Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Тунге майи лаъл хоҳаму девоне,
Садди рамақе бояду нисфи ноне.
В-он гаҳ ману ту нишаста дар вайроне,
Хуштар бувад аз мамлакати султоне.
Дигаргунаҳо:
Тунге майи лаъл хоҳаму девоне,
Садди рамақе бояду нисфи ноне.
В-он гаҳ ману ту нишаста дар айвоне,
Айше бошад на ҳадди ҳар султоне.
Баргардонҳо:
О, если б, захватив с собой стихов диван
Да в кувшине вина и сунув хлеб в карман,
Мне провести с тобой денек среди развалин, -
Мне позавидовать бы мог любой султан.
(Осип Румер) |