С. Улуғзода. Фирдавсӣ, қ. 2-1

Қисми дуввум

Дар Ғазнӣ

Яке аз ҳамсафарон ‒ усто Салоҳиддин ном марди ғазнигӣ, ки аз гуфташ дуредгар будааст, аз Кобул ба шаҳри худ бармегашт, ӯ дар роҳ бо Фирдавсӣ шиносо шуда, дар Ғазнӣ аз рӯйи мусофирнавозӣ шоирро бо ҳамроҳонаш ба манзили худ фуруд овард. Фирдавсӣ ба ӯ гуфт, ки дар ин шаҳр Абусаъди Маншурӣ ном шоир ва баққол зиндагӣ мекунад, балки Салоҳиддин ӯро мешинохтагист? Усто номи он шоирро шунида бошад ҳам, худашро намешинохтааст. Маншурӣ ошнои дерини Фирдавсӣ буд, ӯ хост, ки аз омадани худ пеш аз ҳама ба ҳамин ошнояш хабар диҳад. Писари навҷавони Салоҳиддин дарҳол ба суроғи Маншурӣ рафта, ӯро пурсон-пурсон дар яке аз растаҳои шаҳр дар дӯкони баққолиаш ёфт.

Шоири баққолпеша дӯконашро баста бо ҷавон ба хонаи усто шитофт.

Абусаъди Маншурӣ аслан самарқандӣ буд, Фирдавсӣ бо вай сию панҷ сол пеш, вақте ки дар ҷустуҷӯйи «Шоҳнома»-и мансур ба Бухоро омада аз он ҷо барои зиёрати мазори Рӯдакӣ ба Самарқанд рафта буд, дар ҳамон ҷо шиносо шуда буд. Шоири ҷавон ӯро то зодгоҳ ва қабри Рӯдакӣ ‒ то деҳаи Панҷрӯдак мушояат карда буд. Баъдҳо байни дуяшон гоҳ-гоҳ мукотиба ҳам ба амал меомад. Маншурӣ якчанд сол пеш ба Ғазнӣ кӯчида дар он ҷо дӯкони баққолӣ кушода буд; ӯ баъзан дар ситоиши султон Маҳмуд қасидае ҳам мегуфт.

Инак ду шоири дар ҷавонӣ бо ҳам ошношуда дар пирӣ ба дидори ҳам расиданд. Маншурии қаддарози қоқина аз умри шастсолааш камсолтар ва бардам менамуд. Дуяшон оғӯш ба оғӯш шуда, як фурсат ҳамдигарро раҳо накарда вохӯрдӣ на/127/муданд. Ҳамватан ва мухлиси «Устоди Самарқанд» шодии худро аз дидор бо байти ӯ «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, — Бартар аз дидори рӯйи дӯстон» изҳор карда мегуфт:

‒ Овозаи офаридгори «Шоҳнома»-и бузург аз офаридгораш пештар ба мо расида буд, ‒ шукру сипос худовандро, ки лутфу карамаш имрӯз худи устоди муаззамро ба мо муштоқони дидори ӯ расонд. Банда ҳанӯз «Шоҳнома»-ро надидаам ва ба умеди дидану хонданаш ҳастам, фақат як бор дар маҷлиси маликушшуаро қироати порае аз достони Рустам ва Суҳробро шунида будам. Ваҳ, устод, агар медидед он ҷо чӣ шавқу шӯре дар дили сомеон афтод! Ин фақир ба худ гуфтам ‒ инак Рӯдакӣ зинда шудааст, навин султони шуаро бар тахти мулки адаб нишастааст.

Вай Фирдавсиро ба меҳмонӣ хонда, бегоҳрӯзӣ ба хонааш бурд. Мехост ба маҷлиси зиёфат ва суҳбати устод чанде аз фозилону шоирони шаҳрро даъват кунад, вале Фирдавсӣ моили даъвати онҳо нашуд ва гуфт, ки вай ҳанӯз аз кӯфтагии роҳи дароз ба худ наёмадааст, мулоқот бо шоирону фозилонро як-ду рӯз мавқуф бояд кард.

Дар суҳбат аз гуфтаи мизбон маълум шуд, ки султон Маҳмуд ҳақиқатан дар пойтахташ набудааст, барои тасхири вилояти Ғӯр ба ҷанг рафтааст. Фирдавсӣ аз ин хабар як қадар малул шуд, зеро дар ин сурат таваққуфи ӯ дар Ғазнӣ дер мекашид.

Мусофирони тӯсии мо он шабро дар меҳмонхонаи Маншурӣ гузаронданд. Рӯзи дигар ҷумъа буд, Фирдавсӣ то вақти намози ҷумъа майли тамошои шаҳр намуд. Мизбон ҳар серо ба сифати роҳбалад ба сайру тамошои шаҳр бурд.

Пойтахти салтанати навбунёд монанди шаҳри худи Фирдавсӣ дар кӯҳпоя афтода, аз ҷониби шимоли шарқӣ дар нимҳалқаи кӯҳсорон қарор гирифта буд. Самти ҷанубӣ кушода ‒ дашти ҳамвори бекарона ‒ барои лашкаркашиҳои султони ҷангҷӯ ба тарафи Ҳиндустон соз ва мусоид. Ғазнӣ ним аср пеш шаҳраки музофотие беш набуд, аммо аз соли 962 ба ин ҷониб, ‒ аз бозе ки сарлашкари Сомониён Алптегин ёғӣ шуда сӯйи он шаҳри ҷанубии сарҳаддӣ гурехту дар вай аморати мустақили худро бунёд кард, ‒ шаҳр васеъ ва обод шудан гирифт. Ворисони Алптегин ‒ амир Сабуктегин ва писари вай Маҳмуд чун сиёсати кишваркушоӣ пеша карданд, давлати нав аз ғорату яғмои ҳамсоядиёрҳо торафт ғанитар мешуд. Амирон ва амирзодагон, вазирону надимон, сарони лашкар ба худ коху кошонаҳои муҳташам бино карда буданд. Султон барои шуҳрати /128/ худ масҷиду мадрасаҳои бошукӯҳ, ҳаммомҳо, корвонсароҳо месозонд. Чорбоғҳои султон ва аъёну ашроф ба нузҳату сафо ҳар яке беҳтар аз дигаре буд. Дар растаҳо, тимҳо, қатори дӯконҳои бозоргоҳ молу матои ҳиндӣ, мисрӣ, хитойӣ, туркистонӣ, эронӣ, самарқандиву бухороӣ савдо мешуд. Маншурӣ меҳмононашро бо қади Хушкрӯд ‒ наҳри камобе, ки аз мобайни шаҳр мегузашт, бурда, ин кохи фалон вазир, амир, фалон надим ё сараскар, кӯшки фалон қозӣ, шоир, имом, шайх гӯён ҳар дам ба иморати зебое ишора менамуд.

Офтоб аз қиём гузашта, ҳавои сентябр тафсон буд, соати намози ҷумъа ҳам расид, Фирдавсӣ ва Абу Дулафу Бобак намозро дар масҷиди ҷомеъ хонданд. Дар ҷамоати масҷид Фирдавсиро касе нашинохт; вай аз меҳмондораш хоҳиш карда буд, ки агар аз ӯ кӣ будани ҳамроҳи пирашро пурсанд, гӯяд ки як мусофири ошност, ‒ шоир ҳоли ҳозир диққати мардумро ба худ ҷалб кардаи намехост. Онҳо дар қафотари намозхонҳо қарор гирифта буданд. Маншурӣ ба Фирдавсӣ аз дур шоирони дарборӣ ва маддоҳони султон ‒ маликушшуаро Унсурӣ, Зинатӣ, Фаррухӣ, Асҷадӣ ва чанде дигарро нишон дода мешиносонд.

Шоирон ва дигар як даста шахсони бовиқору ҳашамат, ки зоҳиран соҳибмансабон, уламо ва машоих буданд, баъд аз намоз аз масҷид баромада ба тарафи қалъа равон шуданд.

‒ Ба тамошои ғанимати ҷанг мераванд, ‒ гуфт Маншурӣ ба Фирдавсӣ. ‒ Барои тамошои он ҳар рӯзи ҷумъа ба халқ иҷозати ба қалъа даромадан дода мешавад. Агар майл доред, биёед бо ҳам меравем, ғаниматҳо дар воқеъ диданианд.

Фирдавсӣ қабул кард.

Чанде пеш султон Маҳмуд дар юриши чаҳоруми худ ба Ҳиндустон шаҳру қалъаи Баҳимнагар ё худ Нангаркутро фатҳ карда, аз он юриш бо ғанимати фаровоне баргашта буд, ғаниматҳо барои шаъну шуҳрати «шоҳаншоҳи ҷаҳонгир» дар майдони пеши доруссалтана ба маърази тамошои мардум рехта шуда буданд. Пушта-пушта тиллою нуқра, ҷавоҳирот, ҳазорҳо ман олоти симину заррин, хонае аз нуқраи соф ва ғайра ба хосу ом намоиш дода мешуданд. Бузургон ба суфа баромаданд. Маликушшуаро Унсурӣ ва дигар шоирони дарборӣ низ баромада дар сафи онҳо истоданд. Як мансабдори шикамғафс бо овози харошидаи рагдор хитобат сар кард. Вай ба издиҳоми тамошогарон «ҷанги азим»-и Баҳимнагар, фатҳи «қалъаи бузурги осмонсой»-и дар фарози кӯҳ ҷойгирифтаро нақл ва далериву шаҳомати султон Маҳмудро мадҳ менамуд. Пас аз вай /129/ марде қадпасти паҳнрӯй ва барҷастачашм варақи коғазе ба даст ‒ ровӣ ё қиссахон ё ҳар ду ‒ пеш баромада бо овози марғуладор ва алфози тумтароқ: «Акнун бишнавед, имоми суханварон ва бузургтарин гӯяндаи кишвари мо, вассоф ва надими шоҳаншоҳи машриқ ҳазрати маликушшуаро Унсурӣ фатҳи ҳисори Баҳимнагар ва ғаноими* беҳадду қиёсеро, ки дар он ҳисор ба дасти сипоҳиёни зафаршиори султон афтод, чӣ сон ба риштаи назм кашидаанд!» гӯён ба қироати қасидае шуруъ кард. Чун мисраъҳои зеринро мехоид, якзайл бо ангушти даст ба он «ғаноими беҳадду қиёс» ишора менамуд:

Худоё донад к-он ҷо чӣ баргирифт аз ганҷ,
Зи зарру симу силоҳу зи ҷомаю зевар.
Фузун аз он набувад рег дар биёбонҳо,
Ки пеши шоҳи ҷаҳон буд тӯдаи гавҳар.
___________________
* Ғаноим ‒ ғаниматҳо.

Маншурӣ агарчи он пуштаҳои зару симу ҷавоҳиротро на бори аввал медид, боз ҳам аз тамошои онҳо дар ҳаяҷон буд, аз Фирдавсӣ мепурсид:

‒ Оё ин миқдор ганҷро пеш аз ин ҳеҷ дида будед, устод?

Фирдавсӣ нимтабассуме мекарду дам намезад, ба он сарватҳо сокиту ором ва начандон беэътино менигарист.

Дар бозгашт аз намоишгоҳ Маншурӣ аз лашкаркашиҳои пай дар пайи султон ва сарватҳои ба даст овардан ӯ сухан ронда, ӯро ситоиш мекард. Фирдавсӣ гуфтори пурэҳтироси ошнояшро хомӯшона гӯш мекарду бо сари хам ба пеши пояш нигоҳ карда қадам мезад. Хомӯшии ӯро дида Маншурӣ низ ба зудӣ дам фурӯ баст. Дар байни сукути ба миён омада Фирдавсӣ баногоҳ чунин суханҳо бар забон ронд:

‒ Дар Хуросон қаҳтӣ… Деҳаҳо… сарбанди обҳо вайрон… ҷӯйҳо хушкида… Дар Сарахс дидам, гуруснаҳо дар ахлоти пушти ошхона ҷӯлида қут меҷустанд…

Маншурӣ ҳайрон шуд ва донист, ки дар вақти бо шавқу ҳаяҷон сухан рондани ӯ дар бораи ганҷи шоҳ шоир ба чӣ хаёлу андеша будааст. — Ӯ ба маънои сухани Фирдавсӣ пай бурда гуфт:

‒ Шоҳ фармон додааст, ки дар шаҳрҳо анборҳои султониро бикушоянду ба муҳтоҷон ғалла бидиҳанд.

‒ Бале, аммо баъд, фармони дигар содир шудааст, ‒ гуфт Фирдавсӣ. ‒ Рӯзе чанд анборҳоро кушоданду боз бастанд. Аз /130/ кушодан пушаймон шуда бошанд магар. Ғалларо аввал онҳое, ки мутасаддии ғалладиҳӣ буданд, дуздиданд, бақияаш бештар насиби деҳқонон ва дигар «муътабарон» гардид… ба муҳтоҷон камтар расид ё нарасид…

Мулоқот бо маликушшуаро

Фирдавсӣ баъд аз он чӣ дар Ҳирот аз ҳоким дар бораи фармоиши Унсурӣ шунид, аз Унсурӣ дилаш монда буд, бо ӯ майли вохӯрдан надошт; мехост, ки асарашро бидуни тавассути ӯ ба султон гузаронад, вале Маншурӣ ӯро ба вохӯрӣ бо маликушшуаро розӣ кард, ‒ гуфт ки аз пешниҳоди «Шоҳнома» ба мутолиаи Унсурӣ чора нест, зеро султон аздусар онро ба маликушшуаро мефиристад, ки бихонад ва бигӯяд арзиши он ба чӣ поя аст; дар ин сурат агар «Шоҳнома» аввал ба мутолиаи маликушшуаро пешниҳод нашавад, вай аз шоир гиламанд шуда ба дилаш буғз хоҳад гирифт.

Фирдавсӣ хоҳиш кард, ки Маншурӣ аввал Унсуриро аз омадани ӯ ба Ғазна огаҳӣ диҳад ва пурсад, ки ӯ шоирро кай қабул кардан метавонад.

Маншурӣ рӯзи дигар пагоҳӣ ба даргоҳи маликушшуаро рафта ҳалқаи дарашро кӯфт.

‒ Кистӣ? ‒ аз дарун овози дарбони пир ба гӯш расид.

Маншурӣ номи худро гуфт.

‒ Хоҷа дар хоби роҳатанд, имрӯз бор намедиҳанд, ‒ ҷавоб шунид ӯ.

‒ Бирав бигӯ ки фалонӣ омадааст, хоҷаро фавран дидан мехоҳад.

‒ Ба бедор кардан иҷозат нест, вақти дигар биёед.

‒ Бигӯ ки бо як хабари таъҷилӣ омадааст.

‒ Иҷозат нест.

‒ Ҳой қалтабон, ‒ қаҳр кард Маншурӣ, ‒ ба ту гуфтам ки хабари таъҷилӣ дорам. Бирав, бигӯ, аз ҷониби Фирдавсӣ омадаанд.

‒ Фирдавсӣ? Ин ҳамон…

‒ Бале, ҳамон. Дар хонаи ман нишастаанд.

Пирамарди дарбон дар суҳбати шоироне, ки гоҳо ба меҳмонии хоҷааш меомаданд, номи Фирдавсиро на як бору ду бор шунида буд, дар он суҳбатҳо дар бораи шоири тӯсӣ бо таърифу эҳтиром сухан ронда мешуд. Вай рафта ба болохона ба/131/ромада ба дари ҳуҷраи хоҷа оҳиста ангушт зад. Дарро дӯшизаи соҳибҷамоле кушод, ки бодбезаки нафисе дар даст дошт зоҳиран пашшаҳоро аз сару рӯйи хоҷа ронда нишаста будааст.

‒ Кас омад, ба хоҷа хабари таъҷилӣ дорам мегӯяд, — маълум кард пирамард.

‒ Кӣ будааст? ‒ ин садои қаҳромези хоҷа буд, ки аз паси дар шунида шуд. Вай бедор будааст.

‒ Маншурии шоир, аз ҷониби Фирдавсӣ омадам мегӯянд, — бо овози тарсолуд ба арз расонд дарбон, ‒ ҳарчанд гуфтам ки хоҷа имрӯз…

‒ Фармуда будам ки наё, бедор макун! ‒ итоб кард Унсурӣ ва паҳлу зада рӯ ба девор гардонд.

Маликушшуаро дишаб дар кохи бародари султон амир Йӯсиф буда, дар базми пурсавту садо шабро ба саҳар оварда аз хоб монда буд; саҳарӣ навкаронаш ӯро ба асп савор карда ба манзилаш оварда буданд. Вай масту махмур намози бомдодашро хонда дарҳол тани гаронашро ба кат афканда буд. Нимхобу нимбедор ба сухани дарбонаш дуруст сарфаҳм нарафт. Баъди дур шудани ӯ якбора дар зеҳнаш калимаи «Фирдавсӣ» барқ заду ӯро ба ҳуш овард. Бархоста даричаро кушода аз болохона ба хизматгорон, ки дар саҳни сарой ҷунбуҷӯл доштанд, садо кард:

‒ Дарбонро боздоред!

Дӯшиза ‒ канизаки дар он қарибӣ аз султон расида, — султон Маҳмуд канизакон ва ғуломбачагонеро, ки ҳокимони маҳаллӣ ба тариқи пешкаш ба вай мефиристоданд, баъди якчанд ҳафта ё моҳ дар хизмати худ нигоҳ доштан ба соҳибмансабон ва надимонаш мебахшид, ‒ канизаки барнои шонздаҳ-ҳафтдаҳсола зеварҳои заррину гавҳаринашро шалдар-шалдар ба садо дароварда аз даричаи айвони болохона ба ҳавлии дарун рафт. Унсурӣ ҷомаашро ба китфаш гирифта ба айвон баргашта пурсид:

‒ Кӣ омад гуфтӣ?

‒ Шоир Маншурӣ, ‒ ҷавоб дод дарбон.

‒ Боз кӣ?

‒ Танҳо худашон.

‒ Чаро гуфтӣ Фирдавсӣ?

‒ Ман чӣ донам, аз Маншурӣ шунидаамро гуфтам.

‒ Бигӯ, дарояд.

Маншурӣ ворид шуд.

‒ Ассаломалайкум, фақир аз ҷониби устод Фирдавсӣ, омадам, устод дирӯз вориди шаҳр шуда ва алъон меҳмони фақир /132/ мебошанд, хоҳиш карданд, ки омаданашонро ба ҳазрат маълум намоям; мехоҳанд ҳазратро зиёрат кунанд.

Маликушшуаро чизе нагуфт, даст ба риш карда як дам хомӯшона дар саҳни сарояш ин сӯ-он сӯ қадам зад. Ба андеша рафта буд. Омадани Фирдавсӣ ба Ғазнӣ ногаҳонӣ, ғайричашмдошт буд. Чӣ тавр шуд, ки омад? Маълум мешавад, ки Олтунтоши ҳоким ӯро боздошта ва баргардонда натавонистааст? Албатта, «Шоҳнома»-ашро бардошта овардагист…

‒ Бисёр хуб, ‒ истода гуфт ӯ ба Маншурӣ, ‒ Фирдавсиро гӯед, марҳамат фармоянд.

Ҳамон рӯз баъд аз пешин Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и рӯмолпеч дар бағал бо ҳамроҳии Маншурӣ ба сарои маликушшуаро равон шуд. Абу Дулаф хоҳиши рафтан накард. Унсурӣ дар саҳни сарой меҳмонро истиқбол ва оғӯш кушода бо вай вохӯрдӣ кард:

‒ Хайри мақдам, хайри мақдам: дидор муборак, марҳамат, хуш омаданд, ‒ хоҷа гӯё муштоқи дидори Фирдавсӣ ва аз омадани ӯ ниҳоят шод буд. Вай марде синнаш аз панҷоҳ боло, фарбеҳи шикамкалон буд, ба тан ҷомаи ашрофонае аз порчаи мулаввани шуштарӣ ва ба по кафши муҷаллое аз чарми гаронбаҳо дошт. Пиршоири тӯсӣ бо пӯшоки соддаи маъмулӣ, риши калони сафеду анбуҳ ва чеҳраи аз машаққати сафар афсурда дар муқоисаи зоҳирӣ бо шоири дарбории ашрофсавлат монанди як нафар деҳотии оддӣ менамуд, фақат чашмони мешии хастааш бо нигоҳи ороми мутафаккирона аз соҳиби маънавиёти фаровон ва андешаҳои амиқ будани ӯ хабар медоданд. Хоҷа бовариаш намеомад, ки ин «деҳотии нотарошида» таърихи чандинҳазорсолаи Аҷамро назм карда бошад. Маншурӣ меҳмонро ба мизбон супурда, худ ба суҳбати онҳо халал расонидан нахостанашро баҳона карда баргашту ба дӯконаш равон шуд. Унсурӣ Фирдавсиро ба даруни боғ, ки меҳмонхона он ҷо буд, бурд.

Меҳмон аз зинату ҳашамати меҳмонхона дар ҳайрат монд. Як худи қолини сурху зарди ниҳоят хушранг, ки тамоми фарши хонаи калонро пӯшонда буд, ба ибораи маъмулии он замон «ба хироҷи як мамлакат» меарзад. Дигар, қатори токчаҳои баланди меҳробшакли мунаққаш ва зарфҳои заррину булурини дар он токчаҳо чидашуда, катибаҳои арабиву форсӣ ба хатти зебои кӯфӣ ва насх дар деворҳои гаҷкорӣ ва болорҳои кандакоришудаи шифти хона, пардаҳо аз дебои шорӣ ва дабиқӣ* дар /133/воқеъ тамошоӣ буданд ва ба чашми бинанда ҳаловат мебахшиданд. Шоири камбағали тӯсӣ шунида буд, ки маликушшуарои дарбори Ғазнӣ аз атоҳои султон сарвату мукнати амиронае андухтааст ва гоҳо ба подоши мадеҳаю қасидаҳои ӯ зару симро барояш аз хазина ба фил бор карда мефиристодаанд.
___________________
* Порчаҳои нозук ва латиф.

‒ Хуш омадед, ‒ таоруфашро такрор кард Унсурӣ.

‒ Марҳамати шумо зиёд, ҳазрат, ‒ даст ба сина гузошт Фирдавсӣ ва ҳам якбора дар худи оғози суҳбат чунин киноя кард: ‒ Вале омадани банда ба кӣ хуш аст ва ба кӣ нохуш, умед аст ки ба зудӣ маълум шавад.

Киноя газанда буд, табассум аз чеҳраи маликушшуаро парид, ӯ яке абрувон ба ҳам ва чин ба пешонӣ кашиду боз зуд табассуми паридаро ба чеҳрааш бозовард.

‒ Банда намедонам кинояи мавлоно аз чист, вале бидонанд, ки мақдами шоири шаҳири достонсаро ба ҳама, ба ҳама хуш аст, ‒ гуфт ӯ.

‒ Бахшоиш мехоҳам, ҳазрат, вале аз номае, ки ба ҳокими Ҳирот ирсол шуда будааст, ҳамин маънӣ дастгирам шуд, ки Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ашро ба мо фиристаду худаш биравад, ‒ ҷавоб гардонд шоир ва хандида бо лаҳни нимҳазлу нимҷиддӣ афзуд: ‒ Яъне китобашро мехонему аз худаш безорем.

‒ Ҳаргиз, ҳаргиз, мавлоно. Иштибоҳ, иштибоҳ. Мулоҳизаи дар нома баёншуда ба поси хотири шумо буд, ваҷҳашро дар ҳамон нома зикр карда будем, ‒ мулоимона эрод расонд Унсурӣ. Вай одатан дар муомила бо ҳамкасабаҳояш ва дигар мардумони камобеш номвар шахси нармгуфтор, боназокат ва хуштаоруф буд, ҳарчанд баъзе касоне, ки бо вай корафтода шуда ва хуб шинохта будандаш, ӯро чоплус мехонданд.

Шиносоии шахсӣ ва мусоҳибаи ин ду шоири воломақом ҳамин тавр оғоз ёфт. Хизматгорон дастархон густурданд ва хӯришҳо оварданд. Фирдавсӣ китобашро бароварда пеши Унсурӣ ниҳод. Дар аснои сарфи таом Унсурӣ онро бешитоб варақ зада, баъзе сарлавҳа ва бархе сатрҳоро бо овоз мехонду ба муаллиф офарин мегуфт: «Аҳсант, аҳсант. Кори азимеро анҷом додаед, ки ба он пеш аз шумо аз шуаро фақат Дақиқии бузург ҷуръат карда буд ва маълум набуд ба охир расонда метавонад ё на, вале шумо тавонистаед». Мадҳи султон Маҳмудро хонда тақдир ва таъриф кард. Пасон соҳиб аз чигунагии сафаре Фирдавсӣ ба ин ҷониб, аз таърихи таснифи «Шоҳнома»-и мансури Абдураззоқӣ ва манзуми Абулқосимӣ пурсон шуд. Фирдавсӣ пас аз ҷавоб додан ба пурсишҳои ӯ гуфт:

‒ Умедворам ки ҳазрат «Шоҳнома»-ро манзури назари ҳу/134/моюнӣ мекунанд ва ҳамчунин ба қабули он лутфан далолати худро дареғ намедоранд.

‒ Албатта, албатта, ‒ ваъда дод Унсурӣ, ‒ пас аз баргаштани султон аз сафари Ғӯр китоб ба дарбори олӣ гузаронда хоҳад шуд. Вале нахуст ман худ бояд инро мутолиа бикунам то агар аълоҳазрат аз ҳайси ҳунару санъати суханварӣ ба чӣ мартаба будани асарро пурсанд, банда мулоҳизаи хешро баён кардан тавонам.

«О-ҳо, султон кай ба пойтахташ бармегардад ва маликушшуаро китобро кай хонда тамом мекунаду ба султон мебарад?» ‒ андешид Фирдавсӣ ва пурсид:

‒ Оё аълоҳазрат дар Ғӯр дер мемонда бошанд?

‒ Кӣ медонад, ‒ гуфт Унсурӣ, ‒ инро ҳеҷ кас намедонад. Кишвари Ғӯр, чунон ки маълум аст, ҳама кӯҳсор ва ба илова қалъаҳои мустаҳкам дорад, гумон намекунам ки зафар бар ғӯриён ба ҳамчу султони мо сафдари қалъакушой ҳам осон-осон даст медода бошад. Сониян, бидонед ки баъд аз баргаштани султон ҳам «Шоҳнома» ба ҳузури олӣ ба зудӣ гузаронда нахоҳад шуд, зеро як-ду ҳафта ба ҷашну сур, ба шарафи ғалаба, мегузарад, пас аз он шоҳаншоҳ муддати мадиде дар яке аз боғҳои хосса истироҳат ва айшу ишрат карда ва дар ин муддат ғайр аз ду-се надим ва муқаррабони хос касеро бор намедиҳанд. Банда ба наздашон фақат вақте рафтан метавонам, ки худ талаб кунанд… Аслан манзумаеро ба султон гузаронидан корест, ки ба зудӣ анҷом намепазирад, шуаро аксар вақт якчанд ҳафта ва ҳатто ду-се моҳ муаттал мемонанд. Ин ҳолро банда барои шумо ҳам пешбинӣ карда, бо ҳамин мулоҳиза дар номаи ба Олтунтоши ҳоким ирсолшуда ба Ғазнӣ фиристодани «Шоҳнома» ва худ ба ватан баргаштани шуморо салоҳ дониста будам.

Шоир бо хотири парешон аз сарои маликушшуаро ба бошишгоҳи муваққатии худ ‒ манзили устои ғазнигӣ баргашт.

Мусоҳиба дар корвонсаро

Фирдавсӣ ба устои дуредгар барои мусофирнавозиву меҳмондориаш изҳори миннатдорӣ намуда, аз меҳмонхонаи ӯ ба корвонсарои воқеъ дар канори ҷанубии шаҳр кӯчид. Бо Абу Дулафу Бобак ҳар се дар як ҳуҷра ҷойгир шуданд.

Бегоҳӣ Маншурӣ бо як нафар марди миёнсоли ришдароз омаданд. Он мард бо таъзим дасти Фирдавсиро бӯсида худро муаррифӣ кард: /136/

‒ Лабибии Адибӣ ҳастам, мухлиси устоди муаззам.

Вай дӯсти наздики Маншурӣ буд, аз вай хабари ба Ғазнӣ омадани Фирдавсиро шунида ба зиёраташ омада буд.

Ҳар се шоир ва Абу Дулаф нишаста, ҳанӯз сари пурсупосро боз накарда буданд, ки усто Салоҳиддин табақи калони дастархонпеч дар даст ворид шуда салом дод. Барои чӣ бошад ки дар қабати саллааш як шамъи дарозро халонда омада буд. дастархонро кушод, рӯйи табақи сафолини сабзгунаро қуббаи баланди палав пӯшонда буд.

‒ Устод ба ин зудӣ кулбаи фақирро тарк карданд, иззаташонро он тавр ки мебояд, баҷо оварда натавонистем, маъзур медоранд, ‒ ду даст бар сина бо ғояти хоксорӣ мегуфт усто, марди солхӯрдаи хушсимо ва нуронӣ. Ӯ ба Кобул барои дидани духтару домодаш ва набераҳояш рафта, дар бозгашт бо Фирдавсӣ ҳамроҳӣ намуда буд.

‒ Не, не, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ ҳеҷ ваҷҳи узр хостан нест, устои азиз, баръакс, меҳмоннавозӣ ва иззату икроме, ки мо дар хонаи шумо дидем, бар мо миннат мениҳад. Марҳамат, биншинед.

Шамъ диққати Маншуриро ҷалб кард:

‒ Ин чист, бародар? Ба қабати дасторатон шамъ халонда гаштаед? ‒ пурсид ӯ.

‒ Барои устод… шамъи кофурӣ… ‒ Салоҳиддин шамъро аз қабати саллааш гирифта ба тоқча гузошт. ‒ Гуфтам, мабодо дар ҳуҷра шамъи хуб набошад… Шамъи кофурӣ нағз-дия… рӯшноияш бештар…

Бобак бо обдастаю дастшӯй ҳозир шуда ба дасти ҳозирон об рехт. Дар хонаи усто магар ба палав чӣ доруворе андохта будаанд, ки бӯйи хуши иштиҳоангез медод. Ҳамаашон гирди дастархон ҳалқа зада ба хӯрдан машғул шуданд. Баъд аз сарфи таом Салоҳиддин ҳозиронро монанди касе, ки гуноҳе карда бошаду узр мехоҳад, бо тавозуъ хайрбод гуфта, табақи холиро гирифта рафт.

Шаб даромад, шоирон дар рӯшноии тобони шамъи кофурӣ то нисфи шаб нишаста аз ҳар дар суҳбат карданд. Мусоҳиба чанде дар атрофи номи маликушшуаро Унсурӣ ва мулоқоти Фирдавсӣ бо ӯ чарх зад. Маншурӣ маликушшуароро устоди бузург ва тарбиятгари шоирон номида таъриф мекард ва мегуфт, ки услуби гӯяндагии ӯ сармашқи суханварони кунунӣ ва оянда аст.

‒ Дӯстам Маншурӣ шефтаи ашъори Унсурист, ‒ бо лаҳни истеҳзо гуфт Лабибӣ. /137/

‒ Ҳар кас ки сухан мешиносад, шефтаи сухани эшон нашудан наметавонад, ‒ ҷавоб гардонд Маншурӣ.

‒ Инкор намекунам, эшон устоди бузурги сухан ҳастанд, лекин ту мадҳи шеърашон ва худашонро аз ҳад мегузаронӣ, Абусаъд.

‒ Ашъори маликушшуаро дар ғояти сафо ва покизагист, аз ҳар гуна таъқиди* маонӣ ва алфоз мубарро ва ҳамчу обгина шаффоф. Сухани эшонро беҳтарин намунаи адаби забони дарӣ метавон гуфт. Ташбеҳоташон балеғ ва шево.

‒ Оё мумкин аст илтимос кунем ки шеъре аз эшон бихонед, агар ба ёд доред, ‒ ба Маншури муроҷиат кард Абу Дулаф.

‒ Албатта, ба ёд дорам. Чӣ бихонам?.. Хуб, инак як қитъа. Дар ташбеҳи зулф ва рӯй гуфтаанд, ‒ Маншурӣ аз ёд хонд:

Чӣ чиз аст рухсораву зулфи дилбар?
Гули мушкбӯю шаби рӯзпарвар,
Гул андар шуда зери навруста сунбул,
Шаб андар шуда зери хуршеди анвар.
Накутар зи равшан шаби тори зулфаш,
Агарчанд равшан зи тира накутар.

Хонанда пеш аз ҳама худаш ба ваҷд омада ба Лабибӣ назари фотеҳона афканд:

‒ Ту ин гуна шеър гуфтан метавонӣ? Наметавонӣ, агарчи ‒ эътироф мекунам ‒ шоири забардаст ҳастӣ. Ман ҳам наметавонам.

Ҳама ба Фирдавсӣ нигоҳ карданд, ки ӯ чӣ мегӯяд.

‒ Хуб аст, алҳақ тавзеҳоташ латиф ва шевост, ‒ гуфт Фирдавсӣ.

Маншурӣ аз ин сухани устод шод шуда, порчаи дигареро аз Унсурӣ ба ёд овард:

‒ Як дафъа дар ҷашни Сада дар боргоҳи султон дарахти рӯшноӣ сохта буданд, маликушшуаро онро диданду бадоҳатан гуфтанд:

Гаҳе сарви баланд асту гаҳе нор,
Ақиқин гунбади зарриннигор аст.
Агар на кони беҷодаст** гӯйӣ,
Чаро боду ҳаво беҷодабор аст? /138/

Ҳозирон аз ин мисраъҳо низ хушашон омад. Аз табассуми Фирдавсӣ маълум буд, ки ӯ низ рубоиро (? — Т.А.) писандид.
___________________
* Таъқид ‒ пӯшида сухан гуфтан.
** Беҷода ‒ санги қиматбаҳои сурхранг ё зардранг, ки хосияти каҳрабоӣ дорад.

‒ Эшон ба замми чунин қудрати суханварӣ шахси наҷиб, инсони комиле ҳастанд, ‒ Унсуриро боз васф кард Маншурӣ.

‒ Дар забардастии Унсурӣ ва баландии сухани ӯ шак нест, вале ту, Абусаъд, дар сирати ӯ хато мегӯйӣ, ‒ ба дӯсташ эрод расонд Лабибӣ.

‒ Медонам, дар ин боб фикри ту дигар аст, ‒ гуфт Маншурӣ, ‒ вале ман Унсуриро ҳамон тавр мешиносам ки гуфтам.

Баҳс ба Абу Дулаф шавқангез намуд, вай аз Лабибӣ пурсид:

‒ Пас фикри шумо дар бораи шахсияти маликушшуаро чӣ гуна аст?

‒ Маъзарат мехоҳам, устод, ‒ ба Фирдавсӣ рӯ овард Лабибӣ, ‒ банда намехоҳам аз маликушшуаро бадгӯйӣ кунам, одати ғайбат кардан надорам, вале чаро мо бахилро бахил, ҳасудро ҳасуд нагӯем? Гоҳо дидаем, ки шоире дар маҷлиси султон шеъри хубе мехонад, султон ба Унсурӣ менигарад, ки яъне бигӯ, дар бораи шеъраш фикри ту чист, маликушшуаро аввал бо шаккари таърифашон коми шоирро андак ширин мекунанду сипас ба шаккар як қатра заҳр мечаконанд. Боре эшон дар бораи як қасидаи ҳақиқатан устодонаи Абусироқа чунин суханронӣ карданд: «Баҳ, баҳ, мавлоно чӣ мадеҳаи ғаррое* гуфтаанд, банда дербоз як чунин абёти дилчаспро нахонда ва нашунида будам. Аҳсант, аҳсант. Мавлоно агарчи аз Рӯдакӣ ахзи маонӣ карданашон эҳсос мешавад, вале охир устодони бузургро пайравӣ кардан ҳунар аст, на айб, мавлоно аз ин ҳунар ба таври кофию вофӣ бархӯрдоранд». Ба ҳамин тарз эшон қасидаро ба тақлид ва дуздии маонӣ нисбат доданд. Зоҳиран таъриф карданд ва аслан бар хок заданд, ҳол он ки қасида тақлидӣ набуд.
___________________
*Ғарро ‒ олӣ, барҷаста.

‒ Ман шунидам, тақлид будааст, маликушшуаро бесабаб эрод намегирифтанд, ‒ сухани гӯяндаро қатъ кард Маншурӣ.

‒ На, тақлиде, ки Унсурӣ гуфтанд, набуд, фақат як дарича пайравӣ ба сабки Рӯдакӣ буд ва ин равост, ‒ ҷавоб гардонд Лабибӣ ва ба суханаш идома дод: ‒ Ман намегӯям, ки маликушшуаро ҳасуданд, вале аз гуфторашон бӯйи ҳасад меомад, мисли ин ки шоири забардастро рақиби худ медониста бошанд. Бори дигар дидам, ҳамчунин дар маҷлиси султон ба қасидаи дигар як суханвари устод чунин қимат доданд: «Бешак, ҷойи /139/ ин қасида дар радифи шоҳкорҳост» ва баъд ду байти онро хонда гуфтанд: «Ин маънӣ миёни банда ва мавлоно муштарак афтодааст, ин дар фалон манзумаи банда низ ҳаст». Пасон гӯё хостанд таъсири заҳрро камтар кунанд, ки афзуданд: «Гоҳо дар ашъори шуаро иштироки маонӣ иттифоқ меафтад ва ин, албатта, аз таворуди* афкору тахайюл аст». Ҳамчу хобгузоре, ки дар таъбири хоби подшоҳ нагуфтааст: «Хешу ақрабои ту пеш аз ту мемиранд», балки гуфтааст: «Ту аз онҳо умри бештар хоҳӣ дид», маликушшуаро ба ҷойи ин ки гӯянд: «ту маъниро аз ман дуздидаӣ», ин нуктаро нармтар, хушояндтар ифода карданд.
___________________
* Таворуд ‒ тасодуфан кор фармуда шудани як мазмун дар шеъри ду шоир.

‒ Он шоир дар ҳақиқат маъниро аз Унсурӣ дуздида буд? ‒ пурсид Фирдавсӣ.

‒ Намедонам, шояд монандие бошад, ‒ ҷавоб дод Лабибӣ, ‒ вале мақсуди Унсурӣ аз хурдагирӣ кардан ба он як байт аз байни сӣ ё чиҳил байт қасидаи шоирро беқадр кардан буд ва эшон ба ин мақсуди хеш ноил ҳам шуданд: баъдан ҳасудон ва бадхоҳони шоир кӯшиданд, ки номи ӯро ба маънидуздӣ бароранд. Чун ашъори шоиронро ба султон гузаронидан фақат ба тавассути маликушшуаро мумкин аст, шоир агар аз наздикон ва мутамаллиқони Унсурӣ набошад ё эҳтимоли аз султон силаи калон гирифтанаш бошад, эшон мекӯшанд, ки шеъраш манзури назари ҳумоюнӣ нашавад. Баҳона меоваранд, айб меҷӯянд. Дар ибтидо банда ҳам ба чунин рафтори эшон бархӯрда будам. Қасидае дар мадҳи султон гуфта будам, пеши маликушшуаро бурдам, хоҳиш кардам, ки ба султон арза кунанд, хонданд ва бо табассуми малеҳу лаҳни ширин гуфтанд: «Маатаассуф, шоистаи самъи муборак наменамояд, аълоҳазрат дар ин маънӣ бисёр ашъори беҳтар аз ин хонда ва шунидаанд». Қасидаи ман, албатта, рӯдакивор ё унсуривор набуд, вале аз як тоифа қасидаҳое, ки манзури назари султон ва сазовори силаву ато мешуданд, батар набуд, баъдан ман онро ба номи амир Йӯсиф ‒ додари султон гузаронидам; ба хилофи интизор дар маҷлиси амир, ки чанде аз шуаро ва фузало ва аз он ҷумла устод Фаррухӣ низ дар он маҷлис ҳузур доштанд, қасида хеле таърифу тавсиф ёфт ва лоиқи сила гардид. Як ҷумъа бо Унсурӣ дар ҷомеъ бархӯрда гуфтам: «Шояд шунида бошед, он қасида, ки писанди хотири шумо наяфтод, дар маҷлиси амир Йӯсиф тақдир ва таҳсин ёфт», ришханде карданду /140/ гуфтанд, «шеърфаҳмии амири ҷавон мутобиқи синну соли ӯст».

‒ Рост бигӯ, Лабибӣ, ту инак ба ҷиҳати ҳамин як эрод, ки маликушшуаро ба қасидаи ту гирифтаанд, эшонро бад дидаӣ, ‒ эътироз кард Маншурӣ.

‒ На фақат ба ин ҷиҳат, балки пештар ҳам ман нохайрхоҳӣ ва бадрафтории эшонро нисбат ба шоироне, ки ба эшон тамаллуқ намегӯянд, медидам ва ҳайрон мешудам, ‒ гуфт Лабибӣ.

Фирдавсӣ ба дилаш гузашт, ки магар Унсурӣ аз «Шоҳнома» ҳам айбҷӯйӣ мекарда бошад. Мехост ин суолро ба Лабибӣ диҳад, локин лозим надонист, худдорӣ кард. Абу Дулаф мисли ин ки ба фикри устодаш пай бурда бошад, аз Лабибӣ пурсид:

‒ Ба гумони шумо, оё маликушшуаро ба «Шоҳнома» нуктагирӣ мекарда бошанд?

‒ Ошкоро ‒ на, ‒ ҷавоб дод Лабибӣ, ‒ «Шоҳнома» ба қиёси достони Рустаму Суҳроб, ки қироаташро банда ҳам дар маҷлиси маликушшуаро шунида будам, аз ҳар гуна нуктагириву эрод барист; офтобро бо доман пӯшонда намешавад, инро маликушшуаро ҳам медонанд, вале бо вуҷуди ин банда аминам, ки эшон кӯшиш хоҳанд кард арзиши онро назди султон аз будаш камтар намоёнанд.

Фирдавсӣ пинак мерафт: аён буд, ки аз баҳси дарози меҳмононаш хаста шуда ва балки ба танг омадааст. Нисфишабӣ онҳо ба вай хоби роҳат талабиданду рафтанд.

Дар манзили Моҳак

Як даҳ рӯз гузашт, Фирдавсӣ ин муддатро дар ҳуҷраи корвонсаро бо мусоҳибати шоирон ва фозилоне, ки ба зиёраташ меомаданд, гузаронид. Абу Дулаф гоҳо барои онҳо аз «Шоҳнома» қиссаҳо мехонд. Маликушшуаро Унсурӣ дар ин муддат аз шоир на хабаре гирифт ва на ба вай хабаре фиристод. Шояд машғули мутолиаи «Шоҳнома» буд.

Ногуфта намонад, ки дар манзилҳои роҳи сафари аз Тӯс то Ғазнӣ шоир ба Бобак аз «Шоҳнома» пандҳои Бузургмеҳри ҳакимро ёд мекунонд. Дар Ғазнӣ вай ба ҷавонак фармуд, ки панди ҳакимро дар бораи даҳ аҳриман (дев) аз ёд кунад. Оз (ҳарисӣ, тамаъ), ниёз (талабандагӣ), рашк, хашм, нанг (беномусӣ), кина, наммомӣ, нопокдинӣ, носипосӣ ва бедонишӣ ‒ инҳо даҳ дев мебошанд, ‒ таълим медод Бузургмеҳр, ‒ ки ода/141/миро гумроҳ мекунанд ва ҷону хирадро тира месозанд. Одамӣ бояд ҳамеша аз инҳо гурезон бошад. Бобак мисраъҳои баёнкунандаи зарари ин сифатҳои разиларо ба дафтари махсус, ки дошт, мекӯчонд ва хонда-хонда ҳифз мекард.

Чун муқаррар шуд, ки истодани Фирдавсӣ дар Ғазнӣ хоҳу махоҳ дер мекашад, андешаи манзили доимӣ ба миён омад. Ҳуҷраи танги нимторик, шифту деворҳояш аз дуди оташдони кунҷакӣ сиёҳгашта боби зистан набуд. Бояд манзили доимӣ ва муносибе пайдо кард, ки дар вай зистан ва ҳам кор кардан мумкин бошад (шоир боз ҳам ба тасҳеҳу такмили «Шоҳнома» машғул шуданӣ буд. Ҳар бор ки ӯ ба муносибате китобашро варақ мезаду мехонд, дар ӯ фикрҳои тоза пайдо мешуданд, ба назараш гоҳо тартиби ин ё он достон ё порчаҳои ҷудогонаи он ноқис менамуд, ё ки таҳрири нав ва беҳтари байтҳо ба хотираш мерасид). Вай бо Маншурӣ маслиҳат андохт, Маншурӣ манзилро дарак карданӣ шуд.

Дар ҳамон маҳалла, ки хонаи Маншурӣ он ҷо буд, Шарафуддини Моҳак ном пирамарди соҳибҷоҳе мезист, вай номи надими султон дошт ва шахси фозиле буд, суҳбати олимон ва шоиронро дӯст медошт. Ҳар гоҳ ки донишманд ё шоири мусофире, сайёҳе гузораш ба Ғазнӣ меафтид, Моҳак вайро ҳатман ба меҳмонӣ даъват карда мусоҳибаш мешуд; гоҳо ба чунин мусофирон дар хонааш манзил ҳам медод.

Як бегоҳ Маншурӣ ба назди ӯ рафт.

‒ Ҷаноби олӣ оё хабар доранд, ки ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар шаҳри моянд?

‒ Абулқосими Фирдавсӣ? Ҳамон шоири тӯсии достонсаро? ‒ надими султон, албатта, номи шоирро шунида буд.

‒ Оре, таърихи мулуки Аҷамро назм карда ва овардаанд, ки ба султон тақдим бикунанд. Вуруди эшонро ба Ғазнӣ тамоми шаҳр медонад, чӣ тавр шуд ки ҷаноби олӣ бехабар мондаанд?

‒ Ман ба Бӯст рафта будам, дишаб баргаштам.

‒ Оё майл надоред боре бо эшон ҳамсуҳбат шавед?

‒ Чаро? Бо камоли майл.

‒ Ман ба ин шак надоштам, бинобар ин омадам ки хабар диҳам.

‒ Хеле хуб, пас оё даъват бикунем ва шумо эшонро ба хонаи мо меоваред ё аввал ман худ ба хизматашон биравам?

‒ Ман фардо бегоҳӣ устодро ба меҳмонӣ мехонам, агар шумо ҳам лутфан ба кулбаи банда қадам ранҷа мекардед… /142/

‒ Хеле хуб. Ташаккур. Меоям.

Шарафуддини Моҳак надими амир Носириддини Сабуктегин падари султон Маҳмуд буд, вале акнун дар пирӣ аз дарбор дур афтода буд, султон ӯро фақат ба хотири надими падараш будан гоҳ-гоҳ, соле як бор-ду бор ба дарбор даъват мекарду бас. Пирамард зарофат дошт, хушсуҳбат ва базлагӯй буд.

Рӯзи дигар баъд аз пешин вай бо мушояати ду чокараш дар манзили Маншурӣ ҳозир гардид. Фирдавсӣ бо Абу Дулаф андак пештар омада буданд.

‒ Ассаломалайкум. Ба шаҳри мо ташрифи қудум фармудаанд, хуш омаданд, муштоқи дидорашон будем, ‒ Моҳак бо шоир дудаста вохӯрдии гарм кард. Пирамард ботанутӯш, чорпаҳлу, қадаш аз Фирдавсӣ як сар баландтар буд. Ҳар ду дар пешгоҳ шона ба шона нишастанд. Маншурӣ ба пойи қадами ду меҳмони воломақом меҳмонхонаашро ороста ва асбоби зиёфати муносибро таҳия карда буд.

‒ Шунидам, таърихи мулукро назм кардаанд, маатаассуф моро то алвақт хондани шоҳкори ҳазрат муяссар нашуд, умед аст, ки акнун бубинем ва бихонем.

Сари дастархон аҳволпурсӣ ва аз ҳар боб, ки муносиби мавқеъ буд, гуфтугузор карданд. Сипас Моҳак хоҳиш кард, ки ягон боб аз «Шоҳнома» хонда шавад. Абу Дулаф бо иҷозати шоир як ҷилд аз ҷилдҳои «Шоҳнома»-ро, ки оварда буданд, кушода ба қироати қиссаи Соми Наримон ва Золи Зар шуруъ кард. Моҳак ва Маншурӣ дам фурӯ бурда шуниданд. Надими пир ҳатто дар кӯдакӣ ҳам афсонаҳои модарашро бо чунин шавқу ҳавас гӯш накарда буд.

Аз қисса каме монда буд, ки шаб ба нима наздик шуд, дар Фирдавсӣ осори хастагӣ мушоҳида карданд ва қории хушхон ҳам монда шуда буд, ночор ‒ ба таассуфи Моҳак ‒ шоҳномахониро бас кардан лозим омад, вале надими султон шарт ниҳод, ки фардо бегоҳӣ шоир ва ровӣ бо ҳамроҳии Маншурӣ ба меҳмонии ӯ марҳамат мефармоянд ва давоми қисса дар он ҷо хонда хоҳад шуд.

Рӯзи дигар дар меҳмонхонаи Моҳак боз як бегоҳ ва як поси шабро вақфи шоҳномахонӣ карданд. Моҳак шоирро барои шабхобӣ дар меҳмонхонааш мононд, Маншурӣ ба хонаи худаш ва Абу Дулафу Бобак ба корвонсаро равон шуданд. Мизбон бо шоир якка-ба-якка монда, минҷумла аз муддати таваққуфи ӯ дар Ғазнӣ пурсон шуд, Фирдавсӣ гуфт, ки ин ҳанӯз маълум нест. Дар бораи боби истиқомат набудани ҳуҷраи кор/143/вонсаро ҳам сухан рафт. Моҳак гуфт, агар шоир қабул кунад, вай бо ҷону дил ба ӯ дар хонаи худаш манзил хоҳад дод. Дӯстдорандаи суҳбати оқилону доноён Шарафуддини Моҳак солҳои бисёри умраш бо он тоифа омезиш дошт, акнун ба ҷиҳати пирӣ ва аз тарафи дигар камилтифотии султон вай аз маҷлису маъракаҳо канор афтода дилтанг мешуд, орзуи ҳамдамеву ҳамнишине мекард, ки бо мусоҳибати вай занги дил бишӯяд. Агар Абулқосими Фирдавсии ҳаким якчанд муддат дар манзили ӯ қарор мегирифт, айни муддао мебуд. Ҳавлии калон ва фарохи ӯ, ки қариб нисфи маҳалларо ишғол мекард, чандин хонаву ҳуҷраҳо дошт, нишонидани мусофирони тӯсӣ дар яке аз ҳуҷраҳо барояш малоле намеовард. Аз дарвоза долони васеъ ва дарозе ба дари ҳавлии дарун мебурд, долон дар ду бараш ду дар дошт, аз дари тарафи чап ба ҳавличаи дигаре даромада мешуд, ки меҳмонсаро буд, дари тарафи рост ба сарои ҳайвонот боз мешуд, ки ҳуҷраҳои истиқоматии хизматгору саисҳо низ дар вай буд; пушти ҳавлии дарун чорбоғ буд ва чорбоғ бо як самти худ ба сарои ҳайвонот мепайваст, боғ ва саройро девори баланде аз ҳам ҷудо мекард. Меҳмонхона дуошёна буд, ҳуҷраҳои ошёнаи боло дару тирезаҳояшон ба тарафи кӯча буданд, саҳни меҳмонсаро гулзор буд, дар канораҳои гулзор якчанд бех сарву санавбари мавзуни ҳамешасабз қад кашида ва дар зери онҳо ҷӯяки обе равон буд, ки аз корез сарчашма мегирифт (оби нӯшокии шаҳр аз корезу чоҳҳо буд, чоҳҳо дар бештарини ҳавлиҳои аҳолӣ канда шуда буданд). Фирдавсӣ таклифи Моҳакро бо миннатдорӣ қабул кард. Соҳиб Фирдавсӣ ва ҳамроҳони ӯро дар меҳмонсаро дар ду ҳуҷраи болохона ҷой дод. Ҳар бегоҳ то дершаб ва баъзан рӯзҳо ҳам менишастанду суҳбат мекарданд, ба ҳамдигар аз саргузаштҳо, аз сафарҳои худашон воқеаҳои шавқангез нақл менамуданд. Шаб дар поёни суҳбат «Шоҳнома» хонда мешуд. Моҳак аз шабнишиниҳо он қадар хушнуд мегардид, ки нишасти навбатиро бесаброна нигарон мешуд. Аксар вақт дар шабнишиниҳо чанде аз шоирону фозилони шаҳр низ ҳозир мебуданд ва он гоҳ маҷлисро латифагӯйиҳо, мутоибаҳои зарифона ва мушоираҳо метафсонданд. Гоҳо созанда ва сарояндагон даъват карда мешуданд, ки аҳли суҳбатро бо созу навоҳо маҳзуз ва масрур месохтанд. Хӯрду хӯроки рӯзонаи меҳмонони тӯсӣ ду маҳал аз ошхонаи соҳиб мерасид, палави бегоҳирӯзӣ бошад дар оташдони беруни меҳмонхона барои ҳамаи ҳозирони шабнишинӣ пазонда мешуд. Фирдавсӣ аз «муфтхории» тулкашида хиҷил буд. Пас аз якчанд рӯзи истиқомат дар манзили соҳиб аз вай миннатдорӣ ва /144/ хоҳиш кард, ки иҷозат диҳад ҳар се мусофир харҷи маоши худашонро аз кисаи худашон кунанд.

‒ Дар таомул меҳмондорӣ то се рӯз аст, хоҷа, шумо аз ин хеле гузарондед, ‒ мутоибаомез гуфт ӯ.

‒ Эй азиз, аз матбахи* банда ҳамарӯза чиҳил кас рӯзӣ мехӯранд, ‒ гуфт Моҳак, ‒ магар ҳамтибхии** се каси нав малоле дорад? На! Барои ман ҳамнишинии шумо давлати худодод аст, мавлоно. Агарчи шумо як умр меҳмони ман бошед, ман боз ҳам ҳаққи муоширату мусоҳибат бо ҳамчу шумо азизеро нагузордаам.
___________________
* Матбах ‒ ошхона.
** Ҳамтибхӣ ‒ шарикӣ дар хӯрок хӯрдан.

‒ Азизи туфайлихор, ‒ хандид Фирдавсӣ. ‒ Охир, моро як чунин паноҳгоҳи хуб доданатон кам буд ки боз…

‒ На, на! Асло! ‒ дигар дар ин бора сухан шунидан нахоста даҳони меҳмонашро баст хоҷа.

Фирдавсӣ ҳоло бефоида будани ин гуфтугӯро ҳис карда, дигар ба хоҷа гап нагардонд. Вале рӯзи дигар дар меҳмонхона дар поёни шоҳномахонӣ аз нав ба ин мавзуъ баргашта, ба Моҳак ба таври ҷиддӣ гуфт, ки агар хоҷа ӯро аз хиҷолат баровардан хоҳад, бояд ба дегу табақ кардану минбаъд аз пули худ харҷи маош намудани вай розӣ шавад, вагарна вай, Фирдавсӣ, бо ҳамроҳонаш ночор ба корвонсаро мекӯчанд. Моҳак ночор розӣ шуд. Бо фармоиши вай пагоҳи дигар хизматгораш ба ҳуҷраи Абу Дулафу Бобак як дегча, чойҷӯш, кӯза, табақу коса овард, ду бағал тарошаи майда-майда кафондашуда низ оварда партофт. Аз ҳамон рӯз сар карда Бобак масолеҳи хӯрокро аз бозор харида меоварду бо Абу Дулаф дуяшон дар оташдони ҳуҷраи худ як маҳал хӯрок мепухтанд. Обу ҳезум, рӯбучини ҳар ду ҳуҷра ба уҳдаи яке аз чокарони Моҳак буд, ки аз тарафи соҳиб ба ин хизмат маъмур шуда буд.

Аммо ба зудӣ аз Абу Дулаф муваққатан ҷудо шудан лозим омад. Бақияи пуле, ки Фирдавсӣ ва ӯ доштанд, камобеш ба якмоҳа хароҷоташон мерасиду бас. Аз рафти кор, дар ояндаи наздик аз ҳеч тараф умеди даромаде набуд, фақат имкони қарз кардан буд, вале Фирдавсӣ чӣ гуна шудани натиҷаи тақдими «Шоҳнома» ба султонро надониста, ҳоли ҳозир қарз кардан намехост. Меандешид, ки чӣ бояд кард. Ба ёди вай амири Қаҳистон омад: амир каме пештар аз сафари Фирдавсӣ ба Ғазнӣ ба вай номае навишта буд бад-ин мазмун, ки агар ту як нусха аз «Шоҳнома» ё ақаллан як-ду достони онро ба мо фиристӣ, мо туро бо силаи арзандае хушнуд хоҳем кард. Аммо шоир /145/ «Шоҳнома»-и ба султон Маҳмуд тақдимшавандаро ба амир фиристода наметавонист, инчунин вай дар тадоруки сафари Ғазнӣ ба рӯбардор кардани достонҳо фурсат наёфта, иҷрои хоҳиши амирро ба вақти дигар гузошта буд. Акнун вай қарор дод, ки ба амир ягон достони худро фиристонад. Бо ин мақсад аз Маншурӣ хоҳиш кард, ки як нафар хушнавис пайдо намояд. Маншурӣ шоирро дер интизор накарда, хушнависеро ба назди вай овард. Хушнавис хеле боҳавсала ва пуркор баромад: достони Исфандиёр ва Рустамро дар якчанд рӯз рӯнавис карда овард. Фирдавсӣ онро дар муқавво андохта, ба дасти Абу Дулаф дода, ӯро ба Қаҳистон равона кард.

Мубоҳиса

Ғазнӣ монанди Бухорои аҳди Сомониён аз тамоми қаламрави султон Маҳмуд ва дигар аморатҳои дуру наздик шоиронро ба худ мекашид. Дар вай садҳо шоири забони дарӣ ва арабӣ гирд омада буданд. Бозори шеър пурҷавлон буд. Хазинаи пуропури султони ситоишдӯст, вуҷуди аъёну ашрофи давлатманди харидори мадҳу сано қасидасароиро баривоҷ медоштанд. Фирдавсӣ дар маҳфилҳо, шабнишиниҳо бо чанде аз шоирони номдор ‒ Абуназари Асҷадии Марвазӣ, Зинатии Алавӣ, Абулҳасани Алии Баҳромии Сарахсӣ, Ғазоирии Розӣ ва дигарон шиносо шуд. Инҳо шоирони форсизабон буданд. Аз шоирони арабинавис Амр бинни Мутавваъӣ, шайх Абулҳасан бинни Исои Хараҷӣ, Абумузаффари Балхӣ, Абумуҳаммади Шаъба ибни Абдулмалики Бӯстӣ низ ба маҷлиси шуаро меомаданд. Ғайр аз Мутавваъӣ дигар арабинависон ҳама форсу тоҷикҳо буданд.

Дар маҷлис мубоҳисаҳо воқеъ мешуданд. Як дафъа Мутавваъӣ бо Фирдавсӣ дар бораи фазилати забонҳои арабӣ ва форсии дарӣ дохили мубоҳиса шуд. Араби мӯйсафед, дандонҳояш ягон-ягон, аз афзалияти забони арабӣ сухан меронд.

‒ Шумо, ки арабиро мисли як олим ё шоири араб медонед, чаро ашъори арабӣ намегӯед? ‒ пурсид ӯ аз Фирдавсӣ.

‒ Ҳоҷат набуд, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ мехостам ашъори маро ҳаммеҳанони* ман, ки ҳама ғайр аз як идда олимону фозилон арабӣ намедонанд, бихонанд ва бифаҳманд.
___________________
* Ҳаммеҳан ‒ ҳамватан (меҳан яъне ватан).

‒ Охир, ғайр аз ҳамин олимону фозилони аҷамӣ дигар ҳаммеҳанони шумо ҳама бесаводон ва ҷоҳилонанд, магар шумо барои бесаводон ва ҷоҳилон шеър мегӯед?

‒ Ҳаммеҳанони ман агарчи бесавод ҳам бошанд, ҷоҳил /146/ нестанд, дар олами худ доноянд. Арабони бесавод ашъори арабиро ҳар қадар мефаҳмида бошанд, ҳаммеҳанони ман сухани шоирони ҳамзабонашонро ҳамон қадар ва балки хубтар мефаҳманд.

‒ Хубтар? ‒ истеҳзоомез хандид Мутавваъӣ. — Ин дар ҳаққи арабон иҳонат* аст. Шумо мехоҳед бигӯед, ки аҷамӣ ба фаҳму фаросат аз араб, ки ҳамнажоди расулиллоҳ аст ва Қуръони маҷид ба лисони вай нозил шудааст, бартарӣ дорад? Ҳошо! ‒ Мутавваъӣ мунозираро ба заминаи дин кӯчонд, зеро бад-ин восита забони ҳарифро бастан осонтар менамуд.
___________________
* Иҳонат ‒ туҳмат.

Фирдавсӣ хандид.

‒ Баҳс на дар бораи нажод, балки дар бораи забон аст, ‒ ҷавоб гардонд ӯ, ‒ Қуръонро ҳам ба миёна кашидан бемавқеъ аст. Шуморо забони модарии худатон хуш аст, маро забони модарии худам. Дар арабӣ ман ҳеҷ бартарие бар форсӣ намебинам. Ба балоғату фасоҳат ва баёни маъниҳои борику баланд форсии дарӣ аз арабӣ ҳеҷ камӣ надорад, инро Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ ва амсоли инҳо шуарои бузурги форсизабон собит кардаанд. Билохир «Шоҳнома»-и банда ҳам метавонад далеле ба ин даъво бишавад.

‒ Пас чаро суханшиностарини шуаро аз ҷумлаи форсизабонон ба арабӣ шеър мегӯянд? Инак аз ҷумлаи эшон ду устоди бузургвор дар ин маҷлис ҳозиранд, ‒ Мутавваъӣ ба Абумузаффари Балхӣ ва Ибни Абдулмалики Бӯстӣ ишора кард. ‒ Магар ин далели он нест, ки эшон афзалияти лисони арабиро дарёфтаанд?

‒ Ба чӣ мулоҳиза арабӣ шеър гуфтани эшон маълум аст: охир, дар ин замона ҳар кӣ арабӣ менависаду арабӣ ҳарф мезанад, шахси бофазлу камол ҳисоб меёбад, вале ба чӣ далел, ба чӣ далел, ‒ батакрор гуфт Фирдавсӣ, ‒ эшон арабиро аз форсии модариашон бартар медонанд, ба ман маълум нест.

‒ Во аҷабо! ‒ даъвогарона гардан ёзонд Абумузаффари Балхӣ. — Он чӣ ба ҳама ва ҳатто ба абҷадхонҳо маълум аст, ба ҳазрати Фирдавсӣ маълум набудааст! Дуруст, форсӣ ширин аст, вале ба вай фақат тӯтинома метавон навишт ва хонд, аммо забони ҳикмат ва маонии фасеҳу балеғ арабист.

‒ Ҳар кӣ мункири ин нукта бошад, нодон аст, ‒ луқма партофт Ибни Абдулмалик, тоҷики арабинависи миёнсол, ки одатан каҷбаҳс ва тундгӯй буд.

Фирдавсӣ дар ғазаб шуд, шӯрид: /147/

‒ Шумо, ҷаноб, ‒ гуфт ӯ сӯйи Ибни Абдулмалик, ‒ забони модарии худро бад дида, забони бегонаро бар вай тарҷеҳ додаед, ин монанди он аст, ки кас аз модари худ рӯй гардонаду мояндарро хуш кунад, ва чунин кас бешак бадсиришт ва бадгавҳар аст.

Ибни Абдулмалик чун каҷдумгазида аз ҷо барҷаст, гӯё ки мехост худро ба болои Фирдавсӣ афканад. Ғавғо бардошт:

‒ Ҳақорат! Харшиаи тӯсӣ маро таҳқир кард!

Моҳак ва Маншурӣ ӯро зуд аз бағалаш гирифта берун кашида ба ҳуҷраи шафат дароварданд.

‒ Ором шавед! ‒ бо оҳанги сарзаниш гуфт ба ӯ Моҳак. ‒ Ҳақорат аввал аз шумо шуд, шумо марди ҳаким ва шоири бузургро нодон гуфтед!

Фурӯғи маҷлис тира гашт, дилхушиҳо ба дилсиёҳӣ табдил ёфтанд. Мизбон ҳарчанд мекӯшид, ки ногувории ба миён омадаро ҳамвор созаду маҷлисро идома диҳад, суд накард, меҳмонон як-як ва ду-ду бархоста меҳмонхонаро тарк карданд.

Баҳс бо Фаррухӣ

Фирдавсиро як навбат Лабибии Адибӣ, навбати дигар Зинатии Алавӣ ба меҳмонӣ даъват карданд. Дар меҳмонии ахир вай бо Фаррухии Систонӣ, ки ҳамчунин даъват шуда буд, шиносо гардид. Алӣ Абулҳасан ибни Ҷулуғ Фаррухӣ, маддоҳи султон Маҳмуд, дар муҳити адабии Ғазнӣ ҳамчун гӯяндаи тавоно ва баробари Унсурӣ устоди бузурги сухан шинохта шуда буд. Ба қавли муҳаққиқ «маонии латиф дар пешгоҳи қалам ва қариҳаи* ӯ чун мум буда ва ин суханвари неруманд ба ҳар шакле ки мехоста онро дармеовардааст. Мутолиаи осори ӯ дар нафс лаззат падид меоварад ва дар эҳсос шӯр тавлид мекунад ва дар дил ишқ меангезад». Ҳақиқатан қасидаҳои то ба замони мо расидан Фаррухӣ ин гуфтаи муҳаққиқро тасдиқ мекунанд. Ба қавли ҳамон муҳаққиқ, Фаррухӣ афкору маслиҳатҳои худро бидуни андешаву ҳарос ошкоро ба султон пешниҳод мекарда ва «бо вай чун хоҷагон ва сипаҳбудон дар умури мамлакат сухан гуфта, чун солорон ва сардорон фармон рондааст». Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки султон ба вай рутбаи амирӣ дода буд. Фаррухӣ ба меҳмондориҳо кам мерафт ва ҳар гоҳ ки мерафт, меҳмондор ташрифи ӯро ба худ шарафи калон медонист. Қиссаи ба дарбори Ғазнӣ омадани ӯ, ба ибо/148/раи анъанавӣ гӯем, нақли маҷлисҳо ва нуқли маҳфилҳо буд.
___________________
* Қариҳа ‒ истеъдод.

Фаррухӣ дар Систон дар хизмати деҳқоне буда, дар ашъораш хоҷаро меситуда ва дар базмҳои ӯ чанг менавохта, хоҷа ба вай ҳар сол фалон ман ғалла ва фалон дирам пул медодааст, аммо вақте ки шоир ва чангнавози ҷавон зан гирифт, ин музд камӣ кард, вай аз деҳқон музди бештаре хост, деҳқон қабул накард, шоир маъюс шуд, аз атрофу акноф ҳокими мадеҳахоҳеро дарак кард, хабараш доданд, ки амири Чағониён Абумузаффар ба шоирон силаву ҷоизаи фаровон медиҳад ва дар ин боб аз амирону ҳокимони вақт ҳеҷ яке бо вай баробар шудан наметавонад. Шоир қасидае навишта роҳи дури Чағониёнро пеш гирифт. Амирро дар пойтахташ наёфт, пеши кадхудо (вакил, вазир)-и ӯ рафта, кӣ буданаш ва мақсадашро баён кард, қасидаашро хонд, кадхудо гуфт, ки амир дар доғгоҳ машғули доғ кардани тойҳост, агар қасидае лоиқи ӯ гӯйӣ ва доғгоҳро сифат кунӣ, туро ба наздаш мебарам. Фаррухӣ аз ӯ пурсид, доғгоҳ чӣ ҷоест ва амир дар он ҷо чӣ гуна гузарон мекунад. Кадхудо гуфт, ки доғгоҳ даште ниҳоят хушманзар ва хушобу ҳавост, ҷаҳоне дар ҷаҳоне сабза, хаймаҳо зада ва аз ҳар хайма навои руд баланд, ҳарифон бо ҳам нишаста шароб менӯшанд ва ишрат мекунанд, амир ба як даст ҷоми шароб ва ба дасти дигар каманд, шароб мехӯрад ва асп мебахшад. Фаррухӣ рафт ва шаб қасидае навишта, пагоҳӣ назди кадхудо ҳозир гардид ва қасидаашро, ки бо байти «Чун паранди нилгун бар рӯй пӯшад марғузор ‒ Парниёни ҳафтранг андар сар орад кӯҳсор» сар мешуд, хонд. Кадхудо, ки марди фозил ва суханшиносе буд, аз латофату зебоӣ ва рангинии қасида дар ҳайрат монда, ба сар то пойи Фаррухӣ нигарист, шоири систонӣ бас беандом ҷавоне буд, ҷомааш пасу пеш чок, дастори калони сагзивор* бар сар, пояш бараҳна ва кафшаш дарида. Аммо шеъраш дар осмони ҳафтум! Кадхудо корҳои дигарашро гузошта, Фаррухиро савор карду рӯ ба доғгоҳ ниҳод, наздики ғуруби офтоб дар пеши амир ҳозир гардид ва гуфт: «Эй худованд**, ба ту шоире овардам, ки то Дақиқӣ рӯй дар ниқоби хок кашидааст, кас мисли ӯ надидааст». Амир шоирро хуш қабул ва барои иқоматаш ҷойи муносиб таъйин кард. Ба маҷлиси шароб талабиданд, ҷомҳои шароб якчанд давра гашта буданд, ки Фаррухӣ бархоста бо овози ҳазину хуш қасидаеро, ки дар Систон дар бораи ҷалои ватан карданаш гуфта буд, хонд, амир шеършинос буд ва худаш ҳам шеър мегуфт, аз латофату нафосати /150/ сухани ӯ мот шуд; кадхудо ба ӯ гуфт: «Эй худованд, сабр кун, то аз ин беҳтарашро шунавӣ». Фаррухӣ то ғояти мастии амир хомӯш нишаст ва пасон бархоста «қасидаи доғгоҳ»-ашро хонд. Амир боз бештар ба суханварии ӯ тан дод. Фармуд, аз гала ҳазор сар тойи хатлӣ оваранд, ки ҳама рӯйсафед ва дасту пой сафед бошад. Оварданд, амир ба Фаррухӣ гуфт: «Ту марди сагзӣ ва айёр ҳастӣ, савор шав ва бирон, аз тойҳо ҳар чӣ қадар гирифтан тавонӣ, азони туст». Шоир мастомаст савор шуда сӯйи гала асп ронд, қариб чиҳил сар тойро ҳай карда ба қӯра даровард ва дар асари мастӣ аз асп фурӯ ғалтиду ба остона сар ниҳода хобаш бурд. Амир ба кӯра омада, ӯро дар хок хобрафта дид. Фаррухӣ аз овози қаҳқаҳа бедор шуда, амирро дар болои сараш дид, ки бо овози баланд хандида истодааст. Ба ҳамин тарз он рӯз шоири бенавои систонӣ соҳиби чиҳил сар асп гардид… Дар Ғазнӣ овозаи шоири беҳамторо шунида, ӯро ба дарбор талабиданд.
___________________
* Сагзӣ ‒ систонӣ, дастори сагзивор ‒ саллаи махсуси систониҳо.
** Худованд ‒ ба маънии соҳиб.

Фаррухиро дар меҳмонхонаи Зинатии Алавӣ меҳмонон ҳама аз ҷо бархоста бо эҳтироми хос пешвоз гирифтанд. Бо Фирдавсӣ вай бо виқори амирона ва табассуми як қадар мутакаббирона вохӯрдии бағалкаш кард ва якбора шӯхиомез чунин гуфт:

‒ Авсофи ҳамватани маро аз осмони ҳафтум ҳам болотар бурдаед, имрӯз ҷаҳон пур аз овози ӯст. Офарин. Фирдавсиву Рустам, Рустаму Фирдавсӣ вирди забони оламиён аст.

Вай марде миёнсоли серриш, чашму абру сиёҳ, қадаш ав миёна пасттар, танаш пургӯшту устухон буда, қабои аттобӣ (порчаи роҳ-роҳи абрешимӣ) бар тан ва дастори мурассаъ ба ҷавоҳирот аз матои кабуди нафис бар сар дошт. Фирдавсӣ аз дидор изҳори хушнудӣ кард, валекин ботинан «гӯш ба занг» шуд: суханони шоири дарбор таъриф аст ё киноя? «Аз осмони ҳафтум болотар бурдаед», гуфтани ӯ ба чӣ маънист? Мехоҳад гӯяд, ки дар васфи Рустами Зол аз ҳад зиёд муболиға рафтааст?… Фаррухӣ дар пешгоҳ аз паҳлуи Фирдавсӣ ҷо гирифт, ҳолҷӯйӣ ва пурсупоси ҳар ду як фурсат давом кард, сониян Фаррухӣ, ки дар рикоби султон ба Ғӯр рафта, ҷанги ғазнавиёну ғӯриёнро бо чашми худ дида, бо амри султон аз ӯ пештар ба пойтахт баргашта будааст, воқеаҳои он ҷангро бо васфи корнамоии худи «шоҳаншоҳи кишварситон» нақл кард. Нақлаш зимнан шубҳаи Фирдавсиро дар бораи маънии суханони нахустини ӯ тасдиқ намуд.

‒ Ғӯриён роҳро бар сипоҳи султон баста, худ дар кӯҳҳо паси сангарҳо, ки сохта буданд, камин гирифтанд. Агар шумо, ‒ /151/ муроҷиат кард гӯянда ба Фирдавсӣ, ‒ медидед, ки эшон ба чӣ шаҳомати фавқулоддае аз худ дифоъ карданд, эшонро ба Геву Тӯсу Бежан нисбат медодед. Дар ибтидо сипоҳи султонро аз ҳазимат* чора намонд, вале дар муқобили шаҳомати султон Геву Тӯс чист? Сад Геву Тӯс ва ҳатто Рустами шумо якеву Маҳмуди Зобулӣ** яке. Султон ба сипоҳи худ фармони ақиб гаштан доданд, ғӯриён барои таъқиби «ҳазиматиён» аз ҳисору камингоҳҳояшон ба дашт баромаданд, он гоҳ султон бо ин ки силоҳашон хеле талаф дода ва коста буд, ба ҳуҷум гузашта, бо як ҳамлаи шерона сафҳои ғуриёнро дарҳам шикастанд, ва амири Ғӯр Суриро бо писарон ва сарони сипоҳаш асир гирифтанд. ‒ Боз ба Фирдавсӣ рӯ оварда як навъ назарногирона гуфт: ‒ Эй ҳаким, бовар кунед, ки ҳар як чокари кеҳтари*** султон Тӯс, Гев ё Бежан аст. Валлоҳ ки Ҷамшеду Ковус ё Фаридун ба хурдтарин сарҳанги султон шудан шод мебуданд. Рустам кист? Ҳар як сарбози султон кам аз Рустам нест.
___________________
* Ҳазимат ‒ ақиб гаштан, гурехтан.
** Модари Султон Маҳмуд аз Зобулистон (Систон) буд, аз ин рӯ вайро Зобулӣ меномиданд.
*** Кеҳтар ‒ хурд.

Чунин гуфтори шоири дарбор магар ошкоро айбмонии тамасхуромез ба «Шоҳнома» ва беҳурматӣ ба соҳиби он набуд? Меҳмонон ки аксарашон шоир буда нозими таърихи Аҷамро муҳтарам медоштанду ихлосмандаш буданд, ҳайрон шуданд. Фирдавсӣ бошад дар дилаш ғазаб ҷӯш мезад. «Мардак қасдан маро беҳурмат карданист ё ки бо вуҷуди устоди сухан будан бетамиз ва аблаҳ аст?» мегуфт ӯ ба худ. Ба риояи одоби меҳмонӣ ғазабашро фурӯ нишонда лабханд карду ба Фаррухӣ чунин ҷавоб гардонд:

‒ Ҳазрат, агар боз мегуфтед, ки камҳунартарин шоири дарборӣ кам аз Фирдавсӣ нест ва «Шоҳнома» ҳам ба арзиш аз қасидаи чунин шоир фурӯтар аст, фикратон тамомият меёфт.

Зинатии Алавӣ ва чанде аз меҳмонони ӯ, ки аз гуфтори Фаррухӣ дар худ малоли хотир ва хашми ботинӣ эҳсос мекарданд, аз эътироз намудан ба ӯ метарсиданд, ‒ охир, эрод гирифтан ба гуфтаҳои Фаррухӣ бехавф набуд, мумкин буд ба гӯши султон бирасад ва он гоҳ… алҳазар аз ғазаби султон!

Фаррухӣ ба сухани Фирдавсӣ табассуми кибромезе карду гуфт:

‒ Шоир бо ҳунари расои хеш ба дарбор роҳ меёбад; камҳунар ҳаргиз шоири дарбор намешавад. ‒ Ӯ ба ҳариф фурсати даҳон кушодан надода, кудурати пайдошударо рафъ карданӣ /152/ шуда, ба суханаш идома дод: ‒ Гумонам ки шумо аз банда ранҷидед, вале банда шуморо ҳеҷ нияти ранҷонидан надоштам, истеъдоду қареҳаи офаридгори «Шоҳнома» ба мо мусаллам аст ва эҳтирому бузургдошти шумо ба ҳамаи мо воҷиб. ‒ Гӯянда боз ба лаҳни таънаомез гузашт: ‒ Аммо, рост бигӯям, устод, чаро шумо ин ҳама истеъдоди беназирро сарфи фасонаҳои куҳан сохтед, як бор ҳам ба дарбори султон наёмадед. Ба мадҳи ӯ нагуфтед, магар султони муаззами кишваркушой, динпаноҳи кофиркуш, адолатпеша ва раиятпарвар сазовори он нест, ки шоирон бо ҷону дил мадҳаш гӯянд, вассофаш бошанд, чокараш бошанд ва камтарин лутфу марҳаматашро тоҷи сар бикунанд? Банда якчанд мадеҳаи шуморо, ки дар «Шоҳнома» ба султон гуфтаед, хондам, маълумам шуд, ки шумо дар мадеҳа гуфтан сабки хосе доштаед ва алҳақ устод будаед.

‒ Чун «Шоҳнома»-ро ба номи султон кардам, мадеҳае чанд ба он зам карданам лозим буд, ‒ гуфт Фирдавсӣ ва баъд аз сукути кӯтоҳе суханашро давом дод: ‒ Чун тааммули айёми гузашта кардам, донистам, ки он чӣ шумо «фасонаҳои куҳан» мегӯед, пур аз панду ҳикматанд, ибратомӯзанд. Одамӣ бояд ниёгони хешро бишносад, то бидонад ки худи ӯ кист ва ба ҷаҳон баҳри чӣ коре омадааст. Бидонад, ки некӣ чист ва бадӣ чист, одамият чист, мурувват чист. Меҳнатдӯстӣ биёмӯзад, некандешӣ ва некхоҳӣ биёмӯзад. Аз ин рӯ, банда бостоннома нигоштанро аз мадеҳасароӣ авло донистам, агарчи ҳосили ин шуғл ба ҷуз бечорагиву бенавоӣ нест. Инро беҳ аз он донистам, ки суханро фақат сарфи мадҳу сано бикунам. (Дар нӯги забонаш буд, ки бигӯяд «сарфи мадҳу санои як шахс, як подшоҳ бикунам, ба тамаи бахшишу ато», вале ин кинояи ошкор мебуд, худдорӣ кард).

Соҳиби хона Зинатӣ тарсид, ки мабодо мунозира ба мунозаа* гузарад, бинобар ин мавзуи суҳбатро дигар карданӣ шуд. Ба Фаррухӣ рӯ оварда хоҳиш кард:
___________________
* Мунозаа ‒ низоъ, ҷанҷол.

‒ Волоҳазрат, илтимос, аз ин гуфтугӯ гузарему шумо аз саргузашти худатон воқеаи доғгоҳи амири Чағониёнро нақл кунед. Устод Фирдавсӣ шояд он саргузашти аҷиби шуморо нашунида бошанд. ‒ Аз Фирдавсӣ пурсид: ‒ Шунидаед ё не?

‒ Қисман шунида будам, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ вале аз дигарон шунидан дигар асту аз забони худи волоҳазрат шунидан дигар.

‒ Аз шумо ҳар кӣ қиссаро беҳтар ҳифз карда бошад, нақл /153/ бикунад, бандаро рухсат фармоед биравам. Ин бегоҳ ду-се нафар аз дӯстон мебоист ба хонаи банда меомаданд, ‒ агар омада бошанд, муаттал мешаванд.

Гӯянда бархоста бо ҳозирон хайрбод кард. Дар берун ду чокари вай аспи хоҷаро дошта истода буданд, ҳозирон ғайр аз Фирдавсӣ баромада ӯро гуселонданд.

Зинатӣ ба Фирдавсӣ қиссаи доғгоҳи Чағониёнро, ки дар болотар овардем, бообутоб ва изофаҳо нақл кард, дигар меҳмонон агарчи онро пештар на як бору ду бор шунида буданд, боз ҳам бо завқу шавқ шуниданд.

Шабонгоҳи дер соҳиби хона ва чанде аз меҳмонон Фирдавсиро то сари кӯча ва аз он ҷо Маншурӣ то манзили Моҳак гуселонданд. Сари роҳ ҳар ду бо ҳам дар бораи Фаррухӣ гуфтугӯ мекарданд. Фирдавсӣ мегуфт, ки Фаррухиро дар суханварӣ бо Рӯдакӣ метавон баробар кард, вале Рӯдакӣ фақат маддоҳи Сомониён набуд, шоири башарият буд, ситоишгари хираду дониш ва таҷрибаи рӯзгорон буд, аммо ин Фаррухӣ фақат маддоҳ. Шоҳпарастӣ чунон дар ҷонаш печидааст, ки ғайр аз шоҳ ва корҳои шоҳ дар бораи ҳеҷ чизи дигар фикр кардан наметавонад, дигар ҳама чиз дар назараш ҳақир ва ночиз менамояд. Рӯдакии нобино бо чашми дилаш тамоми ҷаҳонро медид, Фаррухӣ бо чашми бинои сараш фақат шоҳро мебинаду бас. Қасидаҳои Рӯдакӣ мадеҳа дар зимни панду ҳикматанд, аммо вай қитъа, ғазал, рубоӣ, достонҳо низ мегуфт ва Фаррухӣ фақат мадеҳа. Танҳо суди хешро дар назар дошта, аз барои силаву ато ба дигар кори ҷаҳону ҷаҳониён, ба тақдири меҳан, ба ғаму шодии мардумон беэътино будан кори бохирадон нест.

Дар қабули вазир

Вазири нав Хоҷа Ҳасани Майвандӣ аз султон пештар аз Ғӯр ба пойтахт баргашт, то ки дар набудани фармонфармояш ба «ратқу фатқ»-и* корҳои мамлакат машғул бошад. Моҳак ба қабули ӯ рафтани Фирдавсиро маслиҳат дид.
___________________
* Ратқу фатқ ‒ банду баст, саришта кардан.

‒ Хоҷаи бузургро ҳам зиёрат мекунед ва ҳам ба мақоми вазирӣ расиданашонро таҳният мегӯед, ‒ гуфт ӯ. ‒ Хоҷа бо шумо шахсан шиносо шаванд беҳтар аст, охир акнун кушоиши бисёрии мушкилҳо баста ба раъйи эшон аст.

Дар девони вазорат Фирдавсиро якчанд соат дар интизории қабул нишастан лозим омад. Даҳ-дувоздаҳ нафар аҳли ҳо/154/ҷат аз ҷумлаи мансабдорон ва сипоҳиён ҳам нишаста навбати қабул мепоиданд. Чун мулозим ба назди вазир даромада ба қабул омадани Абулқосими Фирдавсии шоири тӯсиро арза кард, хоҷаи бузург пурсид:

‒ Мазҳабаш чист?

‒ Мусалмон, албатта, ‒ гуфт мулозим.

‒ Медонам, кофир на, аммо суннист ё шиӣ? Намедонӣ?

Мулозим даст бар сина ниҳода гардан каҷ кард, ки яъне оре, намедонам, он гоҳ вазир худаш ба суолаш ҷавоб дод:

‒ Шиист. ‒ Пас фармуд: ‒ Мунтазир бошад.

Майвандӣ ҳам монанди худи султон Маҳмуд суннии мутаассибе буд, шиаро бад медид. Ҳамчунин арабипараст буд: чун ба маснади вазорат нишаст, нахустин фармоне, ки содир кард, ин буд ки коргузории девонҳои давлатӣ ба забони арабӣ гузаронда шавад ва муросилоту мукотибот ҳамон вақте ба форсӣ навишта шаванд, ки мухотаб арабӣ надонад.

Мунтазирони пушти дар як-як медаромаданду мебаромаданд, лекин хоҷа шоирро ҳеҷ ба дарун наметалабид. Ниҳоят қариби намози пешин мулозим ба даровардани вай иҷозат гирифт. Фирдавсӣ даромада дар пешгоҳи марде ба назар панҷоҳучандсолаи тануманд, ришсиёҳ ва хеле босалобат ҳозир гардид, ки дар паси хонтахта бар рӯйи се-чор қабат якандози шоҳӣ пушташро ба болиштҳо такя дода нишаста буд. Дар рӯйи хонтахтаи пояҳояш ба таври нафиси тӯршакл кандакоришуда як дурҷи сабук, харитаи чармин ва давоту коғаз гузошта шуда буданд. Майвандӣ ба саломи Фирдавсӣ бо сарҷунбонии бовиқорона алайк гуфта ҳамчунин бо сарҷунбонӣ ӯро ба нишастан таклиф кард. Як дам ба хомӯшӣ гузашт, хоҷа бешитоб тасбеҳ гардонда ба Фирдавсӣ чашм дӯхта буду дам намезад, шояд аз вай мунтазири дуо ва тавозуи тамаллуқкоронае буд, чунон ки ба қабули вазир омадагон суханашон, арзашонро одатан аз ҳамин сар мекарданд. Вале Фирдавсӣ ҳам сукут кард, сабаби сукуташ малули хотири ӯ буд: охир, хоҷа ӯро ба қабули худ ҳамин қадар дер интизор ва акнун ин тавр сард қабул кард. Шоир ба дуо ва сано хондану табрик гуфтан забонаш намегашт.

‒ Шунидам, омадаед, ‒ ниҳоят маҷбур ба гуфтор шуд вазир. ‒ Сиярулмулукро* назм кардаед… ба номи султон назм кардед?
___________________
* Мақсад «Шоҳнома»-и мансур аст.

‒ Оре. /155/

‒ Аз нахуст ба номи султон карда будед ё баъдан?

‒ Баъдан. Аввал ба номи подшоҳи Сомонӣ ибтидо карда будам, вале «Шоҳнома»-и ман ба охир расиду Сомониён ҳам салтанатро видоъ гуфтанд. Бо маслиҳати хоҷаи бузург Исфароинӣ ва амир Наср ба номи аълоҳазрати султон гузаронидам.

Шоири ростгӯй хато кард, ки дар пеши Майвандӣ номи рақиби вай Исфароиниро ба забон овард ва он ҳам бо эҳтиром, бо зикри лақаби пештарааш. Акнун Фирдавсӣ агар аз ҷониби вазири султон умеди ҳимояте ё ақаллан хайрхоҳие нисбат ба худаш дошта буд, минбаъд аз он умедаш даргузарад ҳам, мешавад. Майвандӣ сарашро поин андохта як дам ба муроқиба рафт ва баъд пурсид:

‒ Хуб, аз Тӯс чӣ хабар?

‒ Шукр, осудагист, ‒ ҷавоб дод Фирдавсӣ.

‒ Аҳолӣ аз Арслонхони ҳоким розианд?

Шоир ба зудӣ ҷавоб надод, вазир боз пурсид:

‒ Розианд?

‒ Банда бояд ба вазири султон рост бигӯям: розӣ нестанд, ‒ гуфт Фирдавсӣ.

‒ Чаро?

‒ Хироҷро ба зиёдат меситонад. Мардумонро ба андак гуноҳ уқубат мекунад.

‒ Аҷаб… Мо то кунун дар бораи ӯ шикояте нашунида будем.

‒ Мардумон аз шикоят кардан метарсанд, ки мабодо вай бар эшон ғазаб кунад.

‒ Ба шумо ҳам зулм кард?

‒ Бо марҳамати ҳокими собиқ Ҳусайни Қутайб хироҷ аз ман соқит шуда буд, Арслонхон онро тоза кард. Хуб, ба ин бардошт кардан мумкин, аммо вай хироҷи солҳои пешро ҳам, ки ба ман маоф шуда буд, фармуд аз ман биситонанд.

‒ Шикоят накардед? Шумо ҳам тарсидед?

‒ Ба амир Наср, волии Хуросон, аризаи шикоят фиристода будам, ҷавоб наёмад, шикоятам беоқибат монд.

‒ Соқит кардани хироҷ аз касе бо амри султон мешавад, Қутайб чӣ ҳад дошт, ки бо ихтиёри худ онро соқит кунад?

‒ Чун донист, ки ба назми «Шоҳнома» машғулам ва ба кишту дарав расидагӣ кардан наметавонам, тангдастам, дар ҳаққи ман чунин адолат кард.

‒ Шунида будем, ба шумо зару сим ҳам ато кардааст?

‒ Оре, ҳазрат, ато кард. /156/

‒ Чӣ қадар?

‒ Чаҳор ҳазор динору дирам.

‒ Худатон тамаъ карда будед?

‒ На, ман одат надорам он чиро ки ҳаққи ҳалоли худам нест, тамаъ кунам. Майли худи Қутайб буд.

‒ Балки силаи «Шоҳнома» будааст?

‒ Ман «Шоҳнома»-ро, ҳатто достонеро аз «Шоҳнома» назди ӯ набурда будам.

‒ Аз султон чӣ миқдор сила умед доред?

‒ Ин баста ба ҳиммати подшоҳона аст.

— Китобро ба толибон барон мутолаа медодед?

‒ Баъзе достонҳоро котибон китобат мекарданд, ҳавасмандон рӯбардор карда мебурданду мехонданд, дар маҳфилҳо қироат мекарданд.

‒ Шумо «Шоҳнома»-ро ба номи султон карда ва мехоҳед ба ӯ тақдим бикунед, аммо китоб пеш аз он ки ба султон бирасад, дар байни мардум шоеъ шудааст, инро аълоҳазрат хуш намекунанд.

‒ Китобро ба номи аълоҳазрат карданам, чунон ки арз кардам, дертар, пас аз итмоми «Шоҳнома» воқеъ шуд, магар мумкин буд, ки дар арзи сию панҷ сол достонҳои манзумшуда ба мардумон номаълум монанд? Ин ғайримумкин буд.

Сию панҷ сол? ‒ вазир бовар карданаш намеомад.

‒ Оре. Бо баъзе фосилаҳои кӯтоҳ,

‒ Барои Сомониён?

‒ Оре, дар оғози кор мақсудам ин буд.

‒ Аз он ҷониб фармоише шуда буд?

‒ Баъд аз фавти Дақиқии шоир ки бо амри аълоҳазрати Нуҳ ибни Мансур ба назми «Шоҳнома» иқдом карда ва байте ҳазор гуфта ва ин кор нотамом монда будааст, ба Бухоро рафта будам, он ҷо ба қабули подшоҳ мушарраф шудам, ба идома додани кори нотамоми Дақиқӣ майл доштанамро арз кардам, подшоҳ фармуданд. «Биозмой, агар ноил шудӣ ‒ ба мо биёр»… Амри қазо будааст, ки оқибат «Шоҳнома»-ро ба номи аълоҳазрати султон гузаронида ба даргоҳи ҳумоюнӣ биёварам.

‒ Мегӯянд, тарҷумаи «Худойномак» ҳам аз паҳлавӣ ба форсии дарӣ бо фармоиши амири Сомонӣ ба амал омада?

‒ Оре, бо амри аълоҳазрати Абдулмалик ибни Нуҳ волии Хуросон ибни Абдураззоқ ба вазири худ Муҳаммади Муаммарӣ фармуда ва ин Муаммарӣ чанде аз мубадонро, ки забони паҳлавӣ медонистанд, гирд оварда, эшонро ба тарҷумаи /157/ «Худойномак» нишонда буд. Дар он овон банда толибилми мадраса будам, ҷузве чанд аз «Худойномак», ки дар ҳар дар дасти ҳар мубаде парешон буд, ба дастам афтода буд мехондам ва баъзе пораҳои онро, ки бароям муассир ва дилангез меомад, назм мекардам.

‒ Аслан, манзури шоҳони Сомонӣ аз тарҷумаи «Худойномак» ва назм гардонидани он чӣ будааст?

‒ Таърихи пуршукӯҳу шавкати Аҷамро аз фаромӯшӣ нигоҳ доштан, ойину донишу фарҳанги ниёгонро зинда гардонида, аз таънаи АРОБОН, ки аҷамиёнро аз худ паст ва фурӯмоя мешуморанд, халос шудан. Ҳамин буд, ки оли Сомон шуарои форсизабонро мепарвариданд. Рӯдакиро мепарвариданд, зеро вай арабро ба фасоҳату балоғати сухани форсӣ иқрор мекунонд, забони таъни арабро мебаст. Алҳақ ҳамин тавр ҳам кард. Банда ҳам хостам дар пайи ин мақсуди олӣ хизмате, ки дархури тавони ман бошад, бикунам ва дар ин кори хайр саҳме дошта бошам.

Майвандӣ рӯй турш кард: дар бораи арабҳо чунин суханони кароҳатомез гуфтани Фирдавсӣ ба вазири арабидӯст хуш наёмад. Ӯ сарашро поин андохта як дам сукут кард ва пасон ба рӯйи мухотабаш нигоҳ накарда боз пурсид:

‒ Аз мо чӣ талаб доред?

‒ Аввалан мехостам, ки ба хизмати хоҷаи бузург китобро биёрам, лутфан мутолиа карда бандаро шарафёб гардонанд ва сипас, агар онро биписанданд, ба қабул ёфтанаш дар ҳузури аълоҳазрати султон далолати хешро дареғ надоранд.

‒ Гуфтанд, ки имрӯзҳо китобро маликушшуаро мутолиа мекунанд?

‒ Оре, хоҷаи бузург.

— Оё боз нусхаи дигаре ҳаст?

‒ Ҳаст.

‒ Пас биёред ё бифиристед, ман мебинам… мехонам.

‒ Ба чашм.

Майвандӣ як дам сукут карду ногаҳон чунин суол дод:

‒ Тӯсиён шиамазҳабанд?

‒ Оре, бештарин тӯсиён дар шиаи Алӣ ибни Абетолибанд.

‒ Дар шаҳр аҳли суннат ҳам ҳастанд?

‒ Ҳастанд.

— Насоро чӣ?

‒ Як ҷамоати кӯчаки насоро низ ҳаст.

‒ Шумо шиӣ ҳастед?

Фирдавсӣ бо тааҷҷуб ба вай нигарист: /158/

‒ Ман дар мазҳаби падару бобоёни худ ҳастам, ҳазрат.

Майвандӣ мавзуъро бадал кард:

‒ Мардуми Хуросон дар бораи султон чиҳо мегӯянд? ‒ пурсид ӯ.

Фирдавсӣ тааммул карда ҷавоб дод:

‒ Вақте ки шуниданд, фармони ғалла додан ба қаҳтзадагон содир шудааст, ҳама султонро дуо карданд, аммо чун ба зудӣ анборҳои ғалла баста шуданд, мардумон ҳайрон монданд.

‒ Бастани анборҳо ба хилофи фармони султон, бо амри Исфароинӣ будааст, ‒ гуфт Майвандӣ.

«Э аҷаб, ‒ ба дилаш гузаронд Фирдавсӣ, ‒ пас кӣ ва чӣ монеъ мешуд, ки султон амри вазирро бекор ва фармони пештараи худро барқарор кунад?»

‒ Қаҳтии сахт рӯй дод? ‒ боз пурсид вазир.

‒ Сахт гуфтан кам аст, ҳавлнок, ҳамчун аҷали муаллақ, ‒ гуфт Фирдавсӣ. Боз афзуд: ‒ Агар ба қаҳтзадагон аз давлат ва аз дороён кумак нарасад, боз ҳазорон мардум аз гуруснагӣ мемиранд.

‒ Султон аз Ғӯр ки баргаштанд, ин матлаб арздошт карда хоҳад шуд, ‒ гуфт вазир.

«То султон бармегардаду арзи туро шунида фармоне мебарорад, ки ҳазорон марду зану кӯдак гуруснамарг мешаванд! Ту вазир ки бошӣ, чаро худат чорае намеҷӯйӣ?» ‒ ба дилаш гуфт Фирдавсӣ, аммо ба вазир чунин суол дод:

‒ Оё мумкин набошад, ки анборҳои ғаллаи султониро, ки бо амри Исфароинӣ баста шудаанд, бо амри ҳазрати вазоратпаноҳ бикушоянд?

‒ Бе фармони нави султон мумкин нест, ‒ кӯтоҳакак гуфт вазир ва аз пурсиши шоир нохушнуд буданашро пинҳон карда натавониста афзуд:

‒ Аслан шумо барои «Шоҳнома»-и худро ба султон гузаронидан омадед ё ба додхоҳӣ аз ҷониби қаҳтзадагон? Қаҳтзадагон ба тавассути ҳокимон ва дигар муътабарони вилоятҳо арзашонро ба давлатхона мерасонанд, ҳоҷати он нест, ки шоире бо ин чизҳо худро дарди сар диҳад.

‒ Чаро дарди сар бошад, ҳазрат? ‒ гап гардонд Фирдавсӣ. ‒ Агар бошад ҳам, дардҳо чунон бисёранд, ки ҳазрат, боз ин як дарди тоза зам шавад, боке нест.

Ранги рӯйи Майвандӣ тағйир ёфт. Маълум буд, ки қаҳраш омад. Ба дили шоир гузашт, ки «Шояд аз қаҳтзадагон ёдовар шуданам лозим набуд?» Ба пеши назари ӯ вайронаҳои деҳка/159/даҳо, тӯдаҳои мардуми гуруснаву афгор, ятимони хорузор, дар роҳи сафараш дида буд, омаданд. Ҳисси таассуру маҳзунӣ дилашро фишурд. «Охир, худаш пурсид, ‒ боз ба худ гуфт ӯ, ‒ ман агар он чиро, ки худ дидам, нагӯям, чӣ гӯям? Бигузор қаҳраш ояд. Чаро ин зимомдорони мамлакат ин қадар беғам, ин қадар аз раҳму шафқат бегонаанд?»

Азони намози пешин шунида шуд, дар поёни азон Майвандӣ даст ба рӯй кашида бархост ва ба мулозимаш фармуд, ки саллаву ҷомаи ӯро биёрад. Фирдавсӣ таъзими эҳтиромӣ баҷо оварда аз девонхона бадар рафт.

Дидор бо Исфароинӣ

Дар меҳмонхонаи Шарафуддини Моҳак шоир ба вай мулоқот ва гуфтугӯйи бо вазир ба амал омадаро нақл карда буд, ки Моҳак ҷавоби шоирро ба якчанд пурсишҳои вазир як қадар дурушт донист ва хусусан аз Исфароинӣ ёдовар шудани ӯро написандид, афсус хӯрд…

‒ Магар нашунида будед, ки Исфароинӣ ба ғазаби султон дар натиҷаи рақобат ва сиояти* Майвандӣ гирифтор шуд? ‒ гуфт ӯ.

‒ Ба як гӯшам шунида будам, аз гӯши дигарам бадар рафтааст, ‒ хандид Фирдавсӣ. ‒ Вале агар бадар ҳам намерафт, чаро ман назди вазир рост нагӯям, охир аздусар вай дер ё зуд аз ин ки ман бо маслиҳат ва кумаки Исфароинӣ сафари Ғазнӣ пеш гирифта будам, огоҳ хоҳад шуд, ё балки қаблан огоҳ шудааст. Аслан, ман ба рақобати вазирон чӣ кор дорам, ё рақобати эшонро бо кумак расонидан ба шоире чӣ муносибат?

‒ Муносибат ин ки, мавлоно, ин вазири бадкина акнун шуморо дӯсти рақибаш хоҳад донист ва рафтораш бо шумо мутобиқи ҳамин хоҳад буд.

Дар ҷавоби ӯ Фирдавсӣ рубоиеро (? ‒ Т.А.), ки як вақт ба чӣ муносибате гуфта буд, ба ёд овард:

Ман пештар мубодии фатрат набудаам**,
Моил ба мол ҳаргизу томеъ ба ҷоҳ низ.
___________________
* Сиоят ‒ бадгӯйӣ дар ҳаққи касе.
** Яъне пештар ҳам заифу нотавон набудам.

Сӯйи дари вазир чаро мултафит шавам.
Чун фориғам зи боргаҳи подшоҳ низ. /160/

‒ Рубоии хуб, сарбаландона ва мардона гуфта шудааст, вале… ‒ гӯянда суханашро давом надода бурид.

— Мехоҳед бигӯед, ки туро аз рафтан ба дари вазиру боргоҳи подшоҳ, чора нест? ‒ фикри ӯро дарёфт Фирдавсӣ. Бо лаҳни андуҳомез гуфт: ‒ Ҳақ бо шумост, хоҷа, чора нест…

Зикри номи Исфароинӣ шоирро боз дар бораи ӯ ба андеша андохт. Ногуфта намонад, ки шоир ният дошт лоақал ба сипоси ҳолдонӣ ва ёрие, ки дар Тӯс аз Исфароинӣ дида буд, яке аз достонҳои «Шоҳнома»-ро ба вай тақдим намояд. Аммо баъд аз он ки донист, вай аз вазирӣ бекор шудааст, дар ин нияти худ мутараддид буд. Рӯзи кӯчиданаш ба сарои Шарафуддини Моҳак аз вай дар куҷо ва ба чӣ ҳол будани вазири собиқро ҷӯё шуда буд, Моҳак гуфта буд, ки Исфароинӣ берунтари шаҳр дар маҳаллаи Ҳаҷвир дар қалъачаи худаш ҳамчун хоназиндон истиқомат мекунад. Пасон байни ҳар ду чунин пурсу посух воқеъ шуда буд:

‒ Оё ӯро дидан мумкин бошад? ‒ донистанӣ шуд Фирдавсӣ.

‒ Мехоҳед бо вай мулоқот бикунед? ‒ пурсид Моҳак.

‒ Одамиро се зиёрат воҷиб аст: азизонро, мазороти муқаддасро ва дӯстонро, ‒ гуфт шоир.

‒ Ба шуниданам, гирди манзили Исфароинӣ пайваста ҷосусони вазир гаштугузор доранд, эшон дар бораи ҳар касе, ки назди ӯ меояд, ба вазир хабар мекашанд. Аз қарори маълум, мулоқоту ихтилоти ӯ бо саркорон ва амалдорони мамлакат манъ шудааст.

‒ Ман на саркорам ва на амалдор, ‒ гуфт Фирдавсӣ.

‒ Ҷӯёи мулоқот ҳастед, ҳамин бас аст, ‒ гуфт Моҳак.

Чун имрӯз боз аз Исфароинӣ ёдовар шуданд, шоир нияти худро ифшо кард:

‒ Ман мехостам достонеро аз «Шоҳнома» ба ӯ тақдим бикунам. Гумон намекунам, ки ин номумкин бошад.

Моҳак фикре карду гуфт:

‒ Ман ин корро мулоҳиза мекунам ва фардо ба шумо мегӯям.

Фардои он рӯз вай мулоҳизаашро маълум кард: як нафар чокари Исфароинӣ гоҳо барои хариди ину он ба бозори шаҳр меомадааст ва Аҳмад (хизматгори Моҳак) ӯро мешиносад, вай он шиносашро ба ин ҷо меоварад, шоир метавонад достонашро бо вай ба Исфароинӣ дода фиристонад.

Аҳмад чокари Исфароиниро овард. Фирдавсӣ мадеҳаи сипосгузориро, ки дар Тӯс дар бораи Исфароинӣ баъд аз муло/161/қоташ бо вай навишта буд, якҷоя бо як руқъа (мактубча) қабати достони Сиёвуш гузошта, дар рӯмол маҳкам печонда ба хӯрҷини чокар андохт. Мадеҳа ин буд.

Куҷо фаршро маснаду марқад* аст,
Нишастангаҳи Фазл бин Аҳмад аст.
Набуд хусравонро чун ӯ кадхудой,
Ба парҳезу родӣ** ба дину ба рой.
___________________
* Марқад ‒ ҷойи осоиш.
** Родӣ ‒ олиҳимматӣ.

Ба чокар гуфт, ки ин чиз ба хоҷа савғотист. Ба вай даҳ дирам дод ва баъди ба хоҷа расонидани «савғотӣ» боз даҳ дирам ваъда кард.

Пас аз якчанд рӯз чокар ба Фирдавсӣ аз хоҷааш руқъае овард. Исфароинӣ барои достон ба Фирдавсӣ ташаккур гуфта ва навишта буд, ки агар шоир боре ба дидани ӯ меомад, ӯро боз ҳам хушнудтар мекард. Маслиҳат дода буд, ки агар Фирдавсӣ тавонаду ба худ муносиб бинад, тағйири либос карда дар қиёфаи марди рустоӣ биёяд; боиси ба назди Исфароинӣ омаданашро пурсанд, гӯяд ки ӯро ба мардикорӣ дар боғи хоҷа талабидаанд.

Фирдавсӣ ва Моҳак ба ин маслиҳати хоҷа аввал хандиданд, вале андеша карда, онро маъқул донистанд. Ба худ қиёфаи ҳақиқии рустоӣ гирифтани шоири рустонишин душвор набуд. Ҷома ва кулоҳи мувофиқ, ки Аҳмади роҳбалад дар наздикии қалъачаи Исфароинӣ ба Фирдавсӣ дод ва ӯ пӯшид, инчунин досу арғамчин ӯро аз ҳар гуна шубҳаи ҷосусон эмин мегардонид. Пӯшоки худашро вай печонда ба халтаи Аҳмад андохт.

Вақте ки дарбон ба Исфароинӣ хабар дод, ки пирамарде омадаасту хоҷаро дидан мехоҳад, хоҷа ҳайрон нашуд ва ба айвон баромада, дар он пирамарди «рустоӣ» шоирро шинохт:

‒ Э валлоҳ! Гумон карда будам, ки шояд аз ҷомаи рустоӣ ор кунеду наёед. ‒ Бо ҳамватанаш гарм вохӯрдӣ кард Исфароинӣ.

‒ Чаро ор кунам, худ аслан рустоӣ ҳастам, ‒ хандид Фирдавсӣ.

Манзили Исфароинӣ ‒ қалъачаи баланд ҳамон гуна буд, ки деҳқонони давлатманд дар он гуна қалъачаҳо мезистанд. Баландии девори он ду қади одам меомад, дар андаруни он аксаран ду-се ва беш аз он ҳавлиҳо, меҳмонсаро ва боғ ме/162/буд; дар ҳавлиҳо ғайр аз оилаи соҳиб хешони наздики вай истиқомат мекарданд. Вазири собиқ баъди маъзул шуданаш ва мусодираи кохи шаҳриаш ба ин мақомгоҳи тобистонии худ кӯчида буд. Ӯ шоирро ба меҳмонсаро дароварда чоруқашро кашонд, хизматгор дарҳол обдаста оварда ӯро дасту рӯй ва пой шӯёнд ва пасон барояш кафшу кулоҳи тоза овард. Ба зудӣ дастархон густурда ва рӯйи он аз нуқлу навои лазизу ширину туршу намакин пур гардид. Исфароинӣ аз мулоқот бо ҳамватанаш, ва он низ ҳамватане чунин машҳур, шод буд.

Абулаббоси Фазл ибни Аҳмади Исфароинӣ аввалҳо дар хизмати амири сомонӣ Нуҳ ибни Мансур буд. Дар он рӯзгор, ки Маҳмуд ибни Сабуктегин волӣ ва сипаҳсолори Хуросон таъин шуда буд, падари вай амири Ғазнӣ Носириддини Сабуктегин аз Нуҳ хоҳиш карда буд, ки Исфароиниро ба Нишопур ба вазирии писари ӯ фиристад, Нуҳ хоҳиши ӯро пазируфт ва Исфароинӣ то он вақт, ки Маҳмуд дар Ғазнӣ ба ҷойи падари марҳумаш нишаст, бо вай буд ва баъд аз он ҳам вазорати султони Ғазнӣ дар уҳдаи ӯ монд. Ӯро марди соҳибқалам, доно ва ботадбир мегуфтанд. Аммо ҳамин фазилатҳои ӯ дар охир боиси бадбахтиаш шуданд. Ҳасудон ва рақибонаш, пеш аз ҳама Ҳасани Майвандӣ бо ҳар гуна росту дурӯғ вайро назди султон бад кардан гирифтанд, то он ки вай аз пой дарафтид. Дар охир душманони ӯро кори ғалладиҳӣ ба аҳолии гуруснаи Хуросон баҳонаи дилхоҳ шуд. Султон Маҳмуд фармони кушодани анборҳои ғаллаи давлатиро бо талқину исрори Исфароинӣ дода буд. Бародари ризоии* султон ва соҳибмансаби бонуфузи салтанат Майвандӣ вазирро ба тороҷи захираҳои ғаллаи давлатӣ муттаҳам сохт. Аз тарафи дигар, чун Исфароинӣ фармон дода буд, ки деҳқонони доро ҳам аз захираҳои худашон ба гуруснагон ғалла бидиҳанд, дороёни Хуросон аз болои ӯ ба дарбори Ғазнӣ аризаҳои шикоятӣ фиристодан гирифтанд. Кори Исфароинӣ ошуфта гашт. Шоҳ фармони ӯро бекор кард, анборҳоро бандонд ва вазирро аз вазорат ронд. Душманони вазири маъзул боз ба дарбор хабар кашиданд, ки вай ба молу ҳоли раиятҳо дастдарозӣ ва ба хазинаи султон хиёнат карда сарвати фаровоне ҷамъ овардааст. Ин хабарҳо чандон беасос ҳам набуданд: ҳар сол ҳиссае аз хироҷи ба пул рӯёндашуда ба хазинаи шахсии вазир медаромаданд. Ин навъ дуздиро ҳамаи вазирон ва мансабдорони дигар мекарданд. Ис/163/фароинӣ ҳам дар ин бобат аз онҳо беҳтар набуд. Дар ситонидани хироҷҳои давлатӣ вай сахтгир буд, аз гаронии хироҷ ҳазорон мардуми камбағали шаҳру деҳот хонавайрон мешуданд. Исфароинӣ хеле тавонгар ва аз ҷумлаи калонтарин мулкдорони мамлакат гардида буд. Вай дар Ғазнӣ барои худ қасре сохт ва барои иморати он пул ва моли фаровоне сарф кард. Чун дар Хуросон қаҳтӣ рӯй дод, вазир гӯё ба товони хироҷҳои гарони ситонидааш бошад, ки ба қаҳтзадагон аз захираҳои давлатӣ ғалла доданӣ шуд. Ин кори вазир мебоист ӯро дар чашми халқ ҳамчун вазири фуқаропарвар менамоёнд. Баъд аз маъзул шудан молу мулки ӯ бо амри султон мусодира ва худаш то ба охир расидани тафтишу кофтукови молҳое, ки назар ба гуфтаи хабаркашҳо вай аз омилони султон пинҳон доштааст, назарбанд карда шуд.
___________________
* Бародари ҳамшир (Маҳмудро модари Майвандӣ маконда буд).

‒ Дидед, Димнаҳо корро то ба куҷо кашиданд, ‒ сухан оғоз кард мизбони ниммаҳбус. ‒ Рақибон мисли кирми даруни пилла мудом машғули коранд. Ёд доред, ман дар Тӯс ба шумо чӣ гуфта будам? Гуфта будам, вой бар ҳоли дарборе, ки дар вай Димнаҳо омилу «шерҳо» ғофил бошанд. (Ҳол он ки дар Тӯс таври дигар гуфта буд: «Ғайбатпеша азизу шоҳ ғайбатшунав бошад»). Ба банда чӣ туҳматҳое, ки накарданд.

‒ Афсус, ҳазор афсус, ‒ изҳори ҳамдардӣ кард шоир.

‒ Ман ба чӣ гуноҳ мағзуб* ва маъзул шудам, шумо бояд шунида бошед.

‒ Шунидам, ки дар ваҷҳи ғалла додан ба қаҳтзадагон…

‒ Оре, ман ғаллаеро, ки барои лашкари султон захира шуда буд, ба тороҷ додаам; қаҳтзадагон, фақирон, дуздону авбошонро ба ғорати моли бузургон ва муътабарони кишвар барангехтаам. Яъне коре кардаам, ки Маздак** дар подшоҳии Қубод карда буд. Хоҷа Майвандӣ ба султон ҳамин тавр гуфтааст, яъне Исфароинӣ хуррамдинии*** сиррист ва кори Маздак мекунад. Шумо дар «Шоҳнома» қиссаи Маздакро ҳам нигоштаед ё на? /164/

‒ Оре, нигоштаам, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ аммо нисбат ба оне, ки дар «Худойномак» омадааст, дигаргунтар.
___________________
* Мағзуб ‒ ба ғазаб гирифторшуда.
** Маздак (асри VI мелодӣ) ‒ вазири шоҳ Қубод, «пайғамбари» коммунизми хаёлӣ, даъво мекард, ки одамон ба дороӣ, ба мулку мол баробаранд. Дар соли қаҳтӣ мардуми гуруснаро ба мусодираи ғаллаҳои давлатӣ ва шахсӣ даъват кард. Баъд аз қатли ӯ ҷунбиши табақаҳои поёнии халқ таҳти ном ва шиори ӯ давом кард.
*** Хуррамдинон ‒ пайравони Маздак. Хуррам зани Маздак буда, баъд аз қатли шавҳараш ҷунбиши халқии маздакияро сардорӣ карда, таблиғоти ӯро давом дод.

‒ Дигаргунтар? Чӣ тавр?

‒ Ровиён Маздакро бадсиришт ва табаҳкор гуфтаанд, ман ӯро вазири доно ва додгар гуфтам.

Дар воқеъ… ба доноиву додгарии ӯ шак нест, аммо дини овардааш… ‒ Хоҷа сари инкор ҷунбонид, ки яъне дини маздакӣ бад аст. ‒ Хуб, ин қисса дароз аст, ‒ гуфт ӯ сипас. ‒ Ба ҳадяи гаронбаҳоятон ташаккур. Хондам, ба қисмати Сиёвуши накукор гиристам. Мехост, ки ҷангро ба салоҳу оштӣ анҷомонад, мутобиқи панди бузургон кор бандад, ки гуфтаанд:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Ин фиқра аз кӣ буд, ба ёдам нест…

‒ Аз Абушакури Балхист, ‒ гуфт Фирдавсӣ.

‒ Равонаш шод бод, чӣ хуб нуктае гуфтааст. Бале. Сиёвуши накукор кӯшиш дошт ҷангро ба оштӣ анҷомонад, вале падари кӯтоҳандешӣ ӯ шоҳ Ковус нагузошт. Дар Мовароуннаҳр халқи ҷангбезор ва ташнаи сулҳу амонӣ то кунун Сиёвушро ба некӣ ёд мекунанд. Дар Бухоро дида будам, мардумон ҳар сол дар наврӯз пеш аз тулуи офтоб ба ёди Сиёвуш хурӯс мекушанд, навҳа мекунанд, ба кушандагонаш лаънат мефиристанд, ромишгарон суруди сӯгворӣ* месароянд. Аслан, шаҳри Сиёвушгирд, ки ӯ бунёд ниҳода буд, Бухоро будааст?
___________________
* Сӯг ‒ азо, мотам.

‒ Оре, ба гумони банда низ Сиёвушгирд ҳамин Бухорост, ‒ тахмин кард Фирдавсӣ.

‒ Гӯри Сиёвуш дар даруни арки шаҳр аст. Шумо фоҷиаи ӯро хеле хуб, хеле муассир назм кардаед… Хуб, «Шоҳнома»-ро ба султон бурдед, тақдим кардед?

‒ Султон аз ҷанги Ғӯр ҳанӯз барнагаштааст.

‒ Ҳо, ман фаромӯш кардаам, ки ӯ дар пойтахт нест. Рафтааст ки дар Ғӯр хунрезӣ кунад. Соле, ки вай ақаллан як бор ҷангу ғорати куштору хунрезӣ накард, барояш ҳаром

Аз дарбориён касеро дидед? «Шоҳнома»-ро нишон додед?

‒ Бале. бо хоҷаи бузург мулоқот ба амал омад, хоҳиши мутолиаи «Шоҳнома» карданд, фиристодам.

‒ Маликушшуаро чӣ? Эшонро ҳам дидед?

‒ Дидам, ба эшон низ як ҷилди китобро додам. Ду ҳафта гузашт, на маро талабиданд ва на хабаре фиристоданд. /165/

‒ Шуаро ҳасуди якдигаранд. Аз Димнаҳо ғафлат накунед, бохабар бошед. ҳар як марди беҳунарро сад ҳасуди беҳунар дар қафост… Ман мекӯшидам, ки бо маслиҳатҳои хеш султонро аз баъзе иқдомоти ношоиста ва хатарнок боздорам акнун намедонам вазири нав Хоҷа Майвандӣ бо вай чӣ машваратҳо мекарда ва чӣ маслиҳатҳо медода бошад. Вале ӯ ҳам, агар ба боздоштани шоҳ аз ин гуна иқдомот саъй кунад ҳамчу ман ба худаш чоҳ меканад, ва баръакс, агар ношоистаро тақвият ва ҳаводорӣ кунад, назди шоҳ эътибор ва маҳрамияти хос меёбад. Зинда бошем, мебинем. Майвандӣ шоҳро аз додани ғалла ба гуруснагони Хуросон боздошт, вале дар ҳақиқати амр ин рафтори ӯ мунофиқӣ буд, хиёнат буд, хиёнат ба кишвар, ба давлат, ба фуқарои бахтбаргашта. Аслан мунофиқӣ, хиёнат, риё, носипосӣ аз ибтидо ҳампою қадами оли Сабуктегин будааст. Сабуктегин ба Сомониён, ки валинеъматаш буданд, хоинона пушт гардонда ба аморат расид, сониян ба унвони ёрӣ ба Нуҳ ва истиқрору осоиши кишвар бо туркони қарахонӣ созиш карда, сеяки мулки Сомониёнро ба тасарруфи хонон даровард ва он гоҳ аз ошуфтагии кори Сомониён истифода бурда, худаш Хуросонро тасарруф кард. Ворисаш Маҳмуд бо ин ки Сомониён ҳомиаш ва муттафиқаш буданд, ба Мунтасири Сомонӣ дар ҷанги ӯ бо истилогарони қарохонӣ на фақат кумак накард, балки бо душманони вай ҳамдаст шуда, ӯро саркӯбӣ кард… Ман дар он ҳангом ки Маҳмуд волии Хуросон буд, розӣ набудам ба хизмати ӯ биравам, вале аз фармони Нуҳи Сомонӣ сар тофта натавонистам.

Исфароинӣ зотан камгӯйи бисёршунав буд, дар суҳбати Фирдавсӣ баръакс пургӯй гардид. Шояд баъди маъзул ва назарбанд шуданаш аз ёрони худ дур афтода, дар танҳоӣ дилтанг мешуд ва муҳтоҷи ҳамдаме гардида буд, то ки дар суҳбати вай дили ҳасратзадаашро холӣ кунад.

Давомаш

Аввалаш

Ба мундариҷаи «С. Улуғзода. Фирдавсӣ»


Бо дӯстонатон баҳам бинед: