Таҳрири охирин 21.09.2025
Собиқадори меҳнат Заҳриддин Рустамов (тав. 23.03.1952) хатмкардаи шуъбаи журналистикаи УДТ ба номи В. И. Ленин (1974) аст. Солҳои зиёде дар мақомоти ҳизбию давлатӣ заҳмат кашид, чанде роҳбари аввали ноҳия ҳам буд. Имрӯз, синну солаш кайҳо аз 70 гузашта бошад бошад ҳам, фаъол аст, Шурои собиқадорони ноҳияро сарварӣ мекунад, китоб менависад, дар сомонаҳои иҷтимоӣ сеҳри қаламашро зуд-зуд намоиш медиҳад.
Заҳриддин инсони заҳматкаш, покният, қадршинос, одамдӯст ва ҷамъиятӣ аст. Дар зиндагӣ ҳам бачагию ҷавонии душвор, вале фаъолу пуршарафро паси сар кардааст. Бинобар ин мавзуи навиштаҳояш ҳам асосан одамон, сарнавишти онҳо, саҳми онон дар таърих, зинда кардани ному корнамоиҳои фаромӯшшуда, дар зиндагӣ муқаддас ва аввалиндараҷа будани оила ва муносибатҳои дохилии он — зану шавҳарӣ, падару фарзандӣ, модару фарзандӣ, бародарӣ, хоҳарӣ буда пешниҳоди он бисёр ҷолиб ва мутаассир аст. Аз ин ҷост, ки хонанда ҳар як асари ӯро гуфтан метавон «ба як нафас» мехонад.
Бароятон намунае аз эҷодиёт ва тарҷумаҳои З. Рустамов пешниҳод мешавад. Ману ако Заҳриддин парвардаи як донишгоҳ, як факулта ҳастем, устодҳомон ҳам яканд. Фақат он кас донишгоҳро се сол пештар хатм кардаасту ба ман ҳаққи устодӣ дорад. Ба замми ин ӯ МУАЛЛИФ аст ва ман наметавонам бидуни иҷоза навиштаҳои ӯро таҳрир ва дигаргун кунам. Аз ин рӯ матн бе таҳрир, бо нигоҳ доштани имло ва услуби вижаи муаллиф интишор мегардад.
P.S: Дар ҳар саҳифа яктогӣ расм аз тасвирҳои фейсбукии муаллиф насб шудаанд.