Шоир ва шоҳ
Бо амри шоҳ дувоздаҳ нафар номдортарин шоирони дарборӣ барои шунидани қасидаи нави Фаррухӣ дар боргоҳ ҷамъ омада буданд. Қасидаро султон хеле хуш карда ва фармуда буд, ки дар маҷлиси шоирон хонда шавад. Султон дар пешгоҳ бар курсӣ ва шоирон дар ду тараф қатор нишаста буданд. Фирдавсӣ ҳам ба ин маҷлис даъват шуда буд. Фаррухӣ ба худ ровӣ нигоҳ намедошт, ашъорашро назди шоҳ худаш мехонд. Ӯ ба по хеста ба хондани қасидааш, ки дар вай минҷумла султонро ба фатҳи вилояти Рай таҳрис мекард, шуруъ намуд. Тадриси ӯ дар қасида чунин ифода ёфта буд:
Райро баҳона нест, бибояд гирифт Рай,
Вақт аст агар ба ҷанг сӯйи Рай кашӣ инон.
Ин ҷо ҳаме ягону дугон қарматӣ кушӣ,
3-инон ба Рай ҳазор биёбӣ ба як замон.
Биситонӣ он диёру бубахшӣ ба бандае:
Бахшидан аст одату хӯйи худойгон.
Аз ҳозирон нидоҳои аҳсану офарин баланд гардид. Шоҳ мамнунона табассум мекард. Фирдавсӣ бошад дар ҳайрату даҳшат афтода буд: Фаррухӣ шоҳро ба куштани ҳазорон мардуми Рай даъват мекунад. Дар бораи ӯ нақл мекарданд ва Фирдавсӣ шунида буд, ки дар яке аз рӯзҳо Муҳаммад писари султон дар шикор саҳроро аз хуни оҳувон сурх карда ва Фаррухӣ аз дидани чашми зори оҳуе, ки дар тапиши ҷонканӣ судааст, ба ёди чашми сиёҳи ёраш афтода чандон гиристааст ки Муҳаммад ба вай раҳмаш омада барояш чанд оҳуи зинда фиристода будааст. Наход ин ҳамон шоири нозуктабъи раҳмдил бошад?!
Эътиқоди шоҳ ва атрофиёнаш бад-он буд, ки дар Рай амири он диёр ва ҳам аҳолӣ қарматиёнанд. Ва куштани қарматияро султон Маҳмуд ба номи дин вазифаи муқаддаси худ медонист. /213/
Дар ин ҷо риштаи ҳикоят агарчи як дам канда шавад ҳам мо воқеаи Райро нақл мекунем. Амирони бувайҳии Рай дар солҳои ҳукмрониашон хазинаҳои пурганҷ ниҳода буданд, ҳамин буд, ки ҳирсу тамаи султон Маҳмудро меҷӯшонд. Фаррухӣ ба оташи ҳирси ӯ ҳезумкашӣ мекарду бас. Султон ба фатҳи Рай қарор дод. Бино ба хурдсолии амири Рай Маҷдуддавла ҳукумат ба дасти модари вай Сайида буд. Султон ба Сайида ултиматум фиристод, ки писаратро ба Ғазнӣ фиристу мамлакататро ҷузъи шоҳаншоҳии мо бикун. Сайида расули султонро эъзоз кард ва дар ҷавоби ултиматум навишт ки: султон Маҳмуд шахси ғозӣ ва соҳибдавлат аст ва аксари Эрону замини Ҳинд ба вай тобеъ мебошанд; то шавҳарам Фахруддавла зинда буд, дувоздаҳ сол аз лашкаркашии султон метарсидам, акнун, ки шавҳарам вафот ёфт, дигар андеша надорам, зеро султон Маҳмуд подшоҳи бузург ва соҳиби номус аст ‒ лашкар бар сари пиразане нахоҳад кашид; агар лашкар кашаду ҷанг кунад, муқаррар аст, ки ман низ ҷанг хоҳам кард; агар зафар ёбам, то домани қиёмат шуҳрату шукӯҳ ба ман аст, ва агар вай зафар ёбад, мардум хоҳанд гуфт, ки султон бевазанеро шикаст дод. Дар ин сурат султон ба мамлакатҳо чӣ гуна фатҳнома менависад? Султон дар ҷавоби ин номаи заифаи зарифа дармонд, «бозӣ»-ро бой дод ва аз қасди лашкаркашӣ ба Рай даргузашт. Ба ин тарз Сайида ҳафдаҳ-ҳаждаҳ соли дигар истиқлоли амораташро нигоҳ дошт, то он ки вафот карду ҳукумат бар писараш қарор ёфт. Он гоҳ Райро аз дасти Маҷдуддавлаи ҷавони айёши сустиродаи шоирманиш ситонидан барои султон душвор набуд. Гӯянд, дар ҳарами Маҷдуддавла панҷоҳ нафар зан ёфтанд, ки вай аз онҳо сӣ фарзанд дошт.
Риштаи ҳикояро мепайвандем. Дар маҷлиси шоирон баъд аз қироати қасидаи Фаррухӣ султони хушҳолу мамнун сӯйи шоир гуфт:
‒ Мо ба ту ҳазор динор ато мекунем.
Фаррухӣ ба пеши пойи ӯ афтида замин бӯсид, шоирон ба султони атобахш ҳамду сано хонданд.
Пасон шоҳ шоиронро ҷавоб дод, вале Фирдавсиро фармуд, ки истад.
Вай чанд лаҳза хомӯшона ба шоир нигоҳ карда истоду баъд сухан оғоз кард. Суханашро канда-канда чунин гуфт:
‒ Ту… муътазилӣ ҳастӣ?… ё рофизӣ?… Қарматӣ?… Ё балки даҳрӣ бошӣ?
Фирдавсӣ дар ҳайрат монд, хотираш ошуфта гашт. /214/
‒ Ин чӣ суолест, шоҳам? ‒ гуфт ӯ. ‒ Ман мусалмони покдинам ва…
‒ Шиӣ? ‒ сухани ӯро бурид султон.
‒ Оре, шиии мусалмон, ‒ ҷавоб дод шоир. ‒ Худойгонро пӯшида нест, ки ба мусалмони покдин туҳмати баддинӣ ё бединӣ задан гуноҳ аст.
‒ Уламои Ғазнӣ дар «Шоҳнома»-и ту бидъатҳо дидаанд. Ба Зардушт таваҷҷуҳ дорӣ… Ба Маздак ҳам… Донишу қариҳаатро ба чӣ сарф кардӣ? Ба ситоиши маҷусон?… «Шоҳнома»-атро ба номи мо кардаӣ, вале пеш аз он ки ба мо биёрӣ, то ки нахуст мо бубинем, онро мардумон дида ва хондаанд… Дар мадеҳаат ба ман насиҳатгар шудаӣ, ки додгар бошам, ростӣ пеша кунам, кажживу костӣ накунам. Гӯё ман додгар набудаам, росткор набудаам. Гӯё ман тифли мактабхон ҳастам ва ту муаллим….
Фирдавсӣ мисраъҳои худашро ба ёд овард: «Агар додгар бошӣ, эй шаҳриёр, бимонӣ ба гетӣ яке ёдгор… Ҳама ростӣ бояд оростан, зи кажжӣ дили хеш перостан». Оё султон худаш хонда бошад, ё ки наммомон ин мисраъҳоро ҳамин тавр ба насиҳатгарӣ маънидод карда ба вай расонидаанд? ‒ ба дилаш гузаронд шоир.
Султон боз «айбҳо»-и ӯро шумурдан гирифт:
‒ Аз дидор кардан бо Исфароинии кофири неъмат ва Қутайби хиёнатпеша мақсудат чӣ буд? Оё ту хасми моӣ?… Агар хасм набошӣ, дӯст ҳам наӣ. Дӯстии ту бо шоҳони маҷусии Эрон аст… Хуб, бо ин ҳама мо ба ту сиёсат намекунем. Пири нотавон ҳастӣ, ба умед омадаӣ… Ба назми таърихи мулук бисёр ранҷ кашидаӣ. Силаи «Шоҳнома»-атро хоҷаи бузург ба ту мерасонад. Бигиру бирав ба ватани худ…
Ин ҳама туҳмату ҳақорат, ҳар як калимаи султон дашнае буд, ки ба ҷигари шоир мехалид. Фирдавсӣ чигунагии тинати султон Маҳмудро дарёфт. Дар синааш аламу нафрат ҷӯш мезад, пушаймонии дардноке дилашро мефишурд, ки чаро «Шоҳнома»-ро ба номи ин ҳукмдори ҷоҳили мутаассиб, ин шоҳи камхиради аз мурувват бегона гардонд. Ба забонаш ҷавоби талх, суханони зананда меомаданд.
Султон мунтазир буд, ки шоир ба пойи ӯ афтида гиряву зорӣ мекунад, бахшоиш мепурсад. Вале ин тавр нашуд. Фирдавсӣ қомати ба таъзим нима хамидаашро рост карду бо аламу дард гуфт:
‒ Маълумам шуд, ки ба «Шоҳнома»-и ман нигоҳи чашмони каҷбин ғалтидааст. Аҳли ғараз назди шоҳ номи маро сиёҳ /215/ кардаанд. Дар умри ҳафтодсолаам бадхоҳонам ба ман буҳтонҳо зада буданд, вале на ба ин қабоҳату зиштӣ.
Ба ёди вай шеъри худаш омад:
Чунин гуфт Нӯширвони Қубод,
Ки чун шоҳро сар бипечад зи дод,
Кунад чарх маншури ӯро сиёҳ,
Ки доно нахонад варо низ шоҳ,
Ситам номаи азли шоҳон бувад,
Чу дарди дили бегуноҳон бувад.
Қариб буд, ки ин мисраъҳоро бар забон ронад, вале худдорӣ кард ва сӯйи дар равон шуда, дар дами дар истоду ба як тараф рӯ гардонда ин фиқраро:
Чу бошад ҷаҳонҷӯй бо фарру ҳуш,
Набояд ки дорад ба бадгӯй гӯш!
Зи дастури* бадгавҳару гуфти бад
Табоҳӣ ба дайҳиму** шоҳӣ расад!
Хонду берун рафт.
Ҳаво абр буд, резаборони тирамоҳӣ меборид, сабук-сабук шамоли сард мевазид. Абри боронӣ осмонро саросар фаро гирифта ва рухи офтобро ҳам дар паси пардаи хокистарранги худ пинҳон карда буд. Кӯю кӯчаҳо лой, дару бомҳо, дарахтон, сарутани роҳгузарон ҳама тари обрав. Вақт баъди пешин бошад ҳам, рӯз аз тирагӣ шомгоҳро мемонд.
Фирдавсӣ ду даст бар пушт, борону шамолро ҳис накарда, то буҷулаки пояш дар лою балчиқҳо ғӯтида, бо қадамҳои гарону оҳиста ба манзилгоҳаш расид.
Дар саҳни меҳмонсарои Моҳак ӯро Абу Дулаф ва Бобак пешвоз гирифтанд. Онҳо шоири хастаҳоли рангпаридаро дида ба хавотир афтоданд.
‒ Чӣ хабар, устод? Бахайр аст? Ба дарбор рафта будед? ‒ безобита шуда пурсид Абу Дулаф.
Фирдавсӣ хомӯшона сар ҷунбонида ишорат кард, ки ҳеҷ гап не, хавотир накашед. Ба болохона баромаданд. Бобак абои устодро аз танаш кашонда ва саллаашро гирифта ба мех овехт. Фурсате гузашт, шоир ҳамоно хомӯш буд.
___________________
* Дастур ‒ вазир.
** Дайҳим ‒ тоҷ.
Ба ҳуҷра бошитоб Моҳак ворид шуд.
‒ Омадед, мавлоно? Аз дарбор? Султонро дидед? /216/
Фирдавсӣ бо табассуми маъюсонаи дарднок суханони аз шоҳ шунидаашро нақл кард:
‒ Султонро бовар кунондаанд, ки банда ҳам муътазилӣ, ҳам рофизӣ, ҳам даҳрӣ ва ғайруҳу мебошам. Бо хоинони салтанат ҳамдостон будаам. Дар ашъорам насиҳатгари шоҳ шудаам. Ба илова, гуноҳи дигарам ин ки «Шоҳнома»-ро пеш аз тақдим кардан ба султон ба мардумон нишон дода ва шоеъ кардаам. Ва ғайруҳу ва ҳоказо. Хулоса, қариб душмани султон будаам.
‒ Э валлоҳ! ‒ ба ҳасрат дасташро сахт ба зонуяш зад Моҳак ‒ Кори наммомон, ҳасудон! ‒ гуфт ӯ, ‒ кори он шайхи беимон!
Абу Дулаф дар ҷойи нишастааш гӯё ки чӯкида хурд шуда буд.
Бобак рӯй ва лабонаш пар мезаданд, мисли ин ки ҳамин замон гиряро сар медиҳад.
Ҳар се аз оқибати кор метарсиданд: мабод, ки султон шоирро уқубат кунад. Бо он айбҳои мудҳиш, ки султон бар шоир ниҳодааст, ӯро зиндон кунанд, кушанд ҳам чӣ аҷаб? Ин аз султони бедодгари хунхор ҳеҷ аҷаб нест.
Рӯзи дигар наздики қиёми офтоб як марди солхӯрдаи паҳнриш ‒ навкари хазинадори султон ба ҳавлии Моҳак ду халтаи чарминро ба асп бор карда овард. Халтаҳоро фуроварда ба лаби суфа гузошт. Ба Моҳак ва Абу Дулаф, ки он ҷо ҳозир буданд, гуфт:
‒ Бист ҳазор дирам. Барои Абулқосими Фирдавсии шоир. Фирдавсиро садо карданд, вай аз болохона фуруд омад.
Навкар гуфтаашро такрор кард.
‒ Дирам? ‒ гашта пурсид Абу Дулаф. Барои «Шоҳнома» бист ҳазор тангаи дирам фиристодан хандаовар буд. ‒ Чӣ магар хостаанд, ки шоирро масхара кунанд?
‒ Дирам набуда чӣ буд? Магар ман тангаро намешиносам? ‒ ҷавоб гардонд навкар ба ровӣ.
Абу Дулаф даҳони халтаро кушода, як каф танга бароварда нигоҳ кард ‒ ҳақиқатан дирам буд, дирами маскук аз мис, каме нуқра ва дигар фулузоти арзонбаҳо. Қурби дирам нисбат ба динори тиллоӣ даҳ бар як буд.
‒ Бубар, ба ман даркор нест; агар динор ҳам мебуд, даркор нест, ‒ гуфт Фирдавсӣ ба навкар.
‒ Чӣ? Даркор нест? ‒ ҳайрон шуд навкар. ‒ Пул ба шу/217/мо даркор нест? Аҷаб! Ин хел бошад, худатон бареду ба хазинадор супоред. Ман гашта барам, ту ба одамаш нарасонидӣ гуфта худамро гунаҳгор мекунанд. Ман овардам, ин тарафаш ба ихтиёри шумо. Акнун ба ман ягон хӯрок бароретон, ки гушна мондам, пагоҳ боз даҳанам як бурда нон надидааст, сонӣ ман ҳамаатонро як дуои хайр мекунаму меравам.
Хизматгори Моҳак барои ба навкари серҷоғ хӯрок овардан ба ҳавлии дарун рафт.
Фирдавсӣ ба Бобак фармуд:
‒ Баро, чизҳоро ғундошта ба хӯрҷин андоз, китобу коғазҳои маро ҳам андоз. Пӯшоки тозаи маро дар лӯнгӣ печонда биёр, пӯшоки худатро ҳам бигир, ҳаммом меравем.
Аз Моҳак хоҳиш кард:
‒ Хоҷа, фармоед, аспони моро зин кунанд. Мо бо шумо видоъ мекунем. Ман дигар дар ин шаҳр як рӯз ҳам намеистам. Хотираи неки ман фақат аз шумо, аз лутфу марҳамати шумо ва аз дӯстам Абусаъди Маншурист. Дар хонаи шумо ва Маншурӣ ман меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии беҳад дидам, ки ёди он то умрам боқист, хотири маро шод мекунад. Ҳама умр миннатдор ва сипосгузори шумоям, хоҷаи азиз.
Ба Абу Дулаф рӯ овард:
‒ Колои моро, ‒ гуфт, ‒ ба аспҳо бор карда савор шаву ба гузари бурёбофон биё, дар пеши ҳаммом маро мунтазир бош. ‒ Боз ба Моҳак муроҷиат карда, халтаҳои тангаро нишон дода бо овози паст, то ки навкар, ки дар як гӯшаи суфа баҳузур нишаста бо оши палави аз дишаб монда шиками гуруснаашро сер мекард, нашунавад, гуфт: ‒ Ин пулро ҳамчу шукронаи оҷизонае барои некиҳои фаровонатон, ки ба ман ва ҳамроҳони ман кардед, аз банда қабул фармоед…
‒ На, на! ‒ даст афшонда як қадам ақиб ҷаст Моҳак. ‒ Ҳаргиз, ҳаргиз! Некии беқиёс ба ман аз ҷониби шумо буд, ки лутфан дар хонаи ман манзил кардед. Банда аз ҳамнишиниву ҳамдамии шумо ва аз «Шоҳнома»-и шумо он қадар ҳаз мебурдам, он қадар саодат насибам шуд, ки ба шукронааш агар ҳамаи давлатамро пеши поятон гузорам, садяки подоши он намешавад.
‒ Пас бифармоед, ин нақдина ба касе, ки фиристодааст, гардонда шавад.
Дар ин дам Бобак бӯхчаи пӯшок ба даст аз болохона фуруд омад. Фирдавсӣ дигар ба хоҷа фурсати сухан гуфтан надода бо вай хайрбоди бағалкаш карду ҳамроҳи пешхизматаш аз меҳмонсаро бадар рафт. /218/
Ҳар ду ба гузари бурёбофон, ки аз сарои Моҳак чаҳор маҳалла дуртар дар ғарбии шаҳр буд, расида ба ҳаммом даромаданд.
Соате баъд, аз ҳаммом баромада дар канори кӯча Абу Дулаф ва навкари хазинадорро бо се аспи қантариистода диданд. Фирдавсӣ аз дӯкони машруботфурӯш, ки дар паҳлуи ҳаммом буд, як коса шароб харида нӯшиду назди Абу Дулаф рафт. Аспи навкар зери бори халтаҳои танга буд.
‒ Хоҷа ба шумо гардонда фиристоданд, ‒ халтаҳоро нишон дода гуфт Абу Дулаф.
Фирдавсӣ ба чӣ фикре рафт, сӯйи дӯкони машрубот нигарист, сипас ба навкар гуфт:
‒ Халтаҳоро фуруд оред.
Навкар бори аспашро фуровард.
‒ Бобак, шарбатфурӯшро садо кун.
Мардак омад, Фирдавсӣ халтаҳоро ба вай ва навкар бардоронда худаш пеш даромад:
‒ Биёед!
Онҳо аз паси Фирдавсӣ рафта ба бинои ҳаммом даромаданд. Дар даруни бино ҳуҷрае ҷойгоҳи ходими ҳаммом буд, халтаҳо бо фармоиши Фирдавсӣ ба он ҳуҷра дароварда шуданд. Ходимро садо карданд, мардаки лоғари бараҳнатан, сина ва китфонаш бо мӯйи сиёҳ ва авраташ бо лӯнгии сафеди чиркин пӯшида, ҳозир гардид (вай дар ҳаммом шоирро ҳам ходимӣ карда буд).
‒ Халтаҳоро ба кат холӣ кунед.
Тангаҳо ба рӯйи кат рехта шуданд.
‒ Инро ман ба шумоён бахшидам, ҳар сеятон баробар тақсим карда гиред, ‒ фармуд Фирдавсӣ.
Он се тан бовар накарда бо даҳони во ба шоир менигаристанд, то ки дар чеҳраи ӯ рост ё ҳазл будани ин ҳотамии ҳайратбахшро бихонанд. Шоир «хайр!» гуфта рафтанӣ шуда буд, ки шарбатфурӯш ниҳоят забони лолгаштааш ба гуфтор омад:
‒ Шумо кӣ, бобоҷон?
Ба вай навкар ҷавоб дод:
‒ Ин кас шоир Фирдавсӣ ҳастанд.
Шарбатфурӯш оё пештар номи Фирдавсиро шунида буд ё не, маълум набуд, аммо вай дарҳол:
‒ Э тасаддуқашон шавам, хоки пояшон шавам, ‒ гуфта ба пойи шоир афтиду домани абои ӯро бӯсида ба чашмонаш молид; пас ходим низ ҳамчунин кард. /219/
Бозгашт
Ду аспи овардаи Абу Дулаф ҳамон аспони инъомии амири Қаҳистон буданд. Ровӣ шоирро ёрӣ дода савор карду худаш ҳам савор шуда Бобакро ба пушташ нишонд.
Ба роҳ афтоданд. Паҳлуи ҳам асп меронданд. То аз маҳаллот ва боғоти шаҳр гузашта ба дашт баромадан Фирдавсӣ лаб ба сухан боз накард. Абу Дулаф ва Бобак, ҳайрону норозӣ аз бахшидани устод он ду халта пулро ба се каси бегона, ҳамчунин хомӯш буданд. Шоир мунтазир буд, ки онҳо сабаби чунин рафтори ӯро мепурсанд, вале онҳо дам намезаданд. «Мефаҳманд, ки ҳоло дар бораи атои султон гап задан барои ман нохуш аст, бинобар ин хомӯшанд» ‒ ба дилаш мегуфт Фирдавсӣ. Аммо баъд худаш сухан оғоз кард:
‒ Шоҳи дунҳиммат маро таҳқир кард, хор кард. Бадгавҳар, ғуломзода ба зоташ кашид. Атои ӯ ато нест, ҳақорат ба ранҷи сиюпанҷсолаи ман аст. Маро монанди маддоҳони худаш ғуломи ҳақир, гадотабъ гумон кардааст магар?.. Фирдавсӣ кист, ки ба хорӣ тан диҳад, агарчи хоркунанда шоҳ ҳам бошад? Туф ба атояш, давлаташ, тахту тоҷаш.
Осмон соф, офтоб шуълафишон буд, аммо абри сиёҳе дар фарозии кӯҳсорони шарқӣ шиновар буд, баногоҳ шамоли тунде вазида абрҳоро ба болои дашти кушод рондан гирифт. Ба дасту рӯйи саворон чакраҳои сард чакиданд. Чакраҳо дар як дам ба борони сел табдил ёфтанд. Дашти санглохро ғарқоб пахш кард, сел кӯлмакҳо падид овард ва ҷӯякҳои оби гилолуд равон кард. Ёли аспон, сарутани саворон мисли ин ки ҳар се дар об ғӯта хӯрда баромада бошанд, обшор гашт. Онҳо сӯйи деҳкадае, ки дар паси тӯрпардаи борон дар дуртар намудор буд, шитофтанд. Ба деҳкада расида буданд, ки борон монд. Шаб дар манзили як нафар бошандаи деҳа дам гирифта пӯшокҳои тарашонро дар гулхан хушконданд.
Рӯзи дигар осмон соф, ҳаво ором буд. Наздики чоштгоҳ, вақте ки замин ғарқоби дирӯзаро макиду офтоби тобон рӯйи хоку регро як қадар хушконд, мусофирони мо боз ба роҳ афтоданд.
Онҳо равон шуданд, мо ба андак муддат ба Ғазнӣ баргашта, воқеаҳои дар он ҷо дар ғайби Фирдавсӣ рӯйдодаро ҳикоя мекунем.
Аввалан дар бораи силаи «Шоҳнома». Султон дар поёни ка/220/дом як машварати давлатӣ бо ҳамроҳии вазир Майвандӣ аз боргоҳ мебаромад, вазир дар дами дар ба вай суолеро, ки дар дил дошт, вале дар вақти машварат надода буд, дод:
‒ Силаи «Шоҳнома»-ро чӣ қадар бидиҳем?
‒ Панҷоҳ ҳазор, ‒ гуфт шоҳ.
‒ Динор? ‒ ҳаросида пурсид Майвандӣ.
‒ Дирам, ‒ гуфт шоҳ.
‒ Султонам, ин бисёр аст. Мабод, ки пиршоири бенаво якбора ин миқдор пул ба даст оварда шодимарг шавад.
‒ Ҳарчанд ки «Шоҳнома»-и ӯ ба дилхоҳи мо дарнаёмада ва худаш ҳам ба мо дуруштиҳо кард, вале пир аст ва бисёр ранҷ кашида, ба умед омадааст, розиаш бикун, ‒ султон инро гуфта ба даре, ки сӯйи ҳарамсарояш буд, даромада рафт.
Майвандӣ ба худ қарор дод, ки барои «розӣ кардан»-и шоири камбағал ба вай шаст ҳазор дирам додан шарт не, бист-биступанҷ ҳазор басанда аст.
Агар ихтиёр ба Майвандӣ мебуд, шояд ӯ ба шоири шиамазҳаб як дирами пучак ҳам намедод.
Ӯ ба хазинадор амр кард, ки ба Фирдавсӣ бист ҳазор дирам фиристад.
…Се марди «ганҷи ройгон»-ёфта ‒ навкари хазинадор, ходими ҳаммом ва шарбатфурӯш бист ҳазор дирамро байни худашон тақсим карда гирифтанд ва паймон карданд, ки дирамҳоро фавран пинҳон мекунанду ин розро аз ҳама ва ҳатто аз аҳли хонаводаҳошон низ махфӣ медоранд.
Навкари хазинадори султон халтаи тангаҳоро шабҳангом ба хонааш бурда, аз аҳди хонаводааш пинҳонӣ дар оғил ба тайи коҳу хошок гӯронд… Шаб бо хотири мушавваш дар хаёли чӣ гуна эҳтиёт ва сарф кардани «ганҷ» хобаш набурд. Рӯз ва шаби дуввумро низ бо ҳамин кайфият ва бо тарсу ҳарос гузаронд. Тарсаш аз он буд, ки агар мабодо роз ошкор шуда монад, омилони молиёт пулро аз ӯ меситонанд ва худашро ба зиндон меандозанд. Аммо куҷост розе, ки оқибат ошкор нашавад! Навкар рӯзи саввум тоб наёвард, тарс бар вай ғалаба кард, халтаи пулро бардошта ба хазинадор бурд ва воқеаро баён кард. Он гоҳ ходими ҳаммом ва шарбатфурӯш низ фавран ба ҳабс гирифта шуданд. Ҳар ду дар шиканҷа ба пул гирифтанашон аз Фирдавсӣ иқрор карданд; пул аз онҳо низ ситонда шуд. Хазинадор воқеаро ба вазир арз кард, вазир ба шоҳ. /221/
Майвандӣ арздошти худро ба султон дар вақте кард, ки вай баъд аз намози бомдод дар боргоҳ бо шайх Маҳамшод ва чанде аз надимону муқаррабонаш нишаста буд. Ин ҳамнишинон бо ҳамроҳии як гурӯҳ аъёну ашроф, чунон ки расм буд, ба назди шоҳ барои саломи пагоҳонӣ омада буданд. Шоҳ аъёну ашрофи дигарро мураххас карда, ин чанд нафарро барои суҳбати хосса нигоҳ дошта буд.
Вазир даромаду суҳбати хосса қатъ шуд.
Шоҳ арзи ӯро шунида чин ба абру овард, чеҳрааш хира ва чашмони тангаш тангтар шуданд.
‒ Чӣ мегӯед, сазои Фирдавсӣ чист? ‒ суол дод ӯ ба муқаррабон.
Онҳо як-як ба оташи ғазаби вай доман задан гирифтанд.
Яке гуфт:
‒ Ваҳ, ин чӣ кӯрнамакӣ, чӣ беҳурматӣ ба атои подшоҳ аст, ки Фирдавсӣ ба худ ҷоиз кардааст!
Дигаре афзуд:
‒ Атои подшоҳ, чӣ як дирам ва чӣ сад дирам, қадраш якест; агар султон ба касе як мушт хок фиристад, он кас бояд аз рӯйи эъзозу икром он хокро чун тӯтиё ба чашмонаш кашад…
‒ …ва ҳамоқатро аз бисоташ бо панҷаи адаб тарошад, то ба шоистагии он ато бирасад, ‒ ҷумлаи ҳамнишинашро ба хотима расонд надиме, ки худро аз зумраи адибон ва фозилон мешумурд, ва ин зарбулмасали манзумро бар забон ронд:
Ато гарчи андак диҳад подшоҳ,
Ба бисёриаш кард бояд нигоҳ,
Зи борон бувад қатра дар ибтидо,
Валекин шавад сел дар интиҳо.
Султон ба Маҳамшод муроҷиат кард:
‒ Ҳазрат чӣ мефармоянд?
Шайхи бузургвор гулӯ афшонда чунин фатво дод:
‒ Банда собиқан ҳам ба аълоҳазрат арз карда будам, ки ин шоир рофизист, баддин аст, акнун ба замми ин, атои муборакро чунин хор кардааст, хунаш мубоҳ аст.
Мурофиа дар ғайби «айбдор» ба итмом расид, акнун навбати ҳукм баровардан буд.
‒ Ӯро дастгир бояд кард, ‒ гуфт султон. Ба Аёзи Аймоқ, ки низ дар суҳбати хосса ҳозир буд, фармуд: ‒ Аз думболаш саворон бифрист, ӯро бигиранд ва баста оваранд. ‒ Тааммуле /222/ карду чунин фармон дод: ‒ Носипоси баддинро ба пойи фил бояд андохт. ‒ Гашта такрор кард: ‒ Ба пойи фил!
…Фармон ба зудӣ дар шаҳр овоза шуд. Мардумон ба изтироб афтоданд, дӯстони шоирро ваҳшат фаро гирифт. Маликушшуаро сахт ошуфтахотир гашт. Намедонист чӣ кор кунад. Тасаввури ҳалоки шоир дар зери пойи фил мудҳиш буд, ноҳинҷор буд. Унсурӣ мефаҳмид, ки куштани чунин суханофарини бузург, ки Фирдавсист, ба султон бадномии абад хоҳад овард ва балки оғози вожгунии салтанати ӯ хоҳад буд. Наход ки султон инро нафаҳмад?
Баногоҳ ба ёди вай Шарафуддини Моҳак омад. Шоири мусофир дар хонаи он хоҷа манзил карда буд, хоҷа дӯсти ӯст, бояд бо ӯ машварат кард. Унсурӣ рост ба кӯшки Моҳак равон шуд.
Пирамард аз ташрифи ногаҳонии маликушшуаро дар ин пагоҳии барвақт ҳайрон шуд ва ҳатто ба хавотир афтод: магар ягон воқеаи ғайриоддӣ ва нохуше рӯй дода бошад?
Бечора аз куҷо медонист, ки воқеа аз бадтарин гумони ӯ садчанд батар аст.
‒ Хоҷа, як ҳодисаи фаҷеъ рух дод, ‒ дар меҳмонсарои хоҷа нишаста сухан оғоз кард Унсурӣ.
‒ Намедонам ба чӣ сабабе Фирдавсӣ атои султонро рад карда ба ходими ҳаммом, шарбатфурӯш ва навкари хазинадор бахшидаанд. Ин хабар ба даргоҳ расида, ин пагоҳ дар як соати машъум амри султон содир шудааст, ки шоирро …оҳ, ман чӣ сон гӯям, бо кадом забон гӯям… амр содир шуда ки Фирдавсиро дастгир бикунанд ва ба пойи фил андозанд.
Ранги Моҳак канд:
‒ Дастгир?.. Ба пойи фил? Ё раббӣ!!
Ба Унсурӣ чунин намуд, ки хоҷа баъд аз кандани рангаш чеҳраи сиёҳҷурдаи ӯ гашта сиёҳтар шуд. Ҳам гӯё ки ӯро аз китфаш зер карда бошанд, ҷуссааш хамид, чашмонаш пӯшида шуданд.
‒ Амр дар ҳузури киҳо содир шудааст? На ин ки аз муқаррабон ҳеҷ кадоме ҷуръат накард, ки султонро аз додани чунин амри шанеъ боздорад?
‒ Худ медонед, ки чунин ҷуръат бехатар нест, ғайримумкин аст… Мегӯянд, ки шайхи бузург хуни Фирдавсиро мубоҳ кардаанд.
‒ Э вой, э вой, ин чӣ золимист, чӣ номардумӣ, чӣ даррандахӯйӣ! Ҳаким ва шоири муаззамро ба зери пойи фил? Оё аз /223/ шоҳони пешин ҳеҷ яке чунин коре карда? Шумо ба ёд надоред?
‒ Хоҷаи азиз, ҳоло вақти ин гуфтугӯ нест, фурсат танг аст. Банда ба назди шумо барои машварат омадам: чӣ кор бояд кард, ба Фирдавсӣ чӣ тавр огоҳӣ диҳем, то ки чораи эҳтиётро бубинад? Ӯ дар сафар аст? Алъон то куҷо расида бошад?
‒ Намедонам, ‒ бо ғояти андуҳу навмедӣ гуфт Моҳак.
‒ Савореро аз думболаш давонем магар? ‒ маслиҳат андохт Унсурӣ.
‒ Бале… илоҷи дигар нест.
‒ Ба ман ин мумкин нест, худатон медонед, ба шоҳ зуд маълум мешавад.
‒ Ман савор мефиристам, ‒ гуфт Моҳак.
‒ Бисёр хуб, ‒ гӯё бори гароне аз дӯши Унсурӣ афтид, ‒ аммо зудтар бояд фиристод, ҳам фиристодаи шуморо бо ғояти шитоб рафтан мебояд, зеро имрӯз ё фардо навкарони султон аз пайи Фирдавсӣ афтанд. Хайр, хоҷаи азиз. ‒ Унсурӣ бархост, ‒ умед аст, ки бо мадади шумо ин мушкил осон шаваду кор ба хайрият анҷомад.
Моҳак писари хурдиаш ‒ ҷавони бистусесола Насриддинро аз ҳавлии дарун садо карда фармуд, ки зуд аспи йӯрғаи сиёҳмушкинро ба ем бандад ва пасон зин зада худ ба сафари роҳи дароз ҳозир шавад. Худи Моҳак ба ҳуҷраи болохона баромада сари хонтахта нишасту ба навиштан машғул гардид. Руқъае ба номи Фирдавсӣ навишта, ӯро аз воқеа огоҳ кард ва таъкид намуд, ки вай ба Ҳирот наравад, балки ба он нарасида таноби роҳ сӯ Тирмиз кашаду аз Ҷайҳун гузашта ба Тӯронзамин паноҳад. Аммо баъд фикр кард, ки хат фиристодан беэҳтиётӣ мешавад ‒ аз қазо мумкин аст, ки хат ба дасти маъмурони шоҳ афтад. Руқъаро дарронда партофт. Чун писараш ба сафар ҳозир шуда, аспро зин зада баровард, Моҳак ба вай фармуд:
‒ Савор шав, сӯйи Кобул бирон. Тез бирон, аз ақиби Фирдавсӣ бирас. Дар манзилҳо зиёд наист, то тавонӣ шабона ҳам саворӣ бикун.
Сипас ба ҷавон фаҳмонд, ки вай Фирдавсиро аз чӣ бояд огоҳ кунад ва чӣ гӯяд.
Насриддин зоди сафарашро дар хӯрҷин андохта ба роҳ афтод.
Фирдавсӣ бо Абу Дулафу Бобак дар роҳ зуд-зуд фуромада дам гирифта бешитоб мерафтанд. Акнун ба куҷо ҳам шитоб кунанд? Аспҳоро монда накарда бояд пеш рафт. /224/
Насриддин бошад, то онҳо як фарсах тайи масофа мекарданд, ки бо аспи йӯрғааш ду фарсах роҳ мепаймуд. Бо ин равиш вай ба онҳо дар роҳ, дар деҳае, ки аз вай то Кобул камобеш чаҳор фарсах монда буд, расид.
Мусофирони тӯсӣ дар лаби ҷӯй ба истироҳат нишаста нону ангур тановул мекарданд (дуто нон ва ду хӯша ангурро яке аз деҳотиён, ки хонааш дар ҳамон ҷойи қароргирифтаи мусофирон буд, бар ҳасби одати мусофирнавозии мардуми мо барои онҳо оварда буд). Аспони аз зин бароварда ва ба дарахт басташуда низ дам гирифта беда мехӯрданд.
Фирдавсӣ аз хабари фармони шоҳ ба дастгир кардану ба қатл расонидани худаш як такон хӯрду дам назад, сукут кард, ба андеша рафт. Абу Дулафу Бобак сахт ба изтироб афтода беқарор гардиданд.
‒ Ҳай дареғ, бо айби ман он се бечораи бегуноҳ ҳам ба бало гирифтор шудаанд, ‒ надомати аламнок кард Фирдавсӣ. Вай ходими ҳаммом, шарбатфурӯш ва навкари хазинадорро дар назар дошт, ки ҳам аз инъоми шоир маҳрум монда ва ҳам ба зиндон андохта шуда буданд. ‒ Муруввати ман барояшон нагбат бор овардааст, ‒ гуфт боз Фирдавсӣ, ‒ дар ин дунёи дун аз хайр шарр мерӯяду некӣ бадӣ мезояд…
Ин буд нахустин суханоне, ки пас аз огоҳӣ ёфтани шоир аз маҳкуми қатл шудани худаш ҳамроҳонаш аз забони ӯ шуниданд.
Ниҳоят ҳар чаҳорашон ба роҳ афтода, шомгоҳ вориди Кобул шуданд.
Соҳиби корвонсарое, ки мусофирони мо дар вай қарор гирифтанд, шинос ва мухлиси шоир буд: дар вақти сафари аз Ҳирот ба Ғазнӣ Фирдавсӣ бо ҳамроҳонаш дар корвонсарои ӯ ду рӯз таваққуф карда ва Абу Дулаф бо хоҳиши аҳли корвон ‒ шиносони сафарӣ ва дигар мусофирони муқими корвонсаро барои онҳо «Шоҳнома» хонда буд, соҳиби корвонсаро ҳам хониши ӯро бо шавқу завқ шунида, ба Фирдавсӣ ибрози ихлосу эҳтиром намуда буд. Аз хабари овардаи Насриддин ӯ ҳам ба хавотир афтода ба шоир чунин маслиҳат дод:
‒ Шумоён ба Ҳирот меравед? Хеле хуб, ҳеч хавф набаред, равон шавед. Агар навкарони султон ба ин ҷо расида шуморо пурсанд, ман мегӯям: «Роҳӣ шуданд, гуфтанд, ки ба Балх мераванд, аз Балх ба Марв, аз Марв ба Сарахс, аз Сарахс ба Нишопур». Ҳамин тавр навкаронро ба роҳи Балх равона мекунам. Худо хоҳад, дар он тарафҳо шумоёнро наёфта, овора шуда бармегарданд. /225/
‒ Агар ба фиреб пай баранду баргашта ба шумо дарафтанд, ки чаро дурӯғ гуфтӣ, шумо чӣ кор мекунед? ‒ хотиррасон кард Фирдавсӣ.
Соҳиби корвонсаро ин тарафи корро ҳам фикр карда будааст. Вай чунин ҷавоб дод:
‒ Мегӯям: «Ман чӣ донам, ман онҳоро огоҳ карда будам, ки роҳи Балху Марв душвор, кӯҳу кӯталҳояш бисёр аст, беҳтар ки шумоён бо роҳи Ҳирот биравед, бинобар ин эҳтимол онҳо дар роҳ аз нияташон гашта ба тарафи Ҳирот тоб хӯрда бошанд».
Абу Дулаф пурсид, оё беҳтар нест, ки вай ба навкарон бигӯяд, ки чунин мусофирон ба корвонсарои ӯ наёмадаанд, вай онҳоро надидааст ва намедонад? Мардак ҷавоб дод, ки аздусар дар корвонсаройи ман таваққуф кардани онҳоро пинҳон доштан мумкин нест, зеро ба Кобул ворид шуда ба ин корвонсаро фуруд омаданашонро бисёр касон дидаанд.
Хулласи калом, маслиҳати ошнои кобулии шоир ба вай маъқул афтод. Вай «таноби роҳ сӯйи Тирмиз кашидан»-ро, ки Моҳак барои ӯ салоҳ дида буд, ихтиёр накард.
Нисфишабӣ вай бо ҳамроҳонаш Кобулро тарк кард. Бобак акнун савори сеюм буд: бо хоҳиши Фирдавсӣ соҳиби корвонсаро бо солори як корвони ба Кобул омада гуфтугӯ карда аз вай асперо ба нархи нисбатан арзон барои пешхизмати шоир харида буд.
Роҳи калон аз Кобул ба самти шимоли ғарбӣ баъд аз як манзил ба ду ҷудо шуда, яке сӯйи Балх ва дигар сӯйи Ҳирот мерафт. Мусофирони мо роҳи Ҳирот пеш гирифтанд. Писари Моҳак ва соҳиби корвонсаро онҳоро то сари дуроҳа гуселонда, дар ин ҷо бо эшон хайрбод карданд ва ақиб гаштанд.
…Ду навкари мусаллаҳи шоҳ ‒ таъқибкунандагони Фирдавсӣ ба Кобул баъди ду рӯзи рафтани ӯ расиданд ва бо гуфтаи соҳиби корвонсаро ба роҳи Балх асп андохтанд…
На роҳи пеш, на роҳи пас
Баъд аз тайи роҳи дури пурмашаққат мусофирони тӯсии мо оқибат дар як шомгоҳи намнок ба Ҳирот расида, дари хонаи Абубакри Исмоили саҳҳофро кӯфтанд.
Соҳиби хона баромада, аз дидори дӯсти шоираш хушнуд гардид. Фирдавсӣ хастаҳол, кӯфти роҳи дароз дар андому ҳаракоташ ҳувайдо буд, бинобар ин Абубакр дар сари дастархони меҳмондорӣ вайро бо пурсуҷӯ нороҳат накард.
Меҳмонони мондашуда дар меҳмонхонаи соҳиб баъд аз намози хуфтан дарҳол майли хоб карданд.
Фирдавсӣ ба хоби камроҳати пирона ягон ду соат орамиду бедор шуда, дигар хобаш набурд. Вай на дар он ҳоле буд, ки ба хоби тулонии роҳатбахш рафтан тавонад. Хотири парешон дар хоб ҳам ҷамъ намешуд ва хаёлоти ошуфта ором намегирифт. Ӯ дар торикии хона бо чашми во балои ба сараш омадаро нахустин бор бо тамоми даҳшату фоҷиаи он эҳсос кард. Андешаҳои гарон дили хастаи ӯро мефишурданд. Агар соҳиби корвонсарои Кобул таъқибкунандагони ӯро ба роҳи Балх равона карда натавониста бошад, онҳо пагоҳ-фардо ба Ҳирот мерасанд, ва агар равона карда бошаду вай, Фирдавсӣ, аз ин ҷо ҳаракат кунад, мумкин аст дар роҳ ба онҳо дучор ояд, зеро онҳо то Тӯс рафта, ӯро наёфта, ба эҳтимоли қавӣ бо роҳи Ҳирот бармегарданд. Дар ҳар ду сурат дастгир шудани ӯ муқаррар аст. Чӣ бояд кард? Куҷо бояд рафт. Дар куҷо паноҳ бояд ҷуст? Билфарз, бархезаду бо мадади толеъ дастгир нашуда ба хонааш, ба Тӯс бирасад, оё дар он ҷо аз хатар эмин хоҳад буд? Душманони бадкинаш шайх Абулқосимҳо, Абдуннабиҳо ва инчунин Арслонхони ҳоким ҳам аз фармони султон шоду мамнун ва аз марҳамати вай умедвор, магар ӯро осуда мегузоранд, баста ба Ғазнӣ намефиристанд? Ҳошо!… Дар қаламрави султон Маҳмуд вай ба куҷое, ки равад, дар дастраси султон аст. Магар ба ҷануб, ба қаламрави ҳукмдорони Бувайҳӣ биравад? Дуруст, онҳо донишдӯст ва шоирпарваранд, аммо аз султони Ғазнӣ пайваста дар тарсу ҳаросанд; султон барои лашкаркашӣ ба Эрони Ғарбиву Ҷанубӣ ба қасди истилои он диёрҳо мунтазири баҳонае ва фурсатест, бидуни шак он ҳукмдорон ба шоири гирифтори ғазаби шоҳ осон-осон паноҳ нахоҳанд дод… ё ки ба Хоразм биравад? Аммо Хоразмшоҳ домоди султон ‒ шавҳари хоҳари вай аст, бегумон бо аввалин талаби султон шоири гурезаро ба Ғазнӣ равона хоҳад кард… ё балки сари ғарибашро ба Мовароуннаҳр бигирад? Аммо волии он диёр Алптегини қарохонӣ, турки бесавод, дар андешаи бехатарии ҳокимияташ аз тарафи ҷануб худро дӯсти султон Маҳмуд тарошида аз вай дилҷӯйӣ мекунад, аз чунин волӣ чӣ умеди ҳимоят аст? Билфарз умеди ҳимоят ва паноҳгоҳ дар яке аз ин диёрҳо пайдо ҳам шуд, аммо бо ин пириву нотавонӣ сафари он сарзаминҳои дур, тайи биёбону кӯҳсоронро чӣ тавр метавон таҳаммул кард? Бигӯем, ки таҳаммул муяс/227/сар ҳам шуд, вале як фарди пирсоли аз хешу табар ва ёру диёр дурафтода дар он ғарибиҳо чӣ тавр зиндагӣ ба сар мебарад?
Дарҳои халосӣ баста. На роҳи пеш, на роҳи пас. Ҳоли Фирдавсӣ ба ҳоли нахчире, ки сайёдон аз шаш тараф дар иҳотааш гирифта роғу рахнаи гурезашро баста бошанд, монанд буд.
Чӣ замони наҳс, чӣ рӯзгори машъумест, ки корномаи умри ӯ ‒ «Шоҳнома»-и ба шоҳон бахшида ва ба подшоҳи вақт пешкашшуда назди онҳо ба вай на ин ки сарафрозӣ, номи нек, иззату ҳурмат, балки таҳқир, хориву забунӣ овард?
Боз ёди хона, пазмонии тоқатфарсо ба ҳамсари меҳрубонаш, ба духтари дилбандаш Манижа, ба ёру дӯстонаш дили реши шоирро рештар мекард. Вай бе онҳо ба ин ҳол аст, онҳо бе вай ба чӣ ҳоланд?…
Шоир мегирист.
Бо ин ҳама, Фирдавсӣ дар охир ба худ қарор дод, ки ҳар чӣ бодо бод ба ватанаш равон мешавад. Кашиши ватан ғалаба кард.
Пагоҳӣ сари дастархони ношто ҳикояти шоир аз он чӣ дар Ғазнӣ аз сари ӯ гузашт, оғоз ёфт. Дар дарбори Ғазнӣ қадр наёфтани «Шоҳнома» Абубакри Исмоилро ба ҳайрат афканд ва фармони шоҳ ба дастгир кардану зери пойи фил андохтани Фирдавсӣ ӯро на камтар аз дӯстони ғазнигии шоир ба ваҳшат андохт. Нахустин фикре, ки ба сари Абубакри Исмоил омад, ин буд ки «омадани Фирдавсиро бояд пинҳон дошт», зеро Абубакр аз эҳтимоли ба Ҳирот расидани таъқибкунандагони шоир ҷиддан ба хавотир афтод. Бархоста берун баромада ба хизматгораш фармуд, ки дарвозаро маҳкам кунад ва ҳар кӣ омада ӯро пурсад, гӯяд ки хоҷа дар хона нестанд.
Боз даромада нишаст. Фирдавсӣ гуфт, ки таваккал ба худо, вай фардо шаб бо ҳамроҳонаш ба роҳ мебарояд, ба ватанаш меравад. Вале Абубакр ин таваккали ӯро хато донист:
‒ Хатар қоим аст, устод, чораи дафъи хатарро бояд андешид, на ин ки ба истиқболи вай рафт.
‒ Чора намебинам, ‒ гуфт Фирдавсӣ.
Саҳҳоф тааммул карда ба ӯ чунин ҷавоб дод:
‒ Шумо имрӯз дар ин ҷо бе малоли хотир дам гиред, ба ман иҷоза диҳед фикре бикунам, то шояд чорае пайдо шавад.
Пас аз ношто вай баромада ба куҷое ғайб зад, соате пас боз омад, ба хизматгор аспашро зин кардан фармуд, савор шуда равон гардид ва то бегоҳӣ бедарак буд. /228/
Дар хуфтан баргашта, дар меҳмонхона ба Фирдавсӣ чунин гуфт:
‒ Шуморо, устод, то як муддат пинҳон шудан мебояд, то вақте ки фармони шоҳ куҳна ва ин гирудор пасанда шавад, ё таъқибкунандагонатон аз пайдо кардани шумо навмед шуда ба Ғазнӣ баргарданд. Ман ба деҳа рафта будам. Аз шаҳр ду фарсах дуртар деҳкадаи кӯчаке ҳаст, он ҷо хешони ман зиндагӣ мекунанд: кадхудо додари аёли ман, кадбону хоҳарзодаам аст. Дар боғчаашон як хонаи тобистоннишин доранд, ки дар вай дар ҳар фасли дигар ҳам истиқомат кардан мумкин аст. Ҳоло он хона холист, агар розӣ шавед, шуморо дар вай ҷо мекунем. Хешонро розӣ кардам, шуморо ба онҳо ғоибона як нафар донишманди хоразмӣ ва ошнои дерини худам муаррифӣ кардам, гуфтам, ки ин донишманд чанде дар Ҳирот зиста китобе навиштан мехоҳад, барои ин кор як ҷойи хилвати беғавғо меҷӯяд.
Фирдавсӣ ба вай ҷавоб нагуфта ба андеша рафт. Абубакр медид, ки вай мутараддид аст, дудилагии ӯро бартараф кардан хоста боз чунин суханҳо ронд:
‒ Устод! Чархи фалак дар мадораш ба гардиш аст, вай ба гуфтаи устод Рӯдакӣ «Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд». Ҳадиси пойи фил ҳам куҳна мешаваду филбон ҳам намемонад. То он вақт шумо дар деҳкада гӯшанишин мешавед.
‒ Танҳо? ‒ пурсид Фирдавсӣ.
‒ Оре, танҳо, ‒ гуфт Абубакр, ‒ соҳибхонаҳо ба будани мардони дигар раъй накарданд. Барои Абу Дулафу Бобак дар ягон маҳалли дигар ҷойи иқомат пайдо мекунем. Инҳо гоҳ-гоҳ дар фурсатҳои мусоид ба наздатон мераванд, хабар мегиранд, фармоишоти шуморо баҷо меоранд, чунон ки худам ҳам, албатта, аз шумо пайваста хабардорӣ хоҳам кард.
‒ Ман розӣ нестам, аз бобоҷонам ҷудо шудан намехоҳам, ‒ гириста гуфт Бобак.
‒ Агар устод ба зистани дар он деҳкада розӣ шаванд, лоақал Бобак бояд дар хизматашон бошад, ба устод дастёр даркор аст; дар бораи худам устод ҳар чӣ фармоянд, қабул мекунам, ‒ гуфт Абу Дулаф.
‒ Агарчи хешонам ба «донишманди хоразмии» бузургвор, чунон ки ман шуморо ғоибона ба онҳо муаррифӣ кардаам, хизмат карданро ба худ воҷиб дониста дар ин бора қавл ҳам доданд, вале ман боз мекӯшам ба будани дастёр дар назди шумо онҳоро розӣ кунам, ‒ ваъда дод Исмоил ба Фирдавсӣ. /229/
Дар ин мавзуъ боз чанде гуфтугузор карданд, дар охир Фирдавсӣ пешниҳоди дӯсташро қабул намуд. Абу Дулаф, ки монанди худи Фирдавсӣ кайҳо боз хонаву ҷояш, оилаашро пазмон шуда ва бозгашти ба Тӯсро бесаброна интизорӣ мекашид, шоир ба Тӯс баргаштагии ӯро салоҳ дид. Аспҳоро ба фурӯхтан қарор доданд, онҳо пас аз кӯчидани Фирдавсӣ ба деҳкада фурӯхта хоҳанд шуд, ғайр аз аспи Абу Дулаф, ки вай савора бар он бо яке аз корвонҳои бозаргонии роҳгузар хоҳад рафт.
Рӯзи дигар дар аввали шаб пеш аз баста шудани дарвозаҳои шаҳр чаҳор савор аз ҳавлии саҳҳоф баромада равон шуданд. Баъд аз якчанд дақиқа шаҳри ғарқи торикӣ дар ақибашон монд. Роҳи ноҳамвори пурфарозу нишебро фақат дар дурахши хираи ситораҳо медиданд.
Инак сиёҳии деҳкадаи дар бағали талҳо орамида намудор гашт. Сукути онро сагҳо халалдор ё балки таъкид мекарданд, ки бо ак-аку нӯла, монанди шақшақаи шабгардони миршабҳои шаҳр, аз худ ба дуздон ва ба ҳамдигар огоҳӣ медоданд. Деҳа кайҳо хуфта буд, саворон вориди деҳа шуда, Абубакр пеш-пеш, ҳамроҳонаш аз қафо, ба тангкӯчае, ки як савор дар он базӯр меғунҷид, хамиданд. Дар охири тангкӯча Абубакр дари пастаки аз навдаҳои дарахт бофташудааро бо дастаи қамчинаш сахт-сахт кӯфта буд, ки баъди як дам кадхудо омада аз дарун тамбаи дарро бардошта меҳмононро пешвоз гирифт. Аспҳои ононро бо ҳамдастии Бобак дароварда дар мехҳо баста, хӯрҷинҳоро аз болои онҳо фуровард. Меҳмонон дар рӯшноии хираи сиёҳчароғи сафолин, ки зани Ҳошим (номи кадхудо Ҳошим буд) даргиронда оварда ба дасти шавҳараш дод, бо пайраҳаи байни дарахтҳову буттаҳо сӯйи хонаи даруни боғ роҳ гирифтанд. Соҳибхонаҳо хонаро ба эҳтимоли омадани меҳмонон покиза рӯбучин ва бо намаду кӯрпачаҳо ороста буданд. Дар назари деҳотиён ва авомон ҳар як донишманди калон валӣ аст, аз ҳамин рӯ Ҳошим пеши Фирдавсӣ дуқат шуда дасти ӯро бӯсида ба он даст чашму пешонӣ сойид. Абубакр ӯро огоҳ кард, ки ташвиши дастархон ёзондан накашад, зеро меҳмонон худ хӯриши лозима доранд, оби ҷӯш бошад бас аст.
Баъд аз хӯроки шом ҳар чаҳорашон дар ҷогаҳи қатор андохташуда ба хоб рафтанд.
Саҳари Абубакри Исмоил ва Абу Дулаф ба бозгашти ба шаҳр ҳозир шуданд. Вақти видоъ Фирдавсӣ ва Абу Дулаф ҳамдигарро оғӯш карда гиристанд.
‒ Хуш бирав, азизам, ту ба ман ҳамчу фарзанди худам арҷмандӣ, Абу Дулаф, ман дар ин ҷаҳон аз ҳеҷ кас ин қадар /230/ некиҳо, ин қадар сидқу вафодорӣ надидам, ки аз ту дидам, миннати ту дар ду ҷаҳон бар гардани ман аст. Хуш бирав, сафарат бехатар бод, дуои ман бадрақаи роҳи туст.
Шоир инро мегуфту худ фикр мекард, ки «Мабод ки ин дидор дидори охирин бошад». Ҳамин фикр аз дили Абу Дулаф ҳам мегузашт, вале ҳар дуяшон ҳам онро ба забон овардан намехостанд ва умед мекарданд, ки ин тавр нахоҳад шуд.
‒ Ҷудоӣ аз шумо ба ман беҳад гарон аст, устод, вале чӣ кунам, ки зарурат пеш омадааст. Бо аҷзу ниёз аз яздони пок барои шумо хоҳони саломат ва офиятам. Агар дар ин ҷо дер монед, ман боз меоям, ба дидоратон мерасам.
Абу Дулаф Бобакро ҳам оғӯш кард, ҷавонак ҳунгас зада гирист. Абу Дулаф ба вай таъкид кард, ки мудом аз ҳоли устод хабардор бошад ва дар хизматашон ҳеҷ кӯтоҳӣ накунад.
‒ Устодро нахуст ба худо, пас он ба ҷаноби Абубакр, сониян ба ту супурда меравам, аммо ту ба устод аз ҳама наздиктарӣ, мушфиқу ғамхорашон, асои пириашон бош.
Фирдавсӣ аз Абу Дулаф хоҳиш кард, ки чун ба Тӯс расид, дар хонаводаи шоир аз нокомиву парешонҳолии ӯ гап назанад, фақат гӯяд ки ӯро бо кори «Шоҳнома» боз якчанд муддат дар Ғазнӣ мондан лозим омад.
Шоир ва дастёраш Абу Дулафро ҳамроҳи Абубакри Исмоил ба шаҳр гуселонда, аз қафояш бо дидаҳои гирён монданд. «Чӣ марди наҷиб ва накукорест! ‒ ба дилаш дар бораи Абу Дулаф мегуфт Фирдавсӣ. ‒ Дӯсти ниҳоят қадрдон, ниҳоят вафодор. Ба поси хотири ман аёлу фарзандонашро гузошта ба ин сафар баромад, ҳамин қадар машаққату сарсониҳои сафарро таҳаммул кард, дар ҳамаи ин муддат ман аз ӯ ягон калимаи шикоят нашунидаам». Шоир, албатта, аз Абубакри Исмоил ҳам беҳад миннатдор буд. Гуфтори ботинӣ дар бораи Абу Дулаф ва ҳисси миннатдорӣ аз Абубакри Исмоил хаёли шоирро ба дӯстони дигараш кашид, вай Муҳаммади Лашкарӣ, Ҳусайни Қутайб, Шарафуддини Моҳак, Абусаиди Маншурӣ, Ҳамидуллоҳи Найсонӣ, Салоҳиддини дуредгар, ҳатто Аббоси Шодобӣ ва саройбони кобулиро ба ёд овард. Дар назари шоир инҳо ҳам монанди Абу Дулафу Исмоил инсонҳои ҳақиқӣ, поктинат, бошарофат, накукор буданд, вай аз эшон некиҳои беминнат ва ё ба ивази некии худаш сипосу қадрдонии сидқӣ дида буд. Ба дилаш мегузашт ки: «Бе чунин мардум ҷаҳон чӣ гуна мебуд? Сард, хушк, беруҳ мебуд. Барои ҳамин гуна мардумон зистан, «Шоҳнома» офаридан меарзид. Ман «Шоҳнома»-ро барои шоҳон нигоштам, вале фаҳми қадру арзиши /232/ ранҷҳоям, достонҳоямро дар инҳо дидам, сипосу миннатдорӣ муҳаббатро аз инҳо ва амсоли инҳо дидам. Бигузор султон маро кушад, вале ман намемирам, то дар ҷаҳон ҳамчу инҳо мардумоне ҳастанд, ман ҳастам, зиндаам».
Бобак мегирист. Барои вай ҳам дар нимаи роҳ мондану дар деҳкадаи гумноме ба муддати номаълум зистан аламнок буд. Охир, вай чӣ ҳадар шоду хуррам аз Ғазнӣ сӯйи ватан, сӯйи Ширин, ба роҳ баромада буд. Ширин чашм ба роҳ аст, вай ба Бобак қавл дода буд, ки ту ҳар чӣ қадар дар сафар дер монӣ ҳам, мунтазир мешавам, сабр мекунам. Аммо падару модараш ҳам сабр мекарда бошанд ё на, ҷавон дар ин бора чандон хотирҷамъ набуд. Ширин шонздаҳро пур кард, ба ҳафдаҳ қадам монд, мабод ки падару модараш кай баргаштани Бобакро надониста, дер мондани ӯро баҳона карда духтарашонро ба хостгори дигаре дода фиристонанд. Вай Ширини сиёҳчашмаки чилкокулро зеботарин духтари деҳа медид. Ҳар гоҳ ки бо вай дар кӯю кӯча вомехӯрд, ё вақте ки Ширинро модараш аз тарики ҳамсоягӣ бо супорише назди Фотимабону ё Равшан мефиристод, Бобак аз вай чашм канда наметавонист. Ширин чун медид, ки ҷавонак ба ӯ чашм дӯхтааст, шармгинона табассуме мекарду мерафт. Бо вай дар куҷо ва чӣ тавр танҳо ба танҳо вохӯрда гапзанон кардаи мумкин? Дар кӯча ё дар ҳавлӣ, пеши чашми одамон, ин мумкин нест, одат намебардорад. Аммо ишқ чорасоз аст: Бобак донист, ки духтар рӯзе ду бор ‒ пагоҳӣ ва гашти рӯз ба чашмаи масҷид барои об меравад. Ҷавони ошиқ соати рафтани ӯро поида сари чашма раванда шуд. Он ҷо дар ҳузури дигар занону духтарон ва ҷавонони обгард бо Ширин дохили гуфтугӯ шуда натавонад ҳам, лоақал то таги дарашон ё то ними роҳ бардошта бурда додани кӯзаи вазнини ӯро таклиф кардан мумкин ‒ таклифи ёрӣ ба духтари нозуки шонздаҳсоларо ҳеч кас айб намекунад. Ӯ чандин бор ҳамин тавр кард. Пас духтарак чаро аз ёрирасони хизматгузораш миннатдор набошад, ба он ҷавони хандончеҳраи пайвастаабру, хушфеъл, ширинзабон, чусту чобук рӯйи хуш надиҳад ва ҳатто рафта-рафта ба вай меҳр мебандаду ҳар бор вақти вохӯрдан бо вай дилакаш натапад? Бешитоб паҳлуи ҳам қадам зада торафт озодона, торафт хуррамона, торафт шӯхона чақ-чақ мекарданд, аммо на писар ва на духтар боре ҳам дар бораи муҳаббаташон сухан нагуфтанд ‒ онҳо ҳанӯз суханони лозимаи изҳори муҳаббатро ёд нагириф/233/та буданд, намедонистанд. Аммо дар ин боб чашмҳо, нигоҳҳо гӯётаранд. Як дафъа Бобак дар дами дари хонаи Ширин ба худ ногоҳ ҷасорате ‒ худаш намедонист аз куҷо ‒ пайдо карду як бӯса аз лаби духтар рабуд. Вай аз куҷо медонист, ки дар он дам падари Ширин дар боми оғил панҷшоха ба даст хошок тит мекунад. Мардак чашмаш ба он ҳар ду дар ҳамон лаҳзае, ки ҷавон духтари ӯро бӯсид, ғалтиду ҳамчу хошоки шарораафтода даргирифт. Ба ҷойи ӯ падари баномустар шояд худдорӣ мекарду ҳоли ҳозир дидаро нодида мегирифт, аз афтодани номи духтараш ба забони мардум меандешид, вале Яздондод марди ҷоҳили бадқаҳре буд, вай аз бом ба кӯча хез зада фуромада бо алфози қабеҳ Бобакро дашном дод ва ба таъқибаш афтод. Панҷшоха дар дасти марди хашмгин хавфнок буд, Бобак гурехт. Ӯ медонист, ки дар хона падар ба духтараш дармеафтад, ӯро мезанад, ҷавон ба ҳавлӣ омада ошуфтаву саросема ба бону тавалло кард, ки «Бибиҷон, зудтар ба хонаи ҳамсоя равед, Ширинро халос кунед, ки падараш ӯро мезанад, шиканҷа мекунад; гунаҳгор манам, воқеаро ба шумо баъд мегӯям». Бону аз «ошиқу маъшуқ»-ии Бобаку Ширин огоҳ буд, донист ки рози онҳо ба падару модари духтар маълум шудааст (авомон «ишқбозӣ»-и духтаронашонро гуноҳи азим медонистанд), чодарашро ба сараш гирифта ба хонаи ҳамсоя шитофт, дид, ки Ширини бечора дар кунҷаки айвон рӯ ба девор карда ба ҳоли раҳмангезе нишастаасту падари хашмгинаш чӯб ба даст болои сараш истода ӯро дашном медиҳад. Модар ҳам дар паҳлуи Ширин нишаста буду мегирист ‒ аён буд ки духтарашро аз калтаки падар ҳимоя мекунад. Занак ба ҳурмати Фотимабону бархоста ӯро бо таъзим истиқбол кард, мард ҳам чӯбашро партофта хиҷолатомез аз сари духтараш дур шуд.
‒ Чӣ ҳодиса? Ширин магар гуноҳе кардааст? Агар гуноҳ карда бошад, шумо ба хотири ин ки ман ният дорам ӯро хостгорӣ кунам, ин бор аз гуноҳаш гузаред, ‒ оромонаву дӯстрӯёна гуфт бону.
Ширин бархоста ба хона даромада ғайб зад.
‒ Ӯро озор надиҳед. Ман бохабарам, гуноҳ ба Бобаки мост, ман ӯро танбеҳ медиҳам, ‒ гуфт боз Фотимабону. — Ӯ ба духтаратон ошиқ шуда, Ширин ҳам гӯё ба ӯ бемайл нест. Ин ба ҷавонон айб нест. Рост мегӯям, ман фардо ё пасфардо меоям ва Ширинро барои Бобак хостгорӣ мекунам, умед дорам, ки шумо қабул мекунед…
Ӯ дар воқеъ пас аз ду рӯз омада Ширинро расман хост/234/горӣ кард. Модари духтар ва шавҳараш хостгориро бо андак андешамандии зоҳирӣ, вале бо хурсандии ботинӣ пазируфтанд. Чаро ҳам хурсанд набошанд, ки духтарашон ба оилаи давлатманд ва машҳур меафтад ва худашон бо шоир қаробати хешӣ пайдо мекунанд.
…Бобак як қисми дирамҳоеро, ки бобоҷон гоҳ-гоҳ ба вай медод, ҷамъ намуда пинҳонӣ барои арусаш гӯшвора, бозубанд, ангуштарини арзонбаҳо харида, якҷоя бо шеърҳое, ки дар бораи ишқи худ ва фироқи Ширин навишта буд, дар рӯмолча баста нигоҳ медошт. Фирдавсӣ ва Абу Дулаф аз ин кори вай огоҳ буда, пеши худ механдиданду барои он ки ҷавонро шарм надоронанд, тағофул мекарданд.
Пазмонии хона ва аёлу фарзандон роҳи бозгашти ба ватанро, рӯзу шабҳои дар роҳ гузаронидаро ба Абу Дулаф ниҳоят дароз менамоёндаанд. Боришҳои тирамоҳӣ аз Ҳарирӯд гузар кардан ва дигар душвориҳои сафарро душвортар гардонида, мусофиронро ба ду рӯз-се рӯз истодан дар манзилҳо маҷбур менамуданд. Абу Дулаф дар Ҳирот корвонеро мунтазир нашуда, савора бо якчанд нафар майдасавдогарон, ки ҳамчунин аспсавору харсавор буданду азми Сарахс ва шаҳрҳои дигар доштанд, ба роҳ баромада буд. Ӯ ба Сарахс расида дар меҳмонсарой фуруд омад. Меҳмонсарои дуошёна дар берунтари шаҳристон буд, дар ҳар ду ошёна ҳуҷраҳои хурд-хурд ва барои маркабҳои мусофирон дар сарой тавилаҳо мавҷуд буданд. Абу Дулаф, ки аз кӯфти роҳи дароз хеле хаста шуда буд, қарор дод, ки ду рӯз дар меҳмонсаро истода дам гираду аспи мондашудаашро низ дам диҳад.
Бегоҳии рӯзи дуввум, ҳангоме, ки Абу Дулаф дар қабати якуми меҳмонсаро ба дами ҳуҷраи худаш истода буд, ду марди савор вориди сарой шуданд. Аз онҳо яке миёнсол, дигарӣ аз ӯ ҷавонтар буд, калонӣ ғӯл, сиёҳии риши анбуҳаш гӯё ки ба рӯяш қир молида бошанд, то зери чашмонаш хазида, дар пешониаш доғи дарози захм уреб афтода буд, хурдӣ рӯйпаҳни бинипачақ буда, риши хокиранг ва тунуки тор-тор, мисли ин ки ҳар торро алоҳида ба занахдонаш овехта бошад, дошт. Бар сари ҳар ду кулоҳи сиёҳи душоха, дар камарбанди фарохи симкӯбашон ханҷари каҷ ҳамоил. Айнан монанди навкарони дарбори султон Маҳмуд, ки Абу Дулаф онҳоро дар Ғазнӣ дида буд. Дили вай хавф бурд ‒ мабод ки таъқибкунандагони Фирдавсӣ бошанд. Навкарон пиёда шуда аспҳои гилолуда/235/шонро ба саиси меҳмонсаро, ки давон омада ба хизматашон ҳозир шуда буд, супурданд. Калонӣ омирона, бо такаббури сипоҳиёна ҳуҷра хост, саройбон лангон-лангон (ӯ ба як пой мелангид) ҳар дуро ба болохона бурда ба ҳуҷрае даровард. Дили Абу Дулаф дар такопӯ. Вай мунтазири саройбон шуд, саройбон аз ҳуҷраи навкарон баъди якчанд дақиқа фуруд омад. Абу Дулаф аз ӯ пурсид:
‒ Кӣ будаанд? Аз куҷо омадаанд?
Ба бахти бад, гумони ӯ рост баромад:
‒ Аз Тӯс омадаанд, ‒ гуфт саройбон, ‒ навкарони султон будаанд.
Абу Дулаф безобита шуд:
‒ Чикора буданашонро пурсидед? Чӣ мегӯянд?
‒ Барои чӣ бошад, ки аз Фирдавсии шоир пурсон шуданд: «Номи ӯро шунидаӣ?» Гуфтам, номи он азизро кӣ нашунидааст? Пурсиданд, ӯ ба ин ҷо омада буд ё на? Гуфтам, тобистон омада буданд, ин ҷо як шаб хоб карда рафтанд, азми Ғазнӣ доштанд. Боз пурсиданд, магар ӯ дар бозгашт ба сарои ту нафуромад? Гуфтам на, худашон ба Бухоро рафта мулозимашонро ба Тӯс равона кардаанд, вай ҳоло инҷост, мунтазири корвоне ё дигар ҳамсафаронест, мехоҳад ҳамроҳашон ба ватанаш баргардад. Пурсидам, шумо ба Фирдавсӣ коре доред, магар? Гуфтанд напурс, бирав мулозими ӯро пеши мо фирист.
Саройбон равон шуд. Абу Дулаф аз ӯ ба назди навкарони султон даъват шудани худашро шунида, як лаҳза ҳайрону ҳаросон истоду пас бо ҷадал аз қафои ӯ рафта боздошташ:
‒ Соҳиб, саисро фармоед, зуд аспи маро зин бизанад.
Саросемагии ӯ аён буд, саройбон ҳайрон шуд:
‒ Чӣ шуда? Меравед? Бо ин шитоб?
‒ Ман ба ҳеҷ ваҷҳ набояд бо ин навкарон рӯбарӯ шавам, инҳо Фирдавсиро, агар ёбанд, баста ба Ғазнӣ мебаранд. Султон ба Фирдавсӣ ғазаб карда, ҳол он ки устод ҳеҷ гуноҳ надоранд. Сухан дароз аст, соҳиб, алъон фурсати гуфтан нест. Ба эҳтимоли қавӣ инҳо ба ҷойи устод маро хоҳанд бурд, ман бояд фавран аз ин ҷо ғайб бизанам.
Саройбон бо хомӯшии хавотиркашона чанде ба чашми гӯянда нигоҳ карда истоду дигар суоле надод. Саисро садо карда оҳиста фармуд:
‒ Бидав, аспи ин касро зин бизан. Зуд!
Саиси ҷулҳундипӯши побараҳна ва ба як чашмаш гул афтода давон ба тавила рафт.
Абу Дулаф ба ҳуҷрааш даромада, саросема чизҳояшро, ки /236/ иборат аз як даст сарулибоси тоза ва ду-се ҷилд китоб буд, ба хӯрҷин андохт ва онро бардошта баромаданӣ шуда буд, ки дар паси дар ногаҳон ба навкари ғӯл бархӯрд.
‒ Ассалом алайкум, мулло. Хӯрҷин ба китф, куҷо меравед? ‒ бо лабханди хунуки тамасхурмонанде пурсид ғӯл.
‒ Ба Тӯс, ‒ ҷавоб дод Абу Дулаф.
‒ Номатон чист?
Абу Дулаф номашро гуфт.
‒ Ҳамроҳи Фирдавсӣ будед? Ӯро куҷо монда омадед?
‒ Ҳар ҷо ки монда омада бошам, ба шумо чӣ?
‒ Ман ҳар чӣ пурсам, беқилуқол ҷавоб диҳед, мулло, ‒ бо оҳанги амр гуфт гӯл, ‒ дар куҷо монда омадед ӯро?
‒ Он кас Бухоро рафтанд, ‒ ҷавоб дод Абу Дулаф, ‒ аз он ҷо ба Самарқанд, Чоч, Фарғона мераванд.
‒ Чаро танҳо рафт, шуморо ҳамроҳ набурд?
‒ Лозим медонистанд, ‒ ситезаомез ҷавоб дод Абу Дулаф, зеро дар бораи Фирдавсӣ беҳурматона «ӯ», «вай» гуфтани навкар қаҳри ӯро меовард.
‒ Ту ба вай кӣ мешавӣ? ‒ ба «ту» гуфтан гузашта боз суол дод ғӯл. ‒ Хеш? Мурид? Ё хизматгор?
‒ Шогирд, ‒ гуфт Абу Дулаф.
‒ Ҳа-а, шогирд… Ришат қариб сафед шудаасту ҳанӯз шогирд?
‒ Роҳ бидеҳ, гузарам, ман шитоб дорам, ‒ бо қаҳру нафрати ниҳонӣ гуфт Абу Дулаф.
‒ Ту ба ҳеҷ ҷо намеравӣ, ‒ бо лаҳни дурушт гуфт навкар. ‒ Хӯрҷинатро бигузор. Устоди туро султон талаб доранд, вай набошад, ба ҷояш ту меравӣ. Мо то фардо ин ҷо меистем, аспҳоямонро дам медиҳем, худамон ҳам дам мегирем. Ту мемонӣ, бе рухсати ман аз сарой берун намебароӣ.
Абу Дулаф оташин шуд, эътироз кард:
‒ Ман бандии ту нестам, озодам, ту чӣ ҳақ дорӣ ки маро боздорӣ? Ин худсарист, ман ба султон арз мекунам.
‒ Арзатро дар Ғазнӣ мекунӣ, мулло. Мо туро ба Ғазнӣ мебарем, он ҷо ту ба султон куҷо мондаву куҷо рафтани устодатро ҳам арз мекунӣ. Тамом, ман гуфтам, ту шунидӣ, ‒ навкар пас гашту аз зинапоя боло рафт.
Дар вақти гуфтугӯйи ӯ бо Абу Дулаф саройбон ва чанде дигар аз мусофирони дар меҳмонсаро манзилгирифта низ ҳозир буданд, онҳо медиданд, ки навкар ба каси бегуноҳ зӯроварӣ, бедодгарӣ мекунад, аммо ҳеҷ кадомашон ба муқобили бедодгарии навкари султон ҷуръати даҳон кушодан накард. /237/
Абу Дулаф озурдаву хашмгин ночор ба ҳуҷрааш баргашта хӯрҷинро аз китфаш афканд.
Шаб даромад. Дар ҳуҷраҳо мусофирон шамъ гиронда дар оташдонҳои кунҷакӣ алов карда хӯрок мепухтанд, дастархонҳояшонро бо неъмати алвон ороста, гирди он бо ҳамҳуҷраҳо ва ёру ҷӯраҳояшон давра гирифта нишаста бо хӯру нӯш ва чақ-чақи дилкушо аз давуғеҷи рӯзона истироҳат мекарданд. Фақат ҳуҷраи Абу Дулаф торик ва хомӯш буд. Вай ҳатто ба шамъ даргирондан ҳам ҳавсала накард, гурусна бошад ҳам, гуруснагиашро ҳис намекард, нон ва мавиз, ки дошт, аз гулӯяш намегузашт. Парешонҳолу дармонда, ғарқи ғаму андуҳ, бо ду даст сарашро гирифта дар ҳуҷраи торики худ менишаст. Фикр мекард ки магар хезаду оҳиста баромада гурезад, аммо баъд аз он ки навкар ӯро аз рафтан манъ кард, аспи зин кардааш аз зин бароварда шуда буд, онро аз нав зин задану савор шуда аз меҳмонсаро берун рафтан ғайримумкин буд, дарвозаи меҳмонсароро ҳам баъд аз хуфтан маҳкам карда буданд, вале агарчи маҳкам ҳам накарда буданд, ба аввалин садои суми асп навкарон берун омада ӯро бозмедоштанд. Ногаҳон фикри тозае ба сараш омад: агар ба навкарҳо ришва таклиф кунад чӣ шавад? Ӯ бо худ камобеш то панҷ ҳазор дирам пул дошт, ки як қисми онро Фирдавсӣ аз баҳои аспи ба фурӯш рафтааш ба вай дода буд. Шамъро гирифта баромада ба ҳуҷраи ҳамсоя даромаду онро аз шамъи фурӯзони он ҳуҷра даргиронда баргашт (зеро гӯгирд ё дигар воситаи оташафрӯзӣ мавҷуд набуд). Аз тайи хӯрҷин ҳазор дирам бароварда дар ҳамёнаш андохта баромаду ба ҳуҷраи навкарон равон шуд.
Навкарон ҷомаю мӯзаҳошонро кашида, сабук шуда, баҳузур нишаста буданду таом мехӯрданд.
‒ Биёед, мулло, биёед, марҳамат, биншинед, ‒ аз ғайри чашмдошти Абу Дулаф муроот кард навкари ғӯл.
Абу Дулаф нанишаст ва дам назада ба гӯянда ҳамёни пурро дароз кард.
‒ Ин чист? ‒ ҳайрон шуд навкар.
‒ Ҳазор дирам, ‒ ҷавоб дод Абу Дулаф.
‒ Ба мо овардӣ? ‒ боз ба «ту» гуфтан гузашт навкар. ‒ Барои чӣ?
‒ Барои он ки шумо маро раҳо кунед. Ман як нафар тӯсии бечораам, дар хона аёлу кӯдакон дорам, ки се моҳ инҷониб чашм ба роҳи мананд. Дар хизмати Фирдавсӣ будам, акнун рухсати бозгашт гирифта ба ватанам равонам.
‒ Бишин, ‒ амр кард ғӯл. /238/
Абу Дулаф хоҳам-нохоҳам нишаст.
Навкар бо лабханди истеҳзо пурсид:
‒ Мехоҳӣ ҷони худатро ба ҳазор дирам бихарӣ?
‒ Яъне чӣ? Ман чаро ҷонамро мехаридаам?
‒ Охир, агар мо туро ба Ғазнӣ барем, албатта, бо фармони султон ба ҷойи устодат кушта мешавӣ. Бо ғазаби султон ҳазл мекунӣ?
‒ «Маро метарсонад, ба гумон, ришваи зиёдтар мехоҳад», ба дилаш гузаронд Абу Дулаф. Гуфт:
‒ Пас ба гуфтаи шумо, агар ҷонамро харидан хоҳам, ба чанд харида метавонам?
‒ Ҷонат ширин бошад, ба хариданаш хасисӣ накун.
‒ Ман пули зиёд надорам.
‒ Ҷонат ширин бошад, меёбӣ.
‒ Чанд мехоҳед?
‒ Мо ду нафарем, ба ҳар яки мо ақаллан ҳазор дирамӣ ду ҳазор бидеҳ, ‒ талаб кард ғӯл.
Шарики вай бар рӯйи фарохаш табассуми хунуке давонда, чашмони кӯчакашро ба Абу Дулаф дӯхта, барои чӣ бошад, ки каф ба каф мемолид, гӯё ки ҳамин дам ба расидани ҳазор дирам нигарон буду шодӣ мекард.
‒ Агар боз ҳазор дирами дигар ёбаму биёрам, шумо маро ҳақиқатан раҳо мекунед? ‒ пурсид Абу Дулаф.
‒ Биёр, боз ҳазор дирам биёру ба куҷое ки хоҳӣ, рафтан гир, мо туро надидем, ту моро надидӣ.
Абу Дулаф бархоста рафтанӣ шуд.
‒ Ту ҳар чӣ қадар ҳам пул бидиҳӣ, ман туро раҳо намекардам, лекин ту, агар рост гуфта бошӣ, аёлу кӯдакони хурдсол доштаӣ, ки чашм ба роҳи ту будаанд, ба ту раҳм кардам, ‒ лозим дид бигӯяд ғӯл.
Абу Дулаф баромаданӣ шуда буд, ки навкар дар роҳи аз Кобул сӯйи Балх наёфтанашон «гурезаҳо»-ро ба хотир оварда пурсид:
‒ Сабр кун, устодат ва ту аз Кобул, ки баромадед, ба Ҳирот бо кадом роҳ омадед?
‒ Аввал ба роҳи Балх равон шудем, лекин дар манзили нахуст ба мо гуфтанд, ки он роҳ аз кӯҳсорон мегузарад ва душвор аст, бинобар ин ба рост тоб хӯрда ба роҳи Ҳирот баромадем, ‒ маслиҳати соҳиби корвонсарои Кобулро ба ёд оварда ҷавоб дод Абу Дулаф.
Навкарон вақте ки дар Кобул ба гуфтаи соҳиби корвонсаро бовар карда дар таъқиби Фирдавсӣ ба роҳи Балх афто/239/данд, чун шитоб мекарданд, дар манзили якум, ки деҳкадае дар қади роҳ буд, наистода пеш рафта буданд. Ҳоло навкари ғӯл пушаймон шуд, ки чаро дар он деҳкада напурсид, ки дирӯз ё парерӯз аз он ҷо мусофирон гузаштанд ё на.
Абу Дулаф баъд аз соате боз ҳазор дирам оварда ба навкарон дод.
Он шаб хоби ӯ ҳаром шуд. Ва ин нафақат аз аламу озурдагии ӯ буд. Дар саҳни сарой ташвишу тараддуд буд, ҳар замон ғалоғулае баланд мешуд: навкарон саройбонро садо карда аз вай шароб, созандаю сароянда, амрад талаб менамуданд. Саройбон саису фаррошро ба кадом ҷоҳое барои шаробу сароянда овардан медавонд. Ниҳоят дар ҳуҷраи навкарон базми пурғавғое сар шуд. Мусофирон ҳама аз хоб монданд. Сипас навкарони маст бо шӯру ғавғо ба ҳуҷраҳо зада даромада ба бошандагон дармеафтоданд, аз онҳо бо дӯғу пӯписа чизе рӯёнданӣ мешуданд. Саройбонро боз маҷбур мекарданд, ки аз мусофирон барои мо пул чида биёр, бигӯ, ки навкарони султон бе роҳхарҷӣ мондаанд. Саройбони бечора ҳуҷра ба ҳуҷра гашта пул мечид. Шаб ҳама шаб дар меҳмонсаро аҳвол ҳамин буд, то он ки бомдод дамиду Абу Дулаф савор шуда ба роҳ афтод.