Дардо, ки рози пинҳон, хоҳад шуд ошкоро!

rozi-pinhon

(Ҳофиз)


Зану шавҳар аз таҳқиқ гузаштанд. Маълум гардид, ки Борис соҳиби фарзанд шуда наметавонад. Ҳар ду ғаму андӯҳи зиёд кашиданд, лекин аз он, ки дар тақдирашон фарзанд дидан навишта нашудааст, ба қисматашон тан доданд.


Борис ҳар сол як маротиба дар рӯзи таваллуд ба дидани модар меомад. Ӯ якчанд ҳазор километр дур аз модар зиндагӣ мекард ва имконияти бештар аёдат намуданро надошт.

Ӯ завҷаашро бо худ намегирифт, чунки модар пас аз он, ки келинаш Борисро ба безуриётӣ муттаҳам кард, ӯро бад дида монд. Модар ба ин ҳаргиз бовар намекард ва дар ҳамаи балоҳо Лиляро гунаҳкор медонист.

Чунки ҳафт сол дар никоҳ зиндагӣ карда, Борис ва Лиля соҳиби фарзанд нашуданд.

Зану шавҳар аз таҳқиқ гузаштанд. Маълум гардид, ки Борис соҳиби фарзанд шуда наметавонад. Ҳар ду ғаму андӯҳи зиёд кашиданд, лекин аз он, ки дар тақдирашон фарзанд дидан навишта нашудааст, ба қисматашон тан доданд.

Ба хонаи модар омада, Борис пеш аз ҳама барои хариди озуқа ба мағоза шитофт.

Дар назди пештахта навраси шашсолае, ки бо дастони чиркин танга мешумурд, қарор дошт. Сарулибоси бача аз шорт ва майкаи фарсуда иборат буд. Аз дидани ин ҳол дили Борис ба ларзиш омад. Зеро симои наврас қариб як ба як бачагии ӯро ба хотир меовард. Ҳамон рӯю андом, мӯйҳои равшани фатила ва ҳамон чашмони кабудранги осмонӣ.

— Писарча, ба ту чанд пул намерасад, биё то ман илова кунам, — таклиф кард Борис.

— Ба ман анчаяк намерасад, амакҷон, — боз 45 рубли дигар. Мехоҳам яхмос бихарам…

— Чӣ ном дорӣ?

— Сашенка.

— Мана, ба ту Сашенка 50 рубл, яхмосро бихару зуд ба хона бирав, мумкин ҳоло модарат туро кофтуков дорад.

— Ман модар надорам. Ӯ ба қарибӣ мурд. Ман ҳеҷ гоҳ падарамро ҳам надидаам. Раҳматии модарам нақл мекард, ки одами хубе буд, лекин ман таваллуд нашуда фавтидааст. Ҳоло бо модаркалонам яккаю танҳо мондаам… Аз ғаму андӯҳ бечора бибиам шароб менӯшаду халос.

Борис пулро ба ӯ дод. Бача бо шодӣ яхмосро харида, сӯи хона тохт.

Ҳар гуна озуқавориро харида, дар роҳи бозгашт Борис дар бораи Сашенка фикр мекард. Бачаякро оянда чӣ интизор аст? Ба хона омада, қарор дод, ки оиди ин масъала аз модар бипурсад.

— Модарҷон! Ту баногоҳ дар бораи бачаяки шашсола, ки Саша ном дорад ва дар ҳамин гирду атроф зиндагӣ мекунад, ягон чӣ медонӣ? Ман ӯро дар мағоза вохӯрдам, ба хариди яхмос пулаш намерасид. Тамоман чиркину бепарастор будааст. Бо модараш ягон ҳодиса рӯй додааст?

— Оҳ, Боря, ман ин Сашкаро мешиносам. Зиндагии нохуше дорад, вай. Модари ӯро ту мешинохтӣ. Бо ту ҳамсинф буд. Номаш Светка.

Аз ҷавонӣ духтар ба шароб дода шуда буд. Ин ҳайратовар ҳам нест, чунки падару модараш якумр майзада буданд.

Вақте Светка ҳомиладор шуду бо бори ҳамл дар кӯча намудор гардид, касе намедонист, ки падари кӯдак кист? Ӯ ҳатто ба модараш ҳам намегуфт, ки аз кӣ ҳомиладор шудааст.

Эҳ, ӯ писари худ Сашкаро то чӣ андоза дӯст медошт! Нӯшидани машруботро бас кард. Ба кор даромад. Барои зиндагӣ пули ҳалол меёфт. Сашкаро мисли эркача калон мекард, мехӯрониду мепӯшонид.

Вале дар ҷойи кораш ҳодисаи мудҳиш рӯй дод. Ӯро барқ зада кушт. Модараш аз ғаму андӯҳ худро бохт. Акнун кампир бе май истода наметавонад.

Шунидам, ки коғазу қалам карда, бачаякро ба хонаи бачагон супориданӣ ҳастанд, то ин ки аз ҳамон ҷо ба мактаб равад. Ба вай раҳмам меояд. Ҳамин қадар бачаи хуб аст, ки асло мондан гир. Ӯро мебинаму бачагии ту ба ёдам мезанад.

…Борис, албатта, ки ҳамсабақи худ Светаро дар хотир дошт. Ӯ муҳаббати аввалини солҳои мактабӣ буд. Баъди мактаб пайроҳаи зиндагии онҳо аз ҳам ҷудо шуд. Света шавҳар кард, пас аз муддате аз шавҳар ҷудо шуд ва ҳамроҳи падар ва модар зиндагиро идома дод.

Бори охирин ҳафт сол пеш Борис ӯро ҳангоме, ки ба аёдати модар омада буд, дида монд. Ҳамон айём ӯ ишқварзиро бо Лиля нав сар карда буд. Бо Света тасодуфан дар кӯча вохӯрд. Ба қаҳвахона рафтанд, то ин ки дар бораи ину он сӯҳбат кунанд.

…Субҳгоҳон ӯ дар хонаи Света аз хоб бедор шуд. Борис тафсилоти ҳамон шомро аранг-аранг дар ёд дорад. Онҳо хеле нӯшиданд, байни ҳам сӯҳбат карданд. Вай гуфт, ки бо духтаре вомехӯрад. Света бо афсӯс иқрор кард, ки дар ҳаёт ҳеҷ гоҳ монанд ба Борис каси муносибро намеёбад. Ғамгин буд, ки ҳаёти якҷояи онҳо барпо нашуд.

Ана, ҳамин ҳангом фикре ба сари Борис зад: Сашенка ҳоло шашсола аст. Ӯ бо Света ҳафт сол пеш вохӯрдааст. Шояд Сашенка фарзанди дуи онҳо бошад?!

Лекин ҳамин дам бо хотири мағшуш ёдрас гардид, ки ӯ… безуриёт аст. Ҳароина духтурон ҳамин хел хулоса кардаанд.

Борис рӯзи дароз дар ҳамин бора фикр кард. Вай дид, ки Сашенка чун себи дукафон бачагии ӯро такрор менамояд. Аҷоибот ҳам дар ҳамин аст, ки мӯҳлатҳои вохӯрӣ бо Света ва тавлиди кӯдак бо ҳам мувофиқ омадаанд.

Мумкин духтур дар ташхиси ӯ хато кардааст! Шояд Борис ҳам соҳиби фарзанд буда тавонад?

Вай қарор дод инро бо роҳи амалӣ намудани ташхиси ДНК собит созад. Барои ин ба вай як миқдор мӯйсари Сашенка лозим буду бас!

…Ӯ мева ва шириниҳои бисёр харида, ба хонаи Светлана роҳ пеш гирифт. Дарро ба рӯи ӯ модари майзадааш боз кард.

Кампир Борисро нашинохт. Лозим омад, худро муаррифӣ намояд.

— Салом, Мария Егоровна. Ман Борис Поздняков, ҳамсинфи духтари шумо — Светлана ҳастам, маро дар хотир доред?

Омадам, то аз зиндагиатон хабар бигирам. Мегӯянд, ки Света писаре дорад?

— Борка, анча синну солат рафтааст-ку! Марди солору тануманд шудаӣ. Даро ба хона.

Светкаи ман фавтид. Бо сабаби нохушӣ дар корхона. Ба ман Сашкаро гузошта рафт, — мегуфт кампир бо ҳасрат. Мӯйсафедам ҳам худораҳматӣ шуд. Акнун мани пиру Сашка азоби ин дунёро кашида истодаем.

Падари набераам кист, намедонам. Светка аз гуфтани ҳақиқат ба касе метарсид. Меҳаросид, ки падари номаълум пайдо шуда, писарашро аз ӯ мерабояд.

Баъд аз марги духтару шавҳар ман сахт ба шароб дода шудам. Зиндагии набераам маро обу адо мекунад. Аз ҳар гуна мақомот ба хонаам омада, тафтиш карданд. Мехоҳанд Сашкаро ба хонаи бачагон фиристанд. Ман ҳам муқобил нестам. Аққалан, он ҷо серу пур, бо сарулибос, одамона зиндагӣ мекунад.

Ҳамин дам аз ҳуҷраи дигар Сашка баромад.

— О-о, амакҷон, ин шумоед? Шумо магар барои пули додаатон омадед? Бубахшед, ман онро сарф кардам.

— Не, Сашенка, ман он пулро аз таҳти дил ба ту ҳадя кардам. Гӯш кун, биё ҳарду сайругашт намоем. Ман ба ту шириниҳо мехарам. Ба сартарошхона меравем. Мӯйи саратро ба тартиб медарорем.

Аз ин таклиф Саша хурсанд гардид. Бибиаш ӯро оромона ҷавоб дод. Ба мағоза омаданд. Борис барояш либосҳои зебо, тӯби футбол ва ҳар гуна шириниҳо харид. Наврас ягон маротиба ба чунин миқдор конфет ва шоколадҳоро надида буд.

Аз шодию сурури кӯдак дили Борис фишор хӯрд. Ӯро ба сартарошхона бурда, мӯйҳояшро ба тартиб дароварда, номаълумакак аз фарш як миқдор мӯйҳоро ба киса андохт.

Аз чунин муомила дар чашмони Саша хушбахтӣ барқ мезад. Борис бо наврас хайрухуш намуда, ваъда дод, ки аз ҳоли ӯ боз хабар мегирад.

Ба хона омада, Борис мӯйҳоро барои ташхиси ДНК бурд. Вай мехост бовар кунад, ки Саша фарзанди ӯст. Аз муддати шиносоӣ ӯ бо ин кӯдак то ҳамин дараҷа унс гирифта буд. Баъди ҳафтае барои шиносоӣ бо натиҷаи ташхис омад.

Бо дастони ларзон ӯ лифофаро кушод. Тасдиқи падарӣ нисбати кӯдак 100 фоиз! Ин чӣ хел мешудааст, ки ӯро безуриёт эълон карданд?!

Ҳол он, ки ӯ фақат як маротиба дар яке аз клиникаҳо бо исрори завҷааш аз ташхис гузаштааст.

Яъне, хушбахтона духтурон ҳам иштибоҳ мекардаанд. Лекин аз чӣ сабаб ӯ ва Лиля фарзанд надоранд?

Борис аз он, ки Саша писари ӯст, ниҳоят хурсанд шуд. Аммо мулоҳиза мекард, ки барои чӣ ҳамин қадар солҳо Света хомӯширо ихтиёр кард. Ба ҳеҷ кас нагуфт, ки падари фарзандаш кист?

Акнун ин ҷои даркорӣ надорад. Ҳар чӣ зудтар писарбачаро гирифтан даркор, то ин, ки ба хонаи бачагон набаранд.

Ба хона омада, Лиляро наздаш хонд.

— Ба мо лозим аст, ки ҷиддӣ гуфтугӯ кунем, Лиля. Ман тасодуфан фаҳмидам, ки безуриёт набудаам.

7 сол аз ин қабл ҳангоме, ки ба хабаргирии модар рафтам, духтари ҳамсинф ва муҳаббати аввалини худро вохӯрдам.

Бисёр нӯшидем ва баъд чӣ шуд, ҳар ду намедонистем.

Ин дафъа вақте ба хонаи модарам рафтам, хабардор шудам, ки Светлана ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст ва ӯ писаре дорад, ки номаш Саша мебошад. Ҳангоме, ки бори аввал дидам, гумон кардам нусхаи ман аст. Ташхис нишон дод, ки падари биологии ӯ ман ҳастам. Ана, ҳамин тавр корҳо!

— Боря… Ман дар назди ту хеле гунаҳкорам. Вақте, ки 16 сола будам, ҳомила гардидам. Модарам маҷбур кард, исқоти ҳамл намоям. Амалиёт мураккаб ва бо душворӣ гузашт ва табибон гуфтанд, ки ман дигар соҳиби фарзанд шуда наметавонам.

Ҳангоме, ки хонадор шудем, модарам ҳилае ҷуст, ки фарзанд аз сабаби безуриётии ту пайдо намешавад, на бо ҷурми ман. Ин бо мақсади ҷудо нашуданат аз ман буд. Модарамро табиби шиносе ҳаст. Ва ӯ ҳамаи ин мазҳакаро ташкил кард ва туро ба безуриётӣ баровард.

Ман ба қароре омада будам, ки аз хонаи бачагон ягон кӯдакро ба тарбия гирем. Ин чӣ хуб, ки писарат пайдо шуд. Ман бо камоли хурсандӣ ин писарбачаро қабул менамоям ва ба ӯ модарӣ мекунам.

Хонаро хуб таъмир мекунем. Барои писарамон Саша мебели босифати бачагона ва сарулибоси нав мехарем. Ман барои ӯ модари хуб мешавам. Инро ба ту қавл медиҳам, азизам!

Борис ва Лиля ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Акнун дар ин таърих, аз ҷумла муносибати байни онҳо ягон сирру асрор боқӣ намонда буд. Ҳар ду соҳиби писар гардиданд. Борис барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо рафт. Лиля ба таъмири хона ва хариди сарулибос барои Саша машғул шуд.

Модари Борис аз ин хушхабар бисёр шод шуд. Орзуи ӯ оиди наберадор шудан ҷомаи амал пӯшид. Модари Светлана ҳам хурсанд буд, ки акнун Сашка на дар хонаи бачагон, балки дар хонаи падар зиндагӣ мекунад. Борис ба ӯ ваъда дод, ки ҳамроҳи набера меҳмони ӯ шуда, зуд-зуд аз ҳолаш хабар мегиранд.

Сашенка Борисро маҳкам оғӯш карда, ӯро «падарҷон» гуфт. Борис қасам хӯрд, ки то даме дар ҳаёт ҳаст, ӯро дӯстдорӣ мекунад ва дар ҳамаи корҳояш ёрӣ медиҳад.

Вақте ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода шуданд, Сашенка ҳамроҳи падар ба сӯи ҳаёти нав раҳнамун гардид.

© Рустамов З., 2024

Аз саҳифаи «Разные истории», аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: