Қисми якум
Хонаводаи деҳнишин
Шаҳри Тӯс дар дараи Кашафрӯд дар мобайни ду силсилаи кӯҳи мувозӣ қарор гирифта, пас аз Нишопур дуввумин шаҳри калони Хуросони Ғарбӣ будааст. Иқлими вилоятро нафаси ҳар ду кӯҳи қулласафед ва насими рӯди пуроби тезҷараён муътадил медоранд. Обу ҳавои мусоид дар саросари вилоят парварандаи зироату боғдорист. Тӯс ва рустоҳо ‒ деҳкадаҳои атрофи он ҳама хушбоду ҳаво, сердолу дарахтанд. Шаҳр ҳамноми қаҳрамони машҳури «Шоҳнома» аст: тӯсиён Тӯси паҳлавонро бунёдгари шаҳрашон медонистанд. Аз рӯйи ривоятҳо, замоне он паҳлавон ва лашкаркаш ба ғазаби шоҳ Кайхусрав гирифтор шуда, гурехта ба Хуросон паноҳида, дар он диёр ба канори Кашафрӯд он шаҳрро бунёд карда будааст. Тӯсро шаҳри шоирон ва олимон меномиданд: дар маҳфилҳо овози шоирон баланд, дар масҷиду мадрасаҳо мунозираи олимон дар авҷ буд.
Шаҳр аз пайвасти ду шаҳраки самти шарқию ғарбӣ ба ҳам омада буд, шаҳраки самти шарқӣ Тобирон ва ғарбӣ Навқон ном дошт. Разон номи яке аз дарвозаҳои Тобирон буд, зодгоҳи Абулқосими Фирдавсӣ деҳаи ҳамсоя Шодоб ва бошишгоҳаш деҳаи Бож буд; ин деҳа дар пушти дарвозаи Разон буда ва боғистонаш ба он дарвоза мепайвастааст. Обову аҷдоди шоир низ дар Бож ва Шодоб зистаанд. Онҳо деҳқонон ‒ мулкдорони калон будаанд, ки дар Эрони пеш аз ислом табақаи ҳукмрон ҳисоб меёфт. Аҳли ин табақа озодон номида мешуд ва асилзодагон ба шумор мерафтанд. Дар замони ҳокимияти арабҳо ин табақа аз нуфузи сиёсиву иқтисодии худ маҳрум гар/5/дид. Аҷдоди шоир ва худи вай дар ин давра аз мақоми тавонгарӣ фуромада ба мулкдорони хурд табдил ёфта буданд.
Падари шоир Мавлоно Фахриддини Аҳмад марди бофазлу дониш буда, амале аз амалҳои девони молиёти Хуросонро ба уҳда доштааст. Ӯ барои илм омӯхтани писараш кӯшиши бисёр мекард. Дар солҳои нахустини шуғли Фирдавсӣ ба назми «Шоҳнома» чунин ривояте пайдо шуда буд: гӯё дар овони хурдсолии шоир падараш ба хоб мебинад, ки писараш ба бом баромада ва рӯ ба тарафи қибла карда наъра мезаду дар ҷавоби наъраи ӯ аз ҳар ҷониб овозҳо шунида мешуданд, бомдод Мавлоно назди муаббир (хобгузор)-и машҳур шайх Наҷибуддин рафта хоби дидаашро нақл мекунад ва таъбирашро мепурсад, шайх китобҳояшро дида хоби ӯро чунин таъбир мекунад, ки овозҳои шунидашуда овозаи ояндаи писари туст, ин писари ту сухангӯе мешавад, ки овозааш ба чаҳор рукни олам мерасад ва дар ҳамаи атрофу акноф сухани ӯро ба қабул истиқбол мекунанд. Ба ҳамин тарз ровиён достонсаро шудани Фирдавсиро ба сарнавишти азалӣ нисбат дода ва мардумонро ба ин бовар кунонда будаанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки Ҳасани Абулқосим дар айёми таҳсилаш ба илмомӯзӣ майлу рағбати азим зоҳир карда, донишманди мумтозе шуда ба воя расид. Вай забони паҳлавӣ медонист, забони адабии модариаш ва арабиро ба хубӣ фаро гирифта буд. Истеъдоди фитрии ӯ дар гӯяндагиву шоириаш зуҳур кардан гирифт. Дар солҳои талабаи мадраса буданаш аз «Худойномак»-и бостонӣ (китобе, ки баъдан пас аз тарҷума шудан ба форсии нав, «Шоҳнома» ном гирифт) баъзе порчаҳои барояш писандомада ва шавқангезро назм мекард.
Дар он вақт ки ҳикояти мо аз он сар мешавад, Абулқосими Фирдавсӣ бо ҳамсараш Фотимабону, писари бистудусолааш Ҳушанг ва духтарчаи ҳаштсолааш Манижа дар Бож ба ҳавлии меросии худашон мезистанд. Падару модари шоир якчанд сол пеш вафот карда буданд. Ҳавлӣ калон, даруну берундор буд, дар ҳавлии берун саис ва дигар хизматгорони даргоҳ иқомат доштанд ва ҳам анбору дигар биноҳои лозимаи рӯзгор дар вай буд. Дар боғ як дар хонаи пешайвондор ‒ ҳуҷраи кори шоир воқеъ ва пеши ҳуҷра гулзор буд, дар гулзор садбаргҳои рангоранг, гули тоҷихурӯс, райҳон, савсан, бунафша ва ғайра руста буданд. Ҷӯйбори аз Кашафрӯд баровардашуда аз наздики ҳавлии Фирдавсӣ гузашта сӯйи шаҳр ҷорӣ мешуд, шохобе аз он ҷӯйбор ба боғи ӯ медаромад ва аз он баромада ба боғоти ҳамсояҳо мерафт. /6/
Абулқосим баъд аз намози бомдод аз масҷид баргашта дар ҳавлӣ аҳли хонавода ва хизматгоронашро монанди ҳамеша дар ҷунбуҷӯли пагоҳонӣ ёфт. Саис дар ҳавлии берун назди тавила ду аспро қашав мекард. Абдуллоҳи дастёр ду модагови дӯшоӣ ва ғуноҷинҳоро аз дарвоза бароварда ба пода меронд. Дар ҳавлии дарун Равшани каниз дар ошхона сари дегу оташдон андармон буд. Манижа дар суфаи рӯйи ҳавлӣ як духтарбача ва як писарбачаи хурдсолро ширбиринҷ «зиёфат» мекард. Онҳо кӯдакони Равшан буданд. Равшан пештар зани яке аз барзгарони Абулқосим буд, шавҳараш барвақт вафот карда, зани ҷавонашро бо ду кӯдакаш бева гузошт. Равшани чаққону чобукдаст агарчи дар хонаи худаш мезист, ҳар рӯз бо кӯдаконаш ба ҳавлии Абулқосим омада аз пагоҳ то бегоҳ хизмати рӯзгори ӯро мекард, хӯроки худаш ва кӯдаконаш дар хонаводаи шоир буд, пӯшокашонро ҳам Фотимабону медод.
Ҳушанг дар кати паҳлуи суфа хобида буд, ‒ панҷшанбе дар мадраса рӯзи таътил. Рӯзҳои таътил ҷавонаки хобдӯст баъд аз он ки Фотимабону ӯро саҳар бо душворӣ бедор мекард, одатан намози бомдодро хоболудона бо ҳамроҳии модараш мехонду боз ба ҷогаҳаш даромада, кӯрпаро ба болояш кашида то аз масҷид баргаштани падараш хоб мерафт. (Абулқосим одатан пас аз намоз фурсате ба пурсупосу гуфтугӯ бо ҳамдеҳагиён андармон шуда, ба хона дертар меомад). Фотима бо шунидани шарфаи пойи шавҳараш Ҳушангро хезонд. Кӯдакон аз ширбиринҷхӯрӣ фориғ шуда дар поёни суфа бо гурбачаи малла бозӣ мекарданд; Абулқосим назди онҳо хам шуда Манижа ва он ҳар ду кӯдакро як-як бӯсид.
Гирди дастархон ҷойгир шуданд. Равшан дар косаҳои чинӣ шири гарм овард. Ҳар сеяшон пораҳои нонро реза карда, дар косаи шир андохта бо чумчаҳои чӯбини сурхранги мунаққаш тановул мекарданд. Шоир аз дарсхонии писараш пурсон шуд. Ҳушанг дар мадраса илоҳиёт, сарфу наҳви арабӣ ва тафсир, дар пеши мударрисоне, ки дар ҳуҷраҳои шахсии хоҷагиашон дарс мегуфтанд, илми нуҷум ва ҳисоб меомӯхт. Абулқосим аз дигар талабагони божӣ, ки шарикдарсони Ҳушанг буданд, мешунид ки писараш баъзе рӯзҳо ба дарс ҳозир намешавад, соатҳои дарсхониро бо ҷӯраҳои айёши худ сарфи вақтхушӣ мекунад ва ҷӯраҳо пинҳонӣ шароб ҳам менӯшанд. Бояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вай аксар вақт ба дарсхона тайёр нашуда меояд ва ба пурсишҳои мударрисон ҷавоб дода наметавонад. Падар ба ӯ гуфт:
‒ Ҳушанг, мешунавам, ки ту дар шаҳр ба худ рафиқони /7/ нав ёфтаӣ ва бо онҳо ҳарифбозӣ карда, вақти гаронбаҳои таҳсилатро зоеъ мекунӣ?
Ҷавон безобита шуда пурсид:
‒ Кӣ гуфт?
‒ Гуфтанд ва ман шунидам, ‒ ҷавоб дод падараш.
‒ Абу Дулаф гуфтагист?
‒ Чӣ магар аз ҳарифбозии ту Абу Дулаф ҳам хабар дорад?
‒ Маҳмуд хабар кашидагист, ‒ тез шуда ба суол ҷавоб надода гуфт Ҳушанг, ‒ ман даҳони он хабаркашро хок пур мекунам.
‒ Вале ту ба пурсиши ман посух надодӣ, ‒ бо лаҳни тундтар гуфт Фирдавсӣ.
‒ Ҳар кас гуфта бошад, дурӯғ гуфтааст, ман ҳарифбозӣ накардаам.
‒ Дурӯғро ту мегӯйӣ, Ҳушанг. Ту алъон аз Абу Дулаф ва Маҳмуд ба хабаркашӣ гумонбар шудӣ, вале агар чизе набошад, онҳо аз чӣ чиз хабар мекашанд? Ҳарчанд ки ту ба пурсиши ман посух надодӣ, бо гумонбар шуданат аз Абу Дулафу Маҳмуд ба гуноҳат иқрор кардӣ. Акнун бигӯ, рафиқони нават, ҳарифонат кистанд?
‒ Шумо онҳоро наме…
‒ Бигӯ, киҳоянд? ‒ сахтгирона сухани писарашро бурид падар.
Ҳушанг ночор ду нафарро ном гирифт, ки аз талабагони мадрасаҳои дигар ва аз оилаҳои савдогарон буданд.
‒ Рост бигӯ, хулқу атвори онҳо чӣ гуна аст? Хушахлоқанд? Айёш нестанд? Май наменӯшанд? ‒ боз суолҳо дод Абулқосим.
Ҳушанг ба ӯ чашм боло накарда, суханро канда-канда ба ҷойи ҷавоби суолҳо чизи дигаре гуфт:
‒ Фақат як… фақат ду дафъа… ҳарифона кардем… Саид шароб овард… Ба дарс ҳозир шуда натавонистам…
Сипас ӯ ногаҳон бо қаҳру ситез:
‒ Хуб, чӣ шудааст? Осмон ба замин фурӯ ғалтид магар? Ин итобу истинтоқ барои чист? Чаро маро шиканҷа мекунед? Ман худ медонам чӣ бояд кард ва чӣ набояд кард! ‒ гӯён бархосту ба хона даромада ғайб зад.
Чеҳраи Абулқосим хира гашт.
‒ Аз вай озурда нашав, ‒ шавҳарашро тасаллӣ доданӣ шуд Фотима, ‒ ман худ бо вай гуфтугӯ мекунам. Вай гоҳо ҳамин тавр қаҳр мекунад, меситезаду боз зуд ба худ меояд, пушаймон мешавад. Зотан ӯ бачаи баде нест, туро дӯст медорад. Охир, ҷавон аст, хом аст, пухта мешавад. /8/
‒ Ман медонам, ‒ қаҳрашро фурӯ нишонда гуфт Абулқосим, ‒ вай аз ту зуд-зуд пул мепурсад ва ту медиҳӣ. Дидӣ, пулро ӯ ба куҷо сарф мекунад?
Вай бархоста ғур-ғуркунон ба боғ, ба ҳуҷраи худ равон шуд.
Шаби эҷод
…Дар хилвати ҳуҷраи даруни боғ сухан офарида мешавад. Насри хушку беранги достонҳо ба назми тари рангин табдил меёбад. Достонҳо мисли дарахте, ки аз зимистон баромада дар баҳорон андоми бараҳнаашро бо шоху барги сабз мепӯшонад ва гулафшон мешавад, ба зевари шеър ороста мегарданд. Силсилаи достонҳо аз қаъри торики асрҳо сар зада, аз ёд ба ёд, аз авлод ба авлод гузашта, то ба замони шоир расидааст. Шоир ба он силсила шаддаҳои дурру гавҳари сухан ҳамоил месозад. Маҷмаи достонҳо «Шоҳнома»-и мансур ‒ китоби ғафси дарозрӯя, дигар китобҳои таърихӣ, ахборҳо, вақоеъномаҳо ба форсию арабӣ бар рӯйи мизи таҳрири шоир, дар тоқчаҳои ҳуҷра хобидаанд ва чандин сол инҷониб пӯшида намешаванд. Дар варақҳои назми мутантани размии шоир шоҳон ва ҷаҳонпаҳлавонони бостонии Аҷам зинда гардида, корномаҳои аҷоибашонро ба шоир нақл мекунанд. Тапотапи суми аспони ҷангӣ, шиҳаи раъдосои онҳо, ҳаёҳуи размоварон, чакочаки шамшерҳои хунрез, бонги ваҳмангези таблу дуҳулҳо, наъраи фалакпечи карнайҳо мудом дар гӯши шоир танинандозанд. Дар фароғи ҷангу набардҳо хирадмандон ва донишварони бостонӣ ҳам ба меҳмонии ӯ меоянд, мусоҳибаш мешаванд, панду ҳикматҳояшонро баён месозанд. Боз рӯйи мизи пасти васеъ дафтари борику дарозе хобидааст, саҳифаҳои дафтар пур аз хатти майдаи нимкӯр ‒ қайдҳои хотиротии шоиранд аз мутолиаи ахбору осори форсӣ, арабӣ, паҳлавӣ ва ҳам ривояту афсонаҳо, ки достонсарои пурҳавсала дар шаҳрҳои Эрону Тӯрон гашта, онҳоро аз нақли ровиёни зинда навишта гирифтааст.
Дар сукути шабонгоҳӣ вай ба дами даричаи ҳуҷра нишаста дар рӯшноии шамъ қалам меронад. Аз берун чирроси чирчиракҳо ва шаввоси Кашафрӯд ба гӯш мерасад. Шоир гоҳ-гоҳ найқаламашро гузошта, як даст ба ришу ба дасти дигар тасбеҳи зарди ёқутӣ, аз дарича ба боғи торик, ба ситоразори осмон ва ҳилоли моҳ назар дӯхта, фурсате ғарқи фикр мешавад ва боз даст ба қалам мебарад. Ба назм гардонидани қиссаи писарони Фаридун бисёр дароз кашид. Шоир ин қиссаи ға/10/мангезро якчанд сол пеш шуруъ карда, вале ба охир нарасонда, ба назми достонҳои дигар машғул шуда буд. (Вай гоҳ-гоҳ ҳамин тавр мекард: агар дар навиштани достоне душворӣ, сакта, норавонӣ пеш ояду кораш пеш наравад, онро ба вақти дигар гузошта достони наверо ба даст мегирифт). Инак вай аз нав ба қиссаи Эраҷу Салму Тур баргашта буд. Онро як моҳ боз менависад ва акнун ба фоҷиаи кушта шудани қаҳрамон расидааст. Эраҷи софдил, накукор, хайрандеш он қадар ба дили шоир нишаста ва он қадар барояш азиз гаштааст, ки вай аз кушта шудани ӯ ба даҳшат меояд, мисли ин ки хуни фарзанди худашро мерехта бошанд. Вай дар рафти иншои достонҳо ба қаҳрамононаш дилбаста мегардид, ‒ охир, онҳо муддатҳои дароз ҳамдаму ҳамнишинаш, ёрони шабҳои бедорхобиаш буданд, ба ӯ роз мегуфтанд, Эраҷ низ инчунин. Суханоне, ки қаҳрамон дар аснои теғ кашидани бародари бадкинаш бояд ба вай бигӯяд, дар тафаккури шоир кайҳо тайёр ва ҳатто қариб манзум шудаанд, аммо вай дар навиштани онҳо даранг мекунад, гӯё ба овардани он сатрҳои даҳшатангез ба рӯйи коғаз дил намекунад. Ниҳоят Эраҷ ба Тур гуфт: «Ба хуни бародар чӣ бандӣ камар? ‒ Чӣ сӯзӣ дили пиргашта падар? ‒ Маёзор мӯре, ки донакаш аст. ‒ Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст!» Ин суханон нидои дили худи шоиранд, бо ин вай гӯё мехост дасти Турро аз фуруд овардани теғи барафрошта ба сару гардани Эраҷ боздорад. Вале дасти қотили сангдил боздошта нашуд: «Бад-он теғи заҳробгун ханҷараш ‒ ҳамекард чок он каёнӣ бараш»… Қалам аз дасти шоир афтод, вай бархоста берун баромад. Тоби ситораҳо ва фурӯғи доси борики моҳ аз байни анбуҳи шохаҳои дарахтон базӯр гузар карда, гулбуттаву шукуфаҳои ду бари пайраҳаро хира-хира ба чашм намудор месозанд.
Сипас ӯ ба ҳуҷра баргашт. Сари бурида ва тани ба хун оғуштаи Эраҷи навҷавон аз дидаи хаёлаш дур намешаванд. Шоир ба дил аз дунёи дун шиква мекунад, ки кораш ҳамеша чунин аст: одамиро аввал мепарварад, пас он мефиребиду мекушад… Ӯ боз паси хонтахта нишаста қалам баргирифт ва қиссаро бо гилаи пурҳасрате аз ҷаҳони ҷафокор ба поён овард: «Ҷаҳоно, бипарвардиаш дар канор, ‒ Аз он пас надодӣ ба ҷон зинҳор. ‒ Ниҳонӣ надонам туро дӯст кист, ‒ Бар он ошкорат бибояд гирист».
Даричаро пӯшонд, абои нимдошти сабзгунро, ки одатан дар вақти кор мепӯшид, аз танаш баровард ва шамъи фурӯзонро, ки аз он танҳо ба қадри сеяки ангушт боқӣ монда буд, пуф кар/11/ду паҳлуи хонтахта бар рӯйи якандози пахтанок паҳлу зада, аборо ба болояш кашид. Чашмони хастаашро пӯшида ба хоб рафтанӣ шуд.
Аммо хоб куҷо? Шаб кайҳо аз ним гузашта, вале ӯ ҳанӯз бедор аст. Хотири ошуфта ва сари пур аз хаёлоти парешон хобро намепазиранд. «Э кош Фотима меомаду як дам чангашро менавохт ё достоне мехонд, ‒ ба дил мегузаронд шоир. ‒ Шояд нағмаи чангаш, овози маҳини диловези худаш ҳамчун аллаи модар хоби гурехтаамро ба ман бозмеовард».
Ба шодии ӯ Фотима худ ногаҳон ҳозир гашт. Гӯё ки садои замири шавҳарашро шунида буд.
‒ Ҳушангҷон! ‒ шавҳарро бо номи писараш ном гирифта аз пушти дар овоз дод ӯ. ‒ Хобат бурда?
‒ Бедорам, бедор! ‒ аз ҷой ҷаста дарро кушод Абулқосим. ‒ Биё, меҳрубонам, ҳамин дам ёди туро мекардам.
‒ Дилам гувоҳӣ медод, ки ту бедорӣ. Охир, чаро хобат намебарад? Олам ҳама дар хоб, мурғу моҳӣ ҳама хуфта…
‒ …ба ҷуз ман ва Фотимаҷонам, ‒ суханро аз даҳони занаш гирифт Абулқосим. ‒ Худат чаро нахобидаӣ?
‒ Хоби гурезаи ту — азони маро ҳам аз думболаш бурд, ‒ хандид зан. ‒ Хуб, шамъат куҷост? Барафрӯзам?
‒ Шамъ сӯхта тамом шуд.
‒ Дигарашро биёрам?
‒ Кошки.
‒ Алъон меорам. ‒ Фотима гашта рафтанӣ шуд.
‒ Чӣ хуш буд агар каме шароб ҳам меовардӣ, ‒ аз паси ӯ хоҳишгарона гуфт Фирдавсӣ.
‒ Дилат шароб мехоҳад? Дар ин ними шаб?
‒ Аз моҷарои Фаридуну писаронаш ба танг омадам; тафовут надорад ‒ ба ин қарибӣ хобам намеояд. Чӣ мешавад, ки як дам дилхушӣ кунем. Фотимаҷон. Умедворам, ки чангатро ҳам фаромӯш накунӣ!
Баъди ним соат шамъу кӯзачаи шароб бо ду ҷоми нуқрагин ва анору турунҷу биҳӣ ‒ ҳама дар лаълӣ ниҳодаву чанг дар бағал ‒ кадбону ҳозир гардид.
Вақте ки шамъ афрӯхта шуд, Фотима ба чашми шавҳараш беш аз пеш зебои дилрабо намуд. Хурраму хандон занашро оғӯш карда якзайл «нозанинам, меҳрубонам, моҳи тобонам» гӯён рӯю мӯяшро мебӯсид. Фотима аз соҳибҷамолони таърифӣ набошад ҳам, чеҳраи сабзинаи дилкаше, чашмони шаҳлои бануре дошт, миёнақади борикандом буд. Тарбиядида ва хушсавод, монанди шавҳараш деҳқоннажод буд, аз мусиқӣ низ бебаҳра /12/ набуд, чангро хуб менавохт. Баъзан шабҳангом аз ҳавлии дарун ба ҳуҷраи шавҳараш омада бо хоҳиши ӯ чанг менавохт ё барояш афсонае мегуфт, ‒ Абулқосим шунидани афсонаҳои ӯро дӯст медошт, ‒ ё ки аз «Шоҳнома»-и мансур достоне мехонд. Аз шавҳараш ҳафт сол хурдтар буда, дар муқобили марди панҷоҳсолаи тануманди каллакалони паҳнриш ҳамчун духтари нозуке менамуд. Солҳои заношӯйӣ гӯё ки ҳамвора муҳаббати шавҳарро ба занаш афзун мекарданд.
‒ Кирдори бародарони Эраҷ маро ба хаёлоти ғамангез андохт, ‒ мегуфт шоир. ‒ Додари худашонро куштанд… Инсон ба дунё ҳамчун фаришта пок ва беайб меояд, пас ин даррандахӯйӣ дар табиати вай аз куҷост? ‒ пурсид ӯ ва худ ҷавоб дод: ‒ Аз ҳирси ҷоҳ, нуфуз, сарват, ҳирси забардастӣ бар ҳамҷинсони худ.
‒ Чӣ ҷойи ҳайронист? ‒ гуфт Фотима. ‒ Магар ин ҷаҳонро ҷаҳони ҳирсу оз нагуфтаанд? Инсон пок омада, дар касофати ин ҷаҳон олуда мешудааст. Маълум ки ҳар чӣ ба кони намак афтод, намак шуд.
‒ Одамизода ба ақлу ҳуш ки даромад, ‒ фикрашро давом дод Абулқосим, ‒ дар ибтидо сари дуроҳае қарор мегирад: роҳи хайр ва роҳи шарр. Ду ҳодии роҳ, Ҳурмуз ва Аҳриман, яке ӯро ба ин сӯ, дигарӣ ба он сӯ мекашанд. Он ки ҳодиаш Ҳурмуз аст, Эраҷ шуд, ва оне ки роҳбараш Аҳриман буд, Тур ё Салм гардид.
Дар дили шаб ба рӯшноии шамъ шавҳару зан базми ширине оростанд, май пӯшиданд. Шоир аз нашъаи май сархуш ва аз навои чанг маҳзуз, ба мақоми мусиқӣ сари дарозмӯяшро алвонҷ медод.
‒ Аз Эраҷ фориғ шудӣ? Баъд аз ин чӣ менависӣ? ‒ чангро гузошта пурсид Фотима.
‒ Ровиёни ахбор аксар воқеаҳои таърихро саҳл гирифта, бештар ба зоҳири онҳо аҳамият додаанд; қиссаҳоро ба назм тавре бояд баён кард, ки муассир ва омӯзанда бароянд.
‒ Интиқоми хуни Эраҷро менависӣ? Боз куштор, лашкаркашӣ, ҷанг?
‒ Охир, ман таърихи Аҷамро назм мекунам.
‒ Салм ва Тур бедодгар буданд, бедодгарии шоҳон аз бехирадии эшон аст, ҷое ки хирад бо дод пайванд нест, пайовардаш ба ҷуз зишткорӣ, ба ҷуз балову офат бар сари кишвар ва мардумон нахоҳад буд. Ман бояд инро нависам, то панду ҳикмати қисса ошкор шавад.
‒ Ҳушангҷон, ман пештар ба ту гуфта будам ва акнун ҳам /13/ мегӯям, ки чӣ хуш буд, агар ту гирди чангҳои шоҳону паҳлавонон камтар мегаштӣ ё ҳеч намегаштиву достонҳое монанди Рустаму Таҳмина, Золу Рӯдоба менигоштӣ. Чунин достонҳо хонанда ва шунавандаро ба шавқу завқ меоранд, мегирёнанд ва механдонанд, дилу ҷонро рӯшноӣ мебахшанд. Аз ҷангнома чӣ суд? Худат медонӣ ки бе он ҳам замона пур аз ҷангу ҷидолҳост, халқи олам аз онҳо безоранд.
‒ Безоранд. Рост мегӯйӣ. Вале бояд донист, ки сабабгори ин ҳама ҷангу ҷидолҳои хонумонсӯз чист ва кист… Дар тули қарнҳо балою офате, ки пайваста аз ҷангу ҷидолҳо мехезад, ҳазор карат беш аз офати зилзилаҳо ва селҳост. ‒ Шоир тавре сухан мегуфт, ки гӯё пеши худ андешаи шунаво мекард. Суханашро давом дод: ‒ Имрӯз ҳам Аҷам дар вартаи кашмакашҳои хунин аст. Туркони қарохонӣ дар тараддуди лашкаркашӣ ба мулки Сомониёнанд… Аслан ҷӯши нави ҳамон ҷангҳои бадфарҷоми Эрону Тӯрон… Ман акнун ҷангу ҷидол, харобию табоҳиеро, ки аз фитнаи он ду бародари тоҷдори Эраҷ бархост, менависам, чунон ки аз ин пеш ҳамин гуна оқибати нобихрадиву нооқибатандешии Ковусшоҳ, Афросиёб ва шоҳони дигарро навиштаам… Навиштам ва менависам, то шояд савобу хатои пешиниён ба имрӯзиёну фардоиён дарси ибрат шавад…
‒ Дар боби додгарӣ ҳам?
‒ Албатта. Гузашти рӯзгорон омӯзгори хубест, ҳар кӣ аз ӯ таълим гирифтан хоҳад, ин омӯзгори пурдоннахуст ба вай ситамгорӣ бар зердастонро манъ мекунад. Панди шоҳони некусиришт ва додгар, ҳикматҳои Бузургмеҳри ҳакимро ман дар «Шоҳнома» ба назм зикр кардам ва хоҳам кард, то шоҳони ситампеша агар надонанд, бидонанд, ки баҳраашон дар ду олам лаънати худо ва нафрини халоиқ асту бас… Абу Дулаф шунидааст, дар шаҳр баъзе касон маро ғоибона таъна мезадаанд, ки умри азизро ба қиссапардозӣ зоеъ мекунад, аз қисса чӣ суд? Ҷоҳилон намедонанд, ки достонҳои ман ҳама панду ҳикматанд… Таҷрибаи рӯзгоронанд. Устод Рӯдакӣ гуфтааст: «Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд»…
Гӯянда торафт овозаш пасттар мешуд ва аз хастагӣ пинак мерафт. Фотима ба ғундоштани дастархон шуруъ кард.
‒ Ту хаста шудӣ, акнун роҳат бикун, хоб рав, ‒ гуфт ӯ ва бархост. Шавҳар ӯро аз доманаш гирифта боздошт:
‒ Нарав, як имшаб ҳам бо ман бош, Фотимаҷони ширинам, ман туро пазмон шудам.
Зан дам назада бо табассуми ҳаёомез сӯйи дар равон шуд. /14/
‒ Меравӣ? Чӣ тавр дилат мешавад, ки дар ин гуна шаби муродбахш ошиқатро танҳо бигзориву биравӣ, дилситонам?
‒ Хуб, меоям, ‒ хандида гузашт кард дилситонаш, ‒ аз хоби Манижа хабар мегираму меоям.
Рафт ва баъд аз ним соат баргашт. Ҷойи хоб андохт.
…Субҳидам бо ҳам таҳорат карданд. Бону агарчи он шаб аз хоб монда буд, боз ҳам хушу хуррам шавҳарашро ба масҷид ба намози бомдод гуселонда, худ ба ҳавлии дарун шитофт.
Иғво
Фотимабону боре ба муносибати маросиме ба Шодоб ба хонаи холааш рафта буд, аз он ҷо бегоҳрӯзӣ баргашта дар ҳуҷраи шавҳараш ба ӯ чунин нақл кард:
‒ Дар байни меҳмонон Бибихолида зани охунди шодобӣ ҳам ҳозир будааст. Ин занаки ҳавобаланд ба ҳар чиз хурдагирӣ мекунад, ба ҳама панд мехонад, гуфтораш ҳама аз набию васию имоми шаҳид аст, мисли ин ки онҳо амуҳояш* мебошанду вай ҳадисҳои ононро аз забони худашон шунидааст. Дар маъракаи занон ба ман рӯ оварда гуфт: «Шунидем ки шавҳаратон қиссаҳои замони ҷоҳилия менавиштаанд, маҷусҳоро меситудаанд?» Пурсидам, аз кӣ шунидед? Гуфт, охунд боре дар саҳни ҷомеи Тобирон дидаанд, ки Абу Дулаф дар ҳалқаи талабагон қиссае мехонад, пурсидаанд ‒ ин қисса нигоштаи кист? Абу Дулаф ҷавоб додааст, ки нигоранда Абулқосим Фирдавсист ва ӯ монанди ин достонҳои дигар ҳам навиштааст ва менависад. Охунд талабагонро сарзаниш кардаанд, гуфтаанд: шумо муъмину мусулмононед, дар оянда соҳибони дину шариат мешавед, магар аз гуноҳ наметарсед, ки чунин қиссаҳои маҷусиро мехонеду мешунавед? Ба оташ афканед онҳоро, зеро онҳо боиси ихтилоли имон ва залолат мешаванд. Баъдан ман аз холаам шунидам, Бибихолида пас аз рафтани ман гуфтааст, ки охунд аз Фирдавсӣ ба шайхи бузург Абулқосими Гургонӣ аризаи шикоят навиштанд: эшон далелу ҳуҷҷат доранд ва метавонанд исбот кунанд, ки шоир Фирдавсӣ ба дил муътазилӣ, қарматист ва мазҳабашро пинҳон медорад. Имом як-ду достони туро дар куҷое хонда ва қисман рӯбардор карда гирифта будааст…
___________________
* Аму ‒ амак.
Ин хабар дар воқеъ хавфангез буд, ‒ касони ба муътазиливу /15/ қарматӣ муттаҳамшударо ҳам арбоби ҳукму фармон ва ҳам асҳоби дину шариат радди маърака ва сахт таъқиб мекарданд. Акнун биншину нигарон бош, ки бадхоҳонат чӣ фитнае бар зиддат мехезонда бошанд.
Шоир ду-се поси он шабро бо шабзиндадории пурфикру хаёл гузаронд. Аз шикояти Абдуннабии имоми шодобӣ ва умуман аз хулқу атвори ӯ дар тааҷҷуб буд. Чанде пеш имом ҳамдеҳаи худ Аббоси бофандаро ба хондани рисолае аз рисолаҳои Ихвонуссафо гунаҳкор карда, ба шайхи Абулқосим ва ҳоким хабар кашида зиндон кунонд. Мегуфтанд, ки дар Шодоб агар касе бо сабабе дар намози ҷамоат ҳозир нашавад, Абдуннабӣ ӯро фавран ба кофирпешагӣ муттаҳам сохта ҷарима мекунондааст ё ба раиси шаҳр гуфта дарра мезанондааст. Дар кӯчаҳо бачагони хурдсолро навозиш карда, шириниҳо дода мепурсидааст, ки оё модару хоҳаронашон намоз мехонанд, ва агар маълум шавад, ки намехонанд ё боре нахондаанд, ё ки маросиме аз маросимҳои диниро баҷо наёвардаанд, охунд шавҳарон ва падарони онҳоро ба кӯча садо карда, дар байни мардумон таҳқир менамудааст. Худ дар сари хирманҳои кишоварзон вақти кафсангирӣ ба болои ҳар як кафи ғалла ҷанҷол мебардошта, ё ки бе огоҳии ӯ хирманбардоштагонро дар ҷамоати масҷид дашномҳои қабеҳ дода шарманда мекардааст. Бошандагони Шодоб аз шарри имоми худ ба дод омадаанду додрас намеёфтаанд. Акнун ин фитнаангези арбадаҷӯ ба мани гӯшанишин дасти буҳтону иғво ёзондааст, ‒ ошуфтахотир шуда ба дилаш мегуфт Фирдавсӣ.
Вай мунтазири даъват ба назди шайх Абулқосим буд: имоми шодобӣ дар ҳақиқат агар ба шайх ариза фиристода ё балки худи ӯро дида аз шоир ба он мазмун, ки зани имом ба Фотима гуфтааст, шикоят карда бошад, шайх ӯро барои таҳқиқ ба ҳузураш даъват хоҳад кард. Охир, шайхи бузургвор, фақеҳ ва охунди калони шаҳр ин гуна шикоятҳои ба дину шариат дахлдорро беоқибат намегузорад.
Вале аз байн як ҳафта гузашт, шайх ӯро даъват накард. Он гоҳ Фирдавсӣ қарор дод, ки худаш назди шайх рафта ҳақиқати ин корро фаҳмад.
Ҳуҷраи хоссаи шайх дар ҳавлии беруни ӯ буд, Фирдавсӣ аз дарвоза даромада ба хизматгори ӯ ‒ мардаки солхӯрдае бархӯрд, ки барраи сафедеро аз арғамчини гарданаш кашида сӯйи собот мебурд, барра аз рафтан саркашӣ мекард.
‒ Ҳазрат ҳастанд? ‒ пурсид ӯ. /16/
‒ Ҳастанд, ‒ барои чӣ бошад ки як навъ ситезаомез ҷавоб дод хизматгор. (Шояд ба ваҷҳе аз шайх танбеҳ шунида бошад, ба дилаш гуфт Фирдавсӣ).
‒ Дар пешашон одам ҳаст?
‒ Ду чӯпон. Аз кӯҳ барои дуо гирифтан омадаанд. Ба рамаҳошон офате расида бошад магар…
Шоир донист, ки барраро ҳамон чӯпонҳо ба музди дуои шайх ба вай овардаанд.
Шикоят
Вақте ки хизматгор ба шайх хабар дод, ки Абулқосими Фирдавсии шоир ба зиёрат омадааст, шайх як қадар бесаранҷом шуда монд: деҳқон ва шоири божӣ дербоз ба зиёрати ӯ наёмада буд, бешак ин омаданаш бо аризаи Абдуннабии имоми шодобӣ алоқаманд аст. Фармуд, ‒ дарорандаш.
Марди сиёҳҷурдаи чашмкалон, фарбеҳҷусса ‒ шайх Абулқосими Гургонӣ саломи шоирро ба оҳистагиву тамкин алайк гуфт, Фирдавсӣ чунон ки расм буд рафта дасти ӯро бӯсид, шайх бо ишораи даст ӯро ба нишастан таклиф карда наздики худаш дар пешгаҳ ҷой нишон дод. Чӯпонҳои дуоталабро рухсати рафтан дода ҳуҷраро аз онҳо холӣ кард. Фирдавсӣ дар намад зону зада, суханро якбора аз муддаои худ сар кард:
‒ Ҳазрат, шунидам, ки Абдуннабӣ, имоми масҷиди Шодоб, аз ман ба шумо шикояте навиштааст. Мехостам бидонам, ки оё ин рост бошад, ва агар рост бошад, шикояташ аз чист?
Шайх як он сукут карду баъд ба токча даст ёзонда як китоби ғафсро, ки дар он ҷо истода буд, гирифт ва аз қабати он варақи коғазеро баровард.
‒ Бале, навишта буд, ‒ гуфт ва коғазро ба Фирдавсӣ дароз кард.
Шоир варақро кушода ба он чашм давонд.
Имоми шодобӣ қироат кардани талабагони мадраса «қиссаи маҷусӣ»-и Золу Рӯдоба ва танбеҳ кардани худаш он талабагонро баён намуда, навишта буд, ки аз он баъд вай аз таснифоти Фирдавсии шоир ин қисса ва боз як қиссаи дигарро ба даст оварда мутолиа кард ва дид, ки «ҳама тамдеҳу тамҷиди габрон ва маҷусон ба шеваи муътазила ва фалосифа аст, ки бидуни шак муҷиби залолат ва ихтилоли имони муслимин мешавад» ва ғайра ва ҳоказо. Аз «шайхи бузургвор ва фақеҳи кибор» талаб мекард, ки мусулмононро аз хондани чунин қиссаҳо манъ /17/ ва шоири «эътизолпеша ва фалсафимашрабро тавбех ва танбеҳ» намояд, ва навишта буд: «Банда муътақидам, ки ин шоир муставҷиби итоб аст».
Фирдавсӣ аризаи шикоятро бо ғазаб ба рӯйи намад партофт.
‒ Иҳонати маҳз! Ҳазён, сафсатаи ҷоҳилона! ‒ шӯрида гуфт ӯ. ‒ Оё шумо, ҳазрат, ба ин сафсатаҳо бовар кардед?
Оҳанги гуфтори ӯ ба шайх дурушт ва ҳатто беҳурматӣ намуд, вале ӯ ки тундӣ, ғазабу ситезро ба руҳонияти худ нораво медонисту ба пайравонаш низ ҳилм ва бурдбориро таълим медод, ҳиссиёти худро зоҳир накарда, бо мулоимат гуфт:
‒ Банда ба имом гуфтам, ки ба исботи даъвояшон далел биёранд, зеро худам маатаассуф достонҳои шуморо нахондаам, аз маъниву мазмуни онҳо бехабарам.
Шоир аз қиёфаи шайх ба нохушнудии ниҳонии ӯ пай бурда, ҳарчи оромтар гуфт:
‒ Маро маъзур доред, ман аслан шӯридатабъам, ҳазрат, овозам дурушт, суханонам аз ғайри ихтиёри худам тунд бармеоянд… Хуб, ман мехостам бидонам, ки ҳазрат дар бораи шикояти Абдуннабӣ чӣ коре пеш мегиранд?
‒ Имом то далелу бурҳон наёранд, мо ба шикояташон эътибор нахоҳем кард, ‒ гуфт шайх.
‒ Эшон чӣ далелу бурҳоне оварда метавонанд? Албатта, аз достонҳо якчанд байтро мегиранду ба дилхоҳи худашон маънидод карда пеши шумо меоваранд. Ҳар гоҳ ки кина роҳбари ақл шуд, ҳосилаш ба ҷуз дасисаву иҳонат нахоҳад буд. Охунд чӣ касе ҳастанд ва чӣ рафторҳое бо мардум мекунанд, шумо, ҳазрат, инро аз бошандагони Шодоб бипурсед.
‒ Ҳароина, охунд аз ҷумлаи уламоянд, имом ва хатиби ҷамоатанд, моро аз шунидани мулоҳизаи эшон чора нест. Мо далелу бурҳон талаб кардем. Албатта, худ медонанд, ки ҳар даъворо далоили сотеъ мебояд, вагарна даъво беоқибат хоҳад буд.
‒ Эшон ҳар далеле ки оваранд, албатта, худашон онро сотеу қотеъ хоҳанд донист, вале дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё на, умедворам, ки инро ҳазратам холисона мутолиа хоҳанд кард.
‒ Магар шумо шак доред, ки банда холисона мутолиа хоҳам кард?
‒ Арз кардам ки умедворам.
‒ Аслан, назар ба он чӣ маълумам шудааст, иддае аз уламо ва фузалои шаҳр назм кардани шумо қисаси замони ҷоҳилияро намеписанданд, мегӯянд он қисас на ба истиқрори дин /18/ аст. Шумо худ на фақат шоир, балки олим ва зоҳид ҳам ҳастед, мусалмонон аз шумо ашъору достонҳое чашм доранд, ки бар қуввати ислом афзоянд. Аз қисасу ривоёти ҷоҳилия чӣ суд?
‒ Суд ‒ шинохтани ниёгон, рӯзгори эшон, ошноҳои эшон, донистани ҳикматҳои эшон аст. Ин ‒ суди кам нест, ҳазрат.
Фирдавсӣ гуфтугӯро тамомшуда ҳисоб карда, бархосту бо таъзими эҳтиромкорона шайхро хайрбод гуфт.
Дар бозгашт вай дар роҳ ба худ мегуфт, ки шайх Абулқосим марди оқилест, вай соҳибандешатар аз он аст, ки ба иғвои ҷоҳиле ҳамчун Абдуннабӣ эътибор кунад.
Ҳол он ки шайх ба шоир на ҳама гапро гуфта буд. Оре, вай ҳақиқатан аз имоми шодобӣ далелу ҳуҷҷат талаб карда буд, аммо чӣ гуна ва бо чӣ мақсад талаб карда буд, инро вай ба Фирдавсӣ нагуфт. Ин ҳоли ҳозир рози пинҳони ӯ буд.
Роз ин ки баъд аз расидани шикоятномаи Абдуннабӣ шайх дар вақти ба зиёраташ омадани ҳокими Тӯс Абдулқодири Меҳрон бо вай дар ин бора мусоҳиба карда, гуфта буд:
‒ Банда ҷаноби олиро огоҳӣ дода будам, ки дар шаҳр ва дар атрофу акноф қарматиёну исмоилиён дар хуфя анҷуманҳо сохта, таълимоти саросар куфру бидъаташонро шоеъ мекунанд. ‒ Шайх ду-се нафарро, ки гумон карда буд қарматӣ ва исмоилӣ мебошанд, номбар кард. ‒ Назар ба хабаре, ки, ‒ суханашро давом дод шайх, ‒ аз як мусалмони покдин, ки худ имоми ҷамоат аст, расид, шоир Абулқосими Фирдавсӣ, зоҳиран, ба мазҳаби онҳо тамоюл дорад. Ӯ қиссаҳои габрону маҷусон нигошта, ба шеваи фалосифа эшонро меситояд. Банда чун инро шунидам, гуфта будам, ки Абулқосим марде зоҳид ва аз уламои дин буд, акнун аз сирати худ баргашта ситоишгари бадбунёдон шудааст, ки ин роҳ ӯро ба куфру бидъат мебарад. Баъзе қиссаҳои ӯ акнун дар байни хосу ом ва алалхусус толибилмон ошкоро қироат карда мешавад. Дар ҳаққи нигорандаи чунин қиссаҳо итобу сиёсат кардан лозим ва воҷиб аст.
Сарҳанги собиқ Абдулқодири Меҳрон баҳсҳои роҷеъ ба «куфру бидъат»-ро шунавад, сараш гаранг мешуд, вай ин масъалаҳои ба қавли худаш «печандарпечи бесарубун»-ро намефаҳмид, ба вай аз шамшеру камон ва сипару синон гап зананд буд!
Ӯ гуфт:
‒ Пирам, илм ба дасти худатон, китоб ба дасти худатон. Он шоир агар ҳамин навъ бидъатҳо мекарда бошад, пирам ҳастанд, уламо ҳастанд, қозии шариат ҳаст, бидъатҳояшро дайн карда ба вай ҳар ҷазое ки шариат фармояд, додан метавонанд. /19/ Порсол бо саъйи ҳамон имоми шодобӣ ва далолати пирам якеро аз ҳамон қасаба* оварда зиндон кардем, ман ҳанӯз аз дарди сари ин амр халос нашудаам: ҳафтае намегузарад, ки аёлаш, хешу табораш, ҳамкасабаҳояш ба додхоҳӣ наоянду озодии ӯро талаб накунанд.
Ҳоким бофандаи шодобӣ Аббосро дар назар дошт, ки бо хабаркашии Абдуннабӣ ба хондани рисолаи исмоилия гунаҳгор шуда ба зиндон ғалтида буд.
Шайх ба исботи дурустии «итобу сиёсат» талаб карданаш боз чанде лому мим гуфт, аммо гардани шахи сарҳангро нарм карда натавонист. Он гоҳ ӯ ба худ қарор дод, ки аввалан ба «бидъаткории» Фирдавсӣ тавассути имоми шодобӣ ва шахсони дигар далелу бурҳони лозима ҷамъ кунаду сониян ӯро ба масъулият кашонад. Агар ин муяссар шавад, обрӯ ва нуфузи «шайхи бузургвор» чӣ қадарҳо баланд хоҳад шуд. Бо ҳамин мақсад вай ба имоми шодобӣ супориш карда буд, ки қиссаҳои Фирдавсиро пурратару амиқтар мутолиа намуда «далелу ҳуҷҷатҳои қотеъ» ҷамъ оварад…
Фирдавсӣ баъд аз гуфтугӯ бо шайх Абулқосим як қадар осудахотир шуда бошад ҳам, дар бораи Абдуннабӣ як кунҷи дилаш ғаш буд. Аз имоми фитнаангез ҳар бадиро чашм доштан мумкин. Як бор бо вай ҳам вохӯрда гуфтугӯ кунад чӣ шавад? Аммо аз гуфтугӯ бо он бадтинати баддимоғ ғайр аз ранҷи хотиру пушаймонӣ чӣ ҳосил? Магар ин ки гуфтугӯ дар пеши ҷамоат воқеъ шавад. Он гоҳ вай, Фирдавсӣ, ӯро дар ҳузури мардумон аз кирдораш шармсор карда метавонад.
Шоир фикр карда, рӯзе бо ягон баҳона ба Шодоб рафтанӣ ва яке аз намозҳоро дар масҷиди он ҷо хонданӣ шуд. Дар он ҷо вай пеш аз намоз ё баъд аз он имомро дида дар пеши ҷамоат бо вай гуфтугӯ, ва агар даъво пеш оварад, ба даъвояш ҷавоби муносиб дода, вайро мулзам хоҳад кард.
___________________
* Қасаба ‒ деҳа.
Баҳс бо имом
Рӯзи дигар вай бо баҳонаи аёдати холаи занаш, ки бемор буд, ба Шодоби ҳамсоя равон шуд. Абу Дулафро, ки ба дидани устод омада буд, ҳамроҳ гирифт. Омадани ровии ҷавон айни муддаост ‒ ӯ метавонад шахсан гувоҳӣ диҳад, ки Абдуннабӣ дар Тӯс толибилмони мадрасаро аз хондани достони Зол ва Рӯдоба манъ кард. /20/
Ба намози пешин ҳар ду дар масҷиди Шодоб ҳозир шуданд. Ҷамоат ҷамъ буд, ҳама ба ҳурмати шоир даст ба пеш гирифтанд, нишастагон ба по хестанд. (Маълум, ки дар ҳама замонҳо дар кишварҳои ба истилоҳ мусулмонӣ халқи оддӣ ба шоирон қариб ки нисбати валигӣ ва соҳибкароматӣ дода, онҳоро иззату икром мекарданд). Бештарини шодобиҳо баъзе достонҳои шоирро дар қироати ҳамдеҳагиёни босаводашон шунида буданд.
Абдуннабӣ шоирро дида ҳайрон ва «гӯш ба занг» шуд. Фирдавсӣ бо вай бо чеҳраи кушод салом-алайк кард ва гуфт:
‒ Ба аёдати бемор омада будам, иҷоза диҳед фаризаро дар пушти шумо адо кунам.
‒ Марҳамат фармоед, ‒ бо рӯйи хира ҷавоб дод имом.
Баъд аз намоз вақти аз масҷид баромадан Фирдавсӣ бо овози аз муқаррарӣ баландтар, то ки ҷамоат ҳам шунавад, ва бар ҳасби одати худ якбора ва рӯйрост гуфт:
‒ Ҷаноби охунд, шунидам, шумо дар ҷомеи Тобирон талабагонеро, ки машғули хондани қиссаи Зол ва Рӯдоба будаанд, танбеҳ дода аз хондани он қисса манъ кардаед?
Намозхонҳо, ки ҳаракати пароканда шудан доштанд, ин гапро шунида бозистоданд. Гап воқеан нав ва ғалатӣ буд.
Абдуннабӣ чашм аз чашми Фирдавсӣ канда сӯйи Абу Дулаф теғи нигоҳ кашид. Имкони инкор нест ‒ шоҳид ҳозир аст.
Имом марди миёнсоли ниҳоят қаддарозе буд, қади Фирдавсӣ базӯр то нӯги риши ӯ мерасид. Он қади дароз бо он риши дароз туғи мазорро мемонд. Шоире ки дубайтии зеринро гуфтааст, шояд ба ҳамин гуна марди қаддарозе муроҷиат карда гуфта бошад:
Эй хоҷа, дарозет расидаст ба ҷое,
К-аз аҳли самовот ба гӯши ту расад савт,
Гар умри ту чун қадди ту будӣ ба дарозӣ,
Ту зинда бимондиву бимурдӣ малакулмавт.
Абдуннабӣ бо лаҳни истиғноомез ҷавоб дод:
‒ Бале, танбеҳ кардам. Ба ҳар ҳол саҳни ҷомеъ ҷойи қироати қиссаҳои оташпарастон нест, ҳам мусалмонон он гуна қиссаҳоро нахонанд беҳтар.
Фирдавсӣ суоли дигар дод:
‒ Ҳамчунин шумо бандаро ба маҷуспарастӣ гунаҳгор карда ба шайхи бузургвор шикоят бурдаед?
Ҷавоби суол чунин буд:
‒ Ҳар як мусалмони содиқро дар ҳифзи имони хеш ва ди/22/ни мубини ислом ва шариати он кӯшо будан ҳам фарз ва ҳам суннат аст.
‒ Охунди киромӣ, биёед биншинему як каме дар ин боб суҳбат бикунем, ‒ таклиф кард шоир, ‒ то дурустии даъвои шумо ба ин мусалмонон ошкор бишавад ва агар дар нигоришоти банда хатое рафта бошад, банда ба шарофати шумо аз он хато огоҳ бишавам ва ислоҳаш бикунам.
Мардумон бо ҳаваси шунидани мунозираи шавқовар зуд дар чамани саҳни масҷид давра гирифта нишастанд, Фирдавсӣ ҳам нишаст, акнун Абдуннабиро ҳам аз нишастан чора набуд.
‒ Мехостам бидонам, шумо дар нигоришоти банда чӣ чизи хилофи шаръ ва дин мушоҳида кардед? ‒ сари суҳбатро боз кард шоир.
Абдуннабӣ ба шарҳи эродҳои худ шуруъ кард. Гуфтори ӯ пур аз ибораҳои муғлақи арабӣ ва таркиботи муҳмали лафзӣ буд, ‒ имом фазлфурӯшӣ мекард, то мардумон бинанд ва донанд, ки вай олим аст.
‒ Он чӣ дар мусаннафоти шумо ба мушоҳида расид, аввало тамдеҳ ва тамҷиди маҷусия ва габрия буд ва ин дар замири банда, ки мусалмони содиқ ҳастам, муҷиби истеъдод ва эътирозот гардид. Садое аз ғайб ба самъи банда мерасид ва он шояд садои фаришта буд, ки мегуфт: «Ҳон эй мусалмон, бохабар бош, ки мутолаа ва симои ин қабил мусаннафот ва ин навъ қиссае муҷиби ихтилоли имони ту мешавад». Шоири киромӣ маҷусони бадкешро тамдеҳ карда, эшонро соҳибдилу соҳибфазлу соҳибкамол хонда ва ба баъзе ҳатто ақлу ҳуши мубадонро нисбат додаанд…
Дар ин ҷо ба миёни сухани имом давида, Абу Дулаф аз ҷо бархост:
‒ Маъзарат мехоҳам, ‒ гуфт, ‒ ҷаноби охунд, албатта, Меҳроби Кобулиро дар назар доранд? Ин мисраъҳо дар бораи ӯст, ‒ гӯянда азёд хонд:
Ба боло ба кирдори озодсарв,
Ба рух чун баҳору ба рафтан тазарв.
Дили бихрадон дошт, мағзи радон.
Ду кифти ялону ҳуши мубадон,
Ба чеҳру ба болои ӯ мард нест,
Касаш гӯйӣ ӯро ҳамовард нест.
ва дар охир:
‒ Мазҳабашро намегӯям, вале худаш ҳам баандом, ҳам /23/ ба ҳушу хирад ва хулқу атвор инсони комиле будааст, пас гуноҳи шоир чист? ‒ гӯён ровӣ ба ҷояш нишаст.
‒ Хуб, оё ҷоиз аст, ки як нафар мусалмон ба он баддини заҳҳокнажод чунин мадҳу сано бихонад? ‒ сӯйи Абу Дулаф гардан ёзонд имом ва худ ҷавоб дод: ‒ На, ҷоиз нест. Ҷоиз нест, ‒ такрор кард ӯ. ‒ Ва боз яке аз нисвони* заҳҳокнажодро шоири киромӣ ончунон васф кардаанд, ки бешак муҷиби фасоди ахлоқи қориву сомеъ нашуда наметавонад.
Абу Дулаф боз ба по бархост:
‒ Боз маъзарат мехоҳам, ‒ гуфт, ‒ манзури ҷаноби охунд, албатта, Рӯдоба духтари Меҳроби Кобулист ‒ ва боз шеърхонӣ оғоз кард:
Зи сар то ба пояш ба кирдори оҷ,
Ба рух чун баҳору ба боло чу соҷ.
Бар он суфту симин ду мушкин каманд,
Сараш гашта чун ҳалқаи пойбанд.
Рухонаш чу гулнору лаб нордон,
Зи симинбараш руста ду норвон,
Ду чашмаш ба сони ду наргис ба боғ.
Мижа тирагӣ бурда аз парри зоғ.
Ду абру ба сони камони Тироз,
Ба рӯй пур (?) пӯшида аз мушки ноз
Агар моҳ ҷӯйӣ, ҳама рӯйи ӯст.
В-агар мушк бӯйӣ, ҳама бӯйи ӯст.
Сари зулфи ҷаъдаш чу мушкин зиреҳ,
Фикандаст гӯйӣ гиреҳ бар гиреҳ.
Даҳ ангушт бар сони симин қалам,
Ба рӯ карда аз ғолия сад рақам.
Биҳиштест сар то сар ороста,
Пур ороишу ромишу хоста.
___________________
* Нисвон ‒ занон.
Шунавандагон ҳар дам баҳ! баҳ! гӯён сар меҷунбониданд, аз шеъри рангину сухани намакини шоир ҳаловат мебурданд. Деҳотии куҳансоле овоз баровард:
‒ Он духтар монанди Аноҳид будааст! Шунида будам, Аноҳидро дар Авасто худованди рӯдҳо ва киштҳо гуфтаанд ва ӯ шабеҳи зеботарин духтаре будааст.
Фирдавсӣ гуфт:
‒ Ниёгони мо кундтабъони хушкидадимоғ набудаанд, мар/24/думони хушзавқ будаанд, ки зебоиро дӯст медошта ва мепарастидаанд.
Имоми шодобӣ «кундтабъони хушкидадимоғ»-ро киноя аз худ дониста барафрӯхту чин ба абру оварда, қариб дод зада сӯйи шоир хитоб кард:
‒ Инсоф диҳед, охир ин алфоз, ‒ гӯянда шеъри хондаи Абу Дулафро дар назар дошт, ‒ бо ин шева аз забони як нафар ринди ҳавасбоз шоиста мебуд ба унвони зане, ки он ринд толиби муонасат ва муошарат бошад бо вай! ‒ гуфт ва боз дар бораи он ки чунин ашъор сабаби «фасоди ахлоқ» ва «заъфи имон» мешудааст, варсоқӣ хонд, аммо ин дигар тамоман хилофи завқу ҳаловате буд, ки тӯдаи мардум аз шеър ва аз қироати Абу Дулаф бурда буданд. Онҳо имоми худро ба сабаби рафтору кирдори ношоистаи ӯ, ки зикраш дар болотар рафт, бад медиданд ва акнун гуфтори ӯ дар бораи ашъори дилангези шоир дар онҳо ҳиссиёти нохуши наздик ба нафрат тавлид карда буд. Дигар ба гуфтори ӯ касе гӯш намекард.
Абдуннабӣ ба манзили худ баргашт. Аламзада буд, ба танг омада буд, намедонист чӣ кор кунад. Имом дар пеши чашми ҷамоати худ шарманда ва беобрӯ шуд, акнун имоматӣ чӣ мешавад? Зудтар, ҳарчи зудтар назди шайх Абулқосим бояд рафт, бояд аз вай маслиҳат пурсид, ки чӣ бояд кард.
Бедимоғ ва хиратабъ ба ҳуҷраи шайх ворид шуд. Дар пойгаҳ зону зад, фурсате сархаму хомӯш нишаст.
‒ Чӣ воқеа, охунд? ‒ пурсид Абулқосим. ‒ Чаро ғамгин менамоед? Ҳодисае рух дод магар?
‒ Ҳодисае тамоман хилофи интизор ва хеле нохуш, ‒ сари ҳасрату надомот ҷунбонд имом ва пас он воқеаро як ба як нақл кард, тавре нақл кард, ки Фирдавсӣ дар он воқеа ҳамчун як шахси пуриддаои камхирад арзи вуҷуд менамуд.
Шайх ҳикояти дарози дарҳам-барҳами ӯро то охир хомӯшона гӯш кард ва баъд гуфт:
‒ Гуноҳ ба Фирдавсӣ нест, гуноҳ ба шумост, охунд. Корро саҳл ангоштаед. Гуфта будед, ки ба фалсафию қарматӣ будани Фирдавсӣ далелҳо доред, куҷост он далелҳо? Ситоиши Соми зардуштӣ? Васфи хирадмандии Меҳроб? Шефтагӣ ба ҳусну ҷамоли духтари ӯ? Баҳ, баҳ! Охир инҳо далел намешаванд ва агар шаванд ҳам, далелҳои сустанд. Фармуда будем, қиссаҳоро амиқ мутолиа бикунед, маънои ниҳонии абётро дарёбед. Дузди манора аввал бояд чоҳ биканад. Бо Фирдав/25/сӣ дар мунозира шудан кори осоне нест, вай донишманди гузарост, ҳаким аст… Қиссаҳоро ба мо биёред, бубинем шоир онҳоро барои чӣ назм карда ва манзураш чист.
Абдуннабӣ «Зол ва Рӯдоба», «Рустам ва Суҳроб» ва баъзе қиссаҳои дигарро ба Абулқосим овард. Шайх он қадар ба мутолиаи онҳо шавқманд шуд, ки гаштаю баргашта мехонду боз ҷӯёи достонҳои дигар мешуд. Ба атрофиёнаш мегуфт:
‒ Бузург суханварест ин Фирдавсӣ. Вале афсус, ки истеъдоди худододашро ба васфи бадкешон сарф мекунад, агар ба васфи набию васӣ, Фотимаи Заҳро ва авлоди эшон сарф мекард, ҳаққо ки мартабаи пайғамбарӣ меёфт.
Хироҷ
Ноиби подшоҳи Сомонӣ дар Хуросон ‒ волӣ ва сипаҳсолор Абуалии Симҷӯрӣ аз пушти ҳокимони вилоятҳо ҷосусони махфӣ гузошта буд. Ҷосуси тӯсии ӯ хабар расонд, ки ҳокими Тӯс Абдулқодири Меҳрон ба воситаи мусодираҳо ва дигар ҳар гуна даромадҳои пинҳонӣ хазинаи калони шахсӣ гирд овардааст.
Дар вақти расидани ин хабар волӣ тараддуди шикор рафтан дошт ‒ лашкариёнаш сагҳо, юзҳо ва бозҳои шикориро ба сафар тайёр карда буданд. Сипаҳсолор ба ҷосус пинҳон доштани ин хабарро фармуда, ба ҳоким фармон фиристод, ки ба нахчиргоҳи наздики шаҳри Сарахс ба назди ӯ биёяд.
Баъд аз як ҳафта Меҳрон бо якчанд нафар мулозими худ ба Сарахс расид ва сипаҳсолорро дар нахчиргоҳ пайдо карда, дар чодари даштии ӯ ҳозир гардид. Абуалии Симҷӯрӣ бидуни муқаддима ба ҳоким амр кард, ки ҳарчи зудтар ҳазор-ҳазор (як миллион) дирам ба хазинаи ӯ супорад, зеро, ‒ гуфт ӯ, ‒ ҷанги калон дар пеш аст, барои оростани лашкар, таъмини маоши сипоҳиён ва таҳияи асбоби ҷанг симу зари бисёр даркор аст.
‒ Фармон мебарам, аммо… ‒ Меҳрон таъзим кард, суханаш бурида шуд.
‒ Чӣ «аммо»? ‒ итобомез пурсид Абуалӣ.
‒ Ҳазор ҳазор ба гуфтан осон аст, амирам… аз куҷо мегирам?
‒ Аз ҳамон ҷо, ки ҳар вақт мегирифтӣ, бигир.
‒ Хироҷи имсола билкул ситонида шуда буд.
‒ Оё бақия намондааст? /26/
‒ Бақия, албатта, ҳаст, вале казоӣ нест, агар фаразан ситонида ҳам шавад, ба чаҳоряки ин ҳазор ҳазор намерасад. Раиятҳое, ки ба ҷиҳати нодориашон ё камҳосилии зироаташон ба пардохтани тамоми хироҷ қодир набуданд, қисмате аз хироҷи эшон то соли оянда ба қарз монд.
‒ Чора биҷӯй ва пайдо бикун. Фармонро баҷо ор. То поёни зулҳиҷҷа ҳазор ҳазор бояд ба хазина бирасад.
Вай дигар чуну чарои Меҳронро нашунида суханро кӯтоҳ карду худи ҳамон рӯз ӯро ба роҳи омадааш бозгардонд.
Меҳрон бо шитобу ҷадал дар биёбон ва кӯҳсорон роҳ мепаймуду фикр мекард, ки ин ҳазор ҳазор дирамро аз куҷо бояд пайдо кард? Сипаҳсолор дар бораи сарчашмаҳои ҷамъоварии ин маблағ ҳеҷ чиз нагуфт, мабодо ки аз хазинаи пинҳонии ман хабардор шуда бошад? «Чора биҷӯй! Чӣ гуна чора?… Меҳрон ҳар қадар ки фикр мекард, ҳамон қадар ба танг меомад. Дар сари ӯ ҳатто хаёли ба ягон тараф, ба паноҳи ягон душмани Абуалии Симҷӯрӣ гурехтан ҳам чарх мезад. «Ҷанги калон дар пеш?» Бо кӣ? Балки сипаҳсолор, ин турки пуркибру наҳват ва ҷангара нияти исён дошта бошад бар зидди подшоҳи Сомонӣ? Ин маъниро дар хуфия ба подшоҳ хабар диҳам, чӣ шавад?! Он гоҳ шояд подшоҳ ӯро аз мансабаш ронаду ман ҳам аз додани ҳазор ҳазор дирам халос шавам? Вале хабаркашии ман мабодо ба сипаҳсолор маълум шуда монад чӣ? Он гоҳ вой бар ҳоли ман!»…
Меҳрон фикри хавфноки фирор ё ба Бухоро хабар кашиданро аз сараш дур кард. То ба Тӯс расидан дар дилаш нақшаи ҷамъоварии симу зарро кашид.
Дар дорулҳукумаи Тӯс пешкори худ ‒ вакили молиёт Абуиброҳимро ба боргоҳаш талабида фармуд:
‒ Амри сипаҳсолор аст, ба зудӣ ҳазор ҳазор дирам пайдо бикун.
‒ Ҳазор ҳазор? ‒ ҳайрон шуд вакил. ‒ Хок ба сарам! Аз куҷо, соҳиб?
‒ Аз куҷо мешуд? Аз ушр ва дигар хироҷҳо.
‒ Аз ғалла ушри сол рӯёнда шуда буд.
‒ Бақия мондааст?
‒ Албатта, соҳиб, аммо бақияро бо соли оянда гузаронда будем.
‒ Ҳамин сол талаб кун. Аз хироҷу закот боз чӣ монд?
‒ Закоти савоим*, хироҷи боғҳо. /27/
‒ Инро ҳам ба хироҷе, ки акнун меситонӣ, зам кун.
___________________
* Закоти чорво.
Вакил ба пеши пояш нигариста бо қиёфаи дармондагӣ чанде мижа ба ҳам зад ва сипас гуфт:
‒ Шӯру ғавғо мехезад, соҳиб.
‒ Аз ғавғои раиятҳо метарсӣ? Шӯру ғавғо одати раиятҳост, эътибор набояд кард. Бирав.
Абуиброҳими вакил бар хилофи ҳоким аз шӯру балвои аҳолии хироҷгузор метарсид: шӯру балво хезад, ҳоким ба он боз худи вакилро гунаҳгор хоҳад кард. Аммо аз иҷрои фармон чора набуд, вакил на як бору ду бор дида буд, ки чӣ тавр мансабдорон бо ягон гуноҳи воқеӣ ё аксаран сохта аз тарафи ҳоким молу мулкашон мусодира ва худашон ба зиндон андохта мешуданд.
Вай ба девонхонаи худ баргашта бо ҳамроҳии амалдорони девонаш сари ҳисобу китоб нишаст. Аввал номнависи кашоварзон ва аҳли касабаро, ки бо сабабе аз пардохтани боҷу хироҷи давлати оҷиз омада, қарздор шуда монда буданд, аз назар гузаронд ва ҳисоб карда дид, ки агар қарзҳо батамом рӯёнда шаванд ҳам, ба нисфи маблағи матлуби сипаҳсолор базӯр мерасанд. Вай ушрро, ки ба шароити замин нигоҳ карда аз даҳяк то чоряк буд, чоряку сеяк кард. Хироҷеро, ки аз ҳар даҳ раъси чорво гирифта мешуд, аз ҳар ҳафт раъс кард, хироҷи мевазору токзорҳоро, ки аз ҳар бех як дирам то се дирам буд, аз ду то чаҳор дирам кард. Боз баъзе дигар манбаъҳои боҷу хироҷро ҳам ёфт.
Пагоҳӣ фармони мувофиқ ба имзои ҳоким пешниҳод шуд, ҳоким ки аз базму майгусории шабона сабуҳӣ карда нишаста буд, фармонро нахонда имзо кард.
Рӯзи дигар омилони хироҷ, номнависи хироҷгузорон ба даст, ҳар яке бо мушояати ду-се навкари шамшеру тозиёнадор сӯйи деҳкадаҳо ва иддае ба хонаву дӯконҳои косибони шаҳр шитофтанд. Онҳо мебоист ба хироҷгузорон мегуфтанд, ки сипаҳсолори Хуросонро ҷанге дар пеш аст ва фармони ситонидани хироҷи фавқулодда аз ӯст.
Рӯзи равшани офтобӣ Фирдавсӣ дар ҳуҷраи худ ғарқи эҷоди ашъор буд, ки баногоҳ сахт-сахт кӯфта шудани дарвозаи ҳавлӣ шунида шуд.
Баъди як дам хизматгораш як марди паҳнриши хирарӯйро сар карда ба ҳуҷра овард. Ин мард омили хироҷ буд. Ду навкари ӯ дар ҳавлии меҳтар (арбоб)-и деҳа, ки омил он ҷо /28/ манзил карда буд, монда буданд. Мардак баъд аз салом-алайк нишаста соҳиби ҳуҷраро аз фармони нави ҳоким огоҳ ва зарурати пардохтани хироҷи қарзӣ ва иловагиро эълон кард. Аз бағалаш варақи коғазеро баровард, ки дар вай қарзи Фирдавсӣ сабт шуда буд. Гандум фалон ман, ҷав фалон ман, нахӯд фалон ман, закоти савоим фалон пул, хироҷи токзору мевазорҳо фалон пул, ҷамъулҷамъ фалон ҳазор дирами нақд. Бигузор хоҷаи киромӣ ҷасорати омилро маъзур доранд, ки ӯ як нафар мулозими девон асту бас ва аз фармонбарии соҳиби девон чора надорад.
Шоир якбора аз малакути достонҳо ба олами кавну макон ғалтида ҳайрону ҳаросон монд. Дар охири баҳори он сол аз борону сел ва обхези Кашафрӯд бештарин қисми кишти ӯ нобуд ва қариб сеяки чорвояш маҳв шуда, ба токзору мевазорҳои ӯ низ зарари калон расида буд. Бад-ин сабаб ними хироҷи солонаро аз вай кам карда буданд. Чун ғаллаи ба даст омада то ҳосили нав барои зиндагонии хонаводаи ӯ камӣ мекард, ӯ дар фикри он буд, ки аз бақияи чорво як қисмашро фурӯхта ба пули он ғалла харад. Акнун ин хироҷи фавқулоддаи яғмогаронаро аз куҷо ва чӣ гуна бояд баровард?
Шоир дар парешонҳолӣ афтода аз кор бозмонд.
Дар намози пешин ба масҷид рафта, ҷамоати пурғавғоеро дид: ҳамон рӯз ба хонаҳои ҳамдеҳагони ӯ ҳам мисли балои ногаҳониву қазои осмонӣ омили хироҷ даромада будааст. Дар ҷамоат машварат карда, қарор доданд, ки аз ҷониби аҳолӣ якчанд нафар муътабарон ба додхоҳӣ назди ҳоким бираванд.
Бо ҳамроҳии шаш нафар мӯйсафед Фирдавсӣ низ ҳафтум шуда ба Тӯс рафт.
Дар пеши дарвозаи қалъа панҷоҳ-шаст нафар додхоҳони аз атроф омада мунтазири қабули ҳоким буданд. Баъд аз хеле интизорӣ мулозими даргоҳ баромада гуфт, ки мазмуни арзи онҳо ба ҳоким маълум ва ӯ ҳоло чи гуна қонеъ гардонидани илтимосашонро мулоҳиза карда истодааст. Ҳамаашон бираванд ва хотирҷамъ бошанд, ки арзашон беоқибат намемонад.
Лекин оқибат чунин шуд, ки омилон дар ситонидани хироҷ фишору тааддиро зӯртар кардан гирифтанд. Таҳдиди ҳабсу банд ва ҳатто тахтачаи занҷирбанд овехтан ба гардани қарздорон пайдо шуд.
Дар хонаи шоир Фотима фурӯши зеварҳои худаш ‒ ёдгории айёми ҷавониву арусиашро таклиф кард, шоир розӣ нашуд. Фақат ду илоҷ монда буд: замин фурӯхтан ё ба гарави /29/ замин аз судхӯр қарз бардоштан. Судхӯрон (ки ба ҳамин гуна аҳвол ғалтидани мардумонро аз худо металабиданд) бо суди се дар сад то панҷ дар сад қарз медоданд. Баъзе хироҷгузорон аз ночорӣ ба қарз бардоштан аз судхӯрон розӣ ва баъзе ба фурӯши замину боғу роғи худ маҷбур шуда буданд. Фирдавсӣ бошад аз афтодани ба чанги судхӯрон метарсид. Дар хона зани гирёнашро тасаллӣ дода мегуфт: «Азизам, меҳрубонам, ман намегӯям, ки ҳеҷ ғам махӯр, зеро ин ҷаҳон ғамхона аст, аз вай берун шудан наметавон; ман мегӯям сахт ғам махӯр ва ба дилат гаронӣ маёр. Мегузарад. Ҳар як бори одамӣ оқибат аз дӯш меафтад».
Дар поёни такопӯйи чораҷӯйиҳо вай донист, ки ғайр аз фурӯши замин чора нест. Панҷ-шаш ҷариб* замини корамашро қитъа-қитъа аз ҳар ҷо ба фурӯш монд. Аз худи Бож ва ду-се деҳаи ҳамсоя харидорон баромаданд, аммо чун заминҳо чандон ҳосилхез набуданд, баҳои як ҷариб аз чорсад дирам боло нарафт, фурӯшгор бошад, умеди панҷсаддирамӣ дошт, Вай рӯзҳо дар ҷустуҷӯйи харидорони нав овора мебуд, шабҳо ба назми достон менишасту бо хотири мушавваш байте чанд менавишт, аммо саҳар он байтҳо ба назараш суст менамуданд, вай бо нияти ин ки шаби оянда суханони беҳтару рангинтаре хоҳад ёфт, бархоста аз нав ба ҷустуҷӯйи харидорони замин мешитофт. Аммо харидорони нав ҳам баҳои матлубро намедоданд. Ягона роҳи дар пеш монда роҳи хонаи судхӯр буд. Савор шуда роҳи шаҳрро пеш гирифт. Дар Навқон ба тавассути ошноёнаш (зеро худаш то он вақт корафтодаи судхӯрон нашуда буд ва бо онҳо шиносоӣ надошт) Алиназари сарроф номеро, ки бо суди на он қадар зиёд ба муҳтоҷон қарз медодааст, ёфта, ӯро ба гарави якчанд ҷариб замин ба додани қарз розӣ кард.
Судхӯр мебоист ба Бож омада қитъаҳои замини гаравиро андоза гирифта, сониян ҳамроҳи шоир пеши қозӣ рафта бо муҳри вай аз забони толиби қарз васиқаи расмӣ мегирифт.
___________________
* Ҷариб ‒ тақрибан як гектар.
Сарроф ба зудӣ наомад. Фирдавсӣ якчанд рӯзе, ки мунтазири омадани вай буд, як сатр ҳам навишта натавонист. Дар бораи худсарӣ ва бедодии ҳокимон фикр мекард: чаро онҳо ин қадар аз адолат дуранд, чаро аз худо натарсида дар ҳаққи раиятҳо чунин ҷабру ситам раво медоранд? Кӣ ба онҳо мефаҳмонад, ки охир кордориашон кордории девон аст, на одамиён? Шоир аз қиссаҳои «Шоҳнома» медонист ва бовар /30/ дошт, ки дар қадим шоҳон, ҳокимони додгару фуқаропарвар будаанд, ки ҳаргиз «кажжию костӣ» намекарда ва ба зеридастон озор намерасондаанд. Чаро шоҳон, ҳокимони ин замон аз он гузаштагон ибрат намегиранд, ба роҳи онҳо намераванд?..
Ба сари шоир фикре омад ва ӯ он фикрро ба амал оварданӣ шуда фавран ба Алӣ Дайлами хушнавис кас фиристод.
Хушнавис бегоҳии рӯзи дигар дар ҳуҷраи Фирдавсӣ ҳозир гашт. Шоир як тахта коғаз ва давоту қаламро бо як қабза дастнависи худаш пеши ӯ гузошта, аз дастнавис якчанд саҳифаро нишон дода, хоҳиш кард, ки вай он саҳифаҳоро ҳарчи нағзтару хонотар рӯнавис кунад. Баъзе сатрҳоро ишора монда таъйин кард, ки ба ранги сурх нависад (яке аз ду давоти шоир сиёҳии сурх дошт). Сарлавҳаи як манзумаи дастнависи шоир «Андарзнома навиштани Баҳроми Гӯр ба коргузорони худ» буд, сарлавҳаи дигараш «Нома навиштани Нӯширвон ба кордорон дар бораи додгустарӣ». Хушнавис баъд аз хӯроки шом сари коғазу қалам нишаста то бонги хурӯсон покнависи ҳар ду манзумаро ба охир расонд.
Пагоҳи дигар Фирдавсӣ варақҳоро лӯлапеч карда бо худи Алӣ Дайлам ба дорулҳукумаи Тӯс ба номи ҳоким фиристод.
***
Ҳоким Абдулқодири Меҳрон, худ аз сараскарони собиқи волии Хуросон, марди ба фармонфармоӣ одаткарда, тундхӯ ва камфазл, танпарвар ва ишратдӯсте буд. Саводи ибтидоӣ дошт, аз китобҳо фақат «Сирати Абузайд» ‒ саргузашту корномаҳои паҳлавони афсонавии арабро мехонду халос. Дар ҳукумати ӯ боргоҳи қасри дорулҳукума дар даруни қалъа ба ишратхона монанд гашта буд. Меҳрон дар суфаи пешгоҳ болои якчанд қабат якандози атласу бахмал ба лӯлаболиштҳо такя карда менишаст ва дар ҳамин ҳолат амалдорон ва дигар аҳли ҳоҷатро қабул менамуд. Ду навҷавони хушсурати зарринкамар дар хизматаш ҳозир мебуданд: яке ҳар дам ба вай аз кӯзачаи нуқрагин ба ҷоми булурин май рехта медод, дигаре пояшро мемолид ва барояш қалён ҳозир мекард. Гоҳ-гоҳ каф ба каф мезад ва он гоҳ марди пастаки кӯсаи дастдарозе бо башараи пуроҷинг пайдо мегардиду бо амри ҳоким ду-се нафар духтаронро, ки канизаконаш буданд, ҳамроҳи танбӯриву доирадаст меовард, духтарони соҳибҷамол, пероҳани ҳарири шаффоф бар тан, ба сози мусиқӣ ба рақс медаромаданд ё ки созандаву сарояндагон даромада бо суруду нағмаашон табъи ҳокимро чоқ мекарданд. /31/
Вакили молиёт Абуиброҳим ба ҳокими ниммаст рафти ҷамъоварии хироҷро арз менамуд. Муншии пир, номаи лӯлапеч дар даст, ворид шуд.
‒ Нома аз Фирдавсии шоир, соҳиб.
Меҳрон лӯларо гирифта яла карда сутунҳои назмро дид.
‒ Ин чист? ‒ коғазро ба дасти Абуиброҳим дод.
Вакил сарлавҳаи манзумаҳо ва якчанд сатри онҳоро шунаво хонда гуфт:
‒ Ба гумон, аз достонҳояш порае ба соҳиб ҳадя фиристодааст.
‒ Ҳадя? Ба чӣ мақсад?
‒ Бихонем, шояд мақсадаш маълум шавад.
‒ Ку бихон.
Манзумаҳо ҳамон навиштаҳое буданд, ки хонандаи «Шоҳнома» дар он китоб меёбад: дар онҳо Анӯширвон ва Баҳроми Гӯр амалдорони мамлакатро ба худотарсиву додгустарӣ даъват карда ва мефармоянд, ки бе ҳеҷ ваҷҳ аз аҳолӣ зиёда аз муқаррарот боҷу хироҷ наситонанд ва ҳатто ба бечораву бенавоён аз хазина кумак расонанд, ҳатто қарзи раиятҳои аз адои қарз оҷизро аз хазина бидиҳанд. «Бикӯшед то ранҷҳо кам кунед, Дили ғамгинон шоду хуррам кунед», навишта буд Фирдавсӣ дар як манзума. Нӯширвон бошад илова бар ин дар ваҷҳи боҷу хироҷ ба мардум бедодӣ ва ситамгарӣ кунандагонро қатъи назар аз мақому мартабаашон бо зинда ба дор кашидану миёнашонро бо арраи тез буридан метарсонад ва мегӯяд «Ба бедодгар мар маро меҳр нест, Палангу ҷафопеша мардум якест».
Абуиброҳим ба хондан сар кард. Хондаравон дар сатрҳои сурх тааммуле мекарду онҳоро ба Меҳрон нишон медод. Он сатрҳо байтҳое буданд, ки шоир мехост махсусан ба онҳо диққати ҳокимро ҷалб намояд.
‒ Чаро сурх навиштааст? ‒ пурсид Меҳрон.
‒ Ба гумон, мехостааст, ки ҳоким-соҳиб ин байтҳоро азёд бикунанд, ‒ бо истеҳзои ниҳонӣ ҷавоб дод вакил, ки аксар вақт дар дилаш ба бефазлию камфаросатии ҳоким механдид. Ӯ худ аслан аз хироҷи фавқулодда норозӣ буд. Вале Меҳрон ба истеҳзои ӯ пай набурда боз пурсид:
‒ Аз ёд кардан чӣ лозим будааст?
‒ Ман чӣ донам, соҳиб? ‒ худро ба гӯлӣ зад вакил ва изофа кард: ‒ Ҳамин қадараш маълум аст, ки дар ин байтҳо панд ҳаст.
‒ Чӣ, вай мехоҳад моро панд омӯзад? /32/
‒ Дар достонҳои Фирдавсӣ панду ҳикмат бисёр аст, соҳиб, чӣ аҷаб агар ӯ хоҳад, ки он панду ҳикматҳоро ҳарчи бисёртар мардумон бидонанд?
Меҳрон мисли ин ки гуфтори вакилро нохолисона ёфта ба рамузи он пай бурда бошад, абру каҷ карда, ба вай ало назар андохт.
‒ Яъне ҳокимон ҳам бидонанду панд бигиранд? Яъне ӯ моро нодон мешуморад?
‒ Соҳиб ба доноӣ ва хирадмандӣ дар шумори фаридони рӯзгоранд ва ба ақидаи банда фиристодани Фирдавсӣ ин манзумаро ба соҳиб на аз он сабаб будааст, ки вай ҳоким-соҳибро нодон мепиндошта бошад.
Хушомади чоплусона монанди ҳамеша ба ҳоким форид. Вай бо лаҳни нармтар гуфт:
‒ Дар бораи ин шоир чизҳо шунидаем; ту ҳам, албатта, шунидаӣ. Шайх Абулқосим ӯро ба розифӣ айб кардаанд.
‒ Розифӣ? Мехостед рофизӣ бигӯед?
‒ Рофизӣ, розифӣ… ман ба ин чизҳо балад нестам. Уламо медонанд… Боз он шоирро қарматӣ, фалсафӣ гуфтаанд. Маънии ин чист?
‒ Бидъат аст, соҳиб. Хилофи дини ислом. Аммо Фирдавсӣ аз бидъаткорон нест, шоир аст. Достоннавис аст.
‒ Достон менависад? Барои чӣ?
‒ Барои мардумон, албатта. Мардумон мехонанд ё ки дар маҷолису маъракаҳо ба қориён хононда мешунаванд. Завқ мебаранд, хушҳол мешаванд.
‒ Чӣ гуна достонҳо менависад? Аз фикри худаш мебарорад?
‒ «Сиярулмулук»-ро назм мекунад.
‒ Ин яъне чист? Ту фаҳмотар бигӯ, ман ба ин сияру пиярҳо балад нестам.
‒ Таърихи Аҷам, кори шоҳону паҳлавонони бостонӣ.
‒ Таърих? Ӯ инҳоро аз куҷо медонад? Аз китобҳо?
‒ Бояд аз китобҳо бошад. Ман напурсидаам, намедонам, ‒ вакил худро ба нодонӣ зад, то ки ин пурсишу посухи барояш нохушро кӯтоҳ кунад.
‒ Ройгон* менависад? ‒ аз пурсидан бознаистод Меҳрон. ‒ ё касе ба ин кори ӯ музд медиҳад?
___________________
* Ройгон, яъне муфт.
‒ Ин ҳам ба ман маълум нест, соҳиб. Напурсидаам.
‒ Кас фирист, биёяд. Ба мо бигӯяд, аз фиристодани ин ашъор мақсадаш чист. /33/
‒ Мақсадаш маълум аст, соҳиб; хироҷро, ки соҳиб фармуданд, аз раиятҳо биситонем, ӯ ноҳақ медонад.
‒ Пас чаро арз накард, ариза нафиристоду ин ашъорро фиристод?
‒ Бо якчанд нафар мӯйсафедон аз ҷониби аҳолии Бож ба арз омада буд, соҳиб қабули эшонро лозим надонистанд.
‒ Кас фирист, биёяд, ‒ амри худро такрор кард ҳоким.
Адолат чист?
Вақте ки навкари вакили молиёт ба Бож омада Фирдавсиро ба назди ҳоким бурданӣ шуд, шоир ҳайрон нашуд. Боиси даъват танҳо андарзномаҳои Баҳроми Гӯр ва Нӯширвон буда метавонист.
Меҳрон созандаву сарояндагонашро раҳо ва аз дасти соқии ҷавон ҷоми шаробро гирифта холӣ карду ба пардадор рухсат дод шоирро дарорад.
Вай ба саломи Фирдавсӣ бо виқори сипоҳона алайк гирифта:
‒ Биёед, биншинед, ‒ гуфт. Волонасаб ва донишвар будани Фирдавсиро ба вай гуфта буданд, бинобар ин аз дуруштӣ кардан бо вай худдорӣ менамуд.
Шоир дар рӯбарӯйи ҳоким нишаст.
‒ Шумо шоиред… Олим ҳам ҳастед?
Фирдавсӣ ҷавоб надода ба замин нигарист.
‒ Таърихҳоро назм мекунед?
‒ Бале, ‒ гуфт шоир.
‒ Барои кӣ назм мекунед? Сила кӣ медиҳад?
‒ Ҳеҷ кас.
‒ Пас ройгон менависед?
Шоир ба ин суол ҳам ҷавоб надода сукут кард.
Меҳрон аз тайи болишт номаеро баровард.
‒ Шумо ин ашъорро ба чӣ мақсад ба мо фиристодед?
‒ Хостам огоҳӣ диҳам, ки дар қадим шоҳон ва ҳокимони додгар будаанд, ба раиятҳо ҷабру ситамро раво намедидаанд, ‒ ҷавоб гуфт Фирдавсӣ.
‒ Инро мо ҳам медонем. Хостед моро панд хонед! Таълим диҳед?
‒ Корҳои некон, родмардони гузашта ҳама панд аст барои пасояндагон. /34/
Меҳрон қарор дод ки шоири густохро як қадар тарсонда дамашро пасттар карда монад:
‒ Мегӯянд, ки қарматиҳо, фалсафиҳо ба мардумон панд хонданро дӯст медоранд, ‒ бо киноя гуфт ӯ.
‒ Ман бо он тоифа мусоҳиб нашудаам, гарчанде ки ҳатто аз онҳо ҳам, агар панди судманде дошта бошанд, ба шунидан ҳозирам.
‒ Мусоҳиб нашудаед? Балки худатон бе мусоҳабати онҳо ҳам қармативу фалсафӣ шуда бошед? А? Ба мо ҳамин гуна хабар расид. Ҳамчунин шуморо зардуштии сиррӣ аст мегӯянд.
‒ Ҳам қарматӣ, ҳам фалсафӣ, ҳам зардуштӣ? ‒ лабханд кард Фирдавсӣ. ‒ Ин се бор ба як дӯш гаронӣ мекунад. Вале ман на онам, на ин ва на дигар. Ман мусалмони муъмину муътақидам.
Ҳоким нармтар шуда суол дод:
‒ Ин қарматигию фалсафигарӣ худ чист? Чӣ гуна мазҳабҳо? Боз исмоилия мегӯянд…
‒ Ман ин мазҳабҳоро баррасӣ накардаам, аз ҳақиқати онҳо огоҳ нестам, ‒ гуфт шоир, зеро дар ин мавзуъҳо бо ҳоким баҳс кардан намехост, ҳол он ки аз ҳақиқати «бидъатҳо» ба хубӣ огоҳ буд, таълимоти пешвоёни ин тариқатҳо ва инчунин рисолаҳои Ихвонуссафоро хонда буд, вале қабул намекард ё ба қавли муосири ҷавони вай Абуалӣ ибни Сино гӯем, дилаш ба онҳо қарор намегирифт.
Меҳрон «варақ гардонд» ‒ ӯ ба сари хироҷ омад:
‒ Шумо аз хироҷ норозӣ ҳастед? Ба шумо чӣ қадар андохтанд?
‒ Ин хироҷи фавқулодда ниҳоят гарон ва тамоман ноҳақ аст, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ раиятҳоро ба хонабардӯшӣ мекашад.
Меҳрон чин бар ҷабин овард:
‒ Намекашад. Мебардоранд. Чӣ магар ман хироҷро барои худам меситонам? Кори подшоҳист. Амри сипаҳсолор буд, ба сипаҳсолор фармон аз подшоҳ расидааст. Ҷанг дар пеш будааст… Аммо он чӣ ҳоло ситонида мешавад, аз хироҷи соли оянда кам карда хоҳад шуд.
‒ Пас аз он ки мардумон хонабардӯш шуда парешон гаштанду деҳкадаҳо холӣ монданд, хироҷашон — хоҳ кам шавад ва хоҳ нашавад, тафовут надорад, соҳиб.
Ҳоким ба ғазаб омад:
‒ Шумо дар куҷо ва пеши кӣ нишастаед? Дар дорулҳукума пеши волии вилоят нишастаед, суханро дониста гӯед, хоҷа! /35/
‒ Дониста мегӯям, ‒ ҷавоб дод Фирдавсӣ.
‒ Ин ҷасорат аст! Аз ҳадди худ нагузаред. Шунида будам, ки шоирону олимон суханро санҷида мегӯянд, магар ғалат шунида бошам…? Аз андак зиёда шудани хироҷ, ки аз рӯйи зарурат аст, ҳеҷ кас намурдааст. Он чӣ дар ин ҷо гуфтед, дар байни мардумон нагӯед, ки шӯру балво меангезед.
‒ Шӯру балво акнун ҳам бархостааст, онро хироҷи ноҳақ меангезад.
‒ Ба шумо чӣ қадар андохтанд?
Фирдавсӣ миқдори хироҷи андохташударо гуфт.
‒ Аз ноилоҷӣ буд, фармони сипаҳсолор буд, ‒ такрор кард Меҳрон, ‒ ӯро ҷанг дар пеш аст. Аммо он чӣ ҳоло ситонида мешавад, аз хироҷи соли оянда кам карда хоҳад шуд… Шумо хироҷро пардохтед?
‒ Аз судхӯр ба фоидаи чаҳор дар сад қарз бардоштам ва пардохтам.
‒ Хуб, мо хироҷро аз шумо кам мекунем, ‒ бо чӣ андешае якбора ба инсоф омад ҳоким. Шояд аз он меандешид, ки мабодо шоир ӯро ҳаҷв кунад, зеро на як бору ду бор дида ё шунида буд, ки чӣ тавр баъзе соҳибмансабон ё тавонгарон, ки бо шоирон бадмуомилагӣ кардаанд, ҳадафи ҳаҷви онҳо шуда, масхара ва бадном гардида буданд.
‒ Мо ба вакил мефармоем, ‒ суханашро давом дод ҳоким, ‒ нисфи хироҷи ситонидашударо ба шумо пас бидиҳад. Гумон мекунам, ки бақияи он барои шумо чандон гарон нахоҳад буд.
‒ Ба соҳиб сипос мегузорам, ‒ гуфт шоир, ‒ аммо мехостам бидонам ки оё ин адолат ба ҳамаи хироҷгузорон аст ё фақат ба ман?
‒ Алъон сухан дар бораи шумост, ‒ ҷавоб дод ҳоким.
‒ Эътиқоди ман бар он аст ки, ‒ гуфт Фирдавсӣ, ‒ агар ситам ба чандин кас рафта бошаду адолат танҳо ба яке аз онҳо карда шавад, онро адолат наметавон гуфт.
‒ Наметавон гуфт? Адолат ба як нафар ‒ адолат нест? ‒ бо лаҳни тунд суол дод Меҳрон.
‒ Адолати ҳақиқӣ он аст ки аз вай ҳамаи ҷабрдидагон баҳра бардоранд, ‒ ҷавоб гардонд шоир. Ва илова кард: ‒ Аз ин гузашта, ин адолати шумо, ки ба ман мекунед, албатта, бори хироҷи маро сабуктар мекунад, вале бори гарони маломат бар ман мениҳад: маломат аз ҷониби ҷабрдидагони дигар. Охир, онҳо чӣ хоҳанд гуфт? Хоҳанд гуфт, ки Фирдавсӣ шояд ба ҳоким ришва дода ё ҳатто ӯро ҷоду карда бошад ки /36/ хироҷашро кам кунонд. Ин магар на фақат ба шаъни ман, балки ба шаъни шумо ҳам иҳонат намешавад? Маъзур доред, ман ин «адолат»-и шуморо қабул кардан наметавонам…
Шоир медид, ки ҳоким дармонд ва намедонад чӣ ҷавоб гӯяд.