Ин чарх, ки бо касе намегӯяд роз

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Ин чарх, ки бо касе намегӯяд роз,
Кушта ба ситам ҳазор Маҳмуду Аёз.
Май хӯр, ки ба кас умри дубора надиҳанд,
Ҳар кас, ки шуд аз ҷаҳон, намеояд боз.

Дигаргунаҳо:

Ин чарх, ки бо касе намегӯяд роз,
Кушта ба ситам ҳазор Маҳмуду Аёз.
Май хӯр, ки набахшанд ба кас умри дароз,
В-он кас, ки шуд аз ҷаҳон, намеояд боз.

Баргардонҳо:

Тайн своих небосвод никому не открыл,
Он коварно сто тысяч героев убил.
Пей вино. Все мы смертны, и век наш короткий, -
Кто ушел, тот обратно дорогу забыл.

(Николай Стрижков)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: