
Прототипи (тимсол) воқеии граф Монте-Кристо, Пйер Пике чӣ тавр бо хоинон мубориза мебурд ва онҳоро қотеона маҳв мекард.
Романи маъруф ва пурмоҷарои Александр Дюма «Граф Монте-Кристо»-ро намунаи беҳтарини адабиёти классикии Фаронса ва ҷаҳон метавон номбар кард.
Роман чунон ҳам шавқовар аст, ки хонанда мехоҳад онро бо як нишаст бихонад. Таҳқиқотҳои минбаъда собит карданд, ки қаҳрамони асосии роман Эдмон Дантес дар зиндагӣ дар ҳақиқат тимсоли воқеии худро доштааст.
Саргузашти «Синдбоди дарёгард» (яке аз псевдонимҳои қаҳрамони роман) ба назар хеле афсонавӣ менамояд.
Аз ин рӯ таърихи «Граф Монте-Кристо»-и воқеӣ аз китобӣ ягон монданӣ надорад. Гумон мекунам қазияро мутолиа менамоеду худ қазоват мекунед.
Дар асар маллоҳи нуздаҳсолаи ҷавон Эдмон Дантес дар арафаи бо дӯстдоштааш — Мерседеси ҳурлиқо хонадор шудан қарор дорад.
Лекин ҳасудон ӯро дар алоқа бо бонапартистон гунаҳкор намуда, аз болояш маълумоти бардурӯғ менависанд.
Ёрдамчии прокурори шоҳона аниқ менамояд, ки ин хабар нисбати Дантес бӯҳтон аст. Лекин прокурор ба хотири он, ки дар ин қазия падари бонапартисташ низ даст дорад, лозим медонад, ки Дантесро якумрӣ ба зиндони Иф ҳабс намояд.
Баъди 14 сол ба Дантес муяссар мегардад, ки худро ба ҷойи ҷасади аббат Фариа дохили халта намуда, аз зиндон озод бигардад. Ғайр аз ин ӯ сирри хазинаеро, ки ба ӯ аббат Фариа — ҳамсояи маҳбасӣ кушода буд, хуб медонист.
Ин асар бофтаи Александр Дюма нест. Таърихи ҳаққониро ӯ аз бойгониҳои пулис дарёфт намуда, хеле бо маҳорат ба шакли роман даровардааст.
Номи «Дантес»-и ҳақиқӣ Пйер Пике буд. Ӯ дар шаҳри Ним дар оилаи камбағал тавлид гардида, бо ҳунари пойафзолдӯзӣ машғул буд.
Ҷавон мехост ба зебодухтаре бо номи Маргарита Вигор хонадор шавад.
Аз ин дӯсти вай, соҳиби ошхона — Мате Луппиан, ки ӯ ҳам ба духтарак ошиқ буд, хабардор мегардад.
Бо мақсади халал расондан ба ин хонадоршавӣ ӯ ба пулис дар ҳаққи Пйер бӯҳтон менависад. Дар ин кор ба вай се нафар дӯстон: Жорве Шобар, Гийом Солари ва Антуан Аллю ҳамроҳ мешаванд.
Аллю оқибатҳои ин бӯҳтонро мулоҳиза намуда, саъй мекунад, ки шариконашро аз ин роҳи қабеҳ баргардонад. Вақте, ки ӯ аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, хомӯширо ихтиёр карда, Пйерро огоҳ наменамояд.
Дар арзи бардурӯғи Мате, гуфта мешуд, ки Пйер ҷосуси англис ва тарафдори роялистон мебошад.
Эзоҳ: дар романи Дюма баръакси он буд.
Дантесро дар алоқа бо бонапартистон (тарафдорони Наполеон Бонапарт, ки дар аҳди шоҳи Фаронса Людовики XVIII дар бадарға, дар Элба қарор дошт) гунаҳкор медонистанд.
Бояд гуфт, ки ҳам дар роман ва ҳам дар зиндагӣ чӣ Дантес ва чӣ Пйер бо сиёсат ягон алоқае надоштанд.
Лекин сардори пулиси Лагори ба ошкор намудани ин «ҳодисаи пуршӯру садо» манфиатдор мегардад ва маҳз бо ҳамин сабаб Пйер ба мӯҳлати якумрӣ маҳкум гардида, ба қалъаи Фенестрелле фиристода мешавад.
Вай дар ҳамон ҷо дар маҳбас то охири умр истода бояд мемурд, агар соли 1814 ҳокимияти Наполеон Бонапарт мағлуб намегардид.
Бисёр маҳбусони сиёсӣ афв карда шуданд. Ҳамтақдири Дантес — Пйер умуман тавассути халта аз баландӣ партофта нашуда буд ва вай тариқи дарё бо контрабандистон низ ҳамроҳ нагардид.
Ҳамту, ки ӯро баъди 7 соли ҳабс ҳамчун авфшуда озод карданд.
Дар ин ҷо фақат таърихи хазина афсона набуду халос.
Ҳамсояи Пйер дар маҳбас аббати итолиёвӣ Тори дар бораи хазинаи ниҳоят калон, ки онро пинҳон кардааст, ба вай нақлҳо карда буд.
Баъди чанде ҳарчанд Пйер баҳри наҷоти ӯ кӯшиши бисёр кард, аббати куҳансоли бемор дар маҳбас фавтид.
Ба ғайр аз хазина аббат ҳамчунин мулки аҷдодии худро ба Пйер ба мерос гузошт. Баъдтар пулис бойигарии Пйерро дар ҳисоботаш дар ҳаҷми 20 миллион франк дарҷ намуд.
Пйери аз маҳбас озодшуда сарулибоси аббатро ба бар карда, нахуст ба мулоқоти Антуан Аллю (нафаре, ки душманони Пйерро ба инсоф даъват мекард) равон шуд.
Аллю собиқ дӯсташро нашинохт.
Аббати сохта аз ин ҳол истифода бурда, арз кард, ки бо Пйер шинос буд ва ӯ дар зиндон вафот кард. Ҳангоми ҷонканӣ хоҳиш кард, ки дар санги мадфанаш нисбати дӯстонаш суханони миннатдорӣ навишта шавад. Ва марҳум ҳамчунин хоҳиш кардааст, ки сабабҳои ҳабс шуданаш низ аниқ карда шавад.
Аллю ба «аббат» нақл кард, ки арӯси Пйер Маргарита ба хӯҷаини ошхона Мате Луппиан (хиёнаткори асосӣ) ба шавҳар баромада, барояш фарзандон тавлид кард.
«Дар асл, — мегуфт Аллю, — он дӯстон ба Пйер ягон хел дӯст набуданд ва пойафзолдӯз бо бӯҳтони онҳо ҳабс гардид».
Барои ошкоргӯӣ Аллю аз аббат ангуштарини алмосдорро, ки 60 ҳазор франк қимат дошт, ҳамчун мукофот қабул кард.
Аллюи ҳарис ангуштаринро ба заргар фурӯхта, худи ҳамон шаб заргарро кушт ва аз нав онро соҳиб шуда, баҳри халосӣ аз ҷавобгарӣ ҳамроҳи завҷааш фирор кард.
Маълум гардид, ки Мате Луппиан бо истифода аз маблағҳои мероси падару модари Маргарита ресторан кушодааст.
Пйер дар ҳамин ресторан бо номи сохтаи Просперо ба кор қабул гардид.
«Дӯстону хоинон»- и боқимонда аксар вақт дар ҳамин ресторан таоми шом мехӯрданд.
Ва Пйер ҳар қадами онҳоро таъқиб намуда, қасосгириро оғоз кард.
Хуни Шобарро ӯ бо ханҷар рехта, дар баданаш «рақами як» навишт.
Солариро ба хӯрокаш заҳр андохта кушт. Дар сарпӯши тобуташ «рақами 2» навишт.
Лекин нисбати Луппиан ӯ қарор дод, ки тамоми аҳли оилаашро қир кунад.
Ӯ аз фарзандон оғоз намуд.
Писари Мате ва Маргаритаро вай шомили дастаи роҳзанҳо кард. Дар натиҷа наврас ба дасти пулис афтода, ба мӯҳлати 20 сол бадарға шуд.
Нахустдухтарашонро бо маркизи бой, ки Пйер ба ӯ ваъдаи хонадоркуниро дода буд, шинос кард. Аммо ӯ на маркиз, балки фосиқе баромад.
Дар рӯзи тӯй маълум гардид, ки домод на «маркизи бой», балки бадарғашудаи гуреза мебошад.
Духтари калонӣ ана ҳамин тавр бешараф гардонида шуд.
Чанде нагузашта ресторани Мате оташ гирифт ва хокистар шуд. Маргарита мусибатҳои навбат ба навбат ба сараш омадаро таҳаммул карда натавониста, вафот кард.
Лекин алангаи қасос бо ҳамин хомӯш нашуд. Пйер духтари дуюми Мате ва Маргаритаро ба дом афтонда, ӯро ба маъшуқаи худ табдил дод.
Ба духтар ваъдаҳо дод, ки падарашро аз қарзҳо наҷот медиҳад. Ӯро бовар кунонд, ки баҳри хизматҳояш ба вай низ маблағҳои калон медиҳад.
Лекин духтари ноком соҳиби ягон маблағ нашуд.
Луппианро Пйер дар парки Тюилри боздошт намуда, ба вай кӣ будани худро гуфта, дар ҳамон ҷо ӯро кушт.
Қасоси Пйер дар муқоиса бо қаҳрамони воқеии роман боз ҳам бешафқат ва бераҳмонатар буд.
Лекин ҷазои ин кирдорҳо тӯл накашид.
Охирин «дӯст»-и вай Антуан Аллю вақте пай бурд, ки аббати ба назди ӯ омада кист, Пйерро дуздида, асири худ гардонид ва бо ҳар роҳу восита аз ӯ пул меситонид. Масалан вай барои як қулт об аз ӯ 25000 франк маблағ талаб мекард.
Лекин Пйер ба ӯ ягон сир бой надод ва аз тарафи ситамгари худ кушта шуд.
Пас аз он худи Аллю ба Англия кӯчида рафт. Қабл аз мурдан дар назди падари рӯҳонӣ баҳри омурзиши гуноҳҳо тавба кард. Аммо падари рӯҳонӣ низ шахси фосиқ баромада, сирри ҷиноятҳои ӯро ба пулис ошкор кард.
Таърихи мазкур ҳақиқати худро дар маводҳои бойгонӣ дарёфт, лекин он то рӯзҳои мо омада нарасид. Зеро ин маводҳо дар сӯхтори соли 1871 ба хокистар табдил ёфтанд.
Боқӣ намондани маводҳои бойгонӣ ба ҳақиқат будани таърихи Пйер Пике шубҳаро бедор мекунад.
Фақат ягона маълумоти аббат мавҷуд аст, ки ба он қисман ё пурра метавон бовар кард.
Ҳарчӣ набошад ҳам, ин таърих ба туфайли романи Александр Дюма дар шакли куллан тағйирёфта то ба рӯзгори мо омада расида, маъруфу машҳур гардид.
Қаҳрамони китоб Эдмон Дантес дар ёди хонанда ҳамчун интиқомҷӯи бошараф, ки писари маъшуқаи собиқи худро дида, эҳсос мекунад, ки ниқоргириро аз ҳад гузаронидааст ва ба он хотима мебахшад.
Аммо Пйер Пике ягон нафарро набахшид ва оқибат худ ҳам қурбони ин моҷаро гардид.
© Рустамов З., 2024
Аз саҳифаи фейсбукии Денис Караваев, санаи 16.10.2024, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов