Маъшуқ, ки умраш чу ғамам бод дароз

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Маъшуқ, ки умраш чу ғамам бод дароз,
Имрӯз ба нав талаттуфе кард оғоз.
Бар чашми ман андохт даме чашму рафт,
Яъне ки: «накуӣ куну дар об андоз».

Дигаргунаҳо:

Маъшуқа, ки умраш чу ғамам бод дароз,
Имрӯз ба нав талаттуфе кард оғоз.
Бар чашми ман андохт даме чашму бирафт,
Яъне ки: «накуӣ куну дар об андоз».

Дилбурда, ки умраш чу ғамам бод дароз,
Имрӯз талаттуфе зи нав кард оғоз.
Бар чашми ман андохт даме чашму бирафт,
Яъне ки накуӣ куну дар об андоз.

Баргардонҳо:

Красавица, - ей я желаю счастливей удела!
Быть вновь благосклонной сегодня ко мне захотела.
В глаза мне взглянув, вдруг исчезла, как будто сказала:
«Добро совершивши, ты в воду бросай его смело».

(А. Старостин)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: