
Чарли хеле пир шудааст, Ҷералдина. Зуд ё дер ба ту лозим меояд ба сари қабри ман омада бошӣ, ҳамчун аломати мотам пираҳани сияҳ ба бар кунӣ.
Духтарҷони ман!
Ҳоло шабонгаҳ аст. Шаби тавлиди Масеҳ, шаби соли нав (насрониҳо онро Рождественская ночь мегӯянд ва солшумории феълӣ аз мавлуди Исои Масеҳ ҳисоб карда мешавад — тарҷумон). Ҳамаи он ҷанговарони мусаллаҳи истеҳкоми хурди ман, ки дар саҳнаҳоям истифодаашон мекардам, хобидаанд. Бародару хоҳар ва ҳатто модари ту низ дар хоби роҳат ҳастанд.
Ба ин хонаи нимторик ворид шуда, ман қариб буд, ки паррандачаҳои ғарқи хобро бедор намоям.
Оҳ, ту чӣ қадар аз ман дар дуриҳо қарор дорӣ, духтаракам! Бигузор чашмонам кӯр шуда бошанд, агар як лаҳза чеҳраи ту аз назди чашмони ман дур гардад. Мана, сурати ту рӯи миз дар баробари қалбам ҷойгир аст.
Аммо ту ҳоло дар куҷоӣ? Дар он ҷо дар Порижи зебои афсонавӣ, дар майдони Елисей, дар саҳнаи театри бошукӯҳ мехиромию мерақсӣ. Ман ҳамаи инро хуб дарк мекунам. Ба назарам чунин менамояд, ки садои шарфаи пойҳоятро мешунавам, чашмонатро, ки ба монанди ситорагони шабҳои дай медурахшанд, аз наздик мебинам.
Ман амиқ эҳсос мекунам, ки ту дар ин намоиши завқовари идона нақши эронидухтари зеборо, ки хони тотор асир гирифтааст, бозӣ мекунӣ.
Олиҳаи зебои соҳибҷамол шуда, бирақс, азизакам! Дурахши ҳамаи ситораҳои осмон насибат бод!
Агар хурсандӣ ва сипосгузории гарму ҷӯшони тамошобинон туро сархуш бигардонад, агар накҳату бӯи латифи гулҳои тӯҳфашуда саратро бичархонад, дар гӯшае нишаста номаи маро бихон ва ба садои қалби худ гӯш бияндоз.
Ман Чарли, Чарли Чаплин!
Ман падари ту ҳастам, Ҷералдина!
Оё ту медонӣ, ки ман шабҳои бешумор, ҳангоме, ки тифли хурдакак будӣ, назди катчаи хоби ту нишаста, афсонаҳоро дар бораи соҳибҷамоли хуфта ва аждаҳои доимбедор ба ту нақл мекардам.
Вақте, ки хоб бар ман ғалаба карда, чашмонам аз ниҳояти хастагӣ пӯшида мешуданд, ман мегуфтам: «Аз ман дур шав, эй хоб! Бигузор афсонаро то охираш бигӯям! — Охир, ин афсонаҳо орзуи духтараки ман аст!»
Ҳанӯз ҳамон вақт ман орзуҳои туро эҳсос мекардам, Ҷералдина. Ояндаи туро, имрӯзи туро медидам.
Ман духтараки дар саҳна рақсанда, фариштаеро, ки гӯё дар осмон шино мекард, медидам. Мешунидам, ки ба тамошобинон мегуфтанд: «Медонед, ки ин духтарак кист? Ӯ духтари масхарабози пир мебошад. Дар хотир доред, ӯро Чарли ном мебурданд?» Ҳа, ман Чарли, ҳамон масхарабози пир ҳастам! Имрӯз навбат ба ту расидааст.
Бирақс духтарам! Ман бо шалвори кӯҳнаи фарох мерақсидам. Ту бошӣ дар либоси ҳарири абрешимин ҳамчу шоҳдухтар мерақсӣ.
Ин рақсҳо ва мавҷи кафкӯбиҳо баъзан туро то ба осмонҳо мебаранд. Парвоз кун! Баланд парвоз кун! Лекин, албатта, ба замин саломат баргард, духтаракам!
Ту бояд ҳаёти одамонро бубинӣ, зиндагии ҳамон раққосони кӯчаро, ки аз хунукӣ ва гуруснагӣ дир-дир ларзида, ба арғушт мераванд.
Ман ҳам ба монанди онҳо будам, Ҷералдина. Он шабҳои мӯъҷизанок, ки зери таъсири афсонаҳои ман, ки шабеҳ ба аллагӯӣ буданд, туро хоб мебурд, ман ҳам ҳушёру бедор туро ҳамроҳӣ мекардам.
Ман ба чеҳраи зебои ту менигаристаму, садои қалбчаи туро мешунидам ва аз худ мепурсидам: «Чарли, наход ҳамин тифлаки монанд ба зоча калон шуда, рӯзе туро шиносад?»
Ту маро намедонӣ, Ҷералдина. Он шабҳои хеле дур ман ба ту афсонаҳои бисёр гуфтаам. Аммо афсонаи ҳаёти худро, ҳеҷ гоҳ.
Лекин ин ҳикоят хеле мароқовар мебошад. Ин афсонаи масхарабози гуруснаест, ки дар маҳаллаҳои камбағали Лондон месароид, мерақсид ва баъд садақапулиҳоро ҷамъ мекард.
Афсонаи ҳаёти ман, ана ҳамин аст, азизакам! Ман чӣ будани гуруснагӣ ва болои сар надоштани сарпаноҳро хеле ба зудӣ фаҳмидаам.
Аз ин бештар. Ман дарди таҳқиромези ҳаёти масхарабози оворагардро гузаронида бошам ҳам, дар синаам эҳсосоти бузурги ҳатто бештар аз як уқёнус ифтихор ҷӯш мезад, вале ин ифтихорро садои ба замин ҳамчун тангаҳои беқадр партофта шудани ҳаққи музд, маҳв мекард.
Бо вуҷуди ин ман то ҳол зиндаам. Ин суханонро ба каноре мегузорем. Беҳтар аст, дар бораи ту сӯҳбат кунем. Баъд аз номи ту — Ҷералдина — дар ҳуҷҷат насаби ман меояд — Чаплин.
Бо ин насаб ман бештар аз чиҳил сол одамони сайёраи Заминро хандондам.
Лекин аз хандаи онҳо дида, ман худ бештар гиристаам. Ҷералдина, дар оламе, ки ту зиндагӣ мекунӣ ҳаёт фақат бо рақсу мусиқӣ поён намеёбад!
Нимишабӣ, вақте, ки ту аз толори боҳашамат берун мешавӣ, метавонӣ ҳаводорони сарватманди худро фаромӯш созӣ, лекин аз кирокаше, ки туро ба хонаат мебарад, пурсидани ҳолу аҳволи хонаводаашро фаромӯш накун.
Агар хонумаш ҳомила ва барои хариди парпечи кӯдак пул надошта бошанд, як миқдор маблағро ба киссааш гузор.
Ман супориш додам, ки ба ҳамин монанд хароҷотҳои туро пардохт намоянд.
Гар ба касе кӯмак мекунӣ қатъиян бо ҳисобу китоб рафтор намо. Ҳар сари чанд вақт рафтуомадро тариқи метро, автобус ба роҳ мон, пиёда бигард ва шаҳрро тамошо кун.
Ба одамон, бахусус беваю ятимон таваҷҷӯҳ намо!
Ва ба худат рӯзе аққалан як бор бигӯй: «Ман ҳам монанд ба инҳо ҳастам».
Ҳа, ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ, духтарам! Аз ин бештар мегӯям, мақоле ҳаст, ки «санъат пеш аз он, ки ба одам пару бол бахшаду вай ба осмонҳо парвоз кунад, одатан пойи ӯро мешиканад».
Ва агар рӯзе расад, ки ту худро болотар аз тамошобин эҳсос мекунӣ, саҳнаро дарҳол тарк намо.
Бо аввалин кирокаш ба гирду атрофи Париж бирав. Ман он ҷойҳоро хеле хуб мешиносам!
Дар он ҷо ту бисёр раққосаҳои ба худат монанд ва ҳатто аз ту ҳам зеботар, хиромонтар ва пур аз ифтихорро хоҳӣ дид.
Дар он ҷо равшании чашмбарандаи нурафканҳои театр нест ва ҳаргиз нахоҳад буд. Равшанидиҳандаи онҳо танҳо Моҳи само мебошад.
Нигоҳ кун, дурустакак чашм андоз! Магар онҳо аз ту беҳтару хубтар рақс намекунанд? Иқрор шав, духтарам!
Ҳама вақт ҳамоне ёфт мешавад, ки аз ту беҳтар рақс ва аз ту хубтар бозӣ мекунад!
Дар хотир дор, ки дар оилаи Чарли нафаре дағал, ки фойтунчиро дашном диҳад ва ё камбағали дар соҳилҳои Сена нишастаро таҳқир мекунад, ҳаргиз набуд.
Ман мемирам, лекин ту зиндагӣ хоҳӣ кард. Ман мехоҳам, ту ҳеҷ гоҳ чӣ будани камбағалӣ ва азоби онро эҳсос нанамоӣ.
Ҳамроҳи ин мактуб ба ту дафтарчаи хароҷотро (чек) мефиристам, то ин, ки ҳар чӣ қадар маблағ, ки мехоҳӣ, сарф карда тавонӣ.
Лекин ҳангоме, ки ду франкро хароҷот мекунӣ, аз хотир набарор, ки франки сеюм — аз они ту нест. Он бояд ба шахси ношиносе, ки ба он эҳтиёҷ дорад, дода шавад.
Ин гуна одамро ту бо осонӣ меёбӣ. Фақат хоҳиши дарёфти ин одамони ношиносро дошта бошӣ шуд. Онҳоро ту қариб, ки дар ҳама ҷо пайдо карда метавонӣ.
Ман ба ту дар бораи пул гап мезанам, чунки қувваи иблисонаи онро кайҳо санҷидаам. Ман айёми бисёри худро дар сирк сипарӣ кардаам. Ва ҳамеша аз баромади дорбозон дар ҳаяҷон ва хавотир будам. Лекин бояд ба ту бигӯям, одамон дар рӯи замини сахт нисбати он дорбозоне, ки дар байни замину осмон муаллақанд, бештар мефитанд.
Мумкин дар яке аз шомҳои даъватӣ чашмони туро дурахши кадом як алмоси тобон рабояд. Ана, ҳамин ҳол метавонад бароят он таноби хавфноки дорбоз бигардад ва афтодани ту аз ин баландӣ бегуфтугӯ хоҳад буд.
Мумкин дар яке аз рӯзҳо туро чеҳраи зебои кадом як шаҳзода мафтун намояд. Ва ҳамон рӯз ту ба мисоли дорбози бетаҷриба мегардӣ ва чуноне маълум аст, камтаҷрибагон ҳамеша аз пой мефитанд.
Аз ин хотир қалб ва имони худро ба тилло ва дигар чизҳои қимматбаҳо мафурӯш. Бидон, ки дар дунё аз ҳама ҳам чароғи оламтоб ва алмоси бузург — ин хуршед мебошад. Ва хушбахтона он барои ҳамаи оламиён як хел равшанӣ ва гармӣ медиҳад. Вақташ ояду ошиқ шавӣ, интихобкардаатро аз тамоми дилу ҷон дӯст бидор.
Ман ба модарат гуфтам, ки ба ту дар ин бора нависад. Чунки ӯ оиди ишқу ошиқӣ аз ман дида бештар медонад ва хуб мешуд, худ бо духтараш гуфтугӯ намояд.
Чунки кори ту душвор аст ва инро ман хуб мефаҳмам.
Бадани ту танҳо бо пораи матои абрешим пӯшида шудааст. Ба хотири санъат метавон ба саҳна бараҳна ҳам баромад ва онро натанҳо бо сару либоси мавзун, балки бо зоҳир ва ботини пок тарк кард.
Ман солхӯрдаам. Мумкин ин суханони ман хандаовар намояд. Лекин ба назари ман тани бараҳнаи ту бояд ба касе, ки қалби поки туро дӯст медорад, тааллуқ дошта бошад. Мумкин оиди ин масъала фикру ақидаи ту мутааллиқ ба даврони гузашта бошад. Боке нест. Ин даҳ сол туро пир намегардонад. Лекин ҳароина мехоҳам, ки ту аз байни онон охирин нафаре бошӣ, ки онҳоро фуқарои ҷазираи бараҳнагон мехонанд.
Ман медонам, ки падарону фарзандон байни ҳам муборизаи абадӣ доранд ва иброз менамоям, ки ман фарзандони итоаткор ва афкори мустақил надоштаро дӯст намедорам. Аз ту хоҳиш мекунам алайҳи ин афкори ман ҷидол кун, духтаракам!
Ва ҳанӯз, ки аз чашмонам ашкҳо болои нома ҷорӣ нашудаанд, ман бовар мекунам, ки иди имсолаи тавлиди Исои Масеҳ шаби мӯъҷизаҳо мегардад.
Ман мехоҳам, ки мӯъҷизае рӯй диҳаду ту ҳамаи он чиро, ки ба ту гуфтан мехостам, дарк намоӣ.
Чарли хеле пир шудааст, Ҷералдина. Зуд ё дер ба ту лозим меояд ба сари қабри ман омада бошӣ, ҳамчун аломати мотам пираҳани сияҳ ба бар кунӣ.
Алҳол ман туро намехоҳам ғамгин намоям. Гоҳ-гоҳе ба оина бингар ва ту дар чеҳраи худ нишонаҳои маро хоҳӣ дид.
Дар рагҳои ту хуни ман ҷорист. Ва вақте, ки дар авзои ман хун шах шуда, аз ҳаракат бозмемонад, ман мехоҳам, ки ту падарат Чарлиро фаромӯш насозӣ.
Ман ҳеҷ гоҳ фаришта набудам, лекин ҳамеша кӯшиш мекардам, ки ҳамчун инсон боқӣ бимонам. Ту ҳам ба ин саъй кун.
Туро мебӯсам, Ҷералдина.
Чарлии ту. Декабри соли 1965″.
© Рустамов З., 2025
Аз саҳифаи Чарли Чаплин дар Google, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов
МУХТАСАР дар бораи Чарли Чаплин:
Сэр Чарльз Спенсер Чаплин 16 апрели соли 1889 дар шаҳри Уолворти Британияи Кабир тавлид шудааст. Артисти театр ва яке аз аввалин актёрони синамои ҷаҳон, режиссёр, муаллифи филмҳо, бастакор. Солҳои 1894-1913 актёри театр, солҳои 1914-1977 актёри синамо. Ҳунарманди беҳамтои жанри комедия, ки дар саҳнаи театр ва кино (аз синни 5 солагӣ, актёри театр), давоми 83 сол, аз филмҳои аввалини беовоз сар карда, нақшҳои хотирмон офаридааст. Дорандаи 3 ҷоизаи Оскар (1929, 1972, 1973), ордени «Шери тиллоӣ». 25 декабри соли 1977 дар синни 88 солагӣ дар шаҳри Корсье-сюр-Вевеи Швейтсария вафот кардааст.