Дар қабули шоҳ
Шомгоҳ дар меҳмонхонаи Моҳак Фирдавсӣ бо ӯ ва Абу Дулаф саргарми нардбозӣ буданд, баногоҳ мулозиме омада шоирро аз номи султон ба дарбор даъват кард. Даъват ва он ҳам дар ин бевақтӣ, албатта, ғайричашмдошт буд, Фирдавсӣ ва Моҳак бозиро гузошта хавотиркашона ба ҳамдигар нигоҳ карданд.
‒ Иншооллоҳ бахайр аст. Ман то қалъа ҳамроҳи шумо меравам, ‒ гуфта Моҳак аз ҷо бархост.
Шоир зуд саллаву ҷома кард, бо мулозим ҳар чаҳор баъди ягон ним соат ба қалъа расиданд. Шаб даромада буд, дар болои дарвозаи баланди оҳанкӯб ду фонуси калон аз ду бар майдончаи пеши дарвозаро равшан ва ду посбони кулоҳҳои душоха бар сар ва бо найзаву камону тиркашҳои пур аз тир мусаллаҳшударо намудор кард. Мулозим ба посбонҳо «фармони султон! Шоир Фирдавсӣ!» гӯён ҳамроҳашро «шиносонда» ӯро ба қалъа даровард. Моҳак ва Абу Дулаф дар сабаби даъвати ногаҳонӣ ба ҳар гуна хаёлҳо рафта ақиб гаштанд.
Дар боргоҳи доруссалтана ‒ хонаи калони дарозрӯяи гаҷкорӣ ва тиллокоришуда, ки онро қандили овезони пурнур равшан мекард, султон бо вазир Майвандӣ ва ду марди куҳансол суҳбат дошт. Фирдавсӣ султонро бори аввал медид. Вай марде синнаш ба назар дар ҳудуди чиҳил, қоқинаандом, чашмонаш кӯчаки кабудтоб, пешониаш як қадар барҷаста, риши гирдаи хурдтараке бар занахдонаш руста, чеҳрааш сабзина, дар танаш абои осмониранги зарбафт, дар сараш кулоҳи баланди мурассаъ ба лаълу гавҳару фирӯза ва дар пояш каф/186/ши зарандуди нӯгболо, дар пешгоҳ бар курсии зарнигор нишаста буд. Дар дасти росташ Майвандӣ ва дар чапаш пирамарди тануманди ришдарози парзадарӯй бар курсиҳои хурдтар ҷой гирифта буданд.
Дар ақибтари курсии шоҳ, аз дасти чап, як марди лоғарбадани гарданборики дарозрӯй ‒ қорӣ Абдулвоҳиди Ақилӣ нишаста китоби ғафсеро рӯйи зонуяш нигоҳ медошт, китоб «Шоҳнома» буд. Пирамарди парзадарӯйро Фирдавсӣ нашинохт, вале мӯйсафеди кӯтоҳриш, хушсимо ва нурониро, ки дар замин рӯйи қолини сурх нишаста буд, зуд шинохт ‒ вай Абумаҳомиди Ҷавҳарии Заргар буд. Шоири ҳиротӣ як қасидаи калони дар мадҳи султон гуфтаашро оварда, ба ӯ гузаронида ва акнун дар дарбор «шарафи қабул» ёфта буд. Фирдавсӣ даст ба пеш гирифта ба наздики султон рафт, таъзим баҷо овард.
‒ Тӯсӣ ҳастӣ? ‒ суоли нахустини вай аз шоир чунин буд.
Фирдавсӣ ба аломати тасдиқ боз нима таъзим кард.
«Медонад, ки тӯсиам, чаро мепурсад?» ‒ тааҷҷуб кард Фирдавсӣ. Ӯ чун шунида буд, ки султон мардуми Тӯсро шиаҳои ботиниву қарматӣ меномад ва бад мебинад, аз суоли ӯ фоли бад гирифт:
«Аҷаб нест бо ман дуруштӣ кунад».
‒ Таърихи мулукро сию панҷ сол назм кардаӣ? ‒ боз пурсид султон. ‒ Хеле боҳавсала будаӣ… Чанд байт?
‒ Шаст ҳазор.
«Шаст ҳазор» ‒ зери лаб такрор кард султон ва боз пурсид: ‒ Китобе бо ин миқдор байт дар Аҷам боз ҳаст?
‒ То кунун ба назари банда нарасидааст, ‒ ҷавоб дод Фирдавсӣ.
‒ Дар Араб?
‒ Девонҳои шуарои араб ҳастанд, вале банда аз эшон девоне беш аз сӣ ҳазор байт надидаам.
‒ Аз назм кардани «Шоҳнома» мақсудат чӣ будааст? Аз шоҳон силаи фаровон гирифтан ва тавонгар шудан?
‒ На, аълоҳазрат, мақсудам танҳо ин набуд. Албатта, чунин умедам низ буд ки зоро дар пири бениёзӣ биёбам, аммо мақсади умда ‒ ба лутфу инояти худованди таърихи мулук, ва осор ва ҳикмати Аҷамро зинда гардонидан буд бо гуфтори сара ва дилпазир агар тавонам, то дар ҷаҳон аз худ ёдгоре боқӣ гузошта бошам.
Султон аз шоир чашм канда як дам хомӯш монд, мижгон ба ҳам мезад, гӯё фикр мекард, ки боз чӣ суоле диҳад. Ниҳоят аз мушоара ёдовар шуд: /187/
‒ Бо шуаро мушоара кардӣ, як номро аз таърихи мулук қофия сохтиву ғолиб шудӣ?.. Байт чӣ буд? ‒ гӯянда ба Ақилӣ нигарист.
Қорӣ дарҳол ҷавоб дод:
‒ «Мижгонт ҳаме гузар кунад аз ҷавшан» аз Асҷадӣ; ҷавоби Фирдавсӣ: «Монанди синони Гев дар ҷанги Пашан».
‒ Хуб гуфта? ‒ ба Ҷавҳарии Заргар назар афканд султон.
‒ Бисёр олӣ, шоҳам, ‒ таъзим кард Ҷавҳарӣ.
‒ Қареҳаи ин меҳмони тӯсии мо дар бадеҳа гуфтан ҳам баланд будааст, ‒ гуфт Майвандӣ ва афзуд: ‒ Аслан ин аҷобате надорад, охир вай дар «Шоҳнома» шаст ҳазор байт гуфтааст, ки ба қавли Асҷадӣ ҳама сара, бетакрор ва аксаран саҳли мумтанеъ будааст.
‒ Ба қавли Асҷадӣ? Магар худат нахондаӣ? ‒ пурсид султон аз вазир.
‒ Фурсат наёфтам, ки ҳамаро бихонам, фақат ду-се сафҳа аз ҳар ҷо ба интихоб мутолаа кардам, ‒ гуфт Майвандӣ.
‒ Абёти хондаатро чӣ гуна ёфтӣ? Писандидӣ?
‒ Шеър буд, мавзун буд, равон буд, дигар чӣ қазоват кунам.
Султон Фирдавсиро нишон дода аз Ҷавҳарии Заргар пурсид:
‒ Ту ашъори ӯро хондаӣ ё на?
‒ Ҳазрати Фирдавсӣ дар Ҳирот «Шоҳнома»-ро чанд гоҳе лутфан ба фақир дода буданд, хондам, бисёр ҳаз* бурдам, ‒ бо таъзим ҷавоб дод мӯйсафед.
‒ Таърихи мулукро хуб назм кардааст? ‒ боз суол дод султон.
‒ Беназир, бағоят устодона, шоҳам, ‒ гуфт Ҷавҳарӣ ва сипас чунин суханони тумтароқона, ки дар он замон расм буд, бар забон ронд: ‒ Ба ақидаи ин фақир, аз бозе ки каломи мавзуни форсӣ зуҳур кардааст, шоире ба дунё наёмадааст, ки на чунин достонҳои оламошӯб нигошта лаолии шоҳвори маониро ба силки назм кашида ва на гоҳе чунин дурри обдори сухан ба гӯши мустамеон расонида бошад. Мақоми «Шоҳнома» дар баландтарин дараҷоти суханварӣ ва рафеътарин пояи арҷмандист, султонам. Ҳама ҳунар, ҳама ҳусн, ҳама завқ, ҳама ҳикмат. Сухани устоди бузург муфохарат** ва мурувват ва далерӣ ва таҳаввур*** ва айшу тараб меангезад ва қорӣ ва /188/ сомеъро шарофат ва наҷобат меомӯзад ва дар ҳама ҳол табъи маҳзунро таскин ва хотири маҳмумро**** тасаллӣ мебахшад.
Султон сухани гӯяндаро зоҳиран бемайл гӯш кард, мисли он буд, ки гуфтори ӯро намеписандад ё аз шунидани чунин тумтароқро дилгир шудааст. Як лаҳза сукут карду Ҷавҳариро рухсати рафтан дод:
‒ Ту мураххасӣ*****.
Ҷавҳарӣ бархоста дуқат шуда пуштнокӣ сӯйи дар рафту аз боргоҳ берун шуд.
___________________
* Ҳаз ‒ лаззат.
** Муфохарат ‒ ифтихормандӣ.
*** Таҳаввур ‒ камоли шуҷоат.
**** Маҳмум ‒ андуҳгин.
***** Мураххас ‒ рухсат додашуда.
Зоҳиран, мушоара ва бадеҳагӯйии шоирон ҳанӯз аз хаёли султон нарафта будааст, ки вай аз Фирдавсӣ боз суол кард:
‒ Дар мушоара ҷанги Пашан гуфтаӣ, Пашан кӣ будааст?
‒ Аз ҷангҳои Эрону Тӯрон яке бо номи Ҷанги Пашан машҳур аст, ‒ ҷавоб дод шоир.
‒ Пурсидам аз ту, Пашан кӣ будааст?
Султон ҷавоби Фирдавсиро нафаҳмида ҳамоно гумон мекард, ки Пашан исми шахс аст.
‒ Он ҷанг ба ҳамин исм мавсум шудааст, ‒ гуфт шоир.
‒ Ӯ паҳлавони тӯронӣ буд? ‒ боз ҳам нафаҳмид Маҳмуд.
Фирдавсӣ тааммул кард, намедонист чӣ гӯяд. Агар гӯяд ки Пашан исми ҷанг аст, на исми шахс, зимнан чунин маънӣ мебаромад, ки султон кундфаҳм аст. Ба шоҳ чи тавр чунин сухане гӯяд? Ба Ақилӣ нигарист, қорӣ номаълумак ангушт ба лаб ниҳод, Фирдавсӣ ин ишораро фаҳмид ‒ яъне «Нагӯй, чизи дигаре гӯй!»
‒ Оре, аълоҳазрат, Пашан яке аз паҳлавонони тӯронӣ будааст, ‒ дар ин маврид дурӯғ гуфтанро раво дид Фирдавсӣ.
‒ Гев ӯро кушт? ‒ боз суол дод шоҳ.
Шоир ба ҳолати ногувор афтод. Чора нест, дурӯғро бояд давом дод.
‒ Оре, шоҳам, кушт, ‒ ба замин нигариста гуфт ӯ.
‒ Чӣ гуна кушт? Набардашон чӣ гуна будааст? ‒ аз пурсидан бознаистод султон.
Фирдавсӣ ба танг омад, аз рости суханро нагуфтанаш пушаймон шуд. Акнун агар шоҳ боре аз «Шоҳнома» боби ҷанги Пашанро хонад ё барояш хонанд, дурӯғи шоир ошкор хоҳад шуд, он гоҳ вой ба ҳоли дурӯғгӯй. Аммо илоҷ нест, бояд чигунагии он ҷанг ва чӣ гуна ба дасти Гев кушта шудани «Пашан»-ро нақл кард.
‒ Банда ин қиссаро дар «Шоҳнома» навиштаам, ‒ бо душ/189/ворӣ нақли худро шуруъ кард Фирдавсӣ. ‒ Зимистон буд, сипоҳи Эрон пас аз тайи роҳи дарозу душвор истироҳат мекард ҳама ба хоби сахт рафта буданд, дидбонони хастаҳолро ҳам хоб бурда буд, ҷосусон ба сипоҳдори тӯрониён Пирон хабар доданд, ки сипоҳи Эрон дар хоби ғафлат аст. Пирон шабохун кард, ду баҳра аз сипоҳи Эронро кушт. Аз қазо фақат Гударз ва Гев бедор буданд, ҳар ду хешро бар душман афканданд. Гев бо шамшеру синону гурзи набард мекард… — дар ин ҷо гӯянда хомӯш шуд.
‒ Ба Пашан бархӯрд? ‒ пурсид шоҳ.
‒ Оре, ‒ чашм ба замин фурӯ афканда гуфт Фирдавсӣ.
‒ Кушт?
‒ Оре.
‒ Бо синон?
‒ Оре.
‒ Пашан ҷавшан дошт, синони Гев аз ҷавшани ӯ гузар кард?
‒ Оре.
Ҳар як «оре» гӯё анбуре буд, ки як дандони шоирро меканд. Э кош султон дигар суол намедод.
‒ Мебинам, ки таърихи мулукро батафсил аз бар кардаӣ, ‒ ба лабони султон саҳл табассум дамид.
‒ Бисёр ахбор хондам… ба паҳлавӣ, арабӣ ва форсӣ… ‒ гуфт Фирдавсӣ.
‒ Паҳлавӣ ҳам медонӣ?
‒ Дар Эрон ва Хуросон паҳлавидонҳо ҳастанд, ҳатто дар баъзе рустоҳои дурдаст ҳанӯз ба паҳлавӣ ҳарф мезананд.
‒ Эшон мусалмонанд? Ё маҷус?
‒ Зардуштианд, ‒ аз гуфтани «маҷус»-и таҳқиромез дар ҳаққи ҳамватанони зардуштимазҳабаш худдорӣ кард шоир.
‒ Яъне маҷус? ‒ суолашро такрор кард султон.
Фирдавсӣ сар фуруд оварда сукут кард.
‒ Балки худат, агар зардуштӣ ҳам набошӣ, мазҳаби эшонро меписандӣ?
«Аз ин пурсиш мақсадаш чист? ‒ ба дилаш тааҷҷуб кард Фирдавсӣ. ‒ Ба ман айби бадмазҳабӣ ниҳодан мехоҳад магар?» Як қадар дурушту бурро гуфт:
‒ Ман мусалмони покдинам.
‒ Шиӣ?
‒ Шиии муътақидам.
‒ Қарматиён ва исмоилиён аз шиа сар баровардаанд» як тоифаи ваянд, ҳамин тавр? /190/
‒ «О-ҳо, суханро ба куҷо мекашад! Маро тарсонданист магар!» ‒ ба дилаш гуфт Фирдавсӣ.
‒ Ман эшонро намешиносам ва ба мазҳабашон ҳам баррасӣ накардаам.
Султон як дам ба фикре рафту гуфт:
‒ Маҷусон ҳанӯз ҳастанд. Ман ҳанӯз ба эшон даст наёзидаам, агарчи бо зӯри шамшер Хуросон ва Зобулистонро аз вуҷуди қарматиён ва исмоилиён пок кардаам…
‒ Боз иддае боқӣ мондаанд, вале махфӣ, ‒ баёни ақида кард пирамарди парзадарӯй ‒ Дар хуфя анҷуманҳо месохтаанд. Онҳоро ҳам бояд пайдо кард ва кушт.
«Ин пирсаги ташнаи хун кӣ бошад? ‒ ҳайрон монда ба дилаш гуфт Фирдавсӣ.
‒ Аз чӣ рӯ бошад ки, ‒ гуфтори буридашудаашро давом дод султон, ‒ зардуштияро халифа дар ҳимояти худ медорад ва ҳол он ки он малъунон ҳам кофиронанд.
‒ Кофирони маҳз! ‒ сухани шоҳро қувват дод парзадарӯ, ‒ иншооллоҳ эшон ҳам анқариб аз дами шамшери султони динпаноҳ оби фано хоҳанд ошомид. Ҳам дар Хуросон, ҳам дар Эрон, дар ҳама ҷо.
‒ Насабат чист? ‒ боз инро ҳам аз Фирдавсӣ донистанӣ шуд султон.
‒ Деҳқонзодаам, ‒ ҷавоб дод шоир.
‒ Падарат кӣ буд?
‒ Деҳқон ва аз уммоли* Сомониён будааст дар девони Хуросон.
___________________
* Уммол ‒ ҷамъи омил, ҷамъоварандаи хироҷи давлатӣ.
‒ Амлок дорӣ?
‒ Амлокам буд. Аз даромади он осуда мезистам, бениёз будам, вале чун ба назми «Шоҳнома» пардохтам, ба кори замину об, киштукор расидагӣ кардан натавонистам, заминҳо кам-кам аз кишт монданд; хироҷ ҳам сол ба сол гаронтар ва пардохти он душвортар мегардид. Дар пиронсолӣ бечора шудам.
‒ Чаро ба хизмати мо наёмадӣ? Агар меомадӣ ва аз шуарои дарбори мо мешудӣ, имрӯз бо чунин қареҳаи суханварӣ ки турост, аз атоҳои мо ҳамчун маликушшуаро ё амир Фаррухӣ соҳиби сарвату миннат мебудӣ.
‒ Ман ба хизмати шоҳам имрӯз бо «Шоҳнома» омадам, магар ин беҳтар аз он нест, ки дар он ҳангом бо дасти холӣ биёям?
‒ Он замон бо дасти холӣ наёмадӣ, ин замон бо кисаи /191/ холӣ омадӣ, ‒ бо лабханди истеҳзо гӯё ки зарофат кард султон.
‒ Он гоҳ ки ман ба назми «Шоҳнома» оғоз кардам, шумо ҳанӯз ба салтанат нарасида будед, аммо вақте ки расидед «Шоҳнома»-и ман тамом шуда буд.
‒ Пас чаро ба Бухоро, ба хизмати Сомониён нарафтӣ?
‒ Маро талабида буданд, қабул накардам.
‒ Қабул накардӣ? ‒ тааҷҷуб кард шоҳ. ‒ Чаро?
‒ Агар қабул мекардам, ба эҳтимоли қавӣ имрӯз «Шоҳнома» дар вуҷуд намебуд: охир, дар дарбор қасидагӯй ва маддоҳ мебояд буд, аммо бо ин шуғл шоир кай фурсат ва ҳавсалаи шоҳноманависӣ меёбад?
‒ Хуб, ҳарчанд ки ту «Шоҳнома»-ро устодона нигоштаӣ ва суханат олист, вале ҳар чӣ ангоштаӣ, фасона аст, ҳадиси куҳан аст. Рустамҳо, Геву Тӯсҳоро ту имрӯз дар сипоҳи ман бубин! Ё магар ман худ аз Ҷамшеду Кисро, аз Фаридуну Ковуси Кай камтарам? Ман дар даҳ ҷиҳод пирӯз шудам, боре ҳам мағлуб нашудам; дар наздикии ватани ту бар солорони номдори замон Симҷӯрӣ ва Фоиқ зафар ёфтам, сипоҳи Насри қарохониро дарҳам шикастам ва аз Хуросон берун кардам? Ғарҷистон ва Систон ва Ғӯрро тасхир кардам, чаҳор бор ба Ҳиндустон лашкар бурда, роҷаҳои қавишавкат ва дорои садҳазорон сипоҳу филони ҷангиро ба итоат овардам ва боз бад-он сӯ лашкар хоҳам кашид, то вақте ки тамоми Ҳиндустон мусаххари ман шавад. Дар бораи ин ҳама ҷиҳоду зафарҳои ман даҳ «Шоҳнома» метавон навишт.
‒ Шоҳам, агар гуфтори банда беҷост, аз карами ҳумоюнӣ бахшоиш мехоҳам. Дар «Шоҳнома» агарчи сухан аз бостонзамон меравад, онро ҳадиси куҳан ё фасонаи куҳан наметавон гуфт. Дар ҷаҳон чизҳое ҳастанд, ки куҳна шудан надоранд; панду ҳикмат, андарз ва ибрате, ки аз пешиниён ба пасояндагон мерасанд, ҳамеша наванд. Ҳар чӣ дар он рӯзгорон аз ниёгони мо ба зуҳур омадааст, хоҳ нек ва хоҳ бад, хоҳ савоб ва хоҳ хато, ҳама пандомӯз аст. Бузургон гуфтаанд, ки таърих дониш мефизояд ва панду ибрат парварандаи хирад аст. Банда бо ҳамин эътиқод ранҷи сиюпанҷсоларо таҳаммул карда «Шоҳнома» нигоштам.
Ҳам шоҳ, ҳам вазир ва ҳам шайх бо қиёфаҳои тааҷҷубомез ба сукут рафтанд. Бовар доштанд, ки шоир мустаҳиқи ғазаби шоҳ шуд. Охир, эшон ҳеҷ ба ёд надоштанд, ки замоне фарде ҷуръат карда ба сухани шоҳ эрод расонда ё ба вай сухане гардонда бошад. Вале ба ҳайрати эшон дар қиёфаи шоҳ /192/ нишони нохушнудӣ ё ки ғазаб пайдо набуд. Вай баъди андак хомӯшӣ бо овози паст чунин гуфт:
‒ Мо воқеаҳои «Шоҳнома»-атро фақат бад-он маънӣ куҳан гуфтем, ки онҳо садҳо ва балки ҳазорон сол пеш рӯй додаанд. ‒ Хуб, бо ин ҳама, ман китоби туро писандидам. Бисёр ранҷ бурдаӣ, аз мо подош хоҳӣ гирифт. Вазир! ‒ ба Маймандӣ муроҷиат кард шоҳ, ‒ шумо бо маликушшуаро бубинед «Шоҳнома» ба чӣ миқдор атои мо шоиста аст. ‒ Баъд султон ба шоир рухсати рафтан дод: ‒ Ту мураххасӣ, Фирдавсӣ.
Шайх Маҳамшод ҳам баромад, Майвандӣ бо шоҳ монд. Вазир аз ҷавоби султон ба суханони Фирдавсӣ дар бораи куҳна нашудани ҳикмати «Шоҳнома» норозӣ буд: чаро шоҳ ҷасорати шоирро таҳаммул кард, қаҳр накард, ба вай итоб нанамуд?
Хоҷаи бузург, ки рафиқи бачагӣ ва ҷавонии Маҳмуд буда, бо вай дар як мактаб таълим гирифта ва ба илова бародари ҳамшираш ҳам буд, бо ӯ якка ба якка таври дигар гап мезад. Ҳар чиро, ки дар гуфтору кирдори шоҳ хато мешумурд, ба рӯяш мегуфт. Инак акнун низ ҳамчунин кард:
‒ Шаҳриёро, ба сухани шумо эрод расонидани Фирдавсӣ ғояти беадабӣ буд, густохӣ буд. Чаро шумо чунин густохии ӯро таҳаммул кардед? Ба ростӣ, ки ба гуфтори ӯ ҷавоби шумо узр оварданро мемонд. Хусравон ба ҳеҷ кас узр намеоваранд. Ин шоираки рустоӣ чӣ ҳад дошт, ки ба подшоҳи аъзам гап гардонад? Охир, вай ба масобаи як нафар бандаи шумост, бояд ба ҳар як сухани подшоҳ сад бор дар пеши пойи ӯ замин бибӯсад ва он суханро ҳалқаи гӯши ҳуш созад. Сазои ҷасорати ӯро додан лозим буд, то ки ҷойи худ бишносад. Вагарна чӣ аҷаб агар ғуломони дигар аз вай ибрат бигиранду ҳамчунин густох шаванд.
Султон як оҳи ношунаво кашиду дастҳо ба рӯйи шикам гирифта панҷаҳояшро занҷир кард.
‒ Сазои густохӣ? Ба фикри ту, чӣ гуна сазо? ‒ суол дод ба вазир.
‒ Итоб, шоҳам, ё лоақал таҳдиди ҷазо, ‒ гуфт Майвандӣ.
‒ То ки фардо мардумон маро нафрин кунанд, ки барои як даҳон сухани шоири мусофир ба вай итобу сиёсат кард?
‒ Баръакс, султонам, хоҳанд гуфт, ки Фирдавсӣ дар пешгоҳи султони муаззам беадабӣ карда, ба вай суханони дурушт гуфта, мустаҳиқи итоб шудааст.
‒ Бас аст, Ҳасан, ман дигар сухан шунидан намехоҳам, /193/ чунон ки намехоҳам мардумон гӯянд, ки Фирдавсӣ ба султон «Шоҳнома» оварда ба подошаш ҷазо гирифт. Бирав паси кори худ, Ҳасан.
Фирдавсӣ аз боргоҳи султон ҳам ризоманд ва ҳам бо кудурати хотир берун рафт. Ҳамчунин як кунҷи дилаш ғаш буд. Ризомандиаш аз ваъдаи шоҳ ба додани подоши «Шоҳнома» аммо кудурати хотираш аз тарзи муомилаи ӯ бо шоир буд! Султон вайро ва Ҷавҳарии Заргари ҳамчунин куҳансолро «ту» хитоб мекард. На мақоми шоириашонро ҳурмат кард ва на риши сафедашонро. Наход намедонад ки аз подшоҳ чунин беҳурматӣ нисбат ба пироне, ки назди вай гунаҳгор нестанду ба даргоҳаш барои арзи ниёз омадаанд, ҳаргиз шоиста нест? Бузургиву шавкати подшоҳи Сомонӣ Нуҳ аз ин султон камтар набуд, вале он гоҳ ки ман Бухоро рафта ба қабули Нуҳ мушарраф шудам, ӯ маро «шумо» гуфт, ҳурмат кард, дар паҳлуяш нишонд ва ҳол он ки ман дар он вақт ҷавон будам… Аз ин гузашта, пеши як нафар аҳли ҳоҷат ва мусофир, ки манам, он гуна худситоиҳо чӣ лозим буд? Ҷаҳонпаҳлавони маҳбуби таърих ва халқ ‒ Рустами Достонро паст мезанад, худро аз ҳамаи шоҳони пешин боло медонад. Аҷаб!… Боз он пиракии саллакалони парзадарӯ! Ба қиёфа зоҳиду обид менамояд, лекин аз ҳар калимааш бӯйи хун меояд. Ташнаи хуни зардуштиён, қарматиёну исмоилиён. Тавба! Ғаши ниҳонии дилаш аз дурӯғи роҷеъ ба «Ҷанги Пашан» буд: сухан нафаҳмидани султон ва ишораи қории ӯ шоирро маҷбур кард, ки бар хилофи он чӣ худаш дар «Шоҳнома» навишта буд, Пашанро «паҳлавони тӯронӣ» номад. Дурӯғи ҷузъӣ ҳам дурӯғ аст, ба тинати поки пиршоири порсо доғи риё ниҳоданд, ягон рӯз ин риёи ӯ назди шоҳ ошкор хоҳад шуд…
Шоир дар меҳмонхонаи Моҳак аз ӯ кӣ будани он пиракиро пурсид, маълум шуд, ки имоми даргоҳи шоҳ, пири ӯ ва номаш Шайх Маҳамшод будааст. Дар қапидану куштани қарматиён, исмоилиён, фалсафиён нахустин ёрирасони шоҳ буда ва дар ин кор аз ғайрату кӯшиш ҳеҷ кӯтоҳӣ намекардааст. Баҳори гузашта яке аз мансабдоронро, ки ба тавофи Каъба рафта, ба Миср ҳам гузашта, бо халифаи фотимӣ вохӯрда, аз ӯ ҳадяе гирифта будааст, ба ҷосусии фотимиён гунаҳгор карда ба қатлаш фатво дода сангсор кунонда, аввал косаи сараш ва устухонҳояшро шиканонда, сониян ба дор нишондааст… /194/
Ҳасад
Шуҳрати «Шоҳнома» торафт меафзуд. Дӯстдорони каломи нафис, ҳавасмандони достонҳо аз шоир, агарчи барои як шаб бошад ҳам, ягон ҷилди достонҳои ӯро ба орият гирифта дар давраҳояшон хононда мешуниданд. Рӯбардор карда бурдани баъзе қиссаҳо низ кам воқеъ намешуд. Агар дар ҷое мардумон ҳалқа гирифта ва овози қиссахоне баланд бошад, ё агар чароғи меҳмонхонае шаб то бонги хурӯсон хомӯш нашавад, мегуфтанд, ки он ҷо шоҳномахонист, ва гӯянда аксар вақт хато намекард. Абу Дулафро мардум талош мекарданд: рӯзе ва шабе набуд, ки ӯро ба ду-се ҷой барои шоҳномахонӣ даъват накунанд. Дар як муддати кӯтоҳ дар бораи Фирдавсӣ ва асари ӯ байтҳои ситоишӣ ҳам пайдо шуданд, аз ин қабил:
Равон бар забон ҳамчу ҷон дар бадан,
Кӣ гӯяд дар ин аср чун ӯ сухан?
Ё ки:
Ту шоҳаншаҳи мулки назми дарӣ,
Бубандадт ба пешат камар Унсурӣ.
Маликушшуаро дар маҷлиси мушоара ба маҳорати бадеҳагӯйии Фирдавсӣ тан дода дасти ӯро бӯсида бошад ҳам, аслан натиҷаи мушоара димоғи ӯро сӯзонда буд. Ӯ медонист, ки воқеа ба зудӣ гӯшраси мардумон ва дубайтии дар мушоара гуфташуда вирди забони эшон хоҳад шуд. Дар шаҳр беш аз чаҳорсад шоир ва ҳазорон мардуми шеърдӯст мезистанд, хабари ҳар мушоара ва байтҳои дар он эҷодшуда зуд паҳн мегардиданд. Бадеҳаи се шоири дарбор бо шоири достонсаро ҳам овоза шуд. Бадеҳаро дар маҳфилҳо батакрор мехонданду ба Фирдавсӣ офарин мегуфтанд.
Унсурӣ аз шуҳрати Фирдавсӣ асло шод набуд. Ҳасад дили дигар шоирони дарборро ҳам мехарошид. Акнун Фирдавсиро қабул ва ба «Шоҳнома»-» ӯ таваҷҷуҳ кардани султон ҳам ба гӯши онҳо расид. Эшон чунин муваффақияти шоири тӯсиро оғози таназзули мақому мартабаи худ донистанд. Унсурии устоди сухан сарояндаи достонҳои ҳайратангезро ҳурмат ва бузургии ӯро эътироф накарда наметавонист, вале акнун дар вай рақиби худро медид. Зотан маликушшуарои нармдил, хушфеълу хуштаоруф ва ширинбаён аз шарофату мурувват бегона набуд; агар вайро ҳасуд ё бахил мегуфтанд, вай инро ба шаъни худ ҳақорат медонист, вале дар ботини вай Унсурии дуввуме пин/195/ҳон буд, ки ба Унсурии якум суханони дигареро гӯшакӣ мекард. Чунончи мегуфт: оё дар «Шоҳнома» чизҳое пайдо намешуда бошанд, ки ба султон хуш наоянд ё ҳатто ба нафси ӯ бирасанд… «Китобро барои мутолаа ва муояна ба шайх Маҳамшод диҳам чӣ шавад? ‒ фикр мекард маликушшуаро. Шайх дар масоили мазҳабӣ чашми борикбин дорад»…
Унсурӣ дар ин бора хаёл карда, як-ду рӯз ба қароре омада натавонист, мутараддид буд, аммо дар охир бо талқини «Унсурии дуввум» китобро ба Маҳамшод бурд. Барои таскини виҷдонаш ба худ мегуфт, ки китобро як бор аз назари шайхи бузург ва сарвари дин гузаронида, ҳеҷ як ҷойи хилофи дин надоштани онро муқаррар кардан савоб нест магар?
Як пагоҳ вай «Шоҳнома»-ро ба рӯмоли шоҳӣ печонда дар бағал гирифта ба манзили Маҳамшод равон шуд. Шайх дар ҳуҷрааш нишаста буду китоби ғафсеро дар китобмонаки сепоя кушод гузошта мутолаа мекард, китоб «Тафсир» буд.
‒ Ассалом алайкум, ‒ Унсурӣ бо ҷадал поҳояшро аз кафш бароварда таъзимкунон пеш омаду дасти шайхро гирифта бӯсид. Нишаст; омин гуфта даст ба рӯй кашиданд, аҳволпурсӣ карданд.
‒ Ҳазратамро нобаҳангом ташвиш доданам аз ваҷҳи китоби Фирдавсист, ‒ гӯянда рӯмолро кушода китобро бароварда ба назди шайх гузошт.
‒ «Шоҳнома»?
‒ Оре, ҳазрат. Мултамаси оҷизона ин ки инро лутфан як аз назари муборак гузаронанд. Чаро? Чунки ин, ба ҳар ҳол, таълифи як нафар шоири шиамазҳаб аст, мабод ки нуктаҳое хилофи суннат дошта бошад. Ҳол ки шоир дар ин ҷост, бигӯемаш он нуктаҳоро аз китобаш ҳак* кунад ё тасҳеҳ. Ҳазратам худ фармуда буданд, ‒ дар китобхонаи султони динпаноҳ ҳеҷ китоберо, ки дар зимнаш бидъате мундариҷ бошад, набояд нигоҳ дошт. Баъдан агар мабодо чунин чизе дар «Шоҳнома» пайдо шавад, аввалан бандаро маломат хоҳанд кард, ки маликушшуаро хонда буд ва надид. Ҳазратам дар масоили диния беш аз ҳар зоти дигар дақиқназаранд.
___________________
* Ҳак кардан ‒ тарошидан.
‒ Магар дар китоб чизҳое ба назаратон расид ки муҷиби шубҳа аст? ‒ пурсид шайх.
‒ Банда вақте ки достонҳоро мутолаа мекардам, таваҷҷуҳам бештар ба нафосату салосати сухани Фирдавсӣ буд, ба муҳассаноти шеърӣ буд, бинобар ин агар чизе аз назари дин /196/ номақбул дар онҳо бошаду надида бошам, гуноҳи ман аст. Маҳамшод андешаманд як дам тасбеҳ гардонду гуфт:
‒ Хуб, ман мутолаа мекунам.
Шайх нахустин бор, ки ба мутолааи «Шоҳнома» нишаст, чашмаш ба ин байт ғалтид:
Ба бинандагон офаринандаро,
Набинӣ, маранҷон ду бинандаро.
(Бо чашмонат худоро дида наметавонӣ, чашмонатро озор мадеҳ).
Хонду хитоб кард «Инкори руъят»* ва байтро ба варақи холии яке аз китобҳояш навишта монд. Якчанд рӯзу шабро сарфи хондани «Шоҳнома» карда боз якчанд фиқраро ба ҳамон варақи китоб кӯчонд.
Сарзамине ки дар вай рӯди Ҳирманд ҷорист, дар қадим Зобулистон номида мешуд. Зобулистон ва ҳамсояи ғарбии он Систон (номи дигараш Нимрӯз) зодгоҳи як силсила афсонаҳо, қиссаҳои романтикӣ, ривоятҳои таърихӣ, асотирӣ, ва нимасотирӣ мебошанд. Ровиҳо, қиссагӯйҳо аз қадимулайём достони Рустами систониро бо вариантҳои гуногун ҳикоя мекарданд. Шоҳ Маҳмуд модараш систонӣ буд, дар бачагӣ аз бобои модариаш қиссаҳо мешунид. Дар он қиссаҳо шавқу ҳаваси вай аз ҳама зиёдтар ба ҷанги тан ба тани паҳлавонон буд. Ин ҳаваси Маҳмуд дар калонсолиаш кам нашуда буд. Шояд аз ҳамин сабаб буд, ки вай аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нахуст ба хондани қиссаи ҷанги Рустам бо Ашкабус майл кард. Бо амри шоҳ қиссахони ӯ Абдулвоҳиди Ақилӣ барояш номгӯйи достонҳои размиву паҳлавонии «Шоҳнома»-ро алоҳида рӯйхат карда овард. Дар рӯйхат таваҷҷуҳи шоҳро бештар достони разми Исфандиёри Рӯйинтан бо Рустами Таҳамтан ба худ ҷалб кард. Таваҷҷуҳи хоси ӯ ба ин достон боз аз он ҷиҳат буд, ки воқеаҳои он дар мамлакати султон гузашта ва разми Рӯйинтан бо Таҳамтан дар ватани ӯ ‒ дар Зобулистон рӯй додааст.
___________________
* Руъят ‒ биниш, назора, дидан. Ба гумон, худоро дидани пайғамбар ё дар қиёмат ба бандагон худро нишон додани худо (аз рӯйи ақоиди исломӣ) дар назар дошта мешавад.
Султон баъд аз намози хуфтан дар қаср дар ҳуҷраи хосса ‒ истироҳатгоҳ ва хобгоҳи худ орамида, ба Ақилӣ хондани достони номбурдаро фармуд. Қиссахон дар рӯшноии шамъҳо /197/ мехонду сомеъ рӯйи якчанд қабат якандозҳои атласу шоҳӣ ба лӯлаболиштҳои бахмал такя карда нишаста гӯш мекард.
Бобҳои нахустини достон ‒ зуҳури пайғамбар Зардушт, ҳуҷуми хоқони Чину Тӯрон Арҷосп ба пойтахти шоҳ Балх ва ғайра ба султон дарози дилгиркунанда намуданд.
‒ Бас аст, варақ бигардон, разми Рустам бо Исфандиёрро бихон, ‒ фармуд вай ба Ақилӣ.
Хонанда варақҳоро зуд-зуд гардонда ба қиссаи матлуб расид. Дар оғози набард ҳар ду паҳлавон аввал ҷанги забонӣ мекунанд. Исфандиёр зоту насаби Рустамро паст мезанад ва ба нажоди шоҳонаи худ фахр мекунад. Ҳарифро масхара карда таъна мезанад, ки: аз мубадон шунидам, падарат Зол аз дев зоида шудааст, вақти зоданаш сиёҳбадан ва сапедмӯй будааст, ӯро ба кӯҳ бурда партофтаанд, дар кӯҳ симурғ ӯро бо бачаҳояш лошаю мурдор хӯронда парваридааст, баъд аз он девбача ба Систон ғалтида ва Соми Наримон ӯро аз бефарзандӣ, нодонӣ ва соддагии худ ба фарзандӣ қабул намудааст. Бача калонтар ки шуд, шоҳон ‒ ниёгони ман ба вай ганҷ ва сипоҳ дода, мартабаашро баланд кардаанд, то вай ҳокими Систон шуда ва он гоҳ, фарзанд ёфтааст, ки он туӣ. Исфандиёр пушт ба пушт аз насли шоҳон буданашро гуфта ифтихор мекунад:
Нажоди ман аз пушти Гуштосп аст,
Ки Гуштосп аз пушти Луҳросп аст,
Ки Луҳросп буд пури Аврандшоҳ,
Ки ӯро будӣ он замон обу ҷоҳ,
Ҳам Авранд аз тухмаи Кайпашин,
Ки кардӣ Пашин бар падар офарин.
Пашин буд аз тухмаи Кайқубод,
Хирадманд шоҳе, дилаш пур зи дод.
Ҳамерав чунин то Фаридуншоҳ,
Ки асли каён буду зебои гоҳ.
Ҳам он модарам духтари Қайсар аст,
Ки ӯ бар сари румиён афсар аст,
Ҳам он Қайсар аз Салм дорад нажод.
Нажоде ба ойину бофарру дод.
Ҳам он Салм пури Фаридуни гурд.
Ки аз хусравон гӯйи мардӣ бибурд…
Ин гуфтори пур аз ғурури Исфандиёрро султон пушт аз болиштҳо канда ва чашм аз қиссахон наканда гӯш кард. Сипас хонишро қатъ ва ҳуҷраро аз хонанда холӣ карду дароз каши/198/да ғарқи андеша гардид. Масъалаи зоту насаб захми ниҳонии дили султон буд. Ба вай чунин менамуд, ки Фирдавсӣ ин баҳси паҳлавононро гӯё аз вай, аз султон, киноя карда навиштааст. Султон Маҳмуд монанди Исфандиёр ба аслу насаби худ фахр карди наметавонист. Падари вай ‒ ғуломи зархарид ‒ аз гардиши замон ба аморат расида буд. Мардумон, бадхоҳони Маҳмуд аз қафояш зоти пасти ӯро масхара мекунанд. Оё ин фасли достони Рустаму Исфандиёр ба ёди хонанда пастнажодии ӯро намеоварад?
Султон боз қиссахонашро талабида фармуд, ки «Шоҳнома»-ро хонад, агар боз ҷоҳое бошанд, ки шоҳон аз нажоди худашон ёдовар мешаванд ва ғурур мекунанд, китобро оварда он ҷойҳоро барои ӯ бихонад.
Қиссахон шаби дигар баъзе саҳифаҳои китобро, ки дар онҳо ғурури зоту насаб ва инчунин мазаммати безотҳо буд, нишон карда овард ва хонд. Аз ҷумла, шоҳ Кайхусрав бо аҷдоди худ чунин худситоӣ ва ғурур мекард:
Ҷаҳондор пури Сиёвуш манам,
Зи тухми Каён шоҳи рӯйинтанам,
Набераи ҷаҳондор Ковуси Кай,
Дилафрӯзу бодонишу некпай,
Зи модар ҳам аз тухми Афросиёб,
Ки бо хашми ӯ гум шудӣ хӯрду хоб…
ва ҳоказо.
Аз ин ва монанди ин сатрҳо табъи хираи султон хиратар гашт. Вай дар дилаш нисбат ба «Шоҳнома» хунукӣ эҳсос кард…
«Пири соддадил»
Бехабар аз дасисаи нотавонбинон ва бадхоҳон, ки дар тараддуди дом ниҳодан бо роҳи ӯ буданд, Фирдавсӣ ба фикри зиёрати Ҳусайни Қутайб афтод. Аз вазир хостори қабул шуд, то ки аз вай дар кадом қалъа маҳбус будани ҳокими собиқи Тӯсро пурсида барои зиёраташ иҷозат бигирад. Қабул ёфт ва арзи муддао кард. Майвандӣ бо назари тааҷҷуб ба ӯ нигарист: ин чӣ хоҳиш? Зиёрати хоин ва ҷинояткори зиндонӣ? Ин шоир магар ҳамчу кӯдак соддадил аст, ё ки дониста бо ягон мақсади ниҳонӣ чунин хоҳише мекунад?
Фикри дидор кардан бо Ҳусайни Қутайб дар Фирдавсӣ ҳамон рӯз, ки меҳмонони Шарафуддини Моҳак аз Қутайб ёдовар /199/ шуданд, пайдо гардид. Дар ҳалқаи меҳмонон ба чӣ муносибате аз ҷанги Маҳмуд ва падари ӯ дар навоҳии Тӯс бо Абуалии Симҷӯрӣ сухан рафта, номи ҳокими онвақтаи Тӯс ҳам ба забон гирифта шуда буд. Ба шоир маълум гардид, ки Қутайб дар яке аз қалъаҳои вилоят маҳбус аст. Ҳокимро Сабуктегин ба гуноҳи ёрӣ надоданаш ба ӯ дар ҷанги зидди Симҷӯрӣ маъзул ва ҳабс карда ба Ғазнӣ фиристода буд. Вай понздаҳ сол инҷониб дар қалъа маҳбус буд. Фирдавсӣ некиҳо ва кумаки барояш аз он ҳокими фозили суханшинос расидаро фаромӯш накарда буд, бинобар ин лозим донист ба аёдати ӯ биравад. Ҳарчанд Моҳак ба ӯ мегуфт, ки дидор кардан бо маҳбусе, ки султон ӯро душмани худ медонад, норавост ва талаби иҷозат ба зиёрати чунин шахсе беэҳтиётист, шоири инодкор аз нияташ намегашт.
«Душман ё дӯст будани ӯ бо шоҳе ба ман чӣ дахл дорад? ‒ мегуфт Фирдавсӣ. — Дӯстонро дар бадбахтиашон хабар нагирифтан ноодамӣ ва некиҳояшонро фаромӯш кардан кӯрнамакист».
‒ Исфароиниро зиёрат кардед, акнун навбати Қутайб расид? ‒ итобомез гуфт вазир.
Дили Фирдавсӣ аз ҷой ҷунбид: хабардор шудаанд!
Дабир бо фармоиши хоҷа як даста коғази лӯлапечро оварда ба рӯйи мизи ӯ гузошт, Фирдавсӣ онро шинохт ‒ вай ҳамон достони ба Исфароинӣ тақдимкардаи ӯ буд. Ҳайрон монд.
‒ Вақти мусодира аз хонаи Исфароинӣ ёфт шуд, ‒ гуфт Майвандӣ.
‒ Мусодира? Чӣ магар…
‒ Оре, ‒ пурсиши шоирро қатъ кард вазир, ‒ бо фармони султон Исфароинӣ ба зиндон андохта шуд. Шоир аз ин рӯйдод бехабар буд, ҳайрон монд, андуҳгин шуд.
Хоҷа аз харитааш руқъаи ба Исфароинӣ навиштаи Фирдавсиро баровард.
‒ Хати шумост?
Фирдавсӣ руқъаро гирифта ба чашмаш наздик бурду гуфт:
‒ Оре, хати банда.
‒ Исфароинӣ хоназиндон буд, ба наздаш чӣ гуна рафтед?
‒ Шунидам, ки қароргоҳи хоҷа дар қалъачаи худашон будааст, пинҳонӣ рафтам, маро ҳеҷ кас бознадошт, ‒ Фирдавсӣ ба мақомгоҳи хоҷа чӣ гуна пинҳонӣ рафтанашро гуфтан нахост.
‒ Бо ин ки медонистед он шахс хоини давлат ва мағзуби султон аст, чаро бо вай робита кардед? Оё шумо аслан пири соддадиле ҳастед, ё ки дониста чунин рафтор мекунед?
Фирдавсӣ ду даст рӯйи зону ниҳода сухани вазирро бо хо/200/тири парешон мешунид, вале нишони изтироб ё ҳаросе дар чеҳрааш пайдо набуд. Ба дилаш гузашт, ки «Аҷаб вақте ёфта толиби дидори Қутайб шудаам».
‒ Хоҷа Исфароинӣ дар Тӯс бандаро ба лутфу меҳрубонии хеш лоиқ дида буданд, ‒ бо ҷиддият ҷавоб гардонд Фирдавсӣ, ‒ сафари банда ба Ғазнӣ барои тақдими «Шоҳнома» ба султон низ бо маслиҳати хоҷа ба амал омада буд; эшон ба ҳар вазъу ҳоле ки бошанд, бандаро сипосгузорӣ барои некиҳояшон фарз буд.
‒ Агар ин мулоқоти пинҳонии шумо бо Исфароинӣ ба султон арздошт шавад… арздошт накардан мумкин ҳам нест… намедонам чӣ хоҳанд фармуд…
Фирдавсӣ ботинан дар қаҳр шуд: «Ин чӣ гуфтор аст бо мани шоири мусофир? Чаро ин тавр чини пешонӣ? Бигузор арздошт бикунад! Султон бо ман чӣ кор мекунад, бақияи умрамро мегирад? Бигузор бигирад, бақия зиёд нест».
‒ Султон ҳар чӣ фармоянд, соҳибихтиёранд, ‒ гуфт ӯ.
‒ Дар Бағдод бо вазири Баҳоуддавла мулоқот кардани шумо ҳам ба мо маълум аст, ‒ гуфт Майвандӣ.
‒ Ин чандин сол пеш буд, банда инро аз ҳеҷ кас пинҳон накардаам; чӣ, магар хоҷа маро ба ин ҳам гунаҳгор медонанд?
‒ Шумо медонистед, ки бувайҳиён бадхоҳи Носириддини Сабуктегин ва авлоди ӯ буданд?
‒ Онҳо киро бадхоҳ ва киро некхоҳ буданд, ин ба ман чӣ дахл дорад? ‒ аз ёдовар шудани вазири султон аз он воқеаи чандин сол пеш гузашта тааҷҷуб карда гуфт Фирдавсӣ. ‒ Аскофӣ худ маро даъват карда буд, вагарна Бағдод рафтан ҳеҷ дар хаёли ман набуд.
‒ Он вақт Сайфуддавла волӣ ва сипаҳсолори Хуросон буд ва Хуросон ‒ ҳамсояи Ироқу Форс; магар вазири Баҳоуддавла дар бораи ӯ чизе нагуфт?
‒ Хоҷаи бузург, муносиб мебуд, ки шумо ин суолро аз ҷосусон бикунед, банда ҳеҷ лаёқати ҷосусӣ надоштам ва надорам.
‒ Шоир суханони Аскофиро ба ёд овард, ки дар бораи Сабуктегин ва Маҳмуд гуфта буд: «Ғуломи зархариди дирӯза имрӯз амири Ғазнӣ? Аҷаб! Пас ғуломзода Маҳмуди ҷавон чӣ тавр сипаҳсолори Хуросон шуд ва ҳатто ба лақаби Сайфуддавла сарафроз гардид?» Вале ӯ, Фирдавсӣ, магар инро ба вазири султон гуфта метавонист?
‒ Хуб, бақияи гуфтугӯро бо шумо ба вақти дигар мегузорем, ‒ гуфт Майвандӣ. — Алъон шумо мураххасед. /201/
Фирдавсӣ андешаманд ва мушаввашхотир девони вазирро тарк кард.
«Каромот» ва «Кашфиёт»-и шайх
‒ «Шоҳнома»-ро маликушшуаро ба фақир оварда буданд, мутолаа кардам, дар вай чизҳое дидам, ки динро рахна мекунанд, ‒ ба қабули султон омада сари гуфтугӯро боз кард шайх Маҳамшод ва сатрҳои аз «Шоҳнома» навишта гирифтаашро як-як хонда маънидод кардан гирифт. Дар бораи фиқраи аввал гуфт: ‒ Ин сухан инкори руъят аст, аълоҳазрат, ва мункирони руъят муътазилиёнанд. Бидъати маҳз! Бидуни шак ин Абулқосими Фирдавсӣ ё худаш муътазилист ё ки баъзе эътиқодоти муътазиларо мепазирад.
Шайх боз ин мисраъҳоро хонд:
Нигаҳ кун ба ин гунбази тезгард.
Ки дармон аз ӯясту з-ӯ низ дард…
Аз ӯ зор гардӣ, аз ӯ сарфароз,
Ва з-ӯ дон фузуниву ҳам з-ӯ ниёз.
‒ Ин фиқра далелест бар фалсафӣ будани шоир, ‒ ҳукм кард шайх. ‒ Таълими фалсафиён аст, ки исноди ҳаводис ба фалак мекунанд: ҳар ҳодисае, ки дар ҷаҳон рӯй медиҳад, эшон онро аз таъсири фалак медонанд, на аз иродаи худованд.
Гӯянда боз аз варақи китобаш ду байти дигар хонд:
На гашти замона бифарсоядаш,
На аз ранҷу тимор бигзоядаш,
На аз ҷунбиш ором гирад ҳаме,
На чун мо табоҳӣ пазирад ҳаме.
Сарвари дин аз ин мисраъҳо даҳрӣ будани Фирдавсиро «дарёфт»:
‒ Эътиқоди шоир бар он аст ки, ‒ «каромат» кард шайх, ‒ «ҳаракоти афлок ва авзои улвиёт* яксон хоҳад монд, яъне олами боло, сайёраҳо аз гузашти айём ҳеҷ гуна тағйирот намепазиранд, ва ин мазҳаби даҳриён аст.
___________________
* Улвиёт ‒ чизҳои олами боло, осмонӣ.
Аз маънии мисраъҳои:
Агар чашм дорӣ ба дигар сарой,
Ба назди набию васӣ гир ҷой. /202/
Гарат з-ин бад омад, гуноҳи ман аст,
Чунин асту ин расму роҳи ман аст.
олими дин рофизӣ будани Фирдавсиро «кашф» кард: шоир баъд аз набӣ фақат ба Алӣ имон дорад, халифаҳои рошидин ‒ саҳобаҳои пайғамбари ислом (Абубакр, Умар, Усмон)-ро намешиносад, мункири вилоят* ва хилофати онон аст. Чунин аст мазҳаби нопоки шиа. Аслан шииён ҳама рофизианд.
Муриди тоҷдор ҳар чӣ пираш мегуфт, ҳамаро бечунучаро қабул мекард.
Маҳамшод аз боргоҳи султон ба хонаи худ баргашта Унсуриро ба наздаш талабид. Маликушшуаро омада буд, ки шайх ба вай ҳам фиқраҳоро хонда, маънидодҳояшро такрор кард. Унсурӣ ба он қадар гуноҳони даҳшатнок гунаҳгор карда шудааш Фирдавсиро чашм надошт. Ва чун донист, ки шайх маънидодҳои худро ба шоҳ баён кардааст, сахт мушаввашхотир шуд. Фоҷиаи Тоҳириро, ки дар он қарибӣ рӯй дода буд, ба хотир оварда дар ваҳшат афтод. Тоҳирӣ ном марде дар Ғазнӣ пайдо шуда буду худро сайид меномид (яъне аз авлоди пайғамбар) ва мегуфт, ки намояндаи султони Миср мебошад. Маъмурони шоҳ ӯро боздоштанд ва таҳқиқ карданд, маълум шуд чанд ҷилд китоб бо вай аст, ки дар онҳо аз таълимоти ботиния (қарматия) баҳс меравад. Бо амри султон шайх Маҳамшод бо вай мунозира кард, дар мунозира он мард сайид буданашро исбот карда натавонист, шайх бо фатвои худ хуни ӯро мубоҳ кард. Шоҳ кори ӯро ба худи Маҳамшод гузошт, Маҳамшод ӯро бо дасти худаш ба қатл расонид. Шайхи бузургвор, ки куштани қарматиёнро савоб медонист, «савоб»-ро пурра ба худаш гирифт. Маҳмуди сахт побанди корҳои диния, султони «адолатпеша» ва «раиятпарвар», дар сурате ки қаҳтзадагони Хуросон аз гуруснагӣ ҷон меканданд, ба роҳзанони бодияҳои Арабистон, барои он ки дар роҳи ҳаҷ роҳзанӣ накунанду ҳоҷиён бе ҳаросу бим аз Хуросон ба тавофи Каъба рафтан тавонанд, ҷувол-ҷувол зару сим дода, уламои динро санохони худ кард. Пайваста тиловати Қуръон менамуд. Аз «Кохи Фирӯзӣ»-и худ то масҷиди «Аруси фалак» роҳи пинҳонӣ созонда буд, то битавонад ба осонӣ дар намози ҷамоат ҳозир шавад; дар масҷид мақсурае** барои худ дошт, ки дар вай бе ташвиш машғули ибодат мегардид. Тоифаи қар/203/матиёнро душмани ваҳдати ислом дониста бо як таассуби шадид таъқиб мекард, мекушт. Ҷосусҳо гузошта буд, ки ҷамъомадҳои сиррии қарматиёнро маълум карда ба ҳукумат хабар диҳанд.
___________________
* Вилоят ‒ валигӣ.
** Мақсура ‒ ҳуҷраи ибодат дар паҳлуи масҷид.
Воқеаи Тоҳирӣ таъқиби қарматиёнро шадидтар карда буд Унсурӣ тарсид, ки дар ҷӯши таассуби динӣ мабодо бо Фирдавсӣ ҳам фоҷиае рӯй диҳад.
‒ Ҳазратам пеш аз арза кардани ин маънӣ ба султон аввал бандаро аз он огоҳ мекарданд, беҳтар буд, ‒ гуфт ӯ ба шайх. ‒ Маъзарат мехоҳам, ҳазрат, он тавр ки банда фаҳмидам, дар таъбири фиқраҳо муболаға рафтааст. Гумон намекунам ки шумо қатли Фирдавсиро мехоста бошед.
‒ Вазифаи уламо, ки ин фақир аз зумраи эшонам, маънои ниҳонии навиштаҷотро ошкор ва назди султон бидуни реву риё баён кардан аст, агар дар маонии он навиштаҷот аз назари дин шубҳае бошад.
‒ Ман гумон накарда будам, ки дар «Шоҳнома» ин миқдор бидъатҳо бошад.
‒ Шумо ба банда бовар надоред?
‒ Чаро бовар надошта бошам, охир ҳазратам сарвари дин ва олими гузаро ҳастанд, аммо банда шак дорам ба ин ки як фард ҳам муътазилӣ, ҳам фалсафӣ, ҳам даҳрӣ ва ҳам рофизӣ бошад.
‒ Шак наёрад, одами даҳрӣ метавонад мубталои чандин бидъат бошад.
‒ На, на, ҳазрат, маъзарат мехоҳам, маатаассуф дар таъбири абёт хеле муболиға рафтааст. Агар ба Фирдавсӣ ҳукми қатл барояд, хуни ноҳақ рехта хоҳад шуд. Банда муътақидам, ки шоир мустаҳиқи чунин ҷазо нест.
Маликушшуаро аз бурданаш «Шоҳнома»-ро назди Маҳамшод сахт пушаймон шуд.
Маҳамшод одатан ҳеҷ гуна нуктагирӣ ё эродеро ба «ҳукми шаръи» худ қабул намекард. Эроди маликушшуаро ҳам, албатта, ба вай хуш наёмад ва ҳатто қаҳрашро овард. Аслан вай Унсуриро дӯст намедошт, аз илтифоти хоси султон ба Унсурӣ ва аз зару сими фаровоне, ки маликушшуаро ҳар бор ба подоши қасидаҳояш аз султон мегирифт, ҳасад ва рашк мебурд, ӯро чашмгурусна, тамаъкор ва хасис мешумурд. Ӯ қарор дод, ки ба бидъати абёти Фирдавсӣ шак овардани Унсуриро ба шоҳ маълум ва аз мудохилаи ӯ ба «умури диния» шикоят кунад. Ҳамон рӯз дар намози пешин дар мақсураи масҷид, ки он ҷо Маҳамшод ба намози шоҳ имоматӣ менамуд, ӯ дар ин /204/ бора сухан ба миён овард. Одатан баъд аз намоз дуяшон фурсате аз сари ҷойнамоз нахеста каме аз ҳар дар суҳбат мекарданд.
‒ Чунон ки ба аълоҳазрат гуфта будам, ‒ шикояташро сар кард шайх, ‒ маликушшуаро «Шоҳнома»-ро худашон ба фақир оварда буданд, ки бубинам мабодо абёте хилофи дин дошта бошад. Фақир он чиро ки дар достонҳо хилофи дин дидам, ба аълоҳазрат арз дошт ва ба маликушшуаро ҳам маълум кардам. Эшон ба дурустии мулоҳизоти фақир шак оварда эродҳо гирифтанд. Ба ақидаи эшон, ин фақир дар бидъати абёте, ки ба самъи ҳумоюнӣ расонида шуд, муболаға кардаам. Ва ҳол он ки шуаро зотан таваҷҷуҳашон беш аз ҳар чиз ба фасоҳати ашъори ҳамдигар, ба ташбеҳот ва истиороти шоирона аст, биноан алай гоҳо ба маонии ботинии ашъор мулоҳиза намекунанд ва ҳамчу маликушшуаро ба кори уламои дин мудохала ва ба аҳкоми шаръӣ мухолафат меварзанд.
Султон ба маликушшуаро назари нек надоштани шайхро медонист, бинобар ин ба гуфтори ӯ чандон аҳамият надод. Ва ҳамчунин донист, ки Унсурии нармдил аз тарси он, ки мабодо Фирдавсии пир ба ҷазову уқубате гирифтор шавад, дилаш беқарор шудааст. Вале бо вуҷуди ин эътимоди султон ба «ҳукми шаръӣ»-и шайх кам нашуд, ӯ ба имом ва пири худ ихлосу эътиқоди тамом дошт.
‒ Ҳақ бо шумост, пирам, аз маликушшуаро наранҷед. Мефармоем, ки ӯ дигар ба умури диния дахолат накунад, ‒ инро гуфта, султон суханро кӯтоҳ карду бархост.
Одатан шоирони дарборӣ то худи султон онҳоро талаб накунад, ба наздаш намерафтанд, вале ин бор Унсурӣ худаш ба дарбор рафта ба арз расонд, ки муҳимме пеш омадааст ва ӯ таманно дорад султон «ба карами хусравона» ӯро якчанд дақиқа дар хилват қабул намоянд. Қабул ёфт ва пеши султон замин бӯсида дар изтиробу ҳаяҷон гуфт:
‒ Шунидам, ҳазрати шайх аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ якчанд фиқраро ба маънии рофизиву даҳригӣ таъбир кардаанд, аммо банда муътақидам, ки дар таъбирашон муболаға рафтааст, зеро дар он фиқраҳо услуби баён аз хусусиёти каломи мавзун ва аз тақозои вазну қофия аст, на аз андешаву шуур. Ҷилваҳои шеъру шоирӣ асту бас.
‒ Бадмазҳаб аст Фирдавсӣ! ‒ аз курсӣ бархоста бо оҳанги итоб гуфт султон. ‒ Шиии мутаассиб! Мазҳабашро таб/205/лиғ мекунад, ба суннат рахна мезанад. Қарматиёну исмоилиён аз шиа бармеоянд. Ба ҳар ҳол шайх беҳтар медонанд. Шумо чаро ба ҳукми эшон мухолафат кардед? Ба умури диния мудохала набояд кард. «Шоҳнома»-ро мо пазируфтем, вале ҳар он чӣ аз он бӯйи бидъат меояд, онро Фирдавсӣ бояд аз китобат берун кунад.
Боз ӯ қариб буд фармояд, ки ҳар чӣ аз муфохарати нажоду насаб дар «Шоҳнома» ҳаст, шоир онро ҳам аз китобаш берун кунад, вале худдорӣ кард, шоҳ дар ин мавзуъ бо ҳеҷ кас сухан гуфтан намехост.
«Пирсаг зуд аз ман шикоят кардааст», Маҳамшодро дар назар дошта ба дилаш гуфт Унсурӣ.
Худи ҳамон рӯз вазир Майвандӣ ҳам ба боргоҳ омада ба султон достони Сиёвуш ва хати ба Исфароинӣ фиристодаи шоирро нишон дод.
Шоҳ бо ҳайрати хашмолуд гуфт:
‒ Робита бо Исфароинӣ?.. Ин туҳфаашро ба вай чӣ гуна расондааст?
‒ Пинҳонӣ ба наздаш рафта бо вай дидор кардааст.
‒ Дидор? Барои чӣ? Ба чӣ мақсад?
‒ Мегӯяд, барои ҳолпурсӣ ва сипосгузорӣ. Дар Тӯс ӯро бо хоҷа мулоқот воқеъ шуда, хоҷа ба вай меҳрубонӣ карда ва шояд атое ҳам бахшида бошад. Акнун хоҷа агарчи мағзуб ва хоназиндон ҳам бошад, Фирдавсӣ зиёрати ӯро лозим донистааст.
‒ Оё напурсидӣ, ки агар мақсудаш фақат ин буда ва сирри дигаре дар миён набудааст, чаро ба дидани хоҷа иҷозат напурсид ва пинҳонӣ рафт?
‒ Зоҳиран, мехостааст, ки бо вай дидор карданаш махфӣ монад.
‒ Чаро тафаҳҳус накардӣ? Оё гумон намекунӣ, ки дар паси зиёрат мақсуди дигаре ҳам будааст?
‒ Гумон ҳаст, боз тафаҳҳус хоҳад шуд.
‒ Ҳар ду дар чӣ бора гуфтугӯ карда бошанд, напурсидӣ? Исфароинӣ, албатта, аз мо бояд бадгӯйӣ карда бошад?… Ҳар дуро бозпурс бикун. Хоҷаро истинтоқ* бикун.
___________________
* Истинтоқ ‒ таҳқиқ, (допрос).
‒ Вай, албатта, рост нахоҳад гуфт.
‒ Шиканҷа бикун, то бигӯяд. /206/
‒ Фармон мебарам. Боз арзи дигар ҳаст. Фирдавсӣ ба дидор кардан бо Ҳусайни Қутайб иҷозат хост.
Шоҳ ба вазир бо назари тааҷҷуб нигарист.
‒ Аммо хоҳишаш пеш аз он буд, ки бидонад ки мо аз дидор кардани ӯ бо Исфароинӣ хабар дорем. Донист, ки хоҳишаш аҷиб ва беҷост, узр хост.
‒ Чӣ магар вай барои он омадааст, ки бо хоинони давлати мо дидор бикунад бо баҳонаи тақдими «Шоҳнома»?… Ӯро бо Қутайб чӣ муносибат?
‒ Қутайб он гоҳ ки ҳокими Тӯс буд, Фирдавсиро ҳимоят карда, ба вай ато бахшида будааст.
Султон андешаманд шуда хомӯш монд.
Вазир вақти баромаданаш дар дами дар истоду боз гуфт:
‒ Воқеан, Фирдавсӣ аз «Шоҳнома» достоне ба амири Қаҳистон бахшида, ровии шоир онро бурда, амир барои шоир ҳазор динор сила ва як аспи хуб фиристодааст.
Таҳқиқ
Вазир аз дарбор ба девони худ баргашта ба Фирдавсӣ кас фиристод, шоир омад.
‒ Марҳамат, биншинед, ‒ Маймандӣ ин бор хушмуомила буд. ‒ Мо мехостем дар бораи мулоқоти шумо бо Исфароинӣ як-ду чизи дигар бипурсем. Гуфтугӯйи шумо бо вай аз чӣ буд? Ӯ ба шумо чиҳо гуфт?
Фирдавсӣ муддаои пурсандаро фаҳмид: вазир барои он ки рақиби худро мустаҳиқи ҷазои сахттаре гардонда тавонад, далелу ҳуҷҷати тоза меҷӯяд.
‒ Суҳбати мо бо хоҷа хеле кӯтоҳ буд, ‒ ҷавоб дод ӯ, ‒ гуфтушунид баъд аз аҳволпурсии урфӣ бештар дар бораи «Шоҳнома» буд. Эшон достони Сиёвушро хондаанд, аз ҳақиқати баъзе нуктаҳо суол карданд, банда ҷавоб гуфтам. Аз чигунагии фикру мулоҳизаи шуаро ва фузало дар бораи «Шоҳнома» ҷӯё шуданд ва ҳамчунин пурсиданд, ки оё китоб аз назари мубораки ҳумоюнӣ гузашта бошад, ва агар гузашта бошад, онро писандида бошанд ё на.
‒ Шумо чӣ ҷавоб додед?
‒ Гуфтам, аз ҷумлаи шуаро ва фузало онҳое, ки аз «Шоҳнома» камубеш чизе хондаанд ва ман мешиносамашон, онро тақдир мекунанд, шоҳаншоҳи ҷаҳон ҳам, гуфтам, ‒ суханашро қасдан ба шеваи дарбориён идома дод Фирдавсӣ, ‒ бандаро /207/ ба лутфу карами хусравона сарафроз гардонида як достон аз «Шоҳнома» хонда ва писандидаанд. Банда ба суханшиносии шоҳаншоҳи аъзам заррае шак надоштам, вале ин фазилати ҳумоюниро ба маротиб баландтар аз он дидам, ки гумон карда будам.
‒ Ӯ чӣ гуфт?
‒ Гуфтанд, ки алҳақ чунин аст.
‒ Боз чӣ гуфтушунид шуд?
‒ Дигар ҳеч.
Вазир бовар накард.
Хуб, бигузор Фирдавсӣ ҳақиқатро пинҳон карда бошад, вале ӯ, Майвандӣ, онро ҳар тавре ки бошад аз Исфароинӣ ба даст хоҳад овард. Вазир ин фикрро дар дилаш мутамаккин сохта Фирдавсиро ҷавоб дод.
Шоир ба манзилгоҳаш баргашта, пурсу посухи бо вазир шударо ба Моҳак нақл карда буд, ки Моҳак якбора безобита гардид.
‒ Акнун хоҷаи бузург ҳатман Исфароиниро истинтоқ хоҳад кард. Агар он чӣ Исфароинӣ хоҳад гуфт, хилофи гуфтаи шумо барояд, мабод ки вазир шуморо ҳам масъул бикунад.
Фирдавсӣ дар хавотир афтод. Вай ин тарафи корро фикр накарда буд.
‒ Пас чӣ бояд кард? ‒ пурсид ӯ.
‒ Исфароиниро огоҳ бояд кард.
‒ Чӣ гуна? Аз чӣ?
Моҳак ба хаёле рафту гуфт:
‒ Зиндон дар пойи қалъа аст, ҳар кӣ хоҳад барои савоб ба зиндониҳо хайру садақа мекунад ва ин мамнуъ нест. Хизматгори ман чизе аз хӯроку пӯшок бурда ба дасти зиндонбон медиҳаду мегӯяд, ки ба фалон марди зиндонӣ бирасон. Шумо як руқъа барои Исфароинӣ бинависед, мо онро бо «садақа» ба вай дода мефиристонем. Қаламу коғаз бигиред, ман мегӯям, шумо менависед.
Фирдавсӣ давотро пеш кашида ба навиштан ҳозир гардид.
‒ Бинависед, ‒ Моҳак як лаҳза фикр карда имло намуд: «Шоир иқрор карда ки дидор воқеъ шуда буд, гуфтугӯ фақат дар бораи «Шоҳнома» буд вассалом».
Моҳак яке аз хизматгорони калонсолашро ҷеғ зада, аз дастархон дуто нон ва порае набот гирифта дар рӯмол печонду ба дасти хизматгор дода фармуд: /208/
‒ Хайрия ба зиндониҳо. Ҷомаатро бар зада ду поятро дар бағал бигиру бидав ба зиндон! Инро ба зиндонбон бидеҳ ва бигӯ ки хайрия ба Исфароинист. ‒ Аз ҳамёнаш даҳ дирам бароварда ба ӯ дод: ‒ Ин пулро ҳам бо ин руқъа ба он қалтабон бидеҳ ва бигӯ, ки пул барои ӯст ва хат барои Исфароинӣ.
Руқъаро ба даруни нон андозем чӣ? ‒ таклиф кард Фирдавсӣ.
‒ Ба эҳтимоли куллӣ нон ба дасти Исфароинӣ намерасад, ‒ гуфт Моҳак, ‒ туъмаи ҳароми зиндонбонҳо мешавад.
Хизматгор равон шуда баъд аз хуфтан баргашт. Супоришро баҷо овардааст.
Пагоҳии рӯзи дигар Майвандӣ шахсан бо мушояати ҳоҷиб, муншӣ ва ду мулозимаш омада Исфароиниро ба миршабхона, ки дар наздикии зиндон буд, оваронд. Вазири собиқ бо гуноҳи ин ки як қисми калони молашро дар хонаҳои ошноёнаш аз
мусодира пинҳон карда будааст ва он молҳо ёфт шуда буданд, чаҳор рӯз пеш ба зиндон андохта шуда буд, ҳанӯз ранги рӯяшро чандон набохта ва сарутанаш ҳам нисбатан тоза буд. Майвандӣ ҳоҷибу мулозимонашро дар берун гузошта, дар ҳуҷраи миршаб фақат бо муншӣ монд. Исфароиниро дар назди ӯ ҳозир карданд. Муншӣ дар кунҷак нишаста, аз дурҷ (қуттича)-аш давоту қалам ва аз остинаш коғаз бароварда ба навиштани баротулқавл (протокол)-и истинтоқ омода гардид. Майвандӣ чашм аз пеши пойи худ наканда ба бандӣ амр кард:
‒ Биншинед.
‒ Аввал шумо, ‒ бардамона ва бо лабханд гуфт Исфароинӣ.
‒ Ман ба пой меистам. ‒ бо ҷиддият гуфт вазир.
‒ Бандӣ нишаставу хоҷаи бузург ба пой? ‒ истеҳзои пинҳонӣ кард Исфароинӣ ва рост истодан гирифт.
‒ Шоир Фирдавсӣ бо шумо дидор карда буд? ‒ суоли якум дода шуд ба ӯ.
‒ Оре, ба манзили ман омада буд, дидор кардем.
‒ Дар чӣ бора гуфтугӯ кардед?
‒ Дар бораи «Шоҳнома».
‒ Боз?
‒ Дар бораи чигунагии сафари шоир аз Тӯс то Ғазнӣ.
‒ Боз?
‒ Тамом вассалом. Ӯ назди ман ним соат беш нанишаст.
‒ Ба мо маълум шуд, ки шумо аз султон ғайбат кардаед. /209/
‒ Э, аҷаб! Аз куҷо маълум шуд? Аз кӣ? Мусоҳибаи ман бо Фирдавсӣ танҳо ба танҳо буд, шахси саввуме набуд. Агар гӯед, ки шайтон ҳозир будааст, пас шайтон-ку хабаркашӣ намекунад.
‒ Жож нагӯед, рост бигӯед. Пинҳон кардан суд надорад.
‒ Рости сухан ҳамин аст, ки гуфтам; агар он чӣ шумо мехоҳед, бигӯям, дурӯғ он мешавад ва он дурӯғ, албатта, барои шумо суд хоҳад дошт.
Майвандӣ бовар дошт ки вазири собиқ ба дӯсти шоираш, албатта, аз султон ва аз худи Майвандӣ бадгӯйӣ кардааст! «Шахси олимақоме чун ӯ ба ғазаби султон гирифтор шуда, аз султон шикоят накарда наметавонад ва ҳамчунин аз ман ҳам, зеро дар мақҳур ва маҳбус шудани ӯ даст доштани маро медонад» мегуфт ӯ дар дилаш. Рақиби ӯ бе шиканҷа ба гуноҳаш иқрор нахоҳад кард. Вазир ба ӯ нигоҳ мекарду ҳайрон мешуд: бо вуҷуди гирифторӣ ва хавфи ҷазою уқубат дар чашму рӯйи Исфароинӣ нишони биму ҳаросе дида намешавад, ва боз гуфтораш ҳам дағдағаомез аст.
‒ Хуб, шиканҷа забони шуморо ҳақгӯй хоҳад кард, ‒ инро гуфта Майвандӣ баргашту сӯйи дар қадам зад.
‒ Қарор, хоҷаи бузург! ‒ бо ин хитоб Исфароинӣ вазирро дар дами дар боздошт. Ба муншӣ рӯ оварда хоҳиш кард: ‒ Моро як дам танҳо гузоред.
Муншӣ ба вазир нигоҳ кард, вазир ҳам ишора кард, ки барояд. Муншӣ аз ҳуҷра берун шуд.
‒ Шумо шиканҷа гуфтед? ‒ суол дод Исфароинӣ ба Майвандӣ. ‒ Дар ин сурат воқеаи хироҷи Балх фавран ба султон арз карда хоҳад шуд.
Майвандӣ як такон хӯрду сар боло карда ба гӯянда чашм дӯхт.
‒ Хироҷи Балх? Яъне чӣ?
‒ Шумо инро нағз медонед.
‒ Чиро медонам? Сареҳтар бигӯед.
‒ Дар он бора соҳиббариди* Балх ариза фиристода буд! — ман аризаи ӯро ба султон маълум накарда будам, зеро шарики хиёнат ‒ ҳокими Балх аз ақрабои ман аст. Аммо акнун… ‒ Исфароинӣ ҷумларо тамом накарда асроромез сукут кард.
Майвандӣ шах шуд, рангаш канд.
___________________
* Соҳиббарид ‒ амалдори хабаррасонанда ба марказ аз воқеаҳои вилоят.
‒ Шумо муаммо мегӯед магар? Кадом ариза? Дар бораи чӣ? ‒ худро ба нодонӣ зад Майвандӣ. /210/
Хонандаро дер интизор накарда «муаммо»-ро мекушоем. Майвандӣ пеш аз вазир шудан соҳиби девони рисолат буд, перор сол ба ватанаш Балх рафта, бо ҳокими он вилоят забон як карда, дуяшон бештар аз нисфи хироҷи солонаи вилоятро аз ҳукумати марказӣ пинҳон ва ба фоидаи худашон тақсим карда гирифта буданд. Соҳиббариди Балх аз ин хиёнати онҳо огоҳ шуда ба вазир Исфароинӣ ариза фиристода буд, аммо Исфароинӣ бо андешаи ин ки дар ин кор бародари занаш ‒ ҳокими Балх ҳам ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд, он аризаро аз султон пинҳон дошта буд.
‒ Ҳуҷҷат дар дасти одами муътамади ман аст, агар шумо ба ман боз беш аз он ки кардед, бадӣ кунед, одами ман он ҳуҷҷатро фавран ба султон мерасонад, ‒ такроран огоҳӣ дод Исфароинӣ ба вазир.
‒ Макр, ҳила. Бовар намекунам, ‒ даст афшонд вазир. ‒ Шумо бо ин дурӯғ мехоҳед гиребони худро аз чанги ман бираҳонед? Хаёли хом. То аризаи соҳиббаридро ба ман нишон надиҳед, бовар намекунам.
‒ Агар дидани он ариза ба шумо насиб шуда бошад, онро фақат дар дасти султон хоҳед дид, он гоҳ лоҷарам бовар хоҳед кард, вале чӣ суд? Дер мешавад… Медонам, шумо баромада дарҳол ба ҷустуҷӯйи одами муътамади ман ва он ҳуҷҷат меафтед, вале дар натиҷа бод дар даст хоҳед монд: шумо ӯро намеёбед, ӯ на дар ин шаҳр аст.
‒ Фарз кардем, ҳуҷҷат дар воқеъ вуҷуд дорад ва ба султон ҳам арздошт карда шуд. Шумо магар фаромӯш кардед, ки ман на фақат вазири султонам, балки бародари ризоии вай низ ҳастам. Ӯ бародари ризоияшро агар уқубат ҳам кунад, уқубати сахт намекунад, аммо хешованди шумо ‒ додарарусатон ҳокими Балх сараш ба дор хоҳад рафт.
‒ Бигузор биравад; модом, ки ба валинеъматаш хиёнат кардааст, мустаҳиқи ҷазост, вале ҷазои шумо ҳам камтар аз тарки вазорат, маҳбусии зиндон ва мусодираи молу мулк нахоҳад буд, ман солиёни дароз вазир ва муқарраби даргоҳ буда султонро хуб шинохтаам, шумо ҳам, албатта, шинохтаед ва медонед.
Майвандӣ нӯги ришашро гирифта як нафас ин сӯ-он сӯ гашт ва ниҳоят бо Исфароинӣ чашм ба чашм шуда чунин таклиф кард:
‒ Агар он ҳуҷҷат дар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад, шумо онро ба ман бидиҳед, ман шуморо аз зиндон озод мекунонам ва осуда мегузорам. /211/
Исфароинӣ бори аввал хандид:
‒ Шумо аввал туҳматро аз ман бардоред ва аз султон фармони озодии маро бигиред, ман ба ҳар чӣ хоҳед савганд мехӯрам, ки он гоҳ он ҳуҷҷатро оварда дар пеши чашматон медарронам, месӯзонам.
Майвандӣ фикркунон бо қадамҳои оҳиста аз ҳуҷра бадар рафт.
Рӯзи дигар дар поёни саломи пагоҳонии аҳли дарбор султон вазирро ба хилват талабида, аз таҳқиқи кори Исфароинӣ ва Фирдавсӣ пурсон шуд. Майвандӣ ба ӯ чунин ҷавоб дод:
‒ Аз ҳар ду ҷудо-ҷудо бозпурс ба амал омад, сухани ҳар ду ба як маром буд. Исфароинӣ ба каломи шариф савганд хӯрд, ки Фирдавсӣ дар суҳбати ӯ ним соат беш нанишаста ва мусоҳабаташон ағлаб аз «Шоҳнома» будааст. Баъд аз савганд ӯро шиканҷа кардан раво дида нашуд.
Сипас вазири ботадбир гуфтугӯйи бо Исфароинӣ воқеъ нашударо бофта чунин тарҳ кард:
‒ Ҳамчунин дар бораи симу зар ва мол, ки Исфароинӣ пинҳон карда будааст, ӯро бори дигар бозпурс кардам. Мегӯяд: Султон қасди Рай дошт, мехост бад-он ҷониб лашкар кашад, ман чун медонистам, ки дар он вилояти камбизоат моли казоӣ ба даст нахоҳад омад, ният доштам аз эҳтиёт пул ва моли худро барам, то мабодо агар барои улуфаи лашкар ва ё таъмири харобиҳои аз ҷанг пайдошуда ба зару сими зиёд эҳтиёҷ афтад, он пул ва молро ба некномии султон харҷ кунам, чунончи пеш аз ин ҳам ду навбат дар вақти лашкаркашиҳои султон чунин карда будам. Бо оби дида сухан мегуфт ва гуфтораш чунон самимона буд, ки ман бовар кардам.
Вале султон бовар накард:
‒ Маккор аст, дурӯғ мегӯяд, ‒ гуфт ӯ. Ва афзуд: ‒ Бешак, боз симу зар ва моли пинҳонкарда дорад. Бигӯ, ба хазина боз сад ҳазор динор бидиҳад.
Оқибати кори Исфароинӣ бад-он анҷомид ки вай ин сад ҳазор динорро дода натавонист, ӯро дар шиканҷа андохтанд, аз қину азоб дар зиндон мурд. Ин фоҷиа баъди аз Ғазнӣ рафтани Фирдавсӣ рӯй дод.
Ногуфта намонад, ки роҳи вазирони султон чун қоида аз дари вазорат сӯйи дари зиндон будааст. Ҳасани Майвандӣ ҳам бо ин ки ба қавли муаррихон марди фозил ва соҳибтадбир буда ва ҳуқуқи байтулмол (даромадҳои давлат)-ро башиддат ҳимоя мекардааст, аз ин қисмат бенасиб намонд. Мунтаҳо рақибон ва ҳасудонаш раъю эътимоди султонро аз вай гардониданд, вазир мавриди хашми султон қарор ёфта бо фармони ӯ ҳамаи дороии беҳисобаш мусодира ва худаш ба зиндон андохта шуд. Панҷ сол маҳбус ё хоназиндон мебуд, то он ки Маҳмуд мурду ба ҷояш писараш Масъуд нишаст ва ин султони нав ӯро боз дар вазорат барқарор кард.