
… Ғарами нон, — мӯйсафед ба андеша афтод, — ба модари ман як порча ва аз он ҳам кӯчактар, як луқма нон нарасид, то ин, ки вай зинда бимонад, ин ҷо бошад як ғарами калони нон…
Ман барои баровардани партов баромада, болои барф ним бухонкаи нон (хлеб)-ро дидам.
Онро бардоштам. Хлеб хушк, ҳамчун санг гашта буд. Ба ахлотқуттӣ партофтам.
Ҳамин, ки аз он ҷо чанд қадам дур шудам, яке садо баромад. Шахсе маро мазаммат мекард. Ба қафо нигаҳ кардам. Нафари пиронсол ба ахлотқуттӣ хам шуда, чизеро ҷустуҷӯ мекард.
Наход шахси бекасу кӯй (бомж) бошад?! — хаёл кардам ман. — Аммо сару либоси хеле хуб дар бар дошт. Ба андеша афтодам, ки ин пиронсол дар ахлотқуттӣ чиро ҷустуҷӯ мекарда бошад?
Мӯйсафед ҳамон нони ба ахлотқуттӣ партофтаи маро пайдо намуда, аз чангу ғубор тоза кард ва ба халта андохт. Одами ғалатӣ будааст! — гуфтаму сӯи хона роҳ гирифтам.
Рӯзи дигар бо мӯйсафед бори дигар, лекин ин дафъа дар истгоҳ дучор омадам. Ӯ кам-кам нонмайдаҳоро аз коғазхалта берун оварда, ба майли хотир ба сӯи паррандаҳо мепошид.
Оҳиста ба нишастгоҳ, ба паҳлӯяш нишастам.
Ман бо диққат эътибор медодам, ки паррандаҳо наздик омада, нонмайдаҳоро аз назди пирамард бе тарсу ҳарос, бо тартиб ва бе саросемагӣ мечиданд.
— Дар ана ҳамин шабу рӯзҳо ба онҳо лозим аст, ки бо серӣ хӯрок хӯранд. Зимистони бе хӯрок барои онҳо хеле душвор аст, ҳатто сабаби маргашон ҳам шуданаш мумкин, бо овози хеле паст, — мегуфт мӯйсафед.
Ҳеҷ гоҳ умедвор набудам, рӯзе мерасад, ки одамон ба қадри нон намерасанд! Ман ҳама рӯз нон ва нонмайдаҳоро дар кӯчаҳо ва аз ахлотқуттиҳо ҷамъоварӣ мекунам.
… Ғарами нон, — мӯйсафед ба андеша афтод, — ба модари ман як порча ва аз он ҳам кӯчактар, як луқма нон нарасид, то ин, ки вай зинда бимонад, ин ҷо бошад як ғарами калони нон…
Кадом як ларзише дар авзои ман пайдо шуд. Оромона ба дастони шахшӯли ӯ, ки пора ва майдаҳои нонро беист аз коғазхалта берун мебароварданд, менигаристам.
Ман ҳатто ба автобуси муқаррарии ҳаррӯзаам, ки таваққуф намуда, дарҳояшро кушод ва ронанда дид, ки ман савор намешавам, ба роҳ даромад, эътибор надода мондам.
Чунки мехостам садои ӯро бишнавам. Ба назар чунин менамуд, ки бо ин одам як умр шинос ҳастам.
— Вақте, ки моро ба дигар ҷой мекӯчониданд, — аз нав шунидам садои ӯро, — поезд якчанд шабонарӯз ба самти номаълум ҳаракат мекард.
Ман ҳаштсола ва додарчаам Сашка нимсола буд. Модарамон моро ҳама вақт ба оғӯш мегирифт, то ин, ки гарм шавем.
Чунки обу ҳаво ниҳоят хунук буд. Ба ғайр аз чанд буридаи нони қоқ дигар хӯрокворие набуд. Ҳар як порчаи онро модарам шикаста, ба ду ҷудо мекард, он қисме, ки калонтар буд, ба ман медод, дигарашро ба даҳони худ андохта, дуру дароз мехоид ва баъд ба даҳони Сашка мегузошт.
— Ба монанди ана ҳамин зоғ, — гуфту пирамард порчаи каме калонтарро бароварда, тарафи зоғ партофт ва ба нақлаш идома дод:
— Он вақт моро бомбаборон карданд. Поезд қарор гирифт, дигар он тараф рафтан мумкин набуд. Ман намедонистам, ки дар куҷо ҳастем. Тамоми атроф ҷангалзор ва замини бекарон моро иҳота карда буд. Зимистони қаҳратун. Бисёр одамон он ҷо ҷон бохтанд.
Ҷасадҳоро рӯи замин гузошта, болояшонро барфпӯш карданд. Азбаски одамон тамоман беқувват шуда буданд, заминро кофта наметавонистанд. Бар замми ин белу каланд ҳам набуд. Ононе, ки алҳол қувват доштанд, филҳол он ҷоро тарк мекарданд.
Аммо ба кадом тараф, ҳеҷ кас намедонист.
Модарам Сашкаро ба бағал гирифт ва мо бо дохили ҷангал роҳ пеш гирифтем. Хеле зиёд роҳ паймудем, чӣ қадар гаштем, ман намедонам. Роҳи равон барф мехӯрдем. Модарам онро атолаи сафеди бомазза мегуфт. Баъд охирин порчаи нони қоқ ҳам тамом шуд.
Баъд… баъд модари мо дигар бедор нашуд. Инро гуфту аз вуҷуди мӯйсафед садои ҳиққос бараъло шунида шуд. Ба андомаш нигаристам. Рухсори ӯ хокистарӣ гашт, чанд қатра ашки сӯзон ба рӯяш шорид. Рӯймолчаро аз киса бароварда, ашкҳоро пок карда, ба нақл давом дод:
— Чӣ ҳам нашуда бошад, бояд ба пеш рафт. Ман Сашкаро ба даст гирифта, ҳамроҳ рафтему рафтем, рафтему рафтем…
Ман ба хотир дорам, ки чӣ гуна аз пой афтодам. Гумон кардам, ки бо ҳамин тамом! Ба Сашка нигоҳ кардам. Ӯ табассум карда, ба сӯе нигарист. Ман бо охирин қуввае, ки доштам он тараф нигоҳ карда, саги бениҳоят калони боҳайбатро дидам. Он вақт аз куҷо донам, ки он саг не, гург будааст.
Зеро то ин вақт боре ҳам гургро надида будам.
…Гург пешопеш мерафт, баъзан боз истода, маро бо нигоҳ таҳрик мекард, ки аз қафояш равам ва худ боз пеш мерафт.
Намедонам дар ман аз куҷое қувва пайдо шуд, ки додарчаамро бо худ гирифта, аз қафои гург равон шудам.
Баъди гузашти ду майдони калон мо ба деҳае рафта расидем ва ман аз пой афтодам.
Пас аз оне ба ҳуш омадам, ки касе маро молиш медод. Чашмонамро кушода, дод задам: — Модар! Модарҷон! Лекин ӯ модари ман набуд.
Дар паҳлӯям зане нишаста, баданамро молиш медод. Сашка дар кроватчае осуда хоб рафта, шир менӯшид.
Ба худ омада, тамоми саргузаштамонро ба ин зан нақл кардам, аз ҷумла ҳодисаи вохӯриамон бо ин гурги бузургҷуссаро.
Вай табассуме карду гуфт, ки дар ҷойҳои онҳо ҳеҷ гоҳ гургро во нахӯрдаанд.
Зан моро сарпаноҳ дода, модари мо гардид. Лекин ман ва Сашка боз солҳои зиёд нонро аз ҳама рустӣ тайи кровати худ пинҳон мекардем.
Мо умедвор будем, ки рӯзе мерасаду модари азизамон меояд ва албатта, мо ӯро аз нону неъматҳои хушлаззати дунё сер мекунем…
— Автобуси охирин! — шунида шуд овозе. Ман ба қафо нигаҳ кардам, аммо касе дар ин наздикӣ набуд.
Ман ба хона мерафтам ва тамоми муддат дар бораи ин мӯйсафед фикр мекардам. Бори аввал дар тамоми ҳаётам ман нонро ҳурмат мекардагӣ шудам.
Агар пораи нон ёбам ҳатман онро ба об тар карда, ба паррандагон медодам. Ҳанӯз ҳамон вақт бо он пири рӯзгор дар истгоҳ нишаста, фаҳмидам, ки одаме, ки чӣ будани гуруснагиро аз сар гузаронидааст, ҳеҷ гоҳ нонро хӯр намекунад.
Ҳакимон кайҳо гуфтаанд, нон ин манбаи зиндагист. Бе нон ҳаёт нест. Гумон мекунам, ки ин ҳикояро хонда одамон нисбати нон боҳурматтар мешаванд. Чунки «Нон бошад, суруд ҳам мешавад!»
Ҳамин тавр не?!
© Рустамов З., 2025
Муаллиф Игop Шиxoв, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов