З-он пештар, эй санам, ки дар раҳгузаре

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

З-он пештар, эй санам, ки дар раҳгузаре,
Хоки ману ту кӯза кунад кӯзагаре,
З-он кӯзаи май, ки нест дар вай зараре,
Пур кун қадаҳе, бихӯр, ба ман деҳ дигаре.

Дигаргунаҳо:

З-он кӯзаи май, ки нест дар вай зараре,
Пур кун қадаҳе, бихӯр, ба ман деҳ дигаре.
З-он пештар, эй санам, ки дар раҳгузаре,
Хоки ману ту кӯза кунад кӯзагаре.

З-он кӯзаи май, ки нест дар вай зараре,
Менӯш яке қадаҳ, ба ман деҳ дигаре.
З-он пеш, ки рӯзгор дар раҳгузаре,
Хоки ману ту кӯза кунад кӯзагаре.

Баргардонҳо:

О кумир! Я подобных тебе не встречал.
Я до встречи с тобой горевал и скучал,
Дай мне полную чарку и выпей со мною,
Пока чарок из нас не наделал гончар!

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: