Говест дар осмон номаш Парвин

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Говест дар осмон номаш Парвин,
Говест дигар, нуҳуфта дар зери замин.
Гар биноӣ, чашми ҳақиқат бикушо,
Зеру забари ду гов мушти хар бин!

Дигаргунаҳо:

Говест дар осмону номаш Парвин,
Як гови дигар нуҳуфта дар зери замин.
Чашми хирадат боз кун аз рӯйи яқин,
Зеру забари ду гов муште хар бин!

Говест дар осмон қарини Парвин,
Говест дигар, бар забараш ҷумла замин.
Чашми хирадат кушой чун аҳли яқин,
Зеру забари ду гов мушти хар бин!

Говест дар осмон қарини Парвин,
Говест дигар бар забараш ҷумла замин.
Гар биноӣ, чашми ҳақиқат бикушо,
Зеру забари ду гов мушти хар бин!

Баргардонҳо:

Корова в небе звездная - Парвин,
Другая - спит во тьме земных глубин.
А сколько здесь ослов меж двух коров,
Муж правды, это знаешь ты один.

(Владимир Державин)

Бык Землю держит испокон веков,
Телец - вверху, за толщей облаков.
Вглядись глазами разума - увидишь
Ты сборище ослов меж двух быков.

(Цицилия Бану)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: