Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз,
То з-ӯ талабам воситаи умри дароз.
Лаб бар лаби ман ниҳоду мегуфт ба роз:
«Май хӯр, ки бад-ин ҷаҳон намеойӣ боз».

Дигаргунаҳо:

Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз,
То з-ӯ талабам воситаи умри дароз.
Лаб бар лаби ман ниҳоду баргуфт ба роз:
«Ман ҳам чу ту будаам, даме бо ман соз».

Баргардонҳо:

Я устами прижался к устам кувшина.
Долгой жизни испрашивал я у вина.
«Пей, - кувшин прошептал, - и не спрашивай много,
Ибо участь твоя без меня решена».

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: