Май дар кафи ман неҳ, ки дилам дар хоб аст

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Май дар кафи ман неҳ, ки дилам дар хоб аст
В-ин умри гурезпой чун симоб аст.
Бархез, ки бедории давлат хоб аст,
Дарёб, ки оташи ҷавонӣ об аст.

Дигаргунаҳо:

Май дар кафи ман неҳ, ки дилам дар тоб аст
В-ин умри гурезпой чун симоб аст.
Дарёб, ки оташи ҷавонӣ об аст,
Ҳуш дор, ки бедории давлат хоб аст.

Баргардонҳо:

Налей вина, саки! Тоска стесняет грудь:
Не удержать нам жизнь, текучую, как ртуть.
Не медли! Краток сон дарованного счастья.
Не медли! Юности, увы, недолог путь.

(Осип Румер)