Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Онҳо, ки кашандаи набиди нобанд
В-онҳо, ки ба шаб мудом дар меҳробанд.
Бар хушк яке нест, ҳама дар обанд,
Бедор якест, дигарон дар хобанд.
Дигаргунаҳо:
Онҳо, ки кашандаи набиди нобанд
В-онҳо, ки ба шаб ҳамеша дар меҳробанд.
Бар хушк касе нест, ҳама дар обанд,
Бедор якест, дигарон дар хобанд.
Онон, ки кашандаи шароби нобанд,
В-онон, ки ба шаб ҳамеша дар меҳробанд,
Бар хушк касе нест, ҳама дар обанд,
Бедор якест, дигарон дар хобанд.
Баргардонҳо:
Те, что ищут забвения в чистом вине,
Те, что молятся богу в ночной тишине, -
Все они, как во сне, над разверзнутой бездной,
А Единый над ними не спит в вышине!
(Герман Плисецкий) |