Писари ҳамсарам

pisari-hamsaram


Баъди фавти ҳамсарам ман писари ӯро қабул карда натавонистам. Аммо ҳақиқати баъди даҳ сол ошкоршуда тамоми чизро тағйир дод.


Замоне, ки ман Мира — завҷаамро ба роҳи охират гуселонидам, ба назар чунин мерасид, ки бароям тамоми дунё аз ҳаракат бозмонда бошад.

Ӯ ҳамагӣ сиюшашсола буд.

Хонаи мо, ки замоне пур аз равшанӣ ва хандаю хушҳолӣ буд, акнун бо оромӣ ва шабеҳи хотираҳо табдил ёфта буд.

Бо мо писари дувоздаҳсолаи Мира — Лукас якҷо зиндагӣ мекард. Ман ҳамеша ӯро писари завҷаам ҳисоб мекардам, на азони худ.

Аз ғаму андӯҳ чашмони маро парда гирифта буд. Дар шахси ӯ ман ятимеро, ки алъон аз модар маҳрум гардидааст, намедидам.

Аз ҳама ҳузновар якҷо бо ӯ зистан буд. Чунки ин ҳамзистӣ хоҳ-нохоҳ ҷароҳатҳои қалбамро аз нав тоза мекард.

Дар ана ҳамин аҳвол ман ба худ қароре қабул кардам, ки мумкин тамоми умр аз он афсӯсу нороҳатӣ кашам.

— Беҳтараш ту аз ин хона равӣ, Лукас, — гуфтам ман ҳаяҷони худро пинҳон карда. — Дар ин ҷо ба ту мушкил мешавад. Ҳисобу китоби зиндагии худатро дарёб.

Ман гумон доштам, ки барои дар хона мондан ӯ мегиряд, лобаву зорӣ мекунад. Бечора бача! Оромона сарулибос ва колои худро ғун кард ва ба борхалтаи кӯҳна андохту бе гапу ҳарфе аз хона баромада рафт. Ман аз қафо ба наврас нигариста, ҳаргиз гумон намекардам, ки охирин нигоҳ, ва чеҳраи ғамангези ӯ маро солҳои тӯлонӣ таъқиб хоҳад кард.

Ман хонаро фурӯхтам. Ба шаҳри дигар кӯчида, ҳаётамро аз нав оғоз бахшидам. Кори нав, одамони нав ва ҳатто муносибатҳои нав ҷараён гирифт. Вақт мегузашт ва андешаҳоро ҳам нисбати Лукас аҳён-аҳён ба хотир меовардам.

Баъзан аз худ мепурсидам:

«Ӯ зинда бошад? Ҳаёти ӯ чӣ ранг гирифт?» — аммо боз ҳам ҳаракат мекардам ин гуна суолҳоро ба кунҷи фаромӯшӣ супорам.

Даҳ сол гузашт. Лекин як занги телефон ҳама чизро тағйир дод:

— Ҷаноби Александр! Шуморо ба кушодашавии намоиши расмҳо рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта даъват менамоем. Ин барои як нафаре хеле муҳим аст.

Ман мехостам ҷавоби рад диҳам, аммо дар гӯшии телефон таъкид карданд:

— Оё ба Шумо мароқовар нест, ки тақдири Лукас бо чӣ анҷомид?

Ин ном ба умқи қалбам зарба зад. Ман розӣ шудам.

Намоиш маро бо равшании фонусҳои толор ва сукунати расмҳо истиқбол кард. Ман ба имзоҳои рассом диққат додам. Номи мусаввир ба ман шинос намуд.

Ин вақт ба наздам ҷавоне, ки нигоҳи тез дошт, омад ва гуфт:

— Салом, ҷаноби Александр. Ин Лукас буд. Қомати болобаланд ва ҷисми зебое дошт.

Ман дарҳол чизе гуфтан натавонистам. Вай ба ман пешдастӣ карда:

— Ман мехостам шумо бубинед, ки модарам пеш аз маргаш чиро мерос гузошта рафт. Вале шумо бошед дар ҷавоб ба он чӣ корро анҷом додед?! Вай маро назди лавҳае, ки бо матои сурх пӯшонида шуда буд, овард.

— Ин мусаввара «Модар» ном дорад. Инро алҳол касе надидааст. Лекин шумо ҳатман бояд бубинед. Вақте, ки маторо бардоштам, ман Мираи аз беморӣ рангпарида, мондаю сарсахтро дидам.

Дар дасти ӯ сурати кӯҳнае, ки ҳар сеямон акс гардидаем, ҷой гирифта буд. Қалбам ларзид.

— Пеш аз марг модарам хотираҳояшро дар рӯзнома сабт мекард. Вай медонист, ки шумо маро дӯст намедоред.

Лекин бовар мекард, ки рӯзе мерасаду шумо аз ҳақиқат хабар меёбед. Зеро… зеро ман писари шумо ҳастам.

Ман ба гӯшҳоям бовар намекардам.

— Лекин модарат мегуфт, ки…

— Вай метарсид. Аз он метарсид, ки шумо маҳз ба хотири кӯдак оиларо тарк намекунед. Сониян, ӯ ҳақиқати ҳолро гуфтан наметавонист. Ман дар болохона рӯзномаи модарамро пайдо кардам. Ва ӯ ба ман рӯзномаи фарсудашударо дароз кард.

Дар саҳифаҳо хати ноҳамвори Мира хонда мешуд:

«Агар ту ин навиштаҳоро хонда истода бошӣ — маро бубахш. Лукас — писари туст. Инро ба ту ҳамон вақт гуфтанӣ будам, аммо ҷасорат пайдо накардам.

Метарсидам, ки моро тарк мекунӣ. Дар он бовар будам, ки ту ӯро бе ҳамон ҳақиқат ҳам аз сидқ дӯст хоҳӣ дошт».

Ман мехондаму гиря мекардам. Ман ҳақиқати ҳолро надониста, аз писари худ воз кашидаам. Ин чӣ гуноҳе азим! Худоё маро бандаи осиатро бубахш!

Ман мекӯшидам боварии Лукасро аз нав соҳиб шавам. Ба вай номаҳо менавиштам дар намоиши асарҳояш иштирок мекардам.

Баъди гузашти муддатҳо вай дар як сӯҳбат:

— Гузаштаро тағйир дода намешавад. Ба ман падаре, ки замоне аз ман даст кашид, лозим нест, — гуфт ӯ оромона.

Ман ба вай тамоми маблағи пасандозҳои худро, ки дар зиндагии тоза ҷамъоварӣ карда будам, додам ва робитаҳои кӯҳнаи худро барҳам задам.

— Ман наметавонам вақтро бозпас гардонам. Агар ту розигӣ диҳӣ, ман фақат дар атрофат бошам. Барои ман муҳим аст, донам, ки ту хушбахт ҳастӣ.

Лукас ба ман дурудароз нигоҳ карда, баъд гуфт:

— Ман розӣ. Фақат барои пул шуда, не! Модарам бовар дошт, ки ту инсони равшандил ҳастӣ.

Аз ҳамон вақт ман шарики ҳамкору хамӯши ӯ гардидам.

Намоишҳои Лукасро дастгирӣ мекардам, муштариёнро ҷалб менамудам, маслиҳатҳо медодам.

Ба таври расмӣ ман падари вай набудам, лекин кӯшиш мекардам одамона рафтор намоям то ин, ки инсоне бигардам, ки ӯ тавонад ҳурматаш намояд.

Ҳамасола дар рӯзи хотира ман ба боғи истироҳат омада, дар назди дарахте, ки ману Мира шинонида будем, мегуфтам:

— Маро бубахш, Мира. Ман кӯр будаам. Лекин ҳаракат мекунам аз дилу ҷон дӯст доштани фарзандамонро омӯзам.

Боре маҳсули корҳои Лукас дар намоиши байналхалқӣ гузошта шуда, соҳиби мақоми баланд гардид. Дар саҳифааш ӯ навишта кард:

«Барои ту, модарҷон. Ман аз ӯҳдааш баромадам».

Дар охир пас аз даҳ сол, ман хабари кӯтоҳакеро гирифтам:

«Падар! Агар вақти холӣ дошта бошӣ кушодашавии намоиши асарҳоям рӯзи шанбе».

Фақат як калимаи мӯъҷизаноки «падар», тамоми дарҳоро, ки ман абадан бароям баста ҳисоб мекардам, кушод.

Тағйир додани замони гузашта дар дасти мо нест, аммо дар ҳоли ҳозир дар айёми зиндагӣ чӣ гуна инсон бояд бошем аз байни хуб ё бад якеро интихоб карда метавонем. Тан гирифтани иштибоҳҳо аломати заифӣ нест, балки аломати қудрат аст.

Ишқу муҳаббат мардонагиро тақозо менамояд. Бигузор, ки фурсат гузашта бошад, аммо барои авфи гуноҳҳо ва поку мубарро гардонидани рӯҳу ҷисми инсон ҳанӯз дер нашудааст, агар аз сидқ ва бо дили кушод саъй намоӣ!

© Рустамов З., 2025

Аз саҳифаи «БЕЗ РУБРИКИ», муаллиф vibequotes 22.07.2025, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: