Ранҷиши Унсурӣ
Султон Маҳмуд аз Ғӯр, чунон ки мегуфтанд, «музаффару мансур» баргашт. Бо ниҳояти сахтию машаққат ва талафоти бисёр як қисми он кишвари кӯҳиро фатҳ карда буд. Дар ноҳияҳои фатҳшуда, хусусан дар маркази кишвар, ки халқаш ҳанӯз дини исломро қабул накарда буд, «кофиркушӣ» шакли қатли ом гирифт. Сипоҳиёни султон ҳар яке бо шумораи мар/166/думи куштааш худписандӣ мекард. Дар пойтахт як даҳ рӯз бо тӯю тантана ва намоиши лашкар дар дашти Шобаҳор ба шарафи ғалаба ва бо фатҳноманависӣ ба халифаи Бағдоду шоҳи Хоразму хонҳои Туркистон ва ғайра гузашт. Сипас «шоҳаншоҳи машриқ» дар Боғи Фирӯзии биҳиштойин ба осоишу истироҳат ва айшу ишрат нишаст.
Фирдавсӣ хост бидонад, ки интизории гузаронидани «Шоҳнома» ба дарбор боз чӣ қадар тул мекашида бошад. Бо ин мақсад ӯ як пагоҳ ба кӯшки Унсурӣ рафт. Маликушшуаро ба саломи ӯ нимшунаво алайк гуфта, аз вай хомӯшона ва сард пазироӣ кард. Аз чӣ бошад ки табъаш хира буд.
Баъд аз сукут ба рӯйи Фирдавсӣ нигоҳ накарда гуфт:
‒ Шумо, албатта, мехоҳед бидонед, ки достонҳоро хондам ё на. Хондам, ба интихоб якчанд достонро мутолаа кардам. Достонҳоро саросар хондан вақти зиёд мехоҳад. Боз онро як-дурӯза ба Фаррухӣ ва Асҷадӣ додан лозим омад, худашон илтимос карданд ки бидиҳам, то бихонанд. ‒ Унсурӣ боз сукут кард ва пасон як навъ маънидорона суханашро идома дод: ‒ «Шоҳнома»-и шумо, дар воқеъ, ганҷи гавҳар аст. Ин гавҳари бебаҳоро фақат бо мизони худи шумо метавон вазн кард ва санҷид, мизони банда дархури санҷидани он нест. Ашъори банда пеши «Шоҳнома» чист? Гиёҳе пеши гулбоне беш нест.
Дили Фирдавсӣ таҳ зад, пушташ арақи сард баровард. Ганҷи гавҳар, мизон, гиёҳу гулбон ‒ ин калимаҳо магар аз ҳамон дубайтии худаш нестанд, ки дар Ҳирот дар мазаммати Унсурӣ гуфта буд? Бешак аз ҳамон ҷо ва киноя аз ҳамон дубайтӣ. Маълум мешавад, ки Унсурӣ аз он бохабар аст? Чӣ тавр бохабар шуд? Охир вай, Фирдавсӣ, он сатрҳоро шифоҳан* гуфта ва дар ҳеҷ ҷо нанавишта буд.
Шоир фаромӯш карда буд, ки шунавандаи он сатрҳо аз забони ӯ танҳо Исмоили саҳҳоф набуд, се-чаҳор нафар аз мухлисон ва ошноёни ҳиротии шоир низ дар он ҷо ҳозир буданд ва шуниданд. Вақте ки якчанд кас шунид, шоеъ шудани ҳаҷвия аҷобате надорад. Дар чунин мавридҳо хабаркашон ё дигар шахсони булҳаваси ҳангомаҷӯй чаро ғафлат кунанду ҳаҷвияро пинҳонӣ ё ошкоро гӯшраси ҳарифон нанамоянд?
___________________
* Шифоҳан ‒ даҳанакӣ.
Аз қазия Олтунтоши ҳоким низ бохабар шуда буд. Олтунтош бо номаи махсус ба маликушшуаро хабар дода буд, ки бо вуҷуди манъ кардани ӯ Фирдавсиро аз рафтани ба Ғазнӣ /167/ вай пинҳонӣ баромада рафтааст; дар поёни нома дубайтии шоирро ҳам навишта ба маълумоти Унсурӣ расонда буд.
Унсурӣ аз сурх шудани чеҳра ва гӯши меҳмонаш донист ки заҳраш ба ӯ кор кард.
Фирдавсӣ як нафас бо сари хам хомӯш монд ва дар аснои ин хомӯшии хиҷолатомез изтироби қалбашро фурӯ нишонда гуфт:
‒ Донистам, ҳазрат, он мисраъ, ки дар Ҳирот дар ҳолати аламзадагӣ ва парешонҳолӣ гуфта шуда буд… ва боиси парешонҳолии банда манъи ҳоким буд, маро аз омадани ба Ғазнӣ… бале, он мисраъ ба шумо маълум шудааст. Ҳазрат ранҷи хотири худро ошкоро, бидуни киноя мегуфтанду бандаро сарзаниш мекарданд, дашном медоданд, беҳтар буд. Аммо дар он ду байт алфоз аз ҳасоиси шеърӣ, аз тақозои сухани манзум буд, на аз ақл. Ҳиссиёти мубҳам ва онии банда буду бас. Бо вуҷуди ин аз ҳазрат бахшоиш мехоҳам. Қазияро ба фаромӯшӣ супоранд, чунон ки ман худ супурдаам. Вале агар ба фаромӯшӣ супурдан нахоҳанду узри маро напазиранд, инак китоби банда ба дасти худашон ва тақдираш баста ба раъйи худашон аст: ҳазрат метавонанд ба кинхоҳӣ* аз банда, масалан, раъй ва таваҷҷуҳи султонро аз «Шоҳнома» гардонанд.
___________________
* Кинхоҳӣ ‒ қасос гирифтан.
‒ Ин чӣ суханест, ки шумо мегӯед? ‒ ранҷишомез гуфт Унсурӣ; ‒ Шумо ба ман айби кинаҷӯйӣ ҳам мениҳед? Шукр, ман аз ин хислати разила барӣ ҳастам. Арзиши асари шуморо медонам, онро ба султон чӣ тавре ки ҳаст, арза хоҳам кард. Аслан, чигунагии «Шоҳнома»-атонро ҳоҷати арза кардани ман нест, султон худ суханшиносанд. Аммо, рост бигӯям, банда аз ҳамчу шумо шоири бузург ин навъ худситоиро гумон накарда будам.
‒ Шумо узри маро мепазиред ё на? ‒ пурсид Фирдавсӣ.
Унсурӣ ҷавоб надод, суолро гӯё ки нашунид. Ба ҷойи ҷавоб чунин гуфт:
‒ Султон дар Боғи Фирӯзӣ истироҳат мекунанд, ғайр аз вазир ва ду-се надими хос касеро бор намедиҳанд: дар ин қарибиҳо «Шоҳномаро имкони манзур кардан нест.
‒ Ман дар ин ҷо зиёд истодан наметавонам, ‒ гуфт Фирдавсӣ.
‒ Сабаб? ‒ пурсид Унсурӣ.
‒ Дар мусофират касби маош кардан душвор аст. /168/
Маликушшуаро як лаҳза фикр карду чунин ваъда дод;
‒ Ман хоҷаи бузургро мебинам, хоҳиш мекунам, ки бароятон марсуме* таъйин бикунанд.
___________________
* Марсум ‒ моҳона, рӯзона ё солона.
Маслиҳати Моҳак
Фирдавсӣ аз назди маликушшуаро малул ва андуҳгин баргашт. Ҳарчанд Унсурӣ гуфт, ки ӯ кинаҷӯй нест ва ҳатто ваъда дод дар бобати маоши зиндагии шоир дар Ғазнӣ аз вазир хоҳишгарӣ намояд, вале Фирдавсӣ яқин кард, ки вай ба ҷиҳати дубайтии ҳаҷвия аз шоир ба дил кина гирифтааст, бинобар ин ба паст кардани қимати «Шоҳнома» дар назари султон кӯшиш кунад ҳам, аҷаб нест. Дар ин маврид ба кинаи ӯ ҳасудӣ низ зам мешавад ‒ Лабибӣ беҳуда аз ҳасудии Унсурӣ сухан наронда буд. Аз тарафи дигар, кай ба султон пешниҳод шудани «Шоҳнома» маълум нест. Чӣ бояд кард? Шоир фикр карда бад-ин қарор омад, ки агар то баргаштани Абу Дулаф аз Қаҳистон ин кор якрӯя нашавад, вай китобро як нусха дар дасти маликушшуаро ва нусхаи дигар дар дасти вазир Майвандӣ мегузораду меравад, Ғазниро тарк мекунад.
Дар меҳмонхонаи Моҳак вай хоҷаро бо Маншурӣ гарми суҳбат ёфт. Хотирпарешонии вай аз онҳо пинҳон намонд.
‒ Чӣ хабар, устод? ‒ хавотир кашида пурсид Маншурӣ. ‒ Унсуриро дидед?
Фирдавсӣ андуҳгинона сари тасдиқ ҷунбонид:
‒ Ӯ достонҳоро ҳанӯз хонда тамом накардааст. Агар тамом ҳам мекард, «Шоҳнома»-ро ба султон бурдан наметавонист: султон дар боғи худ истироҳат мекунад, бор намедиҳад.
‒ Хуб, дар истироҳат бошад, чӣ беҳтар, ‒ гуфт Моҳак, ‒ истироҳат барои мутолааи «Шоҳнома» айни вақти мусоид нест магар?
‒ Аз гуфтаи Унсурӣ ҳамин қадар дастгирам шуд, ки ӯ «Шоҳнома»-ро назди султон баъд аз ягон моҳ хоҳад бурд. Баъд аз он боз як муддати дароз бояд мунтазир шуд, то султон ақаллан як-ду достонро бихонад ё хононда шунавад.
‒ Ҳар гоҳ ки достоне ё қасидаеро барои ӯ мехонанд, ‒ гуфт Моҳак, ‒ ӯ беш аз даҳ-понздаҳ байт намешунавад, аз қасидаҳо фақат мадҳи худашро мешунаваду бас; чун хонанда /170/ ба гурези қасида расид, хондани онро қатъ мекунад. Дар мавриди «Шоҳнома» ҳам, ба эҳтимоли қавӣ, ӯ қироати онро дер нахоҳад шунид, балки ба он чӣ маликушшуаро дар бораи он бигӯяд, иктифо хоҳад кард. Гумон намекунам, ки гузаронидани китоб ба султон он қадар, ки шумо мегӯед, ба таъхир меафтода бошад. Вале дар ҳар сурат шуморо ғайр аз сабр чора нест, мавлоно. Якмоҳа-думоҳа сабр дар баробари сию панҷ сол, ки ба «Шоҳнома» ранҷ бурдаед, чист? Соате беш нест. Банда аминам, ки ба «Шоҳнома» аз султон подоши арзанда хоҳед ёфт, он гоҳ подоши шоҳона машаққати сиюпанҷсола ва талхии интизори якмоҳа-думоҳаро аз ёди шумо хоҳад бурд.
‒ Аммо… маликушшуаро назди султон дар бораи «Шоҳнома» чиҳо хоҳад гуфт, онро чӣ гуна муаррифӣ хоҳад кард? Дар ин бора дили ман пур нест.
‒ Чаро? ‒ ҳар ду мусоҳиб баробар пурсиданд.
‒ Маликушшуаро аз ман озурдааст… ба дил кина гирифтааст…
‒ Кина гирифтаст? Чаро?
‒ Напурсед, гуноҳ ба худи ман аст. Дар Ҳирот, вақте ки фаҳмидам Унсурӣ ба Ғазнӣ омадани маро намехоҳад, ман инро аз ҳасудии ӯ дониста ду байт дар накӯҳиши* ӯ гуфта будам, шифоҳан ба тариқи бадеҳа гуфта будам, шунавандае онро ба Унсурӣ расондааст. Бо ман аз он бадеҳа бо рамузу киноя сухан гуфт.
___________________
* Накӯҳиш ‒ таъна, маломат.
‒ Бадеҳа чӣ гуна буд? ‒ донистан хост Маншурӣ.
Фирдавсӣ аз гуфтан худдорӣ кард:
‒ Напурсед. Мабодо ки ба забони мардум афтад, аз ғайри ихтиёри мову шумо. ‒ Шоир як он сукут карду афзуд: ‒ Кошки Абу Дулаф зудтар бармегашт.
Аз ин сухан Моҳак чунин хулоса гирифт, ки шоир бепул мондааст ё метарсад, ки ба қарибӣ бепул мемонад.
‒ Агар ба пул эҳтиёҷ ҳаст, банда…
‒ На, на, ‒ Моҳакро аз сухан боздошт Фирдавсӣ. ‒ ҳоли ҳозир эҳтиёҷ нест. Салоҳи корро дар он мебинам, ки ҳарчи зудтар ба Тӯс баргардам. Абу Дулаф, ки омад, рахти сафар мебандем. Бигузор «Шоҳнома»-ро дар ғайби ман бихонанд ва… ҳукм кунанд… Зимнан, назари маликушшуаро ва ҳамчунин назари хоҷаи бузург ба ман хуб нест.
Аз як тараф камэътиноӣ ва сардии вазир Майвандӣ нисбат ба Фирдавсӣ ва китоби ӯ дар он вақт, ки шоир ба қабу/171/ли ӯ рафта буд, аз тарафи дигар гуфтугузори нохуши сонӣ бо маликушшуаро ва ниҳоят суханони нописандона ва ҳатто буҳтономези Фаррухӣ дар бораи «Шоҳнома» ‒ инҳо ҳама якҷоя дар замири шоир чунин ҳиссе пайдо кунонда буданд, ки «Шоҳнома»-и ӯ дар дарбори Ғазнӣ қадру қимати даркорӣ нахоҳад ёфт. Аз ҳамин ҳиссиёт сарчашма мегирифт қарордоди шоир ба мунтазир нашудан ба қабули «Шоҳнома» дар дарбор ва баргаштан ба Тӯс. Дар рафтори вазиру шоирони дарбор нисбат ба Фирдавсӣ ва асари ӯ шояд таассуби мазҳабӣ ҳам бетаъсир набошад: шоҳ ва атрофиёнаш душманони шиа мебошанд. Фирдавсӣ боре гапи дар Тӯс шунидаашро ба ёд овард: султон Маҳмуд мардуми шиамазҳаби Тӯсро қарматиёну ботиниён, ёрони душмани худаш ‒ Дайламиён мешумурда ва бад медидааст.
Моҳак ногаҳон ба шоир чунин маслиҳат дод:
‒ Як фикр, мавлоно. Шумо аз Унсурӣ сарфи назар кунеду «Шоҳнома»-ро худатон ба султон баред. Бевосита ба худаш ба Боғи Фирӯзӣ баред ё фиристед. Хоҳед дид, худаш дер ё зуд мехонаду шуморо ба ҳузураш металабад. Ё ки, агар не гӯед, ин корро ба ман ҳавола кунед. Китобро ба султон ман худам мебарам…
…Ва бурд
Ҳавлии Шарафуддини Моҳак дар наздикии Боғи Фирӯзӣ буд, аз он ҷо то он боғ масофа ҳазор қадам беш набуд. Як бегоҳ вай «Шоҳнома»-ро дар бағал гирифта пиёда ба он мақомгоҳи шоҳ равон гардид.
Дарбонҳои ҳайбатноки мусаллаҳ ба камону найза, кулоҳҳои душоха бар сар, пирамарди қадимро, ки мешинохтандаш, аз дарвоза нагардонданд ва розӣ шуданд, ки омадани ӯро ба ҳоҷиби калон хабар диҳанд. Моҳак дар паси дарвозаи якуми оҳанкӯби қуббадор (зеро дар дарунтар боз дарвозаи дуввуми ба аввалӣ монанд буд) соате интизор нишаст, то шогирди ҳоҷиб пайдо шуда аз номи сардори худ гуфт, ки ин соат султонро дидан мумкин нест.
Моҳак ночор ба бошишгоҳи худ баргашт.
Рӯзи дигар боз рафт ва боз навмед баргашт.
Ниҳоят бори сеюм рафта: «Ба аълоҳазратам туҳфае овардам, ки монандаш ба ҳеҷ як подшоҳ пешкаш нашудааст» гӯён ба ворид шудан исрор намуда буд, ки ҳоҷиб бо рухсати /172/султон ӯро дароварда, аз сояи сарву санавбарҳои мавзун, аз чаманзору гулзорҳои атрафшон, ки дар онҳо товусони рангинбол хиромон, ва аз пеши ҳавзи ниҳоят калони мармарин, ки дар вай қуҳои сафеду сиёҳ шиновар буданд, гузаронда ба кошонае бурд. Дар шуълаи на он қадар гарми офтоби тирамоҳӣ боғ ба сад ҳусну ба сад ранги назаррабо ҷилва мекард. Дар айвони мунаққаши кошона султон, яктаҳи дарозу эзори фарохи сафед дар тан, рӯйи кати зарнигор ба пушт хобида буду Аёзи ҷавони бисёр хушсурат ва хушқадуқомат ‒ ҳам аскар ва ҳам ғуломи маҳбуби султон пойи ӯро мемолид. Моҳак, китоби рӯмолпеҷ дар бағал, дуқат шуда қадаме чанд сӯйи кат рафт ва ба зону афтида ба замин пешонӣ сойид;
‒ Зиндагонии султони аъзам ва шоҳаншоҳи олам дароз бод, Абулқосими Фирдавсии шоири тӯсӣ таърихи мулуки Аҷамро саросар ба номи аълоҳазратам назм карда оварда ва ба ин кор сию панҷ сол ранҷ бурдааст, вай алъон меҳмони банда аст, худ аз омадан ба даргоҳи олӣ ибо карда, аз банда илтимос кард, ки «Шоҳнома»-и ӯро ба пешгоҳи ҳумоюнӣ оварда манзури назари муборак намоям. — Моҳак китобро рӯйи даст нигоҳ дошта истод.
Султон дар ҳамон ҳолати хобидааш рӯ ба тарафи гӯянда паҳлу зад ва пурсид:
‒ Ҳамин буд пешкаши нестандарҷаҳони ту?
‒ Султонам, аз бозе, ки ба форсии дарӣ каломи мавзун зуҳур кардааст, то кунун ҳеҷ фарде китобе ба ин бузургӣ ва ба ин фасоҳату балоғат нанигоштааст, ҳамаи шуаро ва фузало дар ин маънӣ муттафиқанд.
Султон хеста нишаст ва китобро ба даст гирифт, нигоҳ кард, ду-се варақ гардонду ба Аёз дод:
‒ Ба китобдор бидеҳ, бигӯ, ҳар гоҳ ки ба доруссалтана баргаштам, оварад.
Аёз китобро гирифта ба токча гузошт. Султон пушт ба болиштҳо дода пояшро дароз карду ба Моҳак гуфт:
‒ Ибо кард? Чаро?
‒ Гуфт, ба расму одоби даргоҳи олӣ балад нестам, мабод ки саҳве аз ман сар занаду шармсор шавам, ‒ ҷавоб ёфт надим.
‒ Чаро меҳмони ту? Бо вай собиқаи ошноӣ доштӣ магар?
‒ На, султонам, дар ин ҷо шиносо шудам; чун манзил надошт, ба хона бурдамаш.
‒ Чӣ мегӯяд? /173/
Моҳак маънии суолро нафаҳмида саросема шуд. Султаи суолашро возеҳ кард:
‒ Дар бораи мо чӣ мегӯяд?
‒ Шоҳаншоҳи аъзам одиланд, фуқаропарвар ва шоирпарваранд мегӯяд, Фаридун зинда шуд мегӯяд.
Нигоҳи чашмони кӯчаки султон бигизвор ба рӯй Моҳак халида шуданд, ба лабони борикаш нимтабассуми истеҳзоомез дамид.
‒ Фаридун? Аз куҷо маълум, ки Фаридун шоирпарвар будааст? Магар дар замони ӯ ҳам шоирон будаанд?
‒ Банда намедонам, ӯ гуфт ‒ ӯ медонад.
‒ Дурӯғ гуфтӣ. Фаридунро ту гуфтӣ, Фирдавсӣ «Шоҳнома» нигоштааст, пас таърихи мулукро медонад. Фаридунро шоирпарвар намегӯяд. Дар ахбори мулук ин сухан нест.
‒ Агар дурӯғ гуфта бошам, забонамро бибуранд.
‒ Гуноҳи забон нест, гуноҳи ақл аст. Ақл дар сар аст, бояд сарро бурид.
‒ Сарам фидои султонам, вале агар сар равад, ба гуноҳи вай забони бегуноҳ ҳам табоҳ мешавад ва ҳол он ки султони адлшиорам бегуноҳеро ба гуноҳи дигаре намекушанд, ‒ ҳозирҷавобӣ кард Моҳак.
Аз чеҳраи султон маълум буд, ки ӯ ҷавоби надимашро писандид.
‒ Фаррухӣ гуфт, ‒ ба ёд овард султон, ‒ ин Фирдавсӣ Рустамро беш аз ҳад ситудааст.
‒ Оре, султонам, Рустами Зол дар ҳақиқат ҷаҳонпаҳлавони якто будааст.
‒ «Ҷаҳонпаҳлавони якто», ‒ худ ба худ бо истеҳзо гуфт султон ва аз ғуломаш пурсид: ‒ Ту чӣ мегӯйӣ, Аёз?
‒ Сад Рустам ба диловариву паҳлавонӣ бо шоҳаншоҳи ман ҳамбоз шудан наметавонанд, ‒ таъзим карда фавран ҷавоб дод Аёз.
‒ Шунидӣ? ‒ ба надим рӯ овард султон.
‒ Рост мегӯяд, ‒ тасдиқ кард Моҳак ва афзуд: ‒ Аммо, султонам, ровиёни ахбори қадим ривоят кардаанд ва Фирдавсӣ ривояти эшонро назм сохтааст, ки Рустам чун аз шири модар баромад, хӯроки панҷ бачаро мехӯрд, дар ҳаштсолагӣ бо гурзи гарон филро кушт, баъдҳо деви сапедро кушт, санги Аквондевро, ки ҳафт паҳлавон аз ҷояш ҷунбонда натавонистанд, ӯ бардошта ба бешаи Чин афканд.
‒ Дурӯғ, ‒ гуфт султон.
‒ Фаразан, дурӯғ ҳам бошад, султонам, дар достонҳои /174/ Фирдавсӣ чунон назм шудааст, ки ба дил фараҳ мебахшад, дар хонанда шуҷоат ва шаҳомат меангезад.
‒ Дурӯғ, ‒ такрор кард султон.
‒ Дар ахбор чунин омадааст, султонам, пас гуноҳи шоир чист?
‒ Аблаҳ, ‒ гуфт султон.
‒ Дар Фирдавсӣ на фақат ҳеч нишонаи аблаҳӣ нест, султонам, балки баръакс, ҳар кӣ боре бо вай мусоҳиб шуда ё достонашро хонда бошад, ба ҳакимиву хирадмандиву доноии вай офарин мехонад.
‒ Аблаҳ туӣ, на ӯ, ‒ гуфт султон.
‒ Шоҳаншоҳам, банда надими падари шумо будаам, падари бузургворатон аблаҳонро ба надимии хеш қабул намекарданд, ‒ хандида боз зуд ҷавоб ёфт Моҳак.
Султон аз нав дар кат дароз кашиду баъди каме хомӯшӣ пурсид:
‒ Сию панҷ сол ранҷ бурда?
‒ Оре, шоҳам, сию панҷ сол, ‒ ҷавоб дод Моҳак.
‒ Ба назми сиярулмулук дар аввал бо амри Нуҳи Сомонӣ Дақиқии шоир ибтидо карда будааст, магар баъдан ин корро ба Фирдавсӣ фармудаанд?
‒ Оре, султонам, худи аълоҳазрати Нуҳ ба ӯ фармуда будаанд, ки «Биозмой, чун назм кардӣ, ба мо биёвар».
‒ Магар ӯ Нуҳро дидааст?
‒ Мегӯяд, дар оғоз ба суроғи «Шоҳнома»-и мансур ба Мовароуннаҳр ҳам рафта, дар Бухоро ба боргоҳи олӣ шарафи қабул ёфта будам.
‒ Дақиқӣ забардасттар буда ё Фирдавсӣ?
‒ Бандаро мутолааи ашъори Дақиқӣ иттифоқ наяфтода буд, намедонам, аз қазоват кардан дар ин боб оҷизам. Аммо мегӯянд, ки ӯ ҳам гӯяндаи бузург буд.
‒ Пир аст?
‒ Ҳафтоду як сол умр дидааст, шоҳам.
‒ Бо ин пирӣ чунин сафари дурро пеш гирифтааст аз Тӯс то Ғазнӣ? Аз машаққати сафар натарсида?
‒ Инро банда низ аз ӯ пурсидам, мегӯяд шарафи вуруд ба пойтахти шоҳи ҷаҳон ва умеди дидори мубораки ҳумоюнӣ ба ман қувват бахшид ва машаққати сафарро бароям осон кард, ‒ боз «дурӯғи маслиҳатомез» гуфт надими ҳозирҷавоб.
‒ Ҳай чоплус, ‒ таънаомез лабханд кард султон, ‒ ақаллан мегуфтӣ ки ӯ бо вуҷуди пиронсолӣ ҳанӯз бардам, неру/175/манд менамояд, бовар мекардам… Хуб, акнун бирав. Фирдавсиро бигӯ, мо «Шоҳнома»-ашро қабул кардем.
‒ Қабул, мавлоно, қабул! ‒ ба остонаи меҳмонсаро қадам ниҳода ба Фирдавсӣ мужда дод Моҳак. ‒ «Шоҳнома» қабул ёфт. Иншоолоҳ анқариб ба муроду мақсадатон мерасед.
Сипас нишаста, ба ҳузури султон чӣ тавр даромаданаш ва бо ӯ чӣ гуна пурсу посух намуданашро як ба як ҳикоя кард. Шоирро аз баъзе пурсишҳои султон мутааҷҷиб ва аз ҷавобҳои худаш хушнуд сохт.
‒ Ман назди султон «Шоҳнома»-и шуморо он қадар таърифу тавсиф кардам, ки ҳеҷ напурсед, ‒ ба поёни ҳикояташ афзуд хоҷа, ‒ дар эътирофи бузургиву беназирии он муттафиқ будани ҷамеи уламову шуарои шаҳрро арз кардам. Султон худ медонад ва мебинад баландии сухани шумо то куҷост.
‒ Ӯ кай ба доруссалтанааш бармегашта ва «Шоҳнома»-ро кай мехонда бошад? ‒ донистанӣ шуд Фирдавсӣ.
‒ Инро ҳеҷ кас намедонад, мавлоно. Мумкин аст зуд, дар ҳамин моҳ, ва мумкин аст дер, дар моҳи оянда. Хондани ин миқдор достонҳо, ки дар китоби шумост, кам вақт намехоҳад. Чӣ илоҷ, сабр бояд кард.
Андеша ва илҳоми Унсурӣ
Маликушшуаро дар меҳмонсарои худ нӯги ришашро дар қабза гирифта ин сӯ-он сӯ мегардид. Бе тавассути ӯ ба султон бурда шудани «Шоҳнома» ба нафси ӯ расида, димоғашро сӯзонда буд. Ин хабарро ба вай парерӯз Фаррухӣ, ки султон ӯро ба чӣ хизмате ба ҳузураш ‒ ба Боғи Фирӯзӣ талабида будааст, овард. Инак ду рӯз инҷониб маликушшуаро беқарор буд, аз хафагӣ ва коҳиши нафс дар як ҷо нишаста наметавонист. Воқеа як ҳафта пеш рӯй додааст, пас чаро султон то алвақт ӯро ба наздаш нахонд, дар бораи «Шоҳнома» фикрашро напурсид? Мегӯянд, ки вай, султон, қории худ Абдулвоҳидро талабидааст ‒ барои чӣ? Магар барои он ки «Шоҳнома» хононда шунавад? Худаш достонҳои Фирдавсиро аз ғайри тавассути маликушшуаро мутолиа кунад?
Аммо гузашта аз коҳиши нафс, Унсуриро боз хаёли дигаре парешонхотир карда буд, яъне мабод ки султон аз қудрати суханварии Фирдавсӣ дар ҳайрат монда мақоми ӯро аз /176/ маликушшуаро ва дигар шоирони дарбор болотар ниҳад. Унсурӣ чунин эътибор пайдо кардани соҳиби «Шоҳнома»-ро асно намехост. Кӣ мехоҳад, ки аз мақоми дараҷаи аввал ба дараҷаи дуввум афтаду имтиёзҳояшро аз даст диҳад?
Вай аз болохона фуромада оҳиста-оҳиста гардишкунон ба тарафи меҳмонхонаи даруни боғ равон шуд. Аз як гӯшаи боғ паст-паст чақ-чақу хандаи занона ба гӯш мерасид. Унсурӣ дар он чақ-чақ овози духтари худаш Сарвинозро шинохт. Зоҳиран, духтарак бо дугонаҳояш машғули шеърхонӣ буданд, ӯ гардишкунон наздик рафта дар пушти дарахти чормағзи пир қарор гирифт. Ба духтарон дуздида менигаристу ба чақ-чақашон гӯш меандохт. Онҳо дар сояи сада рӯйи сабза бар палос яке нишаста ва дигаре ғел зада шеъреро, ки Сарвиноз аз дафтар мехонд, мешуниданду ҳар дам чӣ нидоҳое мебароварданд ё баъзе байтҳоро бо овоз такрор менамуданд. Чунон саргарми шуғли худ буданд, ки дар он дам агар касе дар болои сарашон ҳозир мегардид, пай намебурданд. Онҳо чаҳор нафар ва ғайр аз Сарвиноз ду нафарашон аз хонаводаҳои соҳибмансабон буданд, чаҳорумӣ духтари Асҷадии шоир буд. Ҳар чаҳорашон ҳам хушлиқо, баҳори умрашон дар айни шукуфониву гулафшонӣ буд. Гуландом духтари шонздаҳсолаи раиси девони рисолати шоҳ Абунасри Мушкон аз дугонаҳояш соҳибҷамолтару нозанинтар менамуд. Унсурӣ ба шеърхонии духтараш гӯш карда, ба ҳайрати худ донист, ки вай достони Зол ва Рӯдобаро мехонад. Духтарак «Шоҳнома»-и Фирдавсиро бо иҷозати падараш гоҳ-гоҳ гирифта ба ҳавлии дарун бурда бо модараш ва хоҳаронаш мехонд. Зоҳиран, порае аз он достонро рӯбардор карда гирифта будааст. Сарвиноз аз қиссаи мулоқоти пинҳонии Зол ва Рӯдоба мисраъҳои зеринро ‒ савганди ишқу вафои ошиқонро бо як ҳасратзадагиву дилбохтагӣ мехонд ва дугонаҳояш низ бо ҳамон кайфият гӯш мекарданд:
…Ҳамебуд бӯсу канору набид*,
Магар шер к-ӯ гӯрро бишкарид**
Сипаҳбуд чунин гуфт бо моҳрӯй.
Ки «Эй сарви симинбари мушкмӯй,
Пазируфтам аз додгар доварам***,
Ки ҳаргиз зи паймони ту нагзарам». /177/
___________________
* Набид ‒ шароб.
** Бишкарид ‒ шикор кард.
*** Довар ‒ ин ҷо ба маънии худо.
Бад-ӯ гуфт Рӯдоба: «Ман ҳамчунин
Пазируфтам аз довари кешу дин,
Ҷаҳонофарин бар забонам гувоҳ,
Ки бар ман набошад касе подшоҳ.
Ҷуз аз паҳлавони ҷаҳон Золи Зар,
Ки бо тахту тоҷ асту бо ному фар.*
Баногоҳ аз паси девори боғ ‒ аз хиёбон садои сумми аспон баланд шуд. Духтарон шеърхониро қатъ карданду сӯйи девор давида, ба болои нардбон ва ба дарахтон баромада нигоҳ карданд. Гуландом ҳам аз байни шохаҳои дарахти зардолу ба саворони роҳгузар чашм дӯхт. Саворон сипоҳиён буданд. Сарвиноз пештар фуромада, аз поён шӯхона ба Гуландом мегуфт:
‒ Аёзро меҷӯйӣ? Агар бинӣ, овоз деҳ ба вай!
___________________
* Фар (фарр) ‒ ҷалолу шавкати подшоҳона.
Гуландом ошиқи Аёз буд. Ғуломи соҳибҷамоли султон боре дар як ҷашни арусӣ чашмаш ба Гуландом ғалтида зоҳиран зебоии духтар таваҷҷуҳашро ҷалб карда буд, ки даст бар сина ниҳода ба вай бо табассуми ширин салом дод. Салом доду дили духтаракро бурд. Аз ҳамон рӯз инҷониб Гуландом ҷӯёи дидори ӯ буд; ҳар гоҳ ки аз кӯча садои сумми аспонро мешунид, давон ба сари девор, ё лаби бом мебаромаду нигоҳ мекард. Бошад ки шаҳсаворро бинад!
Вай ҳам мисли Рӯдоба метавонист гӯяд:
Дилу ҷону хушам пур аз меҳри ӯст,
Шабу рӯзам андешаи чеҳри ӯст.
Вай аз шохи дарахт бо нимтабассуми андуҳнок фуруд омад. Дар байни саворон Аёзро надид. Дугонаҳо ӯро дӯстона ҳаҷв мекарданд:
‒ Ғам нахӯр, Гуландом, ‒ мутоиба менамуд Насрин ‒ духтари Бусаҳли Хуҷандӣ, муншӣ ва китобдори султон, ‒ ҳар гоҳ, ки Аёз ба шикор рафт, ману Сарвинозу Ноҳид либоси канизакон пӯшида ҳамчу парасторони ту ба шикоргоҳ меравем, ӯро мебинем, аз ҳусну ҷамоли ту ба гӯшаш афсун хонда, ӯро монанди канизакони Рӯдоба, ки Золро ба кӯшки вай оварданд, ба наздат меоварем. Ту ба ҳар эҳтимол мӯятро дарозтар кун, то ки ҳамчун Рӯдоба «мӯйи шабгуни дутоб»-атро ба ҳам печонда бо вай Аёзро ба кунгураи кӯшкат кашида тавонӣ. /178/
Духтарон қоҳ-қоҳ хандиданд, худи Гуландом ҳам механдид.
‒ Мӯяшро дароз накунад ҳам мешавад, ‒ мутоибаро давом дод Ноҳид, духтари Асҷадии шоир, ‒ Золи Зар ба боми Рудоба бо каманди худаш баромада буд-ку! Аёз ҳам каманд дорад.
Унсурӣ аз он гуна шавқи духтарон ба достони ишқии Фирдавсӣ мутаассир шуда ба меҳмонсарои худ баргашт. Ба дилаш мегуфт, магар қасидаҳои ӯро бо он ҳама маъниҳои ҷамилу фикрҳои бикр ва ташбеҳоти балиғу шево, ки дар онҳост, мардумон, духтарон, ҷавонон бо ҳамин гуна шавқу ҳавас мехонанд? Оё он қасидаҳо дар эшон ҳамин навъ эҳсосот, шавқу шӯр меангезанд, ҳамин навъ мафтуниву дилбохтагӣ эҷод мекунанд? На. Онҳо фақат дар маҷлиси шоҳ, вазирон, аъёну ашроф хонда мешаванд ва шояд аҳёнан дар маҳфили фозилони шеърдӯст ҳам. Фозилон ва инчунин шоирон фақат барои он мехонанд, ки бубинанд шоир чӣ гуна маъниҳои борик ёфта ва чӣ санъатҳои лафзӣ ба кор бурдааст. Аммо достони ишқиро ҳама хосу ом ба ҷон дӯст медоранд, зеро дар вай ҳаёт ҳаст, орзую омол ҳаст, иштиёқи зебоӣ ҳаст, вай аз ёд ба ёд, аз сина ба сина мегузарад, дар зеҳну фикру ҳисси хонанда ҷо мешавад, хаёлу андешаҳои нек пайдо мекунонад.
Кӣ медонад, шояд фикри навиштани достони Вомиқу Азро ба Унсурӣ ҳамон рӯз, дар ҳамон наззораи достонхонии духтарон илҳом шуда бошад…
Мушоара
‒ Шунидед, устод? Султон «Шоҳнома»-ро хеле, хеле писандидааст. Дирӯз Абдулвоҳид ба наздам омада буд, мегӯяд: «Султон маро талабида буд, рафтам, «Шоҳнома» рӯйи мизаш буд, фармуд: «Бигир, як боб аз корҳои Рустам бихон!». Варақ задам, боби ҷанги Рустам бо Ашкабус баромад, хондам, хеле ҷолиби таваҷҷуҳи султон афтод, ӯ ҳатто баъзе байтҳоро батакрор хононд.
Фаррухӣ пагоҳӣ ба назди Унсурӣ омада бо ҳамин суханон ба ҳуҷраи болохонагии ӯ ворид шуд. Аз Унсурӣ «Шоҳнома» хост, китобро гирифта тез-тез варақ зад, «Набарди Рустам ва Ашкабус ва кушта шудани Ашкабус»-ро пайдо кард ва дар он боб ин баҳси ду паҳлавонро хонд: /179/
Бад-ӯ гуфт хандон, ки номи ту чист?
Тани бесаратро кӣ хоҳад гирист?
Таҳамтан бад-ӯ гуфт к-эй шумтан,
Чӣ пурсӣ ту номам дар ин анҷуман?
Маро моми ман ном марги ту кард,
Замона маро путки тарки ту кард.
Кашонӣ бад-ӯ гуфт: бе борагӣ*.
Ба куштан диҳӣ тан ба бечорагӣ.
Таҳамтан чунин дод посух бад-ӯй,
Ки: эй беҳуда марди пархошҷӯй!
Пиёда надидӣ, ки ҷанг оварад,
Сари саркашон зери санг оварад?
‒ Султон ин фиқраро се карат хонондааст, ‒ гуфт Фаррухӣ, ‒ ва боз ин сатрҳоро ҳам батакрор хононда гӯш кардааст, ‒ гӯянда фиқраи зеринро қироат кард:
Камонро бимолид Рустам ба ҷанг,
Биғуррид монанди ғуррон паланг,
Пас он гаҳ ба банди камар бурд чанг,
Гузин кард як чӯба тири хаданг,
Хаданге баровард пайкон чу об.
Ниҳода бар ӯ чор парри уқоб.
Бимолид чочикамонро ба даст,
Ба чарми гавазн андаровард шаст,
Сутун кард чапрову хам кард рост**,
Хурӯш аз хами чархи чочӣ бихост.
Чу пайкон бибӯсид ангушти ӯй.
Гузар кард аз муҳраи пушти ӯй.
Чу зад тир бар он синаи Ашкабус,
Сипеҳр аз замон дасти ӯ дод бӯс.
Қазо гуфт «гир!»-у қадар гуфт «деҳ!»
Фалак гуфт «аҳсан!» Малак гуфт «зеҳ!»
___________________
* Яъне бе маркаб, пиёда.
** Мақсад пойи чап ва рост аст.
‒ Султони набардозмойро ин тасвири набард писанд омада бошад, чӣ аҷаб, ‒ гуфт Унсурӣ.
‒ Ба Фирдавсӣ инсоф бояд дод, ҳақиқатан устодона гуфтааст, ‒ эътироф кард Фаррухӣ.
‒ Эъҷоз кардааст, ‒ сухани ӯро бурида бо овози паст ва як навъ мутафаккирона гуфт Унсурӣ, ‒ ман ҳам ба ин фиқра/180/ҳо диққат кардам, дар воқеъ бо калом сурати набарди ду паҳлавонро аз ин беҳтар кашидан муҳол аст. Мисли он аст, ки шоир он набардро ба чашм дида ва ба гӯши худ шунида, тасвири онро дар ҳамон ҷо карда бошад.
‒ Абдулвоҳид мегӯяд, султон ҳатто ба ваҷд омад, мегуфт: «Баҳ, баҳ! Инак шоир!»… Вале мақсуди ман дигар аст, устод. Ин шоири фасонагӯй бешак аз султон подоши фаровон хоҳад гирифт. Бигузор бигирад, вале метарсам, ки мартабаи маликушшуароӣ ҳам бигираду мо ҳама мисли шогирдонаш дар сояи ӯ бимонем. ‒ Ба Унсурӣ чашм дӯхта сукут карду боз гуфт:
‒ Ман ба шарафи ғалабаи султон дар ҷанги Ғӯр мадеҳа навишта будам, ‒ вай аз қабати дастораш варақи лӯлапечро гирифт, ‒ ба мадеҳа ин мисраъҳоро афзудам, ‒ ӯ сатрҳои хитобан ба султон гуфтаашро хонд:
… То чанд бандагонт бидиданд ин замон,
Кас дар ҷаҳон ҳаменабарад номи Рустам,
Камтар ҳоҷиб туро чу Ҷамму чу Кисро*,
Кеҳтар чокар туро чу Геву чу Бежан.
___________________
* Ҷамшед ва шоҳи сосонии Эрон.
‒ Унсурӣ ин навъ паст задани қаҳрамонони «Шоҳнома»-ро написандид ва гуфт:
‒ Лозим набуд. Киноя аз «Шоҳнома» аст. Хонандагон метавонанд инро ба ҳасудӣ нисбат диҳанд.
‒ Нисбат диҳанд додан гиранд, ман султон ва сипоҳиёни шерафкани ӯро барҳақ меситоям. Устод, биёед бо Фирдавсӣ яке табъозмоӣ бикунем. Ними умрашро сарфи «Шоҳнома» кардааст ‒ сию панҷ сол! Ман дар ин муддат даҳ «Шоҳнома» менавиштам. Ба гумонам, ӯ табъи равон надорад, ман муътақидам, ки «Шоҳнома»-ро аз табъи рустоиёнааш бо тешаи кунди хаёл бо сад ранҷу озор тарошида баровардааст.
‒ Мехоҳед бо вай мушоара бикунед?
‒ Бале. Чор мисраъ шеър. Се мисраи аввалро шумо, ман ва боз ягон шоири дигар, Асҷадӣ ё Зинатӣ мегӯянд, чаҳорумро бигузоред Фирдавсӣ бигӯяд, агар тавонад. Ӯ бозиро хоҳад бохт. Он гоҳ бигузоред хабари мағлуб шуданаш дар мушоара ба гӯши султон бирасад… Мақсади маро фаҳмидед?
‒ Мақсадатон маълум. Аммо агар вай ғолиб барояд чӣ?
‒ Мо се мисраъро пештар мебофему дар мушоара чунин вонамуд мекунем, ки дар ҳамон ҷо бадоҳатан гуфтаем. Худ /181/ медонед, мисраи чаҳорумро дафъатан фақат шоире гуфта тавонад, ки табъаш дар ғояти равонӣ бошад.
‒ Мушоара бозии наҷибонаест, дар вай лӯттибозӣ кардан гуноҳ аст.
‒ Хуб, пас мо ҳам шеърро дар аснои мушоара мегӯем.
Ҳам Фаррухӣ ва ҳам Унсурӣ бадеҳагӯёни забардаст буданд, хусусан устодии Фаррухӣ дар ин ҳунар масал шуда буд, байти «Чу гаштӣ ба аспи бадеҳа савор ‒ Баровардӣ аз хайли фикрат* димор», гӯё дар ҳаққи ӯ гуфта шуда буд.
___________________
* Хайли фикрат ‒ маҷозан лашкари соҳибфикрон. Димор баровардан ‒ лат кардан, интиқом гирифтан.
Мушоараи бадеҳагӯйӣ дар байни шоирон хеле ривоҷ дошт, бинобар ин ривояте, ки дар бораи мушоараи се шоири дарбори султон Маҳмуд бо Фирдавсӣ дар ахбору тазкираҳо омадааст, аз эҳтимол дур нест. Соҳибони ахбор дар боғе воқеъ шудани он мушоараро зикр мекунанд. Дар кадом боғ ва боғи кӣ, маълум нест. Бигузор дар боғи Унсурӣ, ё Фаррухӣ, ё шоири дигаре воқеъ шуда бошад, ‒ ин барои мо ва барои хонанда фарқе надорад.
Алқисса шоирон дар манзили яке аз дӯстони худ ба чӣ муносибате ҷамъ омаданду Фирдавсиро ҳам даъват карданд. Ба Фирдавсӣ писандидани султон «Шоҳнома»-и ӯро табрик гуфтанд, шеърҳо хонданд, мутоибаҳои зарифона карданд. Дар миёнаҳои суҳбат Фаррухӣ таклиф кард ки:
‒ Биёед, азизон, мушоара мекунем. Бо ширкати устод Фирдавсӣ мушоараи мо бояд хеле гарм ва шавқовар шавад.
Таклифи ӯро ҳозирон гарму ҷӯшон тарафдорӣ карданд. Охир, мусобиқаи фикр, маҳорат, заковат ба кӣ шавқовар нест?
‒ Ҳазрати маликушшуаро сар кунанд, мо пайравӣ мекунем, ‒ ба Унсурӣ рӯ оварда хоҳиш кард Фаррухӣ.
‒ Қабул. Пас шуруъ мекунем, ‒ Унсурӣ дақиқае фикр карда ин мисраъро гуфт:
Чун орази ту моҳ набошад равшан.
Фаррухӣ бадоҳатан мисраи дуввумро гуфт:
Монанди рухат гул набувад дар гулшан.
Баъди як нафас Асҷадӣ афзуд:
Мижгонт ҳаме гузар кунад аз ҷавшан. /182/
Фаррухӣ Фирдавсиро ба мусобиқа хонд.
‒ Устод, мақтаъро* аз шумо илтимос мекунем, Фирдавсӣ даъватро иҷобат накарда наметавонист. Чашмро ҳама ба рӯйи ӯ дӯхта шуданд. Ҳозирон сӯйи ӯ на фақат бо ҳисси «Ку чӣ мегуфта бошад?», балки бо як навъ назари тараҳҳумомез ҳам менигаристанд, ки мабодо ӯ душвортарин мисраи дубайтиро бо ҳамин вазну қофия ба зудӣ гуфта натавониста шармсор шавад.
___________________
* Мақтаъ ‒ поёни шеър, байти охирини он.
Фирдавсӣ мисраи Асҷадиро барои худ бо овози паст такрор карда, як лаҳза андешиду гуфт:
Монанди синони Гев дар ҷанги Пашан.
Аз аҳли маҷлис баробар фарёдҳои аҳу оҳ бархост. Ин аҳу оҳ нидоҳои таҳсину офарин буданд. Дар як лаҳза бо чунин мувофиқату мувозинати сухан чунин ташбеҳи бикр ва комилро пайдо ва маъниро устодона мавзун карда тавонистани шоир дар воқеъ ҳайратангез буд. Маликушшуаро:
‒ Ҳазор аҳсант! Эъҷоз кардед, эъҷоз! ‒ гӯён дасти Фирдавсиро, ки дар паҳлуяш нишаста буд, бӯсид.
Дар муқобили ташбеҳоту қофияҳои обшуста ва ҳазорон бор дар ҳазорон шеър такроршуда, хусусан дар байти якум, мисраи Фирдавсӣ тамоман нав буд.
Ин мушоараи се шоири машҳуртарини замон ба зудӣ дар шаҳр овоза ва ду байти дар он гуфташуда вирди забонҳо гардид. Ғалабаи Фирдавсӣ дар он мусобиқаи табъу заковату тезҳушӣ дар таърихи адабиёт сабт шуда ва инак ҳазор сол инҷониб дӯстдорони шеър онро бо ҳисси ҳайрату офарин дар ҳақи сухансарои кабири тӯсӣ такрор мекунанд.
Як пагоҳ…
Тирамоҳ. Саҳари барвақт. Шоири саҳархез дар чорбоғи Шарафуддини Моҳак танҳо гардиш мекунад. Вай ин пагоҳ дар худ як хушҳолии ношинохтае эҳсос менамояд, ки аз бозе, ки ба Ғазнӣ омада буд, он гуна хушҳолӣ ба вай рӯй надода буд. Ин кайфият бешак аз саломату комёб баргаштани Абу Дулаф аз Қаҳистон буд. Ва шояд аз таваҷҷуҳи султон ба «Шоҳнома» ҳам. (Абдулвоҳиди қорӣ Фирдавсиро зиёрат карда, ба ӯ воқеаи хонда шудани китоб дар Боғи Фирӯзӣ ва хуш кардани султон қиссаи набарди Рустам бо Ашкабусро нақл карда буд). Ва ҳамчунин пирӯзӣ дар мушоара низ шояд дар /183/ хушҳолии шоир таъсире дошт. Абу Дулаф аз Қаҳистон дирӯз баргашт. Амири он ҷо аз туҳфаи Фирдавсӣ шод шуда, ба подоши он ба шоир ҳазор динор ва як аспи роҳвор фиристода, инчунин ба Абу Дулаф ҳам як асп бахшидааст. Абу Дулафро ду навкари мусаллаҳи амир барои эҳтиёт аз дуздону роҳзанон то Кобул мушояат карда баргаштаанд, то пойтахти султон омадан нахостаанд ‒ тарсидаанд, ки мабодо онҳоро дар Ғазнӣ ба ҷиҳати душмании байни султону амирони дайламӣ боздошт кунанд. Ровӣ аз Кобул ба ин сӯ як ҳамсафари пиёдаашро ба киро ба аспи худ нишонда, худаш аспи ба Фирдавсӣ инъомшударо савор шуда омадааст, аспони инъомӣ ба нигоҳбонии саисони соҳиб ва Бобак супурда шуданд.
Шоир дар чорбоғ сайр мекард. Ҳавои боғ дар ғояти сафою назоҳат. Насими саҳаргоҳӣ нарм-нарм вазида бӯйи биҳию себҳои ҳанӯз дар шохҳои дарахтон боқимондаро бо бӯйи хазону алафу хошоки шабнамзада омехта ба ҳаво мефишонад. Биҳии тиллоранг, себҳои сурхгуна ва нуқрафом бо гаронии худ шохҳои дарахтонашонро хамондаанд. Зардию сурхии тирамоҳӣ саросари боғу бӯстонро пӯшонда, ба онҳо боз ҳусни дигаре бахшидааст; кас аз тамошои ин ҳусну ин манзараи табиат дар дилаш як фараҳи андуҳомез ё ҳасратолуде эҳсос мекунад, мисли ин ки зани соҳибҷамолеро мебинад, ки дар солхӯрдагӣ ҷамолаш рангу тарҳи пиронае гирифтааст. Шоир назди дарахти себи баланду паҳноваре истода, ба шохҳои пурбору анбуҳи он менигарад. Он гуна себи ниҳоят ширину хушбӯй фақат дар ин вилоят бор меоварад, бинобар ин бо номи себи Ғазнӣ машҳур аст. Гӯё ҳар донаи онро то нисф ранги қирмизӣ молидаанду ба нисфи дигараш ранг камӣ кардааст. Ҳар пагоҳ хизматгори Моҳак аз ин себ ва меваҳои дигар як табақча барои Фирдавсӣ ба ҳуҷраи вай оварда мемонад. Хӯшаҳои вазнини ангури зарду сиёҳу обиранг аз байни баргҳои нима хазонзада худнамоӣ мекунанд. Инак, ангури соҳибии Кобулистон, ки ҳамчунин ба ширинӣ дар Хуросон машҳур аст. Инак токзори кишмиши сурх ва кишмиши сабз ‒ токзор дар ин фасл аз бор холист, ҳосилашро дар аввалҳои тирамоҳ канда тамом мекунанд, мехӯранд ва бештар мехушконанд. Ин навъи ангур ҳам махсуси Ғазнӣ ва умуман Зобулистон аст.
Аз саховати мизбон кишмишҳо доим зеби дастархони шоиранд. Меваи дигаре, ки шоир онро хеле хуш мекунад, олуест бо номи олуи Бухоро, ‒ шояд зоташро аз Бухоро оварда бошанд, ‒ онро хушконда дар як қисм хӯрокҳо меандозанд, хӯрокро хуштаъм ва дилкаш мекунад, хушкашро савдогарон ҷу/184/вол-ҷувол ба Ҳиндустон бурда мефурӯшанд ва мусофирони ҳиндӣ дар бозгашт ба ватанашон аз вай ҳатман як халта мебаранд. Аҷаб ҳаловате дорад сайри боғу бӯстон дар чунин саҳарии фараҳзои равонбахш. Бори тан сабук, дил ба фараҳ, фикр равшан, чашмон ба ҷило. Селаи зоғчаҳо ба қиғу қоғ, гунҷишкҳо, парастуҳо ба чаҳ-чаҳ, кафтару мусичаҳо дар паропар, ҳама ба тулуи рӯшноӣ шод ва дар пайи ризқи пагоҳонии худ дар такопӯ. Оби ҷӯйбор монанди ҳамеша дар замзама…
Аз даричаи боғ Бобак намудор шуд:
‒ Гардиш мекунед, бобоҷон?
‒ Биё, Бобакҷон. Абу Дулаф бедор шуд?
‒ Не, ҳанӯз хоб.
Ровӣ бо хоби тулонӣ мондагии роҳи дарозро мебаровард..
‒ Хуб шуд ки омадӣ. Биё, ман туро имтиҳон мекунам.
Бобак як қадар ҳаросида бемайл ба наздики устод омад.
‒ Сабақи наватро азбар кардӣ?
‒ Кардам, бобоҷон, аммо намедонам ҳамааш ба ёдам бошад ё не.
‒ Ҳоло мо инро мебинем. Ку бигӯ, вақте ки аз Бузургмеҳр дар бораи росткориву шоистагии инсон суол карданд, ҳаким чӣ посух дод?
Бобак фикр карда аз «Шоҳнома» байтҳои дахлдорро ба ёд овард ва дармонда-дармонда хонд:
Чунин дод посух ки: ҳар к-ӯ забон
Зи бад баста дорад, наранҷад равон.
Касеро надаррад ба гуфтор пӯст,
Бувад бар дили анҷуман низ дӯст.
Бидон к-аз забон аст мардум ба ранҷ,
Чу ранҷиш нахоҳӣ, суханро бисанҷ…
Бобак хомӯш шуд.
‒ Дигар? ‒ пурсид Фирдавсӣ.
Бобак «дигар… дигар…» гуфта дармонд.
‒ «Дигар к-аз бадиҳои ноомада» ‒ хотиррасон кард шоир.
Ин мисраи аввал «нӯги ришта» буд, ки Бобак онро кашида гиреҳро кушод ва хонд:
Дигар к-аз бадиҳои ноомада
Гурезад чу аз дом мурғу дада.* /185/
___________________
* Дада ‒ ҳайвони дарранда.
Наёзад ба коре, ки нокарданист?
Наёзорад онро, ки нозурданист.
Зи шодӣ, ки фарҷоми ӯ ғам бувад.
Хирадмандро оз* аз он кам бувад.
___________________
* Оз ‒ тамаъ, тақозо.
Таносоиву коҳилӣ дур кун,
Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест,
Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест.
‒ Боракаллоҳ, ҳофизаи хуб дорӣ, ‒ ӯро таъриф карда монд Фирдавсӣ ва афзуд: ‒ Агар ту ин пандҳоро на фақат бидонӣ, балки ба онҳо амал ҳам бикунӣ, дар зиндагиат ҳамаи душвориҳо осон хоҳанд шуд.