Бадхоҳи касон ҳеч ба мақсад нарасад

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Бадхоҳи касон ҳеч ба мақсад нарасад,
Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман.
Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

Дигаргунаҳо:

Бадхоҳи касон ба ҳеч мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки ба сараш сад нарасад
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман.
Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

Баргардонҳо:

Зложелатель никогда цели не достигнет,
Сделай зло – и зло в ответ злобного постигнет.
Я хочу тебе добра – ты мне зла желаешь,
Злись, почтенный, – но меня злоба не настигнет.

(Илья Сельвинский)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: