Аз ҳарза ба ҳар даре намебояд тохт

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Аз ҳарза ба ҳар даре намебояд тохт,
Бо неку бади замона мебояд сохт.
Аз тосаки чарху каъбатайни тақдир
Ҳар нақш, ки пайдо шавад, он бояд бохт.

Дигаргунаҳо:

Аз ҳарза ба ҳар даре намебояд тохт,
Бо неку бади замона мебояд сохт.
Аз тосаки чарху каъбатайни тақдир
Ҳар нақш, ки пайдост, ҳамон бояд бохт.

Баргардонҳо:

Смысла нет перед будущим дверь запирать,
Смысла нет между злом и добром выбирать.
Небо мечет вслепую игральные кости,
Все, что выпало, надо успеть проиграть.

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: