Дар ин расм австралиягӣ Ҷеймс Ҳаррисонро мебинед. Ӯ 82 сол умр дорад. Мазкур ҳамчунин бо номи “Одами хунаш тиллоӣ” ё ин ки “Одами дастонаш тилло” машҳур аст.
Дар синни 14 солагӣ Ҷеймс ҷарроҳии вазнини қафаси синаро аз сар гузаронид. Барои офияти ӯ таъҷилан 13 литр хуни донорӣ лозим шуд. Пас аз ҷарроҳӣ ӯ боз се моҳи дигар дар шифохона хобид.
Бо дарки он, ки хуни донорӣ ҳаёти ӯро наҷот бахшид, ба худ қавл дод, ки ҳамин ки синнаш ба 18 солагӣ расид, ҳатман донор шуда ба ниёзмандон кӯмак мерасонад.
Аз соли 1954 ба хундиҳӣ сар кард. Пас аз чанде маълум гардид, ки дар таркиби хуни ӯ антителаҳои пурқувват (антитела – заррачаҳои хурдтарине, ки аз сафеда иборат буда, барои ҳимояи организм пайдо мешавад) ва мустаҳкам нисбати антигени D резус — фактор (антиген – заррачаҳои бегонаи барои организм зараровар) мавҷуд аст. Хуни Ҳаррисон он қадар ҳам ноёбу ғайриоддӣ буд, ки ҳаёти ӯро ба як миллион доллар суғурта карданд. Дар асоси плазмаи хуни ӯ зардоба ихтироъ карда шуд. Ин зардоба ба зани ҳомилаи резусаш манфӣ, ки дар батн тифли резусаш мусбӣ дорад, барои бартараф кардани рушди антитела дар хуни фарзанд ва пешгирии зардпарвини гемолитии навзодон истифода карда мешавад.
Ҳаррисон плазмаи худро ба ҳисоби миёна дар се ҳафта як бор, давоми 57 сол месупорид. Моҳи майи соли 2011 ӯ ҳазорумин маротиба хун супорид, ки рекорди ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
То соли 2015 тамоми препаратҳои антирезусии Австралия аз плазмаи хуни Ҳаррисон омода карда мешуданд. Моҳи майи соли 2018 Ҳаррисон бори охирин хун супорид. Дар байни ин солҳо плазмаи хуни Ҳаррисон ҳаёти зиёда аз 2 миллион навзодон, аз ҷумла набераи худи ӯро наҷот дод.
© Рустамов З., 2025
Аз саҳифаи “БОРЩ без BREADa”, аз 10.06.2024, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов