Ронандаи роҳи дур

ronanda


Ронандаи роҳи дур (дальнобойщик) дар роҳ пиразани аз хонаи куҳансолон гурехтаро, ки дар ҷустуҷӯи писари худ буд, ҳамроҳ гирифт.


— Борислав!

Борис ларзид. Вай вақте, ки ӯро бо ин ном ҷеғ мезаданд, нороҳат мешуд. Ҳамаи ҳамкорон ӯро чун Борис мешинохтанд ва бо номи пуррааш муроҷиат намекарданд.

Шахсе, ки ҳоло бо ӯ муроҷиат кард, гӯё ба шиносномааш нигоҳ карда, ӯро ном бурд.

Борис ба ақиб нигоҳ кард. Дар назди дар Вера Игоревна — муҳосиби корхона меистод.

Вай дар ширкат ҳамагӣ чанд моҳ аст, ки кор мекунад, аз рӯзи аввал Борисро маъшуқавор таъқиб менамояд. Лекин ҳамин зан ҳам маротибае ӯро ин тавр ном набурда буд.

Борис нохушнудии худро мехост нишон надиҳад, лекин ин табиӣ набаромад ва аз ин алангаи қаҳру ғазаби зан бештар гардид.

— Вера Игоревна, магар ягон ҳодиса рӯй дод?

— Гумон мекунед, ки не? Ба фикри шумо ҳамааш хуб аст?

«Мумкин зан шиносномаамро дидааст ва дар фикри он аст, ки ҳамаи кӯшишҳояш бенатиҷа», — ба фикр афтод Борис ва гуфт:

— Вера Игоревна мумкин ба ман мефаҳмондед, оё ягон ҳуҷҷатро насупоридаам?

— Кадом ҳуҷҷатҳо? Шумо боз то чанд вақт маро бо рафторҳои худ гумроҳ мекунед?

Борис ҳис кард, ки ронандаҳои дар ҳуҷраи ҳамсоя буда, хомӯш шуданд ва ба ҳуҷрае, ки Вера бо овози баланд фарёд мезад, наздик омада, гӯш ба қимор шуданд.

— Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чӣ воқеа рӯй дода истодааст?

— Ҳамаашро нағз мефаҳмед. Мани аҳмақ ҷиннӣ набошам ба Шумо барин қалбаш бадтар аз санг дил бохтаам. Лекин ба ман маълум шуд, ки дар хона шуморо зане интизор аст.

— Бубахшед. Охир мо ягон маротиба ҳаёти шахсии якдигарро муҳокима накардаем. Пас бо кадом сабаб дар хонаам кӣ ҳасту чӣ ҳаст ба Шумо мегуфтаам.

— Дар шумо ягон зарра виҷдон гуфтагӣ чиз набудааст. Дар шиносномаатон қайди номи вай нест. Шумо на танҳо ман, балки ӯро ҳам фиреб карда мегаштаед.

— Медонед чӣ хонуми хуб! Ман дар умрам нафареро нафирефтаам. Ба шумо ҳам чизеро ваъда надодаам. Ва даъвоҳои шаттоҳонаи шумо маро ба ҳайрат меорад.

— Ман беҳуда, ба умеди шумо шуда…

Борис аз корхона баромада, сӯи мошин равон шуд.

То соли нав вақт кам монда буд ва ӯ қатъӣ намехост идро паси чанбараки мошин истиқбол намояд. Мошинро ба кор дароварда, оҳиста ба роҳ баромад.

Вай корашро дӯст медошт. Роҳи васеъ, мошини боҳашамат. Шабона дар шоҳроҳ ҳамчун чароғакҳо чашмак задани шаҳрча ва деҳаҳо ӯро мафтун менамуд.

Фақат дар роҳ ӯ худро хушбахт ҳис мекард. Лекин ба ғайри зимистон. Зеро роҳҳо хеле душворгард мешаванд ва идоракунии мошин ҳам ба осонӣ даст намедиҳад.

Баъди чанд соат шаб фаро расид. Ӯ мошинро дар истгоҳи калон, ки он ҷо тақрибан даҳ мошини боҳашамати дигар қарор доштанд, нигоҳ дошт.

Тахмин зад, ки кор мутобиқи реҷа рафта истодааст. Метавонад каме фароғат карда, дам бигирад. Ба ҷойхоб даромада, ба андеша фурӯ рафт:

«Вай зан дуруст мегӯяд. Барои чӣ то имрӯз бо Галя аз қайди никоҳ нагузаштаем?»

Борис ва Галина аллакай даҳ сол боз бо ҳам мезистанд. Вақте, ки онҳо шинос гардиданд, дар он ақида буд, ки мӯҳр дар шиноснома аҳамияте надорад ва ягон чизро тағйир намедиҳад.

Ӯ он солҳо нисбати занон ва муносибати ҷиддӣ бо онҳо дилсардиро ҳис карда буд. Лекин Галя аз тоифаи занҳое, ки то ин вақт бо ӯ вомехӯрданд, набаромад. Вай тасаввуроти Борисро дар бораи занҳо тағйир дода бошад ҳам, лекин ақидаи ӯ бобати никоҳ тавре буд, боқӣ монд.

Галя никоҳро мехост, лекин талаб намекард. Вай — Борис бовар дошт, ки бо гузоштани мӯҳри ақди никоҳ, чизи боарзише, ки байни онҳо то ҳол вуҷуд дошт, барҳам мехӯрад.

«Аҷаб менамояд. Агар мо аз қайди никоҳ мегузаштем, оё ҳамин қадар сол як ҷо мезистем?

Агар ба Галина мақоми зани қонунӣ лозим бошад, пас чаро гузаронидани базми арӯсиро талаб намекунад?

Эҳ, маълум, ки пир шуда истодаам. Ин сафсаттаҳои бемаънӣ аз куҷо дар сарам пайдо мешаванд?»

Борис фаҳмид, ки хоб ӯро тарк кардааст ва даст ба телефон бурд. Рақамҳоро тез чида, овози ҳаяҷонноки Галинаро шунид:

— Боря, аҳволат хуб аст? Ягон ҳодиса рӯй дод?

— Салом азизам. Бубахш, ҳамааш хуб аст, — гуфта лаҳзае ба ақрабак чашм дӯхта, фаҳмид, ки соат дуи шаб аст. — Ман кайҳо овозатро нашунидаам, барои ҳамин занг задам.

— Ман туро интизорам, — акнун бо садои осуда ҷавоб медод Галина. — Ҳарчӣ зудтар баргард.

— Хайр, шаб ба хайр!

Борис телефонро хомӯш кард. Дарҳол хобаш бурд.

…Сафар бо барор анҷом ёфт. Вай аз кор фориғ шуда, хушнуд гардид, ки то ид ба хона рафта мерасад.

То манзил якчанд соат роҳ монда буд ва мехост ҳар чӣ зудтар ба гармию фароғати хона рафта бирасад.

То дамидани субҳ боз якчанд соати дигар монда буд. Лекин саҳарро интизор шудан фоида надошт. Бинобар ин ба роҳ баромад.

Чун ҳарвақта дар роҳ чароғакҳои деҳаҳо чашмак мезаданд, чархҳои мошин километрро аз пайи километр ба қафо мегузоштанд. Дар соатҳои қабл аз субҳ дар роҳ мошинҳо набуданд ва ӯ бе мамониа, босуръат роҳ мепаймуд.

Деҳаи навбатиро ба ақиб гузошта, пас аз даҳ дақиқа дар канори роҳ ҷисмеро мушоҳида кард. Суръати мошинро суст кард ва ҳангоме наздик омад, фаҳмид, ки он ҷисм зан, аниқтараш зани куҳансол будааст. Вай ба мошини боҳайбати калон, ки ҳамагӣ як метр дуртар аз ӯ гузашт, аҳамияте надод ва ҳатто аз тарс наларзид.

Борис шунида буд, ки ҳодисаҳои зери чархи мошинҳои калон пахш шудани пиёдагардон ва онҳое, ки бо ҳамин роҳ худкушӣ мекунанд, кам нестанд.

Лекин дар ин пиразан ӯ ҳаяҷон ва тарсу ҳаросро мутлақо мушоҳида накард. Гӯё чизе нашуда бошад, бо кори худ равон буд.

Худ аз худ, ғайриихтиёр суръатро суст карда, мошинро нигоҳ дошт. Баъди лаҳзае пиразан ба мошин омада расид. Борис аз кабина фаромад.

— Салом холаҷон! Дар ин бевақтии шаб шумо ин ҷо чӣ кор мекунед? Шабона дар роҳҳо гаштан хатарнок аст. Бахусус дар чунин хунукӣ.

— Ҳа, рост гуфтед, одами нағз. Ҳозир моҳи май нест, ки дар ҳавои форам сайругашт кунӣ. Лекин маро зарурат маҷбур кард, ки таъҷилан ва шабона дар ҳамин хунукӣ ба роҳ бароям.

— Ва он чӣ зарурати таъҷилӣ будааст, ки шумо дар ин роҳи калон пиёдагардӣ мекунед? Ва умуман шумо ба куҷо меравед? Мумкин манзиламон дар як тараф бошад. Хуллас, ки ин роҳ ба як самт мебарад, ки ҳардуи мо равонаем. Биёед ба кабинаи гарм шинед, ба ҷое, ки лозим шавад, ман мебарам.

— Ана барои ҳамин ба ту ташаккур!

Пиразан сабук ба кабина баромад. Борис паси чанбарак нишаст ва мошинро ба ҳаракат даровард.

— Акнун бигӯед, ки аз куҷо ба куҷо меравед, холаҷон? — пурсид ӯ зани куҳансолро, ки дастони хунукхӯрдаашро бо ҳам месовид.

— Ман гурехта, ба хонаи писарам рафта истодаам. Вай имрӯз зодрӯз дорад. Хаёл кардам, ки дар вақташ рафта мерасам. Лекин дида истодаам, ки дер мемонам. Худро тасаллӣ медиҳам, ки агар дидани зодрӯзаш насиб нагардад, аққалан дидорашро мебинам.

— Эҳ, чӣ қадар воқеаи фараҳбахш! Имрӯз ман ҳам зодрӯз дорам, холаҷони азиз! Гумон мекардам, ки шарафи тавлид дар санаи 31 декабр фақат ба ман насиб гардидааст.

Шумо гуфтед, ки гурехтам, аз куҷо гурехтед?

— Ба хотир биёр. Ҳамин ҳоло ту як шаҳракро паси сар намудӣ. Он ҷо хонаи пиронсолон ҳаст. Аз ҳамон ҷо гурехтам. Ҳама хоб буданд. Ман сарулибосамро пӯшидаму дар ҳамин торикӣ ба роҳ баромадам.

— Охир шумо писар дошта бошед, он ҷо шумо чӣ кор мекардед, холаҷон! Ӯ бо кадом рӯй шуморо ба он даргоҳ бурд?

Пиразан рӯймоли гарми мӯинаи худро аз сар поён фаровард. Борис мушоҳида кард, ки мӯйҳои зан тақрибан ҳамагӣ сафед гаштаанд.

Акнун вай фаҳмид, ки синни зан аз 70 сол кам нест. Гарчанде овоз ва ҳаракатҳояш ӯро нисбатан ҷавон нишон медоданд.

— Ман дар он ҷо солҳои зиёд зиндагӣ мекунам. Ҳамчун ҳабсхона аст. Пулҳоро сардорҳо кашида мегиранд. Ба ягон ҷо баромадан намемонанд. Агар ба шикоят лаб кушоӣ, бе хӯрок мемонӣ.

— Ҳоло ҳамин тавр гӯед. Охир ин бедодигарӣ-ку. Чӣ нисбати онҳо магар ҷилав нест? Ин даҳшатро ба прокуратура чаро арз намекунанд!

— Инро ҳам карда дидем, йигити нағз. Вале ягон мансабдор ба мо мӯйсафедон бовар накард.

Онҳо дар назди тафтишгарон намоишкорона чунон шароитҳоро дар хонаи пиронсолон тайёр карда нишон доданд, ки ҳар кас мехост якумр он ҷо бимонад.

Ягон мансабдор нахост шароити ҳақиқиро баррасӣ намояд. Пас аз рафтани онҳо аҳволи мо хуб не, дучанд бадтар гардид. Акнун менишастему хомӯширо афзал медонистем, то ин ки ба сарамон боз як кулфати дигар наояд.

— Лекин ман ҳеҷ намефаҳмам, ки писар дошта истода, шумо сокини он ҷо шудед?

— Писарам зинда аст. Вале вай хаёл мекунад, ки ман кайҳо мурдаам. Инро ба ӯ падараш гуфтааст. Ана ҳамин тавр ман дар зиндагӣ сарсону саргардон шудам.

…Ман хеле ҷавон ба шавҳар баромадам. Писар таваллуд кардам. Шавҳарам фаъолияташро акнун сар карда буд. Ва хеле зуд дар байни мардум шӯҳрат ёфт ва одами «калон» шуд. Аз вай ҳама метарсиданд, аз ҷумла ман ҳам. Одами хеле бераҳм гардида буд.

Ва рӯзе ба хона омада, ба ман гуфт, ки ту бароям дигар даркор нестӣ. Маро аз хона ронда, писарамро гирифт. Афзуд, ки агар ӯро ҷустуҷӯ кунӣ, нафақат ба худат, балки ба кӯдак ҳам бад мешавад. Дар ин ҳол ман дигар чӣ кор карда ҳам метавонистам?!

— Баъд чӣ! Золими шумо мурд?

— Ҳа. Инро ба ман Ирочка гуфт. Вай дар хонаи пиронсолон санитар шуда кор мекунад. Духтараки хуби хушмуомила. Ба ман хеле кӯмак кард.

Вақте, ки ба ҷустуҷӯи писарам азм намудам, ба ӯ муроҷиат кардам. Ӯ машғули кофтуков гардида, аз саҳифаҳои интернетӣ дарёфт, ки шавҳарам кайҳо мурдааст.

Ва ман қарор додам писарамро ёфта, ба ӯ тамоми ҳақиқатро гӯям. Ирочка шаҳреро, ки шавҳар ва писарам зиндагӣ мекарданд, ба ман ёфта дод.

Бо вуҷуди чандин даҳсолаҳо гузаштанаш, ман бовар дорам ӯро дар ҳамон шаҳр меёбам. Агар не, ноумед нашуда, боз кофтуковро идома медиҳам.

ВАҚТЕ, КИ ПИРАЗАН НОМИ ШАҲРЕРО, КИ ПИСАРАШ ЗИНДАГӢ МЕКУНАД, БА ЗАБОН ОВАРД, БОРИС БА АНДЕША РАФТ, КИ БИСЁР ВОҚЕАҲОИ ТАҚДИРИ ИН ЗАН БА ВОҚЕОТИ ЗИНДАГИИ ХУДАШ ҲАМРАНГ АСТ.

Зани солманд ба нақли худ идома медод:

— Дар аввалҳо ману шавҳар хуб зиндагӣ мекардем. Тавлиди фарзандамонро бесаброна интизорӣ кашида, номи муносиб мекофтем.

Баҳс мекардем. Ӯ як номро гӯяд, ман розӣ нашуда, дигарашро таклиф мекардам. Вақте, ки тифл тавлид шуд, ба ӯ оқибат ҳар ду номро гузоштем.

Шавҳарам мехост писарамонро ба хотири бобояш Борис ном гузорад. Ба ман номи Слава маъқул буд. Ана барои ҳамин ҳам писари мо соҳиби номи ғайримуқаррарии Борислав гардид.

Аз шунидани ин суханон Борис қариб буд чанбараки мошинро аз даст раҳо кунад. Вай бо шиддат тормозҳоро пахш кард. Аз ин ҳол дастони пиразани ба тарс омада ларзид.

— Азизакам, бо ту чӣ шуд? Худатро бад ҳис мекунӣ?

— Не, ҳамааш хуб аст. Ҳамин, ки шалпар шудам. Мошинро қарор дода, каме дам мегирем.

Борис бо азобе қувваашро ҷамъ карда, мошинро ба истгоҳи наздиктарин овард.

— Шумо мана дар ин ҷойхоби гарм истироҳат кунед холаҷон, ман бошам ана дар ҳамин ҷо.

Кампир кӯрпаро болояш кашида, хеле зуд ба хоби роҳат рафт. Борис ба ӯ нигоҳ карда, бачагиашро ба хотир меовард.

***

— Модарам дар куҷост? — мепурсид наврас бо овози гиряолуд аз падар.

— Писарам ту аллакай бачаи калон ва бо ақл шудаӣ. Бояд бифаҳмӣ, ки байни калонсолон муносибат гуфтагӣ гап ҳаст. Модари ту… шахсеро дӯст дошта, аз ин пас бо мо зиндагӣ карданро нахост.

— Пас дигар ӯ маро дӯст намедорад, гиряашро пинҳон надошта, мепурсид писарбача.

Борис он ҳама ғаму ғуссаро, ки солҳо вуҷудашро азоб медод, дар хотир дошт. Вай ба он, ки модари меҳрубон якбора фарзандро тарк намуда, партофта меравад, бовар надошт.

Вай кӯшиш кард бифаҳмад, лекин қалби кӯдакона ба хиёнати одами наздик бовар намекард. Падар бовар мекунонд, ки бе модар ҳам ҳарду ҳам метавонанд хушбахт бошанд ва Борис рафта-рафта ба ин одат карда монд.

Ҳине, ки солортар гардид ин муамморо бори дигар гӯшзад кард:

— Падарҷон, мехоҳам модарамро бубинам.

— Ин масъаларо бо ҳам ҳал кардаем. Ӯ дигар ба мо барнамегардад.

— Дар ин бора ман боре ҳам андеша накардаам. Мехоҳам ба чашмонаш нигоҳ карда бипурсам, ки барои чӣ дар ҳаққи ман чунин рафтор кард?

— Бубахш писарам. Акнун ин корро карда намешавад. Ба қарибӣ модарат фавтидааст. Ӯ дар канори дигари мамлакат зиндагӣ мекард ва ҳамон ҷо дафн кардаанд.

Ин дафъа ҳам дунё ба назари фарзанд зеру забар шуд. Аммо дар як кунҷи дилаш умеде, ки ягон вақт модарашро мебинад ва ба саволҳояш ҷавоб талаб мекунад, ӯро тарк наменамуд.

Акнун бошад умедҳои вай ба якборагӣ барҳам хӯрданд. Нисбати падар ва атрофиён хусумат пайдо кард.

Ӯ ба гурӯҳи авбошон ҳамроҳ гардид. Аксари вақти худро дар кӯча мегузаронид. Вақте ба хона бармегашт, бо падар рӯбарӯй мешуд.

Муносибати Борис бо падар бад гардида, писарбача ниҳоят қиёфаи ҳақиқии ӯро ошкор намуд. Падар ӯро бераҳмона мезад ва қаноатмандии худро пинҳон намедошт. Борис табассуми падарро, ки аз дидани рӯи хуншори писар завқ мекард, чандин маротиба шоҳид гардида буд.

Шаттахӯрии навбатиро тоқат карда натавониста, наврас хонаро тарк кард.

…Тарбиятдиҳандагони хонаи бачагон дар ҳайрат буданд, ки фарзанди одами доро ва бонуфуз аз онҳо имдод талабида омадааст.

Аллакай рӯзи дигар падари ӯ дар ҳуҷраи директори хонаи бачагон дӯғу диранг карда, кафк аз даҳон мепарронид, дод мезад, коғазҳоро ҳаво медод, ба рӯи миз мушт мекӯфт. Лекин акнун писарбача дар ҳимояи қонун буд.

Пас аз як сол Борисро ба ҳуҷраи директор даъват карда, бо нохушӣ хабар доданд, ки падараш фавтидааст. Ӯ мошинсавор рафта истода, нороҳат мешавад, ки мошини кадом як нафаре аз ӯ пеш гузаштааст. Бартарияти худро нишон доданӣ шуда, суръатро чандон меафзояд, ки аз идораи нақлиёт баромада натавониста, ба садама дучор мешавад.

Пас аз анҷоми таҳсил дар хонаи бачагон Борис соҳиби манзил шуда, дар ҳамин шаҳр зиндагиро ихтиёр мекунад.

Солҳо гузаштанд, ёддоштҳо тира гардиданд. Ӯ фаромӯш кард, ки як вақтҳо ӯ соҳиби модар буд.

Аммо Борис пиразан ва бахусус чашмони ӯро дида, ҳис кард, ки дар ботинаш кадом як чиз сахт такон хӯрд.

— НАХОД, КИ ИН ӮСТ? НАХОД, КИ ҲАМИН ТАВР ҲАМ ШАВАД?

Бо вуҷуди хотираҳо ва изтироби имрӯза дидааш Борис чӣ тавр хоб бурданашро надониста монд.

Вақте бедор шуд, ки нурҳои офтоб ба рӯяш дамиданд. Чашмонашро кушода дид, ки зан рӯи ҷойхоб нишаста, бодиққат ба ӯ назар меафканад.

— Холаҷони азиз, Шумо аллакай бедор шудед?

— Ҳа, мошини ту доимо чашмак зада, фишшас зада, хобро нороҳат мекардааст.

— Бояд ҳамин тавр бошад. Ҳамааш хуб. Аз хоб сер шудед? Акнун чой менӯшему роҳро давом медиҳем.

Ҳамин ҳоло ба ин зан нигоҳ карда, ӯ дар ҳақиқат модари худро медид.

Инҳо ҳамон чашмон, ки аз хурдӣ дар ёд дошт ва дар орзуи дидани онҳо ва гирифтани ҷавоб ба саволи аз ҳама асосии ҳаёташ як умр талош мекард, буданд.

Ҳангоме, ки ба шаҳр даромаданд, зан омодагӣ дида, рӯймоли сарашро ба тартиб дароварда, мегуфт:

— Ту маро дар ягон ҷой аз мошин фарор, майлаш? Ман фақат шаҳрро медонам, аммо суроғаро не. Ба маъмурияти шаҳр меравам. Мумкин ёрдамашон расад.

— Он ҷо, кӣ ба Шумо кӯмак мекунад? Охир ҳама Соли Навро ид карда истодаанд. Ба болои ин боз ду ҳафтаи рӯзҳои истироҳат. Як каме интизор шудан лозим меояд.

Ӯ телефонро гирифта, ба Галя занг зад. Гуфт, ки худаш танҳо намеояд. Меҳмонро интизор шавад. Бе ҳарф ва суоли зиёдатӣ Галя розӣ шуд ва ҳатто хурсанд шуд, ки он қадар хӯрданиҳои лазизи тайёр кардаашро бо меҳмон якҷоя тановул мекунанд.

— Боз гуфтаниам, ки ту беҳтарин ҳастӣ, Галя. Туро дӯст медорам. Агар ту хоҳӣ, пас аз рӯзҳои ид тӯи арӯсию домодиро барпо мекунем.

Галя хомӯш буд ва Борис бо садои хеле паст ҳиқ-ҳиқ зада, гиря кардани ӯро мешунид.

— Галя, ба ту чӣ шуд? Магар намехоҳӣ? Охир ман туро маҷбур карданӣ нестам.

— Мехоҳам Боря, мехоҳам. Ман ҳам туро дӯст медорам.

Борис гуфтугӯро қатъ карда, ба мошин баргашт. Баъди чанд дақиқа онро назди манзилаш қарор дод.

— Ой, мо ба куҷо омадем, — пурсид аз ӯ пиразан.

— Ба хона. Ана, ба манзили мо ҳам расидем. Охир имрӯз ид аст. Шуморо аз дилу ҷон ба хона таклиф мекунам.

— Чиҳо мегӯӣ, ин ҳеҷ мумкин не, — сарашро меҷунбонид пиразан. — Занат ҳам розӣ намешавад, гуфта ба Галинаи ба айвончаи хона баромада ишора кард.

— Ҳаргиз! Зани ман аз ҳама беҳтарин аст. Ба Шумо маъқул мешавад.

Зан бо ҳайрат ба ӯ менигарист, Борис бошад рӯяшро тарафи дигар гардонд. Вай медонист, ки бояд ҳамаи гапҳои дар дилаш бударо ба ӯ бигӯяд.

Ҳамон вақте фаҳмид, ки пиразан маҳз …танҳо ӯро кофтуков дорад.

Лекин гуфтан наметавонист. Метарсид. Худро ҳамчун бачаҳаки хурди тарсхӯрда, ки солҳои тӯлонӣ гуфтани ҳамон сухани асосии бачагонаро ба худ манъ карда буд, ҳоло ҳам чунин тасаввур мекард.

«Дар хона мегӯям. Он ҷо оромтар аст ва Галя низ ҳамроҳӣ мекунад. Он ҷо метавонам инро бигӯям,» — фикр мекард, занро ҳамроҳӣ карда Борис.

Галя меҳмонро дида, ғайриихтиёр қафонокӣ рафт. Вай ғалатӣ табассум карда, бо ҳайрат як ба меҳмон ва баъд ба шавҳараш синчакорона дида дӯхт. Зан вориди хона шуд.

— Хонаи обод доштаед, — мегуфт ӯ. — Маълум, ки дар хона некӣ ва муҳаббат фаровон аст.

— Боря, ту моро бо ҳам шинос намекунӣ? — хоҳиш кард Галина.

— Ҳа, албатта! Ин завҷаи ман Галина аст. Галя, мана ин модарҷони ман аст!

…Якбора ҳолати зан бад шуд. Оҳе, кашида сӯи писар нигоҳ кард ва ба тарафе калавида рафт. Борис саривақт ӯро нигоҳ дошт. Баъди чанд дақиқа зан ба худ омад. Галя ва Борис ба ӯ мадад мекарданд.

— Писаракам, азизаки ман! — гирякунон мегуфт пиразан. — Бовар доштам, ки Худованд ману туро бо ҳам мерасонад ва дар ҳамин дунё бо ҳам дидорбинӣ мекунем. Ман ҳеҷ сарфаҳм намерафтам, ки барои чӣ чашмонат ба ман аз ҳад зиёд шинос намуданд. Дилам гувоҳӣ медод.

— Ҳа, ҳангоме, ки шуморо дидам, дарҳол фаҳмидам, — мегуфт Галина. — Чашмони ҳар дуятон як ба як монанд ва Борис ҳам пурра Шуморо мемонад.

— Чӣ кори хубе шуд, писарам. Мана, туро ҳам дидам. Акнун армонам намонд. Мирам ҳам мешавад.

— Ин боз чӣ гап, модарҷон? Баръакс акнун мо бо ҳам чуноне, ки ман даҳсолаҳо орзу мекардам, зиндагӣ мекунем.

— Ту чиҳо мегӯӣ, писарам. Маро баргардонида ба хонаи пиронсолон бубар. Ба он ҷо одат кардаам. Охир ман туро дидан мехостам, туро ёфтам ва ана дидоратро ҳам дидам. Намехоҳам шароити оиларо танг намоям. Шумо оилаи худро доред, ман бошам…

— Ту ҳам аъзои оилаи мо ҳастӣ, модарҷон! Ҳеҷ ҷой намеравӣ, бо мо мемонӣ, — садо баланд карда Борис ба Галя нигоҳ кард.

— Албатта! Шумо бояд шоҳиди тӯйи мо гардед, хурсандӣ кунед, — бо табассум хиромида мегуфт Галя. — Ва аз дидори набераҳо ҳам шод шавед.

Борис як қад парид ва ба Галя нигарист. Галя рӯбарӯяш истода, малеҳона табассум мекард.

— Азизакам, ба ман духтарчаи зебое ҳадя кун, — гуфта Борис бо завҷааш даст ба даст шуд.

Орзую таманноҳои солинавиро паси мизи идона баён карда, ҳамаашон дар он фикр буданд, ки он чиро мехостанд, ба таври мӯъҷизавӣ Худованди Якто иҷобат намуд.

© Рустамов З., 2024

Аз саҳифаи POFU аз 28.11.2024, тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: