С. Улуғзода. Фирдавсӣ, қ. 1-3

Шоири ноком

Рӯзе аз рӯзҳо як марди ношинос Фирдавсиро суроғ карда ба Бож омад.

Хизматгори шоир ӯро ба ҳуҷраи даруни боғ бурд. Ношинос дуқат шуда салом кард:

‒ Вааллайкумассалом, ‒ Фирдавсӣ як лаҳза ба вай назар дӯхта, дар он марди қадпасти лоғарандом, бо ҷомаю дастори на он қадар покиза, рухсораи чӯкидаву риши паҳни жӯлида, ошнои мадрасагии бисту панҷ сол пеши худро базӯр шинохт: ‒ Найсонӣ? Магар шумо Ҳамдуллоҳи Найсонӣ нестед?

‒ Худам, устод.

Дуяшон аз нав вохӯрдии бағалкаш карданд.

‒ Шумо дар Тӯс? ‒ пурсид шоир. ‒ Хайр аст? Хеле дигаргун шудаед, ба зудӣ нашинохтам.

‒ Чӣ аҷаб, охир бисту як сол гузашт.

‒ Хайри мақдам, хуш омадед… баъд аз ин қадар солҳо…

Найсонӣ бо вуҷуди таоруфи мизбон ба нишастани пеш аз ӯ ҷуръат накард ва фақат баъд аз нишастани ӯ бо тавозуъ дар пойгаҳ зону зад, вале Фирдавсӣ ӯро хезонда дар паҳлуи худ нишонд.

‒ Аз Нишопур омадед? Кай?

‒ Ду моҳ шуд. Аз қазову қадар алъон сокини шаҳри шумоям. Ҳамаро нақл мекунам, устод… Овозаи устод, албатта, кайҳо ба гӯши банда ҳам расида буд, дар маҳфилҳои нишопуриён ҳам достонҳое аз «Шоҳнома»-ро, ки баъзе ашхоси хуштолеъ тавонистаанд ба даст оранд, мехонанд, аҳсану офарин ба шоири муаззам вирди забонҳост.

Фирдавсӣ ба ӯ менигаристу собиқаи дури ошноияш бо вай аз дидаи хаёлаш мегузашт. Дар мадрасаи Нишопур дуяшон муддате шарикдарс буданд. Сониян Абулқосим бо исрори падараш ба Тӯс баргашта, таҳсили илмро дар мадрасаи он ҷо идома дод. Ҳамдуллоҳ муллобачаи ғарибу бечорае буд, аз зод/60/гоҳаш шаҳри Сарахс ба Нишопур, пойтахти Хуросон, барои илмомӯзӣ омада буд. Бо фаррошии масҷиду мадраса ва хизмати даргоҳи мударрисону талабагони пуркиса ‒ писарони хонаводаҳои доро ризқи «бихӯру намур»-е меёфт. Аз талабагони пешқадам ба шумор мерафт, шеър мегуфт, гарчанде ки ашъораш ба фикри суханшиносон хом ва каммаънӣ мебаромаданд. Гоҳ-гоҳ аз Абулқосим ба вай кумаки моддӣ мерасид (падари Абулқосим мулкдор ва дар хизмати девони хироҷи Хуросон буда, ҳар моҳ ба писараш пул мефиристод). Ба Фирдавсӣ аз саргузашти бист соли охираш нақл кард, нақлаш шикоят аз толеи наҳс ва хиссати аҳли карам (хасисии тавонгарон ва соҳибмансабон) буд. Баъд аз хатми мадраса ягон шуғле, ки маоши зиндагиашро барорад, пайдо накард. Ба муллои камбағал касе илтифот намекунад, «дар ин замонаи шум фазлу камол беқадр шудааст». Дар мадҳи давлатмандон ва соҳибмансабон қасидаҳо мегӯяд, аммо аз пушти ин шуғл сару сомоне пайдо накард, зеро кам воқеъ мешавад, ки мамдуҳе* силаи** казоӣ диҳад. Атрофиёни каҷсалиқаи мамдуҳ ё ки бахилони бадсиришт шеъри шоирони ғарибро назди мамдуҳ хоки кӯча мекунанд.
___________________
* Мамдуҳ ‒ шахси мадҳ кардашуда.
** Сила (бар вазни гила) ‒ музд барои шеър; ҳаққи қалам.

Хизматгор дастархон овард. Нони гандуми хушбӯй, шири гарм ва асал ҷоғи меҳмонро тафсонд. Зоҳиран ӯ хеле гурусна буд, ки хӯрданиҳоро бо ғояти иштиҳо меошомид, ширро ҳурт мекашид ва пораҳои калони нонро ба асал ғӯтонда ва нима хоида фурӯ медоду гап мезад. Хеле суханвар ва пургӯй буд.

‒ Аз мадеҳа гуфтан маъюс шуда будам, лекин шунидам, ки ҳокими Тӯс мадеҳадӯст ва марди сахист, ба худ гуфтам «майдон фарох аст, боз гӯе бизан» ва ба номаш қасида навиштам. Аз Нишопур то Тӯс пиёда тайи мароҳилу манозил кардам то қасидаро ба ҳоким гузаронам, аммо дарбонҳо ҷомаи даридаву кафши кафидаамро диданду ба қалъа роҳам надоданд. Иттифоқо дар пойи қалъа ба марди шамшодқомати озодалибосе бархӯрдам, саломаш додам, пурсид «кистӣ?», гуфтам фалонӣ шоирам, аз Нишопур омадам, қасидае ба номи ҳоким дорам, мехоҳам ба вай гузаронам. Он мард аз мулозимони ҳоким будааст, гуфт ҳоким Бухоро рафт ва кай баргаштанашро худаш медонаду худо. Толеи шум ин бор ҳам коршикан омад, ахтари иқболи ман аз бурҷи наҳс берун нашуд ки нашуд; қасида дар остину хун дар ҷигар, сарам рӯйи шонаам афтод, нокому /61/ навмед мондам. Мулозим чун донист ки ғарибам, бекасу кӯям ба ҳоли ман раҳм овард, гуфт назди қозӣ бирав, ки ӯ дирӯз як мулозими айёши каҷкулоҳашро аз кор рондааст ва шояд туро ба ҷойи ӯ қабул кунад. Ба манзили қозӣ рафтам, аз бомдод то пешин дар интизори баромадани ӯ ба дараш нишастам оқибат ба намози пешин берун омад, зору гирён ба доманаш афтодам, офтоби пеши пояшро бӯсидам ва нолидам, ки ҳазрати шариатпаноҳро марди карим ва ғарибнавоз мегӯянд, ғарибам бечораам, бо умеде ба ин шаҳр омада будам, ноумед шудам агар ҳазратам ба ҳоли ман раҳм наёранд, ба хорӣ имрӯз ё фардо мемирам. Пурсид кистӣ, аз куҷо омадӣ ва чӣ мехоҳӣ худро ҳамон тавре ки будаму ҳастам, муаррифӣ кардам ва илтиҷо намудам, ки маро хизмате фармоянд, то қути лоямуте ҳосилам шавам. Суханам дароз шуд, маъзур дорад, устод. Алғараз ҳазрат бандаро ба мулозимати худ сарафроз гардониданд.

Аз даруни остини чиркини ҷомааш коғази лӯлапечеро баровард:

‒ Қасидае, ки арз кардам, ин аст, ‒ коғазро ба мизбон дароз кард.

Фирдавсӣ лӯларо яла кард ‒ коғаз қариб ним қулоч ва саросар аз хати уреб пур буд. Ба сатрҳо хомӯшона чашм давонд. Найсонӣ бо ҳаяҷони ботинӣ ба ӯ назар дӯхта, дар чеҳраи ӯ фикрашро дар бораи қасида хонданӣ мешуд.

Хизматгор дар табақи сафолин палав овард; Фирдавсӣ аз рӯйи одаташ хизматгорро ҳам сари таом нишонд. Ҳар сеяшон халтапалави бо гӯшти мурғ ва дорувор пухташударо тановул карданд. Дастархон ғундошта шуда буд, ки Фирдавсӣ боз қасидаи Найсониро ба даст гирифт. Бе овоз хондаравон гоҳ сари тасдиқ меҷунбониду аксаран сари инкор; маълум буд, ки дар манзума чизеро меписандад ва бештари онро намеписандад. Қасида тақлидӣ ва суст буд. Онро то охир хонду ба соҳибаш гардонд. Тааммул кард.

‒ Магар нуқсоне ба назар расид? ‒ пурсид Найсонӣ.

‒ Ба хотирам гузашт ки фаразан қасидаатон ба ҳоким расид ва ӯ хонд. Ва фаразан аз шумо пурсад, ки ту маро нахустин бор мебинӣ, пештар боре мусоҳиби ман нашудаӣ, корафтода нашудаӣ, аз куҷо медонӣ, ки ман мазҳари хирад ва кони ҳикматам, ё ба фазл муваффақ ва ба илм ягонаам, ё ба адл бузурги даврон ва ба қувват Рустами замонам? Шумо чӣ ҷавоб медиҳед? /62/

‒ Гумон намекунам, ки вай чандон ақл дошта бошад, ки чунин суоле диҳад, ‒ хандид Найсонӣ.

‒ Фарз кардем, баногоҳ ақлаш расиду пурсид.

‒ Мегӯям, муддао ин ки ба ман чизе диҳӣ, аз он пас ту хоҳ соҳиби ин фазилатҳо бошӣ ва хоҳ набошӣ, ман коре надорам.

Найсонӣ инро гуфта боз баланд хандид. Фирдавсӣ нахандид. Гӯянда аз ханда бозистода буд, ки шоир ин суханҳо бар забон ронд:

‒ Хуб мешуд, ки шумо қасидасароиро ба шуарои дарборӣ мегузоштеду худ ашъори ирфонӣ ё ки ғазал машқ мекардед. ‒ Сукут карду афзуд: ‒ Медонам, шоиронро тангдастӣ ба мадеҳа гуфтан вомедорад, вале барои маоши зиндагӣ оё мумкин набуд ки шуғлеву касбе дигар пеш гиред?

‒ Касбе ҷуз шоирӣ надорам, чӣ кунам? Замин надорам ки кишоварзӣ кунам, қувват надорам, ки ба дари деҳқоне биравам барзгараш шавам; касб омӯхтанам дер шудааст. Аз шуғлҳои диния метавонистам имоматӣ кунам, вале куҷост масҷиде, ки имоматии онро ба мани бесомон бидиҳанд? Ҳусни хат надорам, ки шуғли китобат пеш гирам ё ки ба девони иншои ҳокиме ниёз барам…

‒ Дар шаҳр ҷойи истиқомат ҳам ёфтед? Қозӣ дар ваҷҳи маоши зиндагиатон чизе фармуданд ё на?

‒ Фармуданд ҳар гоҳ ки дузде, қотиле, зиногареро ба маҳкама овардӣ, аз муддаиён хизматона мегирӣ, ‒ бо табассуми дардомезе гуфт Найсонӣ. ‒ Ҳоло ҷойи истиқоматам даҳлези қозихона аст, дигар… «дарвеш ҳар куҷо ки шаб ояд, сарои ӯст».

Вай дар чеҳраи мизбонаш осори хастагӣ мушоҳида намуда, дигар давом додани гуфтугӯро раво надид ва бархоста бо вай хайрбод карду рафт.

‒ Ғайб назанед, боз биёед, суҳбат боқист, ‒ аз паси ӯ гуфт Фирдавсӣ.

‒ Албатта, меоям, ‒ ваъда дод Найсонӣ.

Абулқосим ӯро гуселонда дар боғ як дам гардиш кард. Хост ҳавои тоза гирифта хастагиашро барорад. Ҳикояти меҳмонашро бодиққат шунида бошад ҳам, аз тулу тафсили он хаста шуда буд. Лекин гардиш мекарду хаёлаш боз ба саргузашти аламнок ва қисмати талхи Найсонӣ мерафт. Дар воқеъ мадеҳа гуфтани Найсонӣ ва амсоли вай шоирони дигар аз ночорист, ‒ мегуфт ӯ дар дилаш. ‒ Муҳтоҷанд, бенавоянд… Хуб мешуд, ки ӯро тавре дастгирӣ кунам…

Шоир ба ҳуҷра баргашта сари коғазу қалам нишаст. /63/

Аз он баъд Найсонӣ боз зуд-зуд назди Фирдавсӣ меомад. Дуяшон шоҳмотбозӣ мекарданд. Найсонӣ дар вақтҳои талабаи мадраса буданаш ҳам шоҳмотбози ҳарисе буд. Абулқосим ба вай унс гирифт. Гӯё ки дубора рафоқати айёми ҷавонии ҳар ду барқарор гашт.

Боре шоир аз Найсонӣ пурсид:

‒ Фикри издивоҷ кардан надоред?

‒ Ин фикрро сӣ сол боз дорам, ‒ хандид Найсонӣ, ‒ аммо куҷост зане ки ба мани бесомон бирасад, ва агар расад ҳам, ман ӯро куҷо менишонам ва ба чӣ мепоям?

‒ Агар бароятон беваеро пайдо бикунем ва кулбае ҳам биёбему дуятонро биншонем, розӣ мешавед?

‒ Розӣ мешудам, вале рост бигӯям, метарсам: мабод ки дучори хархашаву дарди сари тозае бишавам.

‒ Албатта, зандориву кадхудоӣ бе ин намешавад, вале мумкин аст роҳаташ, саодаташ аз хархашаву дарди сараш бештар барояд.

‒ Ва мумкин аст бар акс ҳам шавад.

‒ Модом ки издивоҷи марду зан фарз аст, дар ин амр такя ба таваккал бояд кард.

‒ Дуруст, вале амр аввал бояд ки имкони воқеъ шуданаш бошад, то кас бо таваккал бар он иқдом бикунад.

Дар ин мавзуъ бо Найсонӣ сухан ба миён овардани Фирдавсӣ беваҷҳ набуд: аз ҳамон рӯзи мулоқоти нахуст бо Найсонӣ дар сари шоир чунин хаёле пайдо шуда буд, ки агар хизматгорзанаки хонаводааш Равшан бо Найсонӣ издивоҷ кунад, чӣ шавад? Ҷавонзан ду сол боз бева аст, ба вай шавҳар, ба сағираҳояш мураббии мардина даркор аст, агарчи паяндар ҳам бошад. Марде ки то чилуҳаштсолагӣ хонадор нашуда ва дар орзуи оила умр ба сар бурдааст, албатта, бояд шавҳари ғамхору меҳрубоне бишавад. Ӯ дар хонаи Равшан зиндагӣ ва ӯро ба кӯдаконаш саровонӣ хоҳад кард.

Абулқосим дар ин бора дар хона бо ҳамсараш маслиҳат кард ва фармуд, ки ӯ раъйи Равшанро бифаҳмад.

Равшан занаки бекасе буд, хешу табор надошт, дар хонаи яке аз дӯстони падараш ятима калон шуда буд. Панҷ фарзанд ёфта буд, се нафари онҳо дар хурдсолӣ мурданд, модари беваи муштипар ду бачаи хурдсолашро бо хизмати хонаводаҳои касон дар машаққат парварид, сониян ба даргоҳи Фирдавсӣ омад. Занаки меҳнатӣ, бодаступой, ҳам озода, камгап, боҳаё ва ҳалимае буд. Фотимабону аз хизматаш розӣ, ба вай ва ҳам ба кӯдаконаш меҳрубон буд, дӯсташ медошт, аз вай ҷудо шудан /64/ намехост, вале агар имкони шавҳар карданаш пайдо мешуд, на фақат мамониат карданӣ набуд, балки ҳозир буд ӯро ҳамчун духтар ё хоҳари худаш ба шавҳар барорад.

Фотимабону пеши ӯ Найсониро аз қавли шавҳараш ба хубӣ васф карда, ба издивоҷи бо ӯ раъяшро пурсид.

‒ То шумо маро наронед, ман аз хонаатон, аз хизмататон рафтан намехоҳам, ‒ гуфт Равшан, ‒ ман ба даргоҳи шумо омада ба ҷойи модарам модар, ба ҷойи падарам падар ёфтам, меҳрубонии шумо занги хориву кулфатҳои кашидаамро аз дилам зудуд. Ман он мардро намешиносам: кӣ медонад, бо вай аҳволи ману бачаҳоям чӣ гуна мешуда бошад.

‒ Хоҷа ӯро ба хубиаш мешиносанд, ‒ гуфт Фотима. ‒ Худ шоир ҳам будааст, шоирон нармдил, ширинсухан мешаванд. … Ихтиёр ба худат, боз фикр кун. Ман туро на фақат намеронам, балки агар тақдират бошаду шавҳар кунӣ ҳам, умедворам ки хонаи моро тарк накуниву омада хизмат карда гаштан гирӣ.

‒ То худатон маро наронед, ‒ такрор кард Равшан, ‒ ман хоҳ шавҳар равам ва хоҳ наравам, дар хизмати шумо мемонам. ‒ Оби дида карду афзуд: ‒ Хоҷа ва шумо ягона муттако, ягона сарвару сарпаноҳи ман ва бачаҳоям ҳастед, агар барои ман ҳаминро лозим ва муносиб медида бошед… ман чӣ ҳам мегуфтам?.. Тақдирам ба дасти шумост…

Чун Найсонӣ дафъаи дигар назди Фирдавсӣ омад, шоир ӯро як ҷомаи нави алоча, як дастор ва панҷоҳ дирам пул дода гуфт, ки ҷумъаи оянда ба никоҳ тайёр шавад.

Рӯзи ҷумъа имоми масҷиди Бож дар хонаи Равшан ӯро бо гувоҳии Фирдавсӣ ва яке аз ҳамсояҳо ба Найсонӣ никоҳ кард. Арусро Фотимабону аз бисоти худ сарулибоси лозима пӯшонда буд. Домод ғайр аз панҷоҳ дираме, ки Фирдавсӣ ба вай инъом кард, худ ҳамин миқдор пасандоз ҳам дошта ва қозии Тобирон ба муносибати издивоҷи мулозимаш якбора ба ҳиммат омада аз кисаи худ чиҳил дирам ба пасандози вай афзуда будааст. Аз ҳамин дастмояи домод зиёфатчаи ҷашни арусӣ барои панҷ-шаш нафар меҳмон тартиб дода шуд.

Найсонӣ рӯзҳо ба шаҳр ба мулозимати қозӣ мерафту бегоҳрӯзӣ ба оилааш бармегашт. Баъзе шабҳо дар ҳуҷраи Фирдавсӣ дуяшон шоҳмот мебохтанд. Найсонӣ қасидагӯйиро тарк карда буд, барои ин шуғл на вақт меёфт ва на ҳавсалае дошт.

Ба марди оиладоршуда мулозимати қозӣ маъқул набуд, вай аз он хизматаш торафт дилгир мешуд. Ба Фирдавсӣ мегуфт, ки агар шуғли дигаре ёбад, девонхонаи қозиро тарк мекунад. /65/

Шуғли дигар дар аввали тирамоҳ ёфт шуд. Дар Бож фақат якто мактаби писарбачагон буд, ки ҳамаи бачагони толиби мактабхониро фаро намегирифт, муаллими дуввум набуд, даҳ-дувоздаҳ нафар бача ба Шодоб рафта дар пеши муаллим (ба лафзи тоҷикии мо домулло)-и он ҷо сабақ мехонданд. Фирдавсӣ ба Найсонӣ таклиф кард, ки дар пеши масҷиди маҳалла мактаб кушода ба таълими шогирдон машғул шавад. Ин таклиф ба Найсонӣ маъқул афтод. Вай бачаҳои маҳалларо ғун карда фаррошхонаи назди масҷидро рӯбучин кунонд, ба фарши он пахолу бурё андозонд, пораи намадеро ҳам дар пешгаҳи хона густурда, худ бар он нишасту омӯзгорӣ оғоз кард. Шогирдонаш як бист нафар, иддае навомӯз, дигарон муддате дар мактаби Шодоб таълим гирифта нимкора саводе бароварда буданд; баъзеашон қуръон ва бархе китобҳои дарсии форсӣ мехонданд.

Аз рӯйи таомул, падару модарони шогирдон дар рӯзи муайяни ҳафта ба домулло дастархон ё бахшише мефиристоданд. Ғайра аз ин ба муносибати ҷашнҳо ва маросимҳо низ ба вай бахшишу туҳфаҳо мерасиданд. Як қисми ризқу рӯзии муаллим аз ҳамин дастархону бахшишҳо мебаромад. Ба илова Равшан низ ҳар бегоҳ аз ошхонаи Фотимабону хӯроке меовард. Найсонӣ дар вақтҳои фориғ аз муаллимӣ ва аз дигар ташвишҳои рӯзгораш дар корҳои боғу роғи Фирдавсӣ ширкат мекард. Ба ҳамин равиш акнун зиндагии ӯ сару сомоне ёфта буд.

Хонандаи рисолаи мамнуъ

Ташриф овардани ҳоким ба хонаи Фирдавсӣ ба зудӣ дар деҳа овоза шуд. Дар хонаҳо, давраҳо гапи ҳамин воқеа буд. Деҳқонони калон ‒ ашхоси тавонгар ва мағрури аслу насаб аз шоир ҳасад мебурданд, ки ба чунин илтифоти хосе аз ҷониби ҳокими вилоят мушарраф шудааст; дар вохӯриҳо ӯро табрик мегуфтанд; баъзе аз онҳо, ки пештар ба Абулқосими камбизоат бо назари такаббур менигаристанд, акнун бо лаҳни хушомадомез аз вай хоҳиш мекарданд, ки онҳоро ғоибона бошад ҳам ба ҳоким муаррифӣ намояд ё ки дар бораашон назди ӯ сухани хуше бигӯяд. Мардумони фақир бошанд аз «ошнои ҳоким» гардидани ҳамдеҳаашон хушнуд шуда умед мекарданд, ки акнун ҳар гоҳ агар аз ваҷҳе ба ҳоким арзу дод баранд, шоир назди ӯ барояшон додхоҳӣ ва хоҳишгарӣ хоҳад кард.

«Ошнои ҳоким» будани Фирдавсиро шунида, зани Аббоси маҳбус бо ду кӯдакаш аз Шодоб ба Бож шитофт. Шоир барои /66/ сайру гардиши одатии худ ба соҳили рӯд рафта буд, занаки пойлуч ва жӯлидамӯ бо кӯдакони гуруснааш ба пойи Фотимабону ғалтида оҳу нола оғоз кард:

‒ Қурбони шумо бишам, бонуи азиз, ба ҳазрат бигӯед, ба мани муштипар, ба ин кӯдакони бепаноҳ раҳм кунанду ба доди мо бирасанд. Ҳоли мо шӯрбахтонро ба ҳоким арза бикунанду аз ӯ озодии падари бегуноҳи инҳоро бихоҳанд. Мардаки бечора бо туҳмати охунди худобехабар инак як солу се моҳ мешавад, ки дар зиндон аст.

Фотимабону кӯшиш кард ӯро тасаллӣ диҳад, Равшан барои ӯ ва кӯдаконаш хӯрок овард ва худаш ҳам нишаста бо ҳамроҳии занак гирист. Вай ки аз шӯйи ҷавонмаргшудааш ҳанӯз доғ дар дил дошт, худро бо зани Аббос ҳамдард ҳис кард. Бону ба занак ваъда дод, ки Фирдавсиро ба хоҳишгарии назди ҳоким дар ҳаққи шӯйи ӯ розӣ хоҳад кард.

Фирдавсӣ омадани зани Аббоси маҳбус ва хоҳиши ӯро аз забони Фотима шунида мутаассир шуд. Ҳабси Аббоси бофанда ва сабабгори он, сабабгори бадбахтии аёлу фарзандони ӯ ба шоир маълум буд.

‒ Туро ба худо, Ҳушангҷон, ба занак ва кӯдакони гирёнаш дилам сӯхт, ту дер макун, ҳарчи зудтар ҳокимро бубин, хоҳишгарӣ бикун, ‒ шӯяшро ташвиқ кард Фотима.

‒ Албатта, ‒ қабул кард Фирдавсӣ.

Дар субҳдами рӯзи сеюм Фирдавсӣ дар дорулҳукумаи Тӯс ҳозир шуда намози бомдодро дар масҷиди он ҷо гузорд ва бо ҳамроҳии мансабдороне, ки одатан баъд аз намоз ба саломи ҳоким мерафтанд, вориди боргоҳи Ҳусайни Қутайб гардид. Дар поёни маросими салом ӯро худи Қутайб нигоҳ дошт:

‒ Устод, албатта, бо муҳимме ташриф овардаанд? ‒ пурсид ӯ. ‒ Марҳамат, биншинед.

Фирдавсӣ нишаста:

‒ Бандаро кори як нафар бечораи бегуноҳ, ки бо туҳмати қарматигӣ ҳабс шудааст, ба ҳузури ҷаноби олӣ кашонд, ‒ гӯён сухан оғоз кард ва ин воқеаро ҳамон тавре ки шунида буд, инчунин ҳоли табоҳ ва хории аёлу кӯдакони Аббос валади Алиакбари карбосбофи шодобиро арз дошт ва хоҳиш намуд, ки агар Аббос дар воқеъ ҳам гуноҳе дошта бошад, ҳоким ба карами худ гуноҳи ӯро афв фармуда аз ҳабс озодаш бикунад.

Волӣ аз кӣ будани нависандагони Ихвонуссафо, ки бофандаро ба хондани рисолаи эшон гунаҳгор кардаанд, пурсон шуд.

‒ Бояд тоифае аз уламо ва фузало бошанд, ‒ гуфт шоир, ‒ вале маълум нест киҳоянд: эшон номҳошонро пинҳон медоранд; /67/ боиси пинҳон доштанашон шояд аз андешаи он бошад, ки зотҳое монанди охунди шодобӣ дар ҳама ҷо ҳастанд ва дар таъқибу саркӯбии ҳар касе, ки ба ақидаи онон қарматӣ, ё исмоилӣ, муътазилӣ, фалсафӣ мебошад, ҳеҷ кӯтоҳӣ намекунанд. Баъзе рисолаҳои ихвониёнро банда ҳам хондаам, дар он рисолаҳо аз ҳар гуна дониш, аз ҳикмати Афлотуну Арастотолис баҳс меравад. Мегӯянд, дар дигар рисолаҳои эшон аз касбу ҳунарҳои дастӣ низ сухан ронда мешавад ва ҳамин шояд ҷолиби таваҷҷуҳи Аббоси бофанда шуда бошад, вагарна бофандаи омии камсавод куҷову ҳикмати Юнон куҷо. Ҳам гумон намекунам, ки ӯ ба фаҳми қарматияву фалсафаи он мерасида бошад. Банда бояд инро ҳам арз кунам, ки калону хурди аҳолии Шодоб ҳама ба диёнату покии ахлоқи Аббос гувоҳӣ медиҳанд.

‒ Хуб, мо арзи шуморо шунидем, устод, кори он бофандаро тафаҳҳус* мекунем, ‒ ваъда дод ҳоким.
___________________
* Тафаҳҳус ‒ тафтиш.

Пас аз ду рӯз вай Фирдавсиро ба ҳузураш хонда гуфт:

‒ Бофандаро аз зиндон оваронда пурсиш кардем. Рисоларо ба вай як нафар ошнои ҳамкасабааш барои якчанд рӯз амонат дода будааст. Аслан сабаби қайду ҳабси он бечора ин будааст, ки вай бо вуҷуди таҳдиду шиканҷа кӣ будани ошнои рисоладодааш ва номи ӯро нагуфтааст. Агар мегуфт, он ошнояш ҳам, албатта, гирифтор мегардид. Мо Аббосро имрӯз раҳо кардем. Аммо, устоди азиз, ба шарофати хоҳишгарии шумо, ки дар ҳаққи Аббос кардед, боз нуҳ нафар бандӣ аз зиндон озод шуданд: мо тафаҳҳус кардем, эшон ё бегуноҳ ё ки гуноҳашон андак будааст, ҳамаро бахшидем.

Фирдавсӣ бо хушнудӣ ва мамнуният сипосгузорӣ кард:

‒ Худоё, чӣ хабари хуше мешунавам! Ҷаноби олӣ, бандаро раҳини миннати худ кардед. Агар подоши ин накукорӣ, ин лутфу марҳамати шумо аз банда ва аз он озодшудагон нагардад, аз худованд мегардад, ‒ инро гуфта бархост ва бо таъзими эҳтиромӣ боргоҳи ҳокимро тарк кард.

Ба Бож баргашта аз дари ҳавлиаш бо овози баланд:

‒ Фотимаҷон! Шодиёна бидеҳ! ‒ гӯёи ворид шуд. ‒ Ҳоким хоҳиши маро пазируфта, Аббос ва боз нуҳ бандии дигарро аз зиндон озод кардааст. Зиҳӣ додгарӣ, зиҳӣ адолат!..

Баъд аз ду рӯз Аббос бо зану кӯдаконаш пагоҳӣ ба Бож омаданд, то ки ба Фирдавсӣ шукру сипос гӯянд. Абдуллоҳ онҳоро дар суфаи ҳавлии берун нишонд, Фирдавсӣ аз ҳавлии дарун баромад. Бо дидани бофанда андуҳе ба чеҳраи шоир соя андохт: мардаки миёнсол, ки Фирдавсӣ ӯро аз он пеш на як /68/ бору ду бор дида буд, ҳоло пири шастсоларо мемонд, ӯ хеле лоғар ва ришаш сафеди зардгуна шуда, рӯйи зарди бехунашро тӯри оҷинг пахш карда, зери чашмони фурӯрафтааш варами балғамиранг бароварда буд. Ҳатто ранги чашмонаш ҳам парида буд, ки чӣ ранг доштани онҳоро муайян кардан душвор буд. Дар пояш чоруқи куҳнаи ямоқин дошт. Бечораро зиндон ба чӣ ҳоли табоҳе овардааст! Аббос пеши пойи Фирдавсӣ афтода, домани абои ӯро бӯсида ба чашмонаш мемолид. Шоир ӯро «бархез, бархез, хуб нест!» гӯён аз китфаш гирифта ба по рост кард.

‒ Қурбони шумо… қурбони шумо бишам, хоҷаи бузургвор, ‒ бо овози ҳазини гиряолуд изҳори миннатдорӣ мекард мардак, ‒ халосам кардед, умри дубораам бахшидед. Бақияи умрамро то дами охирин сарфи хизмати шумо кунам ҳам, боз шукри ин некиатонро баҷо наёвардаам…

Зани Аббос дар канортар истода буду мегирист ва ба кӯдаконаш ‒ писараки чорсола ва духтарбачаи сесола мегуфт:

‒ Бобоҷони азизро салом кунед, бигӯед қурбони некиатон, қурбони рӯйи муборакатон бишем, бобоҷони бузургвор, шумо моро аз ятимӣ наҷот додед, падарамонро бари мо овардед, илоҳо боз солиёни бисёр ба тандурустиву саломат зиёду хушбахтии фарзандонатон ва набераву абераҳотонро бубинед.

Бачаҳо сӯйи шоир пеш омаданд, вай аз пешонии онҳо бӯсид ва ба ҳар се гуфт:

‒ Ба андарун биравед, бонуро ҳам ба шодии худатон шод бикунед.

Занак бо бачаҳояш ба ҳавлии дарун равон шуд.

Фирдавсӣ Аббосро дар суфа рӯбарӯйи худ нишонда бо вай пурсупос кард. Он чӣ бофанда аз воқеаи рисолаи Ихвонуссафо ва рафтори Абдуннабии охунд нақл кард, шоирро ба ҳайрат афканд.

‒ Банда кӯрсавод ки ҳастам, ‒ гуфт Аббос, ‒ рисоларо ҳиҷҷакунон ба душворӣ хондам, касбу ҳунарҳоро навиштаанд, маънии баъзе навиштаҳоро нафаҳмидам, пеши охунд бурдам, нишон додам, хоҳиш кардам: «Ҷаноби охунд, агар малол наёяд, ба ман бифаҳмонед, ин ҷо чӣ навиштаанду маънояш чист». Охунд рисоларо диданду шуруъ карданд маро сарзаниш кардану дашном додан: «Ту, бадбахт, дар хуфия китобҳои куфру бидъат мехонӣ? Динат, имонатро фурӯхтӣ? Бигӯ, ин рисоларо ба ту кӣ дод?». Ман тарсидам, қариб буд номи ошноямро, ки рисола аз ӯ ба ман амонат расида буд, бигӯям, вале нагуфтам, андешидам, ки мабод ӯро ҳам гунаҳгор кунанд. Баъдан ҷаноби охунд аз банда ба ҳазрати шайх ва ба ҳоким хабар бурдаанд, ки фалонӣ қарматии сиррӣ аст…

Шоир бо он ки медонист охунд чӣ гуна шахсест, аз вай то ба ин дараҷа мунофиқиро чашм надошт.

Итмоми «Шоҳнома»

Дар сояи ҳимояти Ҳусайни Қутайб, осуда аз ғами ризқу рӯзӣ ва қариб фориғ аз ташвишҳои зиндагӣ, шоир тамоман ғарқаи назми «Шоҳнома» гардид. Аз ҳуҷраи худ фақат барои намоз мебаромад ва шаб аз нисфи шаб то салои намози бомдод ягон чаҳор соат мехобиду бас. Бо як нишастан ҳафт-ҳашт соат аз сари кор барнамехост. Рӯз дар миён як бор ба соҳили Кашафрӯд фуромада соате гардиш мекард. Насими серуни рӯд ба асабҳои хасташудаи ӯ оромӣ мебахшиданд. Пирии бераҳм ба тани вай панҷа меёзонд, шоир аз наздик расидани нотавонии пиронсолӣ дар ҳарос ва ба вафои умр эман не, ба итмоми китоби бузурги худ шитоб мекард. Сол ба сол костани нури чашмонаш ва шунавоии гӯшаш низ ӯро ба хавотир меандохт. Барои ҳифзи биниши чашм вай қиссаҳои «Шоҳнома»-и мансурро торафт бештар ба ҳамсараш мехононд.

Ба ҳамин тарз вай пас аз ҳаждаҳ соли меҳнати муттасил дар октябри соли 994 нусхаи (варианти) аввалини «Шоҳнома»-ро ба охир расонд. Октябр ба моҳи форсии исфандармад рост меомад ва нигориши китоб дар рӯзи бисту панҷуми ҳамин моҳ поён ёфт, ки он рӯз муборак ва рӯзи толеи нек ҳисоб меёфт, бинобар ин шоир ва аҳли хонаводаи ӯ ба итмоми «Шоҳнома» дар ин рӯз шодӣ карданд. Фотимабону ба шодиёна сад дирам пул ба беваю бечорагон ва ятимон бахшиш кард ва ба баъзе аз онҳо сарулибос дод.

Дӯстон ва мухлисони шоир хабари хушро шунида бо ҳадяву туҳфаҳо ба муборакбодаш меомаданд. Се рӯз пайдарҳам дар боғи ӯ маҷлисҳои зиёфат баргузор мешуданд.

Фирдавсӣ шод буд, аммо бинандаи зирак метавонист пай барад, ки шодии ӯ андешаолуд, андуҳомез аст. Ва ин кайфияти шоир сабабҳои ҷиддӣ дошт. Чанде пеш сипаҳсолори нави Хуросон Маҳмуд ибни Сабуктегин ҳомии шоир Ҳусайни Қутайбро бо гуноҳи ёрӣ надодан дар ҷанги зидди Абуалӣ Симҷӯрии осӣ аз ҳукумати Тӯс маъзул ва ҳабс карда ба зиндон андохт. Ба ҷойи ӯ Арслон Ҷозиб номе аз лашкариёни Маҳмуд ҳокими /70/ Тӯс таъйин карда шуд. Ин ҳоким хироҷро зиёд кард. Хироҷи Фирдавсӣ ҳам, ки Қутайб шоирро аз он озод намуда буд, аз нав барқарор ва як қисми хироҷҳои пештараи напардохтааш аз вай бозхост карда шуд. Шоири пирсол, ки «ба наздики сар теғи шаст»-аш омада ва акнун умр анқариб ба дасташ «ба ҷойи инон асо» доданӣ буд, бечорагию бенавоӣ дарашро мекӯфт.

Аз мобайн ду сол гузашт.

Фирдавсӣ баъд аз адои хироҷҳо тиҳидаст монд. Гӯё бар қасд зимистон ҳам он сол сахт омад, ҳол он ки шоир барои зимистон аз ваҷҳи озуқа захираи казоӣ фароҳам оварда натавониста буд. «Намондам намаксуду* ҳезум, на ҷав, ‒ на чизе падид аст то ҷавдарав» ‒ бо аламу яъс шиква мекунад шоир дар «Шоҳнома» он ҷо, ки аз вазъи рӯзгораш сухан меронад.
___________________
* Намаксуд ‒ гӯшт ё дигар озуқаи эҳтиётии намакзадашуда.

Ба ин ғами ӯ баъзе носозиҳои хонаводагӣ низ зам мешуд. Монанди ҳар падари дигар Фирдавсӣ ҳам орзу дошт, ки дар пириаш писари ягонаи ӯ такягоҳаш мешавад, аммо аз бахти бад Ҳушанг ҳатто баъди зандор шудану фарзанд ёфтанаш ҳам айёшиву ҳарзагардии худро тарк накард. Ба шуғли мулкдорӣ, ба корубори рӯзгор на майле дошт ва на лаёқате. Ба болои ин вай мудом аз падараш шикоят мекард, ки умри худро сарфи қиссанависӣ карда, ҳама кори дигарро як сӯ гузошт ва оқибат ҳоли хонаводаро ба табоҳӣ овард; ба падар таънаҳо мезад, ки чаро ту ба ҷойи қиссапардозии бесуд қасидаҳо ба номи ҳокимон нагуфтиву намегӯйӣ ва аз онҳо монанди фалону фалон шоирони қасидагӯй бахшишу атоҳо намегирӣ, ки агар чунин мекардӣ, имрӯз мо шояд ба нозу неъмат мезистем. Ин таънаҳои фарзанди носипос бар дили хастаи падар захмҳои дарднок мезад. Аламнок аст, вақте ки фарзандон аз мақсуду омоли волидайн бегонаанд ва онро намефаҳманд. Шоир дилтангу малул дар ҳуҷраи даруни боғаш худро ҳабси ихтиёрӣ намуда, ҳафтаҳо аз он берун намеомад ва намозашро ҳам дар ҳамон ҳуҷра мехонд. Дар хона ғамгусораш танҳо Фотимабону буд, ки кӯшиш мекард ӯро тасаллӣ диҳад, вай шавҳарашро аз дер ё зуд дигаргун шудани аҳволи ғамангез ва фаро расидани рӯзҳои хуш умедвор месохт. Манижа қариб ҳар рӯз аз мактаби духтарона баргашта назди падараш медаромад ва сабақҳои навашро ё шеърҳои аз модар ёдгирифтаашро мехонду бо чақ-чақи худ як қадар дили ғамзадаи падарро хуш мекард. Гоҳ-гоҳ Ҳамдуллоҳи Найсонӣ ё Абусолеҳи меҳтар омада бо шоир шоҳмот мебохтанд. Бофандаи шодобӣ Аббос ҳам ба назди Фирдавсӣ омаду/71/рафт дошт, вай сипосу миннатдории худро аз Фирдавсӣ, ки ӯро аз зиндон озод кунонда буд, бо ҳамин изҳор мекард, ки ҳафта як бор‒ду бор ба Бож омада аз шоир толиби хизмат мешуд ва ҳар хизматеро ки вай аз ваҷҳи обу ҳезум ё корҳои боғу роғ лозим донаду фармояд, ба ҷо меовард.

Достонҳои ҷудогонаи «Шоҳнома» тавассути нусхабардориҳо паҳн шуда буданд, онҳоро дар маҳфилҳои фозилону давраҳои қиссадӯстони Тӯс ва шаҳрҳои дигар бо шавқу ҳавас мехонданд, аммо касе намепурсид, ки офаридгори он достонҳо ба чӣ ҳол аст. Насиби шоир аз достонҳояш таҳсину офарин буду бас, дигар ҳеҷ. Оре, ба таҳсину офарин ҳеҷ кас хасисӣ намекунад. Дар сурате ки хушнависон бо нусхабардорӣ ва фурӯши баъзе достонҳои шоир музде меёфтанд, шоири асилзодаи ҳимматбаланд то вақтҳои охир аз «чаканафурӯшӣ»-и асараш ор кард, агар аз ҷое музд таклиф шавад ҳам қабул наменамуд. Фақат акнун аз фишори муҳтоҷӣ, агар харидоре пайдо мешуд, ӯ ба «фурӯхтан»-и китобаш розӣ буд. Вале куҷост чунин харидор?

Аммо шоирро аз ҳар чӣ бештар тақдири ояндаи «Шоҳнома»-аш парешонхотир месохт. Дар мамлакат талотӯб, ҳараҷу мараҷ: туркони қарахонӣ, Сомониён, Ғазнавиён дар ҷангу ҷалол; ҳар гуна саркашон, толибони ҳокимият теғкаши сари ҳамдигар; дар гӯшаю канорҳо дастаҳои ғоратгарон ба такопӯ. Онҳо дам ба дам ба Тӯс ҳам дасти ғорату куштор меёзанд. Ҷону моли ҳеҷ кас дар амон нест. Мумкин аст дар як соати машъум аз шарри онҳо ба шоир фалокате расаду «Шоҳнома» ҳам дастбурди ҳаводис гардад, ё ки агар нохост худаш бимирад, ‒ охир аҷал доим бар сари чун ӯ пири нотавон қоим аст, ‒ он гоҳ китоби вай, самараи ранҷи бисёрсолаи вай чӣ мешавад?

Замона ва анъана чунин буд, ки китобе агар ба номи амире, шоҳе нигошта ё ба вай бахшида нашаваду аз тарафи вай тақдир наёбад, эътибор пайдо намекард ва аксаран пора-пора дар дасти ҳар кас парешон монда ва ҳатто фаромӯш мегардид. Фирдавсӣ метарсид, ки мабодо чунин қисмати бадфарҷом насиби китоби бузурги вай ҳам шавад. Ба куҷо ва ба кӣ бояд паноҳ бурд? Китобро чӣ гуна аз дасти ҳаводис наҷот дод?

Дӯстон, хусусан Муҳаммади Лашкарӣ ба шоир маслиҳат медоданд, ки ба Шероз, ё Рай, ё Ироқ бираваду ба яке аз ҳукмдорони Бувайҳӣ паноҳад. Дар қаламрави бувайҳиён нисбатан осудагист, агарчи назар ба хабарҳои расида ин вақтҳо амир Баҳоуддавла бо бародари ёғиаш машғули ҷанг будааст. Бувайҳиёнро илмдӯст ва шоирпарвар мегӯянд, чунончи маълум /72/ аст ки як вақт амир ба шоири араб Мутанаббӣ атои шигифтоваре бахшидааст, ки ҳаргиз ҳеҷ шоире аз ҳеҷ амире он миқдор ато нагирифтааст. Ё боз Абуфараҷи олими исфаҳонӣ ‒ вай барои китобе, ки дар бораи шоирони қадими араб навишта буд, аз амир ҳамвазни китобаш тилло гирифтааст. Дар байни тӯсиён дар бораи Муҳаммад ибни Исмоили Аскофӣ ном ноиби амири бувайҳӣ дар Бағдод гуфтугӯҳо буд ‒ вай гӯё на фақат соҳибмақоми муқтадир ва хеле тавонгар, балки шеърдӯст ва шоирпарвар ҳам будааст. Дӯстони Фирдавсӣ бо паноҳи ҳамин Аскофӣ рафтани ӯро низ маслиҳат медоданд. Вале бе даъват ба даргоҳи ҳокиме рафтанро иззати нафси шоир қабул намекард.

Даъват

Баногоҳ, тамоман аз ғайри чашмдошт, чунин даъвате ба шоир аз ҷониби худи Аскофӣ расид.

Яке аз мударрисони мадрасаи «Исфароина»-и Тӯс, ки ошнои Фирдавсӣ буд, ба ҳаҷ рафта, вақти бозгашт дар Бағдод бо Аскофӣ мулоқот карда ва ӯ аз ҳоҷӣ дар бораи Фирдавсӣ пурсон шудааст, ҳоҷии мударрис ба вай итмоми «Шоҳнома» ва ҳанӯз пайдо нашудани харидоре ба он ва аҳволи танги шоирро маълум мекунад, ноиб мегӯяд, ки хуб мешуд агар Фирдавсӣ як ба Бағдод меомаду рӯзе чанд меҳмони вай мешуд. Ҳоҷии мударрис баъди баргаштанаш ба Тӯс ба зиёрати ошнои шоираш омада суханони Аскофиро ба ӯ расонд. Фирдавсӣ ба андеша рафт, сукут кард. Найсонӣ бошад ин хабарро ҳама тан гӯш шуда чашмонашро аз даҳони гӯянда наканда мешунид (вай дар вақти омадани ҳоҷии мударрис дар ҳуҷраи шоир ҳозир буда бо вай шоҳмот мебохт). Омӯзгори мактаб, ки аз бадрӯзии дӯст ва ҳомиаш аз худи вай ҳам зиёдтар ғамгин буд, хабари овардаи мударрисро навиде ба беҳбудии аҳволи шоир донист. Мударрис қариб як сол боз шоирро надида буд, ҳоло ранги зард, рухсораи чӯкида, ришу мӯйсари сафедгаштаву дарҳампечида ва зоҳиран дер боз обу шона надидаи ӯро мушоҳида карда, дилаш ба ӯ месӯхт. Абои сафеди шоир дар китфаш ва дар остинаш ба қадри ним ангушт чок шуда ва ду ҷойи паҳлуяш ҳам дарида буд. Тахта ва донаҳои чӯбини шоҳмот аз чиркинӣ ранги чарми хушкидаву ҷингакшударо гирифта буд. Якчанд қабза дастнависҳо ‒ мусаввадаҳои «Шоҳнома» ‒ дар токча бетартиб хобида ва ба рӯяшон ғубор нишаста буд.

‒ Хуб, даъвати Аскофиро иҷобат мекунед? ‒ пурсид ҳоҷӣ. /73/

‒ Машаққати роҳ бештар аз он аст ки меҳмонии ду-серӯзаи ноиб қусури онро барорад, ‒ ҷавоб дод Фирдавсӣ.

‒ Яқин дорам, ки ин фақат як меҳмонии оддӣ нест, хоҷа, ‒ гуфт ҳоҷӣ, ‒ ҳазрати вазир бешак мушкилоти шуморо осон хоҳанд кард.

‒ Албатта! ‒ ҷунбиши изтиробомез карда гуфт Найсонӣ.

Ноиби фозили шоирпарвар шуморо қадр мекунанд, қимати «Шоҳнома»-атонро медонанд; ман аминам, ки шумо ба «Шоҳнома» аз он ҳазрат атои арзанда мегиред. Ноиб шояд «Шоҳнома»-ро ба шоҳи худ гузаронанд, дар ин сурат ба шумо аз хазина атои мулукона хоҳад расид.

‒ Бале, ин аз эҳтимол дур нест, ‒ сухани Найсониро қувват дод мударрис. ‒ Фикр кунед, хоҷа, ихтиёр ба худатон, ‒ илова намуд ӯ ва хайрбод гуфта ҳуҷраро тарк кард.

«Хуб, фаразан даъвати Аскофиро қабул кардам ва рафтанӣ ҳам шудам, аммо харҷи ин роҳи дурро чӣ мекунам, аз куҷо меёбам?» ‒ ба дилаш мегуфт Фирдавсӣ. ‒ «Оиларо ба кӣ монда меравам? Ба Ҳушанг? Оё ин коҳили худхоҳ оиларо саробонӣ карда метавониста бошад? Аз вай дилам пур нест».

Найсонӣ ба ин андешаи шоир пай бурда гуфт:

‒ Харҷи сафаратонро қарз мекунед, ҳазрат. Ҳар гоҳ пулдорон донанд, ки шумо бо даъвати ноиби амири Ироқ ба Бағдод меравед, чӣ қадар ки қарз хоҳед, медиҳанд. Дар бораи хонаву рӯзгоратон хотирҷамъ бошед, мутасаддии ин, албатта, аввал писаратон, сониян ман худам ҳастам. Ба мо эътимод кунед, аз бешу кам, аз обу ҳезуми хонаводаатон хабардорӣ хоҳам кард. Боз Аббос ҳаст, вай ҳамвора фикру хаёлаш бар он аст, ки бароятон чӣ хизмате кунад, ки шумо аз вай розӣ бошед. Нигоҳубини кишту боғу роғатонро ҳам ғайр аз Ҳушанг ба ману Аббос ҳавола мекунед… Акнун биёед ин бозиро тамом кунем, ‒ Найсонӣ шоҳмотро пеш кашид. ‒ Гаштан аз шумост, марҳамат.

* * *

Аз ин гуфтугӯ панҷ моҳ гузашт, дар ин муддат Фирдавсӣ дар бораи сафари Бағдод фикр мекард, вале ба як қарор омада наметавонист. Моҳи шаввол даромад, ки дар вай сафари ҳоҷиён ба тавофи Каъба оғоз меёфт. Рӯзе Фотимабону, ки тарафдори рафтани шавҳараш ба Бағдод буд ва ҳатто ба ин исрор менамуд, зеро фикр мекард, ки агар ҳатто аз ин сафар натиҷаи матлуб ҳосил нашавад ҳам, шамоли сайру сафар занги ғаму андуҳро аз дили шавҳараш мезудояд, ба ҳуҷраи ӯ як ҳамёни пур оварда гуфт: /74/

‒ Инак, сесад динор. Бигиру харҷи роҳ бикун.

‒ Аз куҷо? ‒ ҳайрон шуд Фирдавсӣ.

‒ Маро бубахш, зеварҳоро фурӯхтам, ‒ гуфт Фотима.

Маълум шуд, ки вай зеварҳои айёми арусиашро, ки сию чанд сол боз дар сандуқ нигоҳ дошта ва сипас ба умеди арусии духтараш Манижа эҳтиёт карда меомад, ба тавассути холабачаи шодобиаш ба як заргари тӯсӣ фурӯхта ин маблағро ба даст оварда будааст. Абулқосим хост норозӣ шавад, занашро ҷанг кунад, аммо накард, ба ҷойи ин бо як даст занашро оғӯш карда ва сари ӯро ба синаи худ ниҳода гирист. Ёд надошт ки аз он пеш кай гириста буд, шояд бори охирин сию панҷ сол пеш ба марги падараш гириста буд…

Дар охири моҳи шаввол, ба форсӣ даймоҳ (?-ТА), вақти ангурпазӣ, ҳангоме ки дар токзорон хӯшаҳои вазнини тиллорангу нуқраранги ангур аз қабати баргҳои сабзи ток ҷилва карда, дар шуои офтоби сунбула медурахшиданд ва дарахтони себ, шафтолу, биҳӣ аз гаронии бори мева шохҳояшонро ба замин хамонда буданд, Абулқосим як нусхаи китоби рӯбардоршудаашро ба хӯрҷин андохта бо корвони ҳоҷиёни хуросонӣ ба роҳ афтод.

Ӯро фақат пешхизмати ҷавонаш Абдуллоҳ мушояат мекард.

Дар Бағдод

Дар пойтахти ҷонишинони пайғамбари ислом ба қабули ҳазрати Муҳаммад ибни Исмоили Аскофӣ (лақаби дигараш Муваффақ) мушарраф шудан осон набуд. Ноиби «шоҳаншоҳ» (амир Баҳоуддавла худро шоҳаншоҳи Эрон эълон карда буд) дар сарои махсуси воқеъ дар соҳили Даҷла истиқомат мекард. Ду ҳазор сарбози савора ва садҳо мулозиму хизматгор дошт ва дар ҳақиқати амр ҳокими Бағдод ӯ буд, зеро ҳукмдорони эронии мансуб ба хонадони Дайламии Бувайҳӣ дар соли 945 Ироқи Арабро, ки Бағдод дар вай аст, забт карда буданд; амир Баҳоуддавла ҳамчун мусулмон расман мавлои халифа бошад ҳам, аслан халифа дастнишондаи ӯ буд. Халифаи пир Алқодир бе савобдиди Баҳоуддавла ва ноиби ӯ Аскофӣ коре карда наметавонист.

Фирдавсӣ дар бошишгоҳи яке аз савдогарони хуросонии шинос манзил гирифта, нуҳ рӯз интизорӣ кашид, то он ки ниҳоят ноиб амр кард ӯро ба сарой биёранд.

Сарои калоне бо чандин иморатҳои муҳташам, майдонҳои фарох ва боғу бӯстонҳои дилкушояш шаҳрчаи ободу зебоеро /75/ мемонд. Шоирро аз зинапояҳои мармарин ва айвонҳои баланди оинабанд гузаронда ба боргоҳи Аскофӣ бурданд. Он ҷо боз соате дар пушти дар ба қатори якчанд мансабдору сипоҳиён дар интизории қабул нишастан лозим омад. Дари шамсадори мунаққаш бо катибаҳои нафиси хушхат гоҳ-гоҳ кушода мешуду аз дарун одамони босавлати хушлибос мебаромаданд ва шахсони дигаре аз ҷумлаи мунтазирони қабул медаромаданд. Навбат ба Фирдавсӣ ҳам расид.

Вай вориди боргаҳ шуда марди хурдҷуссаи сиёҳҷурдаеро дид, ки дар танаш қабои зарбофти осмониранг ва бар сараш дастори сафеди ҷавоҳирнишон, дар пешгаҳ нишаста буд. Аскофӣ-Муваффақ бо виқору тамкин ба саломи шоир алайк гирифта:

‒ Биёед, марҳамат, ‒ гуфт ва дасташро барои вохӯрдӣ дароз кард, Фирдавсӣ онро хам шуда сабук фишурду ба расми дуо ду даст ба рӯй кашид. Чашми Аскофӣ як лаҳза бо нигоҳи хираи тааҷҷубомез ба рӯйи шоир дӯхта гардид, шоир аввал боиси чунин нигоҳро нафаҳмид, вале пасон ба фаросат дарёфт, ки сабаб ‒ дасти вазирро набӯсидани ӯст. Ин бузургон одат кардаанд, ки ба ҳузурашон омадагон дасти онҳоро бибӯсанд ё саҷда карда ҷабҳа бар замин бисоянд.

Ҳамин тавр мекарданд баъзе шоирони араб, ки дар тамаи силаву ато ба ноиб мадеҳа ва қасидаҳо меоварданд. Аскофӣ ба маддоҳони худ аз сила додан кӯтоҳӣ намекард. (Ҳамин буд, ки дар Тӯс ва баъзе дигар шаҳрҳои Хуросон, ки хабари атобахшии ноиби Баҳоуддавларо шунида буданд, номи ӯро ба шоирпарварӣ бароварданд).

Шоир дар рӯбарӯйи ноиб дузону нишаст.

Боргоҳ иборат аз хонаи калони дарозрӯяи гаҷкорӣ буда, тоқчаҳои мунаққаши меҳробшакл дошт, дар шифти баландаш чилчароғи булурин овезон, фаршаш бо қолинҳои тиллоранги гулдор пӯшида буд. Дар токча бар пояи оҳанин миҷмар гузошта шуда буд, ки дар вай бухур ё дигар чизи хушбӯе дуд мекарду ҳавои хонаро муаттар месохт. Дар паҳлуи дари даромад бози шикорӣ, як пояш ба занҷираки борики нуқрагин баста, бар дорчаи зарандуд истода буду чашмони хурди гирдаи тезбинашро аз одами ношиноси воридшуда намеканд. Гурбаи алое аз токча ба замин ҷаҳиду омада ба зонуи Аскофӣ баромад. Ноиб пушти вайро молида-молида бо меҳмонаш пурсупос сар кард. Дар ангушташ ангуштарини тилло бо нигини лаъл медурахшид. Марди панҷоҳсолаи хурдҷусса манаҳи камришашро боло ва чашмонашро нимпӯш карда, мутакаббирона гап мезад. Чаш/76/монаш дар зери абрувони ғафси кӯтоҳи ӯ гоҳ нилобӣ ва гоҳ кабудранг метофтанд. Вай пурсид, оё сафари шоир аз Тӯс то Бағдод душвор набуд, ба хайрият гузашт?

‒ Албатта, осон набуд, ‒ ҷавоб дод Фирдавсӣ ва афзуд: ‒ Ин гуна сафарҳои дур бе машаққат намешаванд.

Аскофӣ гурбаро раҳо карда чин бар ҷабин оварду манаҳаш ва чашмонашро поин фуровард. Аён буд, ки ҷавоби шоир ба ӯ хуш наёмад. Шоир мебоист бо тамаллуқ чизи дигаре мегуфт, аз қабили ин ки иштиёқи дидори мубораки ноиб душвории роҳро осон кард, ё худ: касе ки ба хизмати ҳазрат мешитобад, магар душвориҳои сафарро ҳис мекунад? ва ғайра. Шоир инак бори дуввум ба таомул хилоф кард. Ноиб ба дилаш мегуфт, ки «Ин деҳотии нотарошида оё қасдан чунин мекарда бошад ё аслан аз одоби маҷлиси бузургон бехабар аст?» Шоир, албатта, аз он бехабар набуд, вале нафси асилзодаи аҷамӣ ва шоири номӣ ба риёву тамаллуқ тан намедод. Ақидаи ӯ бар он буд, ки аввалан мизбон бояд ҳурмати меҳмонро ва он ҳам меҳмонеро, ки худаш даъват кардааст, баҷо оварад.

‒ Абутуроби мударриси тӯсӣ аз тавофи Каъба баргашта моро зиёрат кард, ‒ гуфт Аскофӣ, ‒ мо аз ӯ дар бораи шумо ва кори «Шоҳнома» суол кардем, гуфт шоир назми «Шоҳнома»-ро хатм кард.

‒ Оре, ҳазрат, назми «Шоҳнома» поён ёфт.

Фирдавсӣ нигарон буд, ки Аскофӣ ӯро табрик хоҳад кард, вале ноиб ба ҷойи табрик пурсид:

‒ Ба чанд абёт хатм шуд?

‒ Панҷоҳ ҳазор байт, ‒ бидуни майл ҷавоб дод шоир.

‒ Панҷоҳ ҳазор? ‒ изҳори ҳайрат кард ноиб. ‒ Ҳамосае* ба ин бузургӣ? Чанд вақт навиштед?
___________________
* Ҳамоса (ҳимоса ?) ‒ достони размӣ.

‒ Бист сол.

‒ Аҳсант. Азим ранҷе бурдаед… Овардед?

‒ Як нусха бо ман аст, дар манзил…

‒ Ба мо фиристед. Ман мехоҳам онро бубинам.

‒ Ба чашм.

‒ Мо хостем бо шоири шаҳири Хуросон дидор бикунем, ‒ бо лаҳни нармтар ва ҳатто нимтабассум карда гуфт ноиб. ‒ Ба ҳоҷии мударрис гуфтем, ки бад набуд агар Абулқосими Фирдавсӣ боре ба меҳмонии мо меомаданд. Мо аз омадани шумо шодем.

‒ Банда низ аз илтифоти ҳазрат ва аз дидори муборак сарфарозам, ‒ муаддабона ҷавоб гардонд шоир. /77/

Ноиб аз болои курсичаи шашқирраи кандакоришуда зангӯлачаи тиллоиро гирифта занг зад, мулозим даромад.

‒ Бубин, Қанбар баргаштааст ё на? ‒ фармуд ӯ.

Мулозим баромада баъди як дам бо ҷавони сиёҳпӯсти мавзунқомате ворид шуд.

‒ Номаро бурдӣ? Ҷавобашро овардӣ? ‒ пурсид Аскофӣ аз ҷавон.

‒ Ҷавоб нанавиштанд, гуфтанд баъд навишта ирсол мекунем, ‒ гуфт ҷавон.

‒ Туро фармуда будам ки бе ҷавоби нома барнагард ва то навиштани ҷавоб он ҷо бош, ‒ итоб кард ноиб ва ба мулозим фармуд: ‒ Ҳоҷибро бигӯ.

Мулозим рафт, марди ғуле, кулоҳи душоха бар сар, дар миёнаш камарбанди нуқракӯб ва ханҷари дарозе дар он овезон, даромада таъзим кард.

‒ Ӯро бигиру ба сутун бубанд ва биступанҷ дарра бизан, ‒ сиёҳро нишон дода амр кард ноиб.

Ҳоҷиб ҷавонро бурд.

Фирдавсӣ ҳайрон шуда дар дилаш мегуфт: «Ин чист? Магар сиёсати ҳукмдориашро ба ман нишон додан мехоҳад? Агар ҷавоби номаро нанавишта, ин ғуломро пас фиристода бошанд, гуноҳи вай чист?»

Як навҷавони духтармонанд, дасторчае аз дебои кабудранг бар сар ва мӯзачаи сурх дар пой, қалён овард, Аскофӣ қалёнро кашида як-ду сулфиду ба шоир ногаҳон чунин суоле дод:

‒ Имрӯз вазъи Хуросон чӣ гуна аст? Волӣ Маҳмуд писари Сабуктегин аст? Ӯ чӣ касест?

‒ Банда ӯро надидаам, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ мегӯянд, ки ҷавони бисту чаҳор — биступанҷсолаест.

‒ Падараш турк? ‒ худаш турк будани Сабуктегинро донад ҳам, боз пурсид Аскофӣ. ‒ Ғуломи Сомониён?

‒ Оре, дар ҷавонӣ ғуломи зархарид будааст.

‒ Зархариди дирӯза имрӯз амири Ғазнӣ? Аҷаб! Пас ғуломзода Маҳмуди ҷавон чӣ тавр сипаҳсолори Хуросон шуд ва ҳатто ба лақаби Сайфуддавла* сарафроз гардид?
___________________
* Шамшери давлат.

‒ Мегӯянд, ки ӯ дар ҷанги зидди Абуалии Симҷӯрӣ ва Фоиқ аз худ мардонагӣ ва ҳунарҳо намоён сохтааст. Дар вақти ҳуҷуми Буғрохони қарохонӣ ба давлати Сомониён Абуалӣ дар Нишопур ва Фоиқ дар Балх ба Нуҳи Сомонӣ хиёнат ва бо Буғрохон мукотибат карда будаанд, Нуҳ аз Сабуктегин мадад хос/78/тааст, Сабуктегин бо писараш Маҳмуд ба Хуросон лашкари гароне оварда Симҷӯрӣ ва Фоиқро шикаст дод. Ба подоши ин ғалабаашон Нуҳ Маҳмудро ба ҷойи Симҷӯрӣ сипаҳсолори Хуросон таъйин кард ва лақаби сайфуддавлааш дод, ба Сабуктегин ҳам лақаби носириддин в-ад-давла* дод.
___________________
* Мададгори дин ва давлат.

‒ Моро аз Нуҳ аҷаб меояд, ки аз хиёнати сипоҳсолорони турки худ Симҷӯрӣ ва Фоиқ ё аз он пештар аз хиёнати Алптегин сабақ нагирифта, боз ин турку туркзодаи дигарро сарафрозӣ додааст, ‒ хандида гуфт Аскофӣ. ‒ Гумон мекунад, ки инҳо ба вай содиқ хоҳанд буд? Ҳошо! Хоҳед дид, ин парвардагони Сомониён ҳам оқибат балои ҷонашон хоҳанд шуд. Агар ба давлати Сомониён завол расад, аз ҳамин парвардагони туркашон мерасад. Аз туркон сипоҳ оростан дар хона паланг парвардан аст, ки оқибат соҳиби худро ҳам медарад. Дар таърихи халифаҳои Бағдод, ки ҳамчунин одати аз туркон сипоҳи зархарид оростан доранд, мо ин ҳолро бисёр дидаем ва акнун инак дар давлати Сомониён мебинем…

Мулозим даромада гуфт, ки фалонӣ ва фалониҳо мунтазири қабуланд, ҳазрат чӣ мефармуда бошанд?

‒ Бигӯ, фардо биёянд, ‒ фармуд вазир.

Мулозим баромад, дари боргоҳ бори дигар ба тундӣ кушода шуда, сари ҷавони хушсурате бо ранги парида ва чашмони шаҳлои қаҳролуд намудор гашту боз дарро пӯшиданӣ шуд, Аскофӣ ба вай:

‒ Ворид шав! ‒ гуфта ба даромаданаш водор кард.

Ҷавони ба назар бист-бистудусола авзоаш як қадар беҷо менамуд.

‒ Бо меҳмон салом бикун, ‒ фармуд вазир.

‒ Ҷавон бо қадами оҳиставу сари хам пеш омада бо Фирдавсӣ дудаста коҳилона вохӯрдӣ кард.

‒ Меҳмон шоири машҳур Абулқосими Фирдавсианд. Шунидаӣ?

Ҷавон даст бар сина ниҳода сӯйи Фирдавсӣ нимтаъзиме кард.

‒ Писарам, ‒ гуфта Аскофӣ ҷавонро ба шоир шиносонд, ‒ номаш Масъуд. Чандест, ки ба ҷиҳати як воқеа дилозурда ва қаҳрист.

Масъуд магар аз ҷумлаи охирини падараш норозӣ буд, ки ба вай як назари ало афканд. Истоду ҳарфе назад ва баргашта аз боргоҳ берун шуд. Аскофӣ боз занг зад, ба мулозими ҳозиршуда фармуд: /79/

‒ Меҳмонро дар меҳмонсаро ҷой бидеҳ.

Фирдавсӣ ин фармоишро аломати ба поён расидани қабул дониста аз ҷо бархост.

‒ Шумо истироҳат бикунед, ‒ гуфт ноиб ба ӯ, ‒ пас аз ду-се рӯз боз мулоқот хоҳад шуд.

* * *

Бинои калони дуошёнаи меҳмонсаро дар даруни боғ буд ва сӣ ҳуҷра дошт. Қатори ҳуҷраҳо, ки Фирдавсӣ бо Абдуллоҳ дар яке аз онҳо ҷойгир шуданд, дару тиреза ва айвонҳошон ба тарафи Даҷла буда, меҳмонон метавонистанд ҷараёни пурмавҷи оби гилолудро назора кунанд.

Пагоҳии рӯзи дигар мулозими даргоҳ омада ба шоир аз номи ноиб сесад динор супурд. Фирдавсӣ ба воситаи хизматгорони даргоҳ як нафар бозаргони Тӯсиро, ки тараддуди ба ватан бозгаштан дошт, аз корвонсароҳо дарак карда ёфта, бо гирифтани кафолатнома аз вай, нисфи атои ноибро бо ӯ ба Бож барои оилааш дода фиристод. Хизматгори даргоҳ рӯзе се бор барои меҳмон аз ошхонаи ноиб хӯрок меовард.

Ҳар пагоҳ баъд аз ношто Фирдавсӣ бо Абдуллоҳ ва бо мушояати яке аз мулозимони ноиб ба тамошои шаҳр мебаромаданд. моҳи зулқаъда, ба форсӣ баҳманмоҳ (сентябр ‒ ? Т.А.) даромада, гармии офтоб, гармие, ки бағдодиҳо аз вай «дар даҳаи якуми шаввол (август ‒ ?Т.А,) мехи оҳанини дарҳоро об мекунад, дар даҳаи дуввум ангурро шира мебандонад ва дар даҳаи сеюм дари зимистонро мекушояд» гуфта масал мезаданд, коста буд; шаҳриён ки дар шаввол ҳама аз гармии тоқатфарсо гурехта ҳамарӯза дар таҳхонаҳо пинҳон мешуданду шаҳрашон ба шаҳри мурда монанд мегардид, акнун кӯчаҳо, майдонҳо, растаҳоро пур карда ба ташвишу тараддуд афтода буданд. Дар ҳар сӯ издиҳоми мардумони сафедпӯст, сиёҳпӯст ва зарди қаҳваранг, авратҳои ба чодари сиёҳ печида дар ҷунбуҷӯл. Шаҳри бузургро Даҷла ду қисмат карда буд, ҳарду қисматро пули калону фарох ба ҳам мепайваст, ки дар воқеъ тамошоӣ буд. Дар ҳар ду соҳил кӯшкҳои зебо ва кохҳои муҳташами назаррабо афтода буданд. Дар рӯдхона киштиҳо, заврақҳо шиновар буда, аз ҳалқаи мардону занони дар он киштиҳо ба сайри обӣ баромада ғалоғулаи чақ-чақ, қаҳқаҳаи хуррамона ва ҷо-ҷо овози суруду нағма баланд мешуд. Дар фазои рӯд селаи чайкаҳо (моҳихӯракҳо)-и хокистариранг парвоз доштанд. Гунбазҳо, манораҳои кошинкории масҷиду мадрасаҳои бисёр дар офтоб медурахшиданд; тамошои тоқу равоқҳои гаҷкории ба тӯри катибаҳо печи/80/даи қасрҳо барои тамошогар завқе дошт. Аммо дар канортари ин ҳашамату шукӯҳи шаҳр маҳаллаҳои бекаронаи ифлосу бадбӯй бо зич-зич хонаҳои пастаки гилину похсагин, бо кӯю кӯчаҳои тангу тор ва печдарпечи бешумор шуруъ мешуданд. Ин ҷоҳо бошишгоҳ ва коргоҳи косибону ҳунармандон, беваю бечорагон, ҳаммолон, гадоён, шабгардон (дуздон), фолбинон, шаъбадабозу морбозу маймунбозон, дӯкондорони майда, резаворфурӯшон ва дигар ҳар ранг мардуми бесарусомон буданд. Гоҳ-гоҳ дастаҳои сипоҳиёни савораю пиёда дучор меомаданд. Араби мушояаткунанда он чиро, ки Фирдавсӣ худ медонист, ба ӯ мегуфт, яъне ки шаҳри Бағдодро дар соли яксаду чиҳилуми ҳиҷрӣ халифаи дуввуми аббосӣ Абуҷаъфари Мансур бино кардааст. Халифа дар саросари мамлакаташ гашта барои бунёди пойтахти нав ҷойи муносиб меҷуст, ҷоеро меҷуст, ки дар соҳили рӯди киштигард воқеъ ва аз вараҷа барӣ бошад; ниҳоят деҳаи Бағдодро ки дар ҷойи шаҳри ҳозира буд, интихоб кард, ки баъдан номи пойтахти давлати муаззами халифаҳо гардид. Сад ҳазор хиштрезу чӯбтарошу гилкору меъмор шаҳри навро дар чаҳор сол сохта тамом карданд. Дар гирдогирди шаҳр аз хишти хом ду радди бора (девор)-и баланд бароварданд.

Қад-қади рӯд дар ҳар ду тараф ошхона ва қаҳвахонаҳо буданд. Саҳни онҳо аксаран чаманзор буд, ба вай дарахтони хурмо, нахлҳо (палмаҳо) соя меандохтанд; мардумон дар катчаҳо ё ки дар чаман ба соя нишаста таом мехӯрданд, қаҳва менӯшиданд, нардбозӣ мекарданд. Аз хӯришҳои бағдодиён Фирдавсӣ аз ҳар чӣ бештар газ ва маскунро, ки дар ошхонаҳо мепухтанд, хуш кард, ‒ газ як навъ кабоби ироқӣ буд, аз гӯшти барра ба таври махсус бо доруворе, ки фақат ба худи пазанда маълум буд, тайёр карда ва бо пиёз, сир, бодиринг, шалғаму қаланфури ширини дар сирко хобондашуда хӯрда мешуд; маскунро аз моҳии зинда, ки худи муштарӣ дар ҳавзчаи назди ошхона хоста мегирифт, ҳамчунин ба тарзи махсус тайёр мекарданд. Ҳар ду хӯриш ниҳоят бомаза ва хушгувор буд, шоир бо ҳамроҳонаш ҳар бор, ки ба сайругашт мебаромаданд, дар ягон ошхонаи соҳили рӯд дам гирифта, ҳатман аз ин ду хӯриши лазиз тановул мекарданду сипас қаҳва нӯшида боз сайругашташонро давом медоданд.

Тамошои Бағдод шоирро ба хаёли шаҳри бостонии Тайсафун, пойтахти давлати Сосониён, шаҳре ки дар наздикии ҳамин Бағдод ва низ дар соҳили ҳамин рӯди Даҷла буду иддае аз қаҳрамонони «Шоҳнома» дар вай амал мекунанд, меандохт. Шоир ба қиёси пойтахти халифаҳо он шаҳри азими кайҳо но/81/падидгашта ва аммо ёди аламнокаш дар дили эрониён боқимондаро тасаввур карданӣ мешуд.

Зиёрати Тоқи Кисро

Тайсафуни қадима, ба арабӣ Мадоин, шояд ба ҳамин Бағдод монанд буд. Харобаҳои он бо номи Тоқи Кисро мавҷуданд. Он харобаҳои барои эрониён муқаддасро бояд зиёрат кард…

Фирдавсӣ ба воситаи мулозим аз Аскофӣ ба зиёрати Тоқи Кисро иҷозат пурсид, ноиб иҷозат дод ва фармуд ду аспи роҳвор ба ихтиёри меҳмон вогузор карданд. Шоир бо ҳамроҳии Абдуллоҳ ва бо мушояати ду мулозими даргоҳ сӯйи харобаҳо саворӣ намуд.

Дар соҳили чапи Даҷла, дар байни пуштаҳои рег, забонаҳои ёзидаи саксавул, бурганҳо, буттаҳои янтоқу кавар харобаи тоқу айвони қасри бузурге қад барафрохта, дар гирду пеши он шикастапораҳои мармар, лӯндаҳои гили гаҷолуд дар рег нима гӯр шуда хобида буданд. Манзарае бас ҳузнангез, гӯристони салтанатҳо ва давлатҳои бузурги қадимулайём. Ин буд боқимондаи шаҳре, ки дар бостонзамон калонтарин ва бойтарин шаҳре дар Осиёи Ғарбӣ, бошишгоҳи зимистонии подшоҳони Ашконӣ ва сипас дар тули чаҳорсад сол пойтахти давлати Сосонӣ буд. Урдуҳои Саъди Ваққоси араб вақте ки онро гирифтанд, аз бузургиаш дар ҳайрат монда, фақат як номи мадина (шаҳр)-ро шояд ба вай номуносиб дида, Мадоинаш номиданд, яъне Шаҳрҳо. Вай дар тӯфони ҷангҳои Арабу Аҷам хароб ва кам-кам нопадид гашт. Намуди харобаҳои Тайсафун Фирдавсиро мутаассир ва маҳзун кард. Корномаи қаҳрамонони «Шоҳнома» Фаридун ва Коваи оҳангарро ба ёди шоир андохт: вақте ки озодкунандаи ватан аз фотеҳони бегона Фаридун бо даъвати Кова ва бо ҳамроҳии ӯ бар зидди Заҳҳоки истилогар қиём карда буд, лашкарашро ана дар ҳамин ҷоҳо аз Даҷла, ки аҷамиҳо Арвандрӯдаш меномиданд, гузаронда буд; сипоҳи Эрон бо сардории Рустами Ҳурмуз ва Фаррухзод бо урдуи Саъди Ваққос ана дар ҳамин ҷоҳо, дар соҳилҳои ҳамин рӯд то охирин сарбоз ва охирин нафас ҷангида буд. Вай, Фирдавсӣ, он қаҳрамононро дар «Шоҳнома»-и худ зинда гардонидааст. Шоири бостоншинос, сарояндаи корномаҳои ниёгон ба ёди замонҳое, ки ба ақидаи ӯ кишвараш соҳиби истиқлол ва иқболи фаррух, муттаҳид ва муқтадир буд, беихтиёр мегирист. Вай рӯ ба сӯйи Тоқи Кисро истода намоз кард… /82/

Асирон…

Ҳар чаҳор сайёҳ дар офтоби сӯзон ва ҳавои тафсон хеле монда шуда буданд. Дуртар аз қади роҳ деҳае ба назар менамуд» мулозим таклифи дар он деҳа дам гирифтан кард.

Саворон сӯйи он деҳа равон шуда буданд, ки баногоҳ дар роҳи калони биёбон аз паси пуштаҳои рег корвоне пайдо гардид. Фирдавсӣ ва ҳамроҳонаш бо ҳисси кунҷковӣ дар сари дуроҳа қарор гирифта, донистанӣ шуданд, ки он чӣ корвонест ва аз куҷо меояд. Корвон ба наздики онҳо расид. Фирдавсӣ бо дидани он ба даҳшат афтод: бар бисту чанд шутур одамони нимбараҳнае, дастҳошон ба пушт ва танашон ба шутур баста, савор буданд. Корвонро як даста сарбозони аспсавор меронданд, ҳама мусаллаҳ ба найзаву шамшеру сипар. Дар ҳавои тафсон аз сарҳои бараҳнаву чеҳраҳои афрӯхтаи бандиҳо арақи хунолуд мешорид. Шутуре як марди миёнсол ва як ҷавонро мекашид, синну соли ҷавонро дар он ҳоле ки ӯ дошт, муайян кардан душвор буд, ӯро бистсола ҳам, сисола ҳам гумон кардан мумкин буд. Вай чаҳор савори ношиноси дар сари дуроҳа истодаро дида якбора фарёд кашид ки:

‒ Эй мусалмонон, гувоҳ бошед, ки моро бе гуноҳ ба куштан мебаранд! Дод аз дасти халифаи золими хунхор! Моро қарматӣ мегӯяд, қарматии мурдор худаш!..

Сарбози аспсавор ӯро тозиёна зада аррос мекашид ки:

‒ Хомӯш, саг! Хомӯш!

Бандии ҷавон хомӯш намешуд, вай тамоми овозашро сар дода ба унвони халифа дашномҳои қабеҳ фиристодан гирифт. Бандиҳои дигар ҳам ғавғо андохта ба шеваҳои арабии худашон ким-чиҳое мегуфтанд, гуфторашонро шояд танҳо яке аз ду мулозими ноиб, ки араб буд, мефаҳмид. Сипас ҳодисае рӯй дод, ки Фирдавсӣ аз мушоҳидаи он ҳуш аз сараш парид. Корвон истод, якчанд нафар сарбоз ба назди шутуре, ки ҷавони саркаш савори он буд, асп ронданду ӯро кашида ба паҳлуи шутур хобонданд, яке аз онҳо бо ду даст даҳони ӯро кушода нигоҳ дошта истод, дигаре як чӯби дарозиаш ду ваҷаб ва ғафсиаш ба қадри ангушти дастро ҳамчун маҳори шутур ё лаҷоми асп ба миёни дандонҳои ӯ ҷо кард, сеюмӣ ба ду нӯги чӯб ресмон баста, ресмонро ба пушти сари бандӣ гузаронду кашида дар гарданаш маҳкам баст. Бандии бадбахт бо дастҳои бастаи худ аз муқобилат кардан оҷиз буд. Акнун вай ҳамчун палангбачаи захмӣ наъра мекашиду сухане гуфта наметавонист. Дар аснои ин /83/ амали сарбозон Фирдавсӣ сабру қарор аз даст дода сӯйи онҳо асп ронд ва:

‒ Накунед! Накунед! ‒ гӯён фарёд зад. ‒ Ин чӣ бераҳмист! Шумоён инсонед ё ҳайвонҳои дарранда?!…

Як сарбози мӯйдарози ниҳоят серриш бо ваҷоҳате ваҳшатангез ба шоир рӯ гардонда ӯро дашном доданӣ ва ронданӣ шуд, аммо зоҳиран салобати пирона, риши сафеду чеҳраи нуронии шоир ба ин қасди он саффок монеъ гардид.

Корвон ба роҳ афтод.

Фирдавсӣ ҳамчун бемори бемадор аз зин фуромада дар канори роҳ нишаст. Сараш ба зер афканда ва чашмонаш пӯшида буданд. Ӯро ба ин ҳол дида ҳамроҳонаш низ пиёда шуданд. Абдуллоҳ фих-фих мегирист. Мулозими форсӣ ба Фирдавсӣ гуфт:

‒ Ҳазрат, ба дил нагиред. Ин қабил ҳодисаҳо дар ин мамлакат ба ҳукми одат даромадаанд. Аз қарори маълум, сарбозон ба ҷанги қавме, ки ба қарматиён мавсуманд, рафта ин мардумро асир гирифтаанд… Аз сӯхтану гиристан чӣ суд? Ҳеч!… Биёед ба он деҳа биравем, он ҷо чашма ва дарахтони соядор ҳастанд, шумо соате роҳат бикунед.

Шоирро ёрӣ дода ба асп савор карданд.

* * *

Аммо коҳиши руҳии шоир бо ин тамом нашуд. Ҳодисаи аз ин ҳам мудҳиштаре дар пеш будааст.

Рӯзи дигар Абдуллоҳ, ки бо супориши Фирдавсӣ барои коғазу сиёҳӣ харидан ба шаҳр баромада буд, дер баргашт. Ӯ бо ранги паридаву чашмони ҳавлнок ҳозир шуд.

‒ Чӣ хабар? Чаро ҳолат парешон? ‒ пурсид Фирдавсӣ.

«Гӯям ё нагӯям? ‒ мутараддид шуд Абдуллоҳ. ‒ Агар гӯям, боз дилашон сиёҳ мешавад». Вай пушт гардонда «ҳеҷ воқеа не» гуфта ба айвон баромад. Фирдавсӣ ӯро ба ҳуҷра хонд ва гуфт:

‒ Абдуллоҳ, ҳар чӣ дидӣ ё шунидӣ, ба ман бозгӯй, пинҳон накун.

Абдуллоҳ ҳамоно авзоаш беҷо буд, ба Фирдавсӣ чунин намуд, ки вай ноаён меларзад.

‒ Хуб, чӣ ҳодиса рӯй дод? ‒ хавотир кашида боз пурсид шоир.

‒ Он ҷо… дар майдон… ‒ Абдуллоҳ дам фурӯ бурд, мисли ин ки якбора забонаш аз гуфтор монда буд, ё вай аз гуфтани он чӣ бояд бигӯяд, метарсид, пасон як нафаси амиқ кашида боз ба забон омад: /84/

‒ Дар майдон… мардуми бисёр… тамошогарон буданд. Гуфтам биравам бубинам, чӣ ҳодиса… Сарбозон онҳоро оварданд…

‒ Киҳоро? Ба куҷо? Дурусттар, батартиб бигӯ, ‒ танбеҳомез фармуд Фирдавсӣ. Он гоҳ Абдуллоҳ бо забони гӯётар нақл кард:

‒ Ҳамон бандиҳо… дирӯз дар роҳ дида будемашон. Оварда, якеро ба суфа кашиданд, дар суфа ҷаллод, ба дасташ табарзин, бандиро ба кунда хобонд, аввал як дасташро бо як зарби табар бурид, баъд як пояш, баъд боз як дасту як пояш…. сарашро бурид… Танашро лагад зада аз суфа ба замин афканд… Дар як тарафи суфа одамони ришдароз, дар сари ҳамаашон дасторҳои сафед, қатор нишаста буданд, ҳар бор ки ҷаллод даст ё пойи бандиро мебурид, ҳамаашон якбора даст бароварда оллоҳ акбар мегуфтанд… Баъд боз бандии дигарро ба суфа кашиданд… Ман… гурехтам… дигар нигоҳ карда натавонистам…

Фирдавсӣ дар ҷойи нишастааш шах шуда, якчанд дақиқа аз як нуқтаи фарши ҳуҷра чашм наканда хомӯш монд. Шоире, ки дар достонаш ба мардумон «Маёзор мӯре ки донакаш аст, Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст» гӯён панд медод, ба чӣ хаёлҳои гарон рафту аз дилаш чиҳо гузашт, инро бо ибораи маъмул гӯем «худаш медонисту худо».

Аз ҳамон рӯз сар карда ӯро ба муолиҷаи пешхизматаш машғул шудан лозим омад: Абдуллоҳ васвосӣ шуда буд, гоҳо худ ба худ гап мезад ва шабҳо дар хобаш дод зада бедор мешуд. Фирдавсӣ бемории руҳии Абдуллоҳро ба дуохонҳои машҳури араб хононд, ҳам дар талаби шифо ба мазорҳои муқаддасе, ки дар Бағдод кам набуданд, назру ниёз бурд. Шоир ба муъҷизоти чунин мазорҳо ва ба шифобахшии «даму нафаси покон» эътиқод дошт…

Сабаби даъват

Сабаби даъвати Фирдавсӣ ба Бағдод аз тарафи Аскофӣ вобаста ба як нақшаи ноиб буд.

Ин нақша дар фикри ӯ ҳангоми мулоқоташ бо ҳоҷии мударриси тӯсӣ пайдо гардид.

Чанд вақт инҷониб «шоҳаншоҳ» Баҳоуддавла нисбат ба ноиби бағдодиаш дилсард ва камилтифот шуда буд. Назар ба хабари аз як нафар дӯсти дарбории ноиб расида, Баҳоуддавла боре дар ҳузури надимону муқаррабонаш гуфтааст, ки Аскофӣ /85/ ба худ шавкати амирӣ гирифта, ҳамчун амири боистиқлол кор мебарад ва дар иҷрои фармонҳои «шоҳаншоҳ» мусоҳила мекунад. Зоҳиран, зотҳое аз ҷумлаи дарбориёни ҳасуд ва бахил, ки суханчиниву наммомӣ пешаи онҳост, аз ӯ бадгӯйӣ ва ӯро дар чашми фармонфармояш сиёҳ кардаанд; Баҳоуддавла, ки ба сухани наммомон бовар мекунад, ба ноиби худ ғазаб кунад ҳам, аҷаб нест, ‒ фикр мекард Аскофӣ, ‒ магар ин амир ба дурӯғу буҳтонҳо бовар карда чандин соҳибмансабони содиқу кордонашро ба зиндон наандохт? мусодира накард? накушт?.. Аскофӣ аз ғазаби вай андешанок буд.

Фикр мекард, чӣ коре кунад, ки гумони амир рафъ шавад ва эътимоду лутфи пешини ӯ нисбат ба ноибаш барқарор гардад? Магар ба вай пешкаши нави гаронбаҳое фиристад? Чӣ гуна пешкаш? ё ки аз суқ-ал-рақиқ* зеботарин канизакеро ба гаронтарин баҳо харида ба вай туҳфа барад?… Аммо инҳо пешкашу туҳфаҳои муқаррарӣ ва оддианд, ‒ мегуфт ба худ ноиб, ‒ «шоҳаншоҳ» аз ин қабил «савғотиҳо» сер аст, бояд пешкаше пайдо кард, ки нодир ва ғайриоддӣ бошад.

Аскофӣ дар ҳамин андешаҳо буд, ки ҳоҷии тӯсӣ Абутуроб пайдо гашту бо вай аз итмоми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва тангдастии шоир сухан ба миён омад. Он гоҳ ноиб андешид, ки шоирро ба Бағдод талабида ба вай назми «Йӯсиф ва Зулайхо»-ро фармудан лозим аст.
___________________
* Бозори ғуломфурӯшӣ.

Чаро «Йӯсиф ва Зулайхо»? Чунки Аскофӣ медонист, ки «шоҳаншоҳ» ин қиссаро хеле дӯст медорад, ҳатто онро ба яке аз шоирон фармуда назм кунонд, аммо назми он шоир ба вай он қадар писанд наафтод. Устоди тӯсӣ, албатта, онро аз он шоири миёнаистеъдод ба маротиб беҳтару ҷозибтар назм хоҳад кард. Он гоҳ ӯ, Аскофӣ, достони манзумро ба наққошону лаввоҳони номӣ мунаққашу мулавваҳ кунонда, дар муқоваи нафиси зарҳалкорӣ андохта ба амир тақдим мекунад. Пиршоири тӯсӣ алҳол тангдаст, ниёзманд будааст, ‒ ин айни муддаост! ‒ супоришро ба бадали се-чаҳор ҳазор дирам анҷом хоҳад дод.

Аскофӣ ин қарордоди худро дар дилаш мутамаккин сохта, рӯзи дигар Фирдавсиро ба ҳузураш талабид.

Шоир вориди боргоҳ шуда падару писарро дар гуфтугӯ ёфт. Пеши Аскофӣ дар як тарафи хонтахта «Шоҳнома» хобида ва як пиёлачаи балғамӣ истода, дар рӯбарӯяш Масъуд нишаста буд.

‒ Биёед, марҳамат. /86/

Ноиб хушҳол менамуд, чеҳрааш афрӯхта буд, бо овози баланд гап мезад, гӯё пештар шароб нӯшида ва сархуш буд. Фирдавсӣ чашмаш дар тайи пиёлача ба дурди сиёҳи қаҳва ғалтида, ба дилаш гузаронд, ки шояд хушҳолии соҳиб аз асари қаҳва бошад. Қаҳвае, ки бағдодиҳо ба таври махсус тайёр мекарданду Фирдавсӣ як-ду бор дар манзили савдогари хуросонӣ нӯшида буд, дар воқеъ ба кас як навъ хуррамиву хушҳолӣ мебахшид.

‒ Хуб, акнун бирав, ‒ фармуд Аскофӣ ба писараш.

Масъуд бархоста сӯйи шоир нимтаъзиме карду рафт.

‒ Хештандор бош, девонагӣ макун! ‒ аз паси Масъуд гуфт падараш.

Сипас рӯ ба шоир овард:

‒ Савдои ишқ ба сараш задааст, ‒ хандида, маломатомез сар ҷунбонида дар бораи писараш гуфт ӯ. ‒ Он дафъа дилозурдагии ӯро ба шумо гуфта будам. Сабабаш ҳамин ишқи кӯдакона аст. Ишқи нораво ва ноком.

Гӯянда сукут кард, Фирдавсӣ пурсид:

‒ Нораво?

‒ Бале, ‒ ҷавоб дод Аскофӣ ва ба ҳайрати шоир дар ҳамон вазъи хушҳолии беғамона чунин нақл кард: ‒ Маъшуқааш духтари насронист. Як нафар табиби масеҳӣ ҳамсояи мост, духтари гесӯвонтиллои ӯ, Мария ном, ба пеши хоҳарони Масъуд омадурафт дошт, ҳамон вақт Масъуд шефтаи ӯ шуда, духтар ҳам ба вай дил бохта. Ҳар ду бо ҳам паймон кардаанд. Писарам шонздаҳсола буд, маъшуқааш понздаҳсола. Ҳар ду ба сабаби сағри син* аз мамнуъ будани ошиқиву маъшуқӣ ё издивоҷ дар сурате, ки ихтилофи мазҳаб дар миён бошад, бехабар будаанд. Баъдан ман ӯро огоҳ кардам, гуфтам: издивоҷи шумо мумкин мебуд ба шарте, ки ту Марияро мусалмон бикунӣ, ё ақаллан ӯ қавл диҳад, ки мусалмон хоҳад шуд. Духтар ба қавл додан розӣ шудааст, аммо волидайнаш дар ин бора ҳатто ҳарфе заданро ба ӯ манъ кардаанд. Зани масеҳӣ ҳаргиз табдили мазҳаб намекунад, дар сурате ки марди масеҳӣ гоҳо ба ислом мегиронд, вале, албатта, ба манзури ягон манфиати дунёвӣ, масалан барои соҳиби мансаб шудан ё ки барои сето-чаҳорто зан гирифтан. Масъуд ба ман чӣ гуфт? Гуфт: «Ман масеҳӣ мешавам». ‒ Аскофӣ бо таассуф сар ҷунбонид. ‒ Бехирад намедонад, ки дар ин сурат вай ба ҳукми шариати ислом кушта хоҳад шуд… Албатта, мулоқоти Масъудро бо духтар ва духтарро бо Масъуд ҳам ман ва ҳам хонаводаи табиб манъ /87/ кардем. Писарам Маҷнунвор саргашта, духтар низ ба шуниданам ба ҳоли Лайлӣ афтода. Аммо чӣ илоҷ?.. Масъуд ба ман мегӯяд: магар халифа, ҷонишини пайғамбари ислом ва муршиди мусалмонони олам, наметавонад бо ҳукми худ издивоҷи моро ҷоиз гардонад? Бирав, мегӯяд, аз халифа иҷоза бихоҳ. Намедонад, ки бо чунин арзе пеши халифа рафтан худро масхараи олам кардаи аст…
___________________
* Сағри син ‒ хурдсолӣ.

Фирдавсӣ ба андеша рафту гуфт:

‒ Оре, ҳазрат, ҳақ бо шумост, вале ба ҷавони покдил ва он духтари маъсума раҳми кас меояд. Худ нодониста, бо ҳукми табиати башарӣ ва бо дили соф ба кӯйи сарбаста даромада саргардон мондаанд. Афсус. ‒ Сукут кард, ба ёдаш киссаи Зол ва Рӯдоба омад. ‒ Дар замонҳои қадим, пеш аз зуҳури ислом, издивоҷ дар мавриди ихтилофи мазҳаб мамнуъ набуда, ё ки бо фармони шоҳ раво мешудааст. Мисол қиссаи Зол ва Рӯдоба аст, ки ровиён ба мо хабарашро додаанд ва банда онро дар «Шоҳнома» назм кардаам. Дар оғоз шоҳаншоҳ Манучеҳр издивоҷи Золи зардуштӣ ва Рӯдобаи бутпарастро манъ кард, вале сониян иҷоза дод. Метавон гуфт, ки ишқ ба мазҳаб ғолиб омад. Вале дар замони мо як чунин ҳодиса, албатта, берун аз имкон аст.

Аскофӣ аз афти кор ба ёд овард, ки бо меҳмон ҳанӯз аҳволпурсӣ накардааст, ‒ охир ӯро як ҳафта боз надида буд. Аҳволпурсикунон пайдарҳам якчанд суолро қатор кард:

‒ Кайфу ҳол? Дилтанг нашудед? Бағдодро хуб тамошо кардед? Ба зиёрати Тоқи Кисро ҳам рафтед?

‒ Оре, аз марҳамати ҳазрат…

‒ Чӣ гуна будааст? ‒ шоирро ба тамом кардани ҷумлааш фурсат надода боз пурсид Аскофӣ. ‒ Аз дидани харобаҳо маҳзун нашудед?

‒ Шудам, ҳазрат… Ба илова, фоҷиае, ки бандаро мушоҳидаи он иттифоқ афтод…

‒ Бале, харобаҳои Мадоин дар воқеъ ҳузноваранд, ‒ ба «фоҷиа» гуфтани мусоҳибаш эътибор накарда боз сухани ӯро бурид ноиб. Ба гумон, дар кайфияти хушҳолӣ ба миёни сухани мусоҳиб давидану онро нашунида қатъ кардан одати ӯ буд. Гуфторашро давом дод: ‒ Дидед, араб бо Сосониён чӣ карда буд? Харобаи Тайсафуни бостонӣ дар дили ҳар як эронӣ ҳамчун реше буд, реше ки дар тули се қарн хуншор буд, то он ки дайламиёни Бувайҳӣ ба зӯри шамшер Ироқро гирифтанд ва Бағдодро кушода интиқоми сесадсоларо ситониданду он реш беҳ шуд. Шоҳони Бувайҳӣ ба салтанати араб на фақат дар /88/ Аҷам, балки дар ин мулки қадими Эрон низ хотима доданд. Халифа, султони араб, имрӯз гӯш ба фармони шоҳаншоҳи Эрон аст…

Ба хотимаи салтанати арабӣ дар Аҷам ду қарн аз он пеш Тоҳириён ва Сомониён ибтидо гузошта ва муваффақ шуда буданд, аммо ноиб ин корро ба амирони Бувайҳӣ нисбат медод.

Гуфтугӯйи дароз гӯё як навъ муқаддимае буд, ки баъд аз он Аскофӣ ниҳоят ба сари матлаб омад:

‒ Устод, ба шумо як супориш ҳаст, ‒ шуруъ кард ӯ, ‒ агар қабул кардед, ба атову эҳсони мулукона мушарраф хоҳед шуд.. Қиссаи «Йӯсиф ва Зулайхо»-ро барои шоҳаншоҳ назм бикунед. Аълоҳазратам ин қиссаро ниҳоят дӯст медоранд.

Фирдавсӣ ҳайрон шуд: вай мунтазир буд, ки ноиб дар бораи «Шоҳнома» сухан хоҳад ронд ва балки ба амир Баҳоуддавла тақдим кардани онро таклиф хоҳад кард, вале Аскофӣ дар бораи китоби вай чизе нагуфта, якбора чунин супориши ғайричашмдошт кард.

‒ «Йӯсиф ва Зулайхо»-ро аз ин пеш ду шоир ‒ Абулмуайяди Балхӣ ва Бахтиёрии Аҳвозӣ назм кардаанд, чӣ ҳоҷат ки бори саввум назм бикунем? ‒ гуфт шоир.

‒ Назми эшон чандон писанди табъи ҳумоюнӣ наяфтод, ман аминам, ки назми устод Фирдавсӣ аз он ду ба маротиб баландтар ва ҷозибтар хоҳад буд, ‒ гуфт Аскофӣ. ‒ Далел ҳамин «Шоҳнома» аст, ‒ ниҳоят аз китоби мусоҳибаш ёдовар шуд ноиб, ‒ ман мутолиа кардам ‒ ба фасоҳату балоғат шояд ҳатто дар шеъри араб ҳам назир надошта бошад. Ҳиммат бигморед ва ба кор шуруъ бикунед. Барои ин кор ҳар чӣ қадар вақт лозим бошад, бемалол дар меҳмонсарои мо биншинеду машғул бишавед. Қиссаро шумо, албатта, дар Қуръон хондаед, ба фикратон назми он чӣ қадар вақт лозим дорад?

‒ Намедонам, ‒ андешамандона гуфт Фирдавсӣ.

‒ Ҳарчи зудтар ‒ беҳтар. Ман муътақидам, ки шумо ин корро дар ду моҳ ё дер кашад дар се моҳ ба анҷом мерасонед, ‒ ба ҷойи шоир муҳлати корро ҳам таъйин кард ноиб. — Хуб, розӣ ҳастед? ‒ боз пурсид ӯ.

‒ Фурсат бидиҳед, фикр кунам, ‒ гуфт Фирдавсӣ.

‒ Вай аз назди Аскофӣ ҳам як дараҷа хурсанд ва ҳам андуҳгин ба меҳмонсаро баргашт. Хурсандиаш аз он буд, ки Аскофиро некхоҳ ва ҳимоятгари худ донист. Аз нияти ниҳонии Ӯ бехабар буд, вале магар суханони ноиб ба ғамхории ӯ дар ҳаққи шоир гувоҳӣ намедоданд?.. Аммо андуҳи вай аз «Шоҳнома» буд: бузургтарин асари ӯ дар ҳақиқати амр боз ҳам /89/ харидор наёфт, дар миёна муаллақ монд. Ба ҳеҷ кас даркор нест…

Вай, албатта, пешниҳоди ноибро дар бораи назми қиссаи «Йӯсиф ва Зулайхо» қабул хоҳад кард. Ба қабул кардан маҷбур аст, зеро чанголи бешафаққати муҳтоҷӣ дар гиребони ӯст. Шояд гуфтори ноиб рост барояду ин достон дар пирии шоир ба вай бениёзӣ оварад.

Фирдавсӣ аз китобхонаи Аскофӣ Қуръон талабид, ба вай як нусхаи хушхати китобро оварданд. Агарчи қиссаи писари Яъқуб-пайғамбар бо маликаи Миср аз замони мактабхонии шоир ба вай маълум буд, вай аз нав ба мутолиаи он нишаст.

Ҳам шаби дигар ба назми он ибтидо кард.

* * *

Суханоне, ки бузургтарин шоири замон дар оғози ин достони худ дар бораи шоҳасари пешинааш мегӯяд, ба мо чигунагии кайфияти руҳии ӯро дар он давра ба хубӣ нишон медиҳад. Вай аз «Шоҳнома» маъюс шуда буд. Бистсола меҳнати шабонарӯзии дармоншикан ба вай чӣ овард? Бечорагӣ овард. Дар пириву бенавоии ӯ хорӣ овард. Дар ҳеҷ яке аз ҳукмдорони давр нишони донишу хирад пайдо нест, муруввату додгустарӣ гумном, ҳукмдорон ҳама дар лойдони ҷангу ҷидолҳо дармонда ва саргум. Наззораи харобаҳои Мадоин бошад, дар шоир фикри нопойдориву бевафоии ҷаҳонро қувват дод. Оё ба корҳои ин ҷаҳон эътибор кардан, дар бораи онҳо бо хуни ҷигар достонҳо суруданд меарзад? На, намеарзад. Ин шуғл «тухми ранҷу гуноҳ» коштан асту бас. Оё беҳтар нест, ки суханвар «суханҳои пайғамбарони худой» бигӯяд?

Накорам кунун тухми ранҷу гуноҳ,
Ки омад сафедӣ ба ҷойи сиёҳ.
Дилам сер гашт аз Фаридуни гурд,
Маро з-он чӣ к-ӯ тахти Заҳҳок бурд?
Гирифтам дил аз мулкати Кайқубод,
Ҳамон тахти Ковуси Кай бурд бод.
Надонам чӣ хоҳад буд ин ҷуз азоб
Зи Кайхусраву ҷанги Афросиёб?
Бар ин месазад гар бихандад хирад,
Зи ман худ куҷо кай писандад хирад,
Ки як нима аз умри худ кам кунам.
Ҷаҳоне пур аз номи Рустам кунам? /90/
Дилам гашта серу гирифтам малол
Ҳам аз пури Ковусу ҳам пури Зол…

Ҳамин тавр мегӯяд шоир дар оғози «Йӯсифу Зулайхо». Аз забони шоири кабири хирадманд, ҳикматомӯз, ватанпарвар, инсондӯст, офаридгори «Шоҳнома»-и бемаргу безавол шунидани ин суханҳо аҷиб ва нохуш меояд, аммо Фирдавсӣ бо ҳамаи бузургии худ як нафар инсон аст, ба вай ҳолдон бояд буд: чӣ аҷаб, агар инсоне дар пирию нокомӣ чунин дилшикаста шуда бошад?

Нигориши достони нав бо тезӣ пеш мерафт.

Аммо асар ҳанӯз тамом нашуда буд, ки ногаҳон ба ҳимоятгари шоир завол расид: бо фармони Баҳоуддавла рӯзе аз рӯзҳо яке аз пешкорони ӯ бо як даста сарбоз омаду ноиби «шоҳаншоҳ»-ро гирифта ҳабс кард. Молу ҳоли ӯ мусодира карда шуд. Оилаашро ҳам аз сарой берун карданд. Масъуд «Шоҳнома»-ро ба вай пас дод ва худ ночор бо модару хоҳаронаш сар ба биёбон гирифта сӯйи Кирмоншоҳ, ки ватани модариаш буд, раҳсипор гардид. Хонавода якбора тамоман ғорат шуда буд; Фирдавсӣ аз панҷ ҳазор дирам, ки аз Аскофӣ расида буд, ду ҳазорашро ба Масъуд дод, ки харҷи роҳ бикунад. Ҳамсол ва дӯсти Аскофӣ Абулфараҷи табиб ҳам ба онҳо ҳазору панҷсад дирам инъом кард. Вай ба хотири дӯстии деринааш бо Аскофӣ ва барои дилдории Масъуди кулфатзадаи номурод ба вай иҷозат дод, ки бори охирин бо Мария дидор ва хайрбод кунад. Ҳарду дар ҳузури падару модари Мария бо ҳам дидор карданд, гиристанд.

‒ Чун дӯстон видоъ кунед, ‒ гуфт Абулфараҷ ва ба ҷавон рӯ оварда афзуд: ‒ Масъуд, ҳарчанд, ки дини мо дигар-дигар аст, вале худо якест. Ман туро дуо мекунам. Хуш бирав. Он чӣ аз қазо ба сари падарат омад, ту, модарат, хоҳаронат аз он дилшикаста нашавед, сабр пеш гиред; барои шумоён ибодат мекунам, умедворам, ки худованди меҳрубон шумоёнро аз лутфу карамаш бенасиб нахоҳад гузошт.

Мария сар ба паҳлу хам карда ба Масъуд даст ёзонд, ҷавон дасти ӯро фишурда, гирён аз ҳавлии кашиш* бадар рафт.
___________________
* Кашиш ‒ руҳонии масеҳӣ.

Пас аз як сол Фирдавсӣ дар Тӯс шунид, ки Аскофиро аз зиндон фирор кардан муяссар шуда ва ӯ ба шаҳри Батеҳа ба паноҳи ҳокими он диёр рафт ва, он гоҳ Масъуд модару хоҳаронашро назди падараш фиристода, худ бо корвони ҳоҷиён пиёда /91/ ба Макка равон шуда, дигар ба ватанаш барнагашта, дар ҳамон тарафҳо ғайб задааст.

Ноиби нави Баҳоуддавла Фирдавсиро ҳамчун дӯсти Аскофии ба ғазаби шоҳ гирифторшуда аз меҳмонсарои ноибхона берун кард. Шоир ночор ба ватани худ баргашт.

***

…Малул ва маҳзун баргашт. Ҳабсу қайди Аскофӣ ӯро хеле маъюс карда буд. Ваъдаи ҳимоят аз ҷониби ноиби Баҳоуддавла шоирро пас аз навмедиҳо умеди тозае бахшида буд, ки шояд аз ин баъд мушкилоти рӯзгораш рӯ ба осонӣ оварад, акнун ин умед ҳам барбод рафт. Дар он замонҳо ҳар як шоир ё олим ниёзманди ҳомӣ мегардид ва ҳомӣ мебоист шоҳ, ҳоким ё тавонгаре мебуд, ки тавонад он шоир ё олимро дастгирӣ кунад ва кумаки моддиаш расонад, вагарна дурудароз дар болои асаре кор карда онро ба охир расонидаи душвор ва ҳатто муҳол мебуд. Фирдавсӣ ба дилаш аз «толеи наҳс»-и худ шиква мекард: охир, аз се ҳомӣ ки шоир дошт, ду нафарашон пеш аз итмоми «Шоҳнома» як ба як аз байн рафтанд. Мансур ибни Муҳаммад, волии пешини Тӯс, он марди «хирадманду бедору равшанравон», ки нахустин бор шоирро ба назми «Шоҳнома» ташвиқ ва дар ин кори бузург ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард, ба зудӣ дар кадом як ҷанг кушта шуд, дуввумӣ ‒ Ҳусайни Қутайб ногаҳон маъзул ва зиндонӣ гардид. Акнун дар итмоми «Шоҳнома» ҳомии сеюми ӯ Аскофиро ҳам аз мансаби ниёбат ронда ба зиндон андохтанд. Ба ростӣ ҳам қисмат бо шоир бозиҳои шум мекард.

Вақти бозгашти Фирдавсӣ аз Бағдод ба Тӯс тирамоҳ даромада буд, дар Бож намуди ҳузновари заминҳои аз ҳосил монда, аҷириқ пахшкарда, ҷӯйҳои хушкида бар ғаму яъси ӯ меафзуд. Ҷӯйборе, ки аз рӯд об мегирифту киштҳои кишоварзони Божро обёрӣ мекард, сарбандаш дар селҳои баҳорон вайрон шуда буд, кишоварзон ба воситаи ҳашар онро нимкора рост карда буданд; ин кор ба охир расида буд, ки тобистон даромада оби рӯд костан гирифт ва ба ҷӯйбор ба қадри даркорӣ намедаромад, бад-ин сабаб киштҳои ташнаи об дар гармои тобистон хушкиданд, сӯхтанд. Бе ин ҳам дар солҳои пеш зироати Фирдавсии деҳқон кам-кам рӯ ба табоҳӣ оварда буд: шоири ғарқа дар баҳри назми достонҳо ба назорати кишту дарав расидагӣ намекард, сол ба сол нотавонтар ва нодортар мешуд, баъзе солҳо ҳатто аз додани ғаллаи тухмӣ ба барзгарони худ оҷиз мемонд, барзгарон ба қадри зӯру тавони ху/92/дашон дар заминҳои хароб чизе мекоштанду ҳосиле мебардоштанд. Қисми зиёди заминҳо ба иҷора дода шуда буд, иҷорадорон пас аз бардоштани ҳосили ночизи ғалла ҳаққи иҷора гӯён ба шоир чӣ қадаре ки худашон лозим донанд, меоварданд, шоир бошад на фурсате ва на ҳавсалае дошт таҳқиқ кунад, ки ҳаққи иҷора он миқдор ки мебояд, оварда шудааст ё на.

Зимистон даромад, хунукӣ мардумонро ба кодокҳои сандалӣ, ки дар Эрону Хуросон курсӣ меномандаш, тиққонд. Аҳволи хонаводаи Фирдавсиро дар он зимистону баҳор ин мисраъҳои вай аён месозанд:

Ҳаво пурхурӯшу замин пур зи ҷӯш,
Хунук* он ки дил шод дорад ба нӯш,
Дирам дораду нону нуқлу набид**
Сари гӯсфанде тавонад бурид.
Маро нест ин, хуррам онро ки ҳаст,
Бубахшой бар мардуми тангдаст.
На мондам намаксуду ҳезум, на ҷав,
На чизе падид аст то ҷавдарав.
___________________
* Хунук ‒ ин ҷо ба маънии хушбахт.
** Набид ‒ шароб.

Колои бебаҳои шоир ‒ дастнависҳои «Шоҳнома» ва «Йӯсифу Зулайхо» дар токча гард пахш карда хобида буданд, ба қимати ҳақиқии онҳо хазинаи подшоҳон намерасид, аммо шоир орзуи намаксуду ҷав мекард… Ӯ шастро пур карда, заъфи пирию нотавониаш торафт меафзуд, мӯй ва ришаш сафед, чашмҳош хира шуда буданд. Шоир ба назми «Шоҳнома» бо нияти тақдими он ба подшоҳи Сомонӣ шуруъ карда буд, анҷоми нусхаи аввалини китоб ба айёми пирии шоир, ба замоне рост омад, ки Сомониён аз байн рафтанд, дар ватани ӯ Хуросон салтанати Маҳмуди Ғазнавӣ, дар Мовароуннаҳр ҳокимияти қарохониён пойдор гардид. Фирдавсӣ ин салтанатҳои нави туркиро бегона ва аз донишу хирад дур медонист, аз онҳо умеди ҳунардӯстиву шоирпарварӣ надошт, аз «фурӯш»-и асари бузурги худ навмед шуда буд. «Шоҳнома» назар ба он, ки мо имрӯз онро ба даст дорем, хурдтар буд, матнаш ҳам аз ҳозира тафовутҳо дошт, якчанд фаслҳо ва баъзе қиссаҳоеро, ки дар асари пурраи шоир ҳастанд, дар бар надошт. Фирдавсӣ акнун фақат барои ёдгори комиле ва арзан/93/дае аз худ боқӣ гузоштан қарор дод, ки асарашро такмил диҳад ва пурра созад. Бо ин мақсад вай «Шоҳнома»-и мансур, дастнависҳои пешини худ ва дафтари ривоятҳои аз забони ровиёну гӯяндагони зинда навиштаашро аз нав ба даст гирифт.

Моҳ ба моҳ ва сол ба сол китоби ӯ бо қиссаҳои нав пурратар мегашту абёташ аз қалами таҳриру тасҳеҳи ӯ сайқал меёфт.

Ин шуғли ӯ фақат бо як сафари думоҳа муваққатан бурида шуд.

Ба ин сафар ӯро ҳамон бечорагиаш маҷбур кард. Дар як баҳор, баҳоре, ки хонаводаи шоир ҳамчунин мебоист онро то «ҷавдарав» ба нимгуруснагӣ ба сар мебурд, вай яке аз нусхаҳои «Шоҳнома»-ро қисм-қисм дар карбос печонда ва ба хӯрҷин андохта, аспакӣ ба роҳ афтод. Мақсудаш шаҳрҳои Ироқи Аҷам ва Ҷибол буд. Шояд дар он тарафҳо аз байни ҳокимони маҳаллӣ ва давлатмандон ба ашъори ӯ харидоре ёфт шавад. Манзил ба манзил дар дашту дараҳо, санглохҳо роҳ паймуд, аз ақбаҳо гузар кард, аз рӯдҳо ва наҳрҳо убур намуд. Дар шаҳрҳову қаряҳои қади роҳ ӯро бо иззату икром пешвоз мегирифтанд, зиёфат мекарданд, қироати достонҳояшро бо майлу ҳавас мешуниданд, зеро овозаи достонсарои бузург кайҳо то ба дурдасттарин гӯшаҳои мамлакат расида буд, аммо касе китоби ӯро харидорӣ намекард. Ба қавли худаш «сари бадраҳои* куҳан баста» буд. Ҳокимчаҳои маҳаллӣ ё кисахолӣ буданд ё хасис.
___________________
* Бадра ‒ ҳамён.

Аммо ба ҳукми он, ки ҳеҷ як қоида бе истисно намешавад, аз байни ҳокимчаҳои маҳаллӣ ҳокими Хонланҷон ном вилояте дар ҳаволии Исфаҳон марде дар воқеъ донишпарвар ва шеърдӯст баромад. Аҳмад ибни Муҳаммади Абубакри хонланҷонӣ ва хусусан писари ҷавони ӯ ба Фирдавсӣ меҳрубонӣ карданд. Шарти меҳмоннавозиву шоирдӯстӣ аз ҷониби онҳо бекамукост ва ҳатто беш аз он ки тасаввур мешавад, баҷо оварда шуд. Шоир ба шукронаи чунин пазироӣ нусхаи (варианти) дуввуми «Шоҳнома»-ро ба номи ҳокими он диёр кард ва ин корро дар 25-и муҳаррами арабӣ ё худ 27-и баҳманмоҳи форсии соли 389 ҳиҷрӣ (998‒999 мелодӣ) ба поён расонда, аз ҳоким якчанд ҳазор дирам ато гирифт. Он чӣ дар мусофирати Хонланҷон аз ҳарчи бештар дар хотири шоир монд, ба оби рӯд даромадану халосӣ ёфтанаш аз ғарқ шудан буд: /94/ пири шастсола як рӯзи баҳорон ба ёди айёми ҷавониаш хост дар оби Зарринрӯд шиноварии худро имтиҳон кунад, вале ҷараёни рӯди кӯҳӣ аз ин ҳунари ӯ зӯртар баромад ‒ об ӯро бурд. Агар писари ҳоким ба мадади ӯ намерасиду аз мӯяш кашида аз ғарқоб берун намеовард, ғарқ шуданаш муқаррар буд. Шоир ёди он ҳодисаро дар шеъраш сабт карда, ба халоскунандаи худ сипосгузорӣ ва ӯро дуои хайр менамояд:

Баҳорон сӯйи рӯди Заррин шудам,
Зи баҳри нишоту пояи… шудам (?)
Ба об-андар афтодам аз ногаҳон,
Зи ёрон ба пешам кеҳону меҳон,
Бимондам гирифтори гирдоби сахт,
Ту гуфтӣ ки баргашт бедор бахт.
Чу огоҳ шуд, бар сари ман давид,
Ба мӯям гирифту маро баркашид.
Дилаш гашт бар диданам нек шод.
Сабук гӯспанде ба дарвеш дод.
Пас аз хост (?) додори яздони пок,
Шуд эман аз ӯ ҷони ман аз ҳалок.
Кунун гар ба дастам бувад ҷону тан,
Надорам дареғ, ар бихоҳад зи ман,
Ки яздони некидиҳаш ёр бод,
Бадандешу бадгӯйи ӯ хор бод.

Балки мо ҳам мебояд аз он ҳокимзодаи ҷавон миннатдор бошем, ки ба туфайли ӯ шоири бузург баъд аз он боз бисту чанд сол зист ва нусхаи охирини (варианти чаҳоруми мукаммали) «Шоҳнома»-ро ба поён расонда ба ҷаҳониён ёдгор гузошт…

* * *

Вай ба деҳаи худ баргашта такмилу тасҳеҳи асарашро давом дод, ба «Шоҳнома» боз якчанд қиссаҳо изофа кард. Атои каримонаи ҳокими Хонланҷон ба вай имкон дод, ки ду-се соли дигар ба тариқи сарфакорӣ, қариб бо хотири ҷамъ, қариб бемалол ба кори эҷодии худ машғул шавад. Он солҳо шоҳзодаи Сомонӣ Абуиброҳими Исмоили Мунтасир бо истилогарони мамлакаташ меҷангид. Як силсила ғалабаҳои ӯ ҳавохоҳони сомониён ва гиряндагони заволи онҳоро, аз он ҷумла шоири Тӯсиро умеде мебахшид, ки шояд давлати Сомониёни донишпарвар аз нав барқарор гардад. Дар ин сурат Фирдавсӣ нусхаи пурраи «Шоҳнома»-ро ба ҳукмдори сомонӣ тақдим хоҳад кард. Ӯ ба шоҳзодаи ҷавон ва лашкаркаши ҷасур /95/ Мунтасир алалхусус аз барои он ки вай шоир ҳам буд, ҳусни таваҷҷуҳе дошт. Ситоишгари паҳлавониву паҳлавонон Фирдавсӣ қитъаи зерини аз забон ба забон гузашта дар байни фозилони Мовароуннаҳру Хуросон интишорёфтаи шоири ҷанговарро хеле писандида буд:

Гӯянд маро зи чӣ рӯ хуб насозӣ
Маъвогаҳи ороставу фарши мулавван?
Бо наъраи гурдон чӣ кунам лаҳни муғаннӣ?
Бо пӯяи аспон чӣ кунам маҷлиси гулшан?
Ҷӯши ману нӯши лаби соқӣ ба чӣ кор аст?
Ҷӯшидани хун бояд бар айбаи ҷавшан.
Асп асту силоҳ аст маро базмгаҳу боғ,
Тир асту камон аст маро лолаву савсан.

Аммо ногаҳон ба дасти хоине кушта шудани Мунтасир умеди ҳавохоҳони давлати Сомониро барбод дод.

Давомаш

Аввалаш

Ба мундариҷаи «С. Улуғзода. Фирдавсӣ»


Бо дӯстонатон баҳам бинед: