Кас хулду ҷаҳимро надидаст, эй дил

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Кас хулду ҷаҳимро надидаст, эй дил,
Гӯйӣ: «Кӣ аз он ҷаҳон расидаст?» Эй дил!
Умеду ҳароси мо ба чизест, к-аз он
Ҷуз ному нишоне на падид аст, эй дил!

Дигаргунаҳо:

Кас хулду ҷаҳимро надидаст, эй дил,
Он кист, к-аз он ҷаҳон расидаст, эй дил!
Умеду ҳароси мо ба чизест, к-аз он
Ҷуз ному нишоне на падид аст, эй дил!

Баргардонҳо:

Никто не лицезрел ни рая, ни геенны;
Вернулся ль кто-нибудь оттуда в мир ваш тленный?
Но эти призраки бесплотные - для нас
И страхов и надежд источник неизменный.

(Осип Румер)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: