Гаҳ-гаҳ дили ман дар ин қафас танг ояд

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Гаҳ-гаҳ дили ман дар ин қафас танг ояд,
Аз ҳамраҳии обу гилаш нанг ояд.
Гуфтам, ки магар бишканам ин зиндонро,
Поям зи рикоби шаръ бар санг ояд.

Дигаргунаҳо:

Баргардонҳо:

Сердце, как в клетке, сжимается подчас.
Дух свой из плена бы позорного я спас,
Тело-темницу уничтожив, но увы! -
Стремя шариата твёрже камня для нас.

(С. Кашеваров)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: