Тан дар ғами рӯзгори бедод мадеҳ

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Тан дар ғами рӯзгори бедод мадеҳ,
Ҷонро зи ғами гузаштагон ёд мадеҳ.
Дил ҷуз ба шакарлаби паризод мадеҳ,
Бе бода мабошу умр барбод мадеҳ.

Дигаргунаҳо:

Тан дар ғами рӯзгори бедод мадеҳ,
Ҷонро зи ғами гузаштагон ёд мадеҳ.
Дил ҷуз ба сари зулфи паризод мадеҳ,
Бе бода мабошу умр барбод мадеҳ.

Тан дар ғами рӯзгори бедод мадеҳ,
Моро зи ғами гузаштагон ёд мадеҳ.
Дил ҷуз ба сари зулфи паризод мадеҳ,
Бе бода мабошу умр барбод мадеҳ.

Тан дар ғами рӯзгори бедод мадеҳ,
Ҷонро зи ғами гузаштагон ёд мадеҳ.
Дил чун сари зулфи ёр бар бод мадеҳ,
Бе бода мабошу умр барбод мадеҳ.

Баргардонҳо:

Оттого, что неправеден мир, не страдай,
Не тверди нам о смерти и сам не рыдай,
Наливай в пиалу эту алую влагу,
Белогрудой красавице сердце отдай.

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: