Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Мепурсидӣ, ки чист ин нақши маҷоз,
Гар баргӯям, ҳақиқаташ ҳаст дароз.
Нақшест падид омада аз дарёе,
В-он гоҳ шуда ба қаъри он дарё боз.
Дигаргунаҳо:
Мепурсидӣ, ки чист ин нафси маҷоз,
Гар баргӯям, ҳақиқаташ ҳаст дароз.
Нафсест падид омада аз дарёе
В-он гоҳ шуда ба қаъри он дарё боз.
Баргардонҳо:
Про зыбкий образ мира вопрошаешь -
Узнать ты слишком много замышляешь?
Из бездны океана он возник
И в бездну канет вновь - ужель не знаешь?
(Ц. Бану, К. Арсенева) |