Саъдии Шерозӣ. Гулистон


«Гулистон»-и Шайх Саъдӣ дар Тоҷикистон борҳо ба чоп расидааст. Аз онҳо танҳо нашри соли 1938 (дар ҳайати Куллиёт, бо хати лотинӣ), соли 1990 (дар ҷилди севуми Куллиёти чорҷилда), нашрҳои алоҳидаи солҳои 1962, 1988, 2007, 2008, 2009, 2015 –ро номбар кардан кофист. Ҳарчанд нашрҳои «Гулистон» (ба вижа пас аз соли 2008) пурра бошанд ҳам, барои хонандагони ҷавон душворфаҳманд. Нашре, ки мо интихоб кардем, мухтасар ҳам бошад, бахшҳои асосии китобро дарбар мегирад ва осонфаҳм мураттаб шудааст. Аз ин рӯ хонандаро ба ин асари безавол беҳтар ва зудтар ошно мекунад.

Аз дебоча

… Як шаб тааммули айёми гузашта мекардам ва бар умри талафкарда таассуф мехӯрдам ва санги сарочаи дил ба алмоси оби дида месуфтам ва ин байтҳо муносиби ҳоли худ мегуфтам:

Ҳар дам аз умр меравад нафасе,
Чун нигаҳ мекунӣ, намонд басе.
Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ!
Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?
Хиҷил он кас, ки рафту кор насохт.
Кӯси1 реҳлат заданду бор насохт.
Хоби нӯшини бомдоди раҳил 2,
Боздорад пиёдаро зи сабил 3.
Ҳар кӣ омад иморате нав сохт,
Рафту манзил ба дигаре пардохт.
B-он дигар пухта ҳамчунин ҳавасе,
В-ин иморат ба сар набурд касе.
Ёри нопойдор дӯст мадор,
Дӯстиро нашояд ин ғаддор.
Неку бад чун ҳаме бибояд мурд,
Хунук4 он кас ки гӯйи некӣ бурд…
Умр барф асту офтоби тамуз,
Андаке монду хоҷа ғарра ҳанӯз.
___________

1 Кӯс – табл, нағораи калон
2 Раҳил — кӯчкунӣ
3 Сабил — роҳ
4 Хунук — чӣ хуш! Эй хушо!

3

Эй тиҳидаст, рафта дар бозор,
Тарсамат барнаёварӣ дастор.
Ҳар ки мазрӯи1 худ бихӯрд хавид 2,
Вақти хирман-ш хӯша бояд чид.

Баъд аз тааммули ин маънӣ маслиҳат он дидам, ки дар нишемани узлат нишинаму домани суҳбат фарохуд3 чинам ва дафтар аз гуфтаҳои парешон бишӯям ва минбаъд парешон нагӯям.

Забон бурида ба кунҷе нишаста суммун букм 4,
Беҳ аз касе, ки набошад забонаш андар ҳукм.

То яке аз дӯстон, ки дар каҷова аниси ман будӣ ва дар ҳуҷра ҷалис 5, ба расми қадим аз дар даромад, чандон ки нишони мулоибат кард ва бисоти мудоибат 6 густард, ҷавобаш нагуфтам ва сар аз зонуи тааббуд 7 барнагирифтам, ранҷида нигаҳ карду гуфт:

Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст,
Бигӯ, эй бародар, ба лутфу хушӣ,
Ки фардо чу пайки аҷал даррасад,
Ба ҳукми зарурат забон баркашӣ!

Касе аз мутааллиқони манаш бар ҳасби воқеа мутталеъ8 гардонид, ки фалон азм кардааст ва ният ҷазм, ки бақияти умр муътакиф 9 нишинад ва хомӯшӣ гузинад, ту низ, агар
______________

1 Мазрӯъ — кишт
2 Хавид – ҷаву гандуми хӯшааш нопухта
3 Фарохуд — ба даври худ
4 Суммун букм — кар ва гунг
5 Ҷалис — ҳамнишин
6 Мудоибат – мазоҳ, шӯхӣ
7 Тааббуд — изҳори бандагӣ
8 Мутталеъ — хабардор
9 Муътакиф — гӯшанишин (барои ибодат)

4

тавоноӣ, сари хеш гиру роҳи муҷонибат 1 пеш. Гуфто: «Ба иззати азим ва суҳбати қадим, ки дам барнаёрам ва қадам барнадорам. Магар он гаҳ, ки сухан гуфта шавад бар одати маълуф 2, на тариқи маъруф, ки озурдани дӯстон ҷаҳл аст ва каффорати ямин 3 саҳл…

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки гавҳарфурӯш аст ё пилавар? 4
***
Агарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ,
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ!

Филҷумла, забон аз муколимаи 5 ӯ гардондан мурувват надонистам, ки ёр мувофиқ буду иродат содиқ.

Чу ҷанг оварӣ, бо касе барситез,
Ки аз вай гузират бувад ё гурез!

Ба ҳукми зарурат сухан гуфтем ва тафарруҷкунон берун рафтем дар фасли рабеъ 6, ки савлати бард 7 орамида буд, авони 8 давлати вард 9 расида:
___________

1 Муҷонибат — дурӣ
2 Маълуф — расмшуда, маъмул
3 Каффорати ямин – ҷаримаи қасамшиканӣ
4 Пилавар – хурдафурӯш, чарчинфурӯш
5 Тафарруҷ — сайр, тамошо
6 Рабеъ — фасли баҳор
7 Бард — сармо
8 Авон — вақт
9 Вард — гули сурх

5

Пироҳани барг бар дарахтон,
Чу ҷомаи иди некбахтон.
***
Аввали урдибиҳиштмоҳи1 ҷалолӣ 2,
Булбул гӯянда бар манобири қазбон 3.
Бар гули сурх аз нам уфтода лаолӣ 4
Ҳамчу арақ бар узори шоҳиди ғазбон 5.

Шабро ба бӯстони яке аз дӯстон иттифоқи мабит 6 афтод, мавзее хушу хуррам ва дарахтони дилкаш дарҳам, гуфтӣ, ки хӯрдаи мино бар хокаш рехта ва икди Сурайё аз токаш овехта:

Он пур аз лолаҳои рангоранг,
В-ин пур аз меваҳои гуногун.
Бод дар сояи дарахтонаш,
Густаронида фарши бӯқаламун.

Бомдодон, ки хотири бозомадан бар раъйи нишастан ғолиб омад, дидамаш: домане гулу райҳон ва сунбулу займурон 7 фароҳам оварда ва оҳанги руҷӯъ карда. Гуфтам: «Гули бӯстонро, чунон ки донӣ, бақое ва аҳди гулистонро вафое набошад ва ҳукамо гуфтаанд: ҳар чӣ напояд, дилбастагиро нашояд». Гуфто: «Тариқ чист?» Гуфтам: «Барои нузҳати 8 нозирон ва фусҳати 9 хотирон китоби «Гулистон» тавонам тасниф кардан, ки боди хазонро бар варақи ӯ дасти
_____________

1 Урдибиҳишт — номи дуюми моҳи баҳор аз рӯйи солшумории шамсӣ
2 Ҷалолӣ — ишора ба Султон Ҷалолиддини Салҷуқӣ, ки ин солшумории
шамсӣ дар замони ӯ ҷорӣ карда шудааст
3 Қазбон — шохҳои дарахтон
4 Лаолӣ — ҷамъи лӯълӯ, яъне марворид
5 Узор — рухсора; шоҳиди ғазбон маҳбубаи ғазабнок
6 Мабит — хоб
7 Займурон — райҳони ёбоӣ
8 Нузҳат — покизагӣ
9 Фусҳат – кушодӣ, фарохӣ (оид ба дил ва хотир)

6

татовул 1 набошад ва гардиши замон айши рабеашро ба ғайши 2 хариф 3 мубаддал накунад.

Ба чӣ кор оядат зи гул табақе?
Аз «Гулистон»-и ман бубар варақе!
Гул ҳаме панҷ рӯзу шаш бошад,
В-ин «Гулистон» ҳамеша хуш бошад.

Ҳоле ки ман ин ҳикоят бикардам, домани гул бирехт ва дар доманам овехт, ки алкариму изо ваада вафо 4 ва фасле ду ҳамон рӯз иттифоқи баёз афтод дар ҳусни муошират ва одоби муҳовират 5 дар либосе, ки мутакаллимонро 6 ба кор ояд ва мутарассилонро 7 балоғат бияфзояд. Филҷумла, ҳанӯз аз гули бӯстон бақияте монда буд, ки китоби «Гулистон» тамом шуд…
***
Дигар аpӯси фикри ман аз беҷамолӣ сар барнаёрад ва дидаи яъс аз пушти пойи хиҷолат барнадорад ва дар зумраи соҳибдилон мутаҷаллӣ нашавад, магар он ки мутаҳаллӣ 8 гардад… Ба ҳар як аз соири бандагон ва ҳавошӣ 9 хидмате мутаайин аст, ки агар дар адои бархе аз он таҳовун10 ва такосул11 раво доранд, дар маърази хитоб 12 оянд ва дар маҳалли итоб магар бар ин тоифаи дарвешон, ки шукри неъмати бузургон воҷиб аст ва зикри ҷамилу дуои хайр ва

_____________

1 Татовул — тааддӣ, зулм
2 Тайш — шиддат
3 Хариф — тирамоҳ
4 Яъне: соҳиби карам. Вақте ваъда дод, вафо мекунад
5 Муҳовират — гуфтугӯй, суҳбат
6 Мутакаллимон — сухандонон
7 Мутарассилон — котибон, нависандагон
8 Мутаҳаллӣ — зиннатёфта
9 Ҳавошӣ — атрофиён
10 Таҳовун — бепарвоӣ
11 Такосул – бадӣ, касолат
12 Маърази хитоб – ҷойи бозхост, ҷойи ҳисобгирӣ

7

адои чунин хидмате дар ғайбат авлотар аст, ки дар ҳузур, ки он ба тасаннуъ 1 наздик аст ва ин аз такаллуф дур, ба иҷобат мақрун 2 бод!

Пушти дутои фалак рост шуд аз хуррамӣ,
То чу ту фарзанд зод модари айёмро.
Ҳикмати маҳз аст агар лутфи Ҷаҳонофарин,
Хос кунад бандае маслиҳати омро.
Давлати ҷовид ёфт, ҳар ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Васфи туро гар кунанд, в-ар накунанд аҳли фазл,
Ҳоҷати машшота нест рӯйи дилоромро.

… Тоифае аз ҳукамои Ҳиндустон дар фазоили Бузурҷмеҳр сухан мегуфтанд, ба охир ҷуз ин айбаш надонистанд, ки дар сухан гуфтан батеъ 3 аст, Яъне диранги 4 бисёр мекунад ва мустамеъро 5 басе мунтазир бояд будан, то тақрири 6 сухане кунад. Бузурҷмеҳр бишуниду гуфт: «Андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам».

Сухандони парварда, пири куҳан
Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан.
Мазан бетааммул ба гуфтор дам,
Наку гӯй, агар дер гӯйӣ, чӣ ғам?
Бияндеш в-онгаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд: «Бас!»
Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб 7,
Давоб аз ту беҳ, гар нагӯйӣ савоб.
____________

1 Тасаннуъ — сохтагӣ, сунъӣ
2 Мақрун — наздик
3 Батеъ — суст
4 Диpанг – таваққуф, ист
5 Мустамеъ — шунаванда
6 Тақрир — баён
7 Давоб — чорпоён

8

… Агар дар сиёқати 1 сухан далерӣ кунам, шӯхӣ карда бошам ва бизоати музҷот 2 ба ҳазрати 3 азиз оварда ва шабаҳ 4 дар бозори ҷавҳариён ҷаве наярзад ва чароғ пеши офтоб партаве надорад ва манораи баланд дар домани кӯҳи Алванд 5 паст намояд.

Ҳар кӣ гардан ба даъвӣ афрозад,
Хештанро ба гардан андозад.
Саъдӣ афтодааст озода,
Кас наёяд ба чанги афтода.
Аввал андеша в-он гаҳе гуфтор,
Пойбаст 6 омадасту пас девор.

Нахлбандӣ 7 донам, вале на дар бӯстон ва шоҳиде 8 фурӯшам, вале на дар Канъон. Луқмонро гуфтанд: «Ҳикмат аз кӣ омӯхтӣ?» Гуфт: «Аз нобиноён, ки то ҷой набинанд, пой наниҳанд». Қаддимил хуруҷа, қабл ал валуҷи,9 мардит биёзмой в-он гаҳ, зан кун!

Гарчи шотир10 бувад хурӯс ба ҷанг,
Чӣ занад пеши бози рӯйинчанг? 11

Аммо ба эътимоди сиати 12 ахлоқи бузургон, ки чашм аз авоиби зepдаcтoн бипӯшанд ва дар ифшои ҷароими
_______________

1 Сиёқат — тариқа, тарз
2 Музҷот — ночиз, камарзиш
3 Ҳазрат — остона
4 Шабаҳ — муҳраи сиёҳ
5 Алванд — кӯҳест дар наздикии шаҳри Ҳамадони Эрон
6 Пойбаст — таҳкурсӣ
7 Нахлбандӣ – гули сунъӣ бофтан
8 Шоҳид – хушрӯй, нозанин
9 Яъне: пеш аз даромадан чораи баромаданро фикр кун
10 Шотир — чусту чолок
11 Рӯйинчанг — оҳанинчангол
12 Сиат — фарохӣ
13 Ифшои ҷароим — фош кардани гуноҳҳо

9

кеҳтарон накӯшанд, калимае чанд ба тариқи ихтисор аз наводиру амсол ва шеъру ҳикоёт… дар ин китоб дарҷ кардем ва бархе аз умри гаронмоя бар ӯ харҷ. Мӯҷиби таснифи китоб ин буд.

Бимонад солҳо ин назму тартиб,
Зи мо ҳар зарра хок афтода ҷое.
Ғараз нақшест, к-аз мо бозмонад,
Ки ҳастиро намебинам бақое.
Магар соҳибдиле рӯзе ба раҳмат
Кунад дар ҳаққи дарвешон дуое.

…Имъони 1 назар дар тартиби китоб на таҳзиби 2 абвоби эҷоз 3 аз он мухтасар омад, то ба малол наанҷомад:


Боби аввал. Дар сирати подшоҳон


Боби дуюм. Дар ахлоқи дарвешон


Боби сеюм. Дар фазилати қаноат


Боби чорум. Дар фавоиди хомӯшӣ


Боби панҷум. Дар ишқ ва ҷавонӣ


Боби шашум. Дар заъф ва пирӣ


Боби ҳафтум. Дар таъсири тарбият


Боби ҳаштум. Дар одоби сӯҳбат

Дар он муддат, ки моро вақт хуш буд,
Зи ҳиҷрат шашсаду панҷоҳу шаш буд.
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.
___________________________________

1 Имъон — диққат
2 Таҳзиб – покиза кардан
3 Абвоб — бобҳо, эҷоз — кӯтоҳ, мухтасар

10

Гузоришҳо: 7

  1. Аватар

    Шояд аз Рудакӣ ё Фирдавсӣ бошад

  2. Аватар

    Салом аз ёд баровардам ки ин мисраҳо аз шеъри кадом шоир буд агар имкон бошад пурра менавистед. Пешаки Раҳмати калон
    …Ба вақте нон диҳанд ки дар даҳон дандон намонд…..

    • Абдуҳамид Тағоев

      Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест.. Аз Абдураҳмони Мушфиқӣ. Баро дер посух додан маъзур доред, Сомонаро руст карда буданд.

  3. Аватар

    Ташаккур! WAPTJ.RU

  4. Аватар

    Ташакури зиёд…Дар мактаб дарсгурези мекардам, дарсхои забону адабиётро ба назар намегирифтам имруз камехам бошад акл ба сарам омад ва ин гуфтахову шеърхои бузургонро бо чашми дигар менигарам…Хазор рахмат, ки ингуна сомонахо хастанд ва моро аз гузаштагонамон хабардор мекунанд. Ташакури зиёд барои мехнататон!

  5. Аватар

    Рахмат

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.