Ин сурати кавн ҷумла нақш асту хаёл

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Ин сурати кавн ҷумла нақш асту хаёл,
Ориф набувад, ҳар кӣ надорад ин ҳол.
Биншин, қадаҳи бода бинӯшу хуш бош,
Фориғ шав аз ин нақшу хаёлоти муҳол.

Дигаргунаҳо:

Ин сурати кӯза ҷумла нақш асту хаёл,
Ориф набувад, ҳар кӣ надорад ин ҳол.
Биншин, қадаҳи бода бинӯшу хуш бош,
Фориғ шав аз ин нақшу хаёлоти муҳол.

Мавҷуд ҳар он чӣ ҳаст, нақш асту хаёл,
Ориф набувад, ҳар кӣ надонад ин ҳол.
Биншин, қадаҳе бода бинӯшу хуш бош,
Фориғ шав аз ин нақшу хаёлоти муҳол.

Баргардонҳо:

Все, что видишь ты, - видимость только одна,
Только форма - а суть никому не видна,
Смысла этих картинок понять не пытайся -
Сядь спокойно в сторонке и выпей вина!

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: