
Ҳаёташ дар нӯги қил. Ӯ ҳатто то Псков рафта намерасад. Агар мурда монад, ҷасадашро аз қатора берун партоед.
Боре ба купеи ман аз сабаби он, ки вагонҳо пури одам буданд, полковники маҷрӯҳро бистарӣ карданд. Духтури калони ҳарбӣ, ки ба интиқоли одамон масъул буд, ба ман гуфт:
— Ӯро бо худ гиред. Намехоҳам, ки дар нуқтаи тиббии ман бимирад. Ҳаёташ дар нӯги қил. Ӯ ҳатто то Псков рафта намерасад. Агар мурда монад, ҷасадашро аз қатора берун партоед.
— Бо ӯ чӣ шудааст?
— Тир то наздикии дили вай расидааст. Натавонистем бигирем. Асбобҳо нестанд. Фаҳмо? Ӯ хоҳ — нохоҳ мемирад. Баредаш. Он ҷое, ки мурд, аз вагон бароварда партоед, батакрор гуфт ӯ.
Супориш ба ман маъқул нашуд. Чӣ хел мешудааст, ки бароварда партоӣ? Барои чӣ мемурдааст? Ин чӣ хел мешавад? Охир ӯ инсон аст!
Ва ҳамин, ки қатора равона гардид, полковникро ба мизи ҷароҳатбандӣ хобонидам.
Духтури ягонаи қатораи мо Зайдис навмедона сарашро чарх занонид. Ҷароҳат мураккаб буд.
Тир ба гумонам ҳангоми парвоз ба қисми болоии шикам расида, аз он ҷо тарафи дил ҳаракат карда, вале то ба он нарасида, аз ҳаракат мондааст.
Зайдис набз, нафасгирии маҷрӯҳро санҷид. Ба ҷароҳат йод молида, бори дигар бо афсӯс сар ҷунбонида, фармуд, ки онро бо дока печонем.
— Ин чӣ хел мешавад? — фарёд задам ман.
— Шумо бояд бифаҳмед. Мо тирро аз ҷароҳат бароварда наметавонем. Ва дар қатора гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ манъ аст. Ғайр аз ин ман ҷарроҳ ҳам нестам. Полковникро танҳо дар госпитал наҷот додан мумкин.
Вале ба наздиктарин госпитал мо рӯзи дигар бегоҳӣ рафта мерасем. Гумон аст, ки то фардо зинда монад.
Зайдис дастонашро шуста, аз купе баромада рафт. Ман ба полковник бо тараҳҳум нигариста, хаёл мекардам, ки барои наҷоти ӯ чӣ бояд кард?
…Ба хотир овардам, ки боре маро барои хариди асбобҳои тиббӣ ба Маскав фиристода буданд.
Дар фурӯшгоҳи асбобҳои ҷарроҳии «Швабе» ман ҳамаи он лавозимоте, ки супориш шуда буд, харидам. Вале аз чӣ сабаб анбӯраки дарозе, ки корнтсанг ном доштааст, диққати маро ба худ ҷалб кард.
Дар рӯйхати ба ман пешниҳодшуда ин намуди асбоб набуд, лекин шакли он ба ман маъқул шуд. Чунки он на танҳо дароз, балки каҷ буд ва бо ду сӯзанчаи кӯндаланг ба охир мерасид.
Дар хотир дорам, вақте, ки асбобҳои харидро пеши сардори қатора Никита Толстой гузоштам, ба корнтсангӣ нигариста гуфт:
— Ва инаш барои чӣ? Ба ҳисоби шахсии худат менависам, аз маош дошта мегиранд. То ин ки дигар худсарӣ накунӣ.
Ва ман ин асбобро ба хотир овардам.
Таваккал ба Худо гуфтаму санитари қатора Гасовро фармудам, ки автоклавро ба кор дарорад.
Асбоби корнтсангиро ёфта, дар об ҷӯшонида, бо спирт коркард карда, ба купе баргаштам. Гасов ба ман кӯмак мекард. Соати сеи шаб буд. Полковник дар ҳоли мадҳушӣ қарор дошт. Ман бандинаро бурида, бо оҳистагӣ анбӯрро дохили ҷароҳат кардам.
Баъди чанд вақт ҳис кардам, ки охири анбӯр ба кадом як ҷисме дучор шуд. Тир?!
Вагони қатора ҳамроҳи худ маро ин сӯ он сӯ меҷунбонид. Лекин ман аллакай дар ҳолати калавиш ба ягон ҷой такя накарда, бо ангушти дастон кор карданро омӯхта будам.
Дил бошиддат, девонавор гуп-гуп мезад. «Ҷисм»-ро ба нӯги анбӯр қапида, саросема нашуда, аз бадани полковник мекашидам. Оқибат тир аз бадан берун шуд.
Касе ба китфонам даст расонд.
Ман ба қафо нигоҳ кардам. Дар қафоям Зайдис меистод. Рангу рӯи ӯ парида, ҳамчун дока сафед гашта буд.
— Медонӣ, барои ин гуна корҳо одамро ба суди ҳарбии саҳроӣ медиҳанд, — гуфт ӯ бо овози ларзон.
Ҷароҳатро шуста, онро докапеч карда, ба рӯи полковник спирти камфор пошидам. Саҳарӣ ӯ ба худ омад. Мо ӯро ба Псков насупорида, то ба Маскав овардем. Дар роҳ вазъи ӯ анча беҳтар гардид. Ба худ омад ва чашмонашро боз кард.
Дар умрам аз ин зиёд ҳеҷ гоҳ хурсанд нашуда будам!
Ман фақат ба амалиётҳои душвору мураккаб сарукор доштам. Корҳои осонро ҳамшираҳои шафқат иҷро мекарданд.
— Кист ин Бародар Пьеро? — пурсид Худованд, вақте, ки дар бораи корнамоии бандагонаш ба ӯ иттилоъ доданд.
— Ҳа, ҳамин қадар, ки як актёр, — ҷавоб медод, фариштае, ки навбатдорӣ мекард. Кокаинчии гузаро.
Худованд фикр мекард.
— Насаби ҳақиқиаш чист?
— Вертинский, — ҷавоб дода шуд.
— Агар, ки актёр бошаду бар замми он сию панҷ ҳазор маҷрӯҳонро захмбандӣ карда, бандагони маро наҷот дода бошад, инро ба миллион зарб занеду ба сифати чапакзаниҳо ба ӯ баргардонед.
Аз ҳамон вақт мардум ба ман қарсак заданро оғоз намуданд. Бо вуҷуди ин ман метарсам, ки меъёри қарсакҳоро истифода бурдаам ё ин ки захираҳои он ба ҳамин қарибӣ тамом мешаванд.
Шӯхӣ шӯхию аммо ман дар воқеъ ба худ шафқат накарда, кор мекунам.
© Рустамов З., 2025
Муаллиф Aлeкcaндp Bepтинcкий, аз гурӯҳи «БОРЩ без BREADa», аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов
Шарҳи мухтасар дар бораи муаллиф: Александр Николаевич Вертинский (1889-1957) актёри кино, сарояндаи эстрадӣ, бастакор ва шоири рус. Соли 1920 Россияи болшевикиро (он вақт мафҳуми СССР набуд) тарк карда, дар ғарибӣ кор ва эҷод кардааст. Соли 1943 ба СССР баргашта, ҳамчун фарди ватандӯсти эҷодкор пурмаҳсул фаъолият доштааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва то дами вафот дар тамоми манотиқи мамлакати паҳновари шӯравӣ зиёда аз 3000 консерту намоишҳо пешниҳод кардааст.