
Соҳибхона дари вазнини даромадро кушода… ба ҳайрат афтод. Ба дидааш бовар намекард. Нахуст эҳсос кард, ки зани дар зинапояи даромадгоҳ истода ҳоли табоҳ дорад. Лекин дурусттар нигоҳ карда, оқибат фаҳмид, ки он зан хушдомани собиқаш Лидия Эмилевна мебошад.
Ба даромадгоҳи манзили нави бошукӯҳ, ки ҳамагӣ як моҳ қабл Мария харида буд, занг заданд.
— Аҷоибот аст, ки ман имрӯз касеро интизорӣ надорам. Димка дар мактаб. Боз ин кӣ бошад? Хизматгорзан чаро оиди омаду рафти бегонагон маро пешакӣ огоҳ намекунад? Охир, барои чӣ ман ба вай маош медиҳам? Ин чӣ фориғболӣ! Эҳ, ин одамон умуман кор кардан намехоҳанд!
Мария бо дили нохоҳам аз сари ноутбук, ки кори худро оиди дизайн — лоиҳаи нав анҷом медод, бархост. Мӯҳлат кам монда буд. Корфармо аз он, ки камбудиҳо ҳанӯз бисёранд, ба ташвиш омада, бо қатъият аз ӯ анҷоми корро талаб мекард.
Соҳибхона дари вазнини даромадро кушода… ба ҳайрат афтод. Ба дидааш бовар намекард. Нахуст эҳсос кард, ки зани дар зинапояи даромадгоҳ истода ҳоли табоҳ дорад. Лекин дурусттар нигоҳ карда, оқибат фаҳмид, ки он зан хушдомани собиқаш Лидия Эмилевна мебошад.
— Ана ин вохӯрӣ! Аз рӯи виҷдон мегӯям умедвор набудам, ки ягон вақт боз дидори шуморо мебинам.
— Чӣ иттифоқ афтодааст, ки мани ношоиста ба ташрифи шумо барин зоти мӯътабар лоиқ гардидаам, — мегуфт Мария, хоҳиши ба рӯи меҳмони нохонда бастани дарро ба зӯр пинҳон карда.
— Салом, Машенка. Мумкин аст ба хона дароям? Охир, дар даромадгоҳ сухан гуфтан аз рӯи одоб нест, — мегуфт собиқ хушдоман, ки аз такаббури ӯ асаре намонда буд.
— Шуморо ба ин ҷо чӣ овард, Лидия Эмилевна? Охир шумо маро дар қатори одам ҳисоб намекардед? Ягон воқеае рӯй дод? Бо вуҷуди ин ба шумо менигараму ҳис мекунам, ки дар зиндагии шумо тағйиротҳои ҷиддӣ рӯй додаанд.
— Аз ту хоҳиш мекунам, Мария. Маро бишнав…
— Аҷоибот-ку! Шумо ҳам хоҳиш карда метавонистаед?! Ман гумон мекардам, ки фақат фармонравоӣ ва ба иззати нафси одамони заиф, бепушту паноҳ, ки аз ӯҳдаи ҳимояи худ намебароянд, расида метавонеду халос!
— Маша, аз ту илтиҷо мекунам, азобам хеле сахт аст, — домони гиряро сар дод, пиразан.
— Ба хона гузаред, — гуфт Мария, ки ба гиряи одамон беэътиноӣ карда наметавонист.
— Фақат огоҳ мекунам. Ба шумо фақат панҷ дақиқа вақт дода мешавад, на аз он зиёду на кам. Корам бисёр. Ва дар омади гап. Суроғаи маро ба шумо кӣ дод?
Лидия Эмилевна бо мароқи зиёд тарҳи зебои нақшу нигор ва ҷиҳози дохили хонаи собиқ келинашро наззора мекард. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки вай аз ороиш ва зебу зиннати манзил дар шигифт монда буд.
Ба ҳуҷраи қабули меҳмонон гузашта, ба диван нишаст. Мария ҳамроҳӣ накарда, дар рӯ ба рӯяш рост истод. Маҳз нанишаст. То ба меҳмони нохонда бифаҳмонад, ки ӯ бо вай барои мулоқоти тӯлонӣ вақти бекора надорад.
— Ба ёфтани суроға ба ман одамони нек кӯмак карданд, Ташаккур ба онҳо. Хонаи ту чӣ ҳад зебост, Машенка! Кӣ ҳам хаёл мекард, ки ту бадавлат шуда, соҳиби чунин кошона мегардӣ!
— Ҳамааш маълум. Охир, шумо маро ҳамчун инсони пасмондаи ношоям ба худатон ва писаратон нолоиқ мешуморидед. Ҳамту не? Кӯшиш мекардед дар ҳар маврид маро бо суханони таҳқиромез: духтари деҳотӣ аз оилаи омӣ, ки ҷасорат карда, арӯси ин хонадони мӯътабар гардидааст, наҳ зада, ҳар рӯз зиндагии маро талх мекардед.
Ман нағз дар ёд дорам ва ҳаргиз таъкидҳои шуморо, ки аз зоти ашрофзодагони наҷибу асил ҳастеду аҷдоди шумо то ба императорзани Русия Мария Федоровна рафта мерасад, фаромӯш накардаам, — гуфт Мария бо ғурур ва гирифтани лаззат аз ҳар калимоти худ.
— Наберачаи ман Димка дар куҷост? — гуфта зан хост ҳамлаи хусуматомези собиқ келинашро рад намояд.
— Вай ба шумо чӣ даркор? Шонздаҳ сол ӯ дар фаромӯшӣ буд. Имрӯз якбора ба ёд овардед? Ҳиссиёти аҷдодӣ ба ҷунбиш омад? — бо оҳанги истеҳзо таъна зад Мария.
— Ман ба ин ҳуқуқ дорам. Ман бибиаш ҳастам! — аз нав аз зоти дворянҳо буданашро ба хотир оварда, бо фахр ҷавоб дод, Лидия Эмилевна.
Дмитрий дар мактаб мехонад. Синфашон хатмкунанда аст. Агар шумо бо мақсади барқарор намудани равобити хешутаборӣ ва минбаъд бо ӯ рафтуомад кардан дошта бошед, ҳисоб кунед, ки ин ниятатон хом аст. Дима дар бораи падараш ва шумо ягон чиро шунидан намехоҳад, — гуфт бо фараҳмандии рӯйрост Мария.
— Ба ман кӯмаки ту лозим, Маша. Ҳолам хароб аст,- нолишомез гуфт, меҳмони нохонда.
— Кӯмаки ман? Шумо чиҳо мегӯед, Лидия Эмилевна! Чӣ шуморо маҷбур кард, ки то ҳамин дараҷа ба пастӣ рафта расед. Пурсидани кӯмак ба таъбири худатон аз гадойзани ношоиста, камсавод, торику ҷоҳил магар мумкин аст? Ҳамин гапҳоро шумо, ки дар рагҳоятон хуни асилзодагон ҷорист, нагуфтаед, — табассум карда, суханонашро идома медод, Мария. Ҳоло ҳозир ин суханонро гуфта, Мария дар худ ҳиссиёти баланди қаноатмандиро эҳсос менамуд.
Дар дунё дар ҳақиқат адолат гуфтанӣ чиз будааст! Мана, имрӯз барои гуфтани сухани ҳақ Худованд ӯро боз ба ин зани болоназар рӯбарӯ кард. Ва Мария ба вай, ки дар гузашта ҳаёти оилавии ӯро барбод дода, қаноташро шикаста буд, акнун метавонад аз баландӣ ва ба чашмонаш рост нигоҳ карда, санги маломат занад.
Марияе, ки дар ҳаёт ҳамаи дастовардҳоро худ ноил гардида буд, акнун ихтиёр дошт, собиқ хушдоманро, ки баҳри кӯмак омадааст, афв намояд, ё аз дар биронад.
…Дар хурдӣ Маша фақат як орзу дошт. Соҳиб шудан ба касби дизайнерӣ (зебосозӣ).
Дар шаҳраки онҳо, ки на он қадар дур аз Петербург қарор дошт, оиди ин касб касе мафҳум надошт ва барои бисёриҳо машғулоти номаълум буд. Лекин духтарбача сарфаҳм мерафт, ки дар оянда маҳз бо ҳамин касб машғул мешавад.
Вай зиёд кӯшиш мекард дар мактаб нағз хонад, ба макотиби олӣ дохил шуда, бе маблағи волидайн соҳибмаълумот гардад.
Падару модари ӯ, ки солҳои зиёд дар фабрикаи мебелбарории маҳаллӣ кор мекарданд, Марияро бо маблағ дастгирӣ карда наметавонистанд.
Чунки ба ғайри ӯ дар оила боз ду писар ба воя мерасид. Модар аз ӯ хоҳиш мекард, ки ба донишкадаи омӯзгорӣ дохил шавад.
— Ҳамеша кор ҳам пайдо мешавад. Метавонӣ ба мактаби хондаат баргардӣ. Аз омӯзгорӣ дида, магар касби хубе ҳаст? — талқин мекард, модар.
— Не, модарҷон, ман аллакай касбамро муайян кардаам, — якравона мегуфт Маша.
Ба шаҳри калон ва пурғавғо омада, сараввал духтарбача худро гум кард, аммо бо духтарон — даъвогарони донишҷӯӣ шинос шуда, ҳаёти шаҳрро азхуд намуд. Ба донишкада дохил шуда, дар вақтҳои холӣ аз дарсҳо пешхизмат шуда, кор кард.
Акнун маош ва идрорпулӣ барои зиндагӣ ва таҳсили беташвиш мерасид. Бахусус, ки дар хобгоҳ ҳама чиз умумӣ буд, аз ҷумла омода ва қабули таом.
Баъд дар ҳамин ҷо бо Георгий шинос шуд. Ӯ гуфта наметавонист, ки ин ишқ аз нигоҳи аввал буд.
Лекин ҷавонмард бо кадом хислате диққати ӯро ба худ ҷалб намуд. Вай монанди онҳое, ки то ин вақт мешинохт, набуд.
Георгий ва Мария вақти зиёди худро дар саёҳати кӯчаҳои зебо ва мавзеъҳои наздисоҳилии Санкт-Петербург мегузарониданд.
Георгий ба духтар бо шавқ дар бораи биноҳои таърихӣ, сокинони намоёни шаҳр ва бузургоне, ки онро зиёрат кардаанд, ҳикояҳои ғароиб мекард. Ва дар бораи он, ки худ ҳам аз ашрофзодагон аст, қисса мекард. Охирин гуфтаҳои ҷавон Машаро ба ҳайрат овард, вале ӯ ба ин тақрибан бовар намекард.
«Чӣ хел вай дворянин (ашрофзода) мешудааст, — мегуфт ба худ. — Ба монанди дигарон ҷавони муқаррарӣ мебошаду халос. Фақат ҳамин, ки каме бодабдаба. Ин ҳама натиҷаи тарбия аст,» — фикр мекард Мария дар бораи рафиқи худ. Ба ҳар ҳол ба Марияи ҳайратзада Георгий аҷдоди худро ҳамин тавр маънидод кард.
Рафта-рафта дӯстӣ ба ишқ мубаддал гардид. Ба духтар эҳсосоти худро баён карда, Георгий хоҳиш кард, бо модараш шинос шавад. Онҳо дар квартираи калони қадимӣ, ки сақфи он гаҷкорӣ карда, оташдони (камин) бузург дошт, мезистанд. Бинои қадима дар асри ҳаждаҳум сохта шуда буд.
— Салом, духтарак, — бе такаллуф пешвоз гирифт ӯро хушдомани ояндааш. — Маро Лидия Эмилевна меноманд. Шуморо чӣ?
— Маша… Мария, — дасту по хӯрд духтар аз ин қабули сардакаки соҳибхона.
— Номатон номи шоиста. Аммо дигар боқимонда… Зан бо ҳазар ва танаффур аз сар то пой, сарулибоси хоксорона, пойафзоли варзишӣ ва мӯйи тугунча карда бо резинка бастаи духтарро бо нигоҳи маҳвкунанда аз назар гузаронид.
— Модарҷон, тарсонидани Машаи маро бас кун, — тарафи духтарро гирифта гуфт, Георгий.
— Кӣ гуфт, ки ӯро метарсонам? Хулосаи гап ҳамин, ки ӯ бояд бидонад: мо кӣ ҳастему ӯ кист! — ба сӯҳбат нуқтаи таммат гузошт, хушдоман.
Аз Мария дар бораи волидайни ӯ муфассал пурсида гирифта, сипас оиди таърихи хонадони пуршони худ, ки дар ин бора ба ӯ чандин маротиба Георгий гуфта буд, нақл кард.
Аз ҳамон рӯз сар карда, модари Георгий тамоми корҳоро мекард, то писарашро аз Мария ҷудо гардонад. Духтарро ба арӯсии писараш мутлақо нолоиқ медонист.
Баъди тӯй оилаи ҷавон зиндагиро ҳамроҳи модари домод сар карданд. Лидия Эмилевна аз тарси Георгий бо келин ба ихтилофи ошкоро намерафт. Лекин ҳамаи хату ҳаракатҳояш бадбинона, хӯрдагирона буданд ва Марияро духтаре аз байни халқи омӣ номида, таҳқиру тавҳин мекард.
Ҳатто тавлиди набера дили сангини ӯро нарм накард.
— Ту муносиби писари ман нестӣ! Ҷавони камтаҷрибаро ба доми фиреб афтонида, акнун хурсанд ҳастӣ?! Ман медонам, шумо колхозиҳои дайдуро! Мақсади шумо танҳо ба оилаи бонуфузе хешовандӣ пайдо карда, ба қайди хонаи вай даромада, сипас соҳиби манзилгоҳи муфт шудан мебошад, — бо истеҳзо мегуфт Лидия Эмилевна ба Марияи ҳайратзада.
— Ман писари шуморо дӯст медорам, — бо тамкин ҷавоб медод, келини ба тангомада.
Якчанд маротиба Мария аз шавҳар хоҳиш кард, ки хонаи хушдоманро тарк карда, алоҳида зиндагӣ кунанд. Лекин дар ин бора Георгий шунидан ҳам намехост.
— Гапҳои аҳмақона магӯ! Ҳамин қадар квартираи калонро монда, ба манзили дигар меравем?
— Маро модари ту чашми дидан надорад!
— Ту хато мекунӣ. Вай ҳамин, ки дар ифодаи суханҳо ва ҳиссиёт як қадар сахтгӯ аст.
Ҳамин хел тарбият ёфтааст, чӣ кунам? — соддалавҳона мегуфт Георгий. Аммо аз он бехабар, ки ҳамарӯза модарҷони дар ҳамин рӯҳ тарбиятёфтаи вай ба келин чӣ дуруштӣ ва бадгӯиҳо менамояд!
Ва боре воқеае рӯй дод, ки он дар муносибатҳои зану шавҳар нуқта гузошт ва ба ин зани бетараҳҳум воситае гардид, ки орзуи деринаи худ — аз хона пеш кардани келинро амалӣ намояд.
Ҳамон рӯз Маша аз хонаи падару модар, ки он ҷо ҳамроҳи Димаи хурдсол якчанд рӯз меҳмон буд, ба хона баргашт. Вориди квартира гардида, дарҳол ҳис кард, ки хона меҳмон дорад.
Аз ҳуҷраи қабули меҳмонон ба гӯш мусиқии сабук, хандаи айёшонаи занон ва ҷарангоси ҷомҳои шароб мерасид. Он ҷо даромада, Маша хушдоман ва кадом як занеро, ки тақрибан ҳамсоли Лидия Эмилевна буд, дид.
— Оҳ, омадӣ! Чӣ хел дар фурсати номувофиқ! — бо таассуф мегуфт модари шавҳар.
— Ин кист? — ба ҳайрат омада, пурсид зани меҳмон, ки дар даст ҷоми май дошт.
— Ин иштибоҳи Георгийи ман аст. Ба хона донам-надонам, ҳаминро кашола карда овард, — мегуфт хушдоман ба ҳузури Мария эътиборе надода.
— Георгий дар куҷост? — пурсид таҳқирҳои хушдоманро дигар тоқат карда натавониста, Мария.
Ва ҳамин вақт аз хонаи хоби ӯ ва шавҳар садои хандаи зан баланд шуд. Дарро кушода, он ҷо шавҳар ва кадом як духтари ношиносро дид.
Георгий ношиноси қиқирросзанон хандида истодаро навозишкорона оғӯш мекард. Баъд бехабар аз ҳузури Маша духтаракро бӯсид.
— Падар, — фарёд зад Димка, ки дар дасти модар қарор дошт.
Мария бо гузашти чандин вақт дурудароз ба хотир меовард, ки он гоҳ дар хона бо ҳамаи онҳое, ки дар квартира буданд, чӣ рақам шӯре барпо кард.
Шавҳар ва ношиноси ҷавон ҳаққашонро гирифтанд. Мария рақиби ҳамхобаи худро аз мӯйҳояш кашида, хуб кӯфт.
Хушдоман ва модари маъшуқаи нав, ки ба имдоди ҷуфти нав шитофтанд, бенасиб намонданд.
Маша ба унвону рутбаи ашрофу асилзодагон нигоҳ накарда, ба чапу рост ба рӯй, тахтапушт ва сурини онҳо мушту лагад мезад. Димка гиря мекард. Хушдоман чиррос мезад. Георгий ноӯҳдабароёна дастони зани ба хашм омадаро доштанӣ мешуд. Аммо бефоида. Мария ҳамон вақт қарор гирифт, ки алами дилашро холӣ карда, монда шуда буд.
— Аз хона дафъ шав! — гуфта, хушдоман ба остонаи дар сарулибос, чизҳои Маша ва Димкаро ҳаво дода, ба келин ҳатто имконияти дар ҷомадон ҷобаҷо кардани онҳоро надод. — Аз хона дафъ шав, саги бадзот!
Худи пагоҳ Георгий ба сабти асноди шаҳрвандӣ рафта, ин иштибоҳи бемаъниро, ки аз сабаби тирагии ақл роҳ додааст, ислоҳ менамояд. Алиментро фаромӯш кун! Аздусар ба туву баччаат чизе намерасад!
Маша бо илоҷе колои паҳну парешони назди дари квартираи қадимаро, ки барояш дару девораш дигар пӯшида шуда буд, як илоҷе карда, ғундошта гирифт.
Дар ҳавои хунук, ки то мағз-мағзи устухонҳо рафта мерасид, бо писари гирён манзили номеҳрубонро тарк карда, бо таваккул сӯе, ки чашмон медиданд, қадам монд…
Ба бахти модару фарзанд онҳоро яке аз занони ҳамсабақ ба муддати кӯтоҳ ба хонааш роҳ дод. Дар ин байн қисмат Марияро бо бисёр душвориҳо: бепулӣ, бенавоӣ, кор дар ду баст ва бемории Димка, ки бо сабаби шамолхӯрии шушҳо дар байни ҳаёт ва марг буд, санҷид.
Ҳамаи онҳоро Маша паси сар кард. Ба душвориҳо ғолиб омад. Соҳиби маълумоти олӣ шуд. Бигузор дер бошад ҳам, ҷойи хуби кор ёфта, мутахассиси муваффақ гардид.
…Ана, акнун ин зане, ки ҳамроҳи писар маротибае ёди набера ва писар накарданд, рӯбарӯи Мария нишастааст.
— Ба ман кӯмак лозим аст, — ашки чашмонашро пок карда, такрор кард зан.
— Ва чӣ навъ кӯмак? Магар Георгий наметавонад, ба модари худ ёрӣ расонад?
— Охир, ҳамин Георгий маро ба ҳамин ҳол оварда расонд! Аввал ба мо лозим омад, ки квартираи олиҷаноби аҷдодиро фурӯшем. Инро мо маҷбуран кардем, чунки вай тамоман кор кардан намехоҳад. Шоҳона зиндагӣ карданро дӯст медорад, зеро ба ин тарзи рӯзгузаронӣ одат кардааст.
Ба квартираи дуҳуҷрагӣ гузаштем. Лекин пулҳоямон зуд тамом шуданд. Георгий маротибаи дигар кӯшиш кард, оила барпо намояд. Вале шавҳари бекор ба кӣ ҳам лозим? Виктория ӯро зуд аз хона ронд. Писарам ба шароб дода шуд. Аввал кам-кам менӯшид. Баъд…
Ман ӯро табобат кардам, хоҳиш ва ҳатто илтиҷо кардам — лекин ҳамааш бефоида!
… Аз бинои коммуналӣ як ҳуҷра харидем. Бе шароити хуби зиндагӣ. Бо як сухан бароямон даҳшатовар буд. Лекин мо ба ин шароит одат кардем.
— Албатта, ки шунидани ҳамаи ин мароқовар аст, аммо панҷ дақиқаи ба Шумо ҷудошуда ба охир расид. Аз ман ба шумо чӣ лозим! — бо қатъият пурсид, Мария.
— Маша, охир ту ба мо бегона нестӣ. Писари ту, набераи ман аст ва дар ӯ хуни асилзодагон ҷорист…
— Хоҳиш мекунам, ана дар бораи ҳамин даҳон накушоед. Маро аз чунин сафсаттаҳо амон диҳед. Ман зоти асилзодаҳои шуморо хеле хуб омӯхтаам ва шаҳдашро ҳам чашидаам.
Мо бо ҳамин гуфти шумо пешаи деҳотиамон ҳам зиндагии хуб дорем. Чӣ мехоҳед? Шонздаҳ сол қабл аз ин шумо ба муносибатҳоямон рахна задед, бо шарофати шумо хишт аз қолаб кӯчид. Байни мову шумо дигар ягон хешигарӣ боқӣ намондааст. Хонаро холӣ кунед! Ман дигар вақти бо шумо андармон шудан надорам.
— Мо аз ҳама ҷой қарздор. Георгий ҳамон ҳуҷраро ҳам ба гарав гузоштааст. Ба наздикӣ моро ба кӯча мепартоянд. Оё наметавонӣ ба ман ва писарам раҳм карда, кӯмаки пулӣ расонӣ, — гуфта, рӯяшро ба хок мемолид, Лидия Эмилевна.
— Албатта, ки не! Ҳеҷ вақт ва дар ягон ҳолат. Ба дигар одамони мӯҳтоҷ, марҳамат ва ҳатман то расидани охирин имкон ёрӣ медиҳам, аммо ба Шумо не! Шумо ман ва кӯдакамро дар хунукии қаҳратун аз хона ба кӯча рондед.
Дар хотир доред? Ба Шумо фарқаш набуд, ки мо ба куҷо меравем ва бо мо чӣ мешавад. Агар мо дар таҳи ягон девор ё қади кӯча мемурдем ҳам ба Шумо асилзодагон фарқаш набуд. Модар ва писар шунида, танҳо хурсанд мешудед.
Дар хотир доред, ҳангоме, ки писари бадгашти шумо, дар ҳуҷраи хоби мо бо зани бегона ишрат мекард, ба ҳимояи ӯ бархостед. Баъди ҳамин шумо кистед, Лидия Эмилевна?
— Маша, ин тавр нагӯ, гуноҳро бахшидан лозим…
— Набошад, рафта, аввал худатон бахшидани гуноҳро омӯзед. Ман шуморо намедонам ва донистан ҳам намехоҳам.
Ман кайҳост, ки хотиротамро дар бораи шумо ва писаратон ҳамчун хоби пурдаҳшати зиндагӣ маҳв кардаам. Худи ҳозир аз квартираи ман дафъ шавед ва бори дигар ин ҷо қадам нагузоред. Аздусар шуморо дигар вуруд шудан намемонанд. Барои ҳар як кирдор инсон бояд ҷавоб гӯяд!
Лидия Эмилевна аз ҷой бархоста, бо қомати хамида ҳуҷраро тарк кард.
Маша ба ҷойи корӣ нишаст. Бояд маводи фармударо имрӯз ба анҷом расонад. Зеро фардо ҳамроҳи Димка ба осоишгоҳи наздибаҳрӣ парвоз мекунанд. Чунки таътили Димка фаро мерасад ва пеш аз имтиҳонҳои хатми мактаб наврас бояд хуб истироҳат карда, қувват гирад.
— Ҳа, ӯро дидӣ? — модарро пешвоз гирифт, дар дами даромадгоҳи бино Георгии майзада ва пеш аз вақт пиршуда. — Маша ба мо пул медиҳад?
— Не, намедиҳад. Ҳамаашро дар хотир доштааст, падарқусур. Ман ва туро ҳеҷ бахшидан намехоҳад.
Кӣ ҳам медонист, ки кораш ин қадар омад мекунад, ба шону шӯҳрат, давлату савлат ноил шуда, дар бинои пурҳашамат соҳиби квартираи афсонавӣ мешавад.
Дохили хона тамоми ҷиҳоз қиматбаҳоянд. Гӯё ин хона не, макони пулҳои беҳисоб бошад! Эҳ, кӣ ҳам чунин шудани оқибати корро хаёл мекард. Мана, ба ту одами деҳотӣ…
Акнун ба мо зарур аст, ки ба фонди кӯмак ба зурриёти асилзодагони дворян муроҷиат намоем. Итминон мекунем, ки ба мо рад намекунанд.
— Ҳа, ҳамон ҷо рафта илтиҷо мекунем, ки ба доди мо бирасанд, — ба тарҳи бинои зебо нигариста, бо таассуф гуфт, Георгий.
© Рустамов З., 2024
Аз саҳифаи POFU — добрый юмор. 28.11.2024 аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов