С. Улуғзода. Фирдавсӣ, қ. 1-2

Ваъзи шайх Абулқосим

Дар саҳни масҷиди одинаи Тобирон баъд аз намоз шайхи бузург Абулқосим ба ҷамоат ваъз мегуфт. Ӯ бо ҷӯшу ҷазаба қарматиёну исмоилиёнро муртад ва кофир хонд, рахна кунандагони дини муҳаммадӣ номид, лаънаташон фиристод ва мусулмононро аз мусоҳибату муоширати эшон дарҳазар ва аз шунидани сухани онон манъ кард. Ним қарн аз ин муқаддам, ‒ наттоқӣ мекард ӯ, ‒ подшоҳи ислом Нуҳ ибни Насри Сомонӣ дар саросари кишвар қарматиёнро қатли ом намуд, вале иддае аз он бадкешон тавонистанд дар гӯшаю канорҳо пинҳон шуда аз теғи кофиркуши он подшоҳ ҷон ба саломат баранд. Эшон боз ҳамчу мору каждумҳо аз сӯроху ковокҳошон берун хазида кам-кам ба мусалмонон заҳри бидъаташонро задан гирифтанд. Онҳо махфӣ шудаанд, дар хуфя таълимоту таснифоти шанеи хешро интишор медиҳанд.

Сипас шайх муъминонро огоҳӣ дод, ки баъзе ашъори шоирони сустэътиқод, баъзе маҷозоту истиорот ва қиссаву ҳикоёти онон низ сабаби қувват гирифтани куфру бидъат мешаванд, чунончи ин вақтҳо дар «маҳофилу маорик» қироати қиссаҳое аз «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ расм шудааст ва ҳол он ки ин шоир дар он қиссаҳо мардуми замони ҷоҳилияро, оташпарастонро, маҷусону габронро васф мекунад. Муъмину мусалмон ҳаргиз набояд он қиссаҳоро бихонад ва ё қироати онҳоро бишнавад. Ва ҳоказо ва монанди инҳо…

Абулқосими Фирдавсӣ низ дар маҷлиси ваъз ҳозир буд. Мардумони деҳкадаҳои наздики шаҳр намози ҷумъаро дар масҷиди одинаи Тобирон мегузаронданд. Шунавандагони ваъз ба тарафи вай рӯ гардонданд. Шоир аз ин пешомади хилофи интизор ҳайрону ошуфтаҳол буд. «Давоми иғвои имом Абдуннабӣ?» ‒ мегуфт ӯ ба дилаш. Сухани шайхро, ки ба худаш гуфта буд, ба ёд овард: «Имом то далелу бурҳон наёранд, мо ба шикояташон эътибор намекунем». Пас чӣ шуд, ки шайх иғвои Абдуннабиро такрор мекунад? Фирдавсӣ пеш баромада ба наздиктари шайх, ки дар миёнаи сафи машоиху уламо ва муътабарони шаҳр рост истода сухан меронд, омад. Имоми шодобӣ /37/ дар паҳлуи шайх истода ва ба шоир фотеҳона чашм дӯхта буд.

‒ Ҳазрат! ‒ муроҷиат кард шоир ба шайх Абулқосим. — Як суол дорам, иҷоза фармоед, бигӯям.

Абулқосим сар ҷунбонид, ки яъне бигӯ.

‒ Оё ҳазратам ба масал Нӯширвон, Эраҷ, Рустами Достон, Сиёвуш, Коваи Оҳангарро ниёгони худ медонанд ё на?

Шайх як лаҳза сукут карду гуфт:

‒ Шояд ниёгон ҳам бошанд. Чӣ буд? Мақсуд аз ин пурсиш чист?

‒ Балки мою шумо пушти даҳум, бистум ё сиюми Соми Наримон, Золи Зар, Тӯси Нӯзар ё Геви Кашводагон бошем? Гумон намекунед? ‒ боз пурсид Фирдавсӣ.

‒ Оллоҳ аълам (худо донотар аст), ‒ ҷавоб дод шайх.

‒ Модом ки онҳо замоне дар ин сарзамин зистаанд, албатта, аз худ авлоде боқӣ гузоштаанд, пас имрӯз авлоди авлоди он авлод киҳоянд? Магар на мардумонеанд, ки имрӯз дар ин сарзамин зиндагонӣ мекунанд?

‒ Оллоҳ аълам.

‒ Бидуни шак, мардумони ин сарзамин авлоди ҳамон ниёгонанд, ниёгоне, ки меҳани хешро азиз медошта, дар дифоъ аз он ва беҳдошти он ҷони худро дареғ намекарда, барои осудагиву беҳрӯзии ҳаммеҳанони хеш мекӯшидаанд ва ба ҳамин мақсад расму ойинҳои нек ниҳодаанд. Пас оё равост, ки мо имрӯз он ниёгони хешро баддину бадкеш хонему лаънаташон фиристем ва ба фаромӯшӣ супорем? Магар ин безотӣ ва бадгавҳарӣ намешавад?

Аз байни ҷамоат нидоҳо баланд шуданд:

‒ Мешавад! Мешавад!

‒ Ниёгонро ба некӣ бояд ёд кард!

‒ Ва бузург бояд дошт!

‒ Ин гуноҳ нест, айни савоб аст!

‒ Ҳақиқатан, пирам, маъзарат мехоҳам, ниёгони бузург агарчи кеши дигар доштаанд, зеро пеш аз зуҳури ислом зистаанд, ёди онҳоро наку доштан магар кори хайр нест, гуноҳ аст? ‒ овози баланд баровард муфтии собиқи лашкар Муҳаммади Лашкарӣ аз байни муътабарон, ки дар ду паҳлуи шайх саф кашида буданд, ‒ ҳамон Муҳаммади Лашкарӣ, ҳамсол ва дӯсти қарини Фирдавсӣ, ки дар вақташ яке аз ташвиқкунандагони шоир ба назми «Шоҳнома» буда, мансураи ин китоби ниҳоят камёбро аз куҷое пайдо карда оварда ба вай тақдим намуда буд. /38/

Фирдавсӣ ба дӯсти худ бо назари сипосу миннатдорӣ нигоҳ кард.

Ҳамдиёрони Фирдавсӣ ҳам монанди вай эътиқод доштанд ба ин ки ҳамаи қаҳрамонони достонҳо, ‒ на фақат онҳое, ки таърихӣ мебошанд, балки онҳое ҳам, ки мо асотирӣ ва афсонавиашон мешуморем, ‒ дар қадим зистаанд ва ҳатто деву аждарҳо низ мавҷуд буда ва бо мардумон ҳар ранг муносибате доштаанд.

Фирдавсӣ аз нидоҳои ҳавохоҳонаи аз ҷамоат баландшуда дилаш қувват гирифта боз ба шайх рӯ овард:

‒ Шумо, ҳазрат, ба пурсиши банда ҷавоб надодед.

Шайхи бузург ба ҷойи ҷавоби пурсиши шоир бо овози қаҳролуд ба ҷамоат чунин хитоб кард:

‒ Ҳеҷ як ҷамъияти мардум аз ҷоҳилон холӣ нест! Ман аз байни шумо овози ҷоҳилонро мешунавам. Ман аз соҳибони ин овозҳо мепурсам: шумо киҳоро бузург доштан ва ба некӣ ёд кардан мехоҳед? Маҷусиро, оташпарастонро, монанди Меҳроби Кобулӣ заҳҳокнажодонро? Онҳо ҳама мушрикони кофирпеша буданд, мункирони тавҳид буданд!

‒ Каромат кардед, ҳазрат, онҳо на худои ягонаро мешинохтанд, на расул ва на китоби ӯро! ‒ сӯйи шайх таъзим карда илова намуд имоми шодобӣ.

‒ Расули худо ва китоби ӯро намешинохтанд? Ҳамин тавр фармудед, ҷаноби охунд? ‒ гашта пурсид Фирдавсӣ.

‒ Бале, ‒ фавран ҷавоб дод охунди шодобӣ ва ба мардумон олим будани худро нишон доданӣ шуда, аз қуръон оятеро дар бораи он, ки дар қиёмат кофирон дар оташи дӯзах месӯзанд, хонд.

‒ Оё ин оят ҳамчунин дар ҳаққи ниёгони дури мо, ки банда аз онҳо дар «Шоҳнома» ном бурдаам, гуфта шудааст? ‒ боз суол дод Фирдавсӣ.

‒ Албатта, ‒ гуфт охунд ва боз фазлфурӯшона афзуд: ‒ Ҷойи куффори алайҳуллаъна нори ҷаҳаннам аст.

‒ Яъне он ниёгон ҳам ба дӯзах мераванд?

‒ Бидуни шак.

‒ Ба кадом далел? Ман қуръонро борҳо хондаам, медонам, дар вай дар бораи дӯзахӣ будани мардумони дар ҷоҳилият зиста ояте нест.

‒ Дар кутуби аҳли ҳадис ва уламои кубор ба ин нукта ишорат ҳаст.

‒ Дар кадом китоб? Кадоме аз аҳли ҳадис ё аз уламои кубор ба ин нукта ишорат кардааст? /39/

‒ Биҷӯед, бихонед, меёбед, ‒ дармондагии охунд дар ҷавоби суол аён буд.

‒ Банда ба арабӣ ва форсӣ китобҳои аҳли ҳадис ва дигар уламои куборро хондаам, вале дар ҳеҷ яке аз он китобҳо ишоратеро, ки шумо мегӯед, надидам. Ҳазрат! ‒ боз ба шайх муроҷиат кард Фирдавсӣ. ‒ Оё шумо гуфтаи ҷаноби охундро, дар бораи дӯзахӣ будани мардуми дар ҷоҳилият зиста, тасдиқ мекунед?

‒ Охунд худ аз зумраи уламоянд, надониста намегӯянд, ‒ ҷавоб дод шайх.

Фирдавсӣ баланд хандид. Шайх Абулқосим ва дигарон бо назари тааҷҷуб ба вай нигаристанд.

‒ Иҷоза фармоед, ҳазрат, банда ду нуктаро арз кунам, ‒ гуфт Фирдавсӣ. — Аввалан, шумо, ҷаноби охунд, инчунин, маъзарат мехоҳам, шумо ҳам, ҳазрат, бо кадом ақл мардумонеро, ки ҳазор-ду ҳазор сол пеш аз пайғамбари мо зистаанд, ба нашинохтани ӯ ва китоби ӯ гунаҳгор мекунед? Ба надонистани тавҳид, ки таълими пайғамбари охирзамони мо мебошад, гунаҳгор мекунед? Агар шумо он авлоди худатонро, ки ҳазор сол баъд аз сари шумо ба дунё хоҳанд омад, пешакӣ шинохта метавонистед, ниёгони дури мо ҳам пайғамбари моро шинохта ва аз китоби вай огоҳ буда метавонистанд.

Аз байни ҷамоат ханда ва ҷо-ҷо қаҳқаҳа баланд шуд.

‒ Сониян, ‒ гуфта суханашро давом дод Фирдавсӣ, ‒ шумо, ҷаноби охунд, агар танҳо ба ман буҳтон мезадед, боке набуд, вале шумо ба худованд ҳам буҳтон задед: магар худованд мардумонеро, ки на бо айби худашон аз ислом бехабар будаанд, зеро садҳо қарн пеш аз ислом зистаанд, магар худованд он бегуноҳонро ба дӯзах мефиристад?.. Ҳазрат! Ҷаноби охунд! Чунин бехирадӣ ва золимиро ба худованди бахшояндаи меҳрубон нисбат додан…

Дар ин ҷо шайх Абулқосим даст афшонда бо овози баланди ғазаболуд:

‒ Бас аст! ‒ гӯён сухани шоирро қатъ кард. ‒ Ин чӣ гуфтори шанеъ аст, ки мешунавам?!

Муридон ва дигар мухлисони шайх якбора ғавғо бардоштанд:

‒ Хомӯш бош! ‒ аррос мезаданд онҳо ба тарафи Фирдавсӣ. ‒ Бидъат гуфтӣ!.. Беимон!.. Осӣ шудӣ, тавба кун!.. Ба ҳазрати шайхи бузургвор беҳурматӣ кардӣ!.. Дур шав!..

Дигар мардумоне аз ҷамоат, ки дӯст ва ҳавохоҳи шоир буданд, ба ғавғогарони мутаассиб эътироз ва онҳоро хомӯш кар/40/данӣ мешуданд, вале онҳо хомӯш нашуда, бо шӯру балво шоирро ҳар навъ дашному таҳқир ва ҳатто ҳаракати ба вай ҳуҷум кардан менамуданд.

Агар дар ин асно аз тарафи кӯча ногаҳон ғалоғула ва тапар-тапари сумми аспон баланд намешуд ва ҷавонмарде тозон вориди саҳни масҷид шуда:

‒ Лашкар омад! Сипаҳсолор омад! ‒ гӯён фарёд намекашид, Фирдавсӣ шояд дучори ҳуҷуми муридони шайх мегардид.

Ҷамоат ба ҷунбиш омада зуд пароканда шуд, бузургон ба истиқболи ноиби хуросонии подшоҳи Сомонӣ, дигарон ба тамошои вуруди лашкари ӯ шитофтанд.

* * *

Фирдавсӣ бо ҳамроҳии Муҳаммади Лашкарӣ, Абу Дулаф ва якчанд дӯстони дигараш аз саҳни масҷид баромада, қад-қади хиёбон ба тарафи Регистон ‒ майдони пеши қалъа равон шуданд.

Фавҷ-фавҷ саворони найзадор бо кӯчаи калон омада ба сӯйи Регистон мерафтанд. Ҳар ду бари кӯча аз тамошогарон пур буд. Аз болои қалъа бонги нақораву карнайҳо баланд гардид. Аз қафои фавҷи найзадор як тӯда саворони ҷавшану мискулоҳпӯш бо шофу шамшерҳои зарринқабзи мурассаъ ба ҷавоҳироти сурху сабз, аспони бо ҷулу сағрипӯшҳои гаронбаҳо дар ҳар қатор чаҳорнафарӣ саф баста ҳаракат мекарданд. Пешопеши ин тӯда дар мобайни ду савор, ки зоҳиран сарони лашкар буданд, марди тануманди муғулсимо ва тунукриш, кулаҳхӯди тиллоранг бар сар, қабои сурхи зардӯзӣ ба тан, афзоли аспи сафедаш аз дигарон бошукӯҳтару назарработар бовиқору ҳашамат меомад. Ӯ волӣ ва сипаҳсолори Хуросон Абуалии Симҷӯрӣ буд. Аз қафои тӯда фавҷҳои камону каманддорон, шашпардорон асп меронданд. Аз ҳама ақиб як даста сарбозон бо юзҳои занҷирбанду сагҳову шоҳину бозҳои шикорӣ меомаданд. Аён буд, ки сипаҳсолор аз шикоргоҳ рост ба Тӯс омадааст. Дар кӯчаи дароз, то ҷое ки чашм мерасид, гарди ғализи печон ба ҳаво мехазид. Кулаҳхӯдҳои мисин, нӯги фӯлодини найзаҳо, рикоби аспҳо дар шуои офтоб медурахшиданд. Бо намудор шудани сипаҳсолор Меҳрони ҳоким бо як гурӯҳ мансабдоронаш пиёда сӯйи ӯ давида ӯро бо таъзиму тавозуъ пешвоз гирифтанд; Меҳрон дасти волиро ба ду дасташ гирифта бӯсид, домани қабояшро ба чашмаш молид. Ду ҳазор лашкари савора дар Регистон рӯ ба тарафи қалъа ба чандин қатор истода саф кашид. /41/

Сипаҳсолор бо муқаррабонаш савора пеш-пеш, якчанд мансабдорони пиёда аз қафо ба даруни қалъа роҳ гирифтанд. Вақте ки саворон ба дарвозаи қалъа расиданд, вакили молиёт бо ду мулозимат халтаҳои нимапур ба даст пайдо шуда ба роҳи сипаҳсолор тангаҳо пошиданд.

«Волӣ барои чӣ омада бошад? ‒ монанди дигар ҳамам тамошогарон ба дилаш мегуфт Фирдавсӣ. ‒ Ва он ҳам якбора аз шикор, бо ин қадар лашкар? Ин тавр ногаҳон омадани вай, албатта, бесабаб нест, бояд ҳодисае рӯй диҳад».

Пас аз он ки Регистон аз издиҳоми халқ холитар шуд, Фирдавсӣ бо Муҳаммади Лашкарӣ хайрбод карда, ҳамроҳи Абу Дулаф ба манзили ӯ равон гардид. Дар он ҷо вай аспашро монда омада буд, онро савор шуда бо мушояати ровӣ роҳи деҳаи худро пеш гирифт…

Азли ҳоким

Чоршанбе дар Тӯс рӯзи бозори калон буд. Дар майдони пеши қалъа издиҳоми мардумон ҷамъ шуда, ғавғо андохта талаб мекарданд, ки волӣ арзи онҳоро шунавад. Аз дасти ҳокими золим дод мегуфтанд; фарёд мекашиданд, ки хироҷи фавқулодда ноҳақ ва хилофи шариат аст ва ноиби подшоҳ бояд онро бекор кунад. Абуалии Симҷӯрӣ дар айвони болои қалъа бо як тӯда муқаррабонаш нишаста издиҳоми пуршӯру ғавғоро назора менамуд.

Дарвозаи баланди оҳанкӯби қалъа боз шуда, аз вай як даста навкарон як бандии нимбараҳнаи даст ба пушт бастаро бароварданд. Издиҳоми халқ дар он бандӣ Меҳрони ҳокимро шинохта, чӣ будани воқеаро нафаҳмида якбора хомӯш гардид. Як мансабдори ношинос, ки зоҳиран аз наздикони Абуалии Симҷӯрӣ буд, ба болои суфаи сангини пеши дарвоза баромада бо овози баланд:

‒ Халоиқ! ‒ гӯён ба издиҳом муроҷиат кард. ‒ Ин одамро дидед? ‒ бандиро ангуштнамо кард. ‒ Ин Меҳрон аст, ки то имрӯз ҳокими шумо буд. Ӯ ба шумоён бисёр зулм ва ба хазинаи давлат хиёнат кардааст. Аз волоҳазрати ноиби подшоҳ ба азл ва ҳабси ӯ фармон содир шуд. Золим ва хоин ба зиндон андохта мешавад. Сипаҳсолори одили фуқаропарварро дуо кунед!..

Аз издиҳом ҳаёҳуи шодӣ, нидоҳои офарину таҳсин ба унвони волӣ ва лаънату нафрин ба номи Меҳрони бандӣ баланд /42/ гардид. Чун андаке хомӯшӣ барқарор гашт, мансабдор хитобаташро давом дода ва ба бандӣ ишора карда гуфт:

‒ Ин малъун хироҷи фавқулоддаро ба раиятҳо худсарона, аз ғайри фармони волоҳазрати ноиби подшоҳ андохта будааст. Бо фармони олӣ аз ҳамин рӯз ин хироҷ бекор карда мешавад.

Аз издиҳом ғулғулаи шодӣ ва дуою ситоиши волии Хуросон боз баландтар гашт. Ба Абуалии дурандеш ҳамин даркор буд: аҳолӣ ӯро дӯст дошта бошанд, то ки ҳар гоҳ ӯ алами исён барафрозад, ӯро ҳаводорӣ намоянд. Ӯ фурсати мусоид мепоид, то ки Хуросонро аз давлати Сомониён ҷудо карда, худаш амири боистиқлол шавад. Гумони Абдулқодири Меҳрон дар бораи ҳамин гуна нияти ниҳонӣ доштани сипаҳсолор беҷо набуд. Исёни Алптегини сарлашкар ва аморати худро пойдор кардани ӯ дар Ғазнӣ, аморате, ки акнун бар тахти он домодаш Сабуктегин нишастааст, инчунин аз давлати Сомонӣ қариб ҷудо шуда ё худ ҳаракати ҷудошавӣ доштани Хоразм, Исфиҷоб, Чағониён, Систон низ васвасаи истиқлолхоҳии Абуалиро қувват медод. Инак, сипаҳсолор бо ҳила аввал Меҳронро ба ситонидани хироҷи фавқулодда водошт ва акнун он хироҷро бахшида, дар вақти исёни оянда ба худаш ёрии тӯсиёнро таъмин кард. Вай мусодираи ганҷи ниҳонии Меҳронро аз халқ пинҳон дошт. Аз мусодира қариб як миллион дираму динор ва дигар зарринаю симинаи фаровоне ба даст оварда буд. Ӯ дар воқеъ ба масали «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад» амал карда, ҳам хазинаашро пур ва ҳам халқи хироҷгузорро аз худаш мамнун сохт. Дусад-сесад ҳазор дирам ба унвони пардохти хироҷи ба ноҳақ ситонидашуда ба аҳолӣ баргардонда шавад ҳам, боз пулу моли фаровоне дар ихтиёри ӯ боқӣ мемонд.

Меҳрон ба зиндон андохта шуд. Абуалӣ пас аз наззораи шодмонии мардумон дар Регистон ва шунидани дуоҳои хайр ва мадҳу саноҳои онон ба унвони худаш, бо ҳамроҳии муқаррабонаш айвони болои қалъаро тарк карда, ба боргоҳ гузашт. Дар он ҷо ботантана дар бораи таъин кардани Ҳусайни Қутайб ном дарбории нишопуриаш ба ҳукумати Тӯс ба ҷойи Меҳрони маъзули зиндонӣ фармони худро эълом карда, ба ҳокими нав хилъати фохира пӯшонд.

Шаби гирифтани моҳ

Ба ҳар ҳол пешомадҳои нохуш паси сар шуданд, гарчанде ки талхии онҳо дар дили шоир боқӣ монд. Онҳо ӯро муддате аз шуғли шоириаш боздоштанд. Акнун вай аз нав дар шуғли /43/ худ ғарқ шуд. Рӯзону шабон дар ҳуҷраи худ аз сари китобу қаламу коғаз барнамехост. Фақат гоҳ-гоҳ баромада барои рафъи хастагӣ ба соҳили Кашафрӯд мефуромад ва соате дар соҳили он гардиш мекарду боз ба корхонаи худ бармегашт. Дар олами ахбору ривоятҳои бостонӣ сайр менамуд, аз онҳо барои худ муҳите сохта буд, ки ғаму ташвишҳои ин ҷаҳон ба он муҳит намеғунҷид. Ҳар гоҳ ки ба ҳуҷраи худ даромада сари мизи таҳрираш менишаст, ташвишҳои зиндагиро дар паси дар мегузошт. Маънӣ ва мақсади ҳаёташ, мавҷудияташро дар шоҳкитоби ояндаи худ медид. Азму ҷазми он дошт, ки ҷаҳони Аҷами кайҳо фавтидаро зинда гардонад ва ҳам забони модариашро чунон қуввату пояндагӣ бахшад, ки то абад ҳеҷ як қувваи беруна ба вай футур расонда натавонад. Ин кори худро бузург ва муқаддас медонист ва ҳозир буд, ки тамоми умр, тамоми неруи тану руҳ, тамоми хираду донишу заковаташро фидои он созад. Аз Худояш чандон муҳлати зиндагӣ мехост, ки тавонад кори бузурги пешгирифтаашро ба анҷом расонад.

Ҳамехоҳам аз довари кирдигор,
Ки чандон амон ёбам аз рӯзгор,
К-аз ин номвар номаи бостон
Бимонам ба гетӣ яке достон,
Ки ҳар кас ки андар сухан дод дод,
Зи ман ҷуз ба некӣ наёрад ба ёд.

Достони Исфандиёри Рӯйинтанро ба қалам гирифта буд. Дар аввал кор ба душворӣ пеш мерафт. Магар аз воқеаҳои нохуше, ки ба ӯ рӯй дода буданд, хирагии табъаш ҳанӯз тамоман рафъ нашуда буд, ки суханони муносиб ба зудӣ ёфта ва байтҳо ба дилхоҳи ӯ баста намегардиданд. Шоир дилтанг мешуд.

Аз дарича фурӯғи заррини моҳи пур ба ҳуҷра метофт.

Баногоҳ фурӯғи он хира гашт. Бар қуббаи заррини қамар оҳиста-оҳиста сояи сиёҳ хазидан гирифт, то он ки се ҳиссаи онро тамоман пахш кард. Торикӣ фуромад, шамоли сард вазид. Аз ҳавлиҳои ҳамсоягони дуру наздик дакодаку даранго-даранги ба ҳам хӯрдани зарфҳои мисину симин баланд гардид.*
___________________
* Одати мусулмонон ‒ кӯфтани зарфҳо ва дигар чизҳои сахт дар вақти гирифтани моҳ (барои гурезондани деву аҷинаҳо).

Баъдан шоир он шаби гирифтани моҳро чунин тасвир хоҳад кард:

Моҳ «шуда тира андар сарои даранг,
Миён карда борик, дил карда танг. /44/
Сипоҳи шаби тира дар дашту роғ
Яке фарш афканда чун парри зоғ,
Чу пӯлоди зангорхӯрда сипеҳр,
Ту гуфтӣ, ба қир-андар андуда чеҳр.*
Ҳар он гаҳ ки барзад яке боди сард,
Чу зангӣ барангехт з-ангушт гард».

Шаби тор ва сафири боди сард бар дилтангии шоир меафзуд, вай бархоста аз ҳавлии дарун занашро садо кард:

«Хурӯшидаму хостам з-ӯ чароғ,
Даромад бути меҳрубонам ба боғ,
Маро гуфт «Шамъат чӣ бояд ҳаме?
Шаби тира хобат наёяд ҳаме?»
Бад-ӯ гуфтам: «Эй бут, наям марди хоб,
Биёвар яке шамъи чун офтоб.
Бинеҳ пешаму базмро соз кун,
Ба чанг ор чангу май оғоз кун»,
Бирафт он бути меҳрубонам зи боғ,
Биёвард рахшанда шамъу чароғ,
Май оварду нору турунҷу биҳӣ.
Зудуда яке ҷоми шоҳаншаҳӣ.
Гаҳе май гусориду гаҳ чанг сохт,
Ту гуфтӣ ки Ҳорут найранг сохт.
Дилам бар ҳама кор пирӯз кард,
Шаби тира ҳамчун гаҳи рӯз кард».

Он гоҳ ёри меҳрубонаш хост ки бо хондани қиссаи дилангезе аз китоб он базму суҳбати ширинро ширинтар созад:

«Маро гуфт он моҳи хуршедчеҳр,
Ки «аз ҷони ту шод бодо сипеҳр,
Бипаймой то ман яке достон
Зи дафтар барат хонам аз бостон.
Пур аз чораву меҳру найрангу ҷанг,
Ҳама аз дари марди фарҳангу нанг».
___________________
* Гӯё ки ба рӯяш қир молида шуда бошад (қир ‒ моддаи нарми сиёҳ ва часпон, ки аз нафт ҳосил мешавад).

Хонанда ва гӯяндаи моҳира Фотима бо овози софу маҳинаш қиссаҳоро шавқангезтар, ҷозибаноктар мегардонид. Шоир таклифи ӯро чӣ тавр бо ҷону дил напазирад? Метавонист қиссаҳоро худаш хонда ба назм гардонад, лекин аксаран ба ҳамсараш хононда ба хотир мегирифту сипас ба китоб нигоҳ накар/45/да дар риштаи назм мекашид. Дар хониши Фотима достонҳо бо рангу маъниҳои нави худ ҷилва мекарданд ва қаҳрамонони онҳо бо сурату сирати хосе дар дидаи хаёли шунаванда намудор мегардиданд.

«Бигуфтам: Биёр, эй маҳи хубчеҳр,
Бихон достону биафзой меҳр.
Магар табъи шӯрида бикшоядам,
Шаби тира з-андеша хоб оядам.
Зи ту табъи ман гардад ороста,
Аё меҳрубон ёри пероста!
Чунон чун зи ту бишнавам дар ба дар.
Ба шеър оварам достон сар ба сар».

Фотима аз китоб ба хондани достони Бежан ва Манижа шуруъ кард.

Шоир ҳама тан гӯш ва ҳама ҷон ҳуш гардид.

Моҳ аз сояи сиёҳ баромада боз дурахшону хандон шуд, шаъшааи он пардаи чун «парри зоғ»-и шабро ба ҳарири латифу шаффоф табдил дод. Шамол низ гӯё аз парвози пурҷадалу пуршаввушувви худ хаста шуда, ором гирифт. Дар олами табиат осоишу сукут ҳукмфармо гашт.

Ҳар кӣ дар «Шоҳнома» ин достонро хонда бошад, медонад, ки Рустами Зол худро бозаргон сохта ба Тӯрон меравад, то ки аз ҳоли наберааш (хоҳарзодааш — Т. А.) Бежани ба чоҳ андохташуда хабар бигираду чораи халосии ӯро ҷӯяд. Манижа духтари шоҳи Тӯрон ва маъшуқаи Бежан, ки падараш ӯро аз даргоҳи худ ронда буд, барои ошиқи тирабахташ гадоиро ба гардан гирифта, ҳар рӯз ноне ёфта меоварду ба даруни чоҳи ӯ мепартофт. Духтар бо «бозаргон»-и эронӣ дидор карда, аз вай мепурсад, ки оё дар Эрон хабар доранд, ки шоҳи Тӯрон Бежани паҳлавонро бегуноҳ ба чоҳ андохтааст? Рустам барои худро пеш аз вақт ошкор накардан аввал ба Манижа тундӣ карда ӯро меронад ва баъдан аз вай саргузашташро мепурсад.

Вақте ки Фотима аз хониши достон танаффус карда, барои аз хоби духтарчааш хабар гирифтан ба ҳавлии дарун рафт, то баргаштани ӯ Фирдавсӣ ин воқеаи достонро дар фикраш назм карда буд ва онро ба ҳамсари ҳайронмондааш хонд. Манижа дар шеъри шоир дарду алами худро ба Рустам бо чунон сӯзу гудоз баён мекунад, ки ба чашмони Фотима об омад, ҳол он ки ӯ дар вақти аз китоб хондани ин лавҳаи достон хандон буд. Рустам: /46/

Якояк сухан кард аз ӯ хостор,
Ки «Бо ту чаро шуд дижам рӯзгор?»
Манижа бад-ӯ гуфт к-аз кори ман
Чӣ пурсӣ зи ранҷу зи тимори ман?
Аз он чоҳсар бо дили пур зи дард
Давидам ба назди ту, эй родмард,
Ки аз ту бипурсам яке навхабар,
Зи Геву зи Гударзи пархошгар.
Задӣ бонг бар ман чу ҷанговарон.
Натарсӣ ту аз довари доварон.
Манижа манам, духти Афросиёб,
Бараҳна надида танам офтоб,
Кунун дида пурхуну дил пур зи дард,
Аз ин дар бад-он дар, ду рухсора зард.
Ҳаме нони кашкӣ фаро оварам.
Чунин ронд эзид қазо бар сарам.
Барои яке Бежани шӯрбахт,
Фитодам зи тоҷу фитодам зи тахт.

Ба ҳамин тарз дар фосилаҳои қироати «қория»-и хушхон лавҳаҳои ҷудогонаи достонро назм кардани мустамеи хуштабъ кам воқеъ намешуд.

То фарёди бомдодии хурӯсон зан мехонду шӯ мешунид. Инак бонги муаззинони чаҳор масҷиди деҳа ба гӯш расид. Зану шӯ ба таҳорат бархостанд ва сипас бо ҳам дар ҳуҷраи шоир намоз гузорданд.

Фирдавсӣ Исфандиёри Рӯйинтанро муваққатан ба ҳоли худ гузошта, ҳоло ки достони Бежан ва Манижа дар хотираш тоза аст, ба назми он оғоз кард.

Абу Дулаф

Вай ва Ҳушанг дар мадраса таҳсили илм мекарданд, шарикдарс буданд. Боре Ҳушанг аз «Шоҳнома»-и падараш қиссаи набарди Рустам бо Ашкабусро ба мадраса оварда дар ҳалқаи рафиқонаш хонд, онҳо бо шавқу завқ шуниданд, баъзе толибилмон қиссаро рӯбардор карда гирифтанд. Яке аз онҳо Абу Дулаф буд, вай дар байни толибилмон ба зеҳни тез ва ҳофизаи қавӣ мумтоз буд, метавонист аз китобҳо варақ-варақ матни мансурро аз ёд кунад, порчаҳои манзум, қасидаҳои томро бо ду-се бор хондан ҳифз мекард. Албатта, «Набарди Рустам бо Аш/47/кабус»-ро ба зудӣ аз ёд кард ва ба оҳанги махсуси достонхонӣ моҳирона қироат менамуд. Овози дилчасп ва муассире дошт. Ҳофиз ва ровии хушхон дар шаҳр овоза шуд, ӯро барои достонхонӣ якзайл ба давраҳо ва маъракаҳо даъват мекарданд. Фирдавсӣ хост бо ровии ҷавони овозадор шинос шавад; писарашро фармуд, ки ӯро ба наздаш оварад. Ҳушанг як бегоҳ ӯро ба Бож оварда, дар ҳуҷраи падараш ҳозир сохт. Ҷавони миёнақади хушсурат, мешчашм, хати ришу мӯйлаби маҳин чеҳраи сабзинаашро пӯшонда буд, бо ҳаёву одоб бо шоир вохӯрдӣ кард.

‒ Шунидам, шеърро хуб мехонед, достонхонии шуморо таъриф мекунанд, чаро боре назди ман наёмадед? ‒ гуфт Фирдавсӣ.

Абу Дулаф шармгинона гуфт:

‒ Мехостам биёям… ҷуръат накардам, устод… ибо кардам…

‒ Чаро ибо? Беҷо, беҷо. Аммо айб ба Ҳушанг ҳам ҳаст, ки то имрӯз шуморо ба меҳмонӣ нахондааст. Мегӯянд, шумо Рустаму Ашкабусро аз ёд кардаед?

‒ Оре, устод… Боз фасле аз Фаридуну Заҳҳок ҳам.

‒ Фаридуну Заҳҳок? Оё ин достон дар дастраси шумо буд? Аз куҷо пайдо кардед?

‒ Устод онро ба ҷаноби Муҳаммади Лашкарӣ тақдим карда будаанд, он ҷаноб ориятан ба ман дода буданд, ки фаслеро аз ёд кунам.

‒ Пас он фаслро барои мо мехонед, ‒ гуфт шоир ва пурсид: ‒ Мехонед?

‒ Ба чашм, устод, ‒ қабул кард Абу Дулаф.

Фирдавсӣ аз насаб ва хонаводаи ӯ пурсон шуд, маълум гардид, ки ӯ писари Абу Дилоли баззоз буда, аз чордаҳсолагӣ ба таҳсили «улуми мадраса» шуруъ карда, чанд вақт инҷониб ба қиссахонӣ шавқу ҳавас пайдо намуда ва аз пушти ин шуғл дарсхонии мадрасаро тарк кардааст. Оиладор буда ва писари яксола доштааст. Падараш ба қиссахонии ӯ розӣ набуда ва мехостааст, ки ӯ касби падарро пеш гираду дар дӯкон нишинад, вале Абу Дулаф аз шуғли нави худ дил канда наметавониста ва бад-ин сабаб байни падару писар низоъ ва хунукӣ пайдо шудааст.

Бегоҳрӯзӣ тафси ҳавои тобистон фуромада, садаҳои хиргоҳии боғ ба суфаи фарох соя густурда буданд, дар чунин бегоҳрӯзиҳо дар он суфаи лаби ҳавз бо дӯстон нишаста истироҳат ва суҳбат кардан хуш аст. Фирдавсӣ фармуд, хизмат/48/горон суфаро рӯфта, палос андохта ҷойи нишаст таҳия карданд. Ҳарифи шоҳмотбозии шоир ‒ меҳтари деҳа Хоҷа Солеҳ бо бародараш Хоҷа Боқир омаданд. Шоир меҳмононро дар суфа нишонд ва Абу Дулафро ба онҳо муаррифӣ кард. Дастархон андохта шуд, як ним соат ба гуфтугӯ, хӯриши нону меваю нӯши шарбат гузашт, пасон мизбон ва меҳмонон аз ровии ҷавон хондани қиссаро хоҳиш карданд. Ровӣ, ки одатан дар давраҳо ба по истода мехонд, аз ҷо бархоста, аввал номи қиссаро эълон кард: «Набарди Заҳҳок бо Фаридун ва банд кардани Фаридун Заҳҳокро ба кӯҳи Дамованд».

Парвардаи чӯпон Фаридуни шоҳнажод ва Коваи оҳангар дар сари лашкари халқие, ки ин оҳангар гирд оварда буд, бар Заҳҳоки истилогар зафар ёфта пойтахти Эронзаминро озод карданд, Заҳҳоки мағлуб ба тарафи Ҳиндустон гурехт ва дар он тарафҳо лашкар ҷамъ карда аз нав ба ҷанг омад ва ба шаҳр ҳуҷум овард…

Абу Дулаф хониши сурудмонандашро сар кард. Мисраъҳои шеъри размӣ ҳамчун шиҳаи аспони ҷангӣ, ҳамчун овои ҷанговарон, ҳамчун чакочаки шамшерҳо ба садо даромаданд. Боғи ором якбора гӯё ба шаҳри пуршӯру ошӯбе табдил ёфт, ки дар вай ба болои урдуи истилогарон

Зи деворҳо хишту аз бом санг,
Ба кӯй-андарун теғу тиру хаданг.
Биборид чун жола з-абри сиёҳ,
Касеро набуд бар замин ҷойгоҳ,
Сипоҳию шаҳрӣ ба кирдори кӯҳ,
Саросар ба ҷанг‒андарун ҳамгурӯҳ.

Мехурӯшиданд ки:
Нахоҳем бар гоҳ Заҳҳокро.
Мар он аждаҳодӯши нопокро!

Абу Дулаф қироаташро ба поён оварда ба шунавандагонаш таъзим кард ва нишаст. Меҳтар ва бародараш бо шӯру шааф ба аҳ-аҳу баҳ-баҳ гуфтан даромаданд:

‒ Офарин, писар! Чӣ хуб хондӣ! ‒ меҳтари пир дар воқеъ хеле мутаассир шуда буд.

‒ Валлоҳ, ки дар кӯю майдонҳои Тайсафуни қадим ҷангу ҷӯшро бар алония дидем, алолои ҷанговаронро шунидем, Фаридуни зинда, Коваи зиндаро дидем, овои ҳар дуро шунидем, ‒ мегуфт бародари меҳтар. /49/

‒ Ба гӯяндааш, ба достонсарои бузург ҳазор офарин! ‒ гӯён меҳтар дасти Фирдавсиро гирифта бӯсид.

‒ Банда хиҷолат мекашам бигӯям, ки аслан намедонистам ҷашни Меҳрагон аз куҷо омада ва сабабаш чӣ буда, ‒ иқрор кард деҳқони бесавод Хоҷа Боқир. — Маълум мешавад, ки ин ҷашн ба ёди зафари Фаридун бар Заҳҳоки Морон будааст?

Ҷанг бо Заҳҳоки хунхор ва сипоҳи яғмогари вай дар аввали моҳи Меҳр ба амал омада ва ба музаффарияти эрониён анҷомида будааст, онҳо ба ёди он ғалабаашон бар истилогарон ва ба шарафи рӯзи тоҷгузории Фаридуни фотеҳ сари моҳи Меҳрро бо номи Ҷашни Меҳрагон ҷашн гирифта, дар он рӯз гулханҳо меафрӯхтанд ва анбару заъфарон месӯхтанд, вале ба мурури асрҳо мардумони авом боису маънии ин ҷашнро қариб фаромӯш карда будаанд.

‒ Шунида будам ки, ‒ гуфт боз Абу Солеҳи меҳтар, ‒ шоирони бузург ашъори худашонро ба хубӣ ва бо овоз хонда наметавонистаанд, бинобар ин ҳар кадомашон ба худ як нафар ровӣ нигоҳ медоштаанд, то ки вай ашъорашонро он тавр, ки лозим аст, монанди ин ҷавони хушхону хушилҳон барои мардумон бихонад. Шумо, ҳазрат, ба «Шоҳнома»-и худ ҳақиқатан ровии шоиста ёфтаед…

Аз он рӯз беш аз ду сол гузашт, инак Абу Дулаф соли сеюм аст, ки вазифаи ровигии «Шоҳномаро иҷро мекунад.

* * *

Як бегоҳ вай бо як «хабари нав» назди Фирдавсӣ омада, онро дар ҳуҷра ба шоир бо обутоб нақл кард:

‒ Парершаб як навкари чӯбдор маро пурсида ба меҳмонхонаамон омад. «Бароед, ‒ гуфт, ‒ шуморо ҷаноби ҳоким талаб доранд». Аввал тарсидам ‒ барои чӣ талабидаанд? Магар аз ман гуноҳе содир шудааст? Навкар гуфт: «Шумо қиссахон будаед, қиссаҳоятонро бо худатон гирифта баред будааст». Ин гапро шунида дилам саҳл қарор гирифт ‒ фаҳмидам, ки ҳоким толиби достони Рустаму Суҳроб шудааст. Ҳоким, албатта, шунида буд, ки ман ин қиссаро дар маҳфилҳо мехонам. Зуд ҷомаю салла карда, достонро дар бағал зада баромадаму ҳамроҳи навкар равон шудам. Дар қалъа маро аз даҳлезу долонҳо гузаронда бурданду ба як ҳуҷраи калони ороста ва сақфу деворҳояш мусаввару мунаққаш дароварданд, он ҷо ҳоким танҳо, дар пешаш бар рӯйи чорпоя се-чор ҷилд китоб, ба лӯлаболиштҳо такя карда нишаста, наздаш дар шамъдони тиллоӣ ду шамъи дароз фурӯзон буд. Худ арабмонанд будааст, чашмҳош /50/ калон ва ангиштвор сиёҳ, абрувонаш ғафс, мӯйи сараш фатила, бинииаш калон.

‒ Мегӯянд, ки падараш араб ва модараш эронӣ будааст, ‒ илова кард Фирдавсӣ.

‒ Ҳамин тавр? Пас ман саҳв накардаам, ки ӯро ба араб монанд кардам… Хуллас, даромадам, салом кардам, ба хушӣ алайк гирифт ва пурсид: Абу Дулафи ровӣ туӣ? Гуфтам: Толиби илм ҳастам, ба ҳавас бо хоҳиши бузургон ва дӯстон баъзе достонҳои ҳазрати Фирдавсиро барояшон қироат мекунам. Гуфт: Хеле хуб, мо ҳам хостем, ки Рустам ва Суҳробро барои мо бихонӣ. Онро овардӣ? Гуфтам: Оре, соҳиб, достон бо ман аст. Гуфт: Пас биншину бихон, ҳамон тавре, ки дар давраҳо мехонӣ. Гуфтам «ба чашм» ва шуруъ кардам ба хондан. Гӯш мекарду ҳар дам сар ҷунбонида «хеле олӣ, хеле олӣ» мегуфт. Вақте ки ба набарди Рустам бо Суҳроб расидам, ‒ шӯхона хандида гуфт Абу Дулаф, ‒ хонсолор хӯриш овард, хоҷаи босаховат бандаро ба музди ровигиам бо кабоби кабку шароби ноб зиёфат карданд. Сипас фармуданд, ки қироатат имрӯз бас аст, боз фардо баъд аз намози пешин биё бихон. Дирӯз дар соати маъҳуд боз дар боргоҳашон ҳозир шудам ва бақияи достонро то наздики шом хонда хатм кардам. Аслан хондам гуфтан хатост, устод, зеро Рустаму Суҳроб аз бисёрии қироат карданам ба ман қариб ёд шудааст. О, ваҳ, устод, кош медидед, ки достон чӣ шавқу шӯре дар ҳоким тавлид кард! Чӣ таҳсину тасанное, ки эшон ба номи шумо нахонданд! Мегуфтанд, то кунун ҳеҷ шоире чунин достони оламгир ва он ҳам бо чунин суханвариву балоғату фасоҳат нанигоштааст; фармуданд, ки ба шумо арзи сипос ва ихлосашонро расонам.

‒ Ба муборакбодии ин ҳокими нав рафтанам лозим буд, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ мутаассифона то кунун натавонистам, гирифтори «Шоҳнома» будам. Мегӯянд, ӯ рӯзҳои панҷшанбе бори ом медиҳад,* панҷшанбе меравам.
___________________
* Яъне мардумонро қабул мекунад.

Абу Дулаф аз хӯрҷини худ (вай бо хӯрҷин даромада онро дар кунҷи ҳуҷра гузошта буд) як ҳамёни чармини пурро бароварда назди Фирдавсӣ гузошт:

‒ Ин ба шумо, устод.

‒ Чист ин? ‒ пурсид шоир.

‒ Ҳоким хизматона доданд. Лекин ман чӣ хизмате кардам? Достони шуморо хонда шунавондам вассалом. Ин ато барои достон аст ва ҳаққи шумост. /51/

Фирдавсӣ абру чин кард:

‒ Хизматонаи худат. Ҳаққи ҳалоли худат. Бигир, ба ман даркор нест.

‒ Устод, ман бе ин ҳам назди шумо шармандаам: гоҳо дар маҳфилҳо достонҳои шуморо ки мехонам, ба ман чизе ё нақдинае инъом мекунанд ‒ маълум мешавад, ки заҳмат шумо мекашеду баҳра ман мебарам. Дар хиҷолатам ман. Бо қабули ин маблағ шумо ба ман марҳамат мекунеду маро андаке ҳам бошад аз хиҷолат мебароред.

‒ Абу Дулаф! Ту ровии мумтоз ҳастӣ. Ровигӣ ҳунар аст ва аз пушти ҳунар музд ёфтан айб нест. Мебоист худам ба ту инъому эҳдо* мекардам аз барои он ки ашъори маро барои мардумон мехонӣ ва шоеъ мекунӣ. Инро пас бигиру дигар аз хиҷолат ҳарф назан, ‒ Фирдавсӣ ҳамёнро бардошта ба наздики ровӣ гузошт. — Акнун бихезу назди бону бирав, бигузор ӯ ба шодиёнаи хушхабарат туро як зиёфати хуб бикунад.
___________________
* Эҳдо ‒ ҳадя.

Абу Дулаф баромада буд, ки шоир аз нав ба дастнависҳои парешони ашъораш сар фурӯ бурд…

Ҳусайни Қутайб

Ин боби ҳикояти мо боз аз кӯбиши дари Фирдавсӣ оғоз меёбад. Чӣ кор кунем, зиёраткунандагони шоири номдор бисёранд, онҳо вақту бевақт омада дари ӯро мекӯбанд; ба тавассути онҳо робитаи шоири гӯшанишини достонсаро бо олами берун бардавом дошта мешавад.

Инак, шабе аз шабҳои тор, ҳангоме ки чароғи хонаҳои деҳа хомӯш буданд (маълум, ки деҳотиён одатан аввали шаб бо фуромадани торикӣ ба хоб мераванд), баногоҳ дарвозаи ҳавлии шоир оҳиста кӯфта шуд.

Хизматгор ба ҳуҷраи шоир омада хабар дод ки:

‒ Касе омадааст, шуморо мепурсад.

Фирдавсӣ ба хавотир афтод: дар ин вақти шаб касон ба суроғи ӯ намеомаданд.

‒ Кӣ будааст? Нашинохтӣ?

‒ Дарвозаро накушодам.

Фирдавсӣ бо ҳамроҳии хизматгор баромада дарвозаро кушоёнд. Дар берун якчанд нафар савору пиёдаҳо истода буданд. Баробари пайдо шудани ӯ яке аз пиёдаҳо савореро ёрӣ дода аз /52/ асп фуруд овард. Маълум буд, ки савор аз калонҳост ва пиёдаҳо навкарони ӯянд. Вай миёнақади чорпаҳлу, дастор ба сар, мӯйи сараш дароз буд, пеш омада сӯйи Фирдавсӣ ҳар ду дасташро дароз кард:

‒ Ассалом алайкум. Меҳмонони нохондаро қабул мефармоед? Ман амир Ҳусайни Қутайбам.

Фирдавсӣ як лаҳза бедаступо шуд.

‒ Ҷаноби олӣ? Во аҷабо! Худашон ба кулбаи фақир қадам ранҷа кардаанд? Марҳамат фармоянд.

Ба дарун даромаданд. Аз қафои ҳоким марди қаддарозе қадам мезад, ки зоҳиран мулозими ӯ буд. Пиёдае аз қафои мулозим як хӯрҷини пурро бардошта меомад. Фирдавсӣ онҳоро аз ҳавлии берун ва аз даричаи боғ гузаронда ба тарафи ҳуҷра бурд. Пиёдаи хӯрҷинбардор борашро дар даҳлези ҳуҷра гузошта берун рафт.

‒ Хуш омаданд, қадами муборакашон болои дида, ‒ таоруф ба ҷо овард мизбон.

Хизматгор, ки бо навкарони ҳоким аспҳои меҳмононро дароварда дар тавила баста буд, пайдо шуд, Фирдавсӣ ба вай ишорате карда буд, ки Қутайб маънии ишоратро фаҳмида гуфт:

‒ Тараддуди зиёд набояд кард, устод. Ман як сари қадам ба зиёраташон омадам, зиёд намеистам.

Абу Дулаф рост гуфта буд, ки чашмони ҳоким калон ва «ангиштвор сиёҳ» буданд, ришаш низ сиёҳ ва кӯтоҳи анбуҳ. Ҳоким аз салобат холӣ набуд.

‒ Ҳарчанд ки ҷаноби олӣ фармонфармои моянд, вале бино ба таомули мамлакат аз фармонбарии мизбон чора надоранд. Нахустин бор аст ва илоҳо охирин бор мабод, ки ҳокими шаҳр ба меҳмонии банда меоянд, агар банда шарти ин меҳмондории боифтихорро ба ҷо наёрам, як умр дар ҳасрату надомат мемонам. Илтимоси оҷизона ин ки бандаро як имшаб аз файзи суҳбаташон баҳраманд гардонанд, ‒ гуфт шоир бо лаҳни тамаллуқомезе, ки ба бузургон мефорад. Волотабори мағрур Фирдавсӣ умуман ба бузургон одати тамаллуқ гуфтан надошт, вале хабари аз Абу Дулаф шунидааш ин ки ҳокими нав суханофаринӣ ва достонсароии ӯро хеле тақдир карда ва аз ин маълум мешавад ки марди фозили хушсалиқаест, дар дили шоир нисбат ба вай ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироме тавлид карда буд.

Хизматгори чобук аз ҳавлии дарун якандозҳои атласу шоҳӣ овард, Фирдавсӣ меҳмононашро хезонда якандозҳоро ба таги онҳо андозонд.

‒ Ровии хушхони шумо Рустам ва Суҳробро барои мо хонд, ‒ гуфт ҳоким. ‒ Ваҳ, чӣ достони оламгире нигоштаед! Сухани шумо муфохарат, далерӣ, мурувват, таҳаввур* меангезад. Ба форсии дарӣ чунин асареро ҳеҷ нахонда ва нашунида будам.

Дар ин ҷо мо як дам амир ва шоирро бо ҳам дар мусоҳиба гузошта, ҳокими нави Тӯсро ба хонанда бояд дурусттар шиносонем.

Ҳусайни Қутайб пеш аз таъйин шуданаш ба ҳукумати Тӯс дар хизмати волӣ ва сипаҳсолори Хуросон буда, девони рисолати** ӯро ба уҳда дошт. Худ аслан ҳиротӣ, падараш сипоҳии араб, модараш тоҷик ва аз оилаи косиб ‒ духтари шонатароши камбағале буд. Ҳусайн аз падар шашсола монд, модари ӯ, ки ҷавонзани соҳибҷамоле буд, баъд аз вафоти шавҳараш аз густохиҳои ошиқони ҳавасбоз, ки ӯро осуда намегузоштанду бисёр ташвиш медоданд, гурехта ба хонаи дӯст ва муршиди шавҳараш шайх Абутоҳири олим ва сӯфӣ паноҳ бурд. Сониян худи шайх ҳам ошиқи зан шуда, ӯро ба никоҳи худ даровард. Вай зани барнои нозанинашро чӣ қадар ки дӯст дошта бошад, ба писари хурдсоли вай ҳамон қадар меҳрубон ва ғамхор буд, ӯро худаш таълим медод, дониш меомӯхт. Бача зирак ва хушзеҳн буд; калонтар ки шуд, ба хондани достонҳо ва ашъори ирфониву ахлоқӣ рағбат пайдо кард. Шайх Абутоҳир дар тафсир ва тасаввуф китобҳое тасниф карда буд, инсофу мурувват, ахлоқу атвори писандида, накукорӣ, хайрхоҳ ва ёрирасони мардумон будан дар таълимоти шайх ҷойи муҳимме ишғол мекарданд ва Ҳусайн дар таъсири ҳамин таълимоти ӯ тарбият ёфта буд. Вай дар ҷавонӣ ба девони иншои ҳокими Ҳирот Абумансур ибни Абдураззоқ, ҳамон бонии «Шоҳнома»-и мансур, ҷалб карда шуд. Дар хизмати девон ба фазлу заковат ва қобилияти фавқулодда ном баровард. Абуалии Симҷӯрӣ овозаи ӯро шунида, аз ҳокими нави Ҳирот, ки ба ҷойи Ибни Абдураззоқ таъйин шуда ва аз парвардагони Симҷӯрӣ буд, хоҳиш кард, ки Ҳусайни Қутайбро ба хизмати ӯ фиристад. Қутайб ба Нишопур омада, чанд гоҳ дар девони иншои волӣ хизмат кард ва сонияи Симҷӯрӣ девони рисолати худро ба вай дод. Меҳрон аз ҳокимии Тӯс маъзул шуда буд, ки сипаҳсолори Хуросон ба ҷойи ӯ Ҳусайни Қутайбро таъйин кард.
___________________
* Таҳаввур ‒ камоли шуҷоат ва ҷасорат.
** Девони рисолат ‒ идораи давлатие буд монанди Вазорати корҳои хориҷӣ.

Бармегардем ба мусоҳибаи ҳоким бо шоир.

Мулозими ҳоким бо ишораи ӯ аз остини ҷомааш ду варақ коғази лӯлапечро бароварда ба дасти ӯ дод. Варақҳо ҳамон /54/ дастнависи андарзҳои Нӯширвону Баҳроми Гӯр буданд, ки Фирдавсӣ ба ҳокими собиқи Тӯс фиристода буд.

‒ Ин манзумаҳо аз шумоянд? ‒ пурсид ҳоким аз шоир.

‒ Оре, ‒ гуфт Фирдавсӣ.

‒ Ба ҳокими собиқ фиристода будед?

‒ Оре, ҷаноби олӣ.

‒ Аз харитаи* ӯ ёфта ба ман оварданд. Чун хондам, дар ман майли дидор кардан бо шумо пайдо шуд. Оё ин андарзҳои гузаштагонро худи Меҳрон аз шумо талаб карда буд, ки барояш навишта фиристед?

‒ На, худам ба ҷойи ариза фиристода будам.

‒ Чӣ гуна ариза?

‒ Дар бораи хироҷи фавқулодда.

‒ Оё Меҳрон фаҳмид, ки ин манзумаҳо ба ҷойи ариза аст?

‒ Фаҳмида будааст. Маро талабида буд, рафтам, мусоҳиба кардем. Гуфт «Ту хостаӣ носеҳи ман шавӣ, маро панд омӯзӣ?» Бо вуҷуди ин хост ки хироҷро аз ман кам кунад.

‒ Кам кард?

‒ Оре, аммо ман қабул накардам.

‒ Қабул накардед? Чаро?

‒ Аз он пештар ман бо ҳамроҳии шаш пирамарди муътабари деҳа ба додхоҳӣ ба дорулҳукума рафта будам, додро мо барои ҳамаи мардуми деҳа хостор будем, на ин ки ҳар яке барои худаш. Ҳокими собиқ моро қабул накард.

Қутайб сукуте карду гуфт:

‒ Ман «Шоҳнома»-и мансурро хонда будам, дар вай пандномаи Нӯширвон набуд, ин пандҳои судманд аз худи шумост; андарзномаи Баҳроми Гӯр ҳам дар «Шоҳнома»-и мансур дигаргуна аст, шумо дар назм онро жарфтар** бурда, ба вай чандин нуктаҳои ҳакимона афзудаед. Чунончи ин пандҳо, ‒ гӯён Қутайб аз варақ хонд:

Ба дониш равонро тавонгар кунед,
Хирадро ҳамон бар сар афсар кунед.
Зи чизи касон дур доред даст,
Беозор бошеду яздонпараст.
…………………………
Маҷӯед озори ҳамсоягон,
Ба вижа *** бузургону пурмоягон.
___________________
* Харита ‒ халтаи чармин барон нигаҳдории ҳуҷҷатҳо.
** Жарфтар ‒ чуқуртар.
*** Ба вижа ‒ хусусан.

………………………… /55/
Ба покӣ гироеду некӣ кунед,
Дилу пушти хоҳандагон машканед.
Ба дониш бувад ҷону дилро фурӯғ,
Нигар, то нагардӣ ба гирди дурӯғ,
Зи дониш дари бениёзӣ биҷӯй,
Агарчанд аз ӯ сахтӣ ояд ба рӯй.
Агарчанд бад кардан осон бувад,
Ба фарҷом з-ӯ дил ҳаросон бувад.
…………………………
Надорад нигаҳ рози мардум ҷаҳон,
Ҳамон беҳ ки некӣ кунӣ дар ниҳон.

Бисёр хуб, бисёр олӣ. Кошки ҳама ба ин пандҳо амал мекарданд.

Хизматгор дастархон овард, ки онро Фотима бо неъматҳои алвон ороста буд; кӯзаи шароб ҳам бо ҷомҳои нафис оварда шуд. Қадаҳи аввал ба ёди «подшоҳи бузург» (Нуҳ бинни Мансури Сомонӣ) бардошта шуд, қадаҳи дуввумро бо таклифи Фирдавсӣ ба саломатии «амири бодонишу дод» Ҳусайни Қутайб нӯшиданд. Аз ҳар боб сухан рафт. Қутайб аз чӣ гуна ва ба чӣ мақсад иқдом кардани Фирдавсӣ ба назми «Шоҳнома», ки «коре бас бузург асту шояд аз иқтидори одамӣ барнаёяд», пурсон шуд.

‒ Чунон ки ба ҷаноби олӣ маълум аст, ‒ гуфт шоир, ‒ бинои ин корро амир Абумансури Муҳаммад ибни Абдураззоқ, худо бар вай раҳмат кунод, ниҳода буд…

‒ О-ҳо, бузург марде буданд, ‒ гуфта Қутайб сухани Фирдавсиро бурид, ‒ мураббии ман буданд. Аз санаи 340 то 345 ки эшон волии Ҳирот буданд, ман аз муншиёни он ҳазрат будам. Миннати тарбият ва некиҳояшон дар зиммаи ман боқист. Хуб, шодравон чӣ тавр бонии «Шоҳнома» шуданд?

Фирдавсӣ ривоят кард, ки ибни Абдураззоқ, дӯстдорандаи ахбору осори Аҷам, чун нахуст волии Ҳирот ва сипас чанд гоҳе сипаҳсолори Хуросон шуд, пораҳои парешони «Худойномак» ‒ ахбори шоҳон ва паҳлавонони бостониро аз ҳар гӯшаю канори мамлакат ҷамъ оваронда аз паҳлавӣ ба форсии дарӣ гардонда, ривоятҳои қадимии то ба ин замон расидаро аз ровиён ва ноқилон нависонда гирифт, ҳамаро дар як китоб гирд оваронд ва китобро «Шоҳнома» ном кард, ки ба наср навишта шуда буд. Китоб дар саросари мамлакат шуҳрат пайдо кард; дар ҳар ҷо ки «Шоҳнома» дастрас мегардид, онро бо шавқу ҳавас мехонданд; ҳар кӣ хонд, ба он дил бохт. Абулқосими Ҳасан (тахал/56/луси Фирдавсиро вай дертар гирифт) дар соли пайдоиши он китоб дар Нишопур талабаи мадраса буд, яке аз шарикдарсони вай, ки падари соҳибмансабаш нусхае аз «Шоҳнома»-ро дошт, онро гоҳо ба мадраса оварда, дар ҳалқаи талабагон қироат мекард; ҳамон вақт буд, ки Абулқосим шефтаи он китоб гардид.

Шоир дар ин ҷойи нақлаш мехост гӯянд, ки дар мадраса байни толибилмони аҷамӣ ва араб доим дар бораи таъриху тамаддуни ҳар ду халқ мубоҳиса мерафт, арабҳо таъриху фарҳангу забони аҷамиҳоро тамасхур карда ва паст зада, бар афзалияти арабҳо дар ин боб исрору ифтихор менамуданд. Он гоҳ «Шоҳнома»-и Абумансурӣ барои аҷамиҳо мояи ғурур ва ифтихори миллӣ гардид ва забони таъни арабонро баст. Ин суханон дар нӯги забони Фирдавсӣ буданд, аммо вай назди Қутайби арабнажод аз гуфтан худдорӣ кард.

Шоир нақли худро идома дода, ба болои таърихи назми «Шоҳнома»-и мансур омад. Ин китоб ниҳоят камёб буд, ‒ мегуфт ӯ, ‒ якто-нимто касон, ки доштанд, бо доштани он фахр ва таҷаммул мекарданд, онро ба касе намедоданд ва ба нусха бардоштан аз он монеъ мешуданд, то ки мояи ифтихору таҷаммулашон коста нашавад. Толиби илм ва шоири ҷавон Ҳасани Абулқосим аз ғояти шавқу шефтагӣ, ки ба «Шоҳнома» дошт, баъзе пораҳои онро аз ёд назм мекард ва ният дошт, ки як вақт нусхае аз он китобро ба даст оварда ҳамаашро назм кунад, вале пас аз чанде хабар расид, ки шоири бухороӣ Муҳаммади Дақиқӣ бо амри подшоҳи Сомонӣ Мансур ибни Нуҳ ба назми «Шоҳнома» пардохтааст. Он гоҳ Абулқосим ночор аз нияташ даргузашт. Аммо толеъ ба Дақиқӣ бевафоӣ карду вай ногаҳон ба дасти ғуломаш кушта гардид. Оташи қариб хомӯшшуда дар дили Абулқосим аз нав шуълавар гашт. Вай ба ҷустуҷӯйи нусхае аз «Шоҳнома»-и мансур афтода, ба суроғи он то Марв, Бухоро, Ҳирот ва Чоч рафт, наёфт, ба иваз дар Марв, Ҳирот ва Чоч чанде аз пирони донишвар ва мубадониро зиёрат кард ва аз забони онҳо тарҳи дигари ривоятҳои дар «Шоҳнома»-и мансур сабтшуда ва боз қиссаҳои нави дилангез шунид. Ва билохира ҳазор байти аз «Шоҳнома»-и мансур назмкардаи Дақиқиро, ки дар Бухоро ба даст оварда буд, роҳовард гирифта ба Тӯс баргашт. Аммо ҷӯянда ёбанда аст ва нияти хайр беоқибат намемонад. Дӯсти фозили ӯ Муҳаммади Лашкарии тӯсӣ як нусхаи китобро аз куҷое ёфта ба вай тақдим кард. Инак, сездаҳ сол инҷониб вай ба назми «Шоҳнома» машғул аст.

‒ Агар кори банда фақат назм кардани қиссаҳои тайёр мебуд, кор саҳл буд, ‒ гуфт дар охир Фирдавсӣ, ‒ аммо дар ҳа/57/қиқат ин тавр нест. Маро лозим меояд, ки аз анвои ривоятҳои ҳар як достон беҳтаринашро баргузинам ва сипас ин беҳтаринҳоро аз ҳар гуна зиёдатиҳо, берабтиҳо ва ғайруҳу тоза, ноҳамвориҳоро ҳамвор кунам, ҷоҳои холиро пур кунам, миёни воқеаҳо равобити ботиниашонро дарёбам ва барқарор созам, маъно ва мафҳуми онҳоро биҷӯям. Ба илова, чандин достонҳо дар «Шоҳнома»-и мансур нестанд, банда онҳоро аз дигар маъхазҳои хаттиву шифоҳӣ ба даст овардаам. Дар ривоятҳо воқеаҳои таърихӣ гоҳо ғалат баён шуда ё ғалат тафсиру ташреҳ шудаанд, ҳақиқати инҳоро низ дарёфтан ё ба ҳадсу* қиёс барқарор кардан лозим меояд. Хулоса, маҷмуи ривоятҳо моддаи хоме беш нестанд, банда аз онҳо достони комил дармеоварам, ки аз «Худойномак» тафовути куллӣ дорад.
___________________
* Ҳадс ‒ бо фаросат дарёфтан.

‒ Иҷоза диҳед бипурсем, ‒ бо тавозуъ бори аввал лаб ба сухан боз кард мулозими ҳоким, ки муншии девон буд, ‒ ҳазрат ин корро кай тамом мекунанд? Назми «Шоҳнома» аз куҷо оғоз ёфта ва ба куҷо меанҷомида бошад?

‒ Ба гумонам, кор боз ягон даҳ сол тул хоҳад кашид, ‒ ҷавоб дод Фирдавсӣ ва афзуд: ‒ Албатта, ба шарте ки умрам вафо кунаду тандурустӣ ҳам тарки ман нагӯяд. «Шоҳнома»-и ман аз Каюмарс, ки нахустин бор дар ҷаҳон расми подшоҳиро овард, оғоз шуда бо шоҳаншоҳи Эрон Яздигирди охирин анҷом хоҳад ёфт.

‒ Офарин, ‒ гуфт Қутайб ва ҷом бардошт: ‒ Барои пирӯзии комили шумо дар ин кори бузург, ки пеш гирифтаед. ‒ Қадаҳашро холӣ карду дасти шоирро гирифта бӯсид. ‒ Рустам ва Суҳробро умед дорам ки бори дигар аз сар бихонам ва инчунин достонҳои дигарро ҳам. ‒ Каме сукут карду афзуд: ‒ Аз ин баъд шумо аз ҳама гуна боҷу хироҷ озодед, устод. Фармон бо муҳри мо ба шумо расонда хоҳад шуд. ‒ Бо ишорати вай муншӣ бархоста аз даҳлез хӯрҷинро, ки ҳар ду чашмаш пур буд, оварда ба наздики Фирдавсӣ гузошт. ‒ Ин ба шумо инъоми мост, қабул фармоед, ‒ гуфт ҳоким. Аз даруни хӯрҷин ҷирингоси тангаҳо шунида мешуд.

‒ То умр боқист, сипосгузори ҷаноби олӣ ҳастам, ‒ нимтаъзим кард шоир. ‒ Бар ман миннати беҳад ниҳодед.

Меҳмони олиҷоҳ бархоста бо мизбон хайрбод кард. Фирдавсӣ дар торикӣ ӯро то сари кӯча гуселонда баргашт.

‒ Фотимаҷон, бози давлат ба сари мо нишаст, ‒ шодона ба хона даромада ба ҳамсараш гуфт шоир ва ба нақли он чӣ дар ҳуҷра гузашта буд, шуруъ кард. /58/

Хабари озодӣ аз боҷу хироҷ Фотимаро он қадар шод кард, ки вай шавҳарашро оғӯш карда рӯйи пурришу пешонии фарохи ӯро якчанд бор бӯсид.

Хӯрҷин аз ҳуҷра оварда шуд. Хобро фаромӯш карда, соате симу зар шумурданд, панҷ ҳазор танга баромад, ки ду ҳазораш динори тилло ва боқӣ дирамҳои мазруб аз нуқраю мис буданд.

Албатта, байни шавҳару зан аз чӣ гуна ва ба кадом эҳтиёҷот сарф кардани симу зар сухан рафт.

‒ Аввалан, Ҳушангҷон, моро лозим аст, ки ин неъмати худододро барои худамон ҳалол кунем, ‒ гуфт Фотимабону.

‒ Оҳо, медонам, ту чӣ мехоҳӣ бигӯй, ‒ хандид Фирдавсӣ. ‒ Садақа бидиҳам?

‒ Албатта.

‒ Худат гуфтӣ неъмати худодод аст, магар худодода ҳалол нест?

‒ Албатта, ҳалол аст ва садақаро ҳам фақат аз моли ҳалол медиҳанд.

‒ Валлоҳ ки садақа додан дар андешаи худам ҳам буд, Фотимаҷон, ту андешаи маро дуздидӣ, ‒ бо ҳамон лаҳни шӯхиомез гуфт шоир. ‒ Ваҳ, чӣ зани савобҷӯе дорам! Хуб, чӣ қадар садақа мекунем?

‒ Ба қадри ҳиммати худат.

‒ Пас биё ин зару симро чунин қисмат бикунем. Ду ҳазор дирам ба Алиназари сарроф, то ки заминамонро аз қабзаи гарави ӯ бираҳонем. Ҳазор динор ҳам ба ҳамон сарроф амонат мегузорем ба нияти ду ҷашни арусӣ, ки худо хоҳад дар пеш дорем, барои Ҳушангу Манижа. Ҳазор динору панҷсад дирам мегузорем барои харҷи рӯзгор. Боз чӣ қадар монд? Панҷсад дирам. Ин панҷсад ба ихтиёри туст, чӣ қадар ки хоҳӣ ба ятимон, беваю бечорагон садақа бидеҳ. Розӣ ҳастӣ?

‒ Сад бор розиам, ‒ хушнудона гуфт Фотима.

‒ Бигӯ панҷсад бор, ‒ боз шӯхӣ кард шавҳар, ‒ яъне ба ҳар дирам як бор.

Хурсанду ризоманд ҳар ду баланд хандиданд.

‒ Акнун тараддуди арусии Ҳушангро ҳам бикунем, мешавад? ‒ гапи як қадар куҳнашудаашонро нав кард Фотима. Ӯ пештар ин матлабро як-ду бор ба шавҳараш арз карда буд, аммо Фирдавсӣ бинобар тангдастии оила аз ваҷҳи пулу мол ягон сол ақиб партофтани ин корро салоҳ дида буд.

‒ Мешавад, ‒ розӣ шуд ӯ, ‒ аммо арус куҷост? Ту аввал барои ӯ як аруси муносиб пайдо бикун. /59/

‒ Духтари Хоҷа Боқири меҳтарро хостгорӣ мекунам, ‒ гуфт Фотима, ‒ духтарашон Зайнаб шонздаҳро пур кард, айни вақти арусиаш аст. Духтари зебо, таҳсилкарда, боақлу ҳуш. Маъқул?

‒ Агар ту маъқул донӣ ва падару модараш розӣ шаванд, ихтиёрат. Хостгорӣ бикун, ‒ иҷозат дод шавҳар ва афзуд: ‒ Бо хонадони обрӯманде ҳамчун хонадони Хоҷа Боқир хеш шавем, чӣ беҳтар.

Давомаш

Аввалаш

Ба мундариҷаи «С. Улуғзода. Фирдавсӣ»


Бо дӯстонатон баҳам бинед: