Доғи фарзанд
Дӯстони Фирдавсӣ ба вай маслиҳат медоданд, ки «Шоҳнома»-ро ба султони нави Ғазнӣ Маҳмуд ибни Сабуктегин тақдим кунад. Ин султон ба замми шуҳрати баҳодуриву ҷанговариаш ба шоирпарварӣ ҳам ном бароварда буд. Ба дарбори ӯ дар Ғазнӣ шоирони машҳури қасидагӯй гирд омада буданд. Ба маддоҳони худ атоҳои фаровон додани султон вирди забонҳо буд. Вале деҳқони асилзодаи эронӣ шоҳи турки ғуломзодаро сазовори «Шоҳнома»-и худ намедонист. Аз тарафи дигар вай аз суннии мутаассиб будани султон меандешид. Маълум буд, ки Маҳмуд шиаро бад мебинад, қарматиёну исмоилиёнро зоидаи шиа медонад ва дар куҷое, ки ёбад, мекушад. Ба чунин султон рӯ овардани шоири шиамазҳаб чӣ натиҷае хоҳад дод? Натиҷа ба эҳтимоли қавӣ надомату пушаймонии шоир хоҳад буд.
Ба тани шоири пир бемориҳо ориз мешуданд, вай ҳис мекард, ки поёни умраш наздик аст, дар ин ҳолат ба қавли худаш «даст ёзидан ба ганҷ»-ро бесуд, нодаркор мешумурд ва ба «фикри охират»-аш афтода буд. Дар бораи саровонии хонавода баъд аз сари вай умедаш аз писараш Ҳушанг ва домодаш Рустамзод буд. Шукр ки Ҳушанг соли сию шашуми умрашро ба саломативу нерумандӣ пешвоз мегирад. Писар дар пиронсолии модараш такягоҳи ӯ хоҳад шуд. Рустамзод, шавҳари Манижа, ҷавони ҳушманд ба оиладӯст мебошад, иншооллоҳ духтару набераҳои ӯ, Фирдавсӣ, бо чунин шавҳару падар хор нахоҳанд шуд… Ӯ ба зану фарзандону набераҳояш китоби бузурги худро ба мерос хоҳад гузошт. Ин буд фикру хаёли шоир, вале тақдир ба вай чизи дигаре пеш овард. Ҳушанг дар асари камдаромадии мулк ва муҳтоҷии пул гоҳо ба танг омада бо падару модараш дуруштӣ мекард. Мавридҳое мешуд, ки вай аз ранҷонидани падар худдорӣ намекард, ба ӯ таъна мезад, ки чаро умри худро ба қиссанависӣ зоеъ кардӣ, дар мадҳи ҳокимон қасидаҳо навишта силаю ато нагирифтӣ. Писари тундхӯ бо чунин таънаҳояш ба дили падари пир захмҳои дарднок мезад. Кор то чӣ ҷое расид, ки ӯ як пагоҳ сари як моҷаро қаҳр карда аз хона бадар рафт. Рӯзе чанд ғайб зад; дар хона надонистанд, ӯ куҷо рафт. Тирамоҳ буд, рӯзҳо сербориш ва сард шуда буданд, оқибат як бегоҳ Ҳушанг маст ва хастаҳол, саропо тар, ба хона баргашт. Шабҳангом таб баровард, табиб оварданд, давоҳои табиб ба бемор коргар нашуданд, табаш авҷ кардан гирифт ва фақат пагоҳии рӯзи чаҳорум фуромад, аммо бемор беҳол шуда буд. Бо ҳамон беҳолӣ шабона ҷон канда, падару модари бахтбаргаштаашро ба азои худ нишонд. Мусибати ногаҳонӣ Фирдавсиро ба бистари беморӣ афканд. Ӯ мегиристу менолид. Дӯстонаш аз шаҳр табиби ҳозиқеро оварданд, табиб фармуд, ки дору-даво даркор нест, ҳамин бас аст, ки дӯстони шоир дар наздаш бошанду бо вай аз ҳар дар суҳбат кунанд, латифаҳо бигӯянд, то бемор аз ёди марги писараш ҳатталимкон фориғ шавад. Рӯзи чаҳоруми азодорӣ як пагоҳ Фотимабону, Манижа ва Рустамзод дар хона гирди болини бемор нишаста буданд, шоир баногоҳ аз домодаш хоҳиш кард, ки давот, қалам ва коғаз биёрад. Ҳозирон аз ин хоҳиши ӯ ҳайрон нашуданд, зеро ӯ бо вуҷуди бистарӣ будан гоҳ-гоҳ дар фикраш шеъре манзум мекарду онро ба ҳамсараш ё духтараш имло менамуд. Давоту қалам ва коғаз ҳозир карда шуд. Бемор боз хоҳиш кард, ки занон ӯро бо Рустамзод танҳо гузоранд. Зоҳиран, ӯ чизе фикр карда, вале онро дар ҳузури зану духтараш ба забон овардам намехост. Занҳо оҳиста берун рафтанд, домод бо фармоиши шоир омодаи навиштан гардид. Рустамзод ҷавони хушсавод ва мирзои меҳтари деҳа буд. Шоир бо овози хаста имло мекард. Ҳамин тавр он пагоҳ марсияи пурдарду алами Фирдавсӣ ба марги писараш ба вуҷуд омад. Аз хонанда ба дарозии суханамон бахшиш хоста, дар ин ҷо аз он гиряи падари мотамзада байте чанд меоварем: /97/
«Маро буд навбат, бирафт он ҷавон,
Зи дардаш манам чун тани беравон.
Зи бадҳо ту будӣ маро дастгир,
Чаро роҳ ҷустӣ зи ҳамроҳи пир?
Магар ҳамраҳони ҷавон ёфтӣ.
Ки аз пеши ман тез биштофтӣ?
Ҳамебуд ҳамвора бо ман дурушт,
Барошуфту якбора бинмуд пушт.
Бирафту ғаму ранҷаш эдар* бимонд,
Дилу дидаи ман ба хун барнишонд…
___________________
* Эдар ‒ дар ин ҷо.
Дар тани пир неруи ҳаёт аз амал бознамонда буд, он неру бемориро мағлуб кард, шоир сиҳат ёфт.
Тасҳеҳу такмили «Шоҳнома» давом кард.
Мулоқот бо вазир
Якчанд сол гузашт, умри шоир ба ҳафтод расид.
Боре вазири султони Ғазнӣ Абулаббос Фазл ибни Аҳмади Исфароинӣ бо муҳимме ба Хуросон омад. Ӯ ба Тӯс ҳам гузашт ‒ мехост бибии куҳансолашро, ки дар Тӯс зиндагӣ мекард, бинад. Ба вай волӣ ва сипоҳсолори Хуросон додари султон ‒ Наср ибни Сабуктегин, ки бо мақсади шикор ба навоҳии Тӯс рафтанӣ буд, ҳамроҳӣ намуд. Дуяшон сари роҳ дар Машҳад равза (мазор)-и имоми ҳаштуми шиаҳо Алӣ ибни Мусо-ал-Ризоро зиёрат карданд. Вазир аз Наср тааҷҷуб кард, ки дар муддати сипаҳсолории бисёрсолаи худ то он рӯз як бор ҳам ба зиёрати он муқаддасаи мусулмонон нарафта ва ҳатто кӣ будани Мусо-ал-Ризоро дуруст намедонистаст. Шояд сабаби чунин «беилтифотӣ»-и ӯ нисбат ба равза он буд, ки меандешид мабодо бародараш султон Маҳмуд, ки душмани шиа буд, зиёрати ӯ турбати имоми шиаҳоро написандад… Исфароинӣ волиро нахустин бор аз таърихи Машҳад низ огоҳ кард: то санаи 203 ҳиҷрӣ (818 мелодӣ) дар ҷойи Машҳад деҳае буд бо номи Санобод; чун дар он таърих имом Ризо дар он деҳа шаҳид шуда буд, номи деҳа ба Машҳад (ҷойи шаҳид) табдил ёфт.
Дар Тӯс, дар зиёфате ки Арслон Ҷозиби ҳоким ба шарафи меҳмонони олимақоми худ тартиб дод, минҷумла аз «Шоҳно/98/ма» ва муаллифи он сухан рафт. Исфароинӣ дӯстдоронандаи забони дарии модариаш буд ва арабиро хуш намекард, ҳатто дар давраи вазораташ коргузории девонҳои ҳукуматиро аз арабӣ ба форсии дарӣ гардонда буд.
Ӯ хост, ки бо шоири шаҳири Хуросон дидор бикунад. Фирдавсиро дар дорулҳукума ҳозир карданд. Вазир аз тақдири «Шоҳнома» пурсон шуд. Чун донист, ки шоҳ-асари назми дарӣ дар токчаи коргоҳи шоир дар интизори «харидор» хобидааст, ба Фирдавсӣ рафтани ба Ғазнӣ ва тақдими «Шоҳнома» ба султон Маҳмудро тавсия кард. Минҷумла аз амир Наср бори дигар тааҷҷуб кард, ки то он рӯз боре ҳам бо бузургтарин устоди сухани дарӣ, ки дар қаламравии амир зиндагӣ мекунад, дидор накарда ва аз «Шоҳнома»-ю тақдири он бехабар будааст. (Вазир агар медонист, ки шоҳзодаи ҷавон бештар аз ҳама кас майли дидор кардан бо қозии Нишопур дорад, ки канизакони зеборо харида ва парварида ба вай мебараду атоҳо мегирад, ‒ вазир агар инро медонист, шояд аз дидор накардани ӯ бо Фирдавсӣ тааҷҷуб наменамуд.) Наср шояд «гуноҳ»-и худро сабук кардан хоста бошад, ки тавсияи вазирро гарму ҷӯшон тарафдорӣ намуд:
‒ Бале, биравед ба Ғазнӣ, ‒ гуфт ӯ ба шоир. ‒ Аълоҳазрати султон шоирпарваранд, шак нест ки шуморо бо илтифоти мулукона сарафроз хоҳанд кард.
Шоир аз пазироии шоиста ёфтанаш дар ҳузури султон ҳанӯз дар шубҳа буд.
‒ Банда алъон ба сафари Ғазнӣ ҳозир нестам, ‒ гуфт ӯ.
‒ Чаро? ‒ пурсид Исфароинӣ.
Шоир боиси ҳозир набуданашро гуфтан нахост. Сукут кард.
‒ Аз харҷи роҳ андеша доред? ‒ боз пурсид Исфароинӣ ва ҷавоби шоирро нашунида гуфт: ‒ Мо харҷи сафаратонро хоҳем дод.
Сипас фармуд, ки Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ашро оварда ягон достони онро барои ӯ бихонад.
Исфароинӣ дар кӯшки бибиаш манзил карда буд. Аслан вай аз шаҳри Исфароин, воқеъ дар навоҳии Тӯс буд, падараш аз деҳқонони соҳибмақом ва бонуфузи Исфароин буд, падару модараш дар хурдсолии ӯ фавтида, ӯро бибиаш тарбия ва калон карда буд. Шахси китобдӯст ва сермутолиае буд, достонҳо ва дигар китобҳои «ҳикматнок», аз он ҷумла «Калила ва Димна»-и ба назм гардонидаи Рӯдакиро гаштаю баргашта мехонд.
Фирдавсӣ бо Абу Дулаф бегоҳии рӯзи дигар дар кӯшки /100/ бибии вазир ба ҳуҷраи ӯ ҳозир шуданд. Бо хоҳиши ӯ Абу Дулаф ба хондани достони Баҳроми Чӯбина шуруъ кард. Он шаб хониш тамом нашуд, боз ду шаби дигарро вақфи хондану шунидани достон ва мусоҳиба дар бораи он карданд. Исфароинӣ шеъри шоир ва хониши ровиро бениҳоят хуш карда достонро бағоят ҷозиби таассурангез ва шоирро достонсарои дар Аҷам якто хонд.
Ҷое, ки Баҳроми фотеҳ шоҳи туркон Совашоҳро дар ҷанг мағлуб ва мақтул гардонида, писараш ва ҷонишинаш Пармударо дар қалъае муҳосира ва ба ӯ хитоб мекунад,
Ки «эй номвар шоҳи Тӯрону Чин!
Зи гетӣ чаро кардӣ ин дар гузин?
Куҷо он ҷаҳон ҷустани Совашоҳ?
Куҷо он ҳама ганҷу он дастгоҳ?
Ҳама шаҳри туркон туро бас набуд?
Чу боби ту андар ҷаҳон кас набуд.
Нишастӣ кунун дар диже чун занон,
Пур аз хун дилу даст бар сар занон.
Исфароинӣ тааммул кард ва аз Фирдавсӣ пурсид:
‒ Ин дар асл ҳамин тавр будааст ва Баҳром дар ҳақиқат чунин суханҳо мегӯяд, ё ки ин аз тахайюли шумост?
‒ Тахайюл ҳам, албатта, ҳаст. Дар он мавқеъ чиҳо гуфтани Чӯбинаро касе нашунидааст, вале ӯ ҳақ дошт ва метавонист ба шоҳи ҷаҳонҷӯйи мағлуб ҳамин гуна таънаҳо бикунад, шоҳе ки ба кишвари бекаронаи худ қонеъ нашуда ба қасди гирифтани Эронзамин ё тороҷу яғмои он омада, подшоҳиаш ва худашро дар хоку хун нишонд, ‒ гуфт Фирдавсӣ ва лабханд карда афзуд: ‒ Ҳам агар ин таънаро Баҳром накарда бошад, мо мекунем.
‒ Мақсади ман фикри Баҳром аст дар бораи ҷанг ва оқибати он. Ӯ ба Пармуда мегӯяд: ҳама мулки Тӯрон туро бас набуд ва ту боз дар тамаи мулки ҳамсоягон шудиву ба сарат ин ҳама фалокату мусибат овардӣ. Аз ин гуфтаи Баҳром бармеояд, ки ӯ ҷангҳои ҷаҳонгирию кишваркушоиро беваҷҳ медонад ва мазмум* мекунад?
___________________
* Мазмум кардан ‒ нораво ва ношоиста донистан.
‒ Оре, ҳазрат, банда Баҳромро ҳамин гуна мебинам. Марде на танҳо диловар ва дар ҷанг пурҳунар, балки соҳибандеша ва бохирад ҳам.
Гумон мекунам ки аслан ин фазилат ба паҳлавононе ҳам/101/чу Баҳроми Чӯбина мероси ҷаҳонпаҳлавон Рустами Зол будааст. Рустами ҷавонмард, поктинат ва некандеш байни ҷанги дод ва ҷанги бедод фарқ мениҳад: ҳар кӣ ҷанги дод мекунад, пирӯз мешавад, ва агар ҷанги бедод кард ‒ шикаст меёбад. Бедодгар набояд пирӯз шавад ва агар шавад ҳам он пирӯзӣ барояш бадфарҷом хоҳад буд. Чунин будааст эътиқоди Рустам ва албатта, ҳақ бо ӯст. Чанги дод ҷанг барои ҳифзи кишвари худ, ҳуқуқи худ ва шарафу номуси худ аст аз таҷовузи бегонагон; ҷанги бедод ҷангест ба тамаи кишвари дигарон ё барои ғорати дороии онон. Ҷангҳои бедод кори шоҳони бехирад аст. Хирад бародари дод аст, ҷое ки хирад нест, дод нест. Рустам ҳатто дар ҷанги бедод мағлуб шуданашро аз ғолиб шудан беҳ медонад, чунончи вай он гоҳ ки дар ҷанги Афросиёб бо Пӯлодванд набард мекард, ба парвардигор ниёиш* менамуд ки: худовандо, агар ин ҷанги ман ҷанги дод набошад, бигузор ба дасти душманам кушта шавам, — ман ниёиши ӯро чунин назм кардаам:
Ки эй бартар аз гардиши рӯзгор,
Ҷаҳондору бинову парвардигор.
Гар ин гардиши ҷанги ман дод нест,
Равонам бад-он гетӣ обод нест.
Раво дорам ар дасти Пӯлодванд,
Равони маро баркушояд зи банд.
В-ар Афросиёб аст бедодгар,
Ту мастон зи ман дасту зӯру ҳунар.**
Ҷойи дигар, дар мавриде ки шоҳи Эрон Ҳурмуз ба Баҳром ғазаб ва ӯро масхара карда барояш дукдон, пунба ва пӯшоки занона мефиристад ва мегӯяд, ки ин пӯшок сазовори ту омад ва ман «зи тахте ки ҳастӣ, фуруд орамат ‒ аз ин пас ба кас низ нашморамат», зеро Баҳром аз ғанимати ҷанг як ҷуфт мӯзаи гавҳарин ва як гӯшвораи заррин барои худ гирифта буд ва ҳам ба асири худ Пармуда писари Совашоҳ дуруштӣ карда буд, ‒ чун Абу Дулаф ин ҷойи достонро хонд, Исфароинӣ бо ишораи даст ӯро аз хондан боздошта ба андеша рафт ва гуфт:
‒ Аҷаб шоҳи бехираде будааст Ҳурмуз! Бо сипоҳдори фотеҳ чунин рафтор? Силоҳдоре, ки ба душмани саъб*** зафар /102/ ёфт ва подшоҳии Ҳурмузро аз хатари вожгунӣ наҷот дод?..
___________________
* Ниёиш ‒ зорӣ, илтиҷо.
** Агар дар ин ҷанг дод (адолат, ҳаққоният) набошад, ҷони ман ба он дунё нарасад ва ҷон аз тани ман баровардани Пӯлодванд раво бошад. Ва агар бедодгар Афросиёб бошад, ту, эй худо, дасту зӯру ҳунари маро аз ман магир.
*** Саъб ‒ пурхатар, даҳшатнок.
Мӯза ва гӯшвора, албатта, баҳона будааст, Ҳурмуз аслан метарсидааст, ки мабодо Баҳром худ қасди шоҳ шудан бикунад.
‒ Ҳамин тавр, ҳазрат, ‒ тасдиқ кард Фирдавсӣ.
‒ Вале ин тарси шоҳ ваҷҳеву далеле надошт! Ё дошт?
‒ Ҳурмуз тасарруф кардани Баҳром мӯза ва гӯшвораи шоҳонаро далел гирифт ва бадгумон шуд. Эзадгушаспи дабир наммомӣ карда, шоҳро аз сипоҳдораш бадгумон сохт.
‒ Дуруштии Баҳром бо Пармудаи асир ҳам далел шуд?
‒ Дар чашми бадгумон ҳар ночиз ҳам чиз аст.
‒ Аҷаб! Душманро асир гирифтан дар ҷанг бо навозишу меҳрубонӣ мешавад магар? ‒ хандид вазир. Суханашро идома дод: ‒ Шумо гуфтед наммом. Оре, наммомҳо ғафлат намекунанд. Димнаҳо* бедоранд. Димнаҳо дар дарборҳо қадру манзалат меёбанд ва он гоҳ то Шатрабаҳоро** ба қатлгоҳ накашонанд, намеосоянд. Онҳо душмани зотии боҳунаронанд, ҳар як кори беҳунаронро ба чашми шоҳ дар либоси гуноҳ менамоёнанд, садоқаташонро дар кисвати*** хиёнат ҷилва медиҳанд. Ҳунареро, ки василаи хушбахтӣ ва саодат бошад, назди шоҳ дар сурати нагбат ва хабосат зоҳир месозанд. Шоҳи бохирад наммомҳоро ба қурби худ роҳ намедиҳад, даргоҳашро ба рӯйи онҳо баста медорад, вале то кунун мо шоҳеро нашунидаем ва надидаем, ки наммомҳоро ронда бошад. Баръакс, онҳоро ағлаб мақому мартаба медиҳанд, ғайбаташонро шунида кор мебанданд. Вой бар ҳоли дарборе, ки дар вай ғайбатпеша азиз ва шоҳ ғайбатшунав бошад.
___________________
* Димна ‒ номи шағоли маккор дар «Калила ва Димна».
** Шатраба ‒ номи барзаговест дар «Калила ва Димна», ки бо макру иғвои Димна кушта мешавад.
*** Кисват ‒ сарутан, пӯшок.
Фирдавсӣ ва Абу Дулаф ҳис карданд, ки ин гуфтори Исфароинӣ аз он чӣ аз сари худаш гузаштааст ё мегузарад, сарчашма мегирад.
Мусоҳиба дар поёни достонхонии шаби охирин мегузашт. Фирдавсӣ суханро ба болои сафари Ғазнӣ ва тақдими «Шоҳнома» ба султон овард.
‒ Ҳазрат ба Ғазнӣ рафтани бандаро, барои тақдими «Шоҳнома» ба султон, лозим донистанд; вақте ки банда гуфтам алъон ба сафари Ғазнӣ ҳозир нестам, пурсиданд: магар аз харҷи роҳ андеша дорӣ? Ва фармуданд, ки харҷи роҳ дода хоҳад шуд. Ин аз карами ҳазрат ва аз банданавозешон аст, ки сипоси беҳадро бар ман воҷиб мегардонад. Вале андешаи ман /103/ аз чизи дигарест. Мегӯянд, ки аълоҳазрати султон шиаро бад мебинанд. Банда, ки шиаи муътақиде ҳастам, оё дар боргоҳи ҳумоюнӣ шарафи қабул меёфта бошам ва китоби шоири шиамазҳаб писанди хотири муборак мешуда бошад?
Вазир як дам сукут карду гуфт:
‒ Мешавад. Ман худ дар ин кор миёнҷӣ мешавам. Ба «Шоҳнома» як қасидаи хуб зам кунед дар мадҳи султон. Агар дар андаруни китоб якчанд мадеҳа бошад, боз беҳтар аст. Султон мадҳу ситоишро дӯст медорад. Аксаран ғайр аз қасидаҳое, ки шуаро дар бораи худаш гуфтаанд, чизи дигар намехонад, магар Қуръон ва китоби «Ҳазор афсона». Ин «Ҳазор афсона»-ро бар ҳамаи китобҳои дигар тарҷеҳ* медиҳад ва ба ҳар чӣ дар он навиштаанд, бовар мекунад.
___________________
* Тарҷеҳ додан ‒ афзал донистан.
Аз ин суханони Исфароинӣ лаҳни истеҳзо эҳсос мешуд. Ин ва ҳам номи султон Маҳмудро бидуни лақабҳои султонии ӯ ба забон гирифтани вазир шоҳиди он буд, ки вай фармонфармои худро чандон ҳурмат намекунад…
Ҷаҳонофарин то ҷаҳон офарид,
Чун ӯ шаҳриёре наёмад падид.
Бо ҳамин байт шуруъ кард Фирдавсӣ нахустин мадеҳаи худро дар бораи султон Маҳмуд.
Чӣ илоҷ, ба шоҳ мадҳу сано бояд хонд. Тамоми сифатҳои бузургон, хирадмандон, доноён, одилон, зӯрону паҳлавонони оламро ба вай, танҳо ба вай бояд нисбат дод. Қоидаи мадҳу маддоҳӣ ҳамин аст. Султонеро, ки шоир ҳеҷ гоҳ надидааст, бояд ба моҳи рахшону хуршеди тобон монанд кард. «Дар андаруни китоб якчанд мадеҳа бошад беҳтар аст» гуфт вазир. Хуб, вай, Фирдавсӣ, дар китоб ҷо-ҷо мадҳи султонро хоҳад гуфт, ба достонҳои ҷудогона номи ӯ, ситоиши ӯро хоҳад афзуд.
Ва ин тариқ ситоишҳо бо охирин тасҳеҳу такмили «Шоҳнома» ҳамроҳ рафтанд. Дар онҳо султони Ғазнӣ шоҳаншоҳи Эрону Бобулистону Қаннуҷу Кобулистону Руму Ҳинду Тӯрону Кашмир хитоб ёфт. Чеҳрааш ба хуршед монанд ё ки худаш ба моҳ ва сипоҳаш ба ситорагон ташбеҳ карда шуданд. Ӯ дар майдони ҷанг чун шер ё аждаҳост, зебандаи тахту тоҷ аст, ҳеч подшоҳе аз фармони ӯ сар тофтан наметавонад, динпаноҳ аст, додгар аст, дар саховат кафаш аз абри боранда бартар аст, моҳ ва Кайвон ба вай саҷда мекунанд. Ва ғайра ва ғайра…
Шоир баъд аз мулоқоташ бо вазири султон боз беш аз як /104/ сол дар болои «Шоҳнома» кор кард. Ниҳоят нусхаи охирини китоби бузург тайёр шуд.
Шоир ба тараддуди сафари Ғазнӣ афтод.
Завҷааш ва духтараш ғамгин шуданд: оё пири ҳафтодуяксола бори ин мусофиратро бардошта метавониста бошад? Онҳо бо тарсу бим фикр мекарданд, ки мабодо ӯ дар роҳ дучори хатаре шавад ва ё бемор шуда аз пой афтад ё ки ҳатто ‒ худо нишон надиҳад ‒ дар ғурбат бимирад.
‒ Ҳушангҷон, маро чӣ ҳаддест, ки ба азми ту мухолафат кунам, ‒ гириста мегуфт Фотима дар хонаашон ба шавҳараш, ‒ вале ту оё хуб андеша кардӣ? Оё рафтани ту ба Ғазнӣ чандон зарур аст ки наметавонӣ аз он даргузарӣ? Охир, кадом марди оқил дар пиронсолӣ чунин сафари дур ихтиёр кардааст?
‒ Чӣ илоҷ, азизам, рафтани маро ба Ғазнӣ, барои тақдими «Шоҳнома» ба султон, ҳам вазир ва ҳам сипаҳсолор лозим донистанд, тавсия карданд, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ ман рад кардани тавсияи эшонро ба худ раво надидам, хусусан сухани Исфароиниро, ки аслан амр аст ва ӯ худ марди бохирад ва доноест ва ба илова некхоҳи ман ҳам ҳаст, гардонда наметавонистам. Бошад ки ин сафарам бароям судманд афтад.
‒ Ту ки Маҳмудро бад медидӣ, бехирад ва бедодгараш мехондӣ, чаро розӣ шудӣ ки биравию пешаш пиронасаратро хам бикунӣ?
‒ Оҳ, Фотимаҷонам, ҷаҳон чунин аст, ба душманат қудрати муқобилат кардан надорӣ, ночор бо вай бояд мадоро кунӣ.
‒ Охир, чӣ бадиҳое ки он хунхор ва падари золимаш ба мо накарданд, магар фаромӯш кардӣ? Акнун имрӯз… ‒ ашки буғзу кина гулӯи Фотимаро фишурд, ӯ суханашро идома дода натавонист.
На, Фирдавсӣ фаромӯш накардааст, агарчи аз вақти он бадиҳои аз ҳукмдорони Ғазнӣ ба мардуми Тӯс расида понздаҳ сол гузашта буд. Ҷанги Сабуктегину Маҳмуд бо Абуалии Симҷӯрӣ дар қарибии Тӯс воқеъ шуда буд. Тӯсиён ба ғазнавиён на фақат мадад накарданд, балки муқобилат намуданд, зеро ба асорати он бегонагони золими ғаддор афтодан намехостанд. Ғазнавиён дар рафти ҷанг ва хусусан баъди ғалабаашон Тӯсро ғоратиданд ва чандин ҳазор марду зани Тӯсиро ба гуноҳи исёну қарматигӣ бераҳмона куштанд, муқаддасаи шииён ‒ турбати Имом Ризоро хароб ва зоирони онро дучори таъқиб намуданд. Хонаводаи Фирдавсӣ ҳам аз ғорату яғмои онҳо амон наёфта буд. Душмани ҷангҳои ноҳақ ва шоҳони бедодгар Фир/105/давсӣ, чун истилогаронро имкони рӯйрост маҳкум кардан набуд, онҳоро фақат бо тамсил маҳкум карда метавонист. Ҳамон вақт буд ки вай аз нав ба қиссаи ҷанги зишти Ковусшоҳ дар Мозандарон баргашта, он диёрро чунин тасвир кард: вақте на лашкаркаши шоҳ бо лашкари ғоратгараш ба Мозандарон расид.
Яке чун биҳишти барин шаҳр дид,
Пур аз хуррамӣ бар дараш баҳр дид,
Ба ҳар барзане-бар фузун аз ҳазор
Парастор бо тавқу бо гӯшвор,
Парастанда з-ин бештар бо кулоҳ,
Ба чеҳра ба кирдори тобанда моҳ,
Ба ҳар ҷой ганҷе пароганда зар,
Ба як ҷой динори сурху гуҳар.
Беандоза гирд-андараш чорпой,
Биҳиштест гуфтӣ ҳам эдун ба ҷой.
Бутони биҳиштанд гӯйӣ дуруст,
Ба гулнорашон рӯй ризвон бишуст.
Ковус ба ҳамин гуна диёри обод бо он гуна мардумони зебою покдилу беозор ба ноҳақ ҳуҷум ва онро ғорат мекунад, оташ мезанад. Хонандагони қисса ҳанӯз дар ҳамон вақт ба осонӣ пай бурда буданд, ки мақсади шоир аз шаҳри «чун биҳишти барин» Тӯс аст ва Ковусшоҳу сарлашкаронаш ‒ Сабуктегину Маҳмуд. Шоир ва ҳакими бузург ҳамин тавр дар чандин мавриди дигар ҳам ҷангҳои ноҳақ ва ғоратгаронаро, агарчи аз ҳамватанони худаш ба амал омада бошанд ҳам, маҳкум кардааст. Вай тохтутози Маҳмудро ба Ҳиндустон низ ноҳақ донист. Тохтутози султон ба он кишвар дар замоне оғоз ёфт, ки Фирдавсӣ ба таҳриру нигориши дуввуми «Шоҳнома» машғул буд. Дар ин нигориши дуввум вай ба рағми Маҳмуду шоирони дарбораш, ки он тохтутози ғоратгаронаро ситуда дар бораи Ҳиндустону аҳолии он бо қабоҳат сухан меронданд, аз он кишвар бо ҳусни таваҷҷуҳ ва суханони муҳаббатомез ёд кард, ҳамчун диёре обод бо мардумоне сулҳдӯсти беозор, ки ба Эрон ҳеҷ бадӣ накарда ва зиёне нарасондаанд. Султон рӯйи ҷангҳои ғоратгаронаашро бо ниқоби мазҳаб пӯшонда, бутпарастии ҳиндувон ва зарурати ба ислом даровардани онҳоро баҳона мекард. Дар ҷавоби ин Фирдавсӣ ба интихоби ҳар дине ки хоҳанд ихтиёр доштани инсонҳоро пеш кашид. Дар нигориши дуввуми китоби вай ин мисраъҳо пайдо шуданд: /106/
Ҷаҳондор бедин ҷаҳонро надид.
Магар ҳар касе дини дигар гузид:
Яке бутпарасту яке покдин,
Яке гуфт нафрин беҳ аз офарин.
Зи гуфтор вайрон нагардад ҷаҳон,
Бигӯ он чи раъят бувад дар ниҳон.
Дар бораи дини ғайр ҳар чӣ хоҳӣ гуфтан гир, аз гуфтор олам вайрон намешавад, аммо ҷанг накун ки вайронии ҷаҳон аз ҷанг аст.
Шоир аз рӯйи нафрате, ки ба шоҳони ситампеша ва ҷангҳои ноҳақи онҳо дошт, ба забони Кайхусрав дар он ҳангом ки ӯ Ҳиндро ба Фаромурз медиҳаду ӯро насиҳат мекунад, чунин суханҳо ниҳод:
Ту фарзанди бедордил Рустамӣ,
Зи Дастони Сомию аз Найрамӣ,
Кунун сарбасар Ҳиндувон мар турост.
Зи Қаннуҷ то Систон мар турост,
Гар эдун ки бо ту маҷӯянд ҷанг,
Бар эшон макун кор торику танг.
Ба ҳар ҷойгаҳ ёри дарвеш* бош.
Ҳама род** бо мардуми хеш бош.
Туро додам ин подшоҳӣ, бидор,
Ба ҳар ҷой хира макун корзор.***
___________________
* Дарвешро ба маънии бечора, бенаво кор мефармуданд.
** Род ‒ сахӣ, кушодадаст, эҳсонкор.
*** Яъне беақлона ҷангу ҷидол накун.
Аз он пас сухан меравад дар бораи ба Эрон омадани донишмандон, пизишкон (табибон), мунаҷҷимон аз Ҳинд. Дар аҳди Нӯширвон ва вазири донишманди вай Бузурҷмеҳр (Бузургмеҳр) байни Эрону Ҳинд робитаи дӯстона ривоҷ меёбад. Донишмандони Ҳинд шатранҷ (шоҳмот)-и ихтироъкардаашонро ба шоҳи Эрон мефиристанд, ки яъне ба ҷойи ҷанг рӯйи тахтаи хираду ҳикмат рақобат кунем беҳтар аст. Бузурҷмеҳри ҳаким дар ҷавоб бозии нардро ихтироъ карда ба Ҳинд мефиристад. Аҷиб ин ки Фирдавсӣ фикрҳои дар боло зикрёфтаашро дар борам Ҳиндустону мардуми он дар вақте баён мекунад, ки «Шоҳнома»-ро нияти ба султон тақдим намудан дошт ва аз ин рӯ мебоист монанди шоирони дарбории Ғазнӣ тохтутозҳои ӯро ба Ҳинд ситоиш мекард. /107/
«Шоҳнома» танҳо нақли манзуми ривоятҳои бостонӣ набуда, балки ифодаи андешаҳои шоир ва ҳаким дар бораи масъалаҳои рӯзмарраи замон ва ҷавоби ӯ ба он масъалаи дунёвӣ будааст.
Сафар
Абу Дулаф таклифи Фирдавсиро бо ҷону дил қабул карда ба ҳамсафарии ӯ дар сафари Ғазнӣ розӣ шуд. Фотимабону бо ҳамроҳии онон рафтани Бобакро ҳам лозим донист ва ҳатто ба ин исрор кард.
‒ Туро дастиёр даркор аст, ‒ гуфт ӯ ба шавҳараш, ‒ Бобак оби таҳорататро ҳозир мекунад, дигар ҳар гуна фармоишоти лозимаатро баҷо меорад.
‒ Пас арусии ӯ чӣ мешавад? ‒ пурсид Фирдавсӣ. ‒ Ту мехостӣ духтари Яздондодро ба вай никоҳ карда ба хона биёрӣ. Бобак ин вақтҳо фақат бо хаёли Ширинаш зиндааст, бесаброна дар интизори ҷашни арусист.
‒ Арусии ӯро ба вақти баргаштани ту мегузорем, ман хонаводаи Яздондод ва худи Бобакро ҳам розӣ мекунам, ‒ ваъда дод бону.
Хонаводаҳои Яздондоди барзгар ва Фирдавсӣ ҳамсоя буданд. Бобак духтари ҳамсоя Ширинро нағз медид, духтарак ҳам ба ӯ моил буд, дуяшон гоҳо пинҳонӣ бо ҳам вохӯрда изҳори муҳаббат мекарданд. Бобаки ятимро Фотимабону дар дувоздаҳсолагиаш аз Шодоб оварда дар хонаи худаш тарбия ва калон карда буд. Вай аз рози дили ҷавон огоҳ ки буд, Ширинро барои ӯ хостгорӣ кард. Бо маслиҳати хонаводаҳо тӯйи арусӣ бояд дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд.
Як саҳари серуни августи ҳамон сол Фирдавсӣ бо Абу Дулафу Бобак дар қофилаи бозаргонони хуросонӣ, ки аз Шом баргашта сӯйи Ҳирот мерафтанд, ду шутурро киро карда ба сафар баромаданд. Дар ду каҷоваи шутур шоир ва ровӣ савор буданд, дар шутури дигар, ки қисми бештари зоди роҳ ва дигар лавозимоти ҳар серо мекашад, Бобаки ҷавон савор буд — Фирдавсӣ се нусха «Шоҳнома»: ду китоби пурра ва сеюм қисм-қисм дар ҳафт ҷилд андохташударо мебурд. Рӯзона ҳаво хеле тафсон буд, корвон бештар саҳари барвақт ба роҳ меафтоду то қиёми офтоб роҳ паймуда, гоҳ дар миёни ободиҳо равон буд, гоҳ аз дараҳои кӯҳӣ, аз тангноҳо, аз рӯдхонаҳо гузар карда ба манзиле мерасид. Шутурони биёбоннавард якҷоя бо молҳои тиҷоратӣ ҷуволҳои биринҷ, нахӯд, ҷав, арзан низ мекашиданд.
Ғалларо бозаргонон дар Шому Ироқ харида буданд, то ки дар Хуросони қаҳтзада ба нархи гаронтар фурӯшанд: он сол дар Хуросон қаҳтӣ буд, киштҳо аз селҳои калон ва жолаи фаровон нобуд шуда буданд. Фирдавсӣ ҳам, ки дар «Шоҳнома» ҷо- ҷо воқеаҳои рӯзгори худашро сабт мекунад, аз офати тагарг (жола)-и онсола нолидааст:
Тагарг омад имсол бар сони марг,
Маро марг беҳтар будӣ з-он тагарг.
Дари ҳезуму гандуму гӯсфанд
Бубаст ин бароварда чархи баланд…
Мусофирон дар қади роҳ деҳкадаҳои харобу абтар, кулбаҳои селзада ва бекасро медиданд. Дар шаҳру шаҳрчаҳо бошад, мардону занони хастаҳоли ҷулҳундипӯш, кӯдакони гуруснаи беҳол, сарлучу пойлуч, гадоён бисёр дучор мешуданд, ки офати қаҳтӣ онҳоро ба ин ҳол оварда ва ба диёрҳои ғарибӣ ронда буд. Корвон дар манзилҳо ду рӯз-се рӯз истода дам мегирифт ва он гоҳ бозаргонон дар корвонсароҳо зуд бозор кушода ба фурӯши колои худ шуруъ мекарданд. Харидорон ‒ мардуми камобеш доро ‒ аз ҷумлаи бошандагони деҳаҳои атроф, омадани корвонро шунида дар корвонсароҳо барои хариди лавозимоташон ё фурӯши колояшон гирд меомаданд. Аз субҳ то шом овои ҳазини гадоён қатъ намешуд.
Шабҳо дар саҳни корвонсаро ба рӯшноии фонус ё дар ҳуҷраҳои калон ба гирди шамъҳои фурӯзон ҳангомае барпо мегардид, ки амсолаш то он вақт дар ҳеҷ як роҳи корвонгард дида нашуда буд: Абу Дулаф дар давраи мусофирон аз «Шоҳнома» бо овози баланд қиссаҳо мехонд. Бештарини аҳли корвон пеш аз он номи Фирдавсии ҳаким ва шоири Тӯсиро шунида ва нафаре чанд аз ҷумлаи мусофирони нишопурӣ бо вай шахсан шиносо ҳам буданд. Онҳо аз ҳамсафарии шоир хушдил буданд ва толиби хондану шунидани достонҳояш мешуданд. Аз ҳуҷраи Фирдавсӣ пойи зиёраткунандагон канда намешуд, онҳо дастархони ӯро аз ҳар навъ хӯришҳо пур мекарданд. Ҳама муштоқи суҳбати шоир ё ақаллан шунидани сухане аз забони ӯ буданд. Абу Дулафи чилупанҷсола бошад, ҳунари хонандагиаш ба авҷи камол расида буд, қироаташ ҷазабае дошт ки шунавандаро ба ҳол меоварад. Корвонсолор ‒ бозаргони ҳиротӣ Ҳоҷӣ Абдурраҳим, марди дарозтанаи пойкӯтоҳ, рӯзе як бор-ду бор шоирро дар ҳуҷраи ӯ зиёрат карда суханоне аз қабили: «Хоки поятон шавам, сафари муборакатонро бо корвони ман /110/ кардед ‒ сари маро ба осмон расонидед, магар ба корвон аз ин зиёд шарафу обрӯ ҳаст, ки бо вай шоири бузургвор Фирдавсӣ сафар мекунанд? Ҳамин ноқаи* савориатонро ба шумо пешкаш мекунам» гуфта тамаллуқ менамуду аз хони шоир ба хӯриши муфт шикамашро сер мекард. Аммо чун ба Ҳирот расида дар работи беруни шаҳр фуруд омаданд, корвонсолор бақияи музди кирои ду шутурро аз Абу Дулаф шумурда гирифту якбора ғайб зад. На фақат пешкаш кардани ноқашутур ба шоир, балки бо ӯ хайрбод кардан ҳам аз ёдаш рафт. Дар он муддат ки Фирдавсӣ дар Ҳирот таваққуф намуд, бозаргон боре ҳам ӯро ба ёд наёвард ва пайдо нагардид.
Дар Ҳирот
Дар шаҳр Фирдавсӣ бо ровӣ ва дастёраш ба манзили ошноии дерини худ Абубакри Исмоили саҳҳоф** рафт. Ошноии дуяшон дар вақтҳое, ки саҳҳоф бо кори харидуфурӯши китобҳои нодир ба Тӯс ҳам мерафт, ба вуқуъ пайваста ва пас аз якчанд мулоқот ба дӯстии сидқӣ табдил ёфта буд.
‒ Аз пагоҳӣ дар худам як хушҳолии бесабаб эҳсос мекардам, акнун сабабаш маълум шуд: устоди бузургвор ба шаҳри мо ташрифи қудум меовардаанд, ‒ гӯён саҳҳоф аз дӯсташ шодона пазироӣ кард.
___________________
* Ноқа ‒ шутури мода.
** Саҳҳоф ‒ китобфурӯш.
Манзили Абубакри Исмоил ҳавлии начандон калон ва оддии як нафар дӯкондори миёнаҳол буда, дар ҳавлии берун меҳмонхона дошт. Саҳҳоф, марде солхӯрда, аммо солиму бардам, озода, хушсимо ва хушлибос, меҳмононашро ба он меҳмонхона дароварда нишонд. Он ҷо китобҳои бисёр дар токчаҳо қабат-қабат болои ҳам чида шуда, фарши хона бо ду гилеми патдор ва якандозҳои шоҳӣ зинат ёфта буд.
‒ Хайри мақдам, хуш омаданд, қадамашон болои дида, гарди пояшон ба чашмҳо тӯтиё, ‒ гӯён мизбон бо ин алфози анъанавӣ таоруфи шарқиро ба ҷо овард. Пурсид: ‒ Сафарашон бахайр буд?
‒ Бахайр ва ба саломат, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ фақат дидани рустоҳои қаҳтзада ва мардумони бенаво… нохуш буд…
‒ Оре, қаҳтие бас ҳавлнок… ‒ бо андуҳ гуфт Абубакри Исмоил ва афзуд: ‒ Вале имрӯзҳо хабар расид, ки султон фар/111/мудааст дар ҳамаи шаҳрҳо анборҳои подшоҳиро бикушоянд ба мардумони қаҳтзада ғалла бидиҳанд: умед аст, ки минбаъд қадаре сабукӣ рӯй диҳад. Султон инчунин ба фуқаро хироҷи яксоларо бахшидааст.
‒ Хайрият! ‒ аз ин хабар изҳори хурсандӣ кард шоир.
Меҳмонон рӯзро бо ҳаммомравӣ ва истироҳат ба шаб оварданд. Дар аввали шаб мизбон ба шарафи Фирдавсӣ зиёфати ҳотамонае тартиб дода, ба он чанде аз шоирон ва фозилона шаҳрро низ даъват кард. Дар поёни маҷлиси зиёфат, дар нимаи шаб, пас аз он ки меҳмонони ҳиротӣ пароканда шуданд, мизбон ва меҳмони ӯ нишаста сари суҳбати якка ба яккаро боз карданд. Абу Дулаф ва Бобакро хоб зер мекард, онҳо барои хоб ба ҳуҷрае, ки дар паҳлуи меҳмонхона буд, фиристода шуданд.
‒ Шумо дар шаҳр бо киҳо дидор мекунед? ‒ пурсид мизбон.
‒ Ниятам буд, ки фақат бо ду кас дидор бикунам: шумо ва писари пири Хуросон, ‒ гуфт Фирдавсӣ.
‒ Пири Хуросон? ‒ мисли ин ки фаромӯш карда буду ба ёд оварданӣ мешуд Абубакр.
Дар ҷавоби ӯ Фирдавсӣ аз он чӣ худаш дар бораи он пир дар «Шоҳнома» навишта буд, ду байт хонд:
Яке пир буд марзбони Ҳарӣ,
Писандидаву дида аз ҳар даре.
Ҷаҳондидае номи ӯ буд Мох,
Сухандону бо фарру бо баргу шох.
‒ Бале, медонам, ‒ ба хотир овард саҳҳоф, ‒ Мох… Мазорашон ҳаст, мазори Пир мегӯянд; он ҳазрат дар аввал зардуштӣ будаанд…
‒ Мубади зардуштиён, ‒ гуфт шоир.
‒ …бале, дар поёни умрашон мусалмон шуда будаанд. Писарашон, Дороби Маҷус ном, порсол фавтиданд.
‒ Фавтиданд?… Ё арҳамарроҳимин, раҳматаш бикун… Дар санаи сесаду шасту шаш, ки ман ба суроғи донандагони ривоятҳо ба Ҳирот ҳам омада будам, пир зинда буданд. Аҷаб пири хирадманде буданд, таърихи подшоҳии Ҳурмузро ба ёд доштанд ва боз чандин ривоятҳо аз бостонзамон медонистанд, ба ман нақл карда буданд. Ҳамин писарашон Дороб сисола буд… Мазори ҳардуро зиёрат бояд кард.
‒ Ҳокимро ҳам мебинед? ‒ пурсид саҳҳоф. /112/
‒ Ҳокими Ҳиротро? Ӯ чӣ касест?
‒ Аз сараскарони султон.
‒ Номаш чист?
‒ Олтунтош.
‒ Чӣ касест? ‒ суолашро такрор кард шоир.
‒ Айёше, майхорае, фосиқе, ‒ гуфт саҳҳоф.
‒ Аҷаб… Бедодгар ҳам?
‒ Айёшу фосиқ магар додгар мешавад? Ҳошо!.. Ба мисол, он чӣ бо худам воқеъ шуд, ба шумо арз кунам: волӣ шаш ҷилд китоби нодир аз ман бурд, баҳояшро надод. Нуҳ китоб аз китобхонаи худаш ба ман фиристода фармуд ба муқаввоҳои нафиси гаронбаҳо андозам, ҳамаро аз хости худаш ҳам беҳтар муқавво кардам, як фулс надод. Мудовиматро ба миёна андохтам, гуфтааст, ки хироҷро аз саҳҳоф кам мекунем, то қимати китобҳояш ва музди кораш барояд. Ду сол боз аз ман ҳар сол себорӣ хироҷ меситонад, хироҷам як фулс ҳам кам нашуд.
‒ Аҷаб… Пас ин ҳокими шумо китобхон ҳам ҳаст?
‒ Китобҳоро ӯ барои таҷаммул ҷамъ мекунад. Ман аслан ба саводнок будани вай шак дорам. Агар саводе ҳам дошта бошад, кӯрсаводе беш нест. Гуфтораш омиёна. Калимаи «Филмасал»-ро дар ҳар ҷумла ба кор мебарад, бе он ки маънои онро фаҳмида бошад. Шояд аз забони дигарон шунида ёд гирифтааст.
‒ Оё шоиста аст, ки мо ба саломи чунин касе биравем? ‒ шубҳаманд шуд Фирдавсӣ.
‒ Чора надоред, ‒ гуфт Абубакр, ‒ дар акси ҳол ӯ метавонад ба шумо бадӣ кунад: охир вай ҳар гуна кӣ бошад, ба сари мо ҳоким аст. Дар Чоч аз як нафар кошғарӣ, ки дар ошхонаи бозор пазанда буд, зарбулмасале шунида будам ба туркӣ: «Аканг кимни хотун қилса, янганг ӯша», яъне бародарат ҳар зане ки бигирад, янгаат ҳамон аст.
Рӯзе ки Фирдавсӣ ба дидани ҳоким рафт, ҳоким Олтунтош сахт парешонхотир буд, гоҳ менишасту гоҳ бармехост ва бо сари хам, ду даст бар пушт ва чашм ба замин, рӯ-рӯйи боргоҳи худ қадам мезад. Амир Низомиддин, аз ақрабои султон ва дарбории бонуфуз, ки дар он қарибӣ бо коре ба Ҳирот омада буд, аз як рози пинҳонии ҳоким огоҳӣ ёфт ва акнун хавфи он буд, ки тавассути вай он роз ба дарбори Ғазнӣ ҳам маълум мешаваду он гоҳ аз ғазаби султон ҷойи гурез намемонад: султон дар ҳаққи мансабдорони беш аз ҳад айёшу фосиқи худ /113/ сахтгир аст. Роз ин ки ҳоким дар Боғи Аднонӣ ‒ яке аз боғҳои салтанатии Ҳирот, ки бо қатор-қатор сарву гуҷумҳои хиргоҳӣ ва гулзору чаманзорҳои дилафрӯзаш, сарҳавзҳои мармарину фаввораҳои мунаббаткориаш ба зебоиву хуррамӣ машҳур буд, ‒ дар як гӯшаи канории он боғ хонае сохта, дар ду тарафи сақфи он лӯлаҳои чӯбини лиҳофпеч* кашида ва пардаҳои дурушти катонӣ овехта, ба боми хона бо чӣ «тилисме» аз ҷӯйбор об бароварда буд, оби сард дар лӯлаҳо ҷорӣ шуда, лиҳофро ва аз лиҳоф заҳида пардаҳоро тар мекарду бад-ин равиш дар тобистони гарм хонаро серун месохт; дар ду девори хона аз сақф то фарш суратҳои рангини занону мардони бараҳна ва ба ҳар шева бо ҳам гирд омадани онҳо кашида шуда буд. Ин хона ҷойи хоби қайлула (хоби нисфирӯзии пас аз наҳорӣ) ва ишратхонаи ҳоким буд, ба он аз роҳи пӯшида занону духтарон ва амрадҳо барои айшу ишрат оварда мешуданд. Амир Низомиддин боре дар ғайби Олтунтош ба он ҷо роҳ ёфта, хонаро бо он аъҷубаҳо дида дар ҳайрат монд. Ба дорулҳукума баргашта ҳокимро ёфт ва гуфт:
‒ Дар Боғи Аднонӣ ишратхонаи пинҳонӣ сохтаед?
Олтунтош аз хиҷолат ба замин нигаристу пурсид:
‒ Кӣ гуфт, ҳазрат?
‒ Ман худ дидам, ‒ бо қаҳру танаффур гуфт амир. ‒ Ишратхонаҳои шоҳону амиронро дидаам, вале бо ин қабил тасвирҳои бешармонаи шаҳватангез надида будам. Тасаввур мекунам, чӣ фисқу фуҷур, чӣ ҳаромкориҳое дар он ҷо ба вуқуъ меояд.
Ҳоким ба узр гуфтану зорӣ кардан даромад:
‒ Гунаҳгорам, ҳазрат; филмасал, карам карда афв фармоянд. Афлияҳоро** метарошонам. Шайтон васваса карда буд. Аммо, филмасал, айби мардон пӯшида, гуфтаанд азизон, илтимоси бандагӣ ин ки ин розро ба аълоҳазрати султон нагӯянд.
‒ Ғуломон ва муқаррабонро чӣ ҳаддест, ки розеро аз султон пинҳон доранд? Чизҳои ба чашми худ дида ва ба гӯши худ шунидаро аз валинеъмати хеш пинҳон доштан мунофиқист.
___________________
* Лиҳоф ‒ кӯрпа.
** Аслан алфия аст, ки суратҳои шаҳватангезро гӯянд; ҳокими камсавод баъзе калимаҳои китобии шунидаашро монанди ҳокими Тӯс Меҳрон вайрон талаффуз мекард.
Инро гуфта амир аз кох берун рафт.
Ҳоким ба тарсу ваҳм афтод. Чӣ бояд кард? Ба хотири мушавваши ӯ маликушшуаро Унсурӣ омад. Олтунтош ва шоир бо ҳам робитаи дӯстӣ доштанд, ҳоким ба ҳар муносибат ба мад/114/доҳи султон туҳфаҳо мефиристод, ба иваз шоири дарборӣ ба баланд кардани обрӯйи дӯсташ назди султон ва дарбориёни ӯ мекӯшид. Унсурӣ ягона шахси берунии огоҳ аз сирри Боғи Аднонӣ буд, ӯ дар вақтҳои ба Ҳирот омаданаш як-ду бор дар он хонаи махфӣ шарики айшу ишрати Олтунтош шуда буд. Олтунтош қарор дод номае ба маликушшуаро фиристода аз ӯ хоҳиш намояд, ки бо Низомиддин гуфтугӯ кунад ва агар мабодо амир сирри ҳокимро дар ҳузури султон нияти фош кардан дошта бошад, коре карда ӯро аз ин нияташ гардонад. Фавран муншии содиқи роздорашро талабида ба номи Унсурӣ чунин нависонд: «Бузургворо, аз беэҳтиётии роқими сутур сирри ишратхона аз қазо амир Низомиддинро маълум гардида мабодо ки амир дар пешгоҳи ҳумоюнӣ дар ин ваҷҳ сухан ба миён оранд, ки дар он сурат дар ҳаққи ин ғулом қаҳру ғазаб содир шудан ногузир мешавад, мултамаси оҷизона ин ки бо амир дидор бикунанд ва бо лутфу марҳамати хеш ифшои розро монеъ шаванд ба ҳар тадбиру панду насиҳату ваъдаю ваид ки нофиз афтад».
Даме ки ӯ номаро ба қуттича меандохт, пардадор даромада ба салом омадани Абулқосими Фирдавсӣ ном шоири Тӯсиро маълум кард. Ҳоким дар банди хаёлоти худаш буда, як дам хомӯш нишаст, гӯё ки сухани мудовиматро нашунид, баъдан гуфт:
‒ Дарояд.
Фирдавсӣ ворид шуд. Ҳоким, марди ба назар панҷоҳу чандсолаи фарбеҳҷусса, гарданкӯтоҳ, шофбурут, чашмони кабудтобаш барҷаста, бинии паҳнаш пачақ, дар танаш ҷуббаи аттобӣ ‒ ҷомаи абраастари фарохи абрешимии роҳ-роҳ ва бар сараш дастори нишопурӣ, дар курсӣ нишаста буд. Аз қиёфааш сархуши шароб будани ӯро пай бурдан душвор набуд. Фирдавсӣ салом дода гуфт:
‒ Банда шоирам, аз Тӯс омадам. Ҷаноби ҳоким, албатта, китоби «Шоҳнома»-ро хонда ё шунидаанд, банда онро назм кардаам ва акнун бо нияти тақдими он ба аълоҳазрати султон азми сафари Ғазнӣ дорам. Пеш аз сафар зиёрати ҷаноби ҳокимро ба худ воҷиб донистам.
Ҳоким мӯйлаби шофшакли сиёҳу сафедашро тоб дода, ба сарутани шоир ‒ ба абои нимдошт ва масҳии ҳамчунин доштхӯрда, ба дастори на як бору ду бор аз ҷомашӯйӣ гузаштаи ӯ чашм давонд. Шоир ба по рост истода буд, ҳоким ба ӯ таклифи нишастан ҳам накард. Гуфт:
‒ Хонда будам. Қиссаҳои шоҳон.
Дурӯғ гуфт, нахонда буд. /115/
‒ Оре, таърихи шоҳони Аҷам ва паҳлавонон, ‒ гуфт Фирдавсӣ.
Парешонии ҳавоси ҳоким аз шоир пинҳон намонд, ‒ Олтунтош бидуни майл гап мезад. Пурсид:
‒ Назм бисёр аст?
‒ Бисёр. Шаст ҳазор байт, ‒ шоир тааҷҷуб кард, ки ба мардак донистани калонию хурдии асар чӣ лозим будааст.
‒ Оё шуморо даъват кардаанд?
‒ Кӣ? Ба куҷо? ‒ маънии суолро ба зудӣ нафаҳмид Фирдавсӣ.
‒ Ба Ғазнӣ. Ба даргоҳ, ‒ «фаҳмонд» ҳоким.
‒ Дар Тӯс бо хоҷаи бузург шарафи мулоқот афтода буд, эшон тақдими «Шоҳнома» ба султонро салоҳ диданд.
‒ Исфароинӣ?
Вазири султонро бидуни зикри лақабу кунияаш ном гирифтани ҳоким, ки беҳурматӣ нисбат ба он зоти олимақом ҳисоб меёфт, шоирро ба ҳайрат андохт, вале боиси чунин беҳурматӣ аз сухани баъдинаи ҳоким маълум гардид:
‒ Он кас аз вазирӣ бекор шуданд, магар нашунидаед? Акнун вазир ҳазрати Хоҷа Аҳмади Майвандӣ мебошанд.
Фирдавсӣ дар дилаш як сардӣ эҳсос кард. Дар сукути ба миён омада ӯ нокомии ҳимоятгарони пешини худ Абумансур ибни Муҳаммад, Ҳусайни Қутайб ва Абуалии Аскофиро ба ёд оварда ба ҳасрат дар замираш мегуфт: «Толеи ман чунин аст».
Ҳоким боз гуфт:
‒ Аз Исфароинӣ умеди ҳимоят доштед? Умеди пуч кардаед. Ҳар касе, ки ӯ парварид ё дастгириаш кард, акнун хор аст… Метарсам, ки аз Ғазнӣ ноком баргардед.
Худ ба дилаш мегуфт, ки «шоирони бузург ҳама дар Ғазнӣ ба хизмати султонанд, агар ин пирамард шоири калон ва номдоре мебуд, султон ӯро кайҳо ба дарбор металабид. Ин мераваду ба маликушшуаро боз як дарди сари зиёдатӣ мешавад». Фикри охирини Олтунтош аз як гуфтаи Унсурӣ сарчашма мегирифт, ‒ боре дар суҳбате бо Олтунтош ба забони маликушшуаро гузашта буд ки: аз ҳар гӯшаю канори мамлакат шоирон ба Ғазнӣ меоянд ва ашъорашонро пеши ман меоваранду дар тамаи силаю ато хоҳиш мекунанд, ки ман ашъорашонро ба султон гузаронам, ҳол он ки бештаринашон шоиртарошони хомтабъанд ва маро дарди сар медиҳанд.
Фирдавсӣ хомӯшу малул боргоҳи ҳокимро тарк кард. /116/
Баъди рафтани вай ҳоким мунширо талабид ва аз қуттича мактуби ба номи Унсурӣ нависондаашро бароварда дар ҳошияи он суханони зеринро изофа кунонд: «Ба ин ҷо аз Тӯс шоири пире Абулқосими Фирдавсӣ ном омада ва мегӯяд ба шаст ҳазор байт «Шоҳнома» назм кардам ва мехоҳам ба Ғазнӣ биравам ва ба аълоҳазрати султон гузаронам».
Дар бомдод ӯ як нафар навкари содиқашро бо ин нома бар аспи тезтаке нишонда ба роҳи Ғазнӣ давонд. Навкар мувофиқи фармон мебоист дар роҳ агар ба корвони амир Низомиддин дучор шавад, худро ба ӯ нашиносонда, роҳро чапғалат дода пеш равад ва дар манзилҳо зиёд наистад ва агар лозим шавад аспашро бадал кунаду аз рафтан бознамонад ва чун ба Ғазнӣ расид, фавран Унсуриро дар куҷое ки бошад, ёфта, номаро ба вай супорад.
Фирдавсӣ ба меҳмонхонаи Абубакри Исмоил баргашт. Хастаҳол менамуд, табъаш хира буд. Соҳиби хона аз дӯконаш барнагашта буд, шоирро Абу Дулаф ва Бобак, ки дар интизораш буданд, пешвоз гирифтанд. Вай бо ҳаракоти касолатомез абояшро аз танаш кашид ва дастор аз сар баргирифт. Бобак або ва дасторро ба мехи девор овехт. Нишастанд.
‒ Хаста шудед, бобоҷон, ба ин болишт паҳлу бизанед, роҳат бикунед, ‒ гӯён Бобак ду лӯлаболиштро ба паҳлуи шоир кашид. Фирдавсӣ ба болиштҳо такя карда як дам хомӯш нишаст ва пасон ба таври асроромез гуфт:
‒ Ҷойи номуборак, рӯйи номуборак, гуфтори номуборак…
Абу Дулаф ва Бобак ҳайрон шуда ба рӯйи ӯ чашм дӯхтанд..
‒ Кадом ҷой, кадом рӯй, устод? ‒ пурсид Абу Дулаф.
Шоир чигунагии мулоқот ва пурсу посухи бо ҳоким воқеъшударо нақл кард ва афзуд, ки ҳоким гӯё аз зиёрат кардани шоир ӯро ҳеҷ хушнуд набуд ва шоирро ҳатто таклифи нишастан ҳам накард.
‒ Аҷаб одами бетамиз будааст! ‒ гуфт Бобак, ки одатан камгап буд ва фикри худро дар бораи кореву чизе то напурсанд, намегуфт.
‒ Мизбони мо ӯро хуб шинохта будаанд, ‒ суханони Абубакри Исмоилро дар бораи ҳоким ба хотир оварда гуфт Абу Дулаф ва бо қаҳру оташинӣ илова кард: ‒ Маълум мешавад, вай шуморо аз рафтани ба Ғазнӣ боздоштааст? Чӣ ҳақ дорад?
‒ Оре, ҳамин тавр ‒ тасдиқ кард Фирдавсӣ.
‒ Пас чӣ кор мекунем, устод, шумо ба чӣ қарор омадед?
Фирдавсӣ ба аломати ин ки ҳайрон аст ва намедонад чӣ кор кунад, китф ба ҳам кашид.
‒ Гашта равем чӣ, бобоҷон? ‒ ногаҳон ҷуръат пайдо карда суол дод Бобак.
Фирдавсӣ ва Абу Дулаф бо лабханди маънидор ба ҳамдигар нигаристанд. Бобак маънии лабхандашонро фаҳмида аз гуфтааш пушаймон ва сурх шуд. Ҷавони ошиқ мехост зудтар ба Тӯс, ба дидори Ширини зебояш бирасад.
Абубакри Исмоил аз дӯкони китобфурӯшӣ, ки дар растаи бозор дошт, баргашт. Бо ҳам наҳории гаштирӯзӣ хӯрданд, саҳҳоф аз чӣ гуна дар боргоҳи ҳоким қабул ёфтани шоир огоҳ шуда, ба вай тасаллӣ медод ки:
‒ Шумо бетаоруфиву дуруштии ҳокимро ба дил нагиред. Аз ин маснаднишинони ҷоҳили мутакаббир чӣ умеди хайр аст.
Фирдавсӣ ба ягон корвони роҳгузаре, ки тарафи Ғазнӣ мерафта бошад, мунтазир буд. Бо фармоиши вай Абу Дулаф ба меҳмонсарои шаҳр рафта, дар он ҷо ду ҳуҷра интихоб карда баргашт.
Шоир ба табдили макон карданаш базӯр ризояти мизбонаш Абубакри Исмоилро ҳосил ва ба вай изҳори миннатдорӣ намуда, ба меҳмонсаро кӯчид. Дар як ҳуҷра худаш ва дар ҳуҷраи шафат Абу Дулафу Бобак ҷойгир шуданд.
Ҳуҷраи шоир ба як навъ қадамгоҳ табдил ёфт. Шоирон ва олимони шаҳр, дигар мардумони шеърдӯст ҳар бегоҳ ба зиёраташ меомаданд… Албатта, дастхолӣ намеомаданд, ба риояи таомул бо дастархонҳо меомаданд. Аксар вақт ҳуҷра ба зоирон* ‒ меҳмонони шоир тангӣ мекард ва он гоҳ давранишинӣ ба саҳни сарой мекӯчид, ки дар миёнаҷойи он ба гирди ҳавзи пуроб қатори маҷнунбедҳо тавораи сабз кашида буданд. Дар сари дастархонҳои пурнеъмат суҳбати дилкушо ва шеърхонӣ авҷ мегирифт. Баъзе зоирон писараку духтаракони хурдсолашонро ҳамроҳ оварда аз шоир ба ҳаққи онҳо дуо мегирифтанд, то ба тандурустиву саломат ба воя расида одамони хирадманд ва бомаърифат шаванд. Фирдавсӣ ба сари ҳар яке дасти навозиш мемолиду аз пешониаш бӯсида дуо мекард.
Вай рӯзҳо баъзан ба мутолиаи ашъори шоирон ё китобу рисолаҳои муаллифони ҳиротӣ, ки ба вай оварда мешуданд, машғул мебуд ва баъзан бо Абу Дулафу Бобак ва бо мушояати ошноёни наваш ба тамошои шаҳр мебаромад. Агарчи Ҳирот ба назараш чандон ободу зебо наменамуд, вале ба боду ҳаво аз /118/ ҳамаи шаҳрҳое, ки дида буд, хуштар, неъматаш фаровонтар, долу дарахташ бештар, обаш ва меваҳояш, хусусан ангураш ширинтар буд. Шоир дар пеши масҷиду мадрасаҳо, қасрҳо, мазорҳои кадом як «азизон»-и касмадон ва манораҳои муҳташам истода катибаҳояшонро мехонд. Бештарини катибаҳо арабӣ буданд ва ӯ онҳоро ба ҳамроҳони ба арабӣ нобаладаш тарҷума мекард.
___________________
* Зоир ‒ зиёраткунанда.
Як рӯз вай барои дидани ҷоҳое, ки Баҳроми Чӯбина дар он ҷоҳо бо хоқони турк ҷангида буд, аз шаҳр берун рафт. Ба ӯ якчанд нафар ҳиротиён ҳамроҳӣ карданд. Ҳамаашон аспсавор буданд, аз дарвозаи шимолии шаҳристон ба рабаз* баромаданд. Роҳи танги пурхоку чанг дар байни маҳаллоти аҳолинишин морвор хазида ба боғистону киштзорон мебаромад. Офтоби сентябри гарм, вале сӯзон не, тафси ҳаво тоқатпазир. Аз паси деворҳои боғот дар токзорон хӯшаҳои ангури тиллорангу обиранг ё сиёҳ, шохҳои пурбори себ, биҳӣ, шафтолу, анору анҷир намудор. Ҷо-ҷо деҳқонон сари ду пой нишаста алаф медараванд, ҷо-ҷо занон ангур мекананд, писарбача ва духтарбачагон мева меафшонанд. Занон рӯмолҳошонро ба рӯй кашида саворони роҳгузарро бо нигоҳи кунҷковии дуздона мегуселонанд. Дар бомҳои пастаки ҳамвор зардолу, шафтолу барои хушконидан паҳн карда шудаанд. Манзараи ҳаёти осудаи меҳнатӣ. Он сол офати сели жола ба ин диёр як қадар амон дода буд. Саворон ба пояи кӯҳсор расида қарор гирифтанд. Дараи на он қадар фарохе дар мобайни ду қаторкӯҳ ёзида дар дуродур ба кӯҳи дигаре дакка мехӯрад. Кӯҳу талҳо ҳама аз сангу гил, бараҳна, қариб бегиёҳ. Насим бӯйи шубоғу бургани хушкида ва янтоқро меоварад. Харсангҳо дар тули ҳазорон сол бешитоб аз фарози кӯҳҳо нишеб шуда, дар доманаи кӯҳсор тӯда гардида, сабуктарҳошон ё ба дӯнгиҳову чуқуракҳо бархӯрдаашон пароканда дар танаи кӯҳ дармондаанду гӯё андак таконеро мунтазиранд, то ки ҳама паррону ғуррон фурӯ резанд.
‒ Ин харсангҳо дар қадим шоҳидони як муҳорабаи аҷибе шуда буданд, ки монандаш шояд пеш аз он дар олам дида нашуда ва пас аз он ҳам рӯй надода бошад, ‒ мегӯяд Фирдавсӣ ба ҳамроҳонаш.
___________________
* Рабаз ‒ маҳаллоти берун аз девори шаҳр.
Ҳамроҳон хостанд чигунагии он муҳорабаро бидонанд.
‒ Шумо ҳар гоҳ, ки дар «Шоҳнома» достони Баҳроми Чӯбинаро хондед, инро хоҳед донист, ‒ суханро кӯтоҳ кард шоир. /119/
Худ маҳалро бодиққат дид мекард. Вақти бозгашт ҳамчу як лашкаркаши кордида ин сухан бар забон ронд: ‒ Дар он ҷанг ба хубӣ собит шуд, ки зафар вобаста на ба шумораи лашкар, балки ба ҳушёрӣ, мудаббирӣ, кордонии сипаҳбуд* аст. Чӯбина аз ин сифатҳо баҳраманд будааст ва хоқон бебаҳра. ‒ Гӯянда ин сӯ-он сӯ менигарист, гӯё чизеро меҷуст ва дар охир гуфт:
‒ Нест. Ҳеҷ нишоне нест.
___________________
* Сипаҳбуд ‒ сарлашкар.
Пурсиданд ‒ нишони чӣ? Маълум шуд, ки вай аз деворе, ки Баҳроми Чӯбина дар ду бари размгоҳи лашкараш бароварда буд, то ки ба сарбозон ҳар гуна роҳи гурез баста бошад, нишона меҷустааст.
‒ Дар чорсад сол магар нишона мемонад? ‒ хандид яке аз ҳамроҳон.
Фирдавсӣ дигар дам назад. Манзараи ҷанги чаҳорсад сол пешро ки худ дар асараш тасвир карда буд, хаёлан пеши назар меовард. Инак, Баҳроми зирак ва пешбин пеш аз он ки душман аз дара ба дашт барояд, ба Ҳирот мешитобад, онро ишғол мекунад ва беист лашкарашро ба ҷойи ҷанг бароварда, пушти онро ба шаҳристон такя дода, ба муқобили душман ҳаракат мекунад. Ба дара лашкари сесадҳазории хоқон базӯр меғунҷад, дастаҳои савораву пиёда ба якдигар фишор оварда, дарҳам-барҳам ба ҳам омехта, сафҳошон тит мешавад, ба болокории ин сарлашкари беандеша филони ҷангиро пеш баровардааст ва онҳо чун девор роҳи баромади аз дараро бастаанд. Чӯбина ҳамин ҳолро пешбинӣ карда буд ва ба ӯ ҳамин даркор буд. Инак, як дастаи бо машаққат аз дара баромадаро Чӯбина ба осонӣ шикаст дод. Якчанд ҳазор саворони хоқон аз қабати талҳои шафат роҳ ёфта баромаданду бо ҳамлаи шадид боли рости сипоҳи Баҳромро парешон карданд; Чӯбина худ савора сари роҳи сарбозони гурезонашро гирифта бо шамшер се нафарро сарнагун сохт, дигар гурезаҳо ночор пас гашта боз ба ҷанг даромаданд. Аз сипоҳи хоқон саду бист ҳазор сарбоз илоҷи ба дашт баромадан наёфта дар ақиб, дар даруни дара бекор истодаанд. Баҳром аз камондоронаш дастае сохта фармон дод, ки филони ҷангии ба ҳуҷум омадаро ба зери тирборон бигиранд. Аз филони сафи пеш чанде ба чашм ва хартумҳошон тир хӯрда, аз дард хашмгин ва бетоқат шуда ақиб гашта, сипоҳи худро зер карда рафтанд. Лашкари саргуми парешонҳол даста-даста аз зарби беамони шамшеру гурзу найзаҳои баҳромиён маҳв мешуд. То гашти рӯз душман ба куллӣ мағлуб ва худи хоқон кушта гардид… Шоир вақте ки ин достонро назм /120/ кард, аз ғалабаи дувоздаҳ ҳазор сипоҳи эронӣ бар сесад ҳазор сипоҳи туркон дар ҳайрат буд. Баҳроми Чӯбина аз қӯшуни шоҳ Ҳурмуз фақат дувоздаҳ ҳазор ҷанговари чилсоларо яккачин карда гирифта буд. Чаро фақат дувоздаҳ ҳазор? Чунки ба ақидаи Баҳром:
Аз ин моя гар лашкар афзун бувад,
Зи мардиву аз рой берун бувад.
Сипаҳбуд ки лашкар бурун аз шумор
Ба ҷанг оварад, печад аз корзор*.
Хуб, лекин чаро фақат чилсолаҳо? Чунки чилсола, ‒ мегӯяд. Баҳром, ‒ марди корозмуда, гарму сард дидаест, вай дар майдони чанг боҳунару тадбир ва беш аз ҷавонон тобовару истодагар мебошад. Чӯбина сабаби ғалабаашро дар ҳамин мебинад: лашкари на бисёр ва ҷанговарони шоистаи корзор… Вале ин як сабаб Фирдавсиро қонеъ намекард, вай меандешид, ки охир чилсолаҳоро Совашоҳ ҳам дошт ва онҳо аз сипоҳи Баҳром на кам, балки шояд зиёдтар ҳам буданд; аз ин рӯ омили ғалаба на фақат дар он буд, ки Баҳром мепиндорад. Пас боз дар чӣ буд? Оё на дар он буд ки, ‒ андеша меронд Фирдавсӣ, ‒ сарбози эронӣ аз душмани таҷовузкор диёри худ, аёлу фарзандони худ, номуси худ, кишту боғи худро дифоъ мекард ва бинобар ин диловарона меҷангиду ба фидо кардани ҷонаш ҳам тайёр буд? Бешак, ҳамин тавр будааст. Сарбози Совашоҳ бошад танҳо барои куштору ғорату харобкорӣ омада буд ва ин мақсади нопок ҷуфти мардонагиву руҳбаландӣ шудан наметавонад. Сарчашмаи диловарии сарбоз дар пайванди ногусастании ӯст бо диёраш ва халқаш. Шоир бо ин андешаҳо ба гуфтори Чӯбина:
Чиҳилсола боозмоиш бувад,
Ба мардонагӣ дар фазоиш бувад.
суханони зеринро афзуд:
Ба ёд оядаш меҳри нону намак,
Бар ӯ гашта бошад фаровон фалак**.
Зи гуфтори бадгӯй в-аз ному нанг,
Ҳаросон бувад, сар напечад зи ҷанг,
Зи баҳри зану зодаву дударо***,
Напечад равон марди фарсударо****. /121/
Дар Ғазнӣ маликушшуаро Унсурӣ номаи ҳокими Ҳиротро мехонду худ ба худ табассум мекард: тарси ҳоким аз фош шудани рози Боғи Аднонӣ ва илтимоси вай ин ки маликушшуаро ба ифшои ин роз монеъ шавад, ба ӯ хандаовар намуд. Вале чун дар поёни нома хабари роҷеъ ба Абулқосими Фирдавсиро хонд, табассум аз лабонаш парид. Аз ин хабар вай беихтиёр ба худаш як хавфи ноаён эҳсос кард. Хаёл мекард, ки «Шоҳнома», ‒ китобе ба ин бузургӣ ва пур аз достонҳои дилангез, он шаст ҳазор дурру гавҳару сухан, ‒ оре, бешак ҳама дурру гавҳари назм, зеро Унсурӣ як нусхаи ба Ғазнӣ афтода аз қиссаи «Набарди Рустам бо Суҳроб»-и Фирдавсиро хонда буд ва медонист қудрати суханофаринии шоири тӯсӣ ба чӣ поя аст, ‒ ӯ хаёл кард, ки агар ин китоби достонҳои ҷаҳоношӯб ба султон тақдим шаваду султон онро писандад, бегумон китоб ва соҳиби он шуҳрати азим пайдо хоҳанд кард ва он гоҳ аҷаб нест агар касе ба қасидаҳои маликушшуаро нанигарад ва номи ифтихории маликушшуароӣ ҳам насиби Фирдавсӣ гардад.
___________________
* Корзор ‒ ҷанг, майдони ҷанг.
** Яъне бисёр ҳодисаҳоро аз сар гузаронидааст.
*** Дуда ‒ хонадон, хешу табор.
**** Яъне марди зиндагидида ва пухташуда аз ҷангидан наметарсад.
Пас чора чист?
«Ман ҳасуд нестам, вале ба ҳифзи мақому мартабаи худам кӯшиданам воҷиб аст», дар дилаш мегуфт Унсурӣ.
Андешаи дароз ӯро бад-ин қарор овард, ки Фирдавсиро бо ягон баҳона аз омаданӣ ба Ғазнӣ монеъ шуда ба ватанаш баргардондан лозим аст. Дар ин кор ба Унсурӣ дӯсташ Олтунтоши ҳокими Ҳирот ёрӣ хоҳад дод.
Ӯ шабро бо ин андеша ба саҳар оварда, пагоҳӣ ба Олтунтош нома навишт. Дар нома бо рамузу киноя ба мухотабаш фаҳмонд, ки агар ӯ бо ягон тадбир Фирдавсиро ба Тӯс баргардонда тавонад, хоҳиши ӯ дар бораи ифшо накардани рози Боғи Аднонӣ баҷо оварда хоҳад шуд. Ҳоким ба Фирдавсӣ саломи ӯро расонад ва гӯяд, ки маликушшуаро нисбат ба шоири шаҳири тӯсӣ ихлос ва эҳтироми хосе дорад ва муштоқи дидори «он устоди бузургвор» аст ва иншооллоҳ «Шоҳнома»-и устод назди аълоҳазрати султон шарафи қабул ва атои сазовор хоҳад ёфт, вале маатаассуф ин ҳангом султон дар сафар аст, вай барвақттар аз ду моҳ ба доруссалтана барнамегардад ва пас аз баргаштан низ то вай Унсуриро, ки манзумаҳо одатан ба дарбор фақат ба тавассути ӯ гузаронда мешаванд, ба ҳузураш даъват мекунаду ба хондан ё хононда шунидани «Шоҳнома» ҳозир мешавад, ки боз як моҳ‒ду моҳ мегузарад; илова бар ин, мутолиаи «Шоҳнома» дар ҳузури ҳумоюнӣ ҳам муддати мадиде тул хоҳад кашид. Бинобар ин, агар устод ба Ғазнӣ /122/ оянд, мабод ки интизории дер муҷиби малоли хотир ва сабаби дилтангиву дилозурдагии эшон шавад. Пас оё беҳтар нест ки устод «Шоҳномаро иҷолатан* ба маликушшуаро фиристанду худ ба ватанашон баргарданд? Дар ин сурат Унсурӣ онро дертар дар як соати мусоид манзури «назари кимиёасар»-и ҳумоюнӣ намуда ва кӯшиш хоҳад кард, ки он китоби бузург мушаррафи қабули ҳумоюнӣ ва шоир сазовори атои мулукона гарданд.
___________________
* Иҷолатан ‒ ҳоли ҳозир, муваққатан.
Ҳамон рӯз ки қосиди Олтунтош номаи Унсуриро гирифта бо шитобу ҷадал ба Ҳирот баргашт, ҳоким фармуд ‒ Фирдавсиро дар наздаш ҳозир карданд. Ҳоким дар фарши боргоҳ рӯйи якчанд қабат якандози шоҳӣ ба лӯлаболиштҳои бахмалин паҳлу зада нишаста ва ин дафъа бо шоир кушодачеҳра, нармгуфтор буд. Ӯро ба тарафи рости худ нишонд. Аҳволпурсӣ кард. Ба сари муддао омада чунин муқаддима намуд:
‒ Аз пойтахт кас омад. Хоҷаи бузург ва маликушшуаро ба шумо салом гуфтаанд; маликушшуаро фармудаанд, ки ҳокимро гӯй, ба Фирдавсӣ аз номи ман гӯяд, ки ман ба он шоир аз тайи дил, филмасал, ихлосманд ҳастам, «Шоҳнома»-ро навишта тамом карданатонро шунавида хурсанд шуда, филмасал, ба шумо ғоибона офарин гуфтаанд.
Пасон гӯянда баҳонаи аз роҳ гардонидани Фирдавсиро ҳамон тавре ки Унсурӣ дар мактубаш тавсия карда буд, ба шоир баён намуда, аз худ изофа кард ки:
‒ Маликушшуаро марди доно, дурандеш ҳастанд. Ва ҳам, филмасал, хайрхоҳи шумоянд, албатта. Шумо китобатонро ба мо бидиҳед, мо ба маликушшуаро мефиристонем, худатон ба ватанатон баргашта хотирҷамъ биншинед, як рӯз не як рӯз, филмасал, он рӯз дур нест, шуморо худашон ба даргоҳ талабида, иззату икром карда, китобатонро писандида, ба шумо, филмасал, аз хазина силаи калон медиҳанд. Шоирпарварии аълоҳазрат, филмасал, саховатмандиашон, албатта, ба худатон маълум будагист. Харҷи роҳатон тани мо, худамон медиҳем…
Вай пешакӣ фармуда буд, ки дар ҳуҷраи хосса дастархони зиёфат таҳия кунанд. Шоирро ба зиёфат таклиф кард. Акнун вай барои фош нашудани сирри Боғи Аднонӣ шарти пешниҳодкардаи Унсуриро пазируфта ва мекӯшид, ки Фирдавсиро на фақат бо лутфи гуфтору зиёфати ҳотамона, балки ҳатто бо эҳсону атоҳо низ ба бозгаштани ба Тӯс розӣ намояд. Аммо ин /123/ кӯшиши ӯ шоирро на танҳо моили бозгашт накард, балки ба хашм овард. Вай аз сабаби ниҳонии «илтифоти» Олтунтош огоҳ набуд, вале яқин кард, ки «маслиҳат»-и маликушшуаро, албатта, аз рӯйи бахилӣ ва ҳасудист.
‒ Марҳамати шумо зиёд, ман серам, ‒ бархоста бо лаҳни ҷиддӣ ва бурро ҷавоб гуфт ӯ ба таклифи ҳоким. Дар ботин оташин ва асабонӣ будани ӯро эҳсос кардан мумкин буд. ‒ Банда барои рафтани ба Ғазнӣ иҷозати Унсуриро напурсидаам, ҷаноби олӣ, ва ҳам аслан нияти рафтан надоштам, маро хоҷаи бузург Исфароинӣ ва амир Наср тарғиб карданд, ки биравам. Аз ин гузашта, ман ҳеҷ гоҳ бо панду раъйи ҳасудони дағопеша кор набастаам ва аз ин баъд ҳам намебандам. Маъзур доред, ‒ вай ҳатто таъзими хайрбодӣ накарда бадар рафт.
Олтунтош «аз ин рустоӣ» чунин рафтору гуфторро чашм надошт. Ин чӣ ҷасорат аст, ки ӯ зиёфати ҳокими шаҳрро рад мекунад? Охир, ин ошкоро беҳурматӣ ва ҳатто нофармонӣ ба ҳоким аст. Олтунтош дар ғазаб шуд. Бархоста буруташро тоб дода рӯ-рӯйи боргоҳ мегашту фикр мекард, ки «он беадаб»»-ро чӣ гуна таъдиб кунад. Вале агар пирамарди шоир ва мусофирро таъдиб кунад, ба вай дуруштӣ намояд, мардум чӣ мегӯянд? Уламо ва фузало, шуаро чӣ мегӯянд? Ба ҳоким лаънат хоҳанд гуфт. Олтунтош бо ҳамаи кундию ҷоҳилиаш афкори ҷомеаро ба эътибор нагирифта наметавонист. Боз меандешид, ки агар мабодо хабари воқеа ба дарбор расад, султон рафтори ӯро нахоҳад писандид… Вай ба як қарор омада натавонист.
Дасисаи Унсурӣ ва ҳокими Ҳирот азми Фирдавсиро ба сафари Ғазнӣ на фақат суст накард, балки қавитар гардонид. Акнун вай ба рағми* маликушшуаро ва ҳоким, ҳатто қатъи назар аз оқибати сафару натиҷаи тақдими «Шоҳнома» ба султон, ба пойтахт рафтанӣ шуд.
___________________
* Рағм ‒ нохушнудӣ, алам.
Дар меҳмонсаро Абубакри Исмоил, мӯйсафеди лоғарандоми озодалибос, хушсимо ва нуронӣ ‒ шоири машҳури ҳиротӣ Абумаҳомид ибни Умар Ҷавҳарии Заргар ва боз се нафар аз дӯстони ҳиротии Фирдавсӣ дар ҳуҷра мунтазири ӯ нишаста буданд. Ҷавҳарии Заргар чанде пеш як нусха «Шоҳнома»-ро аз соҳиби он амонаташ барои мутолиа гирифта ва акнун оварда буд.
‒ Онҳо маро аз рафтани ба Ғазнӣ манъ мекунанд, ‒ гуфта, Фирдавсӣ суханони аз ҳоким шунидаашро нақл карда, дӯс/124/тонашро ба ҳайрат афканд. Чунин ранг гирифтани кор барои онҳо низ тамоман ғайричашмдошт буд.
Маликушшуаро намехоҳад, ки султон китоби маро бубинад ва бихонад, зеро метарсад, ки мабодо «Шоҳнома»-и ман бозори ӯро касод бикунад, ‒ аз гуфтори шоир хашму алами ниҳонии ӯ эҳсос карда мешуд.
Як хомӯшии тулонӣ ба миён омад. Ҳозирон ҳама чашм ба зер, ҳайрону андешаманд. Абу Дулаф сарафканда ва андуҳгин. Бобак аз дар пайдо шуда, муроқабаи парешонхотиронаи ҳозиронро дида гумон бурд, ки нохушие рӯй додааст, ҷуръати даромадан накард, ақиб гашт.
Нахуст пирамард Ҷавҳарии Заргар лаб ба сухан боз кард:
‒ Ҳайронам, маликушшуаро меҳмони олиқадри ба сӯяшон роҳгирифтаро аз ними роҳ мегардонанд? Чӣ тавр инро ба худ раво донистаанд? Рафторе аз эшон бас аҷиб ва ғайримунтазира…
‒ Ҷое ки ҳасад омад, ибо мегурезад, ‒ сари надомат ҷунбонид саҳҳоф.
Ҷавҳарӣ «Шоҳнома»-и дар рӯмол бастаовардаашро кушода китобро назди Фирдавсӣ гузошт:
‒ Китобатонро, мавлоно, ҳар қадар васф кунам, кам аст. Ҳақиқатан шоҳнома, аст ‒ шоҳи китобҳо. Ин ду ҳафта, ки банда ба мутолиаи ин достонҳои дилошӯб сарф кардам, гуворотарин ва хуррамтарин рӯзҳои умри ман буданд. Зиҳӣ истеъдод, зиҳӣ ҳунар, зиҳӣ суханварӣ! Банда метавонам фақат ду даст бароварда шуморо дуо кунаму аз худованд бароятон умри дароз, тандурустии мудом, давлату неъмати фаровон бихоҳам.
Ҳозирон бо ҳамроҳии Ҷавҳарӣ даст ба рӯй кашиданд ва ҳар кадоме чизе аз худ афзуда гуфтори ӯро қувват доданду сипас сухан боз ба сари мумониати сафари Ғазнин шоир баргашт.
‒ Ба ақидаи банда, ‒ гуфт Абубакри Исмоил, ‒ акнун агар шумо, устод, бо вуҷуди мумониати ҳоким ва маликушшуаро ба Ғазнӣ биравед, мабод ки навмеду ранҷур баргардед. Ба илова, султон ҳам акнун дар сафар будааст… «Шоҳнома»-ро бо ягон шахси муътамад ба доруссалтана фиристем магар?…
‒ Ман худ мебарам, ‒ гуфт Ҷавҳарӣ, ‒ бо дасти худам ба султон медиҳам. Барои ӯ қасидае иншо кардаам, мехоҳам ба хизматаш барам. Аз дараш намеравам, то маро бор надиҳад. Лоҷарам бор хоҳад дод. Мегӯям ба ӯ, чӣ китоби нестдарҷаҳонест китоби шумо. Маълум ки ҳасад, ғайбат, дасиса пе/125/шаи дарбориён аст, мавлоно, шумо ба дил малол нагиред, озурда нашавед.
‒ Банда «Шоҳнома»-ро барои султон дар муқаввои гаронбаҳои зарҳалкории муҷалло меандозам, мулавваҳ мекунам тавре ки ба нафисиву зебоӣ ҳеҷ китобе назири он набошад, ‒ ваъда дод саҳҳоф.
‒ Ташаккур, дӯстон, ‒ даст бар сина ниҳод Фирдавсӣ, ‒ миннат мепазирам. Аслан… Унсурӣ худ кист? Маддоҳи силамуштоқе беш нест. Тамоми умраш, донишаш, заковаташро фақат ба мадҳи шоҳ сарф кардаасту мекунад, дигар андешае надорад. Ман чун аз қалъаи ҳоким берун омадам, сари роҳ дар фикрам ин сатрҳо худ ба худ манзум шуданд, ‒ шоир аз ёд хонд:
Ба гӯш аз Сурӯшам басе муждахоҳ,
Дилам ганҷи гавҳар, забон аждаҳост,
Чӣ санҷад ба мизони ман Унсурӣ?
Гиё чун кашад пеши гулбун саре?
Ман на барои он сию панҷ сол ба «Шоҳнома» ранҷ бурдам, ки имрӯз ба ҷоҳили бедодгаре таслим ва ба дасисаи ҳасуде фирефта шавам. Меравам. Абу Дулаф! Бобак! Хабардор бошед, кай аз ин ҷо корвоне ба Ғазнӣ меравад. Корвонсолорро бубинед, ду шутур киро бикунед…