Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Сустӣ макуну фаризаҳоро бигузор,
В-он луқма, ки дорӣ, зи касон бозмадор.
Ғайбат макуну маҷӯй касро озор,
Дар уҳдаи он ҷаҳон манам, бода биёр!
Дигаргунаҳо:
Сустӣ макуну фаризаи Ҳақ бигузор,
В-ин луқма, ки дорӣ, зи касон бозмадор.
Ғайбат макуну халқи Худоро м-озор,
Дар уҳдаи он ҷаҳон манам, бода биёр!
Сустӣ макуну фаризаҳоро бигузор,
В-он луқма, ки дорӣ, зи касон бозмадор.
Дар хуни касу моли касе қасд макун,
Дар уҳдаи он ҷаҳон манам, бода биёр!
Баргардонҳо:
Если ты не впадаешь в молитвенный раж,
Но последний кусок неимущим отдашь,
Если ты никого из друзей не предашь -
Прямо в рай попадешь... Если выпить мне дашь!
(Герман Плисецкий) |