Ин насиҳату маслиҳатҳоро ба Шумо дӯстони маҷозии Фейсбукӣ пешниҳод намуда, бар он боварам, ки аз ин маслиҳатҳои модар (агарчанде масеҳӣ бошад ҳам) бебаҳра нахоҳед монд.
Писарам, зинҳор дар хотир дор, ки ин маслиҳатҳоямро фақат аз рӯи муҳаббати модарию фарзандӣ ба ту баён менамоям:
Интизор машав, ки ҳамсарат ба ту чун ман муомила мекунад. Ин ҳеҷ гоҳ нахоҳад шуд. Чунки ӯ туро назоидааст.
Ҳеҷ гоҳ ба завҷаат магӯй, ки “Модари ман ин тавр ва он тавр мекард!”
Ибораҳои “Модари ман инро хушлаззаттар тайёр мекард”-ро тамоман аз ёд барор!
Аз болои ҳамсарат ба ман шикоят мабар. Ӯро худ интихоб кардаӣ!
Ба ҳамсарат дар бораи муносибатҳои пешина сӯҳбат макун. Агар пурсад, бигӯй, ки фаромӯш кардаӣ!
Дар телефонат фақат маълумоти “безарар”-ро нигоҳ дор. Дигар маълумотҳое, ки минбаъд ҳаёти собиқатро ошкор мегардонад ва боиси ранҷиши ту хоҳад гардид, дар телефон ҷой мадеҳ, дар зеҳнат ҷой кун!
Таоми завҷаат пухтаро ҳамеша таърифу ситоиш кун.
Ба завҷаат ҳеҷ гоҳ оиди ҷанҷолу муноқишаҳои оилавии пешина сухан нанамо. Чунки онҳо кайҳо шуда гузаштаанд ва ба касе дахл надорад.
Агар ман бемор шуда монам, аз ҳолам хабар бигир. Дар роҳ бароям шоколади дӯстдоштаамро харид намо!
Дар хотир нигоҳ дор! Аз имрӯз эътиборан дар зиндагиат зани асосӣ завҷаат мебошад.
Агар ҳамсарат пироҳани дигар ба бар карда, бипурсад, ки он фарбеҳии ӯро ошкор намесозад? Ҷавоб бидеҳ: “Ту чиҳо мегӯӣ, ба назари ман чунин менамояд, ки ту каме лоғар ҳам шудаӣ”.
Агар ҳамсарат оиди ягон чизи арзишнок (таъмири хона, хариди мӯйина (пӯстини занона), мошин, роботи чангкашак, саёҳат ва ғайра) аз ту хоҳиш намояд, фақат пас аз муроҷиати сеюм розӣ шав. Чунки дар ҳолати аввал зан ба таври содда фикр мекунад, дар ҳолати дуюм ба мизони ақл бар мекашад. Агар бори сеюм бипурсад ин гуфтанӣ гап, ки иҷрои он ҳатмист. Бинобар ин дар дафъаи сеюм розӣ бишав. Дар хотир нигаҳ дор! Агар зуд розӣ шавӣ, мумкин ҳамсарат хоҳишашро аз нав мулоҳиза намояд ва дар ҳоли дер иҷро намудан боиси ранҷиши ӯ мегардад.
Дастагулҳо, шириниҳо ва сару либос ба инҳо дахл надоранд. Оиди ин чизҳо ҳамсар набояд аз ту хоҳиш намояд. Чунки онҳо ниёзи ҳаррӯзаи аъзоёни оила ҳастанд!
Агар ман аз ту чизеро хоҳиш намоям, онро аз бори аввал иҷро намо. Метавонӣ, шубҳа накунӣ. Пеш аз он, ки аз ту хоҳиш намоям, ман онро 3 маротиба андеша кардаам.
Ҳеҷ гоҳ нисбати волидайни ҳамсарат айбҷӯӣ макун. Дар хотир нигаҳ дор, ки онҳо занеро, ки ту интихоб кардаӣ, ба олам овардаанд.
Худатро обутоб, сайқал бидеҳ, бештар китоб хон, сӯҳбатҳои пурҳикматро гӯш кун, машқи баданро ҳаргиз фаромӯш нанамо!
6 соати шабонарӯзро бо аҳли оила ва 1 соатро бо дӯстонат гузарон. Ин барои солимии рӯҳ зарур аст.
Ҳеҷ гоҳ ба меҳмонӣ бо дасти холӣ марав. Он беҳурматӣ ва ба шаъни ту таъсиргузор хоҳад буд.
Ҳама вақт завҷаатро бо иду айём табрик намо. Ҳамчунин рӯзи тӯйи арӯсӣ ва шиносоиятонро низ. Ин ба занҳо хеле маъқул аст.
Пеш аз он, ки вориди хона гардӣ, худро хушҳол бигир. Дар хотир дор, ки ту баҳри аҳли оила рамзи оромӣ ва эътимоду субот ҳастӣ.
© Рустамов З., 2025
Аз саҳифаи гурӯҳи «БОРЩ без BREADa”, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов