Эй дил, чу ҳақиқати ҷаҳон аст маҷоз

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Эй дил, чу ҳақиқати ҷаҳон аст маҷоз,
Чандин чӣ хӯрӣ ғусса аз ин ранҷи дароз?
Танро ба қазо супору бо дард бисоз,
К-ин рафта қалам зи баҳри ту н-ояд боз.

Дигаргунаҳо:

Эй дил, чу ҳақиқати ҷаҳон ҳаст маҷоз,
Чандин чӣ хӯрӣ ту ғам аз ин ранҷи дароз?
Танро ба қазо супору бо дард бисоз,
К-ин рафта қалам зи баҳри ту н-ояд боз.

Эй дил, чу ҳақиқати ҷаҳон аст маҷоз,
Чандон чӣ хӯрӣ андуҳу ҳам ранҷи дароз?
Таслими қазо шав, ба каму беш бисоз,
К-ин рафта қалам зи баҳри ту н-ояд боз.

Баргардонҳо:

Наш мир - поток метафор и символов узор.
Зачем же брать всерьез нам их мнимосущий вздор?
Мирись и с болью, сердце! Ее не устранить:
Ведь текст пером небесным записан с давних пор.

(Л. В. Некора)

Если истину сердцу постичь не дано,
Для чего же напрасно страдает оно?
Примирись и покорствуй бесстрастному року.
Ибо то, что предписано, - сбыться должно!

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: