
Вера хомӯш буд. Синну солаш ба чилу ду расидааст. Ин фарзанди чаҳорум мешавад. Аммо барояш он қадар ҳам мақбул нест. Пул кам. Базӯр аз маош то маош мерасад.
— Ба ҳомиладориатон панҷ-шаш ҳафта шудааст, — гуфт духтур асбобҳоро ба қуттӣ партофта ва дастпӯшакҳои резиниро бадар карда.
— Таваллуд мекунед?
Вера хомӯш буд. Синну солаш ба чилу ду расидааст. Ин фарзанди чаҳорум мешавад. Аммо барояш он қадар ҳам мақбул нест. Пул кам. Базӯр аз маош то маош мерасад.
Фарзандони калонӣ мехонанд. Духтарчаи хурдӣ ҳам имсол мактаб меравад. Ба вай ҳам сарутан, сумкаи нав, боз китобу дафтарҳо лозиманд.
Ана, ин дар батнаш буда, сарборӣ менамояд.
«Бо шавҳарам маслиҳат мекунам, — ба хулоса омад ӯ. — Бинем, ки чӣ мегӯяд».
— Ман назди духтур будам, — хабар дод Вера ҳангоми таоми шом. Дар ҳақиқат ҳамл доштаам. Шаш ҳафтаина шудааст.
Шавҳар хӯрокхӯриро бас карда, чумчаро як сӯ гузошт.
— Чӣ ҳам мекардем. Таваллуд кун. Нағз мешавад, ду писару ду духтар. Ба як ҳисоб оилаамон пурра мешавад.
Майлаш-куя, аммо бо чӣ зиндагӣ мекунем? — мегуфт завҷа. Вай дар бораи писарони калонӣ, фарзанди сеюмашон духтарча гап зада, менолид ва мегуфт, ки барои ба пой мондани онҳо боз чизҳои зиёд лозим аст. Ва таваллуди боз як фарзанди дигар беақлие беш нест.
— Фардо таҳлилҳоро барои исқоти ҳамл месупорам, — гуфт ӯ бо қатъият.
Вақте, ки тамоми таҳлилҳоро супорид, Вера ба ҳоли маъюсӣ афтод. Ба назараш гум кардани одамчаи дар батнаш афзоишёбанда ҳодисаи хеле ҳузнангез намуд.
Мумкин ин духтарчаи сафедрӯ, паричеҳра, зебою шӯхчанг бошад.
То маслиҳатгоҳи занона Вера тариқи трамвайи пур аз мусофир, ки ба ҳамдигар фишор меоварданд, раҳсипор буд. Ба истгоҳ худаш нафаромад, балки ӯро тела дода бароварданд. Ва аз куҷое, тасмачае канда шуда, зери по афтод. Дар аввал нафаҳмид, ки он аз куҷо пайдо шуд. Ва вақте фаҳмид якбора овоз баланд кард. Тасмача аз они сумкачаи худаш будааст.
Дуздон онро осонакак бурида, сумкачаро рабудаанд. Вераро ба ғайр аз ба хона баргаштан дигар илоҷ намонда буд.
Зарур омад баъзе аз ташхисҳоро такроран супорад, баъзеи дигарро аз нав барқарор кунад.
Бори дуюм ҳангоми баромадан аз автобус Вера афтода, пояшро маҷрӯҳ кард.
«Дафъаи дигар равам шояд гарданамро шиканам», — маҳзунона фикр мекард ӯ. Қарор дод, ки кӯдакро таваллуд мекунад. Ва ором шуд.
Ҳомиладорӣ хуб мегузашт. Вера аллакай медонист, ки духтар мезояд.
Лекин дар ташхиси дуюми УЗИ гӯё замину осмон ба ларза омад. Духтур дар организми ҷанин аломати бемории Даунро гумонбар шуд.
— Ба шумо лозим аст, ки таҳлили обҳои наздики ҷанин — амниосентезро супоред, гуфта духтур роҳхатро супорид. Таъкид мекунам, ки чунин муолиҷа барои ҷанин хатар ҳам дорад. Мумкин он ҳатто сабаби партофти бори ҳамл ва воридшавии инфексияҳои сироятӣ бигардад. Вера хуб фикр карда, ба таҳлилсупорӣ розӣ шуд.
Дар рӯзи таъиншуда ҳамроҳи шавҳар ба маслиҳатгоҳи занона омад.
Ҳамсар дар роҳрав интизор шуд. Вера бо хавотирӣ, бо пойҳои бемадор ба ҳуҷра даромад. Духтур тапиши дили ҷанинро гӯш кард. Он аз меъёр хеле зиёд буд.
— Сабр мекунем, — қарор дод духтур, — ҳоло ба бадани модар магнезия мефиристем.
Магнезияро ворид намуда, барои ором шудан Вераро ба роҳрав фиристоданд.
Чанд муддат гузашт. Ӯро аз нав ба ҳуҷра даъват карданд.
Қалбчаи ҷанин ором гардида буд. Лекин рӯяшро ба дигар тараф гардонида буд. Дар ин ҳолат гирифтани таҳлил имкон надошт.
— Боз ҳам интизор мешавем, — гуфт духтур, — мумкин аст, рӯяшро ба тарафи даркорӣ бигардонад.
Дафъаи сеюм ҳамааш хуб шуд. Ҷанин рӯи худро ба самти зарурӣ гардонид. Тапиши дилаш ҳам мӯътадил гардида буд.
Модарро ба амалиёт омода намуданд.
Ҳаво гарм буд. Бо мақсади ворид шудани шамолаке, тирезаҳои ҳуҷраро калон кушода буданд.
Ҳамшира қуттии асбобҳоро ба даст гирифт. Аммо ҳамин вақт… Аз тиреза кабӯтаре дохили ҳуҷра гардид.
Паррандаи ба ҳарос афтода, бо мақсади раҳоӣ аз ин вазъияти нобоб худро ба ҳар ҷо мезад.
Ҳамшира аз тарс қуттиро аз даст афтонд. Асбобҳо ба фарш паҳну парешон шуданд.
Вераро то аз ҳуҷра баровардани кабӯтар ва омода намудани асбобҳои тамйизшудаи нав боз ба роҳрав фиристоданд.
— Ин боз чӣ шӯру ғавғо, — хавотир шуд шавҳар.
— Кабӯтар зада даромад, ҳамаро дарҳам-барҳам зад, — гуфт зан.
— Вера, — гуфт шавҳар, — ҳамаи ин ҳодисот бедарак не. Ин ҷо ягон гап нуҳуфтааст. Биё, хона равем. Ва онҳо рафтанд.
Дар вақту соати муқаррарӣ Вера духтарча тавлид кард.
Ҳозир ӯ даҳсола аст.
Сафедрӯ, паричеҳра, зебою шӯхчанг.
© Рустамов З., 2025
Аз саҳифаи Людмила Киселёва, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов