ як хабари хуш наёвардам; хабаре ки дорам, ба устод гуфтан наметавонам.
‒ Чӣ воқеа? Чаро гуфтам наметавонед? ‒ хавотир кашид Исмоил.
Абу Дулаф оҳи дардноке баровард:
‒ Устодро модарашон барои дарду аламҳо зоида будаанд магар… Он ҳама мусибатҳо, ки устод кашиданду мекашанд, кам будааст, ки боз як мусибати тоқатшикан, ҳамчу як қотилу роҳзани бемурувват ба қасди эшон дар камин будааст. Завҷаи устод вафот карданд.
‒ Худовандо! ‒ даст бар сар зад Исмоил. ‒ Не, не, зинҳор ин хабари машъумро ба устод нарасонед. Не, не, ба ҳеҷ ваҷҳ. Гӯед, ки саломатӣ, хотирҷамъист. Маслиҳатомезии дурӯғ дар ҳамин гуна маврид аст.
‒ Албатта,.. ‒ парешонхотирона гуфт Абу Дулаф.
Вай шомгоҳ аспакӣ сӯйи деҳкада равон шуд. Ба ҷойи ин ки аз хабари саломатии устодаш ва аз мулоқоти дарпешистода бо вай шод бошад, ношод ва малул буд. Дар нимторикӣ, пасон дар торикӣ мобайни боғоту киштзорони холӣ ва дашт оҳиста асп меронду рӯзҳои бемории Фотимабону ва вафоти ӯро ба ёд меовард. Дар Тӯс вай якчанд бор ба аёдати бонуи бемор рафта буд. Як бегоҳ аҳволи бону бад шуд. Абу Дулаф низ дар сари болини ӯ ҳозир буд. Бону бо табу тоб дар бистар хобида мегиристу менолид, овози пур аз аламу ҳасрати ӯ ҳанӯз дар гӯши Абу Дулаф танин дошт: /248/
«Бечора ҳамсарам, нокому номурод ҳамсарам, маҳбубам, на ин ки рӯйи туро надида мемирам? Охир, ту дар куҷоӣ, ба пиронсолӣ дар кадом диёри ғурбат сарсону саргардон гаштаӣ? Тоҷи сарам, муттакоям будӣ. Оҳ, ин чӣ қисмати талхтар аз заҳр, чӣ сарнавишти шум буд, ки насиби мо шуд? Э вой, агар ту дар ғурбат фавтида бошӣ, инак ман ба пеши ту мешитобам, барои Фотимаи бадбахтат дар паҳлуи худат ҷой бигузор. Агар зинда бошӣ, ‒ илоҳо баъд аз сари ман боз солиёни дароз умр биниву ба шодии фарзанду набераҳоят зиндаю саломат баргардӣ. Ман ёди азизи ту, муҳаббати туро ба хок мебарам».
Дар тирамоҳи гузашта, вақте ки Абу Дулаф устодашро дар деҳкада гузошта рафт, пеш аз он ки ӯ ба Тӯс бирасад, фармони султон Маҳмуд ба дастгир кардану ба пойи фил андохтани шоир ва гуреза будани ӯ ба тӯсиён маълум шуда буд ‒ навкарони ба ҷустуҷӯйи Фирдавсӣ баромада ин хабарро ба Тӯс оварда буданд. Воқеаи даҳшатангез ба аҳли хонаводаи шоир ҳам маълум шуда буд. Абу Дулаф ҳамон ривоятеро, ки худаш бофта буд, такрор мекард, яъне устодаш сар ба Мовароуннаҳр, ба Бухорову Самарқанд гирифт.
Омадани вай Фирдавсиро он қадар шод кард, ки гӯё писараш зинда шуда ба суроғи падараш омада буд. Албатта, шоир нахуст аз аҳволу саломатии аҳли хонаводааш пурсон шуд. Абу Дулаф бо сари хам ва чашмони ба зер афканда ҷавоб дод, ки аҳли хонаводаи ӯ ҳама дар саломату офиятанд. Боз хабари дигар: вақте ки ду навкари султон дар таъқиби Фирдавсӣ ба Тӯс расида, фармони султонро дар бораи ҳабсу қатли шоир маълум кардаанд, дар шаҳр шӯру валвала бархостааст, мардумон дар изтироб афтода, ба султон нафрат мехондаанд, атрофиёни шайх Абулқосим, уламо ва охундҳо дар зоҳир изҳори таассуф кунанд ҳам, дар ботин шодӣ мекардаанд.
Фирдавсӣ шубҳа надошт, ки агар ин вақт ӯ дар Тӯс мебуду махфӣ ҳам мешуд, он зотҳо ӯро ба ҳукуматдорон дошта медоданд. Абу Дулаф боз хабар овард, ки дар хонаҳо ва маҳфилҳои тӯсиён шоҳномахонӣ дар авҷ аст, ҳатто авомон ҳам абёти китобро аз бар карда месароянд.
Ровӣ як ҳафта ҳамнишину ҳамдами устод шуду рафт, ба Тӯс баргашт. Баъд аз он ёрони кунҷи узлати шоир боз ҳамон хаёлоти худаш ва Бобак буданду бас.
Шаш моҳ аз гӯшагириву маҳҷурии шоир гузашт.
Зимистон рафт, баҳор омад. Табиат аз хоби гарон бедор шуда бо оби боронҳои баҳорӣ рӯй мешуст. Рӯз ба рӯз замин сабзу хуррам, дарахтони боғ гулпӯш мешуданд, талҳоро бой/249/чечаку лолаи хандон мепӯшонд; паррандаҳо шодона нағмасаро мегардиданд, аммо ин ҳама ҷилваҳои баҳори дилафрӯз дили шоирро намеафрӯхтанд, ӯ шамол хӯрда бистарӣ шуда буд, таб мебаровард. Давоҳои табибӣ аз шаҳр овардаи саҳҳоф ба тани заифгашта чандон нафъ намекарданд. Беморӣ тул кашид, Фирдавсӣ ба ваҳми марг афтод. Хаёли ин ки мумкин аст ӯ дар ин гӯшаи бекасӣ бимирад, ӯро ба даҳшат меовард. Ба Абубакри Исмоил мегуфт ки «Агар ба лутфи худовандӣ беҳ шавам, ба ватан бармегардам». Дар миёнаҳои баҳор беморӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Бо кӯшиши Абубакри ғамхор ва Бобаки парастор ӯ баъд аз ду ҳафта сиҳат ёфта ба по бархост.
Дар ин миён хабар расид, ки султон Маҳмуд аз нав бо лашкари гарон ба сафари Ҳинд рафтааст. Дар бораи ба пойи фил андохтани Фирдавсӣ гуфтугӯҳо пасанда шуда буданд. Фирдавсӣ вазъиятро барои аз гурезгоҳаш берун омадан мусоид дониста, ба тараддуди сафар афтод.
Ба Ватан, ба Ватан!
Бо исрори шоир дӯсти саҳҳофаш барои ӯ дар яке аз корвонҳои роҳгузар шутуре киро кард.
Рӯзе аз рӯзҳои охири баҳор Фирдавсӣ бо дастёраш дар ду каҷоваи ҳамоили шутур нишаста роҳи Тӯсро пеш гирифтанд.
Сафарашон бе ҳаводис, ба хайрият гузашт.
Вақте ки ба Тӯс расиданд, тобистон дар ҷӯшу ҷавлон буд. Шоир ба манзараҳои муниси ҷонаш бо ҳаяҷони қалбиву дидаи пазмонӣ менигарист. Дар шуълаи офтоби тобон майсаи киштҳои ғалларо, дар каланду хишоваи сабзавот ҷумбуҷӯли мардону занонро, дар нишеби теппаҳо чаридани подаю рамаҳоро дида дилаш меболид. Аз боғу роғ бӯйи диловези сабзаю шукуфаҳо ба машом мерасид. Кашафрӯди пуроб солҳои бачагӣ ва ҷавонии шоирро, айёмеро, ки вай дар рӯд бо ҳамсолону рафиқонаш шиноварӣ мекард, ё саҳаргоҳони серуни роҳатафзоро, ки ӯ дар соҳили рӯд гардишкунон дар фикраш тартибу услуби қиссаи навбатии «Шоҳнома»-ро тарҳ менамуд, ба ёди вай меовард.
Шоир аз куҷо медонист, ки ин шодию фараҳмандиаш аз дидори ватан ба зудии зуд ба мотами сиёҳ табдил меёбад?
Дар Бож ӯро духтару домодаш, набераҳояш ба ҷойи нидоҳои шодӣ бо гиряи ҳой-ҳой пешвоз гирифтанд. Найсонӣ, /250/ Равшан ҳам мегиристанд. Фотимабону дар байни онҳо набуд. Фирдавсӣ ба фоҷиа пай бурд, ҳис кард, ки кадом як банди дилаш канда шуд, поҳояш суст шуданд, беҳолона ба замин фурӯ нишасту ду даст бар сар зада фиғон бардошт:
‒ Эй вой хок ба сарам! Во Фотимаҷонам, во ёри меҳрубонам, ҳамсари аз ҷон азизтарам! Ман сӯйи ту мешитофтам, ту куҷо рафтӣ? Чаро аз ман пештар рафтӣ? Эй пири бадбахт, ба ватан расидиву боз ғариб шудӣ!…
Ҳамсояҳо омада, ба азодории шоири мусибатзада шарик шуданд, навҳа андохтанд. Ҳавлӣ мотамсаро гашт. Пирамардон ӯро тасаллӣ медоданд, мегуфтанд, ки ӯ худ ҳаким аст ва беҳтар аз ҳар кас медонад, ки аз қазову қадар гурез нест, гиряву нола рафтаро бознамеорад ва зинда ҷуз сабр чора надорад.
Фирдавсӣ як ҳафта мотам гирифт, дар сари қабри ҳамсараш қурбониҳо кард. Чору ночор ба мусибати наваш мадоро карда, кам-кам ба худ омад.
Дар ин миён аз ҳама ғамгинтар Бобак буд. Ширини ӯро як моҳ пеш ба шавҳар дода буданд. Духтарак ба ҳафдаҳ қадам монд, аз Бобак дарак нест, падару модари Ширин дигар дар хона нигоҳ доштани духтари болиғаашонро номумкин дониста, ӯро ба никоҳи яке аз барзгарони ҷавон дароварда буданд. Бобаки ноком ду рӯз аз деҳа гум шуд, Фирдавсӣ ба суроғаш ба ҳар тараф одам фиристод, ӯро дар роҳи Нишопур дар як корвонсаро ёфтанд ва гардонда оварданд. Сарафканда ва малул буд, ба пойи хоҷааш ва устодаш афтида гирист. Фирдавсӣ аввал ӯро ҷанг кард, ки чаро ба вай ҳеҷ чиз нагуфта ин тавр дуздона гурехт, вале баъд тасаллӣ дод:
‒ Гиламанд бошӣ, аз ман гиламанд бош, писар: ман туро ба сафар бурдам ва дер нигоҳ доштам. Чора набуд, ба ту одат карда будам; бе ту ҳоли ман мушкил мебуд. Ту ба ман ба ҷойи писарам писар шудӣ. Ин қадар ғусса махӯр, худатро ба даст гир.
‒ Намехоҳам, дигарашро намехоҳам, ‒ гӯён мегирист ҷавони ҳиҷронзадаи номурод. ‒ Фотеҳа карда буданд… ба вай савғотӣ оварда будам…
Бобак гирён аз ҳуҷра баромад.
Фирдавсӣ духтарашро ба наздаш талабид.
‒ Бобак ба ман ба ҷойи писарам писар шуд, ‒ гуфт ӯ ба Манижа, ‒ ту ӯро додарат бидон меҳрубонаш бош. Барояш духтари хуберо хостгорӣ бикун. Ҳаққи хизмати Бобак ба гардани ман аст, як-ду ҷариб заминамонро ба номи ӯ васиқа мекунам. /251/
Аз мобайн ду моҳ гузашт. Кор бад-он анҷомид, ки Бобакро ба духтари яке аз кашоварзони деҳа хонадор карданд. Фирдавсӣ ба ҷойи падари домод ва Манижабону ба ҷойи модараш шуда, хароҷоти тӯйи арусӣ ва маҳри арусро бардоштанд. Андаке бештар аз як ҷариб замини меросии шоир бо васиқа ва муҳри қозӣ ба Бобак бахшида шуд.
Фирдавсиро шайхи бузург Абулқосим мусулмони риёӣ ва маҷуси ниҳонӣ эълон кард. Абдуннабии шодобӣ дар ҷомеи Тобирон ба ҷамоат мегуфт, ки гирифторшудаи ғазаби подшоҳи исломро набояд ба масҷид роҳ дод. Уламо ва охундҳо, пайравон ва шогирдони онҳо аз Фирдавсӣ канорагир шуда, ба маҷлису маъракаҳояшон даъваташ намекарданд, ба саломаш базӯр алайк мегуфтанду мегузаштанд. Арслонхони ҳоким бошад, агар султон дар сафари Ҳинд намебуд, бешак шоирро гирифта ба Ғазнӣ мефиристод.
Фирдавсӣ ба ҷаҳону ташвишҳои он пушт гардонда, худро дар ҳуҷраи даруни боғаш маҳбус кард. Манижабону ӯро парасторӣ менамуд. Найсонӣ меомад, бо шоир шоҳмот мебохт, латифаҳо мегуфт. Муҳаммади Лашкарӣ ва дигар дӯстону мухлисони шоир аз ҷумлаи фозилони шаҳр ба зиёраташ меомаданд, Фирдавсӣ дар суҳбати онҳо ягон соат ҳам бошад ғаму андуҳро фаромӯш мекард. Вақтҳои дигар вай ба ибодат дода мешуд. Аз китобҳо фақат Қуръон мехонду бас. «Йӯсифу Зулайхо»-яшро (ки дар шеърият бо «Шоҳнома» ба муқоиса намеояд), беҳтарин асари худ мешумурд, ва ба ин достон порчаҳои наве изофа мекард.
Аммо пиршоири ҷафокашро боз ҳам осуда нагузоштанд.
Шуҳрати «Шоҳнома» рӯзафзун буд. Достонҳои он нусхабардорӣ шуда даст ба даст мегаштанд. Шоҳбайтҳо, пандҳо, ҳикматҳои он ба ҳукми зарбулмасал даромада, мисраъҳои ҳаҷви шоҳ Маҳмуд ба забонҳо афтода буданд. Ҳаҷвро нахустин бор дар Ҳирот Абубакри Исмоил ва Абу Дулаф хонда буданд ва нахустин шунаванда Бобак буд. Бобак баъзе байтҳои ҳаҷвномаро аз ёд карда буд ва ба ҷӯраҳояш мехонд, ки бад-ин восита ӯ сабабгори паҳн шудани он байтҳо гардид, чунончи ин байтҳо:
Агар шоҳро шоҳ будӣ падар,
Маро барниҳодӣ ба сар тоҷи зар.
В-агар модари шоҳ бону будӣ,
Маро симу зар то ба зону будӣ. /252/
Чу андар табораш бузургӣ набуд,
Наёраст номи бузургон шунуд.
Шуҳрати шоир ва «Шоҳнома»-и ӯ рег ба кафш ва кайк ба тунбони шайхҳову охундҳо меандохт. Абдуннабии шодобӣ дар ҳама ҷо овоза меандохт, ки Фирдавсӣ ба подшоҳи ислом осӣ шуда, аз ғазаби ӯ гурехта дар деҳаи худ пинҳон шудааст. Хатибон ҳар гоҳ ки дар хитобаҳояшон ба қарматиҳо, муътазилиҳо, фалсафиҳои бадкеш лаънат мефиристоданд, маҷусон ва «ситоянда»-и онҳоро низ фаромӯш намекарданд. Фақат иғвоҳои онон аз ҳуҷумҳои забонӣ он сӯ намегузашт, онҳо ҷуръати аз гуфтор ба кирдор гузаштан намекарданд, зеро фозилон ва адибони шаҳр, оммаи мардум муҳибби шоир буданд, ба хоркунандаи ӯ шоҳ Маҳмуд нафрат мехонданд. Боре Найсонӣ ба устод хабар овард, ки дар ҷомеи Тобирон баъд аз намоз, вақте ки шайх Абулқосим ба ҷамоат дар бораи Фирдавсии «эътизолмазҳаб» ва «ситояндаи маҷусон» сухан меронд, Муҳаммади Лашкарии пир бо овози баланд ба ӯ ҷасурона эътироз кард: «Ҳазрат! Чунин суханҳо, ки дар ҳаққи Фирдавсӣ мешунавем, далел надоранд, ҳама фарзӣ ва гумонианд; аз шаҳри мо чунин як марди бузург ва шоири шаҳир баромадааст, ки дар Машриқу Мағриб ҳамто надорад, моро бо вай ифтихор кардан мебояд, на ин ки дар ҳаққаш бадгӯйӣ кардан!» Инро гуфта Лашкарӣ аз масҷид бадар рафт, дар ҷамоат ғалоғула бархост, бештарини ҳозирон ба тасдиқи сухани вай овоз бароварданд.
Боз ҷалои ватан
Бо ин аҳвол як сол гузашт.
Як вақт дар Тӯс воқеае рӯй дод, ки аз он баъд душманони Фирдавсӣ далертар шуданд. Шайх Муслим бинни Тоҳир номе аз ҳамкасабаҳои шайхи бузурги ғазнавӣ Маҳамшод азми тавофи Каъба намуда, сари роҳ якчанд муддат дар Тӯс таваққуф карду дар аввалин ҷумъа аз минбари масҷиди ҷомеъ ваъз гуфт. Бо хашму оташинӣ қарматиёнро дашном дод, тӯсиёнро сарзаниш кард, ки дар шаҳрашон ба вуҷуди доиёни исмоилия ва қарматия тоқат меоранд, ба «қайду қамъ»*-и эшон мусоҳила мекунанд, ихвониёни кофирпешаро, ки дар хуфя маҷлисҳо сохта бидъаташонро таблиғ мекунанд, нодида мегиранд. Воиз Абуалӣ ибни Синоро ба ёд оварда гуфт, ки вай аз қаҳри сул/253/тони динпаноҳ гурезон ва дар шаҳрҳои Хуросону Эрон паноҳҷӯй аст ва ба Тӯс ҳам омада, назар ба хабарҳои ба доруссалтана расида, дар ин ҷо низ ба худ шогирдон ва муридон пайдо карда, дар ҳалқаи онон дарс гуфтааст ва ҳам аҷаб нест бо ҳаммазҳабаш Абулқосими Фирдавсӣ боздид ва ба якҷоя амал кардан паймон карда бошад. «Шумо тӯсиҳо мусалмонед, ‒ мегуфт шайх Муслим, ‒ насоиҳо, абевардиҳо, самангониҳо, ҷоҷармиҳо, ки Ибни Сино аз шаҳрҳои эшон гузаштааст, низ мусалмонанд, вале ҳеҷ кадоматон ҳаракате ҳам накардед, ки он даҳрии фалсафиро боздошта ба дасти султон супоред, балки бисёре аз шумоҳо ӯро бо иззату икром пазира шудед, беморонатонро пеши вай табобат кунондед»…
Баъди ин танбеҳу таънаҳои шайх дар Тӯс гирогири қарматиён, исмоилиён, ихвониёни ҳақиқӣ ва гумонӣ оғоз ёфт. Мардумони ҷоҳили мутаассиб бо таҳрики шайху охундҳо ба хонаҳои «бадкешон» ҳуҷум оварда, он бадбахтонро мегирифтанд, мекуштанд, ба зиндон мекашонданд.
___________________
* Яъне банд ва таъдиб кардан.
Хатари дастгир шудан ба Фирдавсӣ ҳам таҳдид мекард. Дӯстонаш ба ӯ маслиҳат медоданд, ки агарчи муваққатан бошад ҳам, Тӯсро тарк карда сари худро ба ягон тараф бигирад, вале ӯ розӣ намешуд. Куҷо биравад? Дар мулкати султон Маҳмуд барои шахсоне ҳамчу Фирдавсӣ дар ҳеҷ куҷо сарпаноҳ нест.
Султон худ барои шуҳрати ислом дар Ҳинд бараҳманкушӣ мекунад, аммо дар ғайби вай дар дохили мамлакат шайх Маҳамшодҳо, шайх Абулқосимҳо, шайх Муслимҳо, Абдуннабиҳо бояд ҳазорон қарматӣ, исмоилӣ, муътазилӣ, фалсафиро тасаддуқи сари султони динпаноҳ бикунанд…
Аммо Фирдавсӣ маслиҳати дӯстонашро қабул намекард.
‒ Умри ман тамом шудааст, бақияаш ба заҳмате, ки ман барои муҳофизати он бояд бикашам, намеарзад, ‒ мегуфт ӯ ба онҳо. ‒ Агар сари пири ман ба эшон даркор бошад, бигузор бигиранд.
Ҳомиёни «дини мубин» бошанд дар гирогири бадкешон ба пириву ҷавонии онҳо нигоҳ намекарданд. Хабари азимати султон аз Ҳинд ин гирогирро қувват дод. Оташ ба ҷангал афтода буд, хушку тар месӯхт. Вакили молиёт Абуиброҳим, ки аз некхоҳони сиррии Фирдавсӣ буд, як шаб Абу Дулафро ба ҳузураш хонда ба таври сиррӣ гуфт, ки устодро бигӯ, дар ягон гӯша махфӣ шаванд, зеро ҳоким ният дорад, ки баробари аз Ҳиндустон ба пойтахти худ баргаштани султон, ба иҷрои фармони ӯ роҷеъ ба боздошт кардани шоир, ӯро таҳти муҳофизати навкарон ба Ғазнӣ фиристад. /254/
Абу Дулаф дар ғояти изтиробу ошуфтаҳолӣ назди Муҳаммади Лашкарӣ давид. Ӯро аз қазия огоҳ карда гуфт:
‒ Ман устодро аз розӣ кардан ба тарки шаҳр оҷизам, магар ин ки ҷаноби шумо ба миёна дароед.
Муҳаммади Лашкарӣ фавран савор шуда бо ҳамроҳии Абу Дулаф ба Бож равон гардид.
Дар ҳуҷраи даруни боғ Фирдавсӣ бо Найсонӣ шоҳмот мебохт.
‒ Ҳазрат, шуморо махфӣ шудан на танҳо зарур, балки ҳатмӣ гардид, ‒ нишаста сухан оғоз кард Лашкарӣ.
Абу Дулаф аз вакили молиёт шунидаашро нақл кард.
Лашкарӣ бо ҷиддияти тамом суханашро идома дод:
‒ Бидуни таъхир ба Табаристон биравед, ҳазрат. Ба Табаристон гуфтанам се ваҷҳ дорад. Аввалан, он диёр ҳоли ҳозир қаламравии султон нест ва аз дастраси вай дуртар ҳам ҳаст; сониян, амири Табаристон аз нажоди Яздигирди Шаҳриёр аст ва чун шумо таърихи Сосониёнро назм кардаед, ӯ бешак шуморо муҳтарам хоҳад дошт; солисан, ӯ китобатонро ба ҷон харидор хоҳад шуд, зеро кист ки корномаи обову аҷдодашро дӯст надошта бошад?
Гӯянда вақте ки дид Найсонӣ ва Абу Дулаф таклифи ӯро маъқул медонанд ва тарафдорӣ мекунанд, боз ҷиддитар шуд:
‒ Сухан тамом, ҳазрат, рахти сафар барбандеду худро аз хатар ва дӯстонатонро аз хотирпарешонӣ бираҳонед.
Акнун Фирдавсиро ба ҷуз қабули ин пешниҳоди дӯстонаш чора намонд.
Як шаби тор дар беруни дарвозаи ғарбии Тӯс онҳо як-як шоирро оғӯш карда ва гириста, ‒ зеро гумон мекарданд, ки шояд аз ин баъд ба дидори ҳамдигар нарасанд, ‒ бо вай видоъ карданд.
Дар ин сафари дур ҳамсафари Фирдавсӣ пешхизмати собиқаш Абдулло буд. Абдулло акнун кадхудо шуда, бо аёл ва писару духтари хурдсолаш дар Шодоб мезист. Вай то маркази Табаристон гуселондани Фирдавсиро ба уҳда гирифт.
Биёбону кӯҳсорон паймуданд, аз рӯдҳо, дараҳо, ағбаҳо убур карданд, аз Нишопуру Бастому Симнону Рай ва боз якчанд шаҳрҳои калону хурд гузаштанд. Фирдавсӣ дар шаҳрҳо иззату икром меёфт, агарчи ин иззату икром аксаран дар хуфя ба амал меомад, зеро он шаҳрҳо ё дар қаламрави султон Маҳмуд буданд, ва агар дар қаламрави ӯ набошанд, дар дастраси ӯ воқеъ шудаанд. Ҳоли ҳозир фақат Табаристон як дараҷа аз таҷовузи ӯ дар амон аст: ҷояш дур, сониян қаторкӯҳи баланд ва /256/ Ҷангали Мозандарон садди роҳаш мебошанд. Амирони Бувайҳӣ ҳам ба ҳурмати нажоди амири Табаристон, ки аз насли охирин шоҳаншоҳи сосонии Эрон Яздигирди Шаҳриёр аст, аз чашм ало кардан ба мулки вай худдорӣ менамоянд.
Фирдавсӣ бо мушояати Абдулло баъди ду моҳ ба Омул ‒ пойтахти амири Табаристон расид. Як манзил ба шаҳр нарасида аз омили маҳаллӣ хоҳиш кард, ки қосиде ба назди амир фиристода барои шоир иҷозати ба шаҳр ворид шудан бипурсад. Ҳоким Сипаҳбуди Шаҳриёр на фақат иҷозат дод, балки худаш бо муқаррабонаш баромада шоирро пешвоз гирифт. Дар шаҳр барои истиқомати вай як ҳавлии хуб тахсис ва ба хизматаш хизматгорҳо таъйин карданд. Дар он ҳавлӣ Абдуллоҳ, як ҳафта пеши устод дам гирифт ва баъд бо роҳи омадаашон ба Хуросон баргашт.
Фирдавсӣ ба меҳмонии амир даъват карда шуд. Зиёфат ва суҳбат аз пагоҳӣ то нисфи рӯз давом кард. Сипаҳбуди Шаҳриёр пирамарди хушсимо ва босалобате буд, оҳиста ва ботамкин ба забони фасеҳи адабӣ, вале ба лаҳҷаи табарӣ сухан мегуфт. Ҷомаи оддӣ аз бурд (карбос)-и тунуки табарӣ ба тан дошт. Рӯзи дигар Фирдавсиро савор карда ба мақомгоҳи тобистонии амир бурданд. Он ҷо дар соҳили ҷанубии баҳри Хазар боғи дилкушое буд, ки лимузору хурмозор ва гулзорҳои атрафшон дошт. Дар шипанги калони мунаққаш ҷойи нишаст ороста буданд; ҷавонписарони хушлибос ва канизакони соҳибҷамол дар зарфҳои заррину симин таомҳои лазизу хушбӯй мекашонданд. Дар маҷлиси зиёфат ду писари калонсоли амир, вакили даргоҳ, дабири хос ва боз чанде аз аъёну ашроф ҳозир буданд.
Сипаҳбуди Шаҳриёр «Шоҳнома»-ро варақ мезад. Аз шоир пурсид: ‒ Таърихи ниёи* моро ҳам назм кардед?
‒ Оре, ҷаноби олӣ, «Шоҳнома» бо он таърих хатм мешавад, ‒ ҷавоб дод шоир.
Амир китобро аз поёнаш аз чап ба рост варақ гардонда сарлавҳаи «Кушта шудани Яздигирд ба дасти Хусрави осиёбон»-ро ёфт ва хонд. Андуҳе ба чеҳрааш соя андохт. Китобро ба дабир дода фармуд:
‒ Бихон.
Дабир ба хондан шуруъ кард:
…Бишуд** осиёбон, ду дида пуроб,
Ба зардӣ ду рухсор чун офтоб,/257/
___________________
* Ниё ‒ бобо.
** Бишуд ‒ ба маънои омад.
Ҳамегуфт к-«эй довари кирдигор,
Туӣ бартар аз гардиши рӯзгор.
Бад-ин нописандида фармони ӯй*,
Ҳам акнун бипечон дилу ҷони ӯй.
Бари шоҳ шуд, дил пур аз шарму бок,
Рухонаш пуробу лабон пур зи хок,
Ба наздики ӯ андар омад ба хуш,
Чунон чун касе роз гӯяд ба гӯш,
Яке дашна** зад бар тиҳигоҳи*** шоҳ,
Раҳо шуд ба захм-андар аз шоҳ оҳ,
Ба хок-андар омад сару афсараш,
Ҳамон нони кашкин ба пеш-андараш…
Дар чашмони сипаҳбуд ашк пайдо шуд ва ӯ фих-фих гирист; ҳозирони маҷлис ҳама бо қиёфаҳои ғамгинона сарҳошонро фурӯ андохтанд.
‒ Лаънати худо ба он марзу марзбону осиёбонаш буд! ‒ дашном медод сипаҳбуд кушандагони ниёяшро пас аз се қарни ҳалоки ӯ дар Марв.
Вай бо дареғу ҳасрат мегуфт, ки агар марзбони хоини Марв Яздигирдро намекушт, ниёи ӯ оқибат бар тозиён (арабон) зафар меёфт ва шоҳаншоҳии Сосониён то ин замон барҷо мемонд («ва балки ин замон дар тахти шоҳаншоҳӣ ба ирсият ман менишастам», ба дилаш мегуфт ӯ).
Баъд аз фоҷиаи Яздигирд ҳаҷви султон Маҳмуд хонда шуд. Баъзе атрофиёни амир онро бо шавқу завқ, вале худи амир бо хомӯшии андешамандона гӯш карданд.
Дар мулоқоти дигар бо Сипаҳбуди Шаҳриёр шоир китобашро пеши ӯ гузошта гуфт:
‒ Чун ин авроқ ахбори ниёгони шумост, шоиста аст, ки ман инро ба шумо тақдим бикунам.
Сипаҳбуд ба китоб даст нарасонда, як нафас ба он назар дӯхта истоду гуфт:
‒ На, мавлоно. Шумо китобро нахуст ба номи султон Маҳмуд кардаед, атои султон ба шумо гарчанде ба қадри арзиши китоб набуда ва шумо онро қабул накардаед, вале ба ҳар ҳол китоб аз назари ҳумоюнӣ гузаштааст. Акнун инро ба ман тақдим карданатон ва қабул кардани ман шоиста намебуд.
Монанди дигар моликони Эрон Сипаҳбуди Шаҳриёр ҳам аз /258/ султони муқтадири ҷангҷӯй метарсид. Агар дар дарбори Ғазнӣ шунаванд, ки «Шоҳнома»-и ба номи султон буда ва муҷиби эроди ӯ шуда акнун ба амири Табаристон тақдим гардида ва қабул ёфтааст, султон ба амир хашм хоҳад гирифт. Алҳазар аз хашми ӯ. Аз ин гузашта вай, Сипаҳбуди Шаҳриёр, ҳаҷви султонро хонд ва ҳам дар маҷлиси худ хононд, ки ин ҳам боиси хашми султон нашуда намемонад. Ин хавфро бояд аз миён бардошт. Амир ба шоир чунин мулоҳиза баён кард:
___________________
* Амири хоин, ки ба куштани Яздигирд фармон дода буд.
** Дашна ‒ теғ, ханҷар.
*** Тиҳигоҳ ‒ мобайни шикам ва паҳлу.
‒ Ин ҳаҷв, агар интишор ёбаду ба гӯши султон расад, оқибаташ ҳам барои шумо ва ҳам барои мо хеле бад хоҳад шуд… Ҳаҷвро ман аз шумо мехарам. Мехарам ва дар пеши чашми худатон месӯзонам.
«Рост мегӯяд», ба дилаш гуфт Фирдавсӣ. Агар оқибати кор фақат барои ӯ бад мебуд, ӯ ба он ҳеҷ эътибор намекард, зеро муносибати баъдинаи худро бо султон Маҳмуд ба ҳар чӣ бодо бод ҳавола ва ҳар гуна тарсу бимро аз дилаш бадар кардааст, аммо акнун дар сурати шоеъ шудани ҳаҷвнома хатар ба мизбонони вай ҳам таҳдид мекард, ки шоир инро ҳеҷ намехост ва ба чунин ҳол сабабгор шуданро ба худ тамоман нораво медонист.
Шаб хоби шоир гурехт. Вай то бомдод нахуфта хаёлу андешаҳои аламнокашро дар мисраъҳои зерин тарҳ кард:
Ба Ғазнин маро гарчи хун шуд ҷигар
Зи бедоди он шоҳи бедодгар,
К-аз он ҳеҷ шуд ранҷи сисолаам,
Шунид аз замин осмон нолаам.
Ҳамехостам то фиғонҳо кунам,
Ба гетӣ аз ӯ достонҳо кунам,
Бигӯям зи модарш, ҳам аз падарш,
Натарсам зи кас ҷуз худованди арш,
Кунам ончунон рӯсиёҳ аз нахуст.
Ки натвонад онро ба ҳеҷ об шуст.
Чу душман намедонад аз дӯст боз,
Ба теғи забонаш кашам пӯст боз,
Валекин ба фармудаи муҳташам
Надонам к-аз ин байн чун сар кашам.
Фиристодам ар гуфтае доштам,
Ба наздики худ ҳеҷ нагзоштам.
Агар бошад ин гуфтаҳо носавоб,
Бисӯзон ба оташ, бишӯяш ба об.
Гузаштам, аё сарвари некрой. /259/
Аз ин доварӣ то ба дигар сарой.
Расад лутфи яздон ба фарёди ман,
Ситонад ба маҳшар аз ӯ доди ман.
Пагоҳӣ ин манзумаро ба қабати ҳаҷвномааш ниҳода ба Сипаҳбуди Шаҳриёр фиристод.
Аз Сипаҳбуд ба вай сад ҳазор дирами табарӣ (қурбаш нисбат ба дирами бувайҳию ғазнавӣ камтар) расид. Ин буд баҳои як нусха «Шоҳнома», ки Фирдавсӣ ба Сипаҳбуд тақдим кард, ва баҳои ҳаҷви султон, ки Сипаҳбуд онро аз шоир харида ба оташ супурд.
Ду сол гузашт.
Фирдавсӣ ҳамоно дар Табаристон мезист. Аз ватанаш, хешонаш хату хабар набуд. Аз вай ҳам ба онҳо хабаре намерасид. Ӯ зинда аст ё на, ва агар зинда бошад, ба чӣ ҳол аст, онҳо намедонистанд. Хавотир мекашиданд, Манижабону мегирист, беқарор буд, ки мабодо падараш дар ғурбат бимирад ё балки мурда бошаду хокаш дар ҳамон тарафҳои касмаёб мондааст?
Дар соли дуввуми ғайбати Фирдавсӣ хавотиркашии хешон ва дӯстони ӯ, беқарории духтараш аз ҳад гузашт. Манижа ба кӣ нолида метавонист? Албатта, фақат ба шавҳараш. Ӯ зорӣ мекард, ки Рустамзод ба суроғи падару падараруси гумшуда биравад ва аз ӯ хабаре биёрад. Рустамзод ваъда ба тирамоҳ дода мегуфт, ки пас аз бардоштани ҳосили киштҳо ва таҳияи асбоби зиндагии зимистон меравад. Ғами рӯзгори падару модари пир ҳам ба уҳдаи Рустамзод буд.
Дар Тӯс овоза шуда буд, ки султон Маҳмуд гуноҳи Фирдавсиро бахшидааст, аммо дар ин бора аз Ғазнӣ хабари расмӣ нарасида буд. Султон Маҳмуд он рӯзҳо боз ба Ҳиндустон юриши навбатӣ пеш гирифта буд, Манижа якзайл даст бароварда ӯро дуои бад мекард: «Илоҳо аз аспаш ғалтида гарданаш шиканад, сараш зери сангҳо монад! Ё фили савориаш ӯро ба замин зада пойкӯб кунад! Падарҷонамро хор кард, илоҳо худаш хору зор бимирад!»
Дар миёнаҳои тирамоҳ Рустамзод, марди чиҳилсолаи солиму бақувват, ба суроғи падарарусаш сафари Табаристон пеш гирифт. Роҳи дарозу душвор савора дар як моҳ тай карда шуд. Ниҳоят дар аввали зимистони соли 1017 домоду падарарус дар шаҳри Омул ба дидори ҳам расиданд. /260/
Фирдавсӣ бо ҳамроҳии Рустамзод ба ватан баргаштан ихтиёр кард. «Одамӣ ҳама умр хокам куҷо гӯён зиндагӣ ба сар мебарад, ‒ мегуфт ӯ, ‒ паймонаи умрам, ки пур шудааст, хоҳ дар хоки ватанам ва хоҳ дар зери пойи филони Маҳмуд бимирам, барои ман тафовут надорад».
Дар аввали баҳор ҳар ду сӯйи Хуросон ба роҳ афтоданд.
Сафари бозгашт қариб чаҳор моҳ тул кашид: дар шаҳрҳо ва рустоҳо дӯстдорони каломи нафис шоирро бо меҳмондориҳо ва маҷлисҳои шеъру суруд аз роҳ бозмедоштанд. Ӯ гоҳо дар манзилҳо чаҳор-панҷ рӯз меистод.
Шоир дар ин сафар метавонист шуҳрати худаш ва китобашро назора кунад. Дар байни халқ маҷлисҳои шоҳномахонӣ расм шуда буданд. Султон Маҳмуд бо айбмонӣ ба «Шоҳнома» ва фармони қатли шоир шуҳрату овозаи китоби ӯро бештар карда буду бас. «Шоҳнома» ба тавассути нусхабардориҳо дар саросари Аҷам интишор меёфт. То он замон ҳеҷ китобе ин қадар ба дили мардумон нанишаста буд.
Фирдавсӣ бо Рустамзод ба Тӯс дар аввалҳои тобистон расиданд. Шоирро хешон ва дӯстонаш пешвоз гирифта ба дидораш шодӣ карданд. Шоир пир рафта буд, пиртар баргашт, вале неруи танаш он қадар накоста буд, вай ҳатто бардам менамуд. Манижа ба шодиёнаи баргаштани падараш гӯсфанд кушонда тӯй дод. Як ҳафта пойи меҳмонон аз даргоҳи Фирдавсӣ канда намешуд: ҳамдиёрон аз дуру наздик ба зиёраташ меомаданд.
Пасон дар Бож дар хонаи худ бо парастории Манижаи меҳрубон зиндагонии орому якнавохти шоир сар шуд. Аммо пирӣ пирист: тобу тавон торафт мекост, пойҳо суст, чашмони хира хиратар, гӯшҳо гарон мешуданд.
Аз вай ба Ғазнӣ ҳам хабарҳо мерасиданд.
Султон ҳеҷ гумон накарда буд, ки «Шоҳнома» то ин дараҷа қадру қимат пайдо мекунад ва то ин андоза ҷолиби ҳусни таваҷҷуҳи халқ мегардад. Шуҳрати рӯзафзуни китоб султонро ҳайрон, нафрату лаънати халқ ба хоркунандагони шоир дили ӯро сиёҳ мекарданд. Ӯ мекӯшид, ки дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ фикр накунад, номи Фирдавсӣ барои ӯ монанди дандони дардманде гардида буд, ки ҳар гоҳ агар даст расонанд, дард мекунад. Ба атрофиёнаш дар ҳузури вай аз Фирдавсӣ ё аз «Шоҳнома» ёдовар шуданро манъ карда буд.
Соли 1025 султон бори ёздаҳум ба ҷиҳоди Ҳиндустон рафт, дар бозгашт мебоист аз шаҳри Наҳравола мегузашт, роҷа (ҳоким)-и Наҳравола аз дасти истилогари бемурувват ба кӯҳистон паноҳида, дар қалъае ҳисорӣ шуда буд, султон хост /261/ он қалъаро гирифта роҷаро ба итоат оварад, аммо вазираш Ҳасан ибни Муҳаммади Микол, ки дар он қарибӣ ба ҷойи Майвандӣ таъйин шуда буд, эътироз кард ва гуфт:
‒ Лашкари мондашударо дар миёнаи роҳ ба як мусодама ва муқоталаи* нав андармон кардан беандешагист.
Бо султон фақат ҳамин вазир бо ин шева гап задан метавонист ‒ вайро султон дӯст медошт ва бо навозиш Ҳасанак меномидагӣ (аз ин рӯ ин вазир ба таърихи салтанати Ғазнавиён бо номи Ҳасанаки Микол дохил шудааст). Маҳмуд аз бетакаллуфӣ ва ҳатто аз дуруштиҳои ӯ намеранҷид.
‒ Бо роҷа на ҷанг, балки таҳдиди ҷанг басанда аст, вай аз таслим шудан чора надорад, ‒ ба суханаш афзуд вазир.
Саҳар ӯ мулозими худро бо ҳамроҳии ду навкар бо номаи таҳдидомез ва талаби таслим ба қароргоҳи роҷа равона кард.
Лашкари Ғазнӣ дам мегирифт, султон дар лаби рӯд чодар зада буд, вақте ки Ҳасанаки Микол ба чодари вай ба салом омад, шоҳ аз ӯ пурсид:
‒ Ба роҷа нома навиштӣ?
‒ Навиштам, фиристодам, ин соат вай бояд номаро гирифта бошад, ‒ ҷавоб дод вазир.
‒ Аз номи худат навиштӣ?
‒ Чаро? Аз номи султонам, албатта.
‒ Чӣ навиштӣ?
Ҳасанак хандиду гуфт:
‒ Фақат ду сатр: «Агар ҷуз ба коми ман ояд ҷавоб, Ману гурзу майдони Афросиёб».
‒ Чӣ? ‒ тааҷҷуб кард султон. ‒ Ку такрор бикун.
Ҳасанак байтро такрор кард.
‒ Забони паҳлавонон, мардони майдон, ‒ гуфт шоҳ. ‒ Байт аз кист?
‒ Аз Абулқосими Фирдавсӣ, ‒ гуфт Ҳасанак.
Султон дар ҷавоби суолаш мунтазири шунидани ин ном набуд. Дилаш фишурда шуд.
‒ Фармуда будам, ки назди ман аз ӯ ном нагиранд, ‒ гуфт ӯ пас аз сукут.
‒ Имрӯз номи ӯ вирди забони хосу ом аст, пас ғуломони султонам чӣ тавр аз ӯ ном нагиранд, ‒ гуфт Ҳасанак ва дар дасти рости шоҳ нишаста суханашро идома дод: ‒ Бечора шоир, ин ҳама ранҷ бурду самар надид. Ба подоши ранҷи сию/262/ панҷсолааш чӣ ёфт? Ҳукми қатл. Аз Тӯс омадагон мегӯянд, ки ӯ бемори бистарист.
___________________
* Мусодама ва муқотала ‒ задухӯрд ва кушокушӣ.
Шоҳ дар замираш аз кардаи худ дар ҳаққи Фирдавсӣ эҳсоси пушаймонӣ мекард. Ба худ ҷазм кард, ки ба Ғазнӣ расида, чораи аз дили шоир баровардани озори гузаштаро хоҳад ҷуст ва бад-ин равиш забони маломатгаронро ҳам баста, худро дар чашми халқ сафед хоҳад кард.
Дар Тӯс дар бошишгоҳи Фирдавсӣ он чӣ ногузир буд, рӯй дод.
Тирамоҳ, ҳаво абр ва нам, офтоб дар паси тумани ғализ нопадид. Чеҳраи табиат андуҳбор. Дар шохҳои бараҳнаи дарахтон селаҳои зоғони сиёҳ бо қиғу қоғи шодона суруди омадомади зимистонро месароянд.
Абулқосими Фирдавсӣ дар бистари марг.
Ба Манижабону, ки дар сари болини ӯ гирён нишастааст, бо садои нимшунаво мегӯяд:
‒ Ҳама… биёед…
Абу Дулаф, Рустамзод, пирамард Найсонӣ, Равшан, Бобак, набераҳои шоир (писару духтари Рустамзод ва Манижа), ки дар хонаи шафат хомӯшу ғамнок нишаста буданд, даромада гирди бистари бемор ҳалқа заданд.
‒ Ман… меравам… Видоъ мекунам… ‒ бо овози хастаи нимшунаво сухан оғоз кард Фирдавсӣ.
Манижа, писару духтари ӯ, дигар занон фиғон бардоштанд. Найсонӣ, ки ҳамчунин ашки чашмонаш ба риши сафедаш мечакид, онҳоро ором кард.
‒ Ба марги ман нагирйед. Ман… аз шумоён… розиам… шумоён ҳам аз ман… розӣ бошед… Ба ҳар кадоматон… аз ман ягон… вақт… озоре расида бошад… бубахшед… Ба ҳам… меҳрубон… ғамхор бошед… Яздонпараст, беозор… бошед… Дилҳотонро ҳамеша… аз кина, ҳасад, риё… пок доред… Ба мардумон…. некӣ бикунед…
Хастагӣ ба ӯ дигар маҷоли сухан гуфтан надод, лабонаш меҷунбиданд, вале суханаш шунида намешуд.
Вай оромона ҷон супурд.
…Дарёи хурӯшоне аз одам ӯро ба манзили охиринаш гусел мекард. Даҳҳо ҳазор саллаҳои сафед дар дарёи одам ба кафкҳои мавҷ монандӣ доштанд, рӯйи он дарё тобут ҳамчу заврақе шино мекард. Барои видоъ бо шоири маҳбуби достонсарои беҳамто тӯда-тӯда мардум аз шаҳру деҳоти дуру наздик /263/ омада ба азодорон мепайвастанд. Ҷанозаро ба ҷомеи шаҳр бурданд. Тобутро дар саҳни масҷид гузошта, мунтазири шайхи бузург Абулқосими Гургонӣ шуданд, ‒ ӯ мебоист омада ҷанозаи шоирро мехонд.
Пири фартут асозанон бо якчанд нафар муридони худ пайдо гардид, аммо наздик наёмада, бо нӯги асояш тарафи тобут ишора карда, бо овози рахдори гулӯхарош якбора чунин гуфт:
‒ Ин шахс умри худро ба ситоиши маҷусони бадбунёд зоеъ кард, мехост динро рахна кунад, ман ҷанозаи чунин касеро намехонам ва ҳам иҷоза намедиҳам, ки ӯро дар қабристони мусалмонон гӯронанд.
Шайх инро гуфта баргашту рафт.
Дар издиҳом ғавғо бархост. Ҳарчанд, ки ба мусулмонон сухани шайхи фақеҳ ва воизи бузургро гардонидан нораво буд, ғалоғулаи ҳайрату норизоӣ ва эътироз баланд гардид.
Имоми деҳаи Бож ба минбар баланд шуд:
‒ Мусалмонон! — хитоб кард ӯ ба издиҳом. ‒ Ором шавед. Боке нест, ҷанозаро ман мехонам. Гувоҳӣ медиҳам дар ин хонаи худованди якто ва қодир, ки ҳазрати Абулқосими Фирдавсӣ мусалмони покдин буданд. Тобути ҳазратро бардоред, ба боғи худашон баред, дар боғи худашон дафн мекунем.
Тобутро бардоштанд, издиҳом аз қафои он сӯйи дарвозаи Разон равон гардид. Аз дарвоза баромада ба боғи шоир дохил шуданд ва тобутро ба айвони ҳуҷраи даруни боғ гузоштанд. Аз издиҳоми бисёрҳазора на фақат он боғи калон, балки кӯчаҳо ва майдонҳои деҳа низ пур шуда буданд. Имоми божӣ такбир оғоз кард. Қариб ним аср пеш сайри шоир дар ҷаҳони достонҳои безаволаш аз ҳамин ҳуҷра оғоз ёфта, аз ҳамин ҳуҷра вай дари он ҷаҳони аҷоибро ба рӯйи халқҳо боз карда буд, акнун дар ҳамин ҷо бо онҳо видоъ мекард.
Дар боғ даҳ-дувоздаҳ марди бақувват дар зери чанор хок канданд, гӯр ба зудӣ кофта шуд.
Абри боронии тирамоҳӣ бар чеҳраи осмон чодари тирагун кашида, ба замин ҳамчу ашки чашми мотамзадагон қатраҳо мечаконд. Дам ба дам шамоли сард вазида якто-нимто баргҳои зарди дар шохи дарахтон мондаро меафшонд. Дар тори сафедору ар-арҳои урён зоғони сиёҳ нишаста ҷунбишу тараддуди мардумонро назора мекарданд.
Вақте ки ҷасади шоирро ба лаҳад мениҳоданд, фиғону нолаи хешовандон, дӯстони наздик, барзгарони шоир аз нав ба фазои боғу деҳа печид. Дар он замон занҳо аз ҷумлаи хешовандони марҳум низ ҳангоми дафн дар сари қабри ӯ ҳозир /264/ мешуданд. Манижаи жӯлидамӯй мушт бар сари бараҳна ва тани фигораш мекӯфту фарёд мекашид, занон рӯмоли афтодаашро ба сараш партофта, ӯро оғӯш карда аз лаби гӯр ба канор кашиданӣ мешуданд, вай тан надода дод мезад:
Во падарҷонам, қиблагоҳам, қуввати ҷону танам, аз дунёи бевафо ком ҷустеду ноком рафтед. Эй азизон, маро ҳам бо қиблагоҳам гӯронед, ман бе падарҷонам ин зиндагиро чӣ кунам?!
‒ Во ҳасрато, во мусибате! ‒ навҳа меандохт Найсонӣ. ‒ Падари суханварони Аҷам рафт, форсӣ ятим монд!
‒ Дод! Дод! Вай офтоби мо буд, нураш ба дилҳои мо тобон буд! ‒ нафир мекашид дигаре.
‒ Вовайло, вовайло, ба маргат зиндагӣ сиёҳ пӯшид! ‒ мегирист Алии Риёзӣ писари Муҳаммади Лашкарӣ.
‒ Султони шуаро рафт, мулки сухан бесарвар монд! ‒ менолид шоире.
‒ Эй ҳакими ҳукамо, ба забон ой, ба ёдгори вопасин ҳикмате бигӯй, то мо бар сафҳаи синаҳои фигор бинависем! ‒ нидо меандохт яке аз мударрисони тӯсӣ.
Танини овози Абу Дулаф ба ҳаво печид, ки «Шоҳнома» дар даст шеъри устодашро қироат мекард:
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб,
Пай* афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Басе ранҷ бурдам бад-ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Хотима
Ҳафтаи мотам ҳанӯз ба охир нарасида, корвонаке иборат аз ду шутурсавор ва якчанд аспсавор дар сапедадам аз дарвозаи шарқии Тӯс вориди шаҳр шуданд.
Корвонак ба қалъаи ҳокимнишин расида дар пеши дарвозаи он қарор гирифт. Солори корвонак марди сипоҳии миёнсол ба дарвозабонон на кӣ будани худашро гуфт ва на хоҳиш кард, ки омадани корвонакро ба ҳоким маълум намоянд, балки мутакаббирона ба онҳо амр кард, ки дарвозаро кушоянд. /265/
Онҳо итоат накарданд, он гоҳ бо «имои бурут»-и солор тобеони мусаллаҳи ӯ дарвозабононро бо ҳамлаи найзаҳошон тарсонда дуртар ронданду дарвозаро худашон кушода даромаданӣ шуданд, аммо вай аз дарун маҳкам будааст, марди сипоҳӣ онро бо дастаи қамчинаш тақотақ кӯфт, аз дарун овоз баромад:
«Кист?» Сипоҳӣ бо овози дурушт ҷавоб дод ки:
‒ Навкарони султон. Кушо!
Дар дарун марди камондоре ба бурҷи дидбонии дарвоза баромада як нигоҳ карду ғайб зад, пасон дарвоза кушода шуд ва омадагон бо аспону шутуронашон ба қалъа даромаданд.
Ғуломони султон ҳатто дар қалъаҳои ҳокимони маҳаллӣ ҳам бо калону хурд ҳамин навъ омирона муомила мекарданд ва задану кӯфтан, ҳатто кушта партофтани касони аз фармонашон сарпечидаро ба худ ҷоиз медонистанд. Ҷабрдидагон аз тарс ҷуръат намекарданд, ки ба калонтарҳо арзеву шикояте баранд ва агар баранд ҳам, додашон ба ҷое намерасиду баръакс боз гирифтори балоҳои нав мешуданд.
Алқисса омадагон ба қабули ҳоким даромаданд. Онҳо аз султон ба Фирдавсӣ сила оварда буданд. Сила чиҳил ҳазор динор буд. Ба ҳокими Тӯс амр шудааст, ки ин силаро ба Фирдавсӣ расонад.
Ҳоким Арслон Ҷозиб ба фиристодагони дарбори Ғазнӣ вафоти Фирдавсиро маълум карда, гуфт, ки силаро ба ворисони ӯ супурдан мебояд. Фиристодагон ин таклифро қабул накарданд.
‒ Бо фармони шоҳ, ‒ гуфт солори корвонак, ‒ мо силаро бояд ба дасти худи Фирдавсӣ медодем, аммо агар вай вафот карда бошад, вафоти ӯро ба шоҳ арз карда, дар бораи сила ба фармони нави шоҳ мунтазир бояд шуд.
Ҳоким ночор ба Ғазнӣ қосид фиристод.
Сила овардагон дар интизори фармони нави шоҳ як моҳро дар Тӯс ба айшу нӯш гузарониданд. Арслон Ҷозиб ишратдӯст ва майхора марде буд, рӯзе ё шабе намегузашт, ки дар кӯшки хоссаи ӯ бо ширкати «корвонсолор»-и ғазнигӣ базме бо майнӯшӣ, созу наво ва рақси канизакони моҳлиқо ороста нагардад. Ҳамроҳон ё худ навкарони солор дар дигар маҳфилҳои ба худашон муносиб вақтхушӣ мекарданд.
Ниҳоят қосид аз Ғазнӣ фаро расид. Фармони нави султон айни ҳамон таклифи ҳокими Тӯс буд, яъне сила ба ворисони Фирдавсӣ дода шавад.
Ҳоким ҳамаи авлоди шоирро аз хурд то калон ба қалъа /266/ даъват карда, фармони шоҳро эълом ва онҳоро бо атои мулукона табрик намуда гуфт:
‒ Соҳиби давлат шудед, шукр гӯед, шодӣ кунед, султони раиятпарвари атобахшро дуо кунед.
Навкарон якчанд саночи пури динори тиллоро оварда ба пеши Манижа ва писару духтари ӯ гузоштанд.
Манижабону пероҳани кабуди мотамро ҳанӯз аз танаш накашида буд. Чашмонаш аз ашк тар буданд. Бо овози гиряолуд ба ҳоким гуфт:
‒ Ба чӣ шодӣ кунем, ҷаноби олӣ? Оё ба марги падару бобо шодӣ кунем, ки худ рафту ин давлат ба мо гузошт. Қатраҳои бороне, ки рӯзи дафни падарам ба турбати ӯ борида буд, ҳанӯз нахушкидаасту шумо мегӯед «шодӣ кунед!» Чаро дар зиндагии падарам кадри ӯро надонистанд, хору зораш карданд, туҳматзадаи куфру бидъаташ карданд, дар ғурбат сарсону саргардонаш карданд? Чаро силаро дар зиндагиаш нафиристоданду вайро шод накарданд? Чаро мунтазир шуданд, ки ӯ ба хорӣ бимирад? Магар ман ва ин набераҳои падарам он кулфату мусибатҳои ба ноҳақ ба сари падарам омада, он ҳама бедодӣ, он туҳматҳои сиёҳро, ки ба подоши ранҷи сиюпанҷсолааш дар ҳаққи ӯ карданд, фаромӯш карда метавонем? На, наметавонем. Мо аторо намегирем. Равони поки падарам ба мо қабули ин атои шоҳро намебахшад.
Мушовирон ва муқаррабони ҳоким ҳарчанд ба Манижабону насиҳат карданд, суд набахшид, Манижабону аз қавлаш нагашт.
‒ Меравем, ‒ гуфт ӯ ба шавҳараш ва бачаҳояш.
Ҳамаашон аз боргоҳи ҳоким бадар рафтанд.
Ҳоким, мушовирон, фиристодаи дарбори Ғазнӣ ҳайрону сокит монданд.
Сукутро аввал фиристодаи дарбори Ғазнӣ шикаст:
‒ Чӣ бояд кард? Ин саночҳои динорро бардорему ба Ғазнӣ баргардем магар? ‒ пурсид ӯ аз ҳоким.
‒ На, аввал қазияро ба султон арз бояд кард, то чӣ фармоянд, ‒ гуфт ҳоким.
Қосиди ба дарбори Ғазнӣ фиристодашуда ин бор аз султон чунин фармон овард: ба пули сила дар биёбон работе бисозанд ва дар девори работ лавҳае нақш кунанд бад-ин маънӣ, ки ин работро бо амри Сайфуддавла ва аминалмилла Низомиддин султон Маҳмуд ибни Носириддини Сабуктегин ба силаи «Шоҳнома», ки ба ҳаким Абулқосими Фирдавсии шоир фирис/267/тода шуда, вале аз қазо ӯ дар он ҳангом аз қайди ҳаёт раста буд, бунёд карда шуд.
Пас аз якчанд сол работи калоне бо сардоба, корвонсаро ва ҳуҷраҳои бисёре барои мусофирон дар роҳи байни Нишопур ва Марв пайдо гардид. Ҳаким Носири Хусрави Алавӣ баъд аз бисту ду сол ва Низомии Арузии самарқандӣ баъд аз наваду чаҳор соли вафоти Фирдавсӣ он работро бо чашми худ дидаанд.
Бахшида шудани «гуноҳ»-и Фирдавсӣ аз тарафи султон Маҳмуд ба дигар бадхоҳони шоир, чунончи ба шайх Абулқосими Гургонӣ бетаъсир намонд. Маълум, ки сарварони дин ҳамеша дар бораи шахсҳо ва воқеаҳо мутобиқи хоҳиши подшоҳи вақт ҳукм мекарданд. То вақте ки султон аз Фирдавсӣ дар қаҳр буд, шайхи бузургвор ӯро кофир мехонд, баъди аз қаҳр фуромада нисбат ба шоир нармтар шудани султон назари шайх ҳам ба Фирдавсӣ зуд дигаргун шуд ‒ вай сабаби табдили назар карданашро ба як хобе, ки дидаасту рост будани он шубҳанок аст, ҳамл намуд: гӯё вай дар хобаш Фирдавсиро мебинад, ки дар боғи биҳишт сайр карда гаштааст, аз ӯ мепурсад: ту ки маҷусони бадкешро мадҳ карда кофир шуда будӣ, чӣ гуна ба биҳишт ғалтидӣ? Фирдавсӣ гӯё ба ӯ ҷавоб додааст ки: барои як байти дар бораи худо гуфтаам аз худо бахшоиш ёфтам ва он байт ин аст:
Надонам чиӣ, ҳар чӣ ҳастӣ, туӣ.
Ҷаҳонро баландию пастӣ туӣ.
Аммо табдили назари ҳам султон Маҳмуд ва ҳам дигар бадхоҳони Фирдавсӣ аз таъсири афкори халқ буд, ки шоирро дӯст медошту медорад ва ин дӯстдорӣ дар тули ҳазор сол ҳеҷ кам нашуда, балки ҳамоно меафзояд.
1984-1987.