Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт,
В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт.
Бингар, ки ба ҷойи мардумон худ чӣ кунӣ,
Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.

Дигаргунаҳо:

Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт,
В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт.
Бингар, ки чӣ мекунӣ ту бо халқи ҷаҳон,
Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.

Роз аз ҳама мардумон ниҳон бояд дошт,
В-асрор ниҳон зи нокасон бояд дошт.
Бингар, ки чӣ мекунӣ ту бо халқи Худой,
Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.

Баргардонҳо:

С людьми ты тайной не делись своей,
Ведь ты не знаешь, кто из них подлей.
Как сам ты поступаешь с Божьей тварью,
Того же жди себе и от людей.

(Владимир Державин)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: