Ин аҳли қубур хок гаштанду ғубор

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Ин аҳли қубур хок гаштанду ғубор,
Ҳар зарра зи ҳар зарра гирифтанд канор,
Оҳ ин чӣ шароб аст, ки то рӯзи шумор.
Бехудшудаву бехабаранд аз ҳама кор.

Дигаргунаҳо:

Ин аҳли қубур хок гаштанду ғубор,
Ҳар зарра зи ҳар зарра гирифтанд канор,
Оҳ ин чӣ шаробест, ки нохӯрда дуруст.
Бехудшудаву бехабаранд аз ҳама кор.

Баргардонҳо:

Жильцы могил гниют дни, месяцы, года,
Немало их частиц исчезло без следа.
Какой же хмель свалил их с ног и не дает им
Прийти в сознание до Страшного суда?

(Осип Румер)

Люди тлеют в могилах, ничем становясь.
Распадается атомов тесная связь.
Что же это за влага хмельная, которой
Опоила их жизнь и повергнула в грязь?

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: